Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ЯК ПОРА НОНИ ХУШК

Сайфулло, ки аз кўча гурусна монда омада буд, ба хона даромада, даррав нондонро кофт. Нондон холӣ буд. Ў аз модаркалонаш нон пурсид.

Мондаркалон фаҳмонд, ки дар дастархон як пора нони боқимонда ҳаст. Аз хурма ҷурғот гирифта, нонро дар он реза карда хўрад. Як дам пас хамир мерасад. Сайфулло аз хурма ҷурғот гирифта, ба рўи миз оварда монд. Сонӣ дастурхонро кушода нонро дид, ки обаш андак гурехтааст.

- Ин нони хушк-ку. Намехўрам. Нони мулоим ёфта диҳед! - ҷабин чин кард ў.

- Нон хушкӣ надорад, писарам. Ба ҷурғот, ки реза кардӣ, мулоим мешавад, - гуфт модаркалон ва дарзашро ба як сў монда, ба назди Сайфулло омада, пораи нонро ба косаи ҷурғот резакунон беихтиёр азоби рўзҳои гузаштаро пеши назар овард ва як лаҳзаи онро ба наберааш нақл намуд:

- Ҷанги хонумонсўз давом мекард. Мардумро ба комаш фурў мебурд. Бобоят ба фронт рафта буд.

Дар ақибгоҳ гуруснагӣ сар шуда буд. Мардум чизи хўрданӣ надоштанд. Оилаи мо танқисӣ мекашид.

Модарат ҳамон вақт 5-6 сола буд. Ногоҳ касал шуда монд. Вай дар беморхона якчанд рўз хоб карда баромад. Ба ў дами гарм лозим буд. Ногоҳ касал шуда монд. Вале мо ғайр аз як каф орди нахўд дигар чизе надоштем. Амаки модарат-Нуралӣ ҳамон солҳо мудири анбори колхоз шуда кор мекард. Барои камтар орди гандум қарз гирифтан ба ҳавлиаш рафтам. Аз хонааш бўи нони гарми гандум меомад. Зани ў Зика-бибӣ дар танўр фатир баста будааст. Маро дида, ба саломам базўр ҷавоб гардонд. Вай фатирҳоро аз ман паноҳ карданӣ шуда, ба рўи танўр сандалӣ оварда монд. Ман агар менишастам, фатирҳо дар танўр месўхтанд.

Нуралиро суроғ кардам.

- Саҳарии барвақт баромада ба кораш рафт, - гуфт занаш.

Ман кордориамро баҳона карда, аз он ҷо баромадам…

Модар як оҳи сард кашиду нақлашро давом дод:

- Дар роҳ ба бахтам Усто-Назар вохўрда монд.

Худораҳматӣ одами хуб буд. Касалии модаратро ба ў гуфтам. Усто – Назар маро ба хонааш бурд.

Занаш таги сурфаро таконда, хамир мекард. Мушт барин хамирро ду тақсим кардем. Ман ба ў пул додам, нагирифт. Ҳамон хамирро шуста, аз оҳари он се маротиба атола пухта ба модарат додам…

Ҳикояи модаркалон ба Сайфулло хеле таъсир карда буд, ки ў беихтиёр бо пушти чумча резаҳои нонро ба даруни ҷурғот тела медод.

- Вақте ки модарат сиҳат ёфт,- давом дод модаркалон,- ҳар ду ба саҳро баромадем. Ман дарав мекардаму модарат хўшачинӣ. Як навъ рўз мегузаронидем.

Ҷанг тамом шуд. Фаровонӣ омад. Мегўянд, ки дар дунё яке хубию яке бадӣ аз ёди кас намеравад.

Ин рост будааст, писарам. Сандалиро ба болои танўри фатирдор ниҳодани Зика-бибӣ, мурам ҳам, аз хотирам намеравад.. Некии Усто- Назар бошад, ҳамеша пеши назарам. Худораҳматиро мисли падарам дўст медоштам.

Модаркалон ҳикояашро ба охир расонд. Дар сари мижгонҳои нотавонаш чанд қатра ашк пайдо шуданд. Ў бо сари остинаш саросема оби дидагонашро пок карду ба наберааш нигарист.

Сайфулло нони дар ҷурғот фалла барин мулоимро ба чумча гирифта ба даҳон мебурд.

Кампир суханашро давом дод:

- Ана нагуфтам, нон хушкӣ надорад, писарам.

Нони хушкро дар сари замин дар оби хунуки чашма тар карда мехўрдем. Нон дар даҳонамон асал барин мазза медод. Нону ҷурғот - оби набот гуфтаанд. Аз он рў нагардон, писарам, убол мешавад. Ҳар гуна ноне, ки ёбӣ, шукрона карда хўр. Агар дилат накашад ҳам, барои ҳурматаш аз он каме шикану чашида бин. Дар дунё аз нон дида баҳурматтар чизе нест, писарам.

Маро ҳурмат карданӣ бошӣ , насиҳатҳои маро асло аз гўшат набарор.

ДАР ГАРДАНГОҲ

Cубҳ медамид. Хурўсҳои деҳа мусобиқакунон ҷеғ мезаданд. Файзулло–бобо ба рўймоли гулдўзиаш нону мавиз печонда, ба турхалтааш ҷой карду ба назди болини наберааш омад.

- Хез, Музаффарҷон, хез, ҷони бобош,- гуфта набераашро аз хоб бедор кард.

Музаффар, ки бегоҳ бо бобояш маслиҳати саҳроравӣ карда буданд, ҳоло масти хоб буд.Овози бобояшро шунида, парида хест. Дасту рўяшро шуст.Бобою набера ношторо дар сари кор карданӣ шуда, ба роҳ даромаданд.

Шамоли форам аз тарафи кўҳ мевазид.Ҳур-ҳури он ба шув -шуви оби дарёчаи қишлоқ, ки аз дара ҷорӣ мешуд, бо ҳам омехта, мусиқии форамеро ба гўш меовард. Мурғакони саҳархез дар шохаҳои дўлонаву хорбутта нишаста, бо шавқ нағмасароӣ мекарданд.

Музаффар аз дидани ин манзараи дилфиреб шод гардида, пеш-пеши бобо давида роҳ мерафт. Ҳар чиро, ки ў бори аввал медид, аз бобояш пурсида мегирифт.

Инак, ба дарахтзори доманаи кўҳ, ки мардум онро «Гардангоҳ» мегуфтанд, расиданд. Дар ин ҷо дарахтони гелосу олуболу, олучаву саддаи серсоя худнамоӣ мекарданд.

Бобову набера ба зери дарахти саддаи гунбазшакл омаданд. Сабзаҳои навдамида дар назар мисли кўрпачаҳои махмалини густурдашуда менамуданд. Онҳо дар зери дарахт ношто карда, аз оби сарди чашма нўшиданд. Сонӣ, ҳарду ба кор сар карданд. Файзулло-бобо бо белчааш ҷўйбори ба назди дарахтон об меомадагиро тоза мекард.

Музаффар бошад, пешопеши ў сангҳои ба даруни ҷўйбор афтодаро чида, як тараф ғарам мекард.

Бобову набера ҳамаи ҷўйборҳоро тоза карда, ба дарахтони ташналаб об сар доданд.

Рўзи дигар Файзулло - бобо ба хонаи сардори бригада рафт. Як дарза ниҳоли тут ёфта овард.

«Кирои ба ин ҷо омадан шавад» - гуфта ниҳолҳои тутро дар доманаи кўҳ дар шафати Гардангоҳ шинонданд. Сонӣ бобо нигоҳубини ҳамаи ниҳолҳоро ба Музаффар супурд.

Музаффар тамоми таътилро дар Гардангоҳ гузаронид. Ба ниҳолҳо нигоҳубин мекард. Онҳоро аз ҳайвонҳо муҳофизат менамуд.

Музаффар як пагоҳ ба Гардангоҳ омада дид, ки булдозер аз байни дарахтон гузашта, чандтои онҳоро шикастааст. Вай теппачаҳоро ҳамвор карда, ба сўи дара мерафт, ки Музаффар расида омад. Ў пеши булдозерро гирифт. Ронандаи он, ки писари

Давлати дандонашк буд, аз булдозер фаромад:

- Гурез аз роҳ, ба зери булдозер намонӣ.- гуфт.

- Гардон мошинатро, чӣ ҳақ дорӣ, ки дарахтони бечораро ба хок яксон мекунӣ! Бо ин кори кардаат дар пеши қонун ҷавоб медиҳӣ,- фаҳмонд Музаффар.

- Ин дарахтон аз они шумо не-ку? Ба оши тайёр бакаввул шудед. Ин ҷо роҳ мешавад. Дар ана он ҷо СМУ хонаи истироҳатӣ сохта истодааст. Аз ин дарахтон ному нишон намемонад.

- Роҳ лозим бошад, аз таги он шах гузар. Хонаи истиқоматӣ шавад, шудан гирад,ба он дарахту соя лозим будагист.

Ҳамин вақт ба сари ҷанҷол дар мошини рўпушидае коргарони сохтмон бо ҳамроҳии инженерон расида омаданд. Онҳо Музаффарро ҳақ шумориданд. Мошини сохтмончиҳо ва булдозер бо роҳи таги шах рафтанд.

Музаффар ниҳолҳои ба замин хобидаро рост карда, ба бехашон об монд. Вале дарахти олуболу поймол ва ба хок яксон шуда буд, не реша дошту не навда. Ба онҳо дили Музаффар сўхт. Вай бегоҳӣ ба хона хафаву маъюс баргашт. Ҳама ҳодисаро ба бобояш гуфта дод. Бобояш ҳам зиқ шуд. Вай гуфт, ки пагоҳ ба пеши сардори СМУ меравад. Музаффар дар охир дилашро ба Файзулло-бобо кушод:

- Дарахтони Гардангоҳ аз шумо нест,- гуфт писари Давлати дандонашк.- Пас, онҳоро кӣ шинондааст?

Файзулло-бобо пас андаке таваққуф ба наберааш фаҳмонд:

- Ман як ҷўраи бисёр нағз доштам. Абдулазиз ном дошт. Мо ҳар ду ҳамсояи девордармиён будем. Вай бисёр ҷавони чолоку чаққон ва боғайрат буд. Меҳнатро дўст медошт. Ў ба дилдода хонадор шуд. Зану шавҳар ҳамдигарро дўст медоштанд. Даҳ - дувоздаҳ сол зиндагӣ карданд, аз онҳо фарзанд нашуд. Ба ў маслиҳат доданд, ки ба ҷои фарзанд ниҳоли бисёр шинонад…

Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд, Абдулазиз ариза дода ба фронт рафт. Пеш аз рафтанаш маро ҷеғ зада хоҳиш кард:

- Ба ниҳолҳои ман нигоҳубин кун, бародар. Ба онҳо об деҳ, ки хазон нашаванд. Агар зинда баргашта оям, як умр аз ту миннатдор мешавам.

Агар ҳалок шавам, онҳо аз ман нишона мемонанд.

Абдулазиз дар яке аз муҳорибаҳои назди Сталинград ҳалок гардид. Ман 35 сол боз ба хотири рафиқам ниҳолҳои шинондаи ўро нигоҳубин мекунам. Совхоз аз тутзори мавзеи Гардангоҳ ҳар сол барги бисёре мегирад. Раҳгузарҳо дар зери дарахтони серсоя нишаста дам мегиранд ва

Абдулазизро ба некӣ ёд мекунанд.

Музаффар аз нақли бобояш ба ҳаяҷон омада гуфт:

- Ман ниҳолҳои шумоёнро як умр бо дилу ҷон нигоҳубин мекунам.

Ҳоло Файзулло-бобо ҳам дар қайди ҳаёт нест, вале мавзеи Гардангоҳ аз дасти Музаффар ҳамеша сабзу хуррам аст.

пешина
аз 32
навбатӣ