ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
СУБҲ МЕДАМИД
Садои пайдарҳами тақ-тақи дарвоза кампири Чаманро аз хоби ширин бедор кард. Ӯ хавотиромез сар аз болин бардошт ва «Шарофиддинҷон, омадӣ?» гуён аз ҷогаҳ бархест.
Ман Наим, холаҷон, муаллими навомада… Писарамон сахт бемор шуду…
Кампири Чаман баъди фурсате дарвозаро кушод ва аз ҳавлӣ берун шуд. Ӯ ба Наим нигоҳе накарда «Чӣ хел касал?
Саҳар сип-сиҳат буд-ку» гуфт ва лаб-лаби рудаки тезҷараён роҳ пеш гирифт.
– Намедонам, хола. Ду соат боз мегиряду печутоб мехӯрад.. Табаш баланд шудааст, – гуфт ҳузнолуд Наим.
Гапи Наим ба гӯши кампир гуё нарасид. Холаи Чаман хомӯшона, бо эхтиёт қадам мениҳод. Вай ба осмони софу ситоразор, ки дар фарози қуллаҳо чун матои нилгуни пурнақш метофт, назар меафканд. Гоҳ-гоҳе ба дарёчаи шӯх, ки моҳу ситорагонаш андаруни он лаврзидаю ҷунбида «базм» ороста буданд, менигарист. «Бачам, деҳаи мо ба шумо маъқул шуд?
Аҷаб моҳтобшабе будааст. Дар шаҳр ҳам шабҳо булбулҳо мехонанд?»-кампир ба Наим паи ҳам савол дод.
Наим аз бепарвоӣ ва саволҳои гӯё беҷои кампири Чаман дилтанг мешуд. «Ана, гапам рост баромад. Гуфтам, ки аз ин пиразанҳои авом ҳеҷ некӣ намерасад», – аз дил гузаронд ӯ ва хаёлан ҳамсараш Ситораро коҳиш кард, ки ӯро аз паи ҳамин кампири бешафқат фиристодааст.
Онҳо ба ҳавлӣ наздик шуданд. Гиряи дилхароши кӯдак, аллагӯиву таваллои модар, ки «Бас, бас, ҷонакаме, худакатро обу адо кардӣ»-е мегуфт, ба гӯш мерасид. Пиразан оҳ кашид, оҳи вазнин. Вале дар рӯи пуроҷингаш, ки дар равшании моҳи пурра базӯр менамуд, як аломати аҷиб, дар лабонаш шакарханде, ки гӯё аз бепарвоӣ башорат медод, намудор шуд ва гуфт: – Бачам, шумо одами хондагӣ, баду неки зиндагира нағз медонед. Кӯдак мисли гули баҳор аст. Гоҳ бохуду гоҳ бехуд.
Ҳеҷ гап не, одамизод бе дарду ғам намешавад..
«Дар синаи ин кампир дил не, санг ҷо дорад», – боз аз дил гузаронд Наим ва тирарӯёна сулфиду бо нияти мавзӯи гапро дигар кардан гуфт:
– Хола, мо дар ин ҷо одами нав..Ҳоло ғайри шумо ба касе шинос нестем. Ҳатто ҷои духтурро ҳам намедонем….
– Э, бачам, – гапи Наимро бурид кампири Чаман, – рӯзи сахтиву беморӣ шиносу ношинос як аст. Дар ҳамин хел рӯзҳо одам ба одам дилбардорию дастёрӣ накунад, кай мекунад?!
Аввал Чаман, баъд Наим вориди хона шуданд. Ситора ба пиразан салом дода чашмони аз гиря сурхшудаашро пок кард.
Кӯдак ҳанӯз боалам мегиристу почак мезад. Дар рӯи софу беғубор, пешонии сурхтобаш ҳангоми гиря чинҳо пайдо мешуданд. Вай ба ҳама норозиёна менигарист, дастчаҳои фарбеҳакашро қат мекард, муштчаҳои зебояшро аз ғазаб гоҳ ба даҳон мебурд, гоҳе ба рӯи модараш мемолид.
Кампири Чаман «Ҳай, Ҳай! Паҳлавони мома, туро кӣ зад?
О дадашон-е,»-гӯён даст сӯи кудак бурд. Тифл лаҳзае ба садои ношинос гӯш дода, ором гардид. Аммо, вақте ки рӯ ба кампир овард, аз аввала бештар аламноку пурсӯзтар гиря сар кард.
– О паҳлавони бегурда-е! Аз ман тарсидӣ? Не, қаҳрӣ барин-ку, – хандакунон гуфт кампири Чаман ва кӯдакро аз дасти Ситора гирифт.
Ӯ ба рӯи кудак, ки лабонашро инҷу чашмонашро нимкоф карда бо тамоми қувва чиррос мезад, бо диққат нигарист.
Баъд ба пушташ навозишкорона тап-тап зада, «овозат бад не паҳлавони мома. Ҳофизи хуб мешавӣ. Дили булбулҳора об кардӣ. Лекин гулӯдаронӣ бас. Шалпар шудӣ», – гуфту ӯро оҳиста-оҳиста болои дастонаш алвонҷ додан гирифт. Аммо тифли беморро он лаҳза кай парвои навозишу ҳазлу шухӣ буд? Пиразан ӯро бо ин нағмаҳояш «фанд» карда натавонист.
Гиряи кӯдак талхтару ҷонхарош шуд. Дили танги Ситора тангтар гардида, ба сӯзиш даромада, ба кафидан оид мешуд. Вай хаёлан гоҳ худаш, гоҳ шавҳарашро маломат мекард. «Шаҳр мебуд, кайҳо духтури ёри таъҷилӣ ҳозир мешуд. Кошки модарам мебуданд! Мани беақл. Чаро ба гапи шавҳарам розӣ шудам? Агар намеомадам, замин ба осмон намечаспид-ку».
Сухани шавҳараш дар гӯшҳояш садо дод: «Ҷои бегона хуб.
Қадри одамро медонанд, зиндагӣ меомӯзем» Чашмони Ситора ҳавзи об шуданд. «Ана лаззати ҷои бегонаро чаш, қадршиносиашонро бин. Зиндагӣ омӯз!» – дар дил ҳасраткунон хитоб кард ӯ ва аз тиреза ба берун назар афканд. Ғижова (буғз) гӯлуяшро фишурд. Навҳаи ҷонхароши тифл мисли оташ пайкари ӯро сӯзонд. Ситора, якбора ашкаш шашқатор шуда даст сӯи кӯдак бурд. Аммо кампири Чаман ба ӯ эътибор надода:
– Ҳа, шӯрапушт, гарданшахи якрав-е! – мегуфт вай: – Бас накардӣ-а. Хайр дод бизан. Ку бубинем, туро зур меояд ё мара, – гуфту кӯдакробоэҳтиёт рӯи дастони модараш ниҳод.
«Гапашро бинанд-а! Гуё туй омада бошад. Кудаки бечора мисли моргазида печутоб хурда фиғон дораду ӯро парвое нест. Боз ҳазлу шӯхӣ мекунад. Бераҳм!» – дар дил нидо кард Наим ва табъи хирааш хиратар гардид. Вале ба хотири он ки ин ҳолати ногуворашро пиразан пай набарад, ноайён ба хонаи дигар гузашта дарро пӯшид.
Ситора бесадо бо худ гуфтугӯ дошт: «Модарам меравию пушаймон мешавӣ»гуфт. Падарам «шавҳарат куҷое равад, ҳамроҳаш бош духтарам. Дар зиндагӣ зану шавҳар бояд мисли сӯзану ришта аз якдигар ҷудоӣ надошта бошанд» – таъкид кард. Ҳозир онҳо аз куҷо донанд, ки ман чӣ ҳол дорам. Ҳм, агар ҳамин пешомадро медонистам, ба ин тарафҳо қадам намемондам..»
Кампири Чаман, ки то ин дам хайёлан бо кӯдаки гирён «гилагӯӣ» дошт, чойи хунуки пиёларо ба як дам ошомида, боз кӯдакро аз бағали модараш бардошт. – Ана ин гапи дигар, – гуфт вай истеҳзоомез, рӯ-рӯи хона қадам зада: – Худат дар гиристан усто будаиву дер сар кардӣ.
Эҳ, бача, бача… – Вай ба Ситора нигариста маънидорона илова кард: – Гиряи модар то имрӯз ба ягон дарди кӯдак дармон нашудааст. Агар дармон мешуд, духтур даркор набуд..
Кӯдакро кай равғани маска дода будӣ?
Ситора китф дарҳам кашиду ранҷишомез ҷавоб дод:
– Равғани маска чӣ лозим? Дар магазини деҳа маска тухми анқо!
– Дар магазин тухми анқо бошад, аз ҳамсоя пурс. Ҳамин равғани маска тухми анқо ҳисоб ёбад, дар хонаи ҳар яки мо ҳаст… Беибо пурсидан гир, шарм надор. Ҳеҷ кас айб намекунад. Духтари ширин, ними дороии мо, мардуми деҳа, ҳамсоя аст… Ба назарам, шиками кӯдак сахт шудааст. Маска додан фоида дорад… Муаллим куҷо шуд?
– Дар хонаи дарун…
– Хоб аст? Мардуми шаҳрӣ нозук мешавад. Шалпар шудагист, – бо овози андаке баландтар гуфт кампир.
«О гурсӯхта-е! Мо, шаҳриҳоро паст мезадааст, ба як пули пуч ҳам намегирифтааст. Ин «табиб» не, дарди сар будаастку!» – хаёлан ғурунгид Наим ва барои он ки боз пичинг нашунавад, ноилоҷ аз хона баромад.
– Ҳоло ҳам гиря дорад? Бача маъюб шуд, овозаш гирифт-е,
– бедимоғ гуфт Наим ва илова кард; – Хола, ягон илоҷ меёфтед… Ақаллан гиряро бас мекард.
_ Ман куҷову духтурӣ, бачам… Ба гиряи кӯдак дилата танг накун. Як духтури нағз мегуфт, ки гиря ба саломатии кӯдак фоида ҳам дорад. Ҳеҷ гап не, шалпар ки шуд, бас мекунад, – гуфт пиразан ва пас аз андаке хомӯшӣ бо оҳанги дигар афзуд:
– Дастота аз миён гиру хонаи мо бирав. Ҳавои тоза, шамоли дарё ҳушёрат мекунад… Ба ҳавлӣ ки даромадӣ, ба дарахти тут бингар. Дар чангаки як шохаш сатил овезон аст. Дар сатил як коса маска ҳаст. Ҳамона гирифта биё!
Кампир боз ба кӯдак андармон шуд.
Наим, ки ҳам аз хиҷолат, ҳам аз қаҳр ба рӯяш сурхӣ меда мид, саросема худро ба берун зад. Ва раҳораҳ хаёлан ба худ муҳокима ронд. «Бегона-дия. Парвои бачаи мо надорад!
«Шамоли дарё ҳушёрат мекунад. Дастота аз миён гир!» Боз фармон медиҳад-а! Дар ин нисфи шаб дилаш маска хостааст.
Шикамбузург-е! Парво накун, мегӯяд. Ҳм, маро ҳам мисли худаш сангдил гумон кардааст».
Хомӯшӣ дили кампири Чаманро танг кард. Хост сухане гӯяд,ки боиси кафшери сӯҳбат шавад,то гузаштани вақтро пай набаранд. Аммо гапи гуфтанбоб наёфт.Ва ноилоҷ аз Ситора пурсид:
– Духтарам,пурсидан айб не. Аз куҷоӣ?
– Аз Ёвон. Дина гуфта будам –ку, – бедимоғ пичиррос зад Ситора.
– Ҳа,аз дарёи Вахш ба ҳамон ҷо ҳукумат об баровардаст мегӯянд, рост?
– Бале, – бо дили нохоҳам ҷавоб дод Ситора.
– Э накӯкории ҳукуматамон – илоҳӣ умраш дароз шавад, – беҳисоб аст. Чи қадар сифат кунед, меарзад. Ба чӯлистонҳо об баровардан, бачаҳои ятиму бепарасторро зери қанот гирифтан, ҳама ҷоро чароғон кардан, э кадомаша мегӯед? – кампир, ки ба ҳарорат гап мезад,якбора хомӯш монд ва пас аз андаке андеша тагпурсӣ кард:-Шавҳарат ҳам ёвонист?
– Не, аз Масчоҳ,_ҷавоб дод Ситора ва барои он ки пиразан боз саволе надиҳад, шарҳ дод:-Института якҷоя тамом кардем.
– Ҳа-а, якдигара кофта ёфтем,бигӯ.Бахту рӯзии шумо, ҷавонҳои ҳозира баланд. Якдигара ёфта хуб месанҷен, ба чени дил бошад, чунон туй мегузаронен, ки даҳони мо воз мемонад. Росташ ҳасад ҳам мебарем. – Кампири Чаман, ширин хандида, сипас ба хаёл рафт. Хаёлҳои вай идомаи суханаш буданд, вале онҳоро ба забон наовард. Аниқтараш нахост, ки дили бе ин ҳам озурдаи Ситораро боз ба андешаи нохуше побанд созад. «Лекин, баъзан баъди базму тамошои олиҷаноб, харҷи зиёд носоз мешавен, ҷангу ҷанҷол мебардорен. Инаш нохуб! Ҳм, зиндагии зану шавҳар талх гузарад, хона зиндон метобад», – гузаронд аз дил ва ба тифл ишора карда, оромона пурсид:
– Ин мардаки ҷуфтгар меваи аввали умр аст?
Ситора инони ихтиёр аз даст дод. Вай кӯдакро саросема аз дасти кампир гирифта, ба синааш пахш кард ва дар чашмонаш дубора ашк давид.
– Эҳа-а, модар гирёнчак бошад, аз кӯдакаш чӣ гила? Оби дидаи духтарҳои инзамона дар нӯги остинашон. Шамол сахттар вазад, ашкашон шашқатор мерезад. Аз афтат, нозук калон шудаӣ. Рӯзи мушкилу сахта надидаиву намедонӣ, – шикваомез гуфт кампири Чаман, вале ҳамоно дили худаш ҳам таҳ кашид.
Ӯ ният дошт, ки бо ҳикоят ё пурсупосе Ситораро машғул медорад, бори ғаму ташвишашро сабук мекунад. Аммо баробари кӯдак авҷ гирифтани гиряи ӯ хотири пиразанро бештар парешон сохт.
– Ширинии фарзанда нав чашидаӣ, бачам, лекин аз азобу меҳнаташ бехабарӣ. Ман модари даҳ фарзандам. Ҳм, кӯдакони аввали умрам мебуданд, – эҳа ҳозир чилу панҷ – панҷоҳсола мешуданд, – кампири Чаман оҳи вазнине кашида суханашро идома дод: – Соли ба ин ҷо омаданамон мисли ту наварӯсак будам. Кӯдакони гул барин хушрӯям ширинзабону роҳгардак шуда нобуд мегаштанд. Мегуфтам, ки дар ин дунё зиндагӣ барои ман ҳаром. Баъд ба деҳа духтур омад. Урусзанак. Рӯи моҳ барин зебо, мӯи зарди фатила дошт. Баракат дар касбу кораш, аҷаб зани бахосияту нек буд. Зоя ном дошт. Ҳа, Зоя. Ана ҳамон Зоя ҷони чӣ қадар хурду калона аз чанголи марг раҳонд. Шарофиддину Рухсораи ман ҳам, худову ростӣ, аз шарофати табобатҳои ҳамон занак саломат монданд. Барои кӯдаки мардум ҷонаша дареғ намедошт-е. Гумон мекардам, ки ба ҳамаи бачаҳои деҳа модар аст. Барфу борон, лою вайронии роҳ нагуфта, пиёда хона ба хона мегашт. Э ун хел зани дар касбу кораш содитқу ҷонфидо ками дар кам аст. Охир, одамҳои бемора базӯр укол мекарду дору мехӯронд. Мардуми нодон аз дорую дармон рӯ метофт. Наим саросема ба хона даромад. Тез-тез нафас мегирифт.
Маълум, ки хуб давидааст.
– Ягон кас пешат кард? Ё тарсидӣ? – кунҷковона бо шакарханд пурсид кампири Чаман ва косаро аз дасти ӯ гирифт.
– Не, аз чӣ метарсидам?! – мағрурона ҷавобдод Наим, вале ранги рӯяш зиёдтар канд.
Кампир докаи рӯи маскаро бафурҷа гирифта, бо заҳрханд гуфт:
– Баъзан одам аз сояи худаш ҳам метарсад. Ман ина бо чашми худам дидам. Медонӣ, кай? Соли гузашта, моҳи хомпаз. Ба деҳа аз Душанбе як лектур омад. Ҷавони пурдон. Пурдониша аз куҷо донистам? Ба хурду калони қишлоқ лексия хонд. Гуфт, ки ҷину аҷина, парӣ, ҳатто Худо ҳам нест. Ё наузанбилоҳ! – кампир гиребонашро дошт. Ба ин гапҳои бофтаву сафсата бовар накунед. Ана ҳамон ҷавон дар бораи одамҳои ба моҳ рафта ҳам қисса кард… Шаби ҳамон рӯз дар рӯи суфаи таги тут нишаста будам. Атроф аз нури моҳ рӯз барин равшан буд. Худ ба худ нақлҳои он ҷавона фикр мекардам, ки аз кӯча касе салом додан гирифт. «Ба кӣ салом медода бошад?» – гуфтаму хеста, аз сари девор ба кӯча нигаристам, – дар лабони кампири Чаман хаёле табассуми писхандомез дамид: – Бинам, ба ғайр аз ҳамон ҷавон дар куча ҷонзоде нест. Се-чор қадам мемонаву ба девор нигариста, таъзим мекунад, салом медиҳад, баъзан сари по нишаста мехезад. Чанд маротиба салому алек кард, дар ёд надорам. Баъд бо овози тарсолуди ларзон «Ҷинсӣ, инсӣ, париӣ, паризодӣ, корат надорам, корам надошта бош» гуфту бо сари хам гурехт. Бинам, сояи дарозаш дар танаи деворҳо баробараш медавад..
Кампир хандон-хандон суханашро давом дод:
– Одамон дар шаҳри калону серодам гашта дар ҷои камодам метарсидаанд… Ҳа, саҳараш шунидам, ки ҷавони лектур бетоб шуда, дар хонаи хешаш хобидааст. Тез-тез нафаскашии шумо, маълим, ҳамон ҷавона ба хотирам овард….
Ситора, бо вуҷуди он ки ҳанӯз ашк дар чашмонаш нахушкида буд, табассум карда, «аҷаб лектори бадилу гурда буда аст» – гуфт. Ба лабони Наим ҳам ханда меҳмон шуд. Вале ба бари гардан ва гӯшҳояш ноайён сурхӣ давид. Вай боз номаълум ба хонаи дарун даромад. Аз афташ, ӯ ҳам аз чизе ваҳмидааст, лекин «сари кал таги тоқӣ» гуфта сир бой надоданро авлотар донист.
Ҳушу ёди Ситора боз банди кӯдаки бемор шуд. Вай «бас, ҷонакам, бас-э! Дардат маро гирад-е! Худатро обу адо кардӣ,
– бас!» – зоракунон тифлакро навозиш мекард.
– Кӯдака чанд маротиба хӯрок дода будӣ? – ногоҳ пурсид кампири Чаман ва Ситораро аз олами хаёлҳои мағшуш ба худ овард. Не, ҳоло вай гӯш ба карӣ зада, ранҷишомез дар дил мегуфт, ки ҷони кӯдак аз дард месӯзаду ин пирзол аз хурду хӯрок мепурсад. Вале кампир боз ҷавоби саволашро хост ва
Ситора ҳайратомез ҳарчанд фикр кард, ҷавоби аниқ ёфта натавонист. Ӯ хастаҳол оҳ кашиду гиряомез гуфт:
– Намедонам. Ҳисоб накардаам. О ягон дард надошт… Дар шаҳр фикри хӯрок додани ӯ аз сарам ҳам намегузашт. Модарам нигоҳубинаш мекард.
– Ана, нав фаҳмидам, ки айби кӣ будааст! Модари ғамхорат умри дароз бинад, духтари ширин. Лекин худат хомхаёл будаӣ! О як бор фикр накардӣ, ки то кай дар сояи модарат мегардӣ? Одати шумо, духтарҳо, ҳамин. Зӯратон ки омад, мудом айба ба гардани падару модар мепартоед, осонии зиндагира мековед. Ҳм, гуноҳи падару модар ҳамин ки нозбардоранд.. Як гап мегум, қаҳрат наояд. Ту одами маълумотнок, доноӣ. Бача зоидан не, бача калон кардан ҳунар.
Кампир, ҳушу ёдаш ба кӯдак, гапзанон бо чумча маҷбуран ӯро маска мехӯронд. Тифлак норозиёна почак зада, фиғон мекашид.
– Доди беҳуда назан, паҳлавон, маскара калон-калон бихӯр! – мегуфт кампири Чаман: – Аз ман не, аз очаат хафа шав, паҳлавони бегурда. Хӯроки сахтат додааст. Дахоната калон кушо, мегӯм! Ана ҳамин хел… Ҳозир ҳамааш мегузараву ба ҷои гиря механдӣ… Магар ба дили Наим алов рехт, ки аз хонаи дарун гашта баромад ва ба гиру дори пиразан нигариста безобита шуд.
Вай ҳарчанд аз гумони бадаш дар ҳаққи кампир хиҷолат кашида бошад ҳам, аз ҳаракатҳои шахшули вай дилаш фишура гашт. «Ваҳ, дасту почакашро талқон кардӣ, – нидо мекард дар дил: – Даҳони кӯдаки нотавонро даррондӣ….»
Аз кордории «табиб» тоқати Ситора ҳам тоқ шуд. Ҳамин ки кмпири Чаман бо панҷаҳои дурушташ дасту почаки тифлакро дошта, ба навҳаи ӯ эътибор надода, шӯхикунон маскааш мехӯронд, дар ҷабини Ситора чинҳо пайдо шуда, оҳи бадарде кашида, рӯ тарафи дигар мегардонд.
Кампири Чаман чени дилхоҳаш ба «паҳлавон» маска хӯронд. Кӯдак аз хастаҳолӣ дигар қариб овоз намебаровард.
Вале гоҳ-гоҳ монанди одами дар гулӯяш нон дармонда ҳиқҳик мекард.
– О садқаяки рӯш-е! Азоб кашидӣ, паҳлавони мома? – кампир бо овози саршори меҳр пурсид аз «паҳлавон» ва тасаллоомез илова кард: – Ҳеҷ гап не, фоида дорад, боду қабза нест мекунад…
Ӯ кӯдакро рӯи бистар хобонида болояшро бо дока пӯшонду ба Ситора фармуд, ки об биёрад, то дастони равғанолудашро бишӯяд. Наим дар офтоба об ва ташт овард. Кампири
Чаман бафурсат даст шуст ва бо панҷаҳои тараш ба рӯяш масҳ кашида, аранге овоз баровард:
– Оби хунук чизи нағз, хоба мепаронад.
Зану шавҳар ҷавобе надоданд. Онҳо чашм аз рӯи кӯдак намеканданд.
– Духтарам, – овози кампири Чаман хомӯширо шикаст, – шунидам, ки ҳамон Зоя ҳоло дар Душанбе хонаву дар, писару духтар доштааст. Аҷаб не, бишиносиш.
Ситораро дигар тобу тавон намонд. Ӯ бо ҳайронии ғазабомез тарафи пиразан нигаристу масали «Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу» ба ёдаш расид. Хост ба ҳамин ҳикмат ба пиразан ҷавоб гӯяд, аммо аз Наим ибо кард. Бо зарда
«намешиносам» гуфту аз ҷояш бархест. Дилаш мисли мушт фишурда мешуд, нафасаш мегашт. Сергапии кампир ӯро гаранг мекард. «Ин лаққӣ парвои дунё надоштааст. «Ҳашт фарзандам таги хок» мегӯяд. Кӣ бовар мекунад? Чунон гап мезанад, ки гӯё дар умраш дарди сари ягон кӯдакро надидааст», – аз дил гузаронд Ситора.
– Сад ҳайф, ки намешинохтаӣ. Дар дунё ин хел одамони хуб камчинанд. Агар илоҷ ёбӣ, ягон вақт албатта бо ӯ шинос шав, – гуфт кампири Чаман ба Ситора, ки мисли ҳайкал ноҷунбон истода, нигоҳи карахту ҳайратомезашро аз вай намеканду ба худ мегуфт:
– «Ин хел одамҳо ҳам буданд. Гоҳ механдонад, гоҳ мегирёад. Ҳозир ба вай гӯям, ки дар Душанбе зояҳо ҳисоб надоранд. Бефоида! Боз сад саволи дигар медиҳад, кӯчаю паскӯчаҳоро мепурсад. Ягонтаашро надонам, рӯзам сиёҳ…
Беҳтар ин ки «даҳони пӯшида сад тилло» гуфта хомӯш шинам»
Кӯдак ғум-ғум овоз бароварда, Ҷунбуҷул кард. Кампири
Чаман оҳиста докаро аз рӯи ӯ бардошт, парпечҳояшро кушоду дар лабонаш хаёле табассум дамид ва ифтихоромез нидо кард:
– Гуфтам –ку, маскаи қишлоқ доруст, фоида дорад. Бин, латтаҳоша тар кардаст. Ин аломати шифо..
«Тар кардан аломати шифо будааст? – нобоварона ба кампир нигариста, истеҳзоомез дар дил гуфт Ситора: – Гапи беҳуда. Маро нодон гумон карда, маскаашро таъриф дорад.
Ҳм, дору мебуд, худат мехӯрдӣ. Фоида мекард, аз гиря мемонд…»
– Духтарам, духтуриро ҳам хондам, гуфтӣ-а?
– Ҳа, дар мактабҳои олӣ ба духтарон духтуриро ҳам меомӯзонанд, – оҳиста гуфт Ситтора.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё