Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

МОҲИЧАҲО

Як бегоҳӣ модагови Сафарино аз дашт наомад.

Онҳо хеле кофтуков карданд, вале наёфтанд.

Пагоҳи рўзи дигар ману Сафар ба дашти Мамлакат рафтем. Қариб тамоми даштро кофтуков карда, ниҳоят модаговро аз назди санги Арўс ёфтем Вай гўсола карда будааст. Гўсолаи почасафеди пешониқашқа.

Модагов аввал моро намонд, ки ба наздаш равем.

Сари шох карданӣ шуд. Дар ҳамин вақт Сафар овоз баровард:

-Чанбаршох, ба ту чӣ шуд? Чанбаршох,

Чанбаршох! Ҳеш, ҳеш - бо модагов ба гап даромад ў .Чанбаршох бачаашро лесидан гирифт. Сафар гўсоларо пеши бағал карду ба тарафи деҳа рў овард. Модагов маъосзанон аз паси мо меомад.

Ману Сафар гўсоларо ба навбат пеши бағал карда меомадем. Ҳар ду хурсанд бадем, ки ба гўсолаи навзод ҳеҷ осебе нарасидааст. Вақте ки бо роҳи калон фаромадем, модагов худро ба тарафи кўле зад. Вай хеле ташна будааст, ки дам нагирифта об хўрд. Ба кўл назар карда ногоҳ дидам, ки дар оби тира моҳичаҳои бисёре шино мекунанд. Онҳоро ба Сафар нишон додам. Гўсоларо ба замин монда, ҳар ду хеле зўр зада бошем ҳам, моҳӣ гирифта натавонистем.

Дар роҳ ба хаёли ман фикре омаду аз Сафар пурсидам:

- Моҳичаҳо дар ин кўл чӣ тавр пайдо шуда бошанд?

- Ҳозир вақти бачамонии моҳиҳо, - фаҳмонд Сафар, - Шералӣ-амак шабона ба боғаш об кушодааст. Ба воситаи оби канал ба ин кўлча моҳиҳо даромада мондаанд.

- Хайр, акнун тақдири ин моҳичаҳо чӣ мешавад?

- Чӣ мешуд, - гуфт Сафар,- агар ҳамин тавр ду-се рўз ба ин ҷўй об наояд, кўл хушк мешаваду моҳичаҳо нобуд мешаванд.

- Ҳайф мешаванд, охир, моҳичаҳо ҷон доранд, - гуфтам ба ў.

- Хайр, нобуд шаванд ба мо чӣ? - овози Сафар баландтар шуд.

- Онҳоро ба ин ҷо ману ту оварда сар надодем - ку!

- Ману ту бояд моҳичаҳоро аз хатар раҳонем.

Онҳоро бурда ба дарё сар диҳем.

- Чӣ тавр? Онҳо баррача нестанд, ки пеши бағал кунем ва ё гўсола нестанд, ки аз гарданашон бо ресмон баста кашола кунем! Онҳо аққалан калонтар мебуданд, тўри акаи Раҳимро оварда, ҳамаашонро дошта мегирифтем.

- Медонӣ - чӣ- гуфтам ба Сафар,- илоҷашро ёфтам. Ба пеши Мироб-бобо меравем. Ў одами нағз, «не» намегўяд. Аз канал ба ҷўй ва аз ҷўй ба кўл об сар медиҳем. Сонӣ оби кўлро ба боғи

Шералӣ нею ба дарё рост карда мемонем.

Моҳичаҳо ба воситаи оби ҷўй рост ба дарё мераванд.

Мо гўсоларо ба ҳавлии Сафарино бурдем.

Модараш – Сокина - хола ба ҳардуямон тоқии гулдўзӣ пўшонд ва мағзу мавиз дод. Мо тохта ба пеши Мироб-бобо рафтем. Ба ў фаҳмондем, ки агар ў ёрӣ надиҳад, моҳичаҳои кўли назди боғи Шералӣ нобуд мешаванд. Мироб-бобо аспи самандашро савор шуда, ҳамроҳи мо ба сари кўл омад. Оби он хеле кам шуда буд.Моҳичаҳо сарҳои борики худро аз об бароварда, бемадорона меҷунбониданд. Оби кўл чун хамири туршшуда меҷўшид. Мироб-бобо онҳоро дида гуфт:

- Ин ҷонварҳо калон шаванд, одамони як шаҳрро аз моҳӣ сер мекунанд ва ба мо фармуд:

- Шумо пеши кўлро бо бел ба тарафи дарё кофтан гиред. Ман рафта аз канал об сар медиҳам.

Мо пеши кўлро кушода, ба сўи дарё рост карда будем, ки дар ҷўй об омад. Вай ба оби тираи кўл ҳамроҳ шуда, моҳичаҳоро бо худ гирифта сўи дарё бурд. Моҳичаҳо дар оби зулол бозикунон худро ба боло ҳаво медоданд. Эҳтимол онҳо бо ин шодию хурсандиашон миннатдории худро ба мо изҳор мекарданд.

БО ЯК ТИР ДУ НИШОН

Ҳар бегоҳӣ мо бачаҳои қишлоқ барои молҳоямонро овардан ба болои теппаҳо баромада, то омадани пода бозӣ мекардем. Як бегоҳӣ дидем, ки Шодӣ-амак аз тарафи кўҳ меояд. Дар сари китфаш ду пўcти ҳайвони калон, бовиқор қадам мепартофт.

Шодӣ-амак ҳамсояи наздики мост.Ў аввал колхозчӣ буд. Ҳамин ки ба нафақа баромад, қаровулии автобазаро ба ўҳда гирифт. Чӣ тавре, ки мегўянд, ў дар афсонагўӣ устухон надорад. Пеши даҳонаш гарм аст. Ба ҳар суханаш чунон ҷома пўшонда гап мезанад, ки он дурўғ бошад ҳам, бовар мекунед.

Шодӣ-амак рўзҳои истироҳат ҳамеша ба шикор мебарояд. Агар сайёдҳо аз шикор сайд карда биёранд, Шодӣ-амак нақлу ҳикояҳои бисёре ёфта меовард. Мо ҳамеша ташнаи нақли ў будем.

Ин дафъа ҳам мо зуд ба пешвози ў давида, атрофашро печонда гирифтем. Аз ў чӣ тавр ба даст овардани даррандаҳоро пурсидем. Шодӣ-амак бо мамнунӣ баён кард, ки ҳарду дарранда- хирсу палангро бо як тир паррондааст. Вале мо ин бор ба гапи ў бовар накардем. Шодӣ-амак болои санг нишаста, борашро ба як тараф гузошту ҳодисаи шудагузаштаро пурратар ҳикоя намуд:

- Камон дар даст аз ҷангал гузашта, ба ағбаи пешорў баромаданӣ шудам. Ногоҳ дидам, ки хирси ёлдори сиёҳе товасанги калонеро аз камари кўҳ бардошта ва мисли одам онро пеши бағал карда, рост омадан гирифт. Ман аввал рафтори хирсполвонро мушоҳида карда тарсидам. Гумон кардам, ки вай товасангро ба сари ман ҳаво медиҳад. Вале хирс ин тавр накард. Вай товасангро бардошта, ба тарафи дигар рафтан гирифт. Хирс хеле роҳ рафта, ба болои харсанге баромад.

Атрофро аз назар гузаронида, товасангро ба поён ҳаво дод.

Ман, ки камоне дар даст аз паи хирс поида-поида меомадам, ўро ба нишон гирифта, тир холӣ кардам.

Тир ба нишон расид. Хирс аз болои харсанг ғелида ба поён афтид. Ман аз паи сайдам ба поён фаромадам. Дар поён дар як ҷо ду даррандаи калон - хирсу палангро дидам, ки ҷон медоданд…

Шодӣ-амак ҳайрон мешавад ва баъдтар мефаҳмад, ки санг ҷои дамгирии хирс будааст.

Паланг омада ҷои онро гирифта хоб кардааст. Хирс палангро дар ҷои худ дида, алам мекашад ва товасангро оварда, ба сари паланг мепартояд. Худи хирс бошад, аз тири Шодӣ-амак захмдор шуда, дар назди паланг афтида, ҳалок гардидааст. Ў поён фаромада, онҳоро пўст меканад. Шодӣ-амак аз кораш пушаймон шудагӣ барин, як оҳи сард кашида, ба гапаш давом кард:

- Росташ, ки дилам ба ҳоли ин ду ҷонвари бузург хеле сўхт. Охир, ман хирсро аз тарсам парронда будам. Кӣ медонад? Эҳтимол, вай палангро кушта, сонӣ аз паи нобуд кардани ман мешуд.

Ҳамин тавр, мо бачаҳои деҳ ба як тир ду даррандаро зада афтондани Шодӣ-амак бовар кардем.

РЎБОҲИ СУРХ

Бародари калонии ман Ҳасан хизмати ҳарбиро дар Урал гузаронид. Ҳамон ҷо ба кор монд. Ҳар каса ихтиёраш-дия, хоҳад дар Сибир кор мекунад, нахоҳад дар Тоҷикистон.

Акаам дар Урал зиндагӣ кунад ҳам, маро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекард. Ҳар сол омада хабар гирифта меравад. Як тобистон занаш - Лариса ва писарчааш

Воваро ҳам оварда буд. Ў ҳамеша дар рўзҳои ид ба падару модарам ва ба ману бародарам тўҳфа мефиристонад. Мо ҳам ба онҳо мева ва мавизу ғулинг мефиристонем.

Акаам дар кони ангишт кор мекунад.Бо пармаи электрикӣ ангишт меканад. Янгаам, Лариса, духтури ҳайвонот шуда кор мекунад.

Ду сол пеш аз ин тағоям - Абдуманнон ба зиёрати қабри бобоям, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудааст, рафта, дар бозгашт меҳмони акаам Ҳасан шудааст. Зиндагиашро хуб таъриф кард. Ўро ду рўз меҳмондорӣ кардаанд. Шаҳру деҳ ва ҷангалу кўҳҳои Уралро ба вай тамошо додаанд.

Акаам бо тағоям бо мо тўҳфа фиристониданӣ шудааст. Вай маро чун додари хурдӣ бисёр дўст медорад ва кўшиш мекунад, ки ба ман ягон чизи дар Тоҷикистон набударо фиристонад. Фикр карда - фикр карда ба ёдаш рўбоҳи сурх мерасад. Вай як ҷуфт рўбоҳи сурхро, ки аз кўҳ қапида, дар ҳавлиаш нигоҳ медоштааст, ба ман мефиристонад.

Ҷонваракони ҳушёри сурхмўй ба ман маъқул буданд. Яктояшро писари тағоям Абдусамад аз ман зорӣ карда гирифт. Мо ҳар ду рўбоҳаконро ҷудо - ҷудо парво менамудем. Ба онҳо гўшти мурғу моҳӣ ва ҳасиб медодем.

Пас аз чанд вақт мактуби акоям омад. Вай дар мактубаш ба ман роҳи ба ҷонварон хўрокдиҳиро навишта фиристодааст. Мо аз рўи қоида ба ҷонварон хўрок медодагӣ шудем. Онҳоро меҳрубонона нигоҳубин ва парво мекардем. Вақте ки онҳо мўяшонро партофта, мўи нав бароварданд, боз ҳам зеботар шуданд. Мўи сурхашон дурахшида ҳиммас мезад. Ҳар гоҳе, ки кассири колхоз телпаки пўсти рўбоҳ ба сар аз назди мактаб мегузашт, ба ёдам рўбоҳи худам мерасид.

Ману Абдусамад рўбоҳҳоро бо шавқ парво мекардем. Онҳо калон шуданд. Вале аз чӣ бошад, ки дар вуҷуди онҳо як маъюсӣ, як норасоӣ ҳис карда мешуд. Мо гоҳ-гоҳ онҳоро оварда, рў ба рў мекардем. Ҳамдигарро дида шод мегардиданд, бозӣ мекарданд. Аммо ҳамин ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекардем, аз сари нав хафаю маъюс мегаштанд.

Ман мехостам, ки ҳар ду рўбоҳ якҷоя дар як қафас бошанд. Инро эҳтимол, Абдусамад ҳам мехост. Вале ҳар дуямон ҳам рўбоҳамонро ба ҳамдигар хоҳиши додан надоштем.

Аз байн чанд моҳ гузашт. Ногоҳ акаам Ҳасан худаш омада монд. Вай рўбоҳи маро дида пурсид:

- Дуюмаш канӣ?

- Ба Абдусамад додам,-гуфтам ман.

- Онҳоро ҷудо нигоҳ доред, намеафзоянд,- гуфт ў,-беҳтараш биёед ҳар дуяшонро ба мамнўъгоҳи Ромит супорем. Аз ин зоти рўбоҳ дар Тоҷикистони мо нест. Бо туфайли ҳиммати ҳар дуи шумо кишварамон соҳиби як навъи ҳайвони зебо мегардад.

Ману Абдусамад дуру дароз фикр карда, оқибат розӣ шудем. Рўзи дигар рўбоҳҳоямонро гирифта ба мамнўъгоҳи Ромит рафтем Директори мамнўъгоҳ ҷонварони моро аз назар гузаронида, бо хурсандӣ қабул кард. Онҳоро дар як қафаси калон ҷой намуда, дар болои даричаи он навишта монд:

«Рўбоҳҳои зарин. Аз Урал. Дастпарварони Ҳикмату Самад».

пешина
аз 32
навбатӣ