Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

БАРФБОЗӢ

Фасли зимистон омад,

Бо барфу борон омад,

Қарси сафед бар сари

Долу дарахтон омад.

Баромадем мо хурсанд,

Ба теппаҳои баланд,

Ба мо ҳусни зимистон

Гардид хело ҳам писанд.

Барфи бисёр кашондем,

Болои ҳам бимондем.

Одами барфӣ сохта,

Ба он пўстин пўшондем.

Бинии он аз сабзӣ,

Ҷомаи он қафқозӣ,

Гирифта дасти ба даст

Дар гирдаш кардем бозӣ.

ОЗОДАРӮ

Зимистони тозарў,

Зимистони нуқрамў,

Шона задӣ мўятро,

Упо задӣ рўятро,

Аз тори кўҳ омадӣ,

Озодарў омадӣ.

Ба майсаҳои гандум,

Ба боғҳои мардум,

Барфоби боб овардӣ,

Дору хоб овардӣ.

ЗАНБӮРИ СӮЗАНДОР

Хоҳаракам, Дилбарҷон,

Ҳар чизеро, ки медид:

«Ин чӣ бошад» – гуфта зуд

Бо дастакаш меқапид.

Боре ногоҳ қапидаст,

Як занбўрӣ заб-зардак,

Занбўр дасташ газидаст,

Дасташ варамид андак.

Акнун Дилбарҷони мо

Дониста мекунад кор.

Агар бинад занбўрро,

Фарёд занад беқарор:

«Занбўраки сўзандор,

Маро нагаз дигар бор!»

ГУРБА ВА АККА

Буд ё набуд, будгор буд,

Замин набуд, шудгор буд.

Як гурбаи айёр буд,

Гаҳ хобу гаҳ бедор буд.

Дар кор худ ҳушёр буд,

Ду чашмаш оташбор буд.

Комаш чу ғори тор буд,

Дум ҳалқаи тайёр буд.

Гўшаш найи сихдор буд,

Мўйи лабаш бисёр буд,

Ҷорўби нодаркор буд.

Нохун чу неши хор буд,

Бар мушакони беқарор,

Як офати тайёр буд.

Бар пуштаки девори муш

Пойида омад ў хамўш

Муш то барояд аз дараш,

Дорад варо аз ду бараш.

Дорад, таги дандон кунад,

Мўшро чу нўши ҷон кунад.

Як аккаи думаш дароз

Бинмуда худро созу боз,

Аз ким куҷо омад башаст,

Дар тори калбеде нишаст.

Дид ў чу кори ҳиллагар,

Бар мушакон додаш хабар.

Огаҳ аз ў мушон шуданд,

Дар ҷояшон пинҳон шуданд.

Гардида гурба ноумед,

Омад давида тори бед.

То ин ки дорад аккаро,

Бар коми худ бидҳад ҳаво.

Вақте ки онро акка дид,

Аз тори беди кал парид.

Ин дафъа ҳам аз кори худ

Он ҳиллагар шарманда шуд.

ХИРСИ ТАҚЛИДКОР

(Мазмун аз халқ)

Гуфто ба мо Бобо Амин

Аз саргузашти худ чунин:

–Рўзи баҳорон як саҳар

Аз хона гардидам бадар.

Овехта бар китфам камон,

Дар халтаам талқону нон.

Рафтам ба кўҳ баҳри шикор,

Будам зи шодӣ беқарор.

Дар раҳ задам мурғи ҳилол,

Ду кабки масту як шағол.

Бигрифт кори ман барор,

То бегаҳӣ кардам шикор.

Тире намонд дар тирдон,

Дар халтаам талқону нон.

Дар пушти як санги калон

Он шаб намудам ман макон.

Аз ҳезуми фарку заранг,

Оташ гирондам байни санг.

Кўҳу камар хомўш буд,

Торикӣ кам-кам мефузуд.

Дар оташи пурпечу тоб,

Як кабкро кардам кабоб.

Омад садое ногаҳон,

«Омад касе», – кардам гумон.

Дар назди ман чун меҳмон,

Омад яке хирси калон,

Хирси сафеди бовиқор

Бар кори ман тақлидкор.

Каф дам кунам, каф дам кунад,

Қад хам кунам, қад хам кунад.

Ҷаҳду ҷадал кардам басо

То ки раҳам аз ин бало.

Дигар набуд бар ман амон,

Аз зинда мондан ҳам гумон.

Аз равғани мурғи ҳилол,

Аз равғани кабку шағол.

Бар дасту пою бар бадан

Оҳиста молидам чу ман.

Тақлид карда хирс зуд

Дастони худ равған намуд.

Чун дасту поро дам ба дам

Ман бар алав медоштам.

Бар рўи оташ беибо,

Медошт вай ҳам дасту по.

Часпид алав бар пашми вай,

Бар пою дасту чашми вай.

Вайро алав бигрифт тез,

Аз назди ман шуд даргурез.

Аммо дигар дар кўҳу дашт,

Хирсе дучори ман нагашт.

Ҳаст одамиро қуввате,

Ҳаст одамиро қудрате.

К-аз чораву тадбири ў,

Ҳар кор анҷомад накў.

пешина
аз 32
навбатӣ