ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
– Аҷаб кори боақлонае! Духтарҳо модар, соҳиби бачу кач мешаванд. Агар ҳар як модар аз духтурӣ каму беш бохабар бошад, олам гулистон. Охир дар зӯромад аққалан ба дарди кӯдаки худаш даво меёбад-ку.. Ситораро аввал ин гапи кампир чунон хуш афтод, ки дилаш равшан шуд. Аммо баъд ба ёдаш расид, ки худаш яке аз ҳамон модаронест, ки дарси духтуриро хондааст. Лекин ба тифли бемораш ёрие расонда тавонист магар?! «Сабил монад ин хел маълумот!Одамро сурху сафед мекардааст», – гуфт Ситора ба худ ва саросема даст ба пешонӣ бурд. Вай аз шарм нигоҳашро аз кампири Чаман мегурезонд. Ҳамин дам «як чиз пурсам» – гуфтани пиразан ӯро андаке аз ҳолати нобоб раҳонд.
– Гуфтам-ку: ҳашт фарзандам нобуд шуд. Ба ҳар дард гузаштанд унҳо. Шарофиддинам ҳам як бемории вазнине кашид, ки гуфтан надорад. Шабу рӯз мегирист. Эҳа, азобу бедорхобии мара медидӣ! Нону об дар баданам заҳр мегашт.
Охир боварат меояд ё не, кӯдак аз харобӣ рагу ришта шуд.
Ҳм, пӯст монду устухон. Гарданаш думчаи дук, почакҳояш ангушт барин борик шуданд. Агар медидӣ, ҳуш аз сарат мепарид. Лекин «аз ҷони набаромада умед» гуфтаму ба дари сад табиб рафтам. Ҳм, аҷоиб буданд табибҳо. Яктааш ба рӯи кӯдак оби сард мезад, дигараш аз равзан мегузарондаш, шикамаша бо табари кунд ҳам «буриданд». Илоҳо тавба, – кампир гиребонашро дошт: – Якташ фармуд, ки кӯдака бурда дар қабри куҳна монам… Боз як дунё хоку балои дигар…
Кампир хомӯш монд. Лекин дар лабони ӯ боз ҳамон заҳрханду табассуми доимӣ падид омад. Ситора гуё афсун шуда буд, ки чашм аз кампири Чаман намеканд. «Зоидани фарзанди бисёр занро пир мекунад, ҳуснашро медуздад», – хонда будам аз китоби як олим. Мана, даҳ кӯдак зоидааст. Ба гуфти худаш, ҳаштоаш дар таги хок. Синнаш ба ҳафтод расидааст.
Лекин, ранги рӯяш баҷо, чеҳрааш тоза, қоматаш рост, бардам, – дар дил мегуфт Ситора ва боз худашро таскин медод: –
Хайр, инҳо парвои дунё надоштанд. Мактаб намехонданд. Як бор аз математика имтиҳон месупорид… Фақат хӯрдану пӯшидан зоиданаша дар хотир дорад. Не, ман даҳ фарзанд зоиданӣ нестам! Ҳамин кӯдакам сиҳат шавад, кифоя. Чунон калонаш кунам,ки ҷои даҳ фарзандро гирад!» – Духтари ширин, ту гӯш кун, ман афсона бигӯям, – овози кампир риштаи муҳокимарониҳои Ситораро барканд: – Ун рӯзҳое, ки ман аз сар гузаронидаам, ба гуфтан осон… Медонӣ, маслиҳати табибҳора баҷо меовардам, кӯдака дар гӯри кӯхна ҳам мондам. Гуфтанд, ки «акнун сиҳат шуд». Эҳа, аз хурсандӣ мехостам пеши пошон сар монам. Дилам таскин меёфт. Ҳар чизе дар бисот буд, ба онҳо мебахшидам. Лекин ку фоида! Устухони кӯдак рӯз ба рӯз дар пеши чашмаш об мешуд. Мемурад мегуфтам ба худ…. Чӣ рӯзҳои талхе дидам.
Ба сараш санг ҳам борад, одамизод тоқат мекардааст. Ҳа охири охирон бахтам хандиду ҳамон Зоя ба қишлоқ омад, бо дорую давояш ҷони кудака харид. Ҳозир, шукр, Шарофиддинам як ҷавонмарди чорпаҳлу, мушт занад, девор чапа мешавад… Э, бало ба ин ақлу ҳуши пирӣ! Чӣ мехостаму чӣ гуфтам? Пурсиданӣ будам, ки дар бораи ҳамсон хел табобатҳо дар ягон китоб хондӣ?
– Кадом табобатҳо? – ҳайратомез пурсид Ситора.
– Ҳамон табобатҳое, ки табибҳо ба ман мефармуданд.
Гуфтам-ку..
– Ҳа-а, не, нахондаам.
– Нахондам, гуфтӣ? Дуруст. Луқмони Ҳаким ҳам он хел табобата нафармудагист. Агар фармудаи Луқмони Ҳаким мешуд, албатта фоида мекард… – кампир якбора тарафи тифл баргашт ва хурсандона нидо кард: – Э, паҳлавона барраворӣ хоб бурдаст-ку!
Сухани охирини кампир оби сарде буд, ки ба сари Ситора рехт ва ӯро як қад паронд. «Кӯдак ба ҳукми гул аст. Ҷонаш дар як нафас чунон мебарояд, ки касе дарак намеёбад» гуфтани бибияш ба ёдаш расиду ранги рӯяш канд. «Ана пургӯии ин аҷуза кампир корашро кард!» – надоматомез аз дил гузаронд ӯ ва тарафи кӯдак шитофта қариб буд, ки мӯканон фарёд занад. Вале лаб газиду бо ангушти ларзонаш қафаси сина, бари гардани ҷигарбандашро палмосид. Ва пай бурд, ки набзи кӯдак орому мураттаб мезанад, мисли одами шалпар ба роҳат хоб аст. – Дигар дилата танг нагир, духтарам! Кӯдакат нағз мешавад. Акнун як шабак азобу меҳнати модариро чашидӣ, – ором гуфт кампир: – Худо нишон надиҳаду, ин хел соатҳо дар зиндагии зан бисёр мешавад… О дар ҳамин синну сол ба ҳар гиряву бемор шудани кӯдак ин қадар ғам бихӯрӣ, гандапир мешавӣ. Баъд хабар меёбӣ, ки шавҳарат зани ҷавон мековад…
Наиму Ситора ва кампири Чаман сар аз болои кӯдак бардошта, гуё нафасгирии ӯро мешумурданд. Донаҳои арақ рӯи тифлакро турбофӣ карда буданд. Кӯдак баногоҳ атса зада, аз нав гиря оғозид. Лекин гиряаш шеваи дигар дошт.
– О бал падалат лаҳмат, паҳлавони бегулда-е! Ҳамала талсондӣ, – бо лаҳни кӯдакона гуфт кампир ва ба Ситора фармуд, ки бачаашро акнун сина диҳад. Сипас вай аз ҷой хесту назди тирезаи кушода рафта, ба берун нигарист. Ҳама ҷо хомӯш буд. Танҳо шуввоси якнавохти дарё деҳаро, ки аз рушноии моҳтоби моили ғуруб дар бар қабои нафиси зарҳалӣ дошт, пур мекард. Аз боғе як булбулаки шабзиндадор чаҳ-чаҳ мезаду чаҳ-ҷаҳ мезад.
– То саҳар ҳамин хел нағз мешавад, ки ту дидиву ман не,
Лекин ба духтур нишон диҳӣ, боз хубтар, – гуфт ба Ситора кампири Чаман ва дар тараддуди рафтан афтод.
– Не, дар ин вақти шаб шуморо ҷавоб намедиҳем, хола, – гуфтанд Наиму Ситора ва ба соат нигаристанд. Ақрабак аз рӯи панҷ мегузашт.
Вале кампир, ки хотирҷамъ шуда буд, «бомдод мерасад» гуфту рафт
Наиму Ситора то сари кӯча ба гусели ӯ баромада, аз қафояш менигаристанд. Ҳар қадаре кампир дуртар мерафт, пайкараш ба назари онҳо ҳамон андоза бузургтару наздиктар менамуд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё