ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
– Гилем биёред, гилеми тар! – дод мезад касе.
– Бефоида аст, – гирди пайкари сӯзон тозон посух медод дигаре. – Нохалафон аз ҳад зиёд бензин пошидаанд… То мошини оташнишон бо ҳангомаи доду фиғон ба он ҷо расид, ки пеши чашми мардум кулба хокистар шуд ва пайкари бузурги Сафар чун як кундаи сип-сиёҳи нимсӯзи каҷумаҷ саҳни ҳавлӣ зери обрез афтод, балки ӯ худро ба онҷо афканд.
Ва пас аз об пошидан низ аз ҷо-ҷои пайкар дуд баромад. Гиряву фиғони ёрон ба фалак мепечид. Охир аз рӯву чашму абрӯвони зебо, буруту мӯйи базеб ва панҷаву бозувони рустамона ҷуз пӯсти сӯхтаву пурзахм, мисли ливик сиёҳу хунчакон осоре намонда буд.
– О ваҳшие, чи хел дилат шуд?
– Кинаву рашк инсонро аз ҳайвон бадтар мекунад, ба дев табдил медиҳад…
– Ин кору кирдори ягон ошиқи Зара аст. Харидору аз пасаш медавидагиҳо аз ҳад зиёд буданд…
– Барои як зан ҷавонмарда дар равғани худаш бирён карданд…
– Ин амал маънӣ дорад: маро сӯзондӣ, ту ҳам бисӯз…
– «Самаки айёр»-ро ба ёд биёред: бештари ҷангу ҷидоли шоҳон дар замони қадим аз дасисаи зан ё барои зан будааст.
– Зара набуд?
– Не… Худашро нишон надод.
– Э худозадае… Гоҳе бо шӯхӣ мегуфт: Сафар, қадамата дониста мон, аҷалат дар дасти ман аст…
– Гуфтанд, ки аввал ӯро даҳон баставу теғ дар гулӯ гузошта ба куҷое бурдаанд…
– Сад дареғи Сафар… Дар синни 24 муфт, бенишон нобуд шуд…
– Сутуни дили мо буд… Э вой…
– Худо медонад, ки дар сад соли дигар ба ин пайкару шаклу шамоил, ба ин дилҳову гурда ҷавонмарде пайдо мешавад ё не?
– Паҳ, аҷаб нангу ғруруре дошт… Ҷонаш барои ҳар як тоҷик месӯхт.
– Дасткушоди бемисл буд. Чор сӯм меёфт, раҳ ба раҳ шиками ятимакони оворагардро сер мекард…
– Медонед, наваду се фоизи баданаш сӯхта буд. Лекин сиву ҳафт соат башиддат нафас кашиду бо лабу забони бирён кам-кам гап зад. Ин ҳам табибонро дар ҳайрат гузошт, – мегуфт Кордча.
– Ягон васият кард?
– Васият неву хоҳиш… Гуфт, ки модари пираш бекасу танҳост. Тавонед гоҳ-гоҳ ба кампир мадад расонед… – Ашк магар гулӯи Кордчаро фишурд, ки сар ба зер афканду пичиррос зад: – Боз гуфт, ки ҳаргиз аз қавми бегона зан нагиред…
Пас аз сипарӣ шудани моҳҳо овозаи нав паҳн гашт: бо ҷурми даст доштан дар сӯхтани Сафар ба муҳлати дувоздаҳ сол Зараро ба зиндон фиристодаанд…
– Сазои кирдораш. Ба шарбат аз ҳад зиёд доруи беҳушӣ андохта… О бадрашке! Тарсидааст, ки Сафар дар деҳа зани дигар мегирад.
– Хонаи шайтон сӯзад. Бо туҳмату дасисаҳо Зараро девона кардаанд…
Ҳо, дар оташи рашку ҳасад сӯхтани Сафари дудила пурасрор монд. Вале Кордчаву ёронаш аз ин фоҷиаи гӯшношунид даҳон талху ҷигар доғ, то нафаси охирон мехостанд донанд, ки Зара дар ҳақиқат ба шавҳар хиёнат кард ё не? Агар бегуноҳ буд, чаро либоси мотам ба тан, рӯйканону мӯйканон он ҷо пайдо нашуду адлу дод нахост? Аввал аз ӯ на пай ёфтанду не ҳайдар. Ва достони ҷавонмардиҳои Сафари дудила чун тимсоли ҷасорату озодманишӣ, ҳақталошиву адлхоҳӣ то ҳанӯз дар ёдҳо монд...
– Оҳ, чи ҷавонмардоне аз дили софу сода, бо дасиса ва макру ҳиллаи нокасон ҷабру ҷафо мекашанд, – нолид касе.
Фил, пеши назараш пайкари сар то по сӯзону рақсони Сафар, чапаркат дар пушт, сар бардошт ва гиҷу гаранг дар дил аз худ пурсид:
– «Магар Зара ба Сафар хиёнат карда буд?»
ҒАМХӮРАК
Одам не, паранда аст: хурдакак, назарногир, сиёҳак. Худованд ҷисму ҷони ночиз, вале ғаму ташвиши беҳисобаш бахшид. Ва номаш низ гӯё бо худаш омадааст: ғамхӯрак. Не, ба вазни ҷисмаш парандагон зиёданд, лекин ҳарранга: гунҷишк, санговдавак, чилмангуштак, залич, булбул… Аммо хӯву хислат ва тарзи ҳаёти он парандагон ба ғамхӯрак шабоҳате надорад. Онҳо дар шохи гулу бутта ва дарахтон лона гузошта, аз субҳ то шом аз шикори дилхоҳ обу ғизои худ ва чӯҷаҳояшонро ба қавле шоҳона таъмин карда, сармаст аз рангу накҳати шукуфаҳо чаҳ-чаҳ мезананд. Вале ӯ аз рӯзу соате, ки аз тухм баромада чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, сахраву сангҳои хурду бузурги соҳил ва рӯди хурӯшонро мебинаду садои мавҷҳоро мешунавад. Дунё барояш танҳо аз ҳифзи об иборат мешавад. Бомдод чун дигар ҳамҷинсон бедор шавад, аз роғи шаху сангпораҳои ҳамшафати рӯд бо наҷвое пурнишот чусту чолок худро ба соҳил афканда, болзанон ба камари шахҳои соҳил нишаста, бо шӯру шавқ ба ҷараёни об менигарад. Посбонии об мероси азалии ӯст.
Ғамхӯрак дар соярӯшани субҳ чун мебинад, ки рӯд мисли дирӯза пуроб асту сангу сахраҳоро молишдиҳон шалфаи амвоҷаш байни дараҳо танинандоз аст ва бо суруди гӯшнавози ҷовидонияш ҷорист, шоду сармаст ба гирдобе ғӯта зада, сипас болзанон аз соҳиле ба соҳиле гузашта эълом медорад: нағз! Қатрае кам нашудаст! Баъд болои рӯд поину боло парвоз карда зиракона ба чор тараф нигариста, аз пайи иҷрои вазифа мешавад, ки об бе камукост ба маҷрояш биравад.
Хуршед аз паси қуллаҳо намоён ва ҷойҳои пурсоя равшанистон мегарданд. Оламро ҳангомаи хониши мурғону чирчиракҳо пур мекунад. Ҳар яке овози худу ташвише дорад.
Ғамхӯраку ҷуфташ низ гоҳ-гоҳ бо навбат ба чӯҷаҳояшон ғизо мебаранд. Нигоҳубини чӯҷаҳо қарзу вазифаи ҷонист. Нажод, насли солиму сазовор нишони ҳар ҷонзод, умеду ҳастӣ ва идомабахши амали онҳост. Бояд чӯҷаҳо солиму бақувват паррончак шаванду бо далериву зиракӣ ҳифзи обро мисли дигар ҳамҷинсон идома диҳанд.
Вақте шаху сангҳои соҳили рӯд аз нурҳои сӯзони хуршед битафсанд, ғамхӯрак аз беқарориву паропар сахт ташна мемонад, ба андозае, ки ҳалқаш хушк, минқораш боз мешаваду забонаш мисли барги бед меларзад. Дар ин ҳолат низ мурғак ба даҳон қатрае намегирад, ки обро кам накунад, лекин пай дар пай ба рӯд ғӯта зада ё аз боди серуни соярӯ нафас кашида, ба ин васила ташнагӣ мешиканад. Ва боз дар нишемангоҳаш – равоқи шахи соҳил нишаста, ба поину боло назар афканда, ҷив-ҷив садо медиҳад: ман ҳастам, об дуздида наметавонед.
Ҷонзодҳои соҳилро хуб мешиносад. Хислати обсофкунак ба муроди дилаш аст: чун ғукҳои худсар ба ҳавз ё гирдобе парида, обро гилолуд кунанд, ё аз борони ногаҳонӣ оби рӯд тира гардад, обсофкунакҳо аз куҷое пайдо шуда бо ташвишу чолокии ҳайратовар ба ин сӯву он сӯ шитофта, болои об мисли рассом хатҳо мекашанд ва ба ин дастур онро соф карда, пасон ба соҳил баромада дар қароргоҳи худ пинҳон мешаванд. Офарин ба ҷонфидоии обсофкунакҳо, ки ҳамеша ба софкории об омодаанд.
Вале ғамхӯрак ҳамеша ба санговдавакҳо, ки аз субҳи содиқ то шом лаб-лаби соҳил намоишкорона дум ҷунбонида аз санг ба санге меҷаҳанд, бо шубҳаву ташвиш менигарад. Дар назараш санговдавак ҳарису худкома аст. Ғайри соҳил сайргоҳе надорад. Мабодо ин мурғаки олуфтаи серҳаракат дар авҷи гармо нописандона нул ба рӯд бизанад, рӯзаш сиёҳ мешавад. Охир обро кам мекунад. Ин нағз не! Ана дар сари ин «гуноҳ» ғамхӯрак бо хашму ситеза ба санговдавак ҳамлавар мешавад. Ҷанги тан ба тан, оштинопазир. Парҳое аз зарби минқору нохуни чанголҳо мерезанд. Дигар майдон асту муҳориба. Эҳа, дар ин набард агар ғамхӯрак санговдавакро мағлуб созаду аз соҳил гурезонад, аз нишоти пирӯзӣ қад-қад парида болои шахаке нишаста, шаҳбозвор ба атроф менигарад. То ӯ зинда аст, кӣ метавонад як қатра оби ин ҷоро кам кунад? Оби софу зулол бояд аз кӯҳсорон ба водиҳо бирасад, одамонро шодоб гардонад, даштҳои синабирён, киштаҳову боғзорони ташнаро сарсабзу кони ганҷ гардонад. Вале ғамхӯрак ҳаргиз намедонад, ки сокинони соҳили рӯдҳои хурӯшон, соҳибони кушку бӯстонсаро аз талошу ҷонкоҳонии ӯ бехабар, ин неъмати ҷонбахш – обро дар шаҳру деҳот басо разилона чиркину исроф мекунанд. Нодонӣ, ҷаҳолат, куфрони неъмат. Дареғу дареғ…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё