Зеҳн
«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.

Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲАЛҚА БАРГӮШ

Баҳори зиндагӣ рӯи ту дорад,

Дили ман майл бар сӯи ту дорад.

Вуҷудам ҳаст девони Худованд,

Ҳама ашъори ман бӯи ту дорад.

Маро чашмони ҷодуи ту мекушт,

Маро пайванди абрӯи ту мекушт.

Куҷо будам, ту Шоҳи ҳалқабаргӯш,

Агар оғӯши дилҷӯи ту мекушт?

ОҲ!

Донаи ашкам ба рӯи санг рехт,

Оташин гардид қалби санги раҳ.

Сӯзише берун дамид аз синаам,

Даргирифтам сар ба сар, ҳам таҳ ба таҳ.

Ресмони дида бастам бар дарам,

Оқибат оӣ ба сӯи хонаам.

Дидам омад мард, марди бениёз,

Лек, ҳайфо, ман аз ӯ бегонаам.

Менависам шеър, мешуст ашки ман,

Доғҳои синаву дарди маро.

Бори вазнине зи дӯшам канда шуд,

Оҳи холӣ мефишорад синаро.

Оҳ мегӯям зи дасти ошиқӣ,

Оҳ, аз ин ашку дили ғамхонаам.

Сӯхтам, як сина армонҳо бисӯхт,

Пур зи дарди ишқи ту паймонаам…

ДИЛИ САРКАШ

Баҳор омад, муборак навбаҳорон,

Аё маҳбуби раҳдури дили ман.

Биё, то лола чида даста-даста,

Бупечемаш ба даври кокули ман…

Миёни дилбарони сустпаймон

Паёпай мечашӣ май аз лаби ҷом.

Тасалло медиҳам дилро, ки рӯзе

Ту ҳам хоҳӣ чашид аз он лабу ком.

Вале охир намесозад маро гӯш,

Аҷаб саркаш, дили девона дорам.

Миёни синаам ҷояш намудам,

Бубин чи душмане дар хона дорам.

Шабу рӯзам ҳама якранг гашта,

Надонам то куҷо азми сафар кард.

Натонам як қадам бигрезам аз ӯ,

Хиёлаш зиндагӣ зеру забар кард.

Баҳор омад, баҳори ишқу умед,

Миёни лолахун танҳоям афсӯс.

Куҷо рафтӣ, куҷо Шоҳонаи ишқ,

Наёбам бе ғами ту ҷоям имрӯз…

СОҲИБ ҒУРУР

Хиёлам аз барои ман ту умре пок хоҳӣ монд,

Зи ман умре ҷудою бо мани дилчок хоҳӣ монд.

Ту мехоҳӣ, ки бошам лаҳзае гармии оғӯшат,

Дареғо, ки маро бо ин ҳавас бар хок хоҳӣ монд.

Мазан пузханд, раҳгумам миёни оташи ишқат,

Миёни чорсӯи умр танҳо ман, ки нолонам.

Аё соҳибғурури ман, биё аз дафтари қалбам

Тую номи туро ҳар соату ҳар рӯз мехонам.

Биё, ашки маро бо панҷаи мардонаат кун пок,

Биё, назди ману асрори ишқи хешро во кун.

Биё, Шоҳона бахшояд туро гармии ишқи хеш,

Бигир онро ба чашму дар дилу дар синаат ҷо кун!..

НИЁЗ

Сарам савдоии кӯи ту гашта,

Дилам побанди гесӯи ту гашта.

Манам як солике дар роҳи ишқат,

Ки ҷонам дар сари мӯи ту гашта.

Биё, бахшам ман аз шаҳди лабонам,

Ки то донӣ, чиро дорост ин зан!

Чӣ қудрат дораду аз чист раҳгум?

Туро, танҳо туро авлост ин зан.

Машав масти ду чашми фитнаангез,

Ки месӯзад туро бо як шарораш.

Биё, дар гармии оғӯши ман сӯз,

Шабе танҳо намо худро нисораш.

Ман аз ту ҷуз вафои дил нахоҳам,

Ки баҳри ман азизу бебаҳоӣ.

Набахшидат агар Шоҳона шаҳде,

Ту аз савдои дил ёбӣ раҳоӣ?

ТИЛОВАТ

Биё, барои ман тарона хон, таронахон,

Ки беҳтарин сухан ҳикоят аз забони туст.

Биё, барои ман фасона гӯ, фасонагӯ,

Ки беҳтарин калом,

Ривоят аз даҳони туст.

Биё, ҳадиси ишқро ба гӯши ҷони ман бирез,

Ки беҳтарин паём тиловат аз забони туст.

Лабони ту, даҳони туст!

ҲАЙРАТ

Биё, Хуршеди ман, ҳамранги ҷонам,

Биё, Наврӯзи ман, ҳафтранги хонам.

Садо эй абр, эй борон, эй раъд,

Бикун ҷӯр бо наво оҳанги шонам.

Бигӯ аз хандаи гул, савти булбул

Ки нуре барҷаҳад аз санги ҷонам.

Биё, бар милкам овез аз раҳи нанг,

Ки бори бурди ин миннат натонам.

СИДҚ

Оҳанги дигарат буд, аз ман фирор дорӣ,

Оё магар чунин аст оини дӯстдорӣ?

Гармии оғӯшамро ба сардиҳо фурӯхтӣ,

Рӯшании диламро кардӣ бадал ба торӣ.

Бадгӯии заифон бар худ шиор кардӣ,

Бо ин ҳама футувват худ мард мешуморӣ.

Гулвори нозанинро мӯҳр бар ҷабин ниҳодӣ,

Бар зан чи сахт бошад доман ба доғдорӣ.

пешина
аз 10
навбатӣ