Зеҳн
НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ҲИКМАТИ БОБО

Ман он вақт тахминан 10-12 сола будам. Боре ҳамроҳи ҷўраам Нарзулло ба ҳезум рафтанӣ шуда, табару ресмон гирифта, аз ҳавлӣ аромадем. Ҷангал аз деҳа ба чашм наздик намояд ҳам, хеле дурр будааст. Мо, ки бори аввал ба ҳезум мерафтем, аз чӣ бошад, ки диламон ба ҷангал накашид. Сари роҳ ба чинорзор даромадем. Сояи ин чинорҳо чунон салқин буд, ки касс рўзи дароз фароғат кардан мехост. Чашмаи оби зулоли онро намегўед. Як фатири бутунро дар он тар карда хўрӣ ҳам сер намешавӣ.

Ману Нарзулло дар сояи чанорҳои азамат хеле истироҳат кардем. Дар оби зулоли чашма дасту рў шуста ҳаловат бурдем. Сонӣ, бо маслиҳати Нарзулло як навдаи калони чинори сабзро, ки аз вазиши боди сахт канда шуда афтида буд, реза карда, ҳезум намудем. Борҳоямон буд шуд.

Ҳезумҳоямонро бор гирифта, сўи қишлоқ роҳӣ шудем.

Ҳезум, ки тар буд, борҳоямон вазнинӣ мекард.

Дам гирифта, дам гирифта, бо як азоб ба қишлоқ омадем. Ба дил шодӣ мекардам, ки маро дар хона ба хушнудӣ пешвоз мегиранд. Нахустин ҳезумбиёрии маро табрик мекунанд. Вале афсўс…

Бобоям ҳезуми маро дида, хеле хафа шуд. Ба падарам фармуд, ки шохаҳои чаноре, ки ман ҳезум карда овардаам, бурда ба мазори пушти хонаамон монда биёяд. Вай маро коҳиш накард. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки то чанд муддат ман ба назди бобоям рафта натавонистам. Аз чизе ибо мекардам.

Аз ў тарс доштам.

Як бегоҳӣ бобоям дар дасташ чанд ниҳол аз дарвоза даромада омад. Номи маро гирифта ҷеғ зад. Фармуд тешаву бел гирифта баромадам. Ҳар ду ба яслии нави колхоз рафтем.

Ман мувофиқи нишондоди бобоям дар як тарафи саҳни ҳавлӣ чуқурчаҳо кофтам. Ў нўги нартҳои чинорро, ки сағал доштанд, бо теша кафонда, дар кафи онҳо сафолҳо гузошт. Ҳар як ниҳоли чинори тайёр кардашударо ба чуқурчаҳо гузошта шинондем. Сонӣ ба бехи ҳар кадомашон об мондем.

То об хўрдани ниҳолҳо дар сари марзаи саҳн нишаста дам гирифтем. Ман аз бобоям сааби кафондани нўги нартҳои чинор ва ба кафи онҳо ҷой кардани сафолпораҳоро пурсидам, ў гуфт:

- Беду терак, санҷиту анор ва анҷиру сафедор бо воситаи қаламча зуж месабзанд. Чинор бошад, бовоситаи қаламч кам ва суст месабзад. Бинобар ин онро аз бехи кундааш бо сағал ҷудо карда, сонӣ сағалро камее мекафонанд ва дар кафи он сафол ё сафол ниҳода мешинонанд. Ниҳол аз ҷойи кафондааш зуд решачаҳо бароварда месабзад. Дар байни ду-се сол шохаҳо карда, соя меафканад, бобоям инчунин фаҳмонд, ки чинор ба воситаи тухмаш ҳам месабзад. Дар хоҷагиҳои калон парник карда тухмашро мекоранд, ки он пас аз 3-4 сол ниҳол медиҳад.

- Шинонидани чинор, илова кард ў, - аз ҳамаи дигар дарахтони бесамар дида савоб аст. Онро беҳуда бурида нобуд кардан ҳам увол аст. Ҳатто дар ин бора ривояте ҳаст:

«Дар як замон дар як макон як марди сайёҳе будааст. Ў умри худро бо сайёҳату тамошо мегузаронидааст. Сайёҳ забони ҷумла мурғонро медонистааст. Рўзе аз сайёҳат баргашта, дар сари роҳ дар зери чанори калон дам гирифтанӣ мешавад.

Дар шохаҳои чинор паррандагони бисёре лона монда буданд. Онҳо аз хурсандӣ чириқ-чириқ карда, аз як шоха ба шохаи дигар парида, хушҳолӣ менамуданд.

Марди сайёҳ зеҳн монда, ба овози паррандагон гўш меандозад. Ба маънои хониши паррандагон сарфаҳм меравад. Мурғони хушхон бо лафзи худ ба сабзкунанди чинор «раҳмат» мегуфтанд.

Сайёҳ рўзи дигар ба деҳа омада, писари сабзкунандаи чинорро суроғ карда меёбад. Ўро розӣ кунонида, ҳазор тангаи нуқрагӣ дода, чинорро харида мегирад ва соҳибӣекунад.

Сайёҳ баргашта ба таги чинор меояд. Таги чинорро ҷову макон мекунад. Ба овози паррандагон гўш дода, ҳаловат мебарад.

Паррандагон ба соҳиби чинор «раҳмат» гуфта, сурудхонӣ мекарданд. Вале рўзи дигар онҳо ба номи соҳиби чинор нею ба номи сабзкунандаи чинор сурудхониро оғоз мекунанд. Сайёҳ аз рафтори мурғакон хафа шуда пурсидааст:

- Ин чинорро ман ҳазор танга дода харидаам.

Соҳиби ҳақиқии он акнун манам. Барои чӣ ба ном ман суруд нахонда, ба номи сабзкунандаи он мехонед?

Гунҷишкаке аз шохаи болои чинор фирри карда парвоз намуда, ба шохаи поён нишаста ҷавоб додаст:

- Эй амаки сайёҳ, пуле, ки ту ба соҳиби чинор додаӣ, фақат ба як соатина дуруди мо меарзад. Мо бошем дар ҳаққи ту як шабонарўз «раҳмат» гуфтем.

Агар савоби зиёд гирифтан хоҳӣ, ту ҳам дарахт шинонида, боғ бунёд кун.

Гуфтаҳои гунҷишкак ба сайёҳ таъсир кардааст.

Вай аз баҳри сайёҳӣ баромада, дарахтшинонӣ мекунад. Мегўянд, ки чинорзори болои деҳа ва боғи поёнии деҳаро ҳамон сайёҳ бунёд кардааст, -таъкид дошт бобо.

- Ниҳолшинонӣ бисёр ҳам савоб аст, - гуфт дар поении нақлаш бобоям, - касе, ки як ниҳолро шинонида ба воя мерасонад, баробари як сағироаро тарбия карда, ба воя расонидан савоб мегирад.

Ман акнун фаҳмидам, ки бобоям барои чӣ аз ҳезуми тар овардани ман хафа шуда будааст. Дар омади гап ҳаминро гўям, ки бобои ман боғбон нест, вале ниҳолшинониро беҳад дўст медоранд. Дар қади роҳу ҷўйбор, дар лаби чашмаву марзаҳои бекорхобида баробари ду боғ ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонидааст. Вақте ки ба деҳа медароед, чанд меваеро ба номи ў ном мебаранд.

«Чанорҳои Абдунабӣ», «Теракзори Абдунабӣ»,

«Шоҳтути Абдунабӣ», «Ҳотаи Абдунабӣ» ва дигарҳо.

Чинорҳое, ки дар саҳни ҳавлии ясли қишлоқ шинонидем, нигоҳубини онро бобоям ба ман супорида буд. Ҳоло ин чинорҳо сабзидаву калон шудаанд. Онҳо бо баргҳои кабуди худ ба саҳни яслӣ як олам зебогӣ мебахшанд.

АФСОНАҲО

ҲОСИЛИ НИЯТ

Подшоҳе буд бераҳм ва золим, бахил ва хасис.

Вазире дошт аз ў золимтар. Вуҷудаш макру ҳилла.

Онҳо ба мардум аз ҳад зиёд ҷабру зулм мекарданд.

Ба одамон андози зиёд мебастанд. Ҳар кас ки андози подшоҳиро ёфта дода наметавонист, молу мулкашро мусодира мекарданд. Фарзанд медошт, ба ғуломӣ мебурданд, худашонро ба зиндон мепартофтанд.

Дар мулки подшоҳ Бибисоро ном кампире буд.

Зираку доно. Меҳнатқарину меҳрубон. Наберае дошт соҳибҷамол. Номаш Оламоро. Аз тарси он ки подшоҳ рўзе молу мулки ўро ҳам мусодира карда нагирад ва набераи ягонаашро канизи дарбор накунад, аз мулки подшоҳ кўчида, дар доманаи кўҳе манзил намуд. Бо сангҳои кўҳӣ девор карда, хона сохту ҳавлӣ обод кард. Бо ҳамроҳии наберааш

Оламоро сангпораҳои пеши ҳавлиро чинда замин кушоданд. Дар он обчакорӣ карданд. Ба як қисми замини ҳавлӣ ниҳоли анор ёфта шинониданду нигоҳубин карда, ба воя расониданд.

Ҳавлии онҳо оҳиста-оҳиста боғи зебое шуд.

Ҳосили онро ҳар сол ҷамъ оварда, рўзгузаронӣ мекарданд. Ба воситаи чўпонҳои аз айлоқ бармегаштагӣ онро мефурўхтанд ва ё бо ғалла иваз мекарданд. Хуллас, аз самараи меҳнаташон зиндагониашон хушу хурсандона мегузашт.

Боре подшоҳ бо ҳамроҳии вазири маккор ва нукаронаш ба шикор баромад. Онҳо дар кўҳ хеле сайру гашт карданд. Оҳуву мурғи даштӣ ва дигар ҷонварҳоро сайд мекарданд. Дар бозгашт дар доманаи кўҳ ҳавлиеро диданд, зебою ороста.

Подшоҳ ва нукронаш, ки аз ташнагӣ ҳалқу нояшон хушк шуда буд, ба дари ҳавлии Сорокампир омада об пурсиданд. Сорокампир ба онҳо об бароварда доду бо анорҳои парваридааш зиёфат намуд.

Анорҳо чунон серобу сершира ва болаззат буданд, ки аз ду донаи фишурдаи он як коса об ҳосил мешуд. Ҳама аз нўшидани оби анор ҳаловат мекарданд.

Вазири маккор аз дари ҳавлӣ ба дарун нигоҳ карда дид, ки ниҳолони анор аз серборӣ сар хам кардаанд. Ў ин манзараро дида, аз ҳирсу ҳасад дар худ печид. Ба назди подшоҳ омада гуфт:

- Тақсирам, чӣ мешавад, ки ҳавлии кампирро гирифта, мулки подшоҳӣ кунем. Дар ин ҷо бўстонсаро бунёд карда, кушкҳо барпо кунем. Ҳар гоҳи ба шикор омаданамон дар ин ҷо дам гирифта, кайфу сафо кунем.

Ин таклиф ба подшоҳ маъқул афтоду гуфт:

- Боз як бори дигар оби анор фармоед. Як косагӣ менўшему ба қаср бармегардем. Ҳамин ки ба қаср расидам, амри соҳибӣ кардани ҳавлии Бибисороро қабул хоҳам кард.

Боз анор фармуданд. Кампир як сабат анор овард. Ҳарчанд як сабад анорро фишурданд, пиёлаи обе ҳосил нашуд. Ҳама ҳайрон шуданд. Боз анор оварданд. Ин дафъа ҳам муроде ҳосил нашуд.

Подшоҳ сабаби ин ҳолро аз кампир пурсон шуд.

- Тақсирам, шояд нафаре аз шумо дар дил нияти баде карда бошад. «Нияти нек файзу барака меораду нияти бад бошад онро аз байн мебарад!» гуфтаанд бузургонамон, - хулоса карда гуфт кампир.

Подшоҳ аз ҷавоби кампир рамуз гирифт. Аз нияти соҳибӣ кардани ҳавлии кампир пушаймон шуд. Қасам ёд кард, ки ҳавлии кампирро асло нахоҳад гирифт.

Пас аз қасами подшоҳ анорҳо боз сероб шуданд.

Подшоҳу нўкаронаш боз ба оби анорнўшӣ даромаданд.

Ин ҳодиса ба подшоҳ сабақи хубе гардид. Ўро ба адлу инсоф овард. Вай аҳд кард, ки дигар дар умраш ба касе бадие намекунад.

Подшоҳ ба қасри худ баргашта, вазирашро, ки ўро ба корҳои бад ҳидоят мекард, аз вазифа озод намуд. Пайи накўкорӣ шуду дар як муддати кўтоҳ дар миёни мардум маъруфу маҳбуб гардид.

РЎБОҲИ МАККОР ВА ХИРСИ НАКЎКОР

Буд набуд дар як бешаи кап-кабуд як хирс буду як рўбоҳ.Ҳар дуб бо ҳам ҷўра буданд, дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд. Хирс меҳнатдўст, ростқавл ва ва сахиву сода буд. Ҳар чизе, ки меёфт, ҳамроҳи рўбоҳ мехўрд.

Вале рўбоҳ баръакс танбалу фиребгар ва дурўғгўю маккор буд, ҳар чизе ки меёфт, дар пинҳонӣ мехўрд.

Хирс дид, ки аз дўсташ рўбоҳ ҳеҷ вақт некие намебинад, бо баҳонае худро аз он канор гирифта, дар шахи баланде макон намуд. Меваҳои рангоранги кўҳӣ ва алафҳои хушбўйро ҷамъ карда мехўрд. Зиндагиаш хуррам мегузашт.

Рўбоҳ дар беша танҳо монд. Шабона ба деҳаи атроф мерафт. Мурғони мардумро дуздида меовард ва онҳоро хўрда, рўз мегузаронид. Дар назди хонаи рўбоҳ тахтасанги калоне буд. Вай пас аз серӣ хўрдани хўрок ба болои тахтасанг баромада, ғел мезад. Худро офтоб дода роҳат мекард.

Як рўз шикорчие бо саги тозиаш ба шикор баромад. Саги тозӣ бўй гирифта, ба назди тахтасанг омад. Рўбоҳ аз шарфаи пойи тозӣ тарсида, бедор шуд ва ба кўҳ гурехт. Вай аз бми ҷон ба шахе, ки хирс мезист, наздик шуда, зорикунон гуфт:

- Хирс-паҳлавони муҳтарам, дўсти азиз, дастамро дошта, маро ба шах барор. Маро аз дасти тозӣ халос кун. Ба ту як умр некӣ мекунам. Дар хонаам як бучка асал дорам, онро ба ту медиҳам. Хирсҷон дастамро дор, зуд бош. Тозӣ омада истодааст!

Хирс, ки дили софу бекина дошт, баробари шунидани як бучка асал ба ёрии ў шитофт. Дасти рўбоҳро гирифта, ба шах баровард. Ҳар ду ба хонаи хирс даромада пинҳон шуданд. Саги тозӣ онҳоро ёфта натавонист.

Рўбоҳ он шабро дар хонаи хирс гузаронд. Хирс аз меваҳои кўҳӣ шарбат ва хўрокиҳои бисёре тайёр карда буд. То пагоҳ рўбоҳро бо таомҳои лазизу шарбатҳои ширин зиёфат намуд. Хирс ўро бо шиками сер аз хонааш гусел кард.

Рўзи дигар хирс ба хонаи рўбоҳ меҳмон шуд. Вай умед дошт, ки рўбоҳ ўро бо асали хушбўй зиёфат мекунад. Рўбоҳи маккор хирсро бо дили нохоҳам қабул карда, ба пеши вай устухонҳои чандин бор хойидашударо гзошт. Хирс ба забони ҳол омада пурсид:

- Асали ваъдагӣ-ку?

Рўбоҳ дандонҳои ашкашро инҷ кунонида, бо табассуми хунуке ҷавоб дод:

- Ман орупарвар нестам, ки асал дошта бошам.

Хўрокам гўшти мурғ аст. Ҳар он чи ки мехўрам, аз он туро зиёфат кардам.

Хирси сода донист, ки рўбоҳ ин дафъа ҳам ўро боб карда фиреб додааст. Вай малулона аз хонаи рўбоҳ баромад. Рўбоҳ бошад, роҳи деҳаро пеш гирифт…

Рўбоҳ аз гўшти хурўси қуланге, ки имшаб дуздида оварда буд, хуб кайф карда, ба болои тахтасанг баромада, ғел зад. Худро офтоб дода мехобид, ки ногоҳ саги тозӣ бўй гирифта омад. Рўбоҳ омадани ўро пай бурда, аз ҷой хеста, ба сўи кўҳ гурехт. Вай панноҳгоҳ ҷустанӣ шуда, боз ба шахе, ки хирс мезист, омад. Дари ўро дудаста бикуфт. Ва бо зорӣгуфт:

- Хирcҷон дарро кушо. Ба ту як бучка асал овардам. Зуд бош, вагарна онро саги тозӣ аз дастам кашида мегирад.

Димоғи хирс, ки сахт сўхта буд, дарро накушод.

Тозӣ расида омад. Аз гулўи рўбоҳ маҳкам қапид.

Дар ҳамин вақт соҳиби хурўси қулангӣ ҳам дар дасташ таёқи дарозе ҳозир шуд. Рўбоҳ дигар илоҷи халосӣ надошт.

Ҳамин тавр, хирс аз ҷўраи маккору дурўғгўи худ як умр ҷудо гардид.

пешина
аз 32
навбатӣ