АТО МИРХОҶА

– Бобоҷон, мана ардин. Ранг кунеду тезтар ба мо мӯкӣ дӯзед.
Бобо гиёҳро гирифту гуфт:
– Барои ин аввал рангро тайёр кардан лозим.
– Уфф, ҳамин хел шакем, намешавад?– дили Озода тамоман танг шуд.
– Не да,– посух дод Бобо.
– Боз чӣ кор кунем?– Озод ҳам сабрашро аз даст дод.
– Болои бухорӣ дег мемонему об андохта, решаро то суп-сурх шудани об меҷӯшонем. То ҷӯшидани он шумо аз пуштаи муқобил ба ман замш биёред.
– Ин замшаш боз чист, бобо?– қариб гирякунон пурсид Озода.
– Хокаи зардранг.
– Онро чӣ кор мекунед?– пурсид Озод.
– Замш рангро дерпой мекунад.
– Дерпояш чист, бобо?
– Яъне солҳои сол меистад. Агар ба ранг замш наомезем, он тез коста мешавад.
Агар аз баҳри мӯкӣ баромада бошед, наравед.
Аз ин гап ғайрати бачаҳо ҷӯш зад.
– Не, бобоҷон, мо, албатта, замшро меорем.
– Ба пушта бароеду рост ба нази
Деҳқонамак равед. Вай дар замини лалмиаш кор мекунад. Аз вай пурсед, нишон медиҳад.
Озоду Озода ба назди Деҳқонамак давиданд. Деҳқонамак мақсадашро фаҳмиду онҳоро ба замшзор бурд.
– Фақат аз як халтача бештар нагиред, – таъкид кард вай.
– Барои чӣ?– пурсиданд бачаҳо.
– Замш хокаи камёб аст. Бигузор ба дигарон ҳам расад.
Гапи Деҳқонамак ба бачаҳо хуш омад.
Онҳо халтачаро аз замш пур карда, ба хона давиданд.
– Бобоҷон, замш овардем, акнун рангамон зӯр мешавад.
– Олӣ мешавад,– гуфт Бобо ва чанд қошуқ замш ба дег рехту омехт. – Акнун дукорду ҷадвал биёред. То омехтани ранг ман андозаи поятонро гирам.
Набераҳо дукорд оварданд. Бобо поҳояшонро бо ҷадвал чен карду бо дукорд пӯстро буридан гирифт. Онҳо аз шодӣ суруд замзама карданд:
Мӯкича дӯзад Бобо
Барои набераҳо.
Набераҳо бипӯшанд,
Шаванд ҳар ду зебо.
Бобо аз рӯи андозаи гирифта барои соқ, пошна ва панҷа бодиққат чарм буриду ба набераҳо рӯ овард:
– Медонед, акнун чӣ кор мекунем?
Озоду Озода баробар ҷавоб доданд:
– Медонем! Ҳоло чармҳои буридаро ранг мекунем. – Офарин, мебинам, ки ёд гирифта истодаед.
Бобо чармҳоро ба ранги гарм андохту дегро бо сарпӯш маҳкам кард. Баъд аз се соати интизории бесаброна вай чармҳои алвонроберун кашид.
– Акнун чӣ кор мекунем?– пурсид Бобо.
– Медӯзем,– гуфтанд бачаҳо.
– Не, да,– гуфт Бобо, – то дӯхтан боз як кори дигар мондааст.
– Чӣ будааст он?– дар ҷояш по кӯфт Озод.
– Наход ҳоло ҳам ба дӯхтан нарасидаем? – маъюсона пурсид Озода. – Чарм бояд хушк шавад, – гуфт Бобо,– агар хушк нашавад, сару тани дӯзандаро ранголуд мекунад.
– Ба офтоб барорем?
– Не, дар соя хушк шавад, беҳтар, офтоб чармро месӯзонад.
Рӯзи дигар, субҳи барвақт бачаҳо боборо миёнгир карданд.
– Бобоҷон, тезтар мӯкиро дӯзед, ки тоқатамон тоқ шуд.
Бобо гуфт:
– Бале, медӯзам, аммо…
– Чӣ «аммо»?– баробар нидо доданд
Озоду Озода. Бобо табассум карду гапашро давом дод:
– Аз тоқча бигизу дукорд биёред.
Озод пайи амри Бобо рафт.
– Ришта ҳам биёрам?– суол кард Озода.
– Не, ҷони бобо.
– Пас мӯкиҳоро бо чӣ медӯзед?
– Мӯкиро бо чарм медӯзем. Агар бо ришта дӯзем, дар як рӯз тикка-тикка мешавад.
Бобо аз чарм бандҳои борик бурида, парчаҳои омодакардаро бо бигиз сӯрохкунон ба ҳамдигар дӯхт. То ба қиём расидани офтоб мӯкиҳо дӯхта шуданд. Озоду Озода дар ин муддат ба монанди симоб беқарои мекарданд. Вақте ки Бобо аз ҷо хест, онҳо ба наздаш давиданд:
– Бобоҷон, боз ягон кори дигар мондааст?– бо дудилагӣ пурсид Озода.
– Бале,– ҷавоб дод Бобо,– боз як кори бисёр ҷиддӣ монд?
– Ин чӣ гап? Кори як мӯкича ин қадар калон будааст,– гуфт Озода.
– Боз чӣ коре монда бошад?– пурсидОзоди дилнигарон.
– Пӯшидани мӯкиҳо!
– Уррааа, ниҳоят соҳиби мӯкӣ шудем!
Набераҳо мӯкиҳоро пӯшида, Бобояшонро бӯсида, хурсандона ба рӯи ҳавлӣ давиданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё