Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

АЛОПАР

Як кучуки ало буд,

Аз зоти тозиҳо буд.

Ҳалқадуми кафтарсар,

Номи вай буд Алопар.

Рўзе расид зимистон,

Меборид барфу борон.

Шамоли сахт мевазид,

Ба ҳар сў саг медавид.

Оғил равад, гов бастанд,

Айвонҳо аз ҳезум банд.

Аз хунукӣ Алопар

Меларзид аз по то сар.

Кучук аз беқарорӣ

Мекарда афғону зорӣ:

– Ояд агар тобистон,

Ҳаво гардад чу тафсон.

Месозам аз бароям,

(Аз ўҳдааш бароям)

Як хонаи бисёр нағз,

Аз навдаҳои чормағз.

Тобистон ҳам ниҳоят

Дар навбати худ омад.

Ҳаво гарму тафсон шуд,

Саг аз нав саргардон шуд.

Пашшаҳо карданд гаранг,

Аз онҳо омад ба танг.

Акнун вай соя мекофт,

Ҷойи салқин намеёфт.

Кофта-кофта аз адир

Хандақе ёфт охир.

Онро ба худ макон кард,

Хобро роҳати ҷон кард.

Димоғаш шуд чоқ аз он,

Фаромўш шуд зимистон.

МӮРЧАИ ҚОБИЛ ВА

ҚУРБОҚҚАИ ТАНБАЛ

Якто қурбоққа будаст,

Бо мўрча ошно будаст.

Мўрчаяк дар боғ будаст,

Қурбоққа серҷоғ будаст.

Тобистону тирамоҳ

Аз саҳарӣ то бегоҳ

Суруде месурудаст,

Ҳофизӣ менамудаст.

Аммо мўрча кор кардаст,

Ғалларо анбор кардаст.

Зимистон ояд мўрча,

Шиштаст рўи кўрпача.

Дастархонаш пури нон,

Анбораш пур–пури дон.

Дар наздаш ҳалвою қанд,

Бо бачаҳояш хурсанд.

Бачаҳои қурбоққа

Аз қафои қурбоққа

Нон гуфта гиристаанд,

Дон гуфта гиристаанд.

Қурбоққа худ давидаст,

Назди мўрча расидаст.

Аз мўрча нон пурсидаст,

Аз мўрча дон пурсидаст.

Мўрча каме дон додаст,

Як нимаи нон додаст.

Қурбоққа аз ин ёрӣ,

Кардааст миннатдорӣ.

–Баҳор ояд, ҷўраҷон,

То танги тирамоҳон

Меҳнат мекунам пурбор…

То маро шавад анбор.

Фасли баҳорон рафтаст,

Ними тобистон рафтаст,

Аз кори ў дарак нест,

Оши ўро намак нест.

Қурбоққаи дурўғгў

Нишаста дар лаби ҷў,

Ғур-ғури ғур мекунад,

Қур-қури қур мекунад.

ЗАНБӮРИ ЗАРДАК ВА ОРУИ

АСАЛ

Як занбўри заб-зардак

Дар чашмаш тиллоайнак,

Аз сурохии девор

Бо ғурури бовиқор.

Кард омада гў-гў-гў

Назди қуттии ору.

Гуфт:

– Эй оруи пуркор,

Ин кори ту чӣ даркор?

Меоварӣ ҳар боре

Гарди гули бисёре.

Бо ин ҳама нодонӣ,

Боз афтида намонӣ.

Гар хоҳӣ, биё бо ман,

Ба боғи сари хирман.

Боғу ҳавлии сардор

Дорад шарбати тайёр.

Шарбати биҳии нағз,

Ангуру мавизу мағз.

Шарбат хоҳӣ, шарбат хўр,

Ангур хоҳӣ, ангур хўр.

Гуфто оруи асал

Дар ҷавобаш ин масал:

Нашнидаӣ: «Аз бекор

Мешавад ҳама безор».

Шарбатҳои бемеҳнат,

Асло мазза надорад.

Меҳнат ин шиори ман,

Шарбатёбӣ кори ман.

Ман аз ин ҳунар нозам

Аз шарбат асал созам.

Асалҳои ширинам

Бешак, роҳати одам.

Аз ҷавоби сазовор,

Изо кашида беор,

Ба зери рави каҳдон

Даромаду шуд пинҳон.

пешина
аз 32
навбатӣ