НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
ЁДИ РЎЗҲОИ ГУЗАШТА
Мавсими ғалладаравӣ буд. Мо бачаҳо қарор додем, ки дар таътил ба колхозчиён ёрӣ расонем.
Ғаллаи бомашаққат коштаву парваридаи онҳоро, ки пухта расида буд, даравида диҳем.
Бо ҳамин мақсад бисту шаш нафар бачагони синфҳои болоӣ ба бригада ҳамроҳ шудем. Бо колхозчиён гандум медаравидем. Дарафгарон асосан колхозчизанҳо буданд. Мардҳо ҳама ба фронт рафта, бар зидди истилогарони немис меҷангиданд. Дар байни даравгарон ду мард буд.
Бобои Раҳиму Қурбони мўкидўз ин ду мўйсафед гандумҳои даравидаи занҳоро дарза мебастанд.
Мўйсафедони дигар ба хирманкўбӣ овора буданд.
Вақте ки бачаҳо ба даравгарон ҳамроҳ шуданд, ману Ҳикмат вазифаи дарзабандиро гирифтем. Аз буяю қамчинбутта бандина тайёр карда, гандумҳои даравидаи дигаронро мебастем. Кори мо ҳам осон набуд. Бачаҳо ғайратмандона кор мекарданд. Мо баъзан ҳамаи гандумҳои даравидашударо дарза баста, наметавонистем. Бобои Раҳиму Қурбони мўкидўз ба ёрӣ меомаданд.
Мо, даравгарон дар сари заминҳо хоб мекардем.
Шабона дар равшании моҳтоб ғалла медаравидем.
Торикшабҳо барвақт хоб рафта, субҳ нодамида мехестем. Ноништа накарда, ғалла медаравидем.
Як бегоҳӣ дар замини Қўли токҳо гандум медаравидем, ки аз пеши доси Соро аз байни гандуvзор ҷонваре баромада монд. Соро досашро ҳаво дода, ба ақиб гурехт. Мо давида ба назди ў рафтем. Рангу рўи Соро канда, сап-сафед шуда буд.
Ба атроф назар намудем. Ҷонвари аҷоиби зардчатоберо дидем, ки аз гандумзор баромада, ба сўи ғарам медавид. Вай каллаи калон ва дастони занбўршакл дошт.
Ҳикмат аз паси он рафта, хост, ки бо сумби дос ҷонваракро зада кушад. Бобои Раҳим ўро нигоҳ дошт. Ҷонвараки ношинос байни ғарами гандум даромада рафт. Мо, ки дар атрофи Сорои бахудомада ҷамъ омада будем, аз Бобои Раҳим номи ҷонваракро пурсидем. Вай шарҳ дода гуфт:
- Ин ҷонвараки боҳайбат Каллаи гўсола ном дорад. Каллаи гўсола ҷонвари фоидаовар аст.
Ҳашароти зараррасонро аз киштаҳо чида мехўрад.
Ба одам кор надорад. Аммо агар онро касе зада кушад, ҷуфти он кушандаи рафиқашро ёфта, зарар мерасонад. Барои ҳамин ҳам, писаронам, дар ҳар ҷойе, ки Каллаи гўсоларо дидед, ба вай кордор нашавед.
Ба ёди Бобои Раҳим кадои як хотираи давраи бачагиаш расид, ки риши кулутаи сафедашро даст- даст намуда, саҳифаи ҳаёти гузаштаашро варақ зад:
- Ман бача будам. Ҷонваронро дўст медоштам.
Ба онҳо кўмак мекардам: лона месохтам, дона медодам. Дар шифти айвони мо як ҷуфт фароштурук ҳар сол омада, лона мениҳоданд. Бача мебароварданд. Боре ман бехабар ба лонаи фароштурукҳо мор даромада, бачаҳояшро хўрда, баромада меравад. Фароштурукҳои бечора ҳамон баҳор такроран бача бароварданд. Ман ба онҳо назорат карда мегаштам.
Як нисфирўзӣ дар хона танҳо нишаста будам.
Баногоҳ чир-чири фароштурукҳо баромад. Нигоҳ кунам дар синҷи айвон море ба сўи лонаи фароштурукҳо мехазид. Ман ба берун баромада, бел ёфта овардам. Бо нўги он сари морро дошта, пачақ карданӣ будам. Морро наёфтам. Вай аллакай ба лонаи фароштурукҳо даромада буд.
Фароштурукҳо наменамуданд. Ман бошам, дилсўзона аз лонаи онҳо чашм намекандам.
Баромадани морро интизор будам. Барои нобуд кардани он пайт меҷустам. Дар ҳамин вақт фароштурук ба лона парида омад. Дар нўлаш Каллаи гўсола буд. Вай Каллаи гўсоларо оҳиста ба рўи лонааш гузошту худаш ба сари мех рафта нишаст.
Мор бачаҳои фароштурукро хўрда варам кард, ки аз дари хонаи он базўр сар берун карда, баромаданӣ шуд. Каллаи гўсола морро дида, аз паси сараш ба вай ҳамла кард. Бо дастони анбўрмонандаш ба сару чашмони мор мезад. Мор дигар илоҷи ба болор часпидан надошт. Худро ба даруни лона кашиданӣ мешуд, наметавонист. Мори ба тангомада худро аз шифт ба фарши хона ҳаво дода, гурехтанӣ шуд, вале аз дами бели ман худро халос карда натавонист.
Фароштурук чолокона Каллаи гўсоларо бо нўлаш дошту онро бурда дар ҷояш монда омад…
Фароштурукҳо ҳамон сол лонаашонро аз сари нав таъмир карда, бача бароварданд. Дигар ба бачаҳои онҳо осебе намерасид. Ҳар баҳор парида меомаданд. Бачаи бисёр бароварда, дар сари меху рўи тор нишаста, суруди бисёре мехонданд. Ба наҷотдиҳандаашон Каллаи гўсола «ташаккур» гуфта, ғазалсароӣ мекарданд…
Бобои Раҳим дид, ки нақлаш ба мо таъсири амиқ кардааст, ў Каллаи гўсоларо боз ба ситоиш даромад:
- Каллаи гўсола ҷонвари доно ва пешгўй аст. Вай фол ҳам мебинад. Барои ин дар наздаш рўймол густурдан лозим. Агар аз болои рўймол гузарад, орзуи соҳиби рўймол ба ҷо меояд. Агар аз болои рўймоли густурдашуда нагузарад, орзуи ў амалӣ намешавад.
Мо ба нақли Бобои Раҳим бовар кардем. Кӣ дар дилаш орзу надорад? Мо толиби дидани Каллаи гўсола ва санҷидани мўъҷизаи он будем. Вале онро дигар наёфтем…
Ин воқеа дар мавзеи дашти Мамлакат рўй дод.
Мо паҳлў гирифта гандум медаравидем. Ногоҳ аз пеши доси Сокина Каллаи гўсолаи калоне баромада монд. Ҳамаамон ба атрофи он ғун шудем. Ба пешвози Каллаи гўсола духтарҳо рўймолҳои сарашонро ва мо писарҳо футтаҳои миёнамонро мегустурдем. Каллаи гўсола рўймолҳои рангоранги паҳнкардашударо дар пеши роҳаш дида, ба дигар сў гурехта рафтанӣ шуд.
Орзуҳои мо қариб якхела буданд. Дар он солҳо аз тамоми оилаҳо падару бародар ва хешу таборҳоямон ба фронт рафта буданд. Орзуи ҳар як кадомамон он буд, ки рўи дўсти наздикамонро тезтар бубинем.
Дар байни мо духтараки дустрўе буд, ки Мастура ном дошт. Падару модараш дар хурдсолии ў вафот карда, дар оилаи тағояш тарбия меёфт. Тағояш дар фронт бо душмани хунхор меҷангид. Дар вақтҳои охир хаташ намеомад. Мастура ҳам дар дилаш орзуи омадани тағояшро карда, ба пешвози Каллаи гўсола докаи сарашро гирифта паҳн кард. Каллаи гўсола аз болои сарбандаки Мастура гузашта рафт.
Тасодуфро бинед, ки як ҳафта нагузашта, тағои Мастура Мансур-амак бо як пою ду асобағал аз фронт баргашт. Мо бегоҳӣ ба дидани ў рафтем.
Сардори бригада Мастураро аз кор ду рўз ҷавоб дод. Мастура рўзи сеюм сари дарав ҳамчун шодиёна як халтача талқони тут овард. Мастура аз омадани тағояш чунон шод буд, ки мо ўро асло ин хел хушҳол надида будем. Аз хурсандӣ дар лабонаш табассум гул мекард. Чеҳрааш хандон, чашмонаш аз хушнудӣ барқ мезаданд.
Аз нақлҳои Бобои Раҳим ба дили мо нисбат ба ҷонварон на танҳо меҳру шафқат пайдо шуд, балки мо инчунин донистем, ки ҳар як дарранда ба сари худ боз аҷал ҳам доштааст. Ҷонварони безарар бо ҳам тифоқӣ мекардаанд.
Ба пешгўӣ кардани Каллаи гўсола ҳанўз ҳам боварӣ надорам. Вале тасодуфи он рўз рўй дода, яъне аз фронт баргаштани Мансур –амак як умр дар хотирам боқӣ монд. Ҳар вақте ки Каллаи гўсоларо дар ягон ҷо дида монам, хотираи рўзҳои гузашта пеши назарам меояд. Чеҳраи шукуфони Мастура, ки аз омадани тағояш нур гирифта буд, дар пеши чашмам ҷилвагар мешавад. Чӣ хуб аст, ки орзуи ҳар кас амалӣ шаваду чеҳрааш мудом хандон бошад.
ГАҲВОРАИ ЗАРРИН
Бобою набера аз кўҳ фаромаданд. Онҳо дам гирифтанӣ шуда, борхалтаҳояшонро аз китф гузошта, ба рўи санги бехи дарахти арча гузоштанд. Аз чашмаи он ҷо чанд каф оби зулол нўшида, ҳаловат карданд. Сонӣ Мирзо аз бобояш пурсид:
- Бобоҷон, барои чӣ ин мавзеъро «Гаҳвораи заррин» меноманд?
Бобо ба санги сурхе, ки дар байни дарахтон чун хайма меистод, ишора карда фаҳмонд:
- Мебинӣ ин санги сурх ба гаҳвора монанд аст.
Дар замони пеш байни шоҳу шоҳзодагон, амиру хонзодаҳо ҳамеша ҷангу ҷидол ва низоъҳо барпо мегаштааст. Барои тахту тоҷ шуда, ба хуни ҳамдигар ташнаю ба ҷони ҳамдигар қасд доштанд.
Тавоно ба мулки нотавон ҳамла мекард. Диёри ўро таллаву тороҷ менамуд. Аҳли оилаашро мекушт ва асир мегирифт.
Рўзе аз рўзҳо подшоҳи Бухоро ба мулки Мири
Ҳисор ҳамла мекунад. Тахти ўро гирифтанӣ мешавад. Арўси Мир, ки кўдаки ширхора доштааст, гаҳвораро гирифта, тарафи кўҳ мегурезад. Дар бехи буттаю дарахтон чанд вақт паноҳ мебарад.
Душманон чун сагони бўйгир ба ҳамин ҷо ҳам меоянд. Зан онҳоро аз дур мебинад. Ў намехост, ки ў ва кўдакаш ба дасти душман афтида, асири онҳо шаванд. Модар дуо мекунад, ки кўдакаш ба санг мубаддал шавад. Оҳи модар қабул мегардад.
Гаҳвораи заррин бо кўдак ба санги сурх бадал мешаванд. Бо ҳамин модар аз кўдаки ширхорааш хотирҷамъ шуда, худро ба дарё ҳаво медиҳад.
Душманон на модар ва на кўдакашро зинда ба даст оварда наметавонанд.
Бобо ҳикояташро давом дод:
- Ин, албатта, афсона аст, - гуфт ў ва илова намуд, - аз буттаҳои фарку заранг ва дарахтони арчаю ҳаданг маълум, ки як вақте домани ин кўҳ ҷангалзор будааст. Мардум долу дарахти онро бурида, барои болори хонаю ҳезуми аловӣ ба ҳавлиҳояшон кашонданд. Аммо ба шарофати ин мўъҷизаи табиат – «гаҳвораи заррин» дарахтони ин ҷоро набуридааст.
Роҳгузарҳо аз кадом тарафе, ки оянд, дар сояи ин дарахтон нишаста дам мегиранд. Аз оби зулоли чашма нўшида ҳаловат мебаранд. Бо рўҳи тозаю тани бардам роҳи худро давом медиҳанд.
Ба ҳурмати кўдаки афсонавӣ як боғ дарахтони сабзу хуррам ин мавзеъро зебо кардаанд.
Мирзо ба хона омада, нақли бобояшро пурра ба дафтар навишт ва онро бурда дар гўшаи кишваршиносии мактабашон гузошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё