ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.
Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа
ТАНЗИМ
Ҳар як падару модар дар дил ҳавасу армон дорад, ки баъди ба воя расидани фарзандонашон онҳоро сарбаландонаю бетӯхтутоб хонадор намояд. Писарро зан додану духтарро баобуру ба шавҳар баровардан давлати калон аст, зеро духтарбонӣ - қалъабонӣ гуфтаанд.
Бисёриҳо ин корро баъди ба ҳамсояҳо додани оши наҳор дар тарабхонаҳо ташкил мекунанд, ки кисаи тӯйдор мисли халтаи орди пуштурӯ такидагӣ холӣ мешавад. Болои дастархон дар он ҷо ғайр аз шири мурғу пои мор дигар ҳамаи анвои хӯроквориҳо дорад. Дар масъалаи ҳофизон низ агар онҳо номӣ набошанд, гапу калочаи бисёре шуданаш мумкин, ки соҳиби тӯйро дар хиҷолат мондаю маҷбур мешавад, қарзу қавола намуда, як сарояндаи машҳурро гирифта биёрад, ҳарчанд чойчақаи он миёншикан асту колаи ноёвамӣ. Баъди ин кас ду даст дари бинӣ мемонад, вале чӣ илоҷ?
Марде сари писарашро ҷуфт карданӣ шуда, дар балои дусара монд.
- Яккаю ягона писарамонро хонадор мекунему наход сарояндаҳоро қаҳт зада бошад, ки ту ҳофизони лақу пақи шуъбаи фарҳанги ноҳияро биёрӣ? - ба сари шавҳараш арбада кард зан. Мардум чӣ мегӯянд?
- Мефаҳмаму қудрат ба тавоноӣ мегӯянд, - ҷавоб дод шавҳар. Пойро чени кӯрпа дароз кардан лозим. Ба хаёлам оши наҳор додем, ҳамин бас буд. Тарабхонаравию харҷу хароҷоти зиёдатӣ ба кӣ даркор? Охир, замона дигар шудаасту сад афсӯс, ки онро шумо занакҳо намефаҳмед.
Як чизро сарфаю сариштакорию танзим мегӯянд. Агар онро риоя накунем, гап мерасад. Ба шумо монанд, пеши пою ордбезону чодарканон ва ҳалвобаракро мисли пештараҳо ба гардани мардҳои бечора сарборӣ мекунад.
- Тазмин, э танзим - панзим саратро хӯрад, - шамшери забонро аз ғилоф боз баркашид завҷааш. Гапи ман якто! Ягон ҳофизи зӯрро ёфта биёр, набошад, пагоҳ ба рӯи ҳамсояҳо чӣ хел нигоҳ мекунам? Намегӯянд, ки писарашон лоиқи як ҳофизи ҳалол набудааст?
Шавҳар пушти сарашро хорида – хорида, маҷбур шуд, ки ягон ҳофизи ба қавли ҳамсараш таърифиро гирифта биёрад, то базми кӯрдуди гурум шавад, зеро обат бубарад, оби калонат бубарад мегӯянд.
Гапи кӯдаку занакро гиред, каппаатон месӯзад.
Мардакро оби калон набурда бошад ҳам, барои риоя накардани қонуни танзим ҷаримаи калон бастанд...
ОЗМУН
Дар озмун ғолиб баромадани довталаб мояи ифтихор асту сарбаландӣ. Падару модару хешу ақрабо низ аз он шод мешаванд. Хусусан, ҳамсинфон дар куртаҳояшон намеғунҷанд. Охир, чӣ тавр мамнун нашаванд, ки ғолиб солҳои зиёде ҳамроҳашон якҷоя хондааст. Баъд, роҳбари синфу онҳо низ дар тайёр шудани вай ба ин чорабинӣ каму тум бошад ҳам, ҳисса гузоштанд. Ба қавле маводҳои даркориро ба ӯ аз таги замин ёфта доданд.
Сафар баъди аз озмун баргаштан бо падар маслиҳат намуда, ният дошт, ки ба ин муносибат як маъракачаи одии хоксоронае ташкил намуда, ҳамсинфонашро даъват намояд, вале аз пеш ғӯзакашӣ баромад. Раис падари
Сафарро, ки яке аз тобеонаш буд, ба наздаш ҷеғ зад.
- Сағераат дар озмун ғолиб баромаду ба лаб кулух молида гаштаӣ,
- киноя зад вай.
- Чӣ кор кунам, раисҷон, - аз ҷой хеста пурсид падари Сафар.
- Ягон зиёфатчаи чор кас медидагӣ ташкил намоӣ, дар баданат қазамуқ мебарояд?
- Хуб шудааст, раисҷон, - гӯён падари Сафар аз ҳуҷраи раис баромаданӣ шуд, ки сардор ӯро аз роҳ баргардонд.
- Дар ин маърака одамони одӣ не, балки лумб - лумбҳо иштирок менамоянд. Боз нашавад, ки ҳамаро дар хиҷолат мондаю шарманда созӣ? Димоғи онҳо аз пӯсти пиёз тунуку нозуктар аст.
- Қудрат ба тавоноӣ,
- хоксорона ҷавоб дод падари
Сафар. - Ин қадар худатро уволак нагир, - ин дафъа бо оҳанги дурушттар пошна зад раис. Қудрат ба тавоноӣ будааст-а? Ту дар хонаат хук надорию бас.
- Як илоҷ мекунем, раисҷон, - ҷавоб дод падари Сафар.
- Дар болои дастархонат бояд гӯшти бедонаю кабку гулмоҳӣ бошад, вагарна калонҳо меранҷанд.
Падари Сафар гаранг шуда, пушти сару нӯги биниашро хорида – хорида хост чизе гӯяд, вале сардор ба даҳонаш сурғуч зад.
- Хасисӣ карда, боз коняку арақҳои арзонакакро болои дастархон қатор накунӣ, ки кафшакҳоятро пеши поят мемонам. Гизалагии маро худат нағз медонӣ!
- Падари Сафар андешид, ки чӣ кор кунад? Маблағи аз озмун гирифтаи писараш ба ними мағзу чағзу нуқлу мавизи гуфтагии сардор намерасад, ҳайфини чизҳои дигар.
Боз писараш ҳамсинфонашро ба шабнишинӣ ҷеғ заданист.
Худо накунад, ки ҳамкоронаш низ агар даъвои маърака намоянд, бо ин маоши қоқу воқ хонасалоту пушти луч мемонад. Маҷбур шуд, гарданашро пеши чанд нафар шиносҳояш пайтоба карда, аз онҳо бо фоиз қарзу қавола гирад.
- Ҳамин коняки таърифии гуфтагиатон аз виноҳои муқаррарии худсохти хонагӣ фарқе надорад, - ба сардор шишаро нишон дода, писханд зад яке аз меҳмонони воломақом.
Роҳбар мизбонро бад - бад песонд. Мазмун, пагоҳ хокакатро бе элак мебезам!
Болои сӯхта намакоб. Тахмини падар рост баромад.
Бар зами шабнишинии ҳамсинфони писараш боз аҳли мактабу ҳамкорони худаш низ ба гарданаш душоха савор шуданд. Баъди ҳамин Сафар аз озмунҳо қибоб шуда, гӯшашро аз онҳо кашид...
АРВОҲЗАДА
Дар замонҳои қадим зиндагӣ дар куҳистон он қадар сахту вазнину сангин буд, ки одамон ба қавле роҳгум задаю сарҳисоби рӯзгорро намеёфтанд. Барои як бурда нон онҳо ба мулкҳои дури ғарибӣ кашолаю шохмола шуда мерафтанд. Ҳарчанд роҳи дур азоби гӯр мегӯянд, ҷавонмардон ба шаҳрҳои калони Тошканду Самарқанд ва Андиҷону Марғелон ба мардикорӣ рафта, дар заводҳои пахтатозакунӣ кор мекарданд.
Икром ном ҷавоне аз падару модар фотеҳаи сафар гирифта, рӯзе ба роҳ баромад. Пурсон - пурсон то Ҳиндустон гуфтагӣ воре вай бо садуяк машаққат ниҳоят ба Андиҷон расид. Гумон мекард, ки дар Андиҷон нон ғелон - ғелон аст, вале хаёлаш хом баромад. Дар он ҷо чун гадоён хеле сарсону саргардон гашта, оқибат дар як заводи пунбакашӣ ҷои кор ёфт. Азбаски сарпаноҳе надошт, дар хонаи марде, ки вайро аз рӯи эҳтиром мардум оқсақол мегуфтанд, иҷоранишин шуд. Оқсақол ҳамон вақтҳо як навъ вазифаи имрӯзаи раиси маҳаларо иҷро менамуд. Вай духтари зебою моҳлиқое дошт, ки рашки офтобу маҳтоб буд. Икром ба вай аз нигоҳи аввал ошиқи шайдо гашт.
Духтар низ ба ӯ моил шуду хостгорҳои дигарро қабул надошт.
Модар сирру савдои духтару вохӯриҳои пинҳонии вайро бо Икром обкапак барин ҷабиду хабарро ба гӯши шавҳараш чаконд.
- Духтарамро ба шарте ба ин ҷавони куҳистонӣ ба шавҳар медиҳам, ки ба мо хонадомод шавад, - гуфт ба ҳамсараш оқсақол, зеро аз вай тоқати ҷудоӣ надорам. Икроми ошиқи беқарор он лаҳза тайёр буд хонадомод он тараф истад, ғуломи ин хонадон гардад, то ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад. Аз рӯзҳои нахустини домодӣ оқсақол аз рӯи одат ба кору рафтори вай бинӣ халонида, ӯро чун занбӯри ало неш мезад.
- Ту, сағераи куҳистонӣ, дар умри сарат одам намешавӣ,
- мегуфт.
Ҷони Икром ба нӯги бинияш расиду боре дар назди завҷааш оҳи вазнине кашида, гуфт, ки Андиҷону Марғелун садқаи як кӯчабоғи Шохорун. Ҳамсараш аз рӯи таърифу саловоти шавҳар моили ба Шохорун рафтан мегардад. Ба нею нестони падару модараш эътибор надода, ҳарду писарашро гирифтаю ҳамроҳи Икром ба ватани вай меравад. Шохорун ҳамагӣ як – ду буна дошту ягона дарахте, ки шоху навдаҳои он ҳам кайҳо хушк шуда буданд.
- Гулгашту хиёбонҳои гулрезу гулбези Шохорун, ки шумо онро ба Андиҷону Марғелон нисбат додеду аз онҳо болотар гузоштед, дар куҷост ё ҳоло ба он мулки афсонавӣ нарасидаем? - мепурсад завҷааш.
- Лайлиро бо чашми Маҷнун бояд дид, - ҷавоб медиҳад Икром. Он барои ман аз дори дунё беҳтар аст, зеро дар ин ҷо хуни нофам рехтааст. Агар нахоҳӣ, чор тарафат қибла. Ба ҳамон Адигон, э Андиҷонат гашта рафтан гир.
Завҷааш ба хотири фарзандон ба тақдир тан дода, ҳамроҳи Икрому падару модари вай дар Шохорун зиндагӣ кардан мегирад. Соҳиби се – чор фарзанд шуда, аҳли хонавода ба чорводорию молбонӣ машғул мегарданд.
Фарбеҳиро гӯсфанд мебардорад. Икром худашро гирифту99 хӯю хислаташ оҳиста - оҳиста дигар шуд. Якраву нописанду гапношунав гардид. Назараш дигар касеро намегирифт, ки аз ин волидонаш ҳам норизо буданд.
Рӯзе Икром молҳоро ба чаро бурданӣ шуд. Завҷааш дар локӣ барои вай тӯша баста, гуфт, ки мардакҷон, ҳамин шаб додоямро дар хоб дидам.
- Ту кори дигар надорӣ, ки шаби дароз додоятро дар хоб мебинӣ?
- Не, ман ....
- Чӣ ман? Ҳамон таънаю пиғораҳои падарат дар
Андиҷон кам буд, ки боз дар хобат кашола шуда, ба ин ҷойҳо омад?
- Маро нафаҳмидед, мардакҷон, - гуфт ҳамсараш.
- Шояд гӯӣ, ки додоҷонакат дар биҳиш буду дар равзаҳои ризвони он ҷо сайругашт мекард? Хестӣ, ки хобӣ!
- даст афшонд Икром ва подаро ҳай намуда ба чарогоҳ бурд.
Бегоҳӣ молҳоро оварда ба оғил дароварду хост баромада равад, лекин фалокат аз таги по хест. Аз пушт қушқоре омада чунон ба миёнаш зад, ки чаппагардон шуда, сарозер ба охурча афтод. Доду фарёди Икромро ҳамсару фарзандонаш шунида, ба ҷои воқеа давида омаданд. Вайро гирифта, тайтаю попо илоҷе карда ба хона бурда хобонданд.
- Додоям шаби гузашта дар хобам даромада, гуфт, ки ба арвоҳаш як табақ нон кунем, - хост гӯяд завҷааш дар болои сари Икром, вале мардак сухани ӯро қайчӣ кард.
- Чӣ ин қадар чокак барин чок - чок карда, додоям, додоям мегӯӣ? - нолиш кард Икром. Мемонӣ, ҷонам бо осонӣ барояд? Дар ҳамон Андиҷони сабилмонда ягон соҳибдараке ёфт намешавад, ки ба арвоҳи додоят дар панҷшанбегиҳояш об гарм кунад?
- Ман додои худамро не, балки падари шуморо дар хоб дидам, - гуфт ҳамсараш.
- Забонакатро мор газида буд, ки ҳаминро барвақттар мегуфтӣ? - ба сари завҷааш теҳа намуд вай ва ба фарзандонаш фармуд, ки рафта, ҳамон қушқори исқотиро куштаю гӯшташро хомталош намоянд.
- Худозада бошу арвоҳзада не. Чандин гирддунбаи дигарро ҳам линггардон кард, вале мазза аз қайла кайҳо гузашта буд. Икром то охири умраш фалаҷ монд...
ХАТИ КАШИДАИ ДАВЛАТ
Як вақтҳо замона он қадар серу пур буд, ки назари баъзеҳо ягон майдачӯйдаро намегирифт. Одамон ба мағоза даромада, аз фурӯшанда мепурсиданд, ки орди ҳалол дорад? Манзур аз ин орди навъи аъло буд, ки нархаш бо пули ҳамонвақта ҳаждаҳ сум буд. Гандумро касе алейк намегирифт. Ба қавле коҳ арзиш дошту гандум не.
Мардумон барои молу говҳояшон агар бекоҳу кунҷора мемонданд, ба назди раисони хоҷагӣ мерафтанд.
Ғайрат ном марде, ки бисёриҳо вайро чун одами ҳазлбоз мешинохтанд, боре ба назди раиси хоҷагии “Роҳи Ленин” – и ноҳияи Панҷ - Сафархӯҷаи Тоҳир рафт. Раис низ мисли устод Саидалӣ Вализодаю Ашӯр Сафар марди хушчақчақу зиндадиле буд, ки бозори хандаро беравған метафсонд.
- Шамоли куҷоҳо, Ғайратҷон, туро ба ин ҷойҳо паронд? - пурсид раис.
- Коҳи гови исқотӣ дар ҳамин зимистони сабилмонда тамом шуду занак ба гӯрӯғлихонӣ даромад, - ҷавоб дод Ғайрат. Агар гов баос занад, сари овозакашро мегирӣ гӯён вай маро аз хона пеш кард.
- Ҳеҷ қиссае набудааст, - вайро дилбардорӣ менамояд раис. Пагоҳ ягон мошин ёфта биёр, коҳ тани ман.
Сарбориаш ба ту кунҷора ҳам медиҳам.
Рӯзи дигар Ғайрат қасдан як мошини дарози пулманеро, ки бо он эксковаторҳоро мекашонанд, киро намуда, гирифта меорад. Мошинро дар роҳи калони пеши идора монда, мехоҳад раискобӣ равад. Худододаро ба шаби ҷумъа чӣ кор гуфтагӣ барин ҳамин лаҳза раис дастҳо паси пушт аз идора баромада, ким ба куҷое рафтанӣ буд, ки Ғайратро мебинад.
- Ҳа, Ғайратҷон, - мегӯяд ба ӯ,
- гов гум кардӣ, ки дар ин хурӯсҷеғ ба ин ҷойҳо кашола шуда омадӣ?
- Говро гум мекардам, дарди бахайр буд, раисҷон.
Гуфтам- ку коҳи чанбаршох тамом шудааст. Дирӯз наздатон бо ҳамин масъала омада будам. Магар фаромӯш кардед?
- Чаро фаромӯш мекардаам, - ҷавоб медиҳад раис ва аз Ғайрат мепурсад, ки ягон мошин - пошин овардӣ?
- Албатта, - мегӯяд Ғайрат ба мошини дарози пулмане, ки дар рӯи роҳ меистод, ишора менамояд.
Раис, ки шӯхтабиатии Ғайратро медонист, хандида мегӯяд, ки бо ин мошини дарози воҳима тобут мекашонӣ ё коҳ мебарӣ ва супориш медиҳад ба вай як чорчархаи сумзадагӣ коҳ бо иловаи кунҷора диҳанд.
Чун ҳолатҳо бо раиси давраоро дар зиндагӣ бисёр рӯй медоданд. Давлатшоҳ ном марде, ки муллогӣ дошту дар байни мардум бо лақаби Себфурӯшак машҳур буд, аз раис хоҳиш намуд ба вай як мошин коҳ диҳад.
- Шарт ҳамин, - мегӯяд раис, ман як муллои зӯр дорам. Ту бо вай баҳс намуда, агар ӯро мағлуб кунӣ, хоҳишатро иҷро менамоям, набошад, рангу раҳмати коҳро дар шаби хобат намебинӣ.
- Ман розӣ,
- ҷавоб медиҳад Давлатшоҳ.
Қарибиҳои нисфирӯзӣ раис ба хонаи Давлатшоҳ омада, ӯро ба мошин савор кардаю назди ҳарифаш Сангак ном марде, ки бояд бо вай баҳс намояд, гирифта меорад.
Сангак муллонамо бошад ҳам, саводи динӣ надошту гирифтори касалии рӯҳӣ буд. Раис ҳардуро савор намуда,103 ба адир пеши даравгарон мебарад. Чун вақти хӯроки нисфирӯзӣ буд, онҳо давра менишастанд.
- Шарт ҳамон пештара, - мегӯяд раис, - касе касеро мағлуб карда, аз давра гурезонад, як мошин коҳ мегирад.
Азбаски Сангак як қамчин девонагӣ дошт, дар баҳс мағлуб шуда, Давлатшоҳро суханони бисёри носазо мегӯяд. Вай ба дашномҳои Сангак тоб наоварда, аз давра баромада мегурезад.
- Акаи Давлатшоҳ, шартро бой додӣ,
- мегӯяд раис ба вай, зеро аз давра гурехтӣ. Аҳли маърака аз ханда рӯдакан мешаванд. Раис ба онҳо мефармояд, ки ба Давлатшоҳ як мошин коҳ додаю ӯро ба хонааш бурда расонанд.
Фаттоҳи холабачаи раис, ки дар хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи ҳамонвақтаи Коммунистӣ зиндагӣ мекард, боре ба ноҳияи Панҷ меояд. Азбаски ҳамсараш вафот карда буд, қамтуи раисро мегирад, ки ба вай зан ёфта диҳад. Раис хуб гуфта, ӯро гирифта ба хонаи Сулаймон ном марде, ки ронандаи базаи автомобилӣ буд, мебарад.
Завҷаи Сулаймон раису меҳмонро пешвоз гирифта, дастархон мекушояд.
- Ҳамин занак мешавад? – мепурсад раис баъди ба чойдамкунӣ рафтани ҳамсари Сулаймон.
- Албатта мешавад, - хурсандона ҷавоб медиҳад холабачааш. Ҷонон асту дивани тайёр.
Ҳарду чойнӯшӣ карда истода буданд, ки Сулаймон даромада меояд.
- Ин мардаки бурдангал кист? - мепурсад оҳистакак Фаттоҳи зангир.
- Додараш, - мегӯяд раис. Меҳмон хотирҷамъона ба чойнӯшӣ машғул мешавад.
Сулаймон, ки дар базлагӯӣ худро шогирди раис меҳисобид, дасту рӯяшро шуста, омада ба сари дастархон менишинад.
- Мепурсӣ, ки мо бо чӣ мақсад ба хонаи ту омадем? - мегӯяд раис машаи ханда карда.
- Нек бошад, - ҷавоб медиҳад Сулаймон.
- Мо барои хостгории хоҳарат омадем. Мана, шаҳро ҳам гирифта овардам, ки маъқул мешавад ё не?
- Вайро шумо оварда бошед, раисҷон, чаро маъқул нашавад? – мегӯяд Сулаймон.
- Ин тавр, ки бошад, маҳри келинро муайян кунед.
Сулаймон қаламу коғаз гирифта, як рӯйхати даҳқулочаи дарозе навишта ба меҳмон медиҳад, ки ҳазоруяк колои ноёвамӣ дошт. Фаттоҳ онро хонда, ҳуш аз сараш мепарад.
- Хезед рафтем, - мегӯяд холабачааш ба раис. Қалин бисёр дандоншикан будааст. Сар саломат бошад, тоқӣ ёфт мешавад.
- Фикр карда, сари тарозуи маҳрро андаке фароред, мо боз гашта меоем, - мегӯяд раис тарафи Сулаймон чашмак задаю ончунон механдад, ки китфонаш меҷунбад.
Аз маҷлиси фаъолони ҳизбӣ раис озурдахотир баромад. Шояд ба ягон кори хоҷагӣ эрод гирифта бошанд, ки вай димоғсӯхта метофт. Ба мошинаш омада нишасту ба ронандааш, ки Назархӯҷа ном дошту додараш буд, фармуд ҳай кунад.
- Ба куҷо, ака, ҳай кунам? – пурсид додараш.
- Ба қабристон, - бо ҷаҳл гуфт раис. Ронанда дигар нафас накашиду мошинро рост ба қабристон ҳай кард. Раис чӯбҳои латабандаки сари гӯрҳоро диду аз Назархӯҷа пурсид, ки маро ба куҷо овардед?
- Охир, худатон гуфтед, ки мошинро ба қабристон ҳай кунам.
Чеҳраи раис кушода шуда, ба ронанда мефармояд, ки мошинро ба идораи хоҷагӣ ронад.
Раис депутати Шӯрои Олии вақти Тоҷикистон буду рӯзе ба маҷлис рафтанӣ шуд. Дар роҳ мошинро корманди БДА қарор дода, хост ронандаро ҷарима бандад. Раис аз мошин фаромада, ба назди роҳбон рафтаю аз вай мепурсад, ки ронанда чӣ гуноҳ кард?
- Хати яклухти роҳро зер карда гузашт, - мегӯяд нозир.
- Он чи айён аст, ҳоҷат ба баён нест, -мегӯяд раис.
Ҷарима барои вай кам аст, ӯро аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намоед. Ман ба ин сағера ҳазорон бор фаҳмонда будам, ки аз хати кашидаи давлат ҳаргиз берун набарояд, вале боз ҳамон Аҳмадаки порина.
Корманди БДА хандида, ба раис роҳи сафед хост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё