ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
БУЛБУЛОНИ ШАҲР ВА ЗОҒ
Ангора
Эҳдо ба Мирзо Шакурзода
Бедор шудам. Шаби аввал дар макони бегона бароҳат хобида наметавонам. Соат ба вақти Душанбе аз панҷ гузаштааст, аммо ин ҷо субҳ медамад. Ба хотири ноором накардани ҳамроҳам нӯг-нӯги панҷа ба даҳлез баромадам. Теҳрон – шаҳри бузург, ки шаб кӯчаву хиёбонҳояш лабрези мошин, пиру барно ва ҳангомаву ғалоғула буд, ҳоло дар паси дуди ғафси осмони беҳудудаш ситораҳо пинҳон, зери пардаи тирафом ғунудааст. Аз даҳлез ба паҳнои ҷангалаки паси меҳмонсаро, ки то фарози баландӣ гӯё зери пероҳани сабз дар хоби ноз аст, назар афкандам – эҳа, аз ҳар канори дарахтзор ба гӯш савти ҳазор мерасад. Як, ду, се… Чи олами зебо, чи ҳадяи нодир! Дар Душанбе барои шунидани чаҳ-чаҳи булбул дараи Варзоб меравем. Вале ин ҷо дар дили шаҳри азим андалебон базм доранд. Ин ҳолату манзара азияти бехобиро рафъ сохт. Табиатро бо ҳама ҷонзодаш дар шаҳр дидан шодиовар нест? Ё ин мурғакони зарифтабъ дар роҳи сафар ба куҳсорони хушобу ҳаво роҳгум зада, дар ин дарахтзори шаҳри ҳавояш ғализу нохуш макон гирифтаанд?
Лаҳза ба лаҳза аз сари шохсорон нағмаи андалебони шабзиндадор ба атроф шӯрангезтар паҳн мешавад. Парандаҳо – қосидони субҳи босафо ба гӯши нозанини сабзпӯши хуфта – ҷангалак ва инсонҳои бедор ба ҳар ранг суруди оромишу навозиш ва ҳушдор мехонанд. «Осуда бихоб, эй парии сабзпӯшу гулбасар, ки оғуши шохсоронат маъвои лонаву зодгоҳи чӯҷаҳои мост. Чашм бикшо аз хоби ғафлат, эй одамизода ва аз ин ҳавои муаттару манзараи дилангез ҳаловат бубар.
Фасли тарабу ишқ аст, бехабар намон…»
Баногоҳ қар-қари ноҷуру бадхашми зоғе гӯш харошид ва авҷи савти мурғаконро шикаст. – «Эй ҳасуд, – менолам дар дил, – субҳи пок ва шаҳди хониши мурғон заҳрогин сохтӣ. Магар намедонӣ, ки дар ду олам рӯйи бахил сиёҳ аст? Ба нағмапардозии мурғони хушовоз халал нарасон, беҳунари дағал!»
Қар-қари зоғ хашмгину гӯшхароштар фазоро пур мекунад.
– «Зиндагӣ майдони мубориза аст. Ҷойи худро соҳиб бояд шуд…»
Ба боми биноҳои баланду паст, ҷодаву хиёбон ва гулгашту боғзорони Теҳроншаҳр пайёми хуршед – сапедаи бомдод бо атри гулу гиёҳи димоғпарвар бомаром доман мегустурад.
Мурғакони саҳархез аз ин эҳдои баҳор хушдилу сармаст ба пешвози рӯзи нав пайи ҳам чашму болу пар мекушоянд ва бо нағмаҳои шукӯҳманди довудӣ ба зоғи бадкеш меситезанд.
– «Бас аст, эй хабиси бадовоз! Дигар садо набарор, ки ин биҳишти рӯйи заминро ҳарому дилгир мекунӣ…»
Зоғ гунг мешавад. Магар аз рашку беҳунарӣ шармид? Ҷангалак аз навозиши боди сайргар хамёза кашиду аз бозии гулу баргҳо фаттону дилҷӯтар шуд.
– «Кош вақт даст диҳад, – мегӯям дар дил, – ин ҷангалаки асрорангезро сайр кунем; ба мурғакони хушовои Теҳрон чашм ба чашм дуруд бигӯем ва ба онҳо пайёми сорҳои Душанберо расонем». Маҳз чаҳ-чаҳи сорҳо бомдодон ба ҳангомаи мурғони Душанбе шираву ҷозибае мебахшад… Ва боз аз он дар шигифт мемонам, ки дар ин шаҳри хеле бузурги пурдуду ғавғо мурғони нозуктабъ ҳам мезиянд ва бо замзамаи зариф ба одамону мавҷудоти атроф сано мехонанд. Куҷо раванд аз ин макон, ки чаману меҳанашон аст? Ё ин парандаҳо кучиву раҳгузар бошанд?
Ба ҳуҷра медароям. Дигар ба чашмам хоб намеояд. Гурехт хоб. Нарм худро ба ташноб мекашам ва дар обшори ширгарм сару тан мешӯям. Ин ҳам ҳузуру кайфияте дорад…
Ҳамроҳам бедор шуд ва шикваи хастагии роҳу азияти камхобиро ба обхона бурд. Магар сафар ба мулки бегона бе азоби роҳ имкон дорад? Асрҳои пеш бобоёнамон пиёда, захми хори мағелон дар по, ё аспу шутурсавор ҳалқ аз ташнагӣ бирён, моҳҳо биёбону шаҳру рустоҳоро тай карда, ба зиёрати бузургон ё хонаи Худо мерасиданд. Ҳозир… Ҳамсафар пас аз обтанӣ бо ситоиши «оби ҷонона» баргашт ва ба соат нигариста гуфт, ки поин мефароем. Ӯ роҳнамост.
Мизу дастархони шведӣ. Тавону иштиҳо дорӣ, ранг-ранг ғизои боллазат бигиру бихӯр. Пас аз нонушта ҳаваси ҳавои тоза, тамошои чаману гулзор моро беруни меҳмонсаро мекашад. Эҳа, «Истиқлол» дар доман, балки таги чона (фук) ё димоғи куҳи бузурги қуллаҳояш аз барф сарсафед ҷой доштааст.
Чаро пеш аз ин мусофират, ки борҳо меҳмони «Истиқлол» будам, ин мазараи зеборо надидаам? Куҳи Албурз ифтихори ҳаким Фирдавсии бузург ва ҳуснбахши «Шоҳнома»-и безавол. Ораши номвар аз шохаҳои хаданги тановари ин кӯҳи бузург камону пайкон сохт ва адуро аз марзу буми диёр ронд.
«Аё Албурзи побарҷо, маро ту зинда хоҳӣ дошт», – овози марғуладору пурифтихори устод Лоиқро аз асри бист мешунавам. Вале ногоҳ зоғи алои ба назарам пиру хаста, шояд аз умри дароз бедимоғу дилтанг, болу пар ва минқораш гӯё аз хокаи зуғол чиркин, аз куҷое болафшон омада ба чамани сабз, тару озодаи саҳни меҳмонсаро нишаст. Зоғи танҳо бо кибру ғурур мисли ҳокими худсар якта-якта қадам ниҳод, сипас ба ҳамсафарам, ки байни ангуштон як ришта сигаретро андешаманд метобид, дурушту маломатомез нигарист.
– «Ҳой, – бо ду-се қар-қараш гӯё ба ҳамсафарам гуфт зоғ, – дуду чанги ғализи ҳавои ин шаҳр бас нест, ки боз ту сигарет мекашӣ? Ҳавои тоза зарар дорад? Ҷонам аз бӯйи касифи дуди корхонаҳо ва нафту бензини мошинҳо ба лаб расидааст. Дод, сад дод!»
– Доим танҳост, – бо гӯшаи чашм ба зоғ нигариста дилсӯзона гуфт ҳамсафар ва афзуд: – Медонед-а, танҳоӣ бадбахтии сахт, фоҷиаи мудҳиш аст…
– «Зоғи гандапиру ҳокими гулу сабзазор, – гуфтам дар дил:
– Чӣ лаззате мебарӣ аз ин тарзи зиндагӣ?» Мошинҳои хидматӣ паси ҳам ба саҳни меҳмонсаро расиданд ва роҳбаладони хушлаҳҷа моро ба рафтан хонданд. Зоғ болои сабзазор якта-якта қадам ва болу пар зада, ҳайратмандона ба мо, ки кулбор сари кифт мешитофтем, нигаристу боз овози гӯшхарош баровард.
– «Паноҳатон ба Худо. Шумо меоеду меравед, ман чор фасли сол сокини ин маконам».
Шаҳри азим, ғулғулаи оби ҷӯйборон дар пои дарахтон, чаҳ-чаҳи мурғакон ва хандаву лафзи ширини ҷавонон, ҳатто қар-қари зоғ ҳам лаҳза ба лаҳза дар коми ғавғои ҳангомазои нақлиёти девонавор дар ҳаракат ва дуди ғализи корхонаҳои пуриқтидор фурӯ мерафт. Оре, ситези оштинопазири зиндагӣ дар ҳар гӯшаи дунё ба ҳар тарзе ҳукми худро меронд…
ЁДГОР, БАС!
Амаке доштам қадбаланд, хушсурат, шофбурут; шонаҳояш паҳн, дасту панҷаҳояш калон, ангуштонаш дароз-дарози пурғурм, пӯсти кафҳояш коркӯфтаву шабеҳи чарм, рагҳои борику ғафси пушти дастонаш печ дар печи барҷаставу кабудфом, – гумон мекардам устоди варзиш аст. Не, вай милиса буд, милисаи қаторӣ. Дар роҳи бозгашт аз ҷанги Олмон ба зодгоҳаш – деҳаи дурдасти кӯҳистон нарафта, бо маслиҳати дӯсти ҳамсилоҳаш дар шаҳр мемонад ва милиса мешавад.
Сарбози дар майдони ҷанг обутобёфта, нотарс. Ба ӯ гуфтанд, ки таъмини тартибу низом дар пойтахт, гирифтани алови чашми дузду кисабур ва авбошҳо ҳоло хеле зарур аст. Одамон аз кирдори бади нохалафон дар нақлиёту бозор ба танг омадаанд.
Он солҳо пойтахтамон Сталинобод ном дошт ва мисли ҳозира ободу пуршукӯҳ набуд. Нав ҷо-ҷо биноҳои ду, се ва чорошёна, мактабу табобатхона ва дукону корхона месохтанд. Бобоҳоямон аз соҳили рӯди Варзоб бо ароба ва занбар сангу рег кашонда, роҳҳои мошингарду пиёдарав бунёд карда, зимистону баҳорон ниҳол ва гулбутта мешинонданд, ки кӯчаву хиёбонҳо пурсоя, зебо шаванд.
Амаки милиса ҳам аз кӯҳдоман як порча замин гирифт. Аз ин вай бисёр шод шуд. Охир дар таҳи дил орзуе дошт, ки ягон вақт дар ҷое бо дастони худ таҳкурсии чанд хонаро гузорад; хишт резаду деворҳоро бардорад. Аз ӯҳдаи хиштчинӣ ва андоваю пардози деворҳо мебарояд; пӯшондани хонаҳо ҳам осон. Вақти хидмати аскарӣ ин касбро омӯхтааст. Боз дӯстону ҳамкасбонаш ба вай мадад мерасонанд. Онҳо одамони бо дасту панҷа ва хайрхоҳанд. Лекин аз ҳама хубаш ин ки вай боз дар ҳавлияш бо дастони худ ниҳолҳои ҳархела: себу шафтолу, чормағзу олу, ангуру анор, бодому настаран ва гулҳои гуногун шинонда, боғаке бунёд мекунад. Ҳо, сохтани хона, сабзондани дарахт, ба дунё овардану нағз тарбия кардани фарзанд қарзи ҳар як мард аст. Амаки шофбурути ман дар муддати як сол милисаи овозадори шаҳр шуд. Ҳар дуздаку авбош, бадрафтору коргурез, ки як бор ҷазову гӯштоби амаки милисаро дида бошад, аз сояи ӯ тарсида, худро мисли калламуш дар мушхона пинҳон мекард.
Амаки шофбурути ман аввал ба худсарону дилозорон, кисабурон, ки одамони барҷомондаву деҳотиёнро бо фиребу найранг ғорат мекарданд, бо сарзанишу таҳдид изову сазо, роҳи ҳалол зистанро нишон медод. Агар онҳо аз роҳи бад нагашта, дуюмбора ҳангоми гуноҳ ба даст меафтоданд, ҷазо медиданд, ҷазои сахт.
– Фашистро мо шармандаву мағлуб кардем, – мегуфт ба авбошон бо хашм ва меафзуд: – Ба роҳи рост одамвор наравед, хокатонро мебезем…
Амаки милиса дар баробари хона сохтану боғ бунёд кардан зан ҳам гирифту соҳиби фарзандон шуд. Эҳе, ҳавлиаш аз субҳ то шом мисли кӯдакистон аз бозиву хандаи бачаҳо пур буд. Ҳам амаки шофбурут, ҳам зани хушабрӯйи ӯ дилкушоду кӯдакдӯст, ки буданд, ҳавлияшон ба ҷойи бозии бачаҳо табдил ёфт. Кӯдакони ҳамсоя омада дар сояи дарахтон ба бозиҳои шавқовар: баҷошавакон, байтбараку тезгӯяк саргарм мешуданд. Ва ҳатман аз амаки шофбурутам, ки вақтҳои истироҳат дар таҳхона асбобҳои мусиқӣ: дутору рубоб ва ё наю ғижжак метарошид ва онҳоро дар бозор фурӯхта, зиндагияшро беҳтар менамуд, хоҳиш мекарданд, ки барояшон афсонае бигӯяд. Бисёр ҳунарманд буд амаки милиса.
Дутору таблак менавохт ва таъкид мекард: «ба як мард чил ҳунар кам аст». Лекин тарзи афсонагӯйии ӯ аҷоибу диданбоб буд: чинҳои пешонияш ҳангоми нақл печутобхӯрон кам ё зиёд мешуданд; бурутҳои шофаш мисли ду ханҷар ба ҳаракат меомаданд. Чашмони бузургу шаффофаш гирдгардон, гӯшҳояш ҳам басо хандаовар меҷунбиданд. Амакам аввал барои ангехтани хоҳиши бачаҳо: «Не, ҳозир вақти афсонагӯйӣ надорам», мегуфт. Вале чун онҳо зиёд хоҳиш мекарданд, вай гӯё ночор косаи нимтарошидаи дуторро бо каҷкорд болои кунда мегузошт ва чашм аз бачаҳо наканда, мӯйлабҳояшро бо ангуштон барзадаву тобида омодаи афсонагӯӣ мешуд. Ҳамин ки мо саропо гӯшу ҳуш шуда, ба ӯ менигаристем, хикоят мекард:
– Деҳаи мо, бачаҳо, кӯҳистон асту аз ин ҷо дури дур. Хонаҳо дар бағали кӯҳҳои барфпӯш, дар сари харсангҳои бузург, лаби дараҳо ҷой доранд. Роҳҳо он ҷо кушоду мумпӯш нестанд. Хурду калон пиёда ё аспу харсавор аз пайроҳаҳои пурпечутоб, аз байни дарахтону гулбуттаҳо гузашта, ба ҷое мераванд. Баҳорон дар деҳаи мо аз бӯйи хуши гулҳо ва хониши булбулону мурғон маст мешавӣ. Ҳама сабз, ҳама ҷо гулзор. Тобистону тирамоҳаш роҳати ҷон аст. Сад хел мева мепазад. Раҳ ба раҳ аз меваҳои дилхоҳ бо дасти худат чида, даҳон ширину шикам сер мекунӣ. Аммо зимистони деҳаи мо пурбарфу сард аст.
Пеш шабҳо мардуми деҳаи мо бо пилтачароғ ё шамъҳои худсохт хонаҳоро равшан мекарданд. Зиндагӣ душвор буд.
Барфи бисёр меборад. Ана, ҳамин сармову барфи зиёд одамонро маҷбур мекунад, ки аз аввали баҳор ғами ҳезуму сӯзишвориро хӯранд. Чор-панҷ моҳ дар оғӯши барф зистан осон аст? Шабу рӯз бояд хонаат гарм бошад. Лекин мардуми деҳаи мо ҳезумро намехаранд, зеро боғу ҷангали фаровон доранд.
Танҳо ғайрату ҳавсала лозим, ки арра, табару теша ва ресмону арғамчин бигириву ба ҷангал биравӣ. Он ҷо дарахт намебурӣ, зеро шоху навдаҳои хушкидаву аз бори вазнини барф рехта беҳисоб аст.
– Дар як рӯзи аввали баҳор, – нақлашро идома медиҳад амаки милиса, – ҳамдеҳаи хоболуди мо Ёдгор аз таънаву танқидҳои зиёди занаш «ҳезум тамом шуд. Бо чӣ барои бачаҳо нону хӯрок пазам? То кай мисли суғур мехобӣ? Рафта аз ҷангалак як пуштора ҳезум биёрӣ, намешавад?» ба танг омада, ноилоҷ арғамчину тешаро гирифта, бо сари хам сӯйи ҷангал меравад. Вай аз алам ҳатто як бор ба осмон наменигарад, ки ҳаво соф аст ё пурабр. Ба ҷангал расам-нарасам, баногоҳ тундар заминро ларзондаасту чароғак ба ҳама ҷо гӯё оташ рехтааст. Аввал дона-дона, баъд бошаст борон рехтааст. Ёд216 гори хоболудро ба пешонӣ ва рӯву гарданаш расидани қатраҳои калон-калону сарди борон якбора ҳушёр карда. Ӯ ба осмон нигариста ҳуш аз сараш паридааст. Абрҳои сиёҳу хокистарранг осмонро пӯшондаанд. Атроф мисли шом торик.
Раъду барқ пайи ҳам шиддат мегираду рехтани борону жола ҳам. Ёдгори хоболуд мисли харгӯш гурехта зуд ба таги калфе медарояд. Дар таги шахҳои калон ковокиву ҷойҳои обнорас мавҷуданд, ки онро калф меноманд. Дар кӯҳистон, бачаҳо, калф мисли даҳлез ҳангоми боридани барфу борон ва жола сарпаноҳи беминнат аст. Одам дар зарурат метавонад ба калф даромада аз барфу борон раҳо ёбад, ҳатто оташ афрӯзаду гарм шавад. Лекин Ёдгори хоболуд имкони алов кардан наёфт. Фаромӯш кардааст, ки бо худ гӯгирд бигирад. Дидед, фаромӯшхотириву танбалӣ чӣ зарар дорад? Ёдгор ларзонларзон ночор теша дар оғӯш, болои арғамчини печ дар печаш нишаста, рехтани борону жоларо тамошокунон ба ғанаб рафтааст. Баъд, вай як замон чашм кушода оламро тамоман дигар хел мебинад. Кӯҳу дашт, дараву ҷангалҳо аз нури офтоб равшан. Абрҳои арғувонӣ аз сари ёлаву домони кӯҳҳо ба ҳар шаклу шамоил: шутурвор каҷу килеб, мисли бузу гусфандон паҳну парешон ба ҷониби дараҳо мераванд. Аз замин, аз бехи буттаҳо бухори тунук мехезад. Олам аз хонишу чаҳ-чаҳи паррандагони ҳархела пур аст. Вале аз ҳама аҷибаш, бачаҳо, аз домани кӯҳи сабзтоби муқобил бо рангҳои аҷиби афсонавӣ Камони Рустам баромада, мисли нимдоираи азим аз болои теппаву дараҳо, галаи аспону бузу гӯсфандон, барраву бузғолаҳои машғули чаридан ва ҷангалаку марғзорон гузашта, ба пушти ёлае сар гузоштааст. «Ана тамошову мана тамошо! – дар дил нидо мекунад Ёдгор. – Агар занам маҷбур намекарду аз хона намебаромадам, ин манзараи афсонавиро ҳаргиз намедидам».
Баногоҳ гапи бибии афсонадонаш ба ёдаш омад, ки мегуфт:
– Ба ҳар ҷое Камони Рустам сар монад, он ҷо хазинаи тилло мавҷуд аст… Ёдгор худ ба худ андешид: чи хел тозон ба пушти ёлаи сар мондаи Камони Рустам расаду бо чашми худ бинад, ки он ҷо тилои зиёд ҳаст ё не. Вай ҳушёртар шуда, чашмонашро калонтар кушода ба поён чашм давонд. Эҳа, олам зарҳалӣ метобад-ку. Ин манзара аз чӣ ба вуҷуд омадааст? Гӯё аз осмон баробари жолаву борон тило рехтааст. Ёдгор дурусттар нигарист ва дид, ки як пора замине, ки рӯяшро борони селу жола шустааст, дар шӯълаҳои хуршед медурахшад, шӯъла мезанад.
Ин мӯъҷиза аз чӣ бошад? Ёдгор боз ба ёд овард, ки бибияш мегуфт:
– Кӯҳҳои мо пур аз ганҷанд. Мо болои тиллову нуқра қадам мемонем. Лекин ёфтани сарват осон не. Хайр, агар Худо диҳад, тилло аз пеши поят ҳам мебарояд…
– Тилло бошад? – аз худ пурсид Ёдгор ва аз чашмакзании чизҳои рӯйи замин чашм наканда, бо ҳаяҷон ҳамон тараф равон шуд. Ҳар қадар наздик мерафт, дурахшу ялтироси донаҳои регмонанд зиёдтар мешуданд. Зуд ба он ҷо расид ва хам шуда, як донаи зарди калонтарро бардошт ва пуфу поккунон онро зери дандон монда сахт газид. Бибияш мегуфт, ки тилло вазнин, лекин мулоим мешавад. Дар ҳақиқат нарм буд.
Эҳе, тилло аст, тиллои холис! Яктаву дута не, беҳисоб… Тиллозор…
Ёдгор тешаву арғамчинро як сӯ партофт ва ҳарисона ба чидани тиллорезаҳои хурду бузург шурӯъ кард. «Ҳезум намегурезад, – мегуфт ӯ ба худ. – Фардо ё пасфардо боз омада ҳезум мебарам. Вале Худо ин қадар тиллои фаровона ҳар рӯз ба ту намедиҳад. Ёдгор, то ҷон дорӣ, тилло бичин, он қадар бичин, ки ба ҳафт пуштат расад. Бичин, то ягон донааш ба дигар кас намонад». Вай гоҳ-гоҳ бо ҳарос ба гирду атроф чашм медавонд, то донад, ки ғайри ӯ боз касе ин майдони пуртиллоро дидааст ё не. Ӯ ба ин тарафу он тараф давида, панҷа ба тиллорезаҳо мезад, баъзан онҳоро бо лой ба киса меандохт. Рафта-рафта авзояш, чашмонаш аз ёфтани ин хазинаи беҳисоб беҷо шуданд. Аз ларзиши дасту зону гоҳ-гоҳ пе218 шпо хурда бо шикам меафтод. Лекин дарҳол бархеста, боз дудаста тиллореза мечид.
Ин ҳолат то қариби офтобнишин идома ёфт. Вай акнун дар обу арақ тар шуда буд. Охир баробари зиёд чидану ба кисаҳо андохтани тиллорезаҳо вазни худаш ҳам бештар мешуд ва ҳангоми бошаст по мондан то зону ба замини пурлой меғӯтид. Вай аз пурдоғу лой шудани сару либосаш парвое надошт. Чашмак задани донаҳои зарду дурахшон ҳушу ёдашро мебурд.
Ёдгор ба ҳолати хандаоваре гирифтор шуд. Ӯ мехост, ки дастонашро ба ду тараф ёзонда, замини пуртиллоро ба оғӯш кашаду фарёд занад:
– Ба касе намедиҳам! Худам инҳоро ёфтам.
Дар ин ҳолат овози аз тундар сахттар ӯро ба худ овард:
– Ёдгор, бас! Худатро дар таги бори тилло накуш, ки сарвати ҷамъкардаат насиби дигарон мешавад…
Амакам мӯйлабҳои базебашро барзанон ҳикоятро ба охир мерасонд.
– Ана аз ҳамон вақт, бачаҳо, мардум ба он кӯҳ «Ёдгор, бас!» ном мондаанд, – мегуфт ӯ ва даме ба мо озмоишкорона нигариста мепурсид:
– Аз ин нақл чӣ фаҳмидед?
– Ҳарисӣ одати хуб нест! – баробар посух медодем мо.
– Офарин, ёфтед, – таҳсиномез мегуфт ӯ ва меафзуд: –
Ҳарисии аз ҳад зиёд балои ҷон, боиси шармандагӣ мешавад…
ДИЛИ БАЧА
Лаҳза ба лаҳза доман паҳн кардану ғафстар шудани сиёҳии шаб ба дили модар алов рехт. Моҳ шом хӯрдааст. Ӯ аз тирезаи ҷониби варзишгоҳ сар бароварда, бо овози баланд, – ҳарчанд мефаҳмид, ки ин амал носавоб асту ба шавҳараш нописанд, ва боз боиси озор ё нороҳат шудани ҳамсояҳо низ мешавад, – лоилоҷ писарашро ҷеғ зад:
– Шаҳзо-од! Ҳо Шаҳзо-од!
Ҷавобе нашунид. Шавҳараш, ки дар хонаи дигар саргарми мутолиа ва навиштан буд, шишаҳои айнакро бо лаби доман поккунок ба ҳуҷра омада, коҳишомез ғур-ғур кард:
– Мардумро безобита кардан хуб не, Ширин. Дидед, дар хонаҳои бинои рӯ ба рӯ якбора чароғҳо фурӯзон шуданд. Ин нишонаи эътироз аст.
Фурсати лаб кушодан нарасида мард боз пурсид:
– Вақти аз хона баромадан иҷозат гирифта буд?
– Бале. Таъкид кардам, ки дур нарав, овози ман набаромада баргард.
– Чӣ ҷавоб дод?
– «Хуб, модарҷон, хуб» гуфту тӯб дар даст парида-парида поин фуромад.
– Чаро ба ташвиш меафтӣ?
– Торикиро намебинед? – бедимоғу ранҷишомез пурсид модар ва худ ба худ гуфт: – Аз тундару чароғак, боридани борон ҳам нисфи рӯз бехабар мондед?
– Ҳа-а, – мард пешонӣ молид. Сипас айнак ба чашм ниҳода аз тиреза ба осмон назар афканда, бо пич-пиче базӯр шунаво узр пеш овард: – Ман ба кор ғӯтида, бехабар мондаам… Вақт чунон тез мегузарад, ки… Чашм мекушоӣ, ки субҳ дамидаст, аз кор сар мебардорӣ, ки осмон ситоразор аст. Шитоби вақту умр…
Ширин, дам ба дарун, ин шикваҳои ба назараш беҷои шавҳарро ношунида ангошт. Вале аз дил гузаронд: «Доим ҳолат ҳамин: ғайри варақ задану хондан, сиёҳ кардани варақҳо на гузаштани рӯзу на омадани шаба дидиву не таҳсилу рафтори фарзандҳоро. Побанди фикру кори худат…»
Зан хомӯшу хаёлӣ, чин бар ҷабин кафш пӯшиду аз дар баромад. Мард гиҷу гаранг, гӯшҳояш аз ғиҷирроси шикваомези ошиқумаъшуқи дар пур, даме ангушт ба лаб, дар даҳлез истод: аз паси ҳамсараш биравад ё не? Ногоҳ дар оинаи барқади девор чашмаш ба акси худ афтод. Ва панҷа ба мӯйи тунуки мошубиринҷ бурда онро ҳамвор кард, хастаҳол хамёза ҳам кашиду саросема дарро кушода, аз пас ба ҳамсараш амромез гуфт:
– Ба воҳима наафт… Меояд… Ба кӯҳ ё ҷангал нарафтаастку…
– «Чӣ хел ташвиш накашам? – хаёлан ба шавҳар посух дод зан ва дар дил нолид: – Ҳам бепарвоӣ, ҳам гӯё аз дунё бехабар. Шаҳр ба фалокатхона табдил ёфтааст. Даста-даста ҷавонҳои бадрафтору дайду, майзадаву нашъаманд… Тавба, гӯё соҳиб надоранд… Сарвату дороии муфт одамонро худобехабар, беимон мекардааст… зану мард, духтару бача соҳиби мошин... Беэҳтиёт, девонавор мошин ҳай мекунанд. Аз зада маъюб кардан ё куштани одам ҳам биме надоранд. Мегуӣ сутуни дунё шудаанд… Парво накун будаст. Худат гуфтӣ-ку:
Зани роҳрӯберо субҳидам, ҳангоми холии холӣ будани шоҳроҳ дар ҳолати мастӣ соҳибмансабе пеши чашми писараш бо мошин зада, номардона гурехтааст. Хок дар теппаи сарат, мансабдоре! Кош гардани худат мешикаст. Аз аввали шаб то саҳар мастиву ҳаромӣ кардиву касофатиат ба як модари бечора расид. Пайкари зани бадбахт лахт-лахту хуншор, писаракаш ҳайрону нолон… Чӣ хел ба воҳима наафтам? Ҳафтаи гузашта чанд кӯдак дар канал ғарқ шуд. Худо аз фалокат нигоҳ дорад. Ҳаваси бозиву тамошо кӯдака ба ҳарҷо мекашонад….
Худат, айнаки сиёҳ дар чашм аз телевизор гуфтӣ, ки баъзе занҳо мисли бузи бачапартоанд; кӯдак мезоянду ба кӯча сар медиҳанд, парвое надоранд, ки фарзанд ба об ғарқ мешавад ё дар оташ месӯзад. Чӣ хел ташвиш накашам?»
Модар асири гумонҳои нохуш, аз пеши пояш чашм накан221 да, бо пиёдароҳи аз нам-нами борон ҳанӯз тари байни биноҳои баландошёна ва шафати хурду бузург гузашта, ба шоҳроҳ расид ва нигоҳашро ба чапу рост афканд. Эҳа, ҳама ҷо чароғону нуристон, дар пиёдароҳ гӯё аз хурду калон одам рӯидаасту дар шоҳроҳ аз осмон мошин рехтааст. Мошинҳои ҳаррангаи хурду калон гӯё дар роҳи паҳнбар нағунҷида, бо нури хиракунандаи чашм ҳамдигарро дар назари ӯ фишор оварда, бар дода девонавор метозанд ва агар тавонанд, пасина бол бароварда парвоз карда аз болои мошини пешина мепарад. Аз ҳаракати пуршаст ва шӯру ғавғо шоҳроҳ девонаавзоъ метобад. Савдо дар авҷ аст: сари ҳар қадам зану марде бо фарзандон, писарону духтарон ҷуфт-ҷуфту гурӯҳ-гурӯҳ ҳазлу шӯхӣ ва суҳбаткунон дар даст яхмос ё гулу пуффакҳои ҳаршаклаву рангин сайр доранд. Баъзеҳо ҷо-ҷо ба курсиҳои паси мизи назди фавворае нишаста, ҳам ғизо мехӯранду ҳам суруду мусиқӣ мешунаванд; бӯйи хуши сихкабобу сирко ба дуди мошинҳо омезиш ёфта, ба атроф паҳн мешавад. Лекин суръати девонавори мошинҳо, баногоҳ бонги гӯшхароши изтиробу хатар заданашон ӯро дучанд мушавваш сохт. Ба пиндори ӯ ронандаҳои ҷинси зан аз шофирҳои мард бебоктар, балки бераҳмонатар мошин медавонданд. На ғами ҷони худ мехӯрданду не аз дигарон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё