«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.
Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа
ОРЗУ
Ба духтарам Беназир
Шукр гӯям, шукри ту, ай духтарам, шукронаам,
Нозанини хонадонам, гавҳари якдонаам.
Қудрату нерӯи худро ман бубахшам баҳри ту,
То шавӣ ту номбардори замон, ҷононаам.
Ҳарчӣ хоҳӣ, мекунам баҳрат муҳайё, духтарам,
То шавӣ номовари имрӯзу фардо, духтарам.
Шав мубориз дар талоши қисматат ҳам бас бузург,
Фахр созад аз талошат то ки дунё, духтарам.
Аз Худо дорам талаб, то бахшадат умри дароз,
Бошӣ андар зиндагонӣ комёру бениёз.
Номбардори Ватан, шаҳдухтари миллат шавӣ,
Сарбаланду номбардор дар ҳама шебу фароз.
ФАСЛИ ТАНҲОӢ
Оламе сармову барзан барфпӯш,
Хонаи дил сарду холиву хамӯш.
Мечакад аз бомгӯша бошитоб
Ҳамчу ашки нӯги мижгон қатра об.
Офтоб дар гӯшае ранги нигин,
Мисли ман танҳову камнуру ҳазин.
Сахту сангин аст танҳоии ман,
Кас чӣ донад дарди раҳпоии ман.
Боз ин Шоҳонаро як фасли сард
То зимистон монд – танҳоиву дард.
АЗИЗ
Ҷонам, ки ширин ба хосу омам,
Бидҳанд магар ба ҷойи вомам?
Шоҳону Расулу бандагонро
Як оламу қисмати тамомам.
Бо амри Худо ба ҳар тан оям,
Ақлу дили марду зан сароям.
Берун равам ар, ки барнагардам,
Ин аст ҳидояти Худоям.
Рӯҳ аст, ки аз назди Худо аст,
Дар байни тану Ӯ раҳнамо нест.
Ҷое, ки бувад Расули барҳақ,
Ин ҷой бидон, ки ҷойи мо нест.
АРӮСӢ
Он шаб, ки шоҳ будиву Шоҳона мегирист,
Бо ман, ҳар он чи буд дар ин хона, мегирист.
Дебои пар ки дар тани моҳи ту месуруд,
Дар бар маро шоҳии фарғона мегирист.
«Як лаҳза бо туам чу дар ин тахти зарнигор»
Аз бастаи хайёлиам афсона мегирист.
Гӯшвораҳою ҳалқаи садрангу саднигор,
Дар рӯйи фарш чаллаю дастпона мегирист.
Бо ин алам, ки як зани гесӯбуридаам,
Дар мотами чиҳил кокулам шона мегирист.
Дар тахти зарри садр дигар кас ҳаменишаст,
Аз даст рафт мулки бахт, Шоҳона мегирист.
БЕГОНА
«Боз гӯ, эй ба канори дигаре хуфтаи ман,
Чӣ кунад бо ғами ту ин дили ошуфтаи ман»
Ту ҳамон буда, ки дар тантанаи ҷому сабӯ
Ба дигар кас задаӣ рози ба ту гуфтаи ман.
Чу ба найранг шудӣ, қалби ту носуфта бимонд,
Гавҳари ҷон шуда ин санги дили суфтаи ман.
Ай, ту Шоҳона, гадоёна дигар ҳеҷ маё,
Маталаб хонаи дил аз ҳама чиз рӯфтаи ман.
МОДАР
Бо чеҳраи пуркидаву бо дидаи чор
Ту такя ба ҷои ман занӣ бар девор,
Бо пираҳани сафед монандаи ҳур
Арзат ба Худо бариву армон ба мазор.
То Поктаоло шунавад рози туро,
Бо амн пазирад ду кафи бози туро
Шоҳонаи ту худаш нигаҳбон бошад
«Он сарвқади хушрӯву хушнози туро».
Дар пичаву докаи сафедат ҷонам,
Дар ларзиши ҷисми барги бедат ҷонам.
Гӯё, ки Худои ломакон дар дили туст,
Дар қалби накӯи пурумедат ҷонам.
ТАҲРИРИ ҚИСМАТ
Мекушоям синарову мекашам тор
Рӯи дафтар, мешавад девони ашъор
Дафтаре пур аз сиёҳӣ,
дафтаре аз марди бедил,
Рӯзгорони гузашта, печутоби пору перор.
Дафтари ман сарбамӯҳр аст
Ҷуз Абӯбакрам1 варо марде надида,
Ӯ ба тарзи хеш таҳрираш намуда,
Ки намедонам чи таҳрир аст,
Сурате ҳам рӯи он некӯ кашида.
Чун адаб додам варо, бо қаҳр
Соате пас дар сатили об
Дафтари ашъори ман мешуст,
Ранги озору нигоҳи пори ман мешуст,
Дар хиёлам дар вуҷудаш
Ворисе, меруст аз паси сад соли танҳоӣ.
Қатраҳои ашк аз дида
Нақш монда дар бари рухсор,
Пеши пои ворисам мерехт,
Пеши пои ҳокими ашъор.
ПАДАР
Падарам ҳар гаҳе меомад
Баҳри дидори духтари сода.
Балки ӯ содатар меангошт
Рӯзгори шаҳри озода.
Мӯза дар по, дар сараш дастор,
Бар танаш ҷома, дар миён локӣ,
Пуштвораш лингаи мева
Ҳамчунон мӯйсафеди қишлоқӣ.
Бо риши сафед дар миёнаи шаҳр
Сӯфиандом буду парешонҳуш.
Аз ҳама кас Шоҳона мепурсид,
Ҳайратӣ буд бо бузургии тӯш.
Ин ҳаводис навиштаму бурдам
Пеши як сардабири рӯзнома
Гуфт: мамнӯъ аст андар шеър:
Мӯзаву дастору локию ҷома.
Падари барзгарам пайванд аст
Бо Каломи шарифу белу каланд.
Дар китоб ҷо наёфт, ҳангоме
Дар замона набудаш ҷойи баланд.
КУҶОӢ?
Ман туро, рози туро мехоҳам,
Ту куҷоӣ, ки биёӣ?
Ман туро, нози туро мехоҳам,
Интизорам, ки биёӣ.
Дилам аз нолаи ҷонат рақсид,
Зи шарори нигаҳат чашмонам.
Туи сарсону надонам чи кунам,
Бо дили рӯи раҳат ҳайронам.
Ман туро, рози туро мехоҳам,
Ту куҷоӣ, ки биёӣ?
Ман туро, нози туро мехоҳам,
Интизорам, ки биёӣ.
Сӯхтан аз алами ҳиҷронат,
Ба Худо, ҳаст гуворо бари ман.
Ишқи ту доди Худоям бошад,
Гармии меҳри ту дар пайкари ман.
Чеҳраи бози туро мехоҳам,
Ту куҷоӣ, ки биёӣ?
Савту овози туро мехоҳам,
Беқарорам, ки биёӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё