АТО МИРХОҶА

ҚИССАИ САДБАРГ
Дар полези Бӯстонсаро гули Садбарг зиндагӣ мекард. Вай бародарону хоҳарон, писарону духтарон, хулоса, хешутабори бисёре дошт. Ҳар касе ин анҷумани гулҳоро медид, чашмонаш равшан, дилаш гулшан, рӯяш пурнур, ҷонаш пурсурур мегашт. Соҳибхоназан ҳар рӯз гулҳоро об медод, навозиш мекард, ҳатто баъзан барояшон суруд мехонд.
Шояд гулҳо ҳамин хел солҳои зиёд бо фароғат зиндагӣ мекарданд, агар ҳодисае рух намедод…
Як субҳи офтобии баҳорон мардеву зане ба полез даромада, чанд радда гул шинонда рафтанд. Пас аз рафтани онҳо Соҳибхоназан гулҳои навро обу ғизо дод, сарашонро сила кард ва то дер гоҳ ба онҳо машғул шуд. Аз чунин рафтори вай дар дили Садбарг рашк афтод. Дилаш танг шуд, сараш гаранг шуд. Вақте соҳибхона рафт, Садбарг ба гулҳои навомада ситезид:
– Шумо кистед ва дар замини ман аз баҳри чистед?
– Могулҳоем, гулҳои зебоем, номамон Лола, лолаҳои дилороем, – ҷавоб доданд онҳо.
– Шояд зебо бошед, дилоро бошед, аммо гул нестед.
– Барои чӣ гул набудаем? – ҳайрон шуданд лолаҳо.
– Гул мебудед, бамонанди ман мешудед, – посух дод Садбарг,
– оне, ки ба мисли ман набошад, аз зоти гул аслан набошад. Лолаҳо ҳайрон шуданд, ҳамдигарро пурсон шуданд:
–Наход мо гул набошем?
– Нестед! – хитоб кард Садбарг, – гул боядман барин як қомати баланд, сад барги дилписанд дошта бошад.
– Мо қомати баланд, баргҳои дилписанд дорем, – ба як овоз эътироз карданд лолаҳо.
– Қадатон чун қади ман, баргатон чун барги ман нест, – паст наомад Садбарг.
– Полез полези сад баргҳост,будани лолаҳо норавост! Лолаҳо сархам шуданд, мулзам шуданд, пурғам шуданд ва гуфтанд:
– Мерасад рӯзе, ки мо гул буданамонро исбот мекунем.
Боз як субҳи офтобӣ мардеву зане ба Полез даромада, як радда гул шинонда рафтанд. Соҳибхона гулҳоро об дод, ғизодод, сарашонро сила кард, рашки Садбаргро овард. Дилаш танг шуд, сараш гаранг шуд.
Чун Соҳибхона рафт, Садбарг ба ситеза гуфт:
– Шумо кистед ва дар замини ман аз баҳри чистед?
–Мо гулҳоем, гулҳои зебоем, номамон Бобуна, гулҳои тиллогуна, – ҷавоб доданд онҳо.
– Шояд зебо бошед, ба мисли тилло бошед, аммо гул нестед.
– Барои чӣ гул набудаем? – ҳайрон шуданд бобунаҳо.
– Гул мебудед, ба монанди ман мешудед, – посух дод Садбарг, – оне, ки ба мисли ман набошад, аз зоти гул аслан набошад.
Бобанаҳо ҳайрон шуданд, ҳамдигарро пурсон шуданд:
– Наход мо гул набошем?
– Нестед! – хитоб кард Садбарг, – гул бояд ман барин як қомати баланд, сад барги дил писанд дошта бошад.
– Мо қомати баланд, баргҳои дилписанд дорем, – ба як овоз эътироз карданд лолаҳо.
– Қадатон чун қади ман, рангатон чун ранги ман нест, баргатон чун барги ман нест, – паст наомад Садбарг. – Полез полези садбаргҳост, будани бобунаҳо норавост!
Бобунаҳо сар хам шуданд, мулзам шуданд, пур ғам шуданд ва гуфтанд:
– Мерасад рӯзе, ки мо гул буданамонро исбот мекунем.
Чанд рӯз пас ҳамон марду ҳамон зан ба Полез даромада, боз як радда гул шинонда рафтанд. Соҳибхона гулҳоро об дод, ғизодод, сарашонро сила кард, рашки Садбаргро овард. Дилаш танг шуд, сараш гаранг шуд.
Чун Соҳибхона рафт, Садбарг ба ситеза гуфт:
– Шумо кистед ва дар замини ман аз баҳри чистед?
– Мо гулҳоем, гулҳои зебоем, номамон Мехак, гулҳои дилороем, – ҷавоб доданд онҳо.
– Шояд зебо бошед, дилоро бошед, аммо гул нестед.
– Барои чӣ гул набудаем? – ҳайрон шуданд мехакҳо.
– Гул мебудед, ба монанди ман мешудед, – посух дод Садбарг, – оне, ки ба мисли ман набошад, аз зоти гул аслан набошад.
Мехакҳо ҳайрон шуданд, ҳамдигарро пурсон шуданд:
– Наход мо гул набошем?
– Нестед! – хитоб кард Садбарг, – гул бояд ман барин як қомати баланд, сад барги дилписанд дошта бошад.
– Мо қомати баланд, баргҳои дилписанд дорем, – ба як овоз эътироз карданд лолаҳо.
– Қадатон чун қади ман, баргатон чун барги ман нест, – паст наомад Садбарг.
– Полез полези садбаргҳост, будани мехакҳо норавост!
Бобунаҳо сархам шуданд, мулзам шуданд, пурғам шуданд ва гуфтанд:
– Мерасад рӯзе, ки мо гул буданамонро исбот мекунем.
Боз як рӯзидигар он марду он зан як радда гули дигар шинондану рафтанд.
Дар Полез ҷой намонд. Дили Садбарг танг шуд, сараш гаранг шуд. Чун Соҳибхона рафт, Садбарг ба ситеза гуфт:
– Аз дасти шумо рӯз дорем ё не?
Шумо кистед ва дар замини ман аз баҳри чистед?
– Мо гулҳоем, гулҳои зебоем, номамон Наргис, хубу дилороем, – ҷавоб доданд онҳо.
– Шояд зебо бошед, ба хубу дилоро бошед, қимат аз тилло бошед, аммо гул нестед.
– Барои чӣ гул набудаем? – ҳайрон шуданд наргисҳо. – Гул мебудед, ба монанди ман мешудед, – посух дод Садбарг, – оне, ки ба мисли ман набошад, аз зоти гул аслан набошад.
Наргисҳо ҳайрон шуданд, ҳамдигарро пурсон шуданд:
– Наход мо гул набошем?
– Нестед! – хитоб кард Садбарг, – гул бояд ман барин як қомати баланд, сад барги дилписанд дошта бошад.
– Мо қомати баланд, баргҳои дилписанд дорем, – ба як овоз эътироз карданд лолаҳо. – Қадатон чун қади ман, рангатон чун ранги ман нест, баргатон чун барги ман нест, – паст наомад Садбарг. – Полез полези садбаргҳост, будани наргисҳо норавост!
Наргисҳо сархам шуданд, мулзам шуданд, пурғам шуданд ва гуфтанд:
– Мерасад рӯзе, ки мо гул буданамонро исбот мекунем.
Рӯзе набуд, ки Садбарг бо лолае, бобунае, мехаке, наргисе хархаша накунад. Ин асабоният ба тамоми садбаргҳо таъсир гузошт. Онҳо зард шуданд, пурдард шуданд, пургард шуданд.
Рӯзе он зану он марде, ки гулҳоро шинонда буданд, ҳамроҳи Соҳибхона ба полез даромаданд. Зан ба Соҳибхонагуфт:
–Мо барои як озмун акси гулҳои зеборо гирифта, ба намоиш мегузорем.
Бигузор, одамон тамошо карда, ба ҳусну тароваташон баҳо диҳанд.
Дар миёни гулҳо шӯру валвала бархост. Онҳо аз шодӣ қомат рост карда, арғушт мерафтанд, то зебоию раъноии худро бештар нишон диҳанд. Зану мард ҳамаро сурат гирифтанд, аммо ба сари садбаргҳо омада, оҳи ҳасрат кашиданд.
– Вой-вой, ҳоли ин садбаргҳоро бинед! – хитоб кард зан.
– Магар инҳоро об надодаед? – пурсид мард Соҳибхонаро.
– Не, ҳамаро баробар об медиҳам, – ҷавоб дод Соҳибхона, – аммо, намедонам, инҳо барои чӣ хушку хазон мешаванд?
– Мо аввал ҳамин садбаргҳоро намоиш доданӣ будем, лекин нашуд, инҳо ҳатто ба гул ҳам монанд нестанд, – афсӯс хӯрд зан.
Мард гуфт:
– Чанд боре, ки омадем, инҳо тару тоза буданд, чаро якбора хазон шуда бошанд?
– Ба фикри ман, садбаргҳо ҳамсоягии гулҳои дигари шинондаамонро қабул карда натавонистанд. Барои ҳамин аз сабзишу нумув монданд.
Натанҳо одамон, балки гулу гиёҳҳо ҳам рашку ҳасад доранд. Онҳо гумон мекунанд, ки бо ҳамин ҳарифашонро азоб медиҳанд. Аммо намедонанд, ки худашонро хӯрда-хӯрда, хазон мекунанд.
Одамон рафтанд. Садбаргҳо гирён, гулҳои дигар ҳайрон монданд.
– Дар ёдат бошад, мо гуфта будем, ки гул буданамонро исбот мекунем, – фарёд кашиданд лолаҳо.
– Имрӯз маълум шуд, кадоме аз мо гул будаасту кадоме не, – шодӣ карданд бобунаҳо.
– Ту ҳам мисли мо набудӣ, лекин мо чизе нагуфтем-ку! – нидо бароварданд мехакҳо. Ин асно гули Наргис, ки наздиктарин ҳамсояи Садбарг буд, даст боло кард ва гуфт:
– Хомӯш! Садбарг моро ҳам гул нашуморид, вале ман вайро таъна намезанам. Ҳарчи буд, гузашт. Мо бояд ба садбаргҳо ёрдам кунем, ки аз навшукуфону хандон шаванд.
– Чӣ хел? – баробар овоз бароварданд гулҳо.
– Гапи гуфтаи Садбаргро фаромӯш карда, рафторашро мебахшем. Ҳамсояҳо бояд гуноҳи ҳамдигарро бибахшанд, набошад зиндагиашон талх мегардад.
– Мо ҳам садбаргҳоро бахшидем, – гуфтанд гулҳои дигар.
Аз ин гапи асроромез дар тани садбаргҳо ҷон дамид.
– Мо ҳам аз ҳар яки шумо, гулҳои муҳтарам, узр мепурсем, – гуфтанд садбаргҳо. – Минбаъд гулҳоро ҳамон тавре, ки офарида шудаанд, бояд шиносем.
Баъди як ҳафта Марду Зан ва Соҳибхона ба Полез омаданду садбаргҳоро тару тоза, шукуфону хандон, ботаровату болатофат дида, ҳайрон шуданд.
– Бай, бай, – хитоб кард Мард, – ин садбаргҳоро нигаред!
– Як олам зебоӣ! – Зан ҳам ба сарашон давид. – Чанд рӯз пеш хазон буданд, ҳоло шукуфону гулафшон.
Марду Зан бошавқу завқи тамом садбаргҳоро сурат гирифтанд. Соҳибхона гуфт:
–Гулҳо ба ҳамдигар зиндагӣ карданро ёд гирифтанд. Дӯстию эҳтиром онҳоро аз ҳалокат наҷот дод.
Мард гуфт:
– Мо акси садбаргҳоро дар қатори зеботарин гулҳо ба намоиш хоҳем гузошт.
Аз ин хабар садбаргҳо ба рақс даромаданд. Гулҳои дигар низ ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Дӯстӣ танта намекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё