ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
НОНИ ГАРМ
Раҳим пас аз тамошои гулгашту хиёбонҳои шаҳр ба бозор, ба растаи мевафурӯшӣ рафт. Диққати ӯро аз ҳама бештар шӯру ғавғои фурӯшандагон ҷалб мекард. Шаҳрошӯб.
– Ангур гир, ангур, лаззаташ тамоми умр наравад аз даҳон дур!
– Хурдан хоҳӣ гар асал, тарбуз бигир бештар.
– Нок-ноки кӯҳистон, ҷӯра, бехабар намон, гарчи шарбаташ дору, аммо рангаш заъфарон!
Вай лаҳзае ба фурӯшандагон даст ба кору хушсухан нигаристу «бозори қофия» – гуён табассум кард. Раҳим аз айёми наврасӣ ба ҳангома ва шаҳрошӯби бозор ошност.
– Ҳо, деҳқонзода, ду кило нок баркаш… Меваи дастниҳоли худат аст ё аз падарат? – гуфтугӯи муйсафеде, ки ноки забзарди калонро гирифта тамошо мекард, диққати Раҳимро ба худ кашид.
– Кадомаш ба Шумо маъқул? Дар боғи мо бобои бобокалонам ҳам дастниҳол дораду падарам ҳам. Лекин ноки ширадор, болаззату хушбӯ хурданӣ бошед, аз меваи дастниҳоли худам медиҳам, – гуфт ба ханда нокфурӯш.
– Бисёр лоф назан, бача. Баракати дасти калонҳо дигар….
Хайр, ноката хӯрда, баъд баҳо медиҳам, – гуфт муйсафед.
– Ана, чашида бинед. Боз мегӯед, ки се – чор килои дигар баркаш. Беҳазл ҳар касе аз нокҳои мо шикамсерӣ хӯрад, даҳ сол ҷавон мешавад, даҳ сол! – ҷавон шӯхикунон нокҳои беҳтаринро ба кафи тарозу мегузошт.
– Таъриф кардӣ-а… Мо ҳам аз осмон наомадаем, писар, нока дидам, – луқма партофт муйсафед ва аз ҷайб ҳамёнашро бароварда кушод. Аз байни пулҳо як панҷсӯмаи миёншикастаро рӯи раф ниҳод ва нокҳоро ба халта андохт. Нокфурӯш аз он ки пирамард нарху наворо напурсида, пул дароз кард, ба шавқ омад ва худро ранҷида ангошта гуфт:
– Бобоҷон, нархи нока дигар накунед, ки хафа мешавам. – Чӣ, пули кам додам? Нархаша ба тилло баробар кардам, гӯй?!
– Набошад – чӣ? Дар рангу дар фоида ҳам ноки мо аз тилло монданӣ надорад. Баъд, бобоҷон, ба падарам гӯям, ки ду кило нока панҷ сӯм фурӯхтам, ҷанг мекунад.
– Аз афташ, худат пула дӯст медорию айба ба гардани падарат бор мекунӣ-а, – гуфт бобои Набӣ ва боз пул дароз карданӣ шуд. Аммо нокфурӯш қоҳ-қоҳ хандида, дастҳояшро боло бардошт. «Шуд, бобо. Ман таслим. Аз Шумо намегирам» – гуён хост пулро ба пирамард баргардонад.Вале муйсафед
«Не, ноки бепул талх аст! Ин хелаша намегирам. Э бача, ин бобот дар умраш чизи бепула нахурдааст!» – гуфт ранҷишомез.
Нокфурӯш ноилоҷ се сӯмро ба пирамард баргардонд. Ӯ пулҳоро гирифта, ба ҷавон хайру хуш кард. Ва роҳравон се сӯмро бо ҳамён ба кисааш андохт. Лекин ҳангоми дасташро аз киса какшидан ҳамён ба замин афтод. Ин ҳолатро танҳо
Раҳим, ки аз муйсафед чашм намеканд, дид. Вай аз байни одамон гузашта, ҳамёнро бардошт, хост муйсафедро ҷеғ занад. Аммо ӯ дар як мижа задан байни анбӯҳи одамон нопадид шуда буд. Раҳим аз ин ҳолати ногаҳонӣ дар ҳайрат монд ва ҳамёнро дар кафаш бозикунон рост истода, муддате чор тарафи бозорро аз назар гузаронд, сипас онро кушод. Ҳамён хеле пул дошт. Раҳим ба пулҳо даст нарасонд. Вале аз чӣ бошад, қиёфааш тағйир ёфт. Ӯ гӯё ҳамёнро дуздида бошад, дилашро ваҳму ҳаросе пахш кард. Вай аз ҳама бештар аз кушодани ҳамёни бегона хиҷолат кашид. Дар хаёлаш, ки тамоми мардуми бозор бо шубҳа ва тамасхӯр ба ӯ менигаристанд. Раҳим дилаш хиҷил, хотираш парешон, аз пайи ёфтани пирамард афтод. Растаҳои мева, тарбузу харбузафурӯширо саросема аз назар гузаронд. Ва ниҳоят дар даромадгоҳи чойхона чашмаш ба пирамард афтод. Раҳим шитобон ба ӯ наздик шуда, даст ба китфаш гузошт ва «бобо, ҳо бобо» – гуён овоз дод. Пирамард хавотиромез ба ӯ рӯ овард.
– Бубахшед, бобо, ҳамёнатон афтод… Хайрият, шуморо ёфтам… Ана, марҳамат, гиред, гиред.. – лабаш ба табассум моил, овозаш пурҳаяҷон тез-тез нафас мекашид..
Муйсафед ҳайратзада сар то пои ӯро аз назар гузаронду «ҳамёнам дар киса буд-ку, бача» гуфт ва даст ба ҷайб зад.
Сипас рангаш каме канд ва дар лабонаш хаёле табассум дамид. Вай бо ангуштони шахшулаш риши нуқрафомашро палмосида, «зормондае! Афтода будааст» гуфт ва ботаҳаммул ҳамёнро аз дасти Раҳим гирифт.
– Раҳмат, додар, ҳазор раҳмат! Мани муйсафеда ки шод кардӣ, ту ҳам некӣ мебинӣ,баракат меёбӣ… Пули ҳалол ки буд, ба дасти ту барин одами баинсоф расидааст…
Раҳим «ташаккур » гуён майли рафтан кард. Аммо муйсафед ӯро ба гап кашид:
– Чӣ ном дорӣ, додар?
– Раҳим.
– Исми падарат?
– Шокир
– Боз ҳамдеҳа набошем?
– Кӣ медонад? Ман зодгоҳамро дар ёд надорам…
– Чӣ гуфтӣ? Хуни нофат дар осмон рехтааст? Ягон инсон бе зодгоҳ нест, додар… Ҳа, зодгоҳ ҷои муқаддас аст..
– Мегӯянд, ки аз кадом деҳаи кӯҳистонам. Лекин бо нону намаки давлат калон шудаам. Падарам, модарам ҳам фарзанди сағирхона будаанд…
– Ҳа, – мад кашид пирамард ва чинҳои пешонии фарохашро палмосида, даме ба андеша рафт. Ва нигоҳи шубҳаомезаш аз нав ба чашмони Раҳим дӯхта шуданд. Дар назари муйсафед чеҳраи Раҳим шинос менамуд. Вале ӯ дар ин лаҳзаи пурҳаяҷон ҳарчанд хотираҳояшро тагу рӯ кард, дар куҷо ва кай дидани ҷавонмардро ба ёд оварда натавонист. Бо вуҷуди ин забон хоида гуфт:
– Бача, ба назарам, шинос менамоӣ… Пеш дар ягон ҷо во нахурда будем?
Раҳим аз ин саволи муйсафед дар ҳайрат, балки дар ҳолати нобоб афтоду ҷавоб дод: – Не.. Намедонам.
– Соз фикр бикун… Ана ба ёдам расид. Чанд сол пеш, ба хаёлам, дар назди ҳамин бозор вохӯрда будем. Ё не? Ҳа, ба дидорат қасам, ки дар назди ҳамин бозор…
Раҳим, ҷавонмарди тануманд, мисли кӯдак бесаранҷом шуд.
– Чӣ хел? Дар назди ҳамин бозор?! Ман дар хотир надорам. Шояд….
Пирамард даст ба пешонӣ бурда, «Исто, исто, саросема нашав… Ман ҳайрон. Шумо ҷавону хотираатон чунон суст, ки… Ҳозир ба ёдат меорам…Ҳо, нонҳоро гирифта мегурехтӣку», – гуфту ба қакъри чашмони Раҳим нигарист.
Гӯё забонаи барқ ба пайкари Раҳим расид, ӯро такони сахте дод, ларзонд. Пеши чашмонашро пардаи сиёҳе фаро гирифт. «Не, не, саҳв кардед, бобо. Ман шуморо бори аввал мебинам» – гуфт ӯ нигоҳашро аз мӯйсафед гурезонда ҳудро қафотар кашид.
– Ҳа, шояд, шояд… Чеҳраат гарм тофт. Не, рост, ба каси дигар монанад кардам. Хок бар сари пирӣ… Хаёли одама мегурезонад. Чашмонам хира шудаанд, додар.. Наранҷ, айбам накун. Биё, як дам ҳамроҳ шинем, сӯҳбат кунем, чой нӯшем, шинос шавем.. Во нахурда бошем, акнун во хурдем.
Пирамард ҳарчанд кӯшид, Раҳим ба нишастан розӣ нашуд.
Ӯ даст рӯи сина, узрхоҳон рафтанӣ шуд. Муйсафед саросема аз ҳамёнаш даҳсӯмаеро бароварда гуфт:
– Ана ин ширинкома аз мани мӯйсафед. Бигир, бигир…
Муйсафед бо ин рафтораш гӯё зарбаи обдортаре ба рӯи Раҳим зад. Ӯ аз хиҷолат сурху сафед шуда, боз гунаҳгорона узр пурсид ва ба даҳсӯма нигоҳе ҳам накарда, худро байни анбӯҳи одамон зада нопадид шуд. Пирамард, пул дар даст, аз пасаш фарёд мезад:
– Ҳе, бача, баргард! Гапама ба замин напарто, хафа мешавам. Гир, аз шири модарат ҳалол… О ҳамин хел расм ҳаст…
Аҷоиб одам.. Кас ба ин ҷавонҳо ҳайрон мешавад. Аз андак гап меранҷанд. Аз расму русуми бобоӣ чаро рӯ мегардонӣ? О ман, қарз не, аз хурсандӣ ширинкома доданӣ будам.
Гурехта рафт, – мӯйсафед худ ба худ ғур-ғуркунон даҳсӯмаро ба кисааш андохт ва аз кунҷковияш хиҷолатзада ба чойхона даромад…
Раҳим дигар дар бозор лаҳзае наистода, ба кӯча баромад.
Гӯё касе таъқибаш мекарда бошад, дам ба дам хавотиромез ба пас нигариста, арақҳои сару рӯяшро пок мекард. Дилаш гупгуп мезад, баданаш меларзид. «Ҳо, нонҳоро гирифта мегурехтӣ», – овози мӯйсафеддар гӯшаш пайваста садо медод.
Худаш ҳам ин гапро ду-се бор такрор кард ва дар пешониаш чинҳо пайдо шуданд.
– «Кадомашро дар назар дошт? Ҳм, агар як ду бор нон медӯздидам, дар ёдам мемонд», – мегуфт бо худ.
Фикру хаёлҳо ӯро домангир шуданд. Дар сари Раҳим як савол чарх мезад, вале сад ҷавоб талаб мекард. Кадомашро дар назар дошт? Вай дарун-дарун месӯхт, балки худ ба худ меандешид, «Кирдори бад ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад» гуфтани одамон ҷон доштааст.
Саъба пеши назари Раҳим омад, Саъбаи хурдакак. Онҳо дар як синф мехонданд. Ва боре Саъба касали сахт шуда буд.
Табаш баланд, ҳазён мегуфт. Ӯро табобатхона бурда хобонданд. Раҳим бе Саъба дилтанг шуд: охир онҳо дар як рӯз ба ятимхона афтода буданд. Шояд барои ҳамин бениҳоят ба якдигар мунису ғамхор буданд. Раҳим Саъбаро хабаргирӣ рафт. Вай аз паси тиреза бо имои сар ба Раҳим салом доду ҳарфе гуфта натавонист. Раҳим ҳам лол гашт. Хайр, чӣ мегуфт? Баъд чашмони Саъба ҳавзи об шуданд. Духтарак ба хотири он ки ашкашро Раҳим набинад, ҷониби дигар рӯ гардонд. Пиразани фаррош инро дида, гумон кард, ки Раҳим бародари Саъба аст. Вай писаракро ҷеғ зада, коҳишомез гуфт:
– Хоҳарат касали домана шудааст. Мефаҳмӣ? Хурокҳои нағз овардан даркор.
– Аз куҷо хурок биёрам? – маҳзуну хотирпарешон пурсид Раҳим.
– Аз хона. Падару модар.. – Мо падару модар надорем, – Раҳимро гиря гулӯгир кард.
– Ҳа-а! Ман дигар хел гумон кардам. Хайр, аз дасти ту ҳеҷ кор намеомадааст. Хӯрокҳои касалхона ҳам хубанд. Агар гоҳгоҳ нони гарм меовардӣ..Ҳеҷ гап не, ҳамин хел ҳам зуд нағз мешавад, – гуфт.
Раҳим чашмонаш намнок, дилшикаста, бо сари хамида аз табобатхона баромад. «Аз куҷо нони гарм меёбам?» – хаёлан мепурсид аз худ.Ногоҳ ба ёдаш нонвойхонаи пушти мактаб расид. Рост ба ҳамон ҷо рафт.
Одамон назди даричаи нонвойхона навбат поида, аз ҳар сӯ ҳарф мезаданд. Аз роғи дарича чашми Раҳим ба танӯри гумбазшакл афтид, ки аз шуълаҳои ангишт пурасрор менамуд.
Даруни танӯрро нонҳои гирда, ки ба мисли қурси моҳ зарҳалин буданд, зиннат медоданд. Дар хаёли Раҳим нонҳо ба мисли моҳ дуру дастнорас буданд. Ӯ маъюсона ба нонпаз чашм давонд. Вай ҷавонмарди гандумгуни паҳлавонҷуссае буд. Чеҳраи арақшораш аз таъсири гармии танур чуи миси холис сурхча метобид. Қошу қавоқаш варамидаи овезон, хашмгину бераҳм менамуд. Ба касе эътибор надода, гоҳ ба танӯр нон мечаспонд, гоҳ нон меканд. «Ҷонаша медиҳаду нона не», – аз дил гузаронд Раҳим ва беқарор шуд. Бо умед даст ба киса андохт, ҷайби гадо барин холӣ. Хост баргардад. Не, дар навбат баумед истод. Бӯи нони гарм ба машомаш аҷаб гуворо расид. Дилаш гум зад. Нонвой се нонро канда, рӯи тахта партофт. Баъд ӯ кадуи нуқракӯбашро аз тоқи нонвойхона гирифта, нос кашиданӣ шуд. Марди олуфтае бай-байкунон хост нонҳоро гирад. Аммо Раҳим пешдастӣ кард. Вай чанг зада як нонро гирифту гурехт. Аз пас овозҳои таҳдидомези одамон ба гӯшаш мисли тир расиданд. Вақте ки ӯ ба саҳни касалхона расид, гуп-гуп задани дил ва сӯзиши ангуштонашро ҳис кард. Дид, ки кафи дастону ангуштонаш аз ҳарорати нони тафсон сӯхта ҷо-ҷо обилаҳо карданд.
Пас аз ин «корнамоӣ» Раҳим се рӯз аз мактаб набаромад.
Гумон мекард, ки ҳозир ё замони дигар нонвой пайдо мешаваду аз банди дасташ медорад. Рӯзи чорум, баъди дарс, ӯ дар қатори ҳамсинфон паси мизи хӯрок нишаст, косаро пеш кашиду чумча ба даст гирифт. Пораи нонро ба даҳон бурданӣ шуд. Вале чашмаш ба Моҳрӯ афтод. Дар бари ӯ ҷои Саъба холӣ буд. Дилаш таҳ рафт. Хӯрокашро саросема хӯрд ва боз ба «шикори» нони гарм баромад. Ин карат ба нонвойхона нарафт. Роҳи бозорро пеш гирифт. Бозор чи хеле мегӯянд, хунук шуда, фурӯшандаю харидорон кам монда буданд. Ин ба Раҳим нафорид, зеро дар ин ҳол ба мақсад расидан мушкил буд. Ӯ сер буд, вале гӯё аз гуруснагӣ дарун-дарун месӯхт.
Саъба аз пеши рӯяш дур намешуд.
Офтоб ба сари кӯҳ наздик. Шумораи одамон боз ҳам камтар мешуд. Раҳим ҳамоно «сайд» меҷӯст. Ӯ чун пойсӯхта қарор надошт. Ана, чашмаш ба зане афтод. Вай шитобон назди нонфурӯш омада, аз байни латтапеч пул бароварду нон харид ва саросема баргашт. Раҳим аз паси ӯ равон гашт. Дар баромадгоҳи бозор ӯ монанди соя дар бари зан рост шуд.
Раҳим танҳо нонро медиду садои помонии занро мешунид.
Дилаш метапид, ранги рӯяш меканд. Вай занро дар ғафлат ёфта, баногоҳ мисли гурба ба тарафи ӯ ҷаҳид, нонҳоро аз дасташ рабуду гурехт. Зан мисли каси моргазида доду фиғон бардошт:
– Дуздид! Нонҳоро дуздид! Доред ӯро! Ист, бадбахт беинсоф!
Дар хамгашти кӯча ҷавонмарди сиёҳтоби ҳузарбе аз пеш баромаду аз банди дасташ дошт ва шаппотие ҳам ба рӯяш фуровард. Вале зарба гӯё ба девор расид. Раҳим дардеро ҳис накард. Ӯ нонҳоро дар бағалаш маҳкам медошт. Он лаҳза сад мушту лагад мезаданду як нони гарм медоданд, розӣ буд. Ҷавонмард нонҳои маҷақшударо аз дасти Раҳим кашида гирифт.
Зан ашкрезону тозон назди онҳо омад. Гӯё нон не, ҳамёни пур аз тиллояшро дуздида бошанд, ба даҳшат афтода, саропояш меларзид. Ӯ ба ҷавонмард миннатдорона гуфт:
– Дасти кама набинӣ, ака. Ба Худо, ҷони кӯдакома харидӣ.
О дасти холӣ чӣ хел хона мерафтам?! Ба онҳо чӣ мехӯрондам? Кай аз ин рӯзҳои сиёҳ халос мешуда бошем? Раҳим сурху сафед шуда, ба пеши пояш менигарист. Вале гӯшаи чашм аз нонҳо, ки дар дасти он ҷавонмарди ба фикраш
«бадкирдор» буданд, намеканд. Ҷавонмард бори дигар гӯши
Раҳимро сахтакак кашиду гуфт:
– То кай мегурезӣ, дуздбача?! Ба дастам афтодӣ? Он рӯз нони тафсона гирифта гурехтӣ! Ана, мактабата ҳам донистам.
Номама фаҳмидӣ – ҳа? Бори дигар ҳамин хел ба даст афтӣ, ба пӯстат коҳ ҷо мекунам, сағира!
Зан, бо вуҷуди он, ки аз Раҳим озор дида буд, ба ӯ даст нарасонд, таҳдидаш ҳам накард. Фақат ҳангоми нонҳоро аз дасти ҷавонмард гирифтан хиҷолатзада, лекин шафқатомез гуфт:
– Озораш надеҳ, ака. Шояд ин ҳам гурусна бошад. Чӣ кор кунад? Кошки зудтар аз ин рӯзҳои наҳс халос мешудем.
Баъд пораи нонеро тарафи Раҳим дароз карду илтиҷоомез гуфт:
– Ин кора дигар накун, бачам. Нағз не. Охир, бачаҳои ман ҳам гуруснаанд.. Дуздӣ гуноҳ аст, гуноҳ! Гир нона хӯр…
Раҳим худро гум кард, сараш хам шуд, чунон хам шуд, ки гӯё ба замин расид. Вай аз мушту шаппот не, аз нигоҳи зан метарсид. Дасташ тарафи пораи нон нарафт, гирён шуд.
– Ба кӯдакҳои худат бар нонро! Шиками ин «бадфеъла» ман сер мекунам, – нарм гуфт ҷавонмард.
– Озораш надеҳ, ака, – бори дигар гуфт зан ва роҳравон илова кард: – Вубол мешавад, бекас менамояд, шояд аз ноилоҷӣ…
– Озор ҳам гап шуд? Пӯсташа меканам, – мард пӯписакунон Раҳимро ба ошхонаи бозор овард, барояш нону хӯрок гирифт. Аммо Раҳим ба хӯрданиҳо нигоҳе ҳам накард.
– Шарм надор. Хӯрдан гир. Сер нашавӣ, боз мегирам…
– Серам… – ғурунгид Раҳим ва нафратомез ба мард нигарист.
– Чӣ? Серӣ? – вай оташин гашт: – Сер ки бошӣ, чаро нон медуздӣ? Ё ғайри нони дуздӣ чизи дигар аз гулӯят намегуза рад? Аз афташ, ин одати бад дар хунат ҷо гирифтааст, ё дуздида савдогарӣ ҳам мекунӣ? Ҳайф, ҳайф…
– Ман савдогарӣ намекунам! – сар набардошта бо хашму алам гуфт Раҳим.
– Хайр, барои чӣ нона дуздидӣ?
– Надуздидам…
– Воҳ! Он рӯз нони тафсона кӣ дуздида буд?!
– На-дуз-ди-дам! Гирифта гурехтам..
– Ҳм,то куҷо гурехтӣ? Акнун ба даст афтодӣ! – ба лабони мард хандаи истеҳзоомез давид: – Медонӣ, барои он гуноҳат ту ҷазо мегирӣ. Аз мактаб пешат мекунанд… Баъд… Тез нону хӯрока хӯр!
– Се-р-рам! Намехӯрам… Кӯшед ҳам, намехӯрам!
– Хайр, нон барои кӣ даркор буд? То қоил нашавӣ, аз чанги ман халос хӯрда наметавонӣ, – акнун бо мулоимат гуфт мард ва илова кард: – Ба мактабат, ба милиса мебарам! Тезтар ҷавоб деҳ!
– Барои Саъба, – баъди хомӯшии тӯлонӣ бо дили нохоҳам ҷавоб дод Раҳим.
– Саъбаат кӣ ? Гуноҳи дуздият кам аст, ки боз дурӯғ мегӯӣ!
– Ман ҳаргиз дуруғ нагуфтаам! Саъба дар касалхона, – бо алам гуфт Раҳим ва чашмонаш пурашк нимхез шуд.
– Гапат дуруғ барояд, рӯзат сиёҳ мешавад, сағира! – гуфт таҳдидомез мард ва бархесту илова кард: – Пеш даро, ба касалхона меравем.
– Ман бе нони гарм намеравам.
– Нони гарм даркор бошад, ман меёбам…. Пеш даро, гуфтам!
Ҳамин ки онҳо дар саҳни беморхона пайдо шуданд, фаррошзан аз пеш баромад ва табассумкунон гуфт:
– Э офарине! Илоҷаш будаст-ку, ман ҳам меваю хӯрокаш овардам… Нони гарм, қуввату дармони беморро зиёд, касалашро нобуд мекунад.
Аз чӣ бошад Раҳим худро аз гиря дошта натавонист.. Мард ҳам маҳзун гашт, ба ҳолати нобоб афтод. Вай Раҳимро наво зишкунон ба хонааш бурд, нони гармеро печонда ба ӯ дод ва таъкид кард:
– Дигар надузд, додарҷон! Дастатро ба ин одати бад омӯхта накун. Номи ман Набӣ. Набии нонвой. Дар ҳамон нонвойхона кор мекунам… Ту минбаъд худата бачаи ҳамин хона биҳисоб, шарм накун, доим биё, янгаат нони гарм, хӯрок мепазад, гирифта меравӣ…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё