ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
Мурод ба танг омад. Азияти хумору дарди сар, беҳаловатӣ… Вай бо дастрӯймол сару рӯи арақшорашро поккунон дар дил бедимоғу хашмгин нолид: «Эй кампир, бисёр гарангам накун. Ҳолам бади бад аст. Мисли саги сӯзанхӯрда… О худат якбор аз нӯшонӯшии зиёд ба ин хел дарди сару дилбеҳузурӣ гирифтор мешудӣ…» вале шикваомез пурсид;
– Оча, чаро ин хел мегӯӣ?
– Гапам ҷон дорад, бачам, – хаёломез пичиррос зад модар ва бо нӯги рӯймол кунҷи лабонашро поккунон афзуд: –
Ҳафтаи гузашта раиси Усмон раҳматӣ шуд, мурд. Дарак дорӣ ё не?
Мурод дар ҷои нишаст такон хӯрда, айнак аз чашм гирифт.
– Наход? Чӣ хел «мурд»?!
– Мисли одам, бандаи мӯъмин, бачам, – гуфт кампир ва оҳи тӯлонӣ кашид: – Се рӯз дар бистар хобиду бас. Хайр, раҳматӣ, умри дароз ҳам дид. Аз ман даҳ сол калон буд…
Вақтҳои охиро ҳучбемор мегашт, аз дарди дил менолид…
– Зокир омад?
– Ба ҷаноза? Не. Духтарҳо сари болинаш буданд, нағз нигоҳубинаш карданд… Зокир баъди ду-се рӯз расид…
– Чӣ, хабараш накарданд? – Мурод сари зону нишаста, аз паси айнак бо чашмони дар назари модар калонтар, ба ӯ нигарист.
– Не…
– Беинсофҳо! Ҳамин ҳам одамгарӣ шуду… ақаллан телефон мекарданд, – бедимоғ ғуррид Мурод ва айнак аз чашм гирифта, бо дастрӯймол шишаҳои онро тоза кард.
Ба лабони модар хаёле заҳрханд давид.
– Кӣ беинсоф?
– Одамҳо, оча! О худат ба Даврон нагуфтӣ, ки хонаи мо занг бизанад. Ё фаромӯш кардед?
– Дар ёди ҳама буд… – Хайр, чаро нагуфтанд? – ҳайратзада пурсид Мурод, ки гоҳ айнак ба чашм мегузошту гоҳ аз чашм мегирифт.
Кампир ба хобонидани тифлаки ба ғанабрафта рӯи бистари тозаву мулоим андармон, садояш дардомез баромад:
– Куҷо телефон кунанд? – сипас нигоҳ аз пеши пояш наканда, гӯё рӯи гилем бо ангуштони чангу лоғараш сӯзан меҷӯста бошад, бедимоғ афзуд: – Хонаи ӯ дар пушташ… Мисли мурғи ҳарҷогард макон надошта бошад, – кампир пас аз сукуте суханашро оҳиста давом дод: – Ҳунар, ки надоштӣ, чаро бағали Раиса бо чормағзи пуч пур кардӣ? Бо дағдағаву воҳима «шогирди худам мешавад» гуфтӣ. Раҳматӣ Раис ба ту чунон бовар дошт, ки… «Дар зери боли Мурод бошад, дилам пур аст», – мегуфт бо ифтихор.
Мурод аз нигоҳ ва суханҳои модар паноҳҷӯ, сархам ва мисли гунг хомӯш менишаст.
– Раис дар ҳолати назъ, албат аз дарду алам васият кардааст, ки ба ҷанозааш Зокиру туро хабар накунанд, – бо наҷвое гуфт модар ва лакоту хаста оҳ кашид: – Ӯро кирдору беҷогардиҳои Зокир аз по афтонд, ба дард гирифтор кард, кушт…
– Чаро Зокир? Шумо интересний одам будаед, оча! – ангушт ба айнак расонда, ғуррид Мурод.
– Чӣ гуфтӣ?! Интурусният чӣ маъно дорад? – модар теғи нигоҳ ба қаъри чашмони писар дӯхт. Вай пешониаш арақшор, ба девор такя зада, паси сар хор-хорон, аз пурсиши ранҷишомези модар бештар ба ҳоли ногувор афтод.
– Маънояш одами аҷиб… – саросема посух дод ӯ.
– Ин гапи коғазпеча аз шаҳр барои мани кампир савғот овардӣ? Ман ҳам мисли дигарҳо як бандаи хокӣ… Чӣ аҷоиботе дар ман дидӣ?
Мурод акнун карахт, балки моту мабҳут, аз паси айнак нигоҳ ба кунҷи хона дӯхт. Вай дар дил меандешид, ки аз муҳокимаву неши суханҳои модар чӣ хел бираҳад. Кампир ғайри чашмдошти ӯ мавзӯи сӯҳбат дигар кард.
– Бе айнак дида наметавонӣ, бачам? Мегӯянд, ки баъзеҳо барои зебаш ба чашм айнаки сиёҳ мегузоранд. Ношукрӣ аз ин зиёд намешавад. Чашми сиҳат аз ҳазор айнаки тиллоӣ хуб, – гуфт кампиру хаёломез ба Мурод нигарист. Чинҳои пешонии кампир афзун ва нигоҳаш пурдард метофт: – Раҳматӣ аз нӯли зоғ кандаву гирифтагӣ як писар дошт. Ҳамаи умеду орзӯяш
Зокир буд. Пас аз марги занаш Ҳалима, худораҳматӣ чунон инсони нозанину меҳрубон ва бофаросат буд, ки Раис Зокира дар мағзи ҷон мисли гул парварид; гули сару либоса пӯшондаш; гули хӯрока хӯрондаш, ки бемодариро ҳис накунад… Хаёл дошт, ки Зокир пас аз хатми мактаби пойтахт омада, асои дасту қуввати дил, номбардору соҳиби хонаву дараш мешавад. Сад дареғ, орзуҳояш барбод рафт… Аз писар бахт надид раис. Худо ба ӯ ҳама чиза доду меҳру хизмати писара не…
Тифлак, гулханд ба лаб, дар хоб аввал тоб хӯрд, сипас як қад парида, гиряомез садое баровард. Модар аз нав кампал болои ӯ кашид ва бо каф сари шонаҳояш маҳину навозишкорона тап-тап зад.
– Ҳо, бачаи нозпарвар хуни ҷигараша хушконд, – нарм суханашро идома дод кампир: – Ормонҳоша ба дили хоки сард бурд раис. Кай медонист, ки бо ноз парвардани фарзанд дарди сару душмани ҷони худаш мешавад… Ҳм, падарат туро ҳам мисли кабкчӯҷа дар бағалу рӯи даст мегардонд; аз болои сарат пашша мегузашт, ҷони раҳматӣ намебаромаду бас. Ана, чӣ хел инсон шудӣ.. ёдаш ҳам намекунӣ… Даврон, ки ятим монду азоб кашид, бо меҳнати ҳалол нон ёфт, ба қадри ҳама чиз мерасад.
Мурод гунгу гаранг ёрои лаб кушодан надошт. Вай ҳаргиз ин хел сӯҳбатро интизор набуд.
– Усмона, хок хабар набарад, фиребу ваъдахилофиҳои туву беномусии Зокир ғамбемор кард, – нигоҳаш аз чашми тиреза ба берун, хеле нарм боз гуфт модар: – Чанд бор ба ту гуфтам, ки ин хислати хуб нест. Сари хони зиёфати одамҳо мешиниву
Ҳотам мешавӣ, ба хотири нафси ҳаром ҷуво-ҷувол ваъда додана дӯст медорӣ. Ваъдаҳои дуруғ! Инсона лафзаш ҳалол, мегӯянд… Усмон баъди фиребҳои туву ба маҳкама афтодани
Зокир байни мардум аз шарм сар бардошта натавонист, маъракагурез ҳам шуд! Осон аст магар? Одаме,ки ба сад кас ақлу роҳи рост нишон медод, дасти сад каса дар рӯзи сахтӣ мегирифт, ин бори нанга набардошт…
– Оча! – Мурод сари зону нишаста, хост чизе бигӯяд, вале модар пеши даҳони ӯ баст.
– Худсафедкунӣ фоида надорад… Худата ба ҳама шиносондаӣ… Аз ҳад, ки гузарондӣ, мон як маротиба гиреҳи дилама кушоям. Ҳо, ба буттае, ки оташ афтодааст, сӯхтанаша худаш медонад… Носипосӣ кардӣ. Чӣ хел ту ин ноҷавонмардира ба худат раво дидӣ? Ҳайфи номи неки гузаштаҳо… Аз решаи мо касе ба ин пастӣ қадам намонда буд. Ба ҷавон ваъдаи бисёр додӣ, фирефта шуд… Чаро ба тақдири бача бозӣ кардӣ? Ӯ ҳам мисли дигарҳо ба андозаи тавон роҳаша меёфт… Хайр, раҳматӣ ҳам ба умеди ту бепарвоӣ кард. Соле як бор шаҳр рафта надид, ки Зокираш чӣ ҳол дорад. Мехонад ё зери «бол» – и акаи Муродаш кайфу сафо дорад. Не, дарди бедавои дил ӯро чормех баст. Вактҳои охир кисаҳояш ҳамеша пури ҳар хел дору, аз деҳа берун по намемонд, – модар даме ба андеша рафт, сипас боз пурсид: – Ёдат ҳаст? Борҳо бо ту шаҳр рафтан хост. Сади роҳ шудӣ. Гуфтӣ, ки ташвиш накаш, худам ҳастам. Пулат дод, ки ба Зокир диҳӣ… Эҳ, раҳматӣ одами зудбовар ҳам буд. Писарам азоб накашад, сарбории Мурод нашавад гуфта, ҳар моҳ нафақапулиашро барои ӯ мефиристод… Суми бедардимиён ҳам Зокирро вайрон кард…
Лекин ту, ҷони оча, дурӯғ намегуфтӣ, шояд кор то ба ин расвоӣ намерасид. Худат дурӯғ гуфтиву «шогирдат» дуруғ рост кард.
Суханҳо канда-канда, балки тирвор ба гӯши Мурод мерасиданд. Вай, мисли сангпушт сар байни гиребон кашида, нигоҳ аз модар мегурезонд. Ҳамзамон хира-хира ба ёд меовард, ки шаб ҳам ба шиносҳои наваш чӣ ваъдаҳое дод… Ӯ гунгу хомӯш, ба назар шармзадаву хиҷолатманд, пеши назараш раиси Усмон бо ҳамон қади баланд, сару либоси олуфта, чаш259 мони калон-калони пурмеҳру хаёлолуд пайдо шуд. Ду сол пеш, бори охирон ҳамин хел босалобат ӯро дида буд.
Шаб ёрону ҳамсояҳо ба боздиду сӯҳбати ӯ омаданд, раиси
Усмон низ. Вай ҳангоми вохӯрӣ, дар лабаш заҳрханд, «Ҳа мири шаҳр», – гуфту бас. Бегонаҳо аз ҳолу аҳволи Зокир пурсон шудану ӯ не. Ҳазлу шӯхӣ, ҳамдигарро неш задану аз ғирбол гузаронидани ҳамсояҳо авҷ гирифт. Аммо раиси Усмон мисле ба даҳон об гирифта бошад, хаёливу хомӯш менишаст.
Кабоб оварданд. Маълум, ки Даврон ба муносибати омадани бародар мол куштааст. Бо вуҷуди «бигир-бигиру кабоби олиҷаноб.. иштиҳо дар таги дандон» гуфтани одамон Мурод ба табақ даст дароз накард.
– Мулло Мурод, хӯроки бекарам маъқулат нест? – ниҳоят пурсид Усмон.
Пирамарде дар ҷояш як қад парида, норозиёна ба Раис чашм давонда, хуш-хуш.. гуфт. Ҳозирон хандиданд.
– Карамшӯрбо, Раис, аз меҳри падару модар ҳам зӯр аст.
Дар шаҳр шираи карам ба решаи дандони бачаҳо нишинад, раҳи деҳа фаромӯш, ҳатто гум мекунанд, – пичинг зад касе.
– Э марди бахил, – пирамард пораи гӯшт ба даст, гӯяндаи ин суханро песонд, – безаҳру нешу ҳақорат нишаста наметавонӣ? Ё хеста равам, ки ҷоятон кушод шавад?
Аҳли нишаст ханда ба лаб, мавзӯи сӯҳбат дигар карданд.
– Бобои Раис, мо байни хоку чанг кор мекунему инҳо ба дарди меъда гирифтор мешаванд. Хонаҳошона ҳар рӯз бо облатта тоза, дӯға пуф карда мехӯранду…
– Рост, ҳар шаҳрие биёяд, албатта аз захми меъдаву дарди гурда менолад, – ҳазломез луқма партофт Даврон: – Ба масал: на хӯрдаву не бурда, мешаванд дарди гурда.
– Одам, ки аз замин дур шуду ба арақи рӯсӣ дил баст, ба сад дарду бало гирифтор мешавад. Кори деҳқонӣ, садқаи шарофаташ, аз ҳама доруи хуб аст, – гуфт раис.
– Мо ҳам кор мекунем… Меҳнати фикрӣ аз сад кори ҷисмонӣ мушкил аст, – андаке сурх шуда посух дод Мурод ва бо ҳазл афзуд: – Аз ман шаробзада месозед? – Додар, аз хӯрокхӯрият маълум, ки чӣ хел марди меҳнатӣ ҳастӣ… Кабоби нақда хӯрда наметавониву аз кор лоф мезанӣ…
– Айби Даврон, – луқма партофт касе ва афзуд: – Як шиша меовард, кор ранги дигар мегирифт…
– Кампир неву нестон кард, ҳатто тарсам дод, ки шиша биёру рӯзата бин; дар сарат мешиканамаш…
– О нафаҳмондӣ, ки доруи иштиҳо, кафшери сӯҳбат аст зормонда…
Мурод аз пичингу истеҳзо ва кунҷковии ҳамсояҳо чун дар сари сӯзан нороҳат менишаст. Баногоҳ касе боз аз касбу кораш пурсон шуд. Ӯ гӯш ба карӣ зада, аз дил гузаронд: «Аз қаъри замин то ҳафт қабати кайҳонро донистан мехоҳанд» – ва ниҳоят аз кунҷковии зиёд ба танг омада посух дод, ки олими соҳаи кимиё шуданисту дар бало монд.
– Дорусоз бигӯ…
– Не кимиё танҳо дорусозӣ нест, – миёни гапи онҳоро бурид Мурод.
– Хайр, марги муш… доруи серҳосилӣ…
– Аз дасти шумо харбузаву тарбуз, ягон зироати ҳалол намонд. Каду барин калон мешаванду мисли коҳ бемаза!...
– Боз одама ба ҳазору як дарду иллат гирифтор мекунанд…
– Даво ҳам мебахшанд! – овоз баланд кард Мурод.
– Эҳа, фоида медошт, худат касал намешудӣ…
– О мардум, Мурод меҳмон аст. Одама дар ҷои кораш ин қадар муҳокимаву сурху сафед намекунанд, – оромона гуфт
Раис: – Аз барои савоб, ба хотири меҳмонияш сари инсоф биёед…
Ҳозирон қоҳ-қоҳзанон акнун диданд, ки ранги рӯи Мурод парида, дастонаш ларзон, ҳоли табоҳе дорад. Баъзеҳо бо ҳазл
«бачаи худамон, шӯхӣ… шираи гап… намеранҷад», гуфтанд.
– Ба шӯхӣ ҳукмаша мебароред, пӯсташа меканед?... Наход ҳама ба як кас ҳуҷум бикунед? Хотир намебинеде, – маънидорона гуфт Раис. – Аз шаҳр, аз пойтахт омадааст. Ёдаш кардеме – луқма партофт яке.
– Ё месанҷедаш?..
– Раис, намондед, ки дуди дил барорем, – бо ханда ба сӯҳбат нукта гузошт пирамард: – Алови чашми бачаҳои деҳагуреза бо ҳамин баҳона нагирӣ, аз худ мераванд…
Он шаб бо вуҷуди ранҷиш пас аз гусели ҳамсояҳо Мурод дар худ сабукие ҳис кард. Вале хоб аз чашмаш гурехт. Вай дар хомӯшии шаб аз дил мегузаронд, ки доимо дар бораи як чиз андешидану ҳарф задан фикри касро қолибӣ, зеҳнашро кунд мекардааст. Вале бо одамони оддӣ нишастану холисон сӯҳбат оростан ғубори хотир ё чӣ хеле мегӯянд, занги дилро шуста, рӯҳро болидаву сабук мегардонад.
Сӯҳбати озодона ва намакину ҷо-ҷо нешдори деҳотиён ва ё ба гуфти Раис, мулоим-мулоим гӯшмолаш додану пӯстакашро афшондани ҳамсояҳо, чангу ғубор аз дили Мурод бардошт.
«Озодона, бекина баҳс, ҳатто якдигарро ҳаҷв карданашон сабуку дилкаш. Доираи олимҳо чӣ? Баъзеҳош аз як гап ранҷида, дар дил солҳо кина мепарваранд; бо баҳонаи ночиз аз таги нохун чирк мекованд. Пӯсташон тунук, табъашон нозук, аз ҳад зиёд изатталабанд… Чор тан аз аҳли илм дар як ҷо нишинад, ҳатман низои ақл ба амал меояд, низои шадид. Оҳо, кашмакаши олимҳо мисли буқаҷанг оштинопазиру бераҳмона аст», – аз дил гузаронд Мурод ва аз ангезаи ин андешаҳо хеле дер хобид. Он вақт низ саҳар аз овози модар бедор шуд.
– Эй бача, ин қадар бисёр бихобӣ, кай олим мешавӣ? Бихез! Чошт шуде. Мусулмон то ин вақт мехобад? Пеш олимбачаҳо таги сар хишт мемонданд. Медонӣ, барои чӣ? Барои он ки азоб кашанд, бедор бошанд, баҷои хоб хонанду омӯзанд, доно шаванд. Чунон доно, ки тамоми сирру асрори оламу одама фаҳманд. Ҳо, боз мегӯянд, ки мӯи сари олимҳо мерезад. Бачам, сарат иллоҳо аз санг шавад, ҳоли як тори мӯят кам нашудааст, – бо ханда гуфт модар ва мӯи ҷингилаи ӯро силакунон афзуд: – Ё гап дар каллаи калону рехтани мӯй ҳам нест… – Чаро? – хоболуд пурсид Мурод.
– Сари Абдунабӣ баробари чор каллаи туст. Аз рӯзи кӯчадавак шуданаш Чоркалла ном гирифт. Ҳама мегуфтанд, ки
Абдунабӣ калламағз аст, ба воя расад, донои олам мешавад…
Дина бинам, каллаи зормондааш як тора мӯй ҳам надорад.
Хонахароб худаша ҳайф кард, хондана ба гардан нагирифт.
Гарди савод надорад. Номаша базӯр менависад ё не… Тавба, дег барин каллаи калона як умр бефоида бардошта гаштана, бигӯ…
_ – Ҳай афсона мехонӣ! Муҳокимаи шабонаи ҳамсояҳо кам буд, ки боз ту гарангаш мекунӣ? – овози Усмон риштаи сӯҳбватро бурид. Вай оҳиста-оҳиста қадам мезад. Гӯё намехост, ки замин зери пояш озор ёбад. Дар даст шоҳкосаи чӯбини болояш коғазпӯш дошт.
Мурод ба пешвоз бархест.
– Хӯш омадӣ, акаи Раис, – модар хиҷолатманд коса аз дасти вай гирифт: – Ба Мурод мегӯям, ки шаби дароз бихобӣ, кай олим мешавӣ?
– Чӣ ҷавоб дод?
– Ҳеҷ чиз… Тавба, метарсам, ки гап задана ҳам фаромӯш мекунад. Доим хап мешинад. Ин хел дамдузд набуд… Ошиқ шуд, дили як духтари профисури шаҳра ёфт. Ё суханҳои мо намефорадаш?
Ба лаби Раис табассум давид.
– Олим ҳам бошад, назди модар кӯдак аст… На ҳар писар ҷуръат дорад, ки пеши модараш лаб кушояд, – гуфт Раис.
Гирди лабони хушкидаи кампир заҳрханд печид ва ожангҳои рӯяш зиёдтар гаштанд.
– Ҷуръат-а? Писанд намекунад, – пичиррос зад ӯ: – Борҳо пайғом фиристодам, ки бачаҳора биёрад. Боз танҳо омад… Аз афташ, намефаҳмад, ки фарзанд нон бошад, набера мағзи нон аст, – ба ҳалқаи чашмони модар якбора сиришк давиду овозаш хаёле ларзид: – Барои мову шумо дидори набераҳо ҳам ғанимат. Ғайр аз ин, меҳр дар чашм, мегӯянд. Бачаҳо, ки солҳо омаду рафт накунанд, бегона мешаванд. Ё гапам нодуруст?
Сари мижгонҳои кампир шабнам барин ашки ларзон пайдо шуд. Дили Раис магар аз дарди сӯзон хала зад, ки лаби гилем амонат нишаст. Мурод дуру дароз хамёза кашид ва паси гардан хор-хорон рӯшӯӣ рафт. Вале аз пас овози ташвишомези модарро шунид;
– Ака, ин бача аз деҳа, аз хешу пайвандон сол ба сол дур мешавад. Аз чашм дур, аз дил дур, мегӯянд. Писари худам ба ман мисли бегона муносибат кунад, аз набераҳо чӣ гила?
– Ҳа-а, шаҳр дилдфиреб аст; тоза, озода, ба ҷавонҳо мефорад. Аз чашми мо дур, ҳар хеле бихоҳанд, мегарданд, рӯз мегузаронанд.
– Худои болои сар ҳамабин аст. Касе аз чашми Худо ибо накунад, расво мешавад, – тунд гуфт модар.
– Дурусту… – пичиррос зад Усмон ва бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда афзуд: – Лекин аз ин гилаву шикваи ту чӣ фоида? Калон кардӣ, хонондӣ. Ҳам падараш будиву ҳам модараш. Олим мешавад, ҳоким мешавад… Ёд кунад, шукрона, накунад ҳеҷ гап не, – бо овози гирифта андешаашро иброз дошт раиси Усмон: – Дигар дарду доғашонро набинем, бас.
Худо тани сиҳату хушии рӯзгор, имону иқболашон диҳад…
Суханҳои ӯ ба Мурод хело хуш омад. Вай сар набардошта, аз коса донаҳои калон-калон ва сип-сиёҳи шоҳтутро, ки раис оварда буд, бо нӯги ду ангушт гирифта, ба даҳон меандохту мемакид ва аз шираи гуворо қаноатманд, дар дил мегуфт:
«Мард ки ҳаст, як чиза мефаҳмад. Ин кампири бесаводи аз дунё бехабар, фалсафаи зиндагиро намедонад. Ба вай чӣ хел фаҳмонам: фарзанд, ки паррончак шуд, чор тарафаш қибла.
Мон, ки мувофиқи хоҳиши худ бизияд».
Чун модар барои овардани чой сӯи ошпазхона рафт, раиси Усмон хаёломез «шогирдат чӣ хел?» – пурсид. Мурод аз ӯ нигоҳ гурезонда, посух дод;
– Бад не…
– Овоза паҳн шудааст… – Ҳамааш дуруғ, бӯҳтон… Мардуми бахилро медонед-ку: ғайри аз пашша фил сохтан коре надорад…
– Бе шамол шохи дарахт намеҷунбад. Мулло Мурод, ту ҳам яку Зокир ҳам. Оҳана дар гармиаш кӯфтан осонтар.
Шаҳр, мактабхонӣ қачрафториро намепарварад. Росташа бигӯ, дохил нашуда бошад, боке не. Ҷавон аст, боз оянда бахташа месанҷад… Омада пеши чашмам як сол кор кунад, тайёрӣ бинад. Мабодо аз беҷогардӣ ба ягон бало гирифтор шавад…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё