Зеҳн
ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.

Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ПАЙКИ БАҲОР

Ба ёди марди ҷасур

Саидаҳмади Карим

Ҷанг ҳанӯз ҳам идома дорад. Садои тиру туп гоҳе аз наздик, баъзан аз дуриҳои дур ба гӯш мерасад. Сарбозон, ки ҷо-ҷо байни ҷангал саргарми сӯҳбату шӯхӣ, номанависӣ, шӯстани либос, наъл задани суми асп, дарбеҳи попушӣ ё поку равған кардани силоҳ мебошанд, аз ин безобита намешаванд.

Гӯшу ҳуши онҳо ба чунин садоҳо одат карда. Аммо аспҳои хаставу ғанабрафта, ки саргарми чаридан ё дар офтобрӯ гардан ба гардан ниҳода, бо лабу дандон пушту паҳлӯи ҳамдигар мехориданд, якбора сар бардошта, гӯшҳо аз ташвиш найзавор рост, даме бо гӯшаи чашм ба аскарон менигаранд. Аз таркишу тирпарронӣ ҳайвонҳо безору дилгазон шудаанд. Ва дар чунин маврид мепоянд, ки аскарон сӯяшон мешитобанд ё не.

Эҳа, тӯли ин ду-се соли ҷанг онҳо мисли инсонҳо лаҳзаҳои бешумори даҳшат пушти сар карда, пурдида шудаанд. Не, ҳам сарбозон, ҳам аспҳо шабу рӯзи чор фасли сол оромӣ надоранд. Охир, ҷанговаранд; шарафу номус, хонумони мардумро аз душмани хунхор ҳимоя, балки сарзаминро аз фашизм тоза мекунанд. Ва медонанд, ки дар ҷанг ғафлату бепарвоӣ хатари ҷону шикаст дорад. Ҳо, Худо накунаду нақшаи ифлоси душман амалӣ шавад ва онҳо бо талафоти гарон мавқеи худро аз даст диҳанд, дигар аз пушаймонӣ ва ангушти надомат газидан чӣ суд? Таънасору шарманда ва умре хиҷилу дар азоб мегарданд. Бинобар ин аспҳо бештар зери зин меистанд ва мудом баробари садо додани бонги хатар сарбозон сари дав бо як ҷаҳиш худро болои ҷонварҳо меафкананду онҳоро пошнаву тозиёназанон ба дили ҷангал метозонанд. Ҷонварҳои рамӯзфаҳм гӯё медонанд, ки сарбозони ҳушёру зирак танҳо бо фармони афсари газгӯшту болобаланд, ҷасуру хушсару либос бештар шомгоҳ, вақте пардаи торикӣ онҳоро аз чашми душман ниҳон медорад ё субҳидам, соати ғафлати фашистон ва агар пайти муносиб ёбанд, нисфи рӯз ҳам барқвор ба истеҳкоми рақибон ҳамла оварда, ба қавле хокашонро мебезанд. Лек душмани маккор моҳҳои охир аз ҳамлаи пай дар пай ва марговари аскарони савора хашмгин шудааст. Ва ҳамин, ки онҳоро мушоҳида бикунанд ё дар атроф буданашонро пай баранд, дар пӯстинашон кайк ҷо мешаваду девонавор тирпаронӣ меоғозанд. Чунон тирпароние, ки гуфтан надорад. Дар ин мавридҳо ҷангалистони ҷомасабз, танаи ғафсу шоҳаҳои бақуввати дарахтон сипари ҷони аскарону аспҳост. Ҷонварони зирак баъди анҷоми амалиёт, ҳамин ки лонаи душман оташ мегирад ё аз таркиши гулӯла онҳо ҷонталвоса ба чор тараф метозанд, аз як маҳмез нияти савораҳоро пай бурда, худро ба дили ҷангал мезананд…

Фармондеҳи душманон он соат аз алам бешак бо алфози қабеҳ посбони худро сазо медиҳад. Фашистон аз тарс дарахтзоронро бераҳмона тирборон мекунанд ё ба ҷангалистон оташ сар медиҳанд. Аз силсилаи тиру тӯп дар танаи дарахтон захм, аз сӯхтор дар ҷо-ҷои ҷангалзор доғу лакаҳои сиёҳ боқӣ мемонад. Магар ҷангалистони нопайдоканорро, ки асрҳои аср сарсабз аст ва дар дили замин решаи мустаҳкам дорад, бо тиру оташ метавон несту нобуд кард? Аскарон ва фармондеҳи ҷасуру оташмиҷозашон ба кирдори содалавҳонаи душмани хомтамаъ писханд мезананд.

– Палидҳо… Аз бими ҷону алам аз дарахтон ниқор меситонанд.

Аммо як ҳафта боз муаммои сарбастае аскарони савора ва фармондеҳашонро ба ташвишу изтироб гузоштааст. Гап сари ин ки Ёрак ном сарбоз бо аспаш баногоҳ ғайб зад. Ҳамсангарон ибтидо ба ин аҳмият надоданд. «Гум намешавад. Меояд,

– бо дили пур гуфтанд онҳо: – Ба дасти душман афтодани Ёрак осон нест. Бо забони немисӣ оби равон барин озод ҳарф мезанад. Ширинзабону сухандон аст… Худаш ҳам мисли немисҳо зардина, харобу қоматбаланд, сафедпӯсту чашмкабуд.

Ғами беҳуда нахӯред. Ин Ёрак бемақсад гум намешавад: ҳоли мебинед, ки ду-се «забон» – ро пешандоз карда меорад». «Парво накунед» гуфтани сарбозон сабаб дорад. Ҳангоми амалиётҳо, ки бештар дар ақибгоҳ ё дар лонаи душман мегузаранд, баъзан аз рӯи супориш як-ду аскар барои фиреби назари фашистон қасдан камингоҳи онҳоро тирборон мекунад ва ё худро намоёнда, сипас аз пайроҳаи морпеч ба дили ҷангалзор мегурезад. Табиист, ки дар ин маврид фармондеҳи душман ба таҳлука афтода, дарҳол асабиёна ба таъқибу дастгир ва ё нест кардани савораҳои худсар амр медиҳад. Дастаи савора ҳамиинро интизор аст; аз ин лаҳзаи мувофиқ истифода бурда, бо як ҳуҷум истеҳкоми душманро муҳосираю несту нобуд мекунад, афсарону аскаронашонро асир, аслиҳаву лавозимоти зиёди онҳоро ғанимат мегирад. Лек мешавад, ки савораҳои «гуреза» байни ҷангалистони анбӯҳ баъзан як – ду шабонарӯзро дар ҷустҷӯи бошишгоҳи хеш гузаронида, оқибат меоянд. Шояд Ёрак ҳам… Не, вай ягон супориш нагирифта буд. Вақтҳои охир ӯ байталашро ба ҷойҳои офтобрӯяи байни ҷангал бурда мечаронд. Воқеан, ин асп ташвиши Ёракро дучанд кард. Охир дуҷон будааст. Ва ин, пеш аз ҳама, фармондеҳро ба андеша овард. Ӯ ба Ёрак амромез гуфт:

– Аспи ту минбаъд аз корҳои вазнин озод аст. Эҳтиёт мекунӣ аспро. Фаҳмидӣ? Бояд байтал сиҳату саломат бизояд..

Тойча!

Аслан касе намедонист, ки байтал аз кадом диёр ба қисми онҳо омад. Вале ҷонвари баққувату хушзот бар хилофи айғирҳои гарданшаху ёғӣ нарму фармонбардор буд. Ва дар ҳолатҳои пурхатар ё таҳдиди душман бо имо ва маҳмезе бодвор тохта, дар як мижа задан аз аспҳои бузург мегузашт.

Аз ибтидо ин байтал ба чашми Ёрак хуш афтод. Вай ба нигоҳубини ҷонвар машғул шуд ва эълон кард: «беҳтарин асп аст!». Сарбозҳо ба ӯ писханд заданд; сода набошӣ, байталро аспи беҳтарин мегӯӣ. Вале фармондеҳ ҷавонмаврди газгӯшти болобаланд, чашмони сабзтоби шаффофаш мудом шарарпош, ки ҳамдиёри Ёрак буд, ба гардани байтал тап-тап зада, бо шакарханд гуфт: «Ин Ёрак аспшиноси гузарост, рост мегӯяд». Чун аспҳои қавипайкар дар кашондани аробаҳои пурсилоҳ байни ботлоқзор оҷиз монда, ба лою об мехобиданд, ҳамин байтал ба имдод мерасид ва онҳоро аз вазъи нобоб мераҳонд.

Фармондеҳ он лаҳза байни аспҳои дар сияҳлой ҷулидаву саркашол қадамзанон мегуфт: «Дидед, аспи Ёрак ба мазоҳу тамасхуратон чӣ хел ҷавоб дод. Ҳо, ба чашми кам набинед ҷонваракро. Ана ҳамин хел! Сад аспара ба як аспа кор меафтад, мегӯянд».

Аммо ҳафтае боз аз Ёраку аспаш ному нишоне нест.

Ҳамяроқон ба ташвиш афтода, чор тарафи бошишгоҳро хеле ҷустанд. «Ноумед нашавед, ба дил гумонҳои бадро роҳ надиҳед, – ба онҳо таскиномез мегуфт фармондеҳ ва андешамандона меафзуд: – Ёраку асп сӯзан нестанд, ки ба коми замин фурӯ раванд. Аз онҳо бояд нишоне ёбем, – ва якбора оташ мегирифт: – Чаро бе рухсат рафтааст? Магар ин беинтизомӣ нест? Албатта барои худсарӣ ҷазо мебинад, о чунон ҷазое, ки … Ҳм, боз як ташвиши беҳударо ба сари мо овард…»

Вале як бегоҳ, лаҳзае, ки ташти заринтоби хуршед дар домони уфуқи зарандуд, ки ба нӯги дарахтони дуродури ҷангал мечаспид ва нурҳои охиринаш сари шохсорон ранги тилогун мемолиданд, аввал шиҳа, сипас овози суми асп ҳуши сарбозону ҷанговаронро ба худ кашид. Посбонон аз рӯи эҳтиёт, силоҳҳо ба даст, камин гирифтанд, ҷонварон низ сар бардошта, чашму гӯш ба садо доданд. Ҷунбуҷуле оғоз ёфт дар қисм.

Охир, сарбозе як ҳафта боз бо аспаш нопадид аст. Кӣ медонад, мабодо Ёрак ба дасти душман асир афтода, ба азобу шиканҷа тоб наоварда, сирри ҳарбиро фош карда бошад, душмани ташнаи интиқом ба сари онҳо чӣ балову фоҷиае меорад.

Ана ҳамин хел сарбозон аз рӯи ҳикмати «то бад наандешӣ, нек пеш намеояд», ба ҳуҷум омода гаштанд.

Лаҳза ба лаҳза садоҳои по ва ба ҳам бархӯрдани шохи дарахтон, фирих-фириху сурфидану шиҳаи изтироболуди асп наздиктар мешуду таппиши дили аскарон бештар. «Хайр, душман агар аз ҷонаш сер шуда бошад, ҳамин хел бебокона меояд, – мегуфтанд дар дил онҳо: – Чунон олиҷаноб пешвозаш гирем, ки рақскунон ҷон диҳад…»

Аввал суроби Ёрак, шинели лулавор печондаву сари китфаш ҳамоил, дар қабза чизеро баланд бардоштаю алвонҷдиҳон, сипас байтал намудор гаштанд. Асп баъди чанд қадам якбора истода, гарданашро камонвор каҷ карда, ба ақиб менигаристу шиҳа мекашид.Сипас шабаҳи навзоде, ки бо гомҳои ноустувор калавида-калавида аз паси ҷонвар меомад, ба чашм расид.

– Зоидааст! – нидо карданд сарбозон, ки ҷои хаёлҳои ботилу азиятовар дар дилашон якбора ҳиссиёти шодиву нишот хурӯшид: – Тойчаро бубинед… Ёрак дар қабза гул дораде!

– Ин фоли нек, мӯъҷиза аст, – табассум ба лаб осудаҳолона гуфт фармондеҳи газгӯшти баландболо: – Ёрак ба мо пайки баҳорро овард… Аҷиб, аҷиб… Худо хоҳад, ин баҳор душманро чунон саркӯб мекунем, ки мисли хар дума хода карда чорнаъл гурезад.

– Ҳамон рӯзро бубинем, бас аст.

– Мебинем, албатта мебинем! – қадамзанон гуфт фармондеҳ: – Ба шаҳру диёр, назди модар, зану фарзанд, хешу табори худ бо ғалаба бармегардем… Чашми падару модар, хоҳару бардар, духтарҳои нозанин ба роҳи мо чор аст.

Сарбозон орзуҳои ширину бузург ба дил нигоҳи пурмеҳр аз Ёраку асп ва тойчаи нозанин намеканданд. Аспҳо бо ҳар дастур сар бардошта, гӯшу ҳуш шуда бо шиҳаи маҳин байталу тойчаро истиқбол мегирифтанд… МУРОФИА

Садои хишир-хишир ба гӯши Мурод нофорам расид. Вай паҳлуи дигар гашта, сарашро бо кӯрпа пӯшонд. Не, боз хишир-хишир гӯшашро бештар харошиду харошид. Ӯ чашм накушода, хост зану бачаҳояшро коҳиш диҳад, ки ҳеҷ намегузоранд осуда бихобад. Вале ба андешае, ки сари субҳ хира шудани табъ хосият надорад, дам назад ва лаби курпаро поин тела дода, чашм нимроғ кард. Нигоҳи карахташ аввал ба шифти дудаолуди хона, сипас ба деворҳои камранг бархӯрда, ҷон гирифт ва акнун пай бурд, ки дар шаҳр не, дар деҳа хобидааст.

Ҳуҷраи нимторик. Аз роғҳои бухорӣ равшании ларзону зарҳалини оташ ба девори тирафом бархӯрда, ҳай «рақсу бозӣ

» дошт. Гармии нафиси бухорӣ бо маром паҳн мешуд ва садои гоҳе паст, гоҳе пурҳангомаи сӯхтани ҳезум ба хона ҷони тоза мебахшид.

Мурод бо каф сару гарданашро молиду молид, каме ба худ омад. Ва хотираҳояшро тагу рӯ кард, то фаҳмад, ки шаб чӣ хел, бо кӣ ба даргоҳи падар омада бошад. Сараш сурб барин вазнин буду сим-сим дард мекард, гӯшҳояш ғуввос мезаданд… Пеши назараш хира-хира истгоҳ, сипас чанд тан шиносу ношинос, тарабхона, нӯшбоду соғаркашӣ падидор шуданд.

Ӯ ба гирду атроф нигариста, модарашро дид, ки бо қомати хамида бастаи либосвориҳоро аз ҷомадон бароварда, кушодаву печонда, андешаманд аз байнашон чизе мекофт. Вай рӯи ҷогаҳ нишаст. Сараш чарх зад, дар дилаш ларзише эҳсос кард.

Ҳалқаш хушк, забонаш бирёни фач, талхмазза. Дилаш чойи хунук мехост.

– Оча, соат чанд аст? – оҳиста пурсид ӯ. Овозаш ба гӯши худи ӯ хиррӣ, дағалу ношинос расид. Модар ҷавобе надод, гӯё бо ӯ қаҳрӣ буд. Вай хиҷолатманд боз ба атроф чашм давонд. Касе набудааст. Баландтар овоз баровард. Модар як қад парида, аз болои ҷомадон сар бардошту зери лаб ғурғуркунон омада, аз ду бари рӯи писар бӯсид.

– Сиҳату саломатӣ? Охири охирон бо ин нағмаҳот очата мекушӣ. Сабилмондара камтар бихӯрӣ, намешавад? Дар ду сол як бор омадиву боз масту аласт, – шикваомез гуфт кампир ва дар шафати писар амонат нишаст: – Бачаҳот нағзанд? Пуфе, аз бӯи даҳанат нафас мегардад. Бо ин аҳвол бо занат чӣ хел мехобӣ?... Тавба, як дағдағаву кашокаше, ки… Мардума тамошои бепул додӣ. Дар сарат ҳуш, дар поят фара надоштӣ.

О ба ягон ҷо меафтодӣ, шармандаву хандасор мешудем…

Мурод дандон сафед накарда, гунаҳкорона нигоҳашро дигар сӯ гурезонд. Вай акнун пай бурд, ки шаб ақлу ҳуши бо модар пурсупос кардан ҳам надоштааст. «Аз ҳад зиёд нӯшондаанд. Аблаҳҳо… Киҳо буданд?» – аз худ пурсид ӯ ва пеши назараш қатори шишаҳои шаробу қадаҳҳои саршор падидор гаштанд. Дилаш беҳузур шуд…

– Аз хоб нофорат кардам, бачам?

– Не, худам…

– Нағз нахобидӣ… Мисли моргазида то рӯз печутоб хурдӣ.

Ин қадар азобу ҷафо ба ҷони худ чӣ лозим?

Мурод паси сар хорида, хамёза кашид, вале посух надод.

– «Ҳм, ба хонаҳои сафедаки шаҳрӣ одат кардаӣ, бача. Дигар дар ин кулбаи дудаолуди бобоӣ нағз хобат намебарад, дилтанг мешавӣ…» – хаёлан гуфт модар ва лабонаш ба табассум моил, гуфт:

– Соата пурсидӣ? Кар шудаме. Овози баланда базӯр мешунавам… Соат дорему ягон кас пурҷинаша наметовад. Додарат ба ин чизҳо ҳавас надорад… Гоҳ бо овози хурӯсу радиё, гоҳ бо ҳангоси хари ҳамсоя бедор мешавем. Хари зормонда чунон ҷавмастай,ки… шабу рӯз ҳанг мезанад, – бо шакарханд гуфт канда-канда модар: – Шунидӣ ҳанг – ҳангаша? Тавба, ҳамин ҳайвон дар вақту соати муайян: бомдод, чошт, пешин ҳанг мезанад.

Мурод лабони хушку парсинбастаашро ноаён бо забон тар кард ва бо ришханд сар ҷунбонд. «Мо дар шаҳр аз садои дағали нақлиёт бинолем, инҳо аз овози хари ҳамсоя…» – аз дил гузаронд ӯ ва ҳазломез пурсид:

– Оча, чӣ бадӣ дорад? Хари ҳамсоя ба ҷои соат хизмат мекардааст-ку…

– Ганда нагуфтам. Аз хомушӣ беҳтар аст ҳанг задани хару чакидани саг… Барои мардуми деҳа гоҳ овози хар, гоҳ ҷакидани сагу фарёди хурӯс, гоҳ офтобу сояи худамон, баъзан доду фарёди саркор ҳам соат аст, – гуфт бо шакарханд кампир ва аз коғазпеч як шоха наботро гирифта, рӯи лаълӣ ниҳод.

Мурод хомӯшона либос пӯшид. Ба назараш чунин намуд, ки модар ин гапҳои тагдорро аз рӯи дил ба забон овард. Дар асл вай гуфтанист: ту, ба қавле, кӯдаки ин деҳа, то дирӯз бо хурду калон мисли гӯшту нохун пайванд будӣ… Чор ҳарфа ёд гирифта, акнун ба осмони ҳафтум баромадӣ?

– Офтоба пури оби гарм… Худат дастрӯймолата овардаӣ?

Агар не, болои торбанд наваша партофтам, – бо санге наботро шикаста гуфт модар.

– Ду даст дар бинӣ омадам, – ба лаби Мурод заҳрханд давид ва рӯяшро кафмолкунон хиҷолатомез афзуд: – Мешавад…

– Ихтиёр ба худат, писарам, – пичиррос зад кампир.

Чор сол пеш саҳар, вақте ки Мурод дасту рӯи худ ва писаракашро шуст, модар як дастурӯмоли нимдошт, вале тоза баровард. Ӯ бедимоғ онро дур афканд ва аз ҷомадон сачоқи нави гулдор гирифта, гӯшрас кард: «чизи худамон наву дилпур аст». Модар сиёҳу сафед нагуфт, вале димоғаш сӯхт. Вай ҳоло ҳамон лаҳзаро ба ёди фарзанд расонд.

Нигоҳи Мурод даме ба қатори тубакҳои хурду бузурги рафи тиреза ва гулбуттаҳои ҳархела, ботаровату шукуфон андармон гашт, сипас ба берун шитофт. Сафедии рӯз мисли пардаи ҳарири зарандуд, оҳиста-оҳиста паҳн мегашт. Арӯси додараш дасту остин барзада, бо ҳафсала ҳавлӣ меруфт.

Гунҷишкакон паи ҳам аз лонаҳои худ – таги порисаҳо болзанон баромада, дар бомгӯшаву сари шохаҳои дарахтон нишаста, бо нағмаи якнавохт ба ҳамдигар ва меҳмон низ гӯё дуруд мегуфтанд. Мурод аз паси шохсорони тирафом додараш

Давронро дид. Вай замин побел мекард.

Ӯ беҳол, ланҷу хаста чуқур нафас кащид. Ва пиндошт, ки аз дилу ҷигараш дуди ғализе фағона заду хонаро бӯи махлути туршиву машрубот пур кард. Бадани кӯфтаву дардмандаш дар хаёли ӯ тафу бӯйи нофораме дошт. Хост ноаён берун барояд, вале модараш тирезаро кушода гуфт:

– Бароят ҷома дӯхтам. Бипӯш, берун хунук аст, – кампир аз либосовез ҷомаро гирифта, сӯи ӯ омад.

Мурод коҳилона ҷома пӯшид. Модар дар равшании хираи субҳ бо ҳавас ба ӯ нигариста, табассуми маънидорона гирди лабонаш давид. Ҷома ба қаду басти фарзанд хеле шинам афтода буд.

– Муборак шавад! Акнун ба тоҷикбача монанд шудӣ. Мезебад. Насиб кунад.

– Ташаккур! Бисёр заҳмат кашидаӣ, оча.

– Модари ҷонсахт кай парвои заҳмату ранҷ дорад? Шабу рӯзаш дар ғами фарзанд мегузарад… Ин ҷомаро бибар. Нишонаи дасти ман. Дар шаҳр ҷома пӯшӣ, айб намекунанд? – шакарханд ба лаб, пурсид кампир ва ҳамоно риштаи сухан дигар тараф кашид: – Аз беқасабҳои мукофот гирифтаи худат… барои аз ҳама зиёд пахта чиданамон… Ба ёдат ҳаст?

Раис дода буд-ку…

– Ваҳ! Ҳамин қадар сол нигоҳаш доштӣ?

Дар чашмони модар дурахше падидор гашту ғайб зад. Вай ба Мурод, чун ба ҷавони аз олами зиндагӣ дуру бехабар нигарист.

– Чиз сад рӯз дар бор, як рӯз дар кор, мегӯянд…

Писар ҳарфе назада, ҷома сари китф берун баромад. Ҳавои сардаку шамоли тунди саҳаргоҳӣ ба рӯяш зада, ӯро ҳушёртар кард. Вай дар саҳни ҳавлӣ каме истоду ҳарисона нафас кашида, дид, ки ҳавр аз даҳону бинияш фағона мезанад. Оҳистаоҳиста аз пайроҳаи шинос ба боғ даромад. Дарахтони яке пиру дигаре миёнсол, бо вуҷуди урёнӣ ҳусну таровате доштанд.

Мурод назди ҳар дарахт даме истода, ба ёд меовард, ки кадо250 ме дастниҳоли падар, кадоме дастниҳоли худаш буд. Боғ ба назар бонизому васеътар намуд. Додараш баъзе ниҳолҳои хушкида ё нолозимро решакан кардааст… Дар як гӯша ду-се навниҳол бо селофан печонда шуда. Даврон шохҳои дарахтони анҷиру анорро ба замин хобонида, зери хок ё хасу хошок карда. Ҷойҳои бедарахти заминро пали сабзфоми пиёзу гашнич, ҷӯякҳои сабзӣ, турбу карам зеб медоданд. «Ин бача нохонда агроном шудааст. Ошиқи замин, обу дарахт аст», – аз дил гузаронд ӯ ва назди Даврон омад.

– Барои чӣ дарахтҳоро буридаӣ? – пас аз саломалек бедимоғ пурсид ӯ.

– Пиру хушк шуданд, аз самар монданд. Ба ҷои онҳо ниҳоли нав шинондам. – ба ӯ нанигариста ҷавоб дод Даврон:

– Нағзҳоша накандаам-ку… Дар боғ нигоҳ доштани дарахти хушк хосият надорад.

– Шафтолу ҳам пир шуда буд?

– Бале, чанд сол умр мебинад шафтолу? – пурсид Даврон ва хандид: – Худораҳматии падарамон мегуфт: аз шафтолу боғ накуну аз буз мол.

Мурод маънии хандаи додарашро пай бурд. Охир дарахти шафтолу ягона дастниҳоли ӯ дар боғ буд. Вай лаҳзае ба кори боғайратонаи додараш нигариста, магар ҳавасаш омад, ки дасту остин барзад ва гуфт:

– Кайҳо боз ба даст белу каланд нагирифтаам. Ту дам бигир, ман зӯрама бисанҷам…

– Ака, худата азоб нате. Ту одами нозук, мабодо дастҳот обила кунанд, – ҳазломез посух гардонд Даврон: – Ҷои зӯрозмоии шумо паси миз асту коғазу қалам…

– Маҳмадоно шудаӣ, бача, – ғурид Мурод ва белро аз дасти Даврон тунд кашида гирифт ва бо ин ҳаракаташ фаҳмонд: «мо, шаҳриҳо, аз шумо кам не…»

Даврон, ришханд ба лаб, рафта дуртар истод ва андешаманд ба гирумони худнамоёнаи бародар чашм дӯхт. Мурод ибтидо белро ба замин бо ҳавсала хаставу пораи заминро бардошта, рӯи шудгор мепартофт. Дар лабони Даврон ҳанӯз ришханд ҳувайдо, ташвише ба қалбаш панҷа зад. Охир ба назари ӯ чунин намуд, ки пайкари Мурод об шудааст. Дастонаш сап-сафед: аз таги пӯсти рангпаридаи ӯ риштаи кабудтоби рагҳояш намоён. Ангуштонаш борик, заиф, бисёр ҳам заиф!

Ҳо, дили Даврон дар панҷаи таҳлукае фишурда шуд. Вай хаёлан бародарро мегуфт: «О бебаркаш хӯрдани арақи сабилмонда заҳри ҷон аст. Охири охирон фила аз по меафтонад арақи русӣ».

Чанде гузашт. Ва офтоб ҳам аз паси теппаҳо рух намуда, сар-сари ёлаҳоро бо нурборон рангин кард. Акнун бо шиддат ҳаш-ҳаш нафас кашидани Мурод ба гӯш мерасид. Ӯ дигар белро то мағзи замин нарасонда, балки рӯ-рӯи онро бардошта, берағбат чапа мекард. Яқин аз бозии дил нафастанг низ шуда буд.

– Бародар, бас аст, хаста шудӣ…

– Аз куҷо донистӣ?

– Ҳаш-ҳашат чунон баланд, ки ҳамсоя ҳам мешунавад, – бо ханда пичинг зад Даврон.

– Ин аз касофати арақ, – ғур-ғур кард Мурод. Ӯ хост худро бардаму тавоно нишон диҳад: – Шаб бисёр нӯшондаанд...

– Кам бинӯшӣ, ягон кас ҷангат мекунад? Шаб дер, бо як холи зор омадӣ… Барои ҳамсояҳо базм оростӣ, – аз замини шудгор решаи алафу сангҳоро чида гуфт Даврон: – Шароби муфта биёвӣ, ҳатто худата фаромӯш мекунӣ. Мегӯянд, ки коҳ аз мардум бошад, коҳдон аз худат-ку. Аз арақ ҳеҷ кас, ҳатто урус обрӯ нагирифт… Мабодо ягон дарду бало… Рисола чӣ шуд? … Аз сиёҳмастӣ ба касе қаҳрамонӣ додаанд?

Мурод худро ба нодонӣ зад. «Дастаи белат каҷ, кафамро озор дод», – бедимоғ гуфт ӯ, вале Даврон ба шиквааш эътибор надод.

– Кай тадқиқота ба субут мерасонӣ? – тундтар пурсид ӯ.

Тагпурсии беибои Даврон ба Мурод хуш наомад, балки ӯро хашмгин кард. Вай бо ситеза посух дод:

– Маълум нест… Доим неш мезанӣ… Ту ғами маро нахӯр. Даврон лаҳзае ба андеша фурӯ рафт, сипас бел аз дасти бародар гирифт. Мурод аз киса дастрӯймоли оҳарӣ бароварда, бо он арақҳои сару рӯяшро поккунон чанд қадам дур ба пайроҳа баромад. Ҷо-ҷои ангуштон ва кафи дастонаш месӯхтанд… Ӯ ноаён, балки дуздида-дуздида ба кафҳояш нигаристу чашмонаш калонтар кушода шуданд. Дар ҷо-ҷои ангуштонаш нишонаи обила ба чашм мерасид.

Устодаш – олими солхурдаву заҳматкаш мудом таъкид мекард: «Обилаи дасти деҳқон нишонаи меҳнати ҳалол аст.

Агар олим ҳам мисли деҳқон ҷон коҳонад, аз таҳти дил меҳнат бикунад, пӯсти ҳамон ангуштонаш, ки хома медораду пайваста менависад, чун пӯсти дасти деҳқон пухтаву сахт, ғурмдору тобовар мешавад.»

Мурод он гоҳ ба сухани устод чандон эътибор надод. Вай магар инро аз нигоҳи ӯ пай бурд, ки ангуштони худро нишон дод. Воқеан бари ангушти сеюми устод аз фишурдани хома каҷу пӯсташ мисли чарм метофт. Яъне аз зарби хома пухтааст…

Мурод дам ба дарун, гӯшаи чашм ба Даврон афканд. Додараш бафурҷаву нерӯмандона сабук-сабук бел мебардошт. Дар қиёфи ӯ дигаргуние мушоҳида намешуд, нафасгириаш ором, ҳамвору осуда. Вале ӯ намедонист, ки дар дили додараш ин суханҳо талотум доранд; «Ака, одам, ки аз кору заҳмат битарсад, дастаи бела каҷ мегӯяд ё сад баҳонаи дигар меёбад. Бо ин ҳунару ҳавсала чаро орзуи олимшавӣ кардӣ? Ту дар шаҳр доим аз зиёфатхурӣ сархуш, бепарво мегардиву таънаву маломат ба сари мо мерезад.»

Нигоҳи хаёломези Мурод аз рӯи боғзорони деҳа лағжида ба пуштаи сабзфом афтод, ки чанд сол пеш бозигоҳи бачаҳо ва чарогоҳи барраву бузғолаҳо буд. Атрофи пуштаро, ки ҷоҷо дарахт ва дунгиҳои зиёде ба назар мерасид, хандақ буридаанд.

«Алаккай пур шудааст», – хаёлан гуфт ӯ ва хост бо нигоҳ он ҷо турбати падарро пайдо бикунад. Наёфту хиҷолат ка253 шид. Чанд карат назди ҳамсояҳо худситоёна гуфта буд, ки аз пойтахт лавҳи мармарине оварда болои гӯри падар мегузораду ба дигарон намунаи ибрат мешавад. Аз ин ваъда солҳо сипарӣ шуд. Болои чанд гӯр ҳоло тахтасангҳои пасту баланди мармарӣ намоёнанд… Хост ҷои оромгоҳи падар аз Даврон пурсад. Не, ҷуръат накард. «Мабодо бо маломат боз неш занад. Бисёр нописанд, талхзабон шудааст. Пеш ин хел тундгӯй набуд. Дигар хотир ҳам намебинад. Ё худашро шинохта бошад?» – аз дил гузаронд ӯ ва ёд овард, ки даҳ сол боз қабри падарро зиёрат накардааст. Дар ин муддат чӣ қадар ҳамдиёрон дар мазор соҳиби манзили охират шуданд. Модар боре ҳатто шикваомез гуфт: «падару модар хуни ҷигар шуда, сӯхтаву пухта ба умеде фарзанд мепарваранд, ки баъди марг ҳам соҳиб дошта бошанд. Ҳо, гӯру чӯбашро нигоҳубин кунад.

Ҳар сол фарзанд ба зиёрати хоки падару модар равад, рӯҳаш шоду осуда мешавад. Хайр, чизе сарф намекунад-ку. Дар иди Наврӯз ё идҳои дигар сари манзил рафта бо як каф дуо падару модарро ба ёд орад, ҳамин бас…» Не, ба қавле, аз таъкиду панд забони кампир мӯй бароварду вай бо сад баҳона боре ба зиёрати оромгоҳи падар қадам набардошт. Ҳатто маротибае сарду дурушт: «Ман ҳар рӯз сари қабраш равам ҳам дигар зинда намешавад» – гуфту дили модарро хун кард…

– Сад дареғ! – нолид кампир: – Сад ҳайфи орзуву умедҳои падарат.

Вақти субҳона Даврон хомӯшу бедимоғ ними фатирро тика-тика ба косаи ширчой ғӯтонда, ҳурда, аз паи кор шитофт.

Фотима – ҳамсари Даврон, низ суфра ғундошту бо писаракаш хайрухушкунон роҳи саҳро пеш гирифт. Хонаи хилват монду

Мурод ва тифлаку модар. Авзои Мурод хуб набуд. Дилаш дам ба дам фишурда мешуду сараш мисли занбурхона виз-виз мекард. Бо вуҷуди сардии ҳаво аз пешонӣ ва бари гарданаш арақ мешорид. «Ҳм, касали рӯсӣ, – бо писханд мегуфт дар дил: – Давояш дар шаҳр осон… Сари ҳар қадам, дар ҳар гардиш…» Ӯ ба чашм айнак гузошта, китоберо бе ҳафсала кушод ва назди тиреза нишаст. Вале ин лаҳза модар сари нава254 саашро силакунон пешаш омад ва ба ҳисобе, ба фарзанд гиреҳи дил кушод:

– Бачам, чиба солҳои охир дер меоӣ? Бемеҳр шудаӣ, – давоми сухан дар зиндони дили модар садо дод: – «Аз азал бемеҳр будӣ», – ва боз гилагузориро идома дод: – Як раҳ ба ёдат мерасад, ки оча дорам, очаи пир… Мисли офтоби сари кӯҳ… ё занат ба омадан иҷозат намедиҳад? Ҷигаррехта аввал духтари хушфеъл буд. Ҷои нишастамро намеёфте.. Ё он вақт рӯширинӣ кард, ки розӣ бишавам? Чӣ, мисли арӯси Гулбута

«аз баҳри модару хешот бигзар» мегӯяд? Ё… Хайр, бо зану фарзандон сиҳату саломат, тинҷу осуда бошен, барои ман бас.

Бачаҳота меовардӣ… Дидор ғанимат. Мисли ашки сари мижгон мондаам… Ҳоли ту бепарвоӣ, наберадор, ки шудӣ, баъд мефаҳмӣ.

Мурод дар рӯбарӯ, чашмонаш беифода, аз паси айнак ба ӯ менигарист. Пайкари модар дар назари фарзанд нисбат ба солҳои пеш хурди хурд менамуд: ба гуфте, устухонҳояш об шуда, дар пешонӣ ва банди дастони лоғараш доғи пирӣ гул кардааст. Мурод лабонаш гоҳе ба табассуми моил, баъзан пир-пир парида, чинҳои пешонӣ ва гӯшаи чашмонаш каму афзун шуда ба ин ҳуҷум ва ӯро аз ҳаллоҷӣ гузаронидани модар «Ҳа… Не… Ташвиш беҳисоб… Вақти сархорӣ намеёбему… Бачаҳо мактабхон…Кори давлат…» – гӯён посух медод ва алами кампиракро афзун мекард. «Соле як бор меояду хуши гапзанӣ ҳам надорад», – аз дил гузаронд кампир ва оҳи бадард кашида, бо таамул боз шиква оғозид:

– Як ту кори давлат мекунӣ? Дили нохоҳаму узри бисёр, мегӯянд. Орифи Мамлакат ҳам мисли ту шаҳршину дар донишгоҳи духтурӣ маълим аст… Тавонад ҳар моҳ, натавонад дар ду-се моҳ, албатта, бо зану фарзанд ба дидани модар, хешу табор меояд… Аз ин обрӯяш зиёд мешаваду кам не, – нарм гуфт модар, сипас афзуд: – Мегӯянд, ки ту аспиронта хонда, олим шуданӣ ҳастӣ… Олимшаванда аз ҳама гапи дунё бохабар аст… Лекин, ростӣ, ту дили очата намефаҳмӣ. Не, шукри Худо, ба ягон чиз мӯҳтоҷ нестем. Додарат тракторрон, зиндагиаш соз, шукронаи ҷонаш, ки хонаи падара обод нигоҳ медорад; дасташ расад, ба дигарҳо мадад мерасонад. Занаш ҳам одами хуб… Ба мардум нону намак медиҳанд…

пешина
аз 30
навбатӣ