Зеҳн
«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.

Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Шеър

АЗ ДАРДҲО ГУФТАН…

Аз дардҳо гуфтан ҳаргиз даво бахшидан ба дардҳо нест, агарчи бисёр хуб мебуд, ки чунин мешуд. Он ғамро бар ғам меафзояд ва ангуштнамои мардумат месозад. Агар ҳам сад сол аз зиндагиат мегузарад, ба гуфта ё худ навишта пешорӯят ҷилвагар мешаванд ва бори дигар ба ҳастии худ башорат медиҳанд. Дар ин ҳол аст, ки эҳсос мекунӣ, ки ҳама рафтаанду онҳо мондаанд.

Бо як замоне дигар, бо як нафаре дигар камтар аст, ки бисозанд. Ва ту ҳам ҳеҷ як аз онҳоро ба касе, агарчи наздиктарин маҳбубат бошад, бахшида наметавонӣ. Чаро ки ҳеҷ кас онҳоро аз ту намегирад ва ӯро чун дарди худ, ғами худ намепазирад.

Нигоҳи ин дардҳову ғамҳо дар он даврон, дар он ҳол дигаранд. Бо ту рӯ ба рӯ гуфтугӯ мекунанд, ба умеде, ки таскинат бубахшанд, ба умеде, ки таскинашон бубахшӣ. Аз дардҳо гуфтан ранҷҳое дорад, ки онҳоро танҳо гӯяндаи он эҳсос мекунаду бас. Ва ӯ дармеёбад, ки дар доми ҳарфҳову вожаҳо нигоҳ доштани онҳо чи қадар душвор аст ва аз хеш намуданашон душвортар. Оре, бо гузашти замон мехоҳанд бегона биёянд.

Аз дардҳо гуфтан маънии як умр бо дардҳо зистанро дорад. Шоҳона ҳаминро хост ва «Сояи нигоҳ»-аш гувоҳи ин гуфтаҳост. Ва мо ӯро ба ин дардҳову «Сояи нигоҳ» шодбош мегӯем. Оре, чи хуб аст, ки дунёро бубахшиву дард бихарӣ, дарде, ки агар ҳам бисӯзад, бисозад.

Абдулқодири Раҳим

СОЯ

Ошиқам, ишқи ту манзури ман аст,

Оташи ишқи ту маъмури ман аст.

Дардҳои ту маро қутбнамо,

Ғами ту қисмати маҷбури ман аст.

Шохсори тани ман ғарқи баҳор,

Дили шайдоии ман масти хумор.

Эй сафаркарда зи шаҳри дили ман,

Боз о, шаҳри маро нур биёр.

Биё, бе ханда биё аз дари ман,

Шод кун ин дили ғампарвари ман.

Зиндагӣ бо ту сафое дорад,

Гар бувад сояи ту бар сари ман.

УМЕД

Ман туро, ёр, аз Худо мехостам,

Бо таманно, бо дуо мехостам.

Ошиқиро саҳл мепиндоштам,

З-ин сабаб сидқу вафо мехостам.

Дар дилам гул карда уммеди висол,

Бехабар дарду бало мехостам.

Дарди ишқат дар дилам сад дард зод,

Ман туро ҳамчун даво мехостам.

То дили Шоҳона дар доми ту буд,

Ман вафо аз ошно мехостам.

ҲУР

Садои пои ту

Бар гӯш мерасад.

Парастуи умеди дил

Хомӯш мерасад…

Шаб рафт. Наомадӣ.

Ман нақши кафшҳои

туро ҷустам, наёфтам.

Биё, биёву бо нигоҳи гарму рӯшанат

Ҷонам бихар.

Боз ой аз биҳишт, ки

Худо баҳрамон сиришт

Бар сони ҳур бар ба сарзамини нур,

Бар мулки сур бар.

ТАҲРИР

Аз барат дураму дур,

Алами дарди ҷудоӣ зӯр аст.

Ҳасрато, ғунчаи армону умедам нашукуфт,

Эй басо зиндагӣ дилгир шуда,

Ба Худо, олами афсонаи ман пир шуда!

Нашиносӣ ту маро дар сари роҳ,

Ҷигари сӯхтаам об гирифт.

Қимати гавҳари ман костааст?!

Пурхаму печ маро мисраи тақдир шуда,

Ба Худо, олами афсонаи ман пир шуда!

Дард дорад дили пажмурдаи ман,

Баски то реша дар об аст, умед аст варо.

Чи дароз асту дароз аст раҳи ҳаҷру висол,

Ман аз он ҳиллаву макри ту раҳидам, ба Худо,

Мераҳам аз ҳама ин дард, ки занҷир шуда,

Ба Худо, олами афсонаи ту пир шуда.

БИЁ

Биё, хуршеди ман, ҷононаи ман,

Биё, Наврӯзи ман, афсонаи ман.

Биёву абри ман, борони ман шав,

Баҳори гулфишони хонаи ман.

Навои булбулону хандаи гул

Биҷӯям дар ту, эй якдонаи ман.

Биё, дар мағзи ҷонам, мағзи ҷонам,

Ки месӯзад дилу кошонаи ман!

САРВАР

Бародариву раҳнамову раҳбарӣ,

Ба ҳар куҷо қадам ниҳӣ, музаффарӣ.

«Қасам ба номи кирдугори ман,

Ба номи модару диёри ман,

Барои ҳар касе ки ҳаст ёри ман»,

Ин муқтазои ту бувад шиори ман,

Ки як қадам аз ин бурун намебарӣ.

Ба ҳар куҷо ки по ниҳӣ, музаффарӣ,

Ки ғамшарику раҳнамову раҳбарӣ.

Дирафши ковиёнӣ шуд ба дасти ту,

Ливои мост рӯҳи бешикасти ту,

Ҳазор ҳад буридаву шикастӣ ту,

Сабти шараф ба номи мо бувад, ки ҳастӣ ту,

Ту Рустами замонаиву сафдарӣ.

Ба ҳар куҷо ки по ниҳӣ, музаффарӣ,

Бародариву раҳнамову раҳбарӣ.

Ҳамеша дар суботи халқу кишварӣ,

Мудом бар нишоти хонаву дарӣ,

Худо ягона холиқ асту бандапарварӣ,

Ба ҳар амал, ки даст занӣ, музаффарӣ.

Ба ҳар куҷо ки по ниҳӣ, музаффарӣ,

Бародариву раҳнамову раҳбарӣ.

аз 10
навбатӣ