ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.
Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа
НИШОТИ ТАЛХШУДА
Дар замонҳои қадим одамон асоро сӯзану кафшро ғалбер карда, бо ҳазорон азобу уқубат кашолаю шохмола пои пиёда ба ҳаҷ мерафтанд. Ҳатто пеш аз ба сафар баромадан бо дасти худ дар зиндагӣ як даҳан нон карда, оши худоиашонро медоданд, ки ин гӯё як ҷаҳон маъно доштаасту хосияташ аз ҳама беҳтар будааст. Мазмун, роҳи дур азоби гӯр асту сиҳату саломат баргаштани касро аз он мулкҳои дур Худо медонад. Лекин, ҳоло ҳаҷравӣ нӯшидани фурти ҷой шудааст. Ҳавопаймоҳои тезпарвоз дар як чашм пӯшида кушодан мусофиронро сари бод ба манзил мерасонанд. Танзим гуфта, на оши худоӣ додан лозим мешаваду на оростани маъракаҳои пурхарҷу хароҷоти пеш аз сафар.
Гӯсолаи гов чаппа омадагӣ барин кор имрӯз ранги дигар гирифтааст. Ҳоҷиёне, ки пештар ангуштшумор буданд, ҳоло якто-нимто одамони ба ҳаҷ нарафтаро тамасхуромез нишон дода, мегӯянд, ки онҳо ин мартабаи баландро ҳанӯз соҳиб нагаштаанд. Кампири хушдоманамро низ дар сари пирӣ шояд ҳамин хел баъзе занҳои аз зиёрат баргашта алов мондаю бероҳа карда бошанд, ки дар васвасаи ҳаҷравӣ афтод. Ду пойро дар як мӯза монда, талаб намуд, ки вайро ба ҳаҷ фиристонам. Гӯё аз ин савобаш ба ман бештар мерасидааст.
Арвоҳ ранҷаду хушдоман не. Пушти сарамро хорида- хорида, ноилоҷ чор тангаяк пасандози бо нӯги нохун харошидаю тарошида ҷамъкардаамро аз бонк гирифта, барои ӯ чиптаи самолёт харидам. Аз ин завҷаам, ки бе ин ҳам тоби ҷанг мекофт, андаке мулоим шуда, бори аввал дар умраш ба рӯям нимтабассум намуд.
Рӯзу ҳафтаҳои дар ҳаҷ будани кампир телефони мобилиам қарор надошту асло дам намегирифт. Бо фармони занак лаҳза ба лаҳза занг зада, аҳволи пиразанро мепурсидам, ки барои ин маблағи зиёде сарф мешуд, вале аз тарси ҳамсарам худро хушҳол вонамуд карда, ҳатто ниқ намегуфтам. Охир, дар ин синнусол ба роҳи дур рафтан барои кампир, ки офтоби лаби ҷар шудааст, магар осон аст?
-Момоҷонаш аз ҳаҷ бароямон оби шифобахши
Замзам меорад, -гӯён занак писарчаамонро сари даст бардошта, бо лаҳни кӯдакона вайро навозиш мекарду ба ман бо қираи чашм бад-бад менигарист, ки мабодо аз фиристодани пиразан ба ҳаҷ пушаймон нашуда бошам, то шамшери забонашро аз ғилоф баркашад.
Бандаро бе ин ҳам воҳима зер карда буд, чунки баъди аз сафар баргаштани кампир ҳарчанд мамнуъ аст, қарзу қавола карда, бояд маъракаи ҳоҷибинони вайро мегузаронидам. Тасбеҳу ҷойнамозу дигар савғотиҳояшро бо супориши занак аз Душанбе кайҳо харида оварда будам, зеро медонистам, ки пиразан аз ҳаҷ ду даст дари бинӣ бармегардад.
Ниҳоят рӯзи аз ҳаҷ баргаштани кампир, ки онро чун шаби лайлатулқадр бесаброна интизор будем, фаро расид, лекин болои сӯхта намакоб ногоҳ писарчаамон касали сахт шуду ба беморхона афтод. Аз ин сару калобаамро гум намудам. Чӣ бояд кард? Агар ба фурудгоҳ пешвозгирӣ наравам, занак маро аниқ хомохом мехӯрад. Ба кӯча баромада, дар роҳ тасодуфан бо як дӯстам вохӯрда,14 воқеаро ба ӯ нақл кардаму хоҳиш намудам, ки агар ба ҷои ман ба фурудгоҳ рафта, кампири табарукро пешвоз гирад, ба вай сад сомонӣ медиҳам.
-Рафту пиразан наояд чӣ? –пурсид рафиқам.
-Дар ин ҳолат сесад сомонӣ аз шири модаратон ҳалолтару ба номакатон муҳру васиқа.
-Аз серкорӣ вақтам ба сархорӣ намерасад, ҷӯраҷон, - гӯён нархи савдоро боло бурданӣ шуд дӯстам.
-Тасаввур кунед, ки боз панҷсад сомонии дигари нақд дар ҷайбакатон сайр дорад, -ҷавоб додам ман.
-Сабил монад, вақтҳои охир самолётҳо баъзан ба фалокат дучор мешаванд, -забон хоид рафиқам. Мабодо кампир боз дар яке аз онҳо савор набошад?
-Хас каму ҷаҳон пок, -гуфтам дар дил тоқипартоӣ карда ва бо умеди тезтар фаро расидани рӯзи нишот, ки дӯстам пешгӯӣ намуда буд, дар олами ширини хаёлот сайр кардаю ҳаловат мебурдам, вале андешида бароям, кайфам якбора парид, зеро ганда мурдан надорад гуфтаанд.
Ҳиллаҳои шаръӣ бисёранд. Банда бехабар ким-кадом як нимчамуллое пеш аз сафар ба пиразан гуфта будааст, ки бе никоҳ зинҳор ба ҳаҷ рафтан мумкин несту сарҳисоби корро як бало карда ёбад. Барои ҳамин бо маслиҳати духтараш кампир бо мӯйсафеде, ки вай низ ба ҳаҷ мерафтааст, пинҳонӣ ақди никоҳ мебандад.
Мақоли ганда сахтҷон мешавад, -гуфтани халқ бесабаб набудааст. Пиразан соқу саломат ҳамроҳи як мӯйсафеди бурдангале, ки барои ман тамоман ношинос буд, баргашт . . .
ҶАНГИ БЕОХИР
Оқибати ҳар як ҷанг сулҳ аст гуфтани мардум ба назарам ким-чи хел шубҳанок менамояд, зеро дар хонадони мо беш аз панҷоҳ сол боз ҳеҷ не, ки оташи ин ҷанги сабилмонда хомӯш гардад. Ба гумонам дар таърих он ҷанги дарозтарину беохирест, ки ягон фолбину дилбин поёни ин шаби сиёҳро пешгӯӣ карда наметавонад. Дуруст, ки бо мақсади сулҳу салоҳ ва фурӯ нишондани оташи ин ҷанг баъзан сари мизи гуфтугӯ менишинем, вале он фоидае намебахшад. Мухолифин бо даъвоҳои пучу беасоси худ дар як зум онро вайрон мекунанд. Хушдоманам аз хонаи домод сояи шиғ беҳтар, - гӯён мақол мепартояд, ки он чун ханҷар рост ба дилам мехалад. Духтараш бошад, шӯ - шӯробаи бари рӯ гуфта, сухани модарашро об медиҳад, ки ин болои сӯхта намакоб асту як навъ равған рехтан ба оташи ҷанг ва сар мешавад шӯри маҳшар.
Аз ду тараф гӯё аз осмони дур фаромада бошанд, болои сарам лаълиҳои парон виззӣ чарх мезананд. Дар ин лаҳза маҳлуқҳои ким аз кадом сайёраи номаълум омадаро дар симои хушдоману ҳамсарам мебинам, ки бераҳмона тарафам бо пиёла гулӯлаборон мекунанд. Ҳарчанд дар қонунҳои байналхалқӣ мамнуъ аст, кампири исқотӣ аз яроқи вазнин, яъне табақи гарони чормағзӣ истифода бурд.
