Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зи тундиву дуруштӣ бош безор!

Ба ҳар кас чун расӣ ӯро салом гӯй,

Зи хӯйи хуби худ ӯро ҳамебӯй.

Бигӯй, эй шайхи Фонӣ, дар замона,

Суханҳои накӯ, чун падарона.

\* \* \* * * *

Аз Худо ҷуем тавфиқи адаб,

Беадаб, маҳрум шуд аз лутфи Раб.

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

\* \* \* * * *

Муроди мо насиҳат буд гуфтем,

Ҳавола бо Худо кардему рафтем.

Ман бо шогирдонам Ҳайдаров ва Наботов ва ҳофиз Қуллаев А. ПОРЧАҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДӮСТАМ

ЛУТФУЛЛОИ ТУРАХУҶА (ЛУТФИ ХОМӮШ)

Фарзандони азиз! Ин шахс дусти давраи ҷавонии ман мебошад. Ҳоло чор китоби шеърҳо ва достонҳояш дар дасти ман аст. Чанд мисраеро аз чакидаҳои қалами ин дустам ба Шумо пешкаш мекунам, ки аз манфиат холӣ нест.

\* \* \* * * *

«То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд»,

Дили моро хабар аз Пири Муғон хоҳад буд.

Чашми носери хасисон ҳама бо зар банданд,

Назари мо тарафи сарви равон хоҳад буд.

Мо нагирем ба каф тиру камон баҳри нифоқ,

То баҳору суману тирукамон хоҳад буд.

Санамо, хуш гузарон умри ҷавонӣ, бешак,

Ки баҳор аз гузари фасл хазон хоҳад буд.

Дил ба ҳар чеҳраи хандон ту мабанд Лутфи Хомӯш,

Хубрӯ дар ҳама ҷо моли касон хоҳад буд.

\* \* \* * * *

Кулобаму шодиям зи иршодам бин,

Аз ҳар варақи хотираи ёдам бин.

Ҳарфе зи харобиҳои хокам чӣ барӣ,

Бингар ба амал навбати бунёдам бин.

(«Кӯлоби мардхез» – достон, саҳ 135)

Кӯлобаму нанги Ориёӣ дорам,

Мардони барӯманду фидоӣ дорам.

Бо буздилу бетамизу беорияте,

Умрест барандози ҷудоӣ дорам.

(«Кӯлоби мардхез» – достон, саҳ 136).

1 Мисраъ аз Ҳофиз. ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Фарзандони азиз! Донистани таърих ва огаҳ будан аз гузаштагони миллати хеш қарзи ҳар як инсони ватндӯсту меҳнаткаш аст. Донистани қадру қимати Ватан ба ҳар як шахс шарту зарур аст. Барои мо донистан шарт аст, ки мо кистем, аз куҷо омадаем. Тамоми миллату халқиятҳои дунё орзу доранд, ки бо худ пешвое дошта бошанд, ки онҳоро дар роҳи сулҳу субот ва расидан ба қуллаҳои баланди давлатдорӣ роҳнамоӣ намояд.

Дар таърихи навини тоҷикон нахустин бор, баъд аз

Исмоили Сомонӣ миллати мо соҳиби чунин ходими давлативу ватандӯст, чун Эмомалӣ Раҳмон шуд, моро ба сӯи ваҳдату ягонагӣ раҳнамоӣ мекунад. Ӯ дар Қасри

Арбоби ба номи Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хӯҷанд дар

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябри соли 1992 ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд. Дар сухани аввалинашон ба ҳайси Раиси

Шӯрои Олӣ гуфтанд: «То даме, ки як тоҷик гуреза бошад, ман ором нестам, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозам, ки ҳамаи гурезагонро ба Ватан баргардонам».

Сарвари давлат ҳамчун як роҳбари мардумӣ саъю талош намудаанд, ки мамлакат аз асорати нобудӣ наҷот ёбад, хавфу хатари барҳам хӯрдани Тоҷикистон аз байн равад, оташи ҷанги бародаркӯш хомӯш шавад, гурезаҳо ба Ватан баргарданд.

Ҷаноби Олӣ бо хирадмандию фурӯтании хеш ба дилу дидаҳо ҷо гирифт ва дар роҳи бунёди пояи сулҳу ваҳдат муваффақ шуд. Ба ҳар гӯшаи Ватан, ки сафар мекунад, аз қадамаш мардум сарфарозанду он ҷо ба гулистон мубаддал мегардад. Маҳз устуворӣ дар вазифа,120 дӯст доштани Ватан буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта, халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, Тоҷикистонро бо як давлати орому осоишта табдил дод.

Фарзандони меҳрубон! Корномаҳои Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон, дар ободии Ватан ҳадду канор надорад.

Умед аз он дорам, ки рӯз аз рӯз, соат ба соат мамлакат ободу хуррам мешавад ва мо тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ номдору машҳур мешавем.

Аз Шумо фарзандон умед ва хоҳиш дорам, ки ҳамеша тарафдори қарору дархостҳои ҳукумат бошед. Ҳамеша баҳри ободии Ватан кӯшед. Ҳар як ҳодиса ва муваффақиятро бо чашми ҳақбинона баҳо диҳед. Ваҳдату сулҳи деринтизор 27-уми июни соли 1997, пас аз панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ, бо часпу талоши муродии сулҳи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ба даст омад. Ин Созишнома дар шаҳри Москва бо талошҳои зиёди, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имзо карда шуд. Ин сулҳи амонии Ватанро Шумо фарзандон низ мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошед.

Ман дар ҳаёт ду ҷангро дидаам ва аз нокомиҳояшон ба шумо каме ҳам бошад, маълумот медиҳам.

1. Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941 – 1945, маро аз падар маҳрум сохт. Падар барои ободии Ватан дар қисми ҳарбии коргарӣ дар ақибгоҳ, дар сохтмони канали Ҳисор иштирок карда, ба хона бемор баргаштааст ва баъди ду моҳ мо фарзандонро ба модар монда, худ ба уқбо реҳлат кардааст. Мо то дами корӣ шуданамон азоби сахти зиндагиро аз сар гузаронидаем. Ин азобҳоро ман дар боло ба қалам додаам. Гаштаю баргашта хонед ва кори худро дар зиндагӣ баҳо диҳед. 2. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри ХХ-ро аз сар гузаронидаам. Ин ҷанги бемаънӣ хонаҳоро сӯзонд, ҳазорон тифлонро бепадару модар кард, ҳазорон ҷавонони ҳузарбро ба коми худ фурӯ бурд, ҳазорон оилаҳоро вайрону бехонаю дар кард, мамлакатро ба ҳолати пасти зиндагӣ гирифтор кард. Ман худ дар деҳаи хурдакакамон ҷисми чор фарзанди ин маҳалро шӯста ба хок супоридаам.

1. Қурбонов Ҷумахон – сардори идораи амнияти ноҳияи Ёвон, писари тағоямро дар Ёвон паронидаанд.

2. Каримов Амриддин – писари духтарамакамро дар

Хӯҷанд дар дифои Ватан парониданд.

3. Ҷумаев Маҳмадулло – писари ҳамсояамон Ҷумаев

Содир дар заставаи №12 ноҳияи Шӯрообод оташ зада сӯзонидаанд.

4. Зоиров Алиҳмад – писари ҳамсоя дар синни 21солагӣ дар ҷанги Қурғонтеппа ба ҳалокат расид.

То имрӯз дар назарам хуни бадани онҳо намоён аст.

Аз ҳамаи шумо хоҳонам, ки сулҳу амнияти мамлакатро хоҳону нигаҳбон бошед.

Парвардигори олам Шумо ва ҳамаи Тоҷикистониёнро беиқбол накунад ва хушбахтиву хушрӯзиро барои мардуми мо ҳамеша арзонӣ дорад!

ТАЪКИД БА ФАРЗАНДОН

Фарзандони азиз! Зиндагӣ як дарёест, ки маҷрои каҷу килебе дорад. Агар роҳи дурусти зиндагиро касе дарёбад, хуб зиндагӣ мекунад. Агар роҳи зиндагиро дарнаёбад, дар печу тоби зиндагӣ дар монда, ба мушкилию бесомониҳо гирифтор мешавад. Бинобар ин ман

Шуморо каме ҳам бошад аз таҷрибаи зиндагии худ ва сабақҳои гирифтаи худ бархӯрдор мекунам:

1. Дунёдорӣ – сарватпарастӣ накунед, ки ин дарди қаттоли одамист.

2. Кибру ғазабро ҳамеша аз худ дур созед. Ҳамеша авф намуданро бо худ касб кунед.

3. Ҳаргиз ба молу чизи мардум, дороии одамон ҳасад мабаред. Ҳасад ба зиндагии одам зарари калон меорад.

Дар нуқтаи назари ислом – неъматҳои дунё азалӣ мебошад. Барои ёфтани дороии зиёд ҳалол меҳнат кардан лозим.

4. Дар ҳаёти зиндагӣ ғайбат ва суханчинӣ накунед.

Пеш аз айби дигарон гуфтан, одам бояд айби худро ислоҳ кунад.

Шоир гуфтааст:

«Эй бародар, манеҳ ба ғайбат рӯй,

Ки бувад рӯсиёҳ ғайбатгӯй».

Суханчинӣ низ мисли ғайбатчӣ мебошад. Суханчин – одами разилтарин мебошад. Суханчин, бардурӯғ сухани касеро ба касе расонида, дар байни ду одам фитна ба вуҷуд меорад.

Фарзандони меҳрубон! Ба ғайбату суханчинӣ дар ҳаёт роҳ надиҳед.

5. Дар рафти зиндагӣ ба рафиқон ва ҳамнишинон ҳазлҳои беҳуда накунед. Ҳазли беҳуда қадру қиммати инсонро барбод медиҳад, назди мардум қадру қиммати шахс паст мешавад.

6. Дар ҷамъият дурӯғ нагӯед, ҳамеша ростиро бо худ интихоб намоед. Аз дурӯғ гуфтан, қадру қимати одам паст мешавад, ӯро рондаи маърака мегардонад. Дар халқ мегӯянд:

«Ростиро заволе нест». Бинобар ин ҳамеша ростгӯ.

Росткор бошед. Ростгӯй байни мардум қадру қимати шахсро меафзояд.

7. Ҳаргиз мастиро пеша накунед. Бо шаробу моддаҳои мадҳушкунанда дода нашавед. Мастӣ ба хона, зану фарзандон, обурӯятон, эътиборатон зарар дорад.

Дар назди мардум ва аҳли ҷамъият беқадру қимат мегардед. Аз зиндагӣ, зану фарзанд маҳрум шуданатон мумкин аст.

8. Дар оиладорӣ, ҳамеша эҳтироми номус ва шарафи оиларо тоза нигоҳ доред. Дар тарбияи фарзандон сахтгиру бо андеша бошед. Фарзандонро хононед ва дар роҳи дурусти зиндагӣ сафарбар намоед. То даме, ки дар қайди ҳаёт ҳастед аз тарбия, назорату кору зиндагии фарзандон бехабар намонед. То метавонед фарзандонро тезтар оиладор намоед. Келинро аз оилаҳои бомаърифат интихоб кунед. Мақсад аз оила барпо намудан, насл ба дунё овардан мебошад.

Фарзандони ба дунё омадаро номи неку замонавӣ гузоред, то ин ки дар зиндагӣ онҳо аз номи худ шармгину хиҷил набошанд.

Дар рафти зиндагии оила ба рафтори зишти «Зино» роҳ надиҳед ва оиладории худро расвою шармсору пешпои мардум насозед.

9. Дар зиндагии худ ба фарзандон, хешон, ҳамсояҳо ва дигар табақаҳои бо худ наздик рафту омад ва гуфту гузори некро пеша кунед.

Дар ҳамсоядорӣ ҳамеша хислату рафтори некро бо худ касб кунед. Ҷангу ҷидол ва тарафкаширо дар ҳамсоядорӣ ба худ роҳ надиҳед. Дар ҳамаи маъракаҳои ҳамсояю хешон иштирок намоед ва бо қадри тавоноӣ ёрӣ диҳед. Ин гуфтаҳоро бо фарзандони худ талқин кунед.

10. Дар зиндагӣ аз ягон кори паст яъне кори мушкили дастӣ кам наоед. Ҳама кор барои зиндагӣ мебошад.

Дар ёфтани ризқу рӯзии худ ҳамеша ба кор машғул бошед. Ҳосили ба даст омадаро байни худу хешон бо ҳам бинед, фарзандони ҷудо зиндагӣ мекардагиро фаромӯш накунед.

Аз кӯдакӣ ман бепадар калон шудаам. Падарро он қадар дар ёд надорам. Модар барои ман яктою тарбиятгар буд. Ятим ҳаёт ба сар бурдаам. Фаҳмидам, ки ҳаёт, зиндагӣ пасту баландиҳои зиёде дорад. Ҳаёти ятимони давраи ҷангу баъди ҷанги ниҳоят вазнин гузаштааст.

Ман худ ин давраро аз сар гузаронидаам ва намехоҳам, ки душмани ман ин рӯзро бинад. Барои ҳамин фарзандони азиз, дар рӯзгори ҳаррӯзаи худ, ҳар қадаму кори худро, санҷидаю дида баҳо диҳед. Дар зиндагӣ бе бародар будан, мисли мурғи беболу пар аст, ки ман инро аз сар гузаронидаам.

Ҳамеша ҳурмати якдигарро доред. Акагию додариро ба дараҷаи олӣ бо ҳам нигоҳ доред. Дар халқ мегӯянд:

«Пушт бо қабурғаҳо устувор аст». Ҳамеша Шумо итоатгари аз худ калон бошед, маслиҳати якдигарро иҷрокунанда шавед, бо савлату давлати худ фахр накунед.

Дар дастгирию беморӣ, маъракаороии якдигар бо ҳам бошед. Дар зиндагӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Саросемагӣ ба кас зарар дорад. Дар хотир доред, ки ман дар зиндагӣ ба касе хиёнат накардаам. Шуморо даъват мекунам, ки муносибатро ба кор, ёру дӯстон, ҳамсояҳою ҳамкорон мустаҳкам кунед, иззату эҳтироми мардумро ба ҷо оред.

Худо ёру мадагоратон бошад фарзандони азиз. Баъд аз сари ману модаратон пеш аз ҳама эҳтироми якдигарро ба ҷо оред, фарзандони якдигарро ҳамчун фарзандони худ донед. Тарбияи фарзандони якдигарро ба души худ гиред ва маслиҳатчии худ шуморед. Ҳаракат кунед, ки дар зиндагӣ аз худ номи неку кори нек боқӣ монед.

Ба Шумо шарт нест, ки дар кадом вазифа ва ҳолати зиндагӣ қарор доред. Ҳаргиз ба худситоӣ, худпарастӣ, таърифи беҳуда дода нашавед. Бо ҳама пастию баландии рӯзгор шукрона кунед ва ғамгин нашавед.

Рӯзидиҳанда, худ Оллоҳ аст ва сариштаи зиндагӣ ба кору амали шахс вобастагӣ дорад.

Боқӣ ба ҳамаи Шумо амали нек, иқболи нав ба нав, рӯзии фаровон, саломатии бардавомро аз Худои таъоло илтиҷо дорам. Ҳамеша шоду хуррам бошед фарзандони азиз !

Мо мегузарему ин ҷаҳон мемонад,

Ин олами пир ҷовидон мемонад.

Ҳар неку баде, ки мешавад дар олам,

Дар дафтари зиндагӣ ҳамон мемонад.

\* \* \* * * *

Ҳар кӣ хонад дуо тамаъ дорам,

З-он ки ман бандаи гунаҳкорам.

(Аз Шайх Давлатхоҷаи Мирзохоҷаи Раштӣ).

Мехоҳам, ки ин сатрҳо ба фарзандон, ақрабои ман ёдгорӣ аз ман бимонад ва баъди мутолиа кардан дар ҳаққи ман дуои неке кунанд.

пешина
аз 13