Бо он ба сарам чунон фаровард, ки аз чашмонам аловак парид. Барои он ки зинда асир наафтам, илоҷе карда, худро бо сари кафидаву бинии пачақу рӯйи хуншор ба кӯча кашола намудам.
Ҷанг дар хонаи ҳамсоя ширинтар аз асал гуфтаанд.
Ҳамсояҳои кунҷкоб ба аҳволам нигариста, дарун - дарун механдиданд. Баъзе раҳмдилон бо таассуф калла ҷунбонда, мехостанд тарафамро гиранд, вале аз тарси пиразан ҷуръати даҳонкушоӣ намекарданд, чунки кампир метавонист ба сарашон ҳазору як фалокат биёраду хокашонро бе элак безад.
Хастаю шалпар болои кӯрпача ёзида, оқибати рӯзгори худро андеша менамудам. Аз Худо илтиҷо мекардам роҳи халосиро аз ин зиндагии талху пурпечутоб, ки аз он ҷонам ба нӯги бинӣ расида буд, ба ман нишон диҳад. Ҳамин вақт аз миёни девори хона ногоҳ даре кушода шуду ба он ворид гардида, ба дунёи дигар афтодам. Дидам, ки дар он кишвар аз хурд то калон ҳама сияҳпӯшу маъюсу сархаму саркашоланд. Маълум гардид, ки дар он ҷо чанд рӯз пеш шоҳи қабила фавтидаю мардум дар тараддуди интихоби подшоҳи нав дар давутозанд. Он ҷо таомулашон мисли мо райъпурсию гузаронидани маъракаи интихобот набудааст, балки дар ин маврид бози давлатро сар медодаанд. Он чун мурғи ҳумо ба сари кифти касе нишинад, вайро калону сарвари худ интихоб мекардаанд.
Мани бечораю ғариб дар гӯшаяке ҷинҷак зада, ба ин манзара бо ҳайрат менигаристам, ки мисли қиссаю афсонаҳо ногоҳ бози давлат омада, рост ба кифтам нишаст.
Аъёну ашрофи шаҳр давида омада, маро ботантана рӯйи даст бардоштаю ба қасри бошукӯҳе бурданд. Дар гармоба шустушӯй намудаю ба танам либосҳои шоҳона пӯшониданд. Ба сарам тоҷи заррин ниҳода, бурда рӯйи тахт шинонданд. Ба ин муносибат базми осмонкафе оғоз ёфт. Ҳофизону мутрибон наъраҳои ҳайдарӣ зада, суруд мехонданду духтарони паричеҳраи моҳлиқо мисли17 кинофилмҳои ҳиндӣ мавзун мерақсиданд. Баъдтар фаҳмам, минбаъд ҳамаи зару зевару симу гавҳари мамлакат бо ҳазорон - ҳазор нафар ғулому бардаҳо дар ихтиёри банда будааст.
Кайфи тамокукашиям омаду фармудам аз таги замин бошад ҳам, бароям сигорҳои паҳнбарги ғафси кубагӣ ёфта биёранд, ки президенти Англия Черчел онро дӯст медошт.
Сигорҳои “Роза” - ю “Эссе ченч” - у пенчи пештар мечокидагиям барои мани шоҳи оламгир як навъ таҳқир ҳисоб меёфт акнун. Шоҳ бояд қалён кашаду сигорҳои олисифат дуд диҳад.
Пиразану духтараш дигар ба хона барнагаштани маро фаҳмида, дар пӯстинашон кайк медарояд. Кампир барои дар куҷо будани маро донистан дари хонаи ҳазоруяк фолбинро охурча мекунад, вале ягон обдара сарашро намешӯяд. Ба ҷойи шерон рубоҳон мегарданд. Пиразан навмедона ба хонаи хоби пештараи ман, ки акнун дар он ҷо вай озодона лангар партофта буд, омада медарояд.
Тасодуфан дасташ ба ҳамон қисмати девори пурасрори хона, ки ман аз он ҷо парвоз карда, ба олами афсонавӣ рафта будам, мерасаду он кушода мешавад. Кампир, ки аз рӯйи одат ба ҳар ҷо бинӣ мехалонд, ба он ковокӣ даромада, вориди шаҳри ман мегардад. Аксҳоямро дар хиёбоне дида, аз роҳгузарон такпурсӣ намуда, мефаҳмад, ки мани гурезпо дар он ҷо подшоҳ будаам, сӯйи қаср йӯрға мезанад.
- Ман хушдомани шоҳ,
- гӯён ба нею нестони посбонҳо эътибор надода, ба қаср даромадаю рост ба наздам меояд. - Гургро ёд кунӣ, бо пояки худаш ба наздат чорпар мерасад, - гуфтам дар дил ва сигори ғафсро оташ гирондаю аз тахт фаромада, назди кампир рафтам.
Пиразан хаёл кард, ки вайро пазмон шудааму ҳозир писарвор ӯро дар оғӯш гирифта, аз ҷабинаш мебӯсам, вале хестӣ, ки хобӣ! Сигори талхабарги каб – кабуди навовардаи кубагиро ба пешониаш зер намудам, лекин кампир гӯё чи сеҳру ҷодуе дошт, ки оташи сигор ба вай кора намекард. Онро ду - се бори дигар дуд гирифтаю равшан намуда, боз ба пешониаш пахш кардам. Аҷабо, сабилмонда ба вай ҳеҷ зарару зиёне намерасонд. Баръакс, бадани ман гарм шуду ба сӯзишу хориш даромад. Аз овози нофораму дағал ва бӯи дуди ғализе нафастанг гашта, аз хоб бедор шудам. Нигарам, пиразан болои сарам қайза аст.
- Паричеҳраҳои симинбари арғуштӣ куҷо шуданд? - пакарнамою хоболуд пурсидам аз вай.
- Ман ба ту паричеҳраҳои симинбари арғуштиро дар чашмакат нишон медиҳам, Худозадаи рухбоз! - гӯён наъра кашид ба сарам кампир. Ба касофати попруси оташи онро хомӯшнакардаат қариб буд хона сӯзад, мефаҳмӣ, хона ва ба духтараш фармуд, ки як сатил оби хунук гирифта биёрад. Ҳамсарам бо ишораи модараш оби овардаашро болои кӯрпачаи сӯхтаистода не, балки дар фасли сармои зимистон ба сару рӯи мани бечора пошид, ки фиғонам ба осмон печид.
Ҷанги беохир аз нав аланга зад...
ФАРҚИ ҲОДИСА АЗ ФАЛОКАТ
Одамон сари маънои калимаҳои ҳодисаю фалокат аз нодонӣ фарқе намегузоранд. Ҳатто баъзе мандонамҳо онҳоро синониму ҳаммаънои якдигар дониста, барои як кори намешуданӣ байни худ соатҳо баҳсу талошу кашталканӣ мекунанд, вале дар асл ин тавр нест. Ҳодиса як чизи муқаррариест, ки баъзан рух медиҳад. Масалан, бигирем садамаи автомобилиро, ки гоҳҳо дар он баъзеҳо маҷрӯҳ ва ё ҳалок мегарданд, лекин фалокат . . .
Ба хонаи домод бо баҳонаи хабаргирӣ омадани хушдоман дар назар як навъ ҳодисаи одист. Ҳодисае, ки ҳарчанд аз он касе маҷрӯҳ ва ё ҳалок намегардад, аммо ташвишҳои зиёди миёншикан дорад. Баъди омадани вай қандатонро хӯрда, аз хати кашидаи ӯ берун бароед. Агар зимистон бошад, дар ҳар як ҳуҷра асбобҳои гармидиҳиро ба ҷараёни барқ пайваст менамояд, ки чархи ҳисобкунаки маблағ аз он девона мегардад. Дар хонаи мардум на ғами алову на ғами ҳезум. Яъне кундаалови печкаи деҳаро ба ёд меорад пиразан. Кай парво дорад, ки дар охири моҳ назоратчии барқ кисаи соҳибхонаро мисли халтаи орди холишуда пуштурӯ метакад.
Дар тобистон аз дасти кампир фиғони бодбезан ба фалак мепечад, зеро ӯ ба салқинии ҳавои деҳа одат кардаасту дар шаҳр бе он нафасаш тангӣ мекунад. Дар хона мо, чолу кампир, ба нони аловӣ одат кардаем, -гӯён мефармояд, ки ҳар рӯз аз бозор барояш ҳатман нони танӯрии сурхосафеди болояш кунҷитакдор харида биёрем.
Назараш маскаю ҷурғоту қаймоқҳои арзонбаҳои мағозаҳои шаҳрро намегираду онҳоро туфта мебарорад. Пошна мезанад, ки барояш аз таги замин бошад ҳам, маскаю ҷурғоту қаймоқҳои сифаташон аълоро харидорӣ намоем, зеро қиммат бе ҳикмат нест. Бачаҳои бечораро кампир дар пучоқи писта ҷой мекунад. Хандидану давутоз барои набераҳои бесари шуми шилқинаш моҳу ҳафтаҳои ин ҷо дар меҳмонӣ будани вай қатъиян манъ аст, зеро нағмаю нағомоти зиёдатиро асабҳои чун тори танбур таранги пиразан ҳаргиз намебардорад. Маро бошад, ландаҳури гӯлу гаранги ноуҳдабарое мешуморад, ки умри духтари гул барин нозуку нозанинашро хазон кардаам.
Дар ноомади кор шиша сандон шиканад. Рӯзе трансформатори кӯча вайрон шуду дами бодбезан ба дарун афтод. Ҳайронам, ки мардуми шаҳр дар ин гармои ҷигарсӯз чӣ тавр тоқат мекунанд? –ғур-ғуркунон гуфт кампир ва дасти яке аз набераҳояшро гирифта, кашолакунон ба лаби дарёча рафт. Хост дастурӯ бишӯяд, вале ҳарчанд дар доногӣ аз ҷинси зан худро Афлотуни тайёр метарошид, асрори тақдири азалиро дандони ақлаш пай карда натавонисту ногоҳ пояш лағжида, сарозер ба об афтод. Наберааш ин ҳодисаро дида, ба фиғон даромаду моҳигиреро, ки дар ҳамин наздикиҳо буд, ба ёрӣ ҷеғ зад.
Моҳигир, ки ҳунари шиноварӣ дошт, саросема худро бо либосҳояш ба дарё афканду пиразанро аз марг наҷот дод.
Дар бораи қаҳрамонии вай баъдан дар расонаҳои хабарию сайтҳои интернетӣ мақолаҳои ҷононе гулкорӣ гардиданд.
Аз он огаҳ гашта, дар вазъияти тантанавӣ ба моҳигир барои ин шуҷоаташ аз тарафи кормандони ҳолатҳои фавқулодда мукофот тақдим карда шуд. Чунин наҷотдиҳӣ барои касе, ки як умр бори гарони таънаю маломат ва нозу нузи хушдоманро мекашад, магар дар ҳақиқат фалокат нест?
ГУРӮҲИ ЗУДАМАЛ
Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад гуфтаанд.
Вазъияти молиявиям бисёр бад гашту пакар шудам. Чӣ бояд кард? То рӯзи маош боз анчаякак вақт мондааст, вале занак магар инро мефаҳмад? Чанд рӯз шудааст, ки дар хона равғану пиёзу картошка ба доругӣ намондааст, -гӯён аз зуқ-зуқи зиёд ҷонамро ба нӯги биниам расондааст.
Мушкиле нест, ки осон нашавад. Корхонаҳоеро, ки муҳлати санҷишашон кайҳо фаро расида буд, ба ёд оварда, пагоҳии барвақт ба идора чорхез задам. Муҳтоҷӣ гардани ғурурро мешикастааст. Назди раис даромада, диламро кафонидаму вазъияти бо сарам омадаро ба вай нақл кардам. Дар умрам бори аввал аз ӯ илтимос намудам, ки маро ба яке аз ҳамон корхонаҳо ба санҷиш фиристонад ва ғайри одат бо рамз ишора кардам, ки банда ҳам мардаму дар миён локӣ дорам.
- Ҳамин дардакатро барвақтар мегуфтӣ, дар чочаки ноят сурхбод мебаромад? - гӯён зарда кард ба сарам раис, ки чунин хоҳишро асло интизор набуду шояд дилаш то ин вақт аз ман милиқид. Дар корхонаҳои таги чашм кардагиат кайҳо боз шербачаҳои идора ҳуҷҷатҳои муҳосибавиро шамол дода истодаанд.
Навмед аз назди хӯҷаин баромада, ба ҳуҷраи кориам омадам. Аз маломату турғузаҳои занак ва чун занбӯри зардак нешзаданҳои сардор ғамгину бедимоғ нишаста будам, ки як рафиқи ҳамкорам ба наздам даромад.
- Ҳа, ҷӯраҷон, ин қадар дӯғи офтобзадагӣ барин турш шудаӣ? -гуфт аҳволи маро дида. - Напурс, ки насӯзам, -гуфтам ба вай рози дил карда.
Аз раис ба ягон ҷой ба санҷиш фиристоданамро илтимос намоям, қатъиян рад кард. Забони ҷумламурғонро ёфтаму аз хӯҷаини исқотиро не.
- Ту ҳоло ҳам дар гӯши фил хобӣ,
-гуфт дӯстам. Дар он ҷойҳои мегуфтагиат одамони худи раис лангар партофтаанд, зеро онҳо фоидаи маблағҳои камбудии ошкорнамудаашонро бо вай якҷоя арра мекунанд.
- Аҷиб, -гуфтам ба ӯ ки аз ин савдоҳои пасипардагӣ мани нав ба кор омада бехабар будам.
- Лекин як илоҷакаш ҳаст, -маро тасалло дод дӯстам ғамхорона.
- Ҷон, ҷӯраҷон, -хоҳиш намудам аз вай, ҳар ҳунаре дошта бошӣ, чун сиркбозон нишон деҳ, ки корҳо чатоқ асту занак дар пӯстакам коҳ ҷой мекунад. Агар бегоҳӣ дасти холӣ равам, маро дар санҷикдарӣ роҳ намедиҳад.
- Дар яке аз корхонаҳои пахтатозакунӣ, ки падари ман он ҷо сармуҳосиб мебошад, корҳои ҳисобу китоб бисёр ҷиғел аст. Вақт ёфта, то ба он ҷо рафтани санҷишгарон ту чун мутахассис ҳисоботҳояшро рафта нӯг ба нӯг мекунӣ. Ҳаққи хизмататро пешакӣ аз падарам гирифта медиҳам, то дар самовоти ҳамсарат намонӣ. Ҳам музду ҳам миннатдорӣ. Аз ин муомила об ба лаби ҷӯй баробар шуда, на сих месӯзаду на кабоб.
Девор муш дораду муш гӯш. Садои атсаи балади касе ногаҳон аз пушти дар шунида шуд, вале ба он чандон эътибор надодем, зеро магар дар фаслҳои гуногуни сол кам одамон ба бемории сарорӯ гирифтор мешаванд? Лекин нимкосаи таги коса дигар будааст. Душман дар таги нохун аст. Ҳамон сояю ҷосуси дар пушти дар тасодуфан24 атсазадагӣ, ки аз он бехабар мондем, дар таги замин мор ҷунбад, мефаҳмидааст. Парвоз карда, маслиҳатҳои ману дӯстамро бо садуяк обуранг бурда ба гӯши роҳбар мечаконад. Пеш аз рафтани ман ба завод сардор ба он ҷо алакай гурӯҳи зудамалро фиристодааст.
Ба касофати равғану пиёзи сабилмондаи занак ба рӯйхати сиёҳ афтодам…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё