Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҲИКОЯТҲО ВА ПОРЧАҲОИ ШЕЪРӢ

АЗ ЭҶОДИЁТИ БУЗУРГОН

БАРОИ ИБРАТГИРИИ ФАРЗАНДОН

Ҳикоят. Овардаанд, ки Боязиди Бастонӣ, ки яке аз авлиёҳои бузурге буд, рӯзе ба пеши модари худ омада гуфтанд, ки эй модари азиз, ман ҳаловати тоат ва ибодатро намеёбам ва дар дили худ сахтиро эҳсос мекунам. Худам аниқ медонам, ки сахтии дил аз сирояти ҳаром аст, лекин аз рӯзе, ки худамро ёд дорам, аз ҳаром парҳез кардаам. Гумон мебарам, ки Шумо мабодо ба ман шири ҳаром дода бошед. Модар гуфт: «–Эй фарзанди ба ҷон пайвандам, ман то ҷое, ки тавонистаам ба ту шири ҳаром надодаам. Аммо ҳамин қадар медонам, ки рӯзе туро гирифта ба хонаи ҳамсоя даромадам, зани ҳамсоя дар хона набуд, дидам, ки сурмадони ӯ истодааст, аз он сурма ба чашми ту кашидаам. Ҳамон замон дар дилам омад, ки хато кардаам, аммо фаромӯш кардаам».

Боязиди Бастонӣ гуфтаанд:

«Оҳ, дареғ, эй модар, дар ҳаққи ман ҷафо кардӣ.

Агар он зан зинда бошад, бирав ва пиҳилӣ бихоҳ, вагарна ҳама ранҷҳои ман зоеъ мешаванд. Эй модар, намедонӣ, ки ҳаром дилро сиёҳ кунад ва аз Худованд инсонро дур гардонад ва тоъатро бар бод диҳад. Албатта, бирав пиҳилӣ талаб намо, ки худро гунаҳкор кардӣ».

Пас ин миқдор ҳаром ин натиҷа медода бошад, пас касоне, ки моли мардум мехӯранд, ҳаққи ятимону бечорагонро ғорат мекунанд, ҳоли онҳо чӣ гуна хоҳад буд?

Фарзандони азизам, аз хӯрдани моли мардум парҳезкорӣ кунед!

Ҳикоят. Овардаанд, ки Ҳақ Субҳонаҳу ва таъоло ба Сулаймони пайғамбар (а) ваҳӣ кард, ки ё Сулаймон туро ба се чиз васият мекунам, албатта онҳоро ба ҷо биёр.

Аввал, мардумонро ғайбат макун, дуюм, ба ҳеҷ кас зулмро раво мабин, сеюм, ба ҳеҷ кас ҳасад махӯр. Ҳар касе ғайбату зулм кунад ва ҳасад хӯрад, ман аз вай безорам.

Фарзандони меҳрубон, аз ин се кори бад, худро дар канор гиред! Ғайбату зулму ҳасадхӯрӣ дар назди Худо кори бад ва нокарданист.

Шоири Бузурги асри 15-16-и тоҷик Камолиддин Биноӣ дар достони «Беҳрузу Баҳром» масъалаҳои ташаккулёбии шахсият, аҳамияти илму дониш ва шартҳои ба даст овардани он ва дигар масъалаҳои ҳаётиро дар ҳикоятҳои тамсилии худ ба қалам додааст.

Ҳикоят. Марди беақле дар яке аз рӯзҳои зимистон ба хари худ савор шуда, ба ҷое сафар мекард, дар роҳ иттифоқан мореро мебинад, ки аз таъсири сармо карахт шуда қариб аст, ки тамоман ҳалок шавад. Мардро ба ҳоли мор раҳмаш меояд. Ба мақсади ин ки морро гарм карда, аз марг наҷот диҳад, аз хар мефарояд ва мори карахтшударо аз замин бардошта ба тӯрба меандозад ва тӯрбаро ба сари хар мекашад, ки гармии нафаси хар расида мор ба ҷон дарояд. Ҳамин ки дар натиҷаи таъсири нафаси хар карахтии мор бартараф мегардад, аввалин кори мор ин мешавад, ки ба лаби хар заҳр зада, вайро ба ҳалокат мерасонад ва марди беақлро аз хар ҷудо мегардонад. Кори одами бад монанди муомилаи мор аст. Беҳтар аст, ки ба одами бад мувофиқ ба муомилаи ӯ рафтор кардан лозим аст.

Дар ин бора, Биноӣ қитъаи Саъдии Шерозиро меорад:

Даст бар пушти мор молидан,

Бетакаллуф на кори ҳушёр аст.

К-он бадахлоқи бемуруватро,

Санг бар сар задан сазовор аст.

Аз одамони бад – бояд гурехт.

Ҳикоят. Як рафиқи мактабии шоир Биноӣ дар аввал бачаи хушсурату боодоб ва хеле хуб будааст, вале ҳангоме ки бо одамони бад ҳамнишин мешавад, таҳсилро тарк мекунад вар рафта-рафта дар натиҷаи таъсири онҳо ба як нафар шахси хиёнаткор ва бадахлоқӣ разил табдил меёбад. Ба одамони бадахлоқу разил ҳаргиз шиштухез ва ҳамроҳӣ кардан ба шумо фарзандон нашояд. Шоир мегӯяд:

«Нашавад рост ба каҷон ҳамдаст,

Тир дар хонаи камон нанишаст.

Чун шавад рост ҳамнишини каҷак,

Афканад ҷони хеш дар халаҷон».

Ҳикоят. Сангпуште бо як каждуме муносибати дӯстӣ пайдо мекунанд. Онҳо рӯзе ба сафар мебароянд ва ба лаби дарёе мерасанд. Сангпушт мувофиқи хоҳиши каждум вайро ба пушташ савор карда, аз об гузаштанӣ мешавад, ҳамин ки ба байни об мерасанд, каждум ба пушти ҳамроҳаш неш мезанад ва ба саволи вай ҷавоб мегардонад, ки неши ӯ на аз баҳри кина, балки мувофиқи талаби табиати вай мебошад. Баъд аз ин шоир мегӯяд:

«Мардуми бад ҳамин сифат дорад,

Ки туро бесабаб биёзорад».

Фарзандони азизам, ба одамони бад дӯстӣ ва сафар кардан солимақлро раво нест. Аз ин дӯстӣ ҳазар кунед!

Биноӣ таъкид мекунад, ки инсон набояд ба одамони бад ва умуман золимон наздик бошад, балки ба онҳо дӯстӣ ва ёрирасониро низ ба худ раво надонад, чунки балое ки онҳо ба вуҷуд меоранд, ҳамсӯҳбатони бегуноҳи онҳо низ ба ин бало гирифтор мешаванд.

ОМӮХТАНИ ИЛМУ ДОНИШ

– Илму дониш омӯхтан дар одамӣ, масъалаи аввалиндараҷа мебошад. Яке аз масъалаҳои хуб ба камол расидани инсон ҳам, омӯхтани илм мебошад.

Биноӣ, дар бораи аҳамияти илму дониш хело дақиқакорона диққат додааст. Ӯ мегӯяд: «Илм барҳамдиҳандаи заҳри зиндагӣ ва нурбахши наҷот аст». Тозагӣ ва фасоҳати забон ба илм вобастагӣ дорад. Илм чашмаи ҳаётбахши инсонист.

«Ҳам забонро фасоҳат аз илм аст,

Ҳам баёнро малоҳат аз илм аст.

Фотеҳи боби одамӣ илм аст,

Чашмаи оби зиндагӣ илм аст»

Шахси беилм, мегӯяд шоир, – ҷисми беҷон ва нақши девор аст. Ин гуна шахс на аз ҳақиқати олам баҳравар аст ва на аз асрори зиндагӣ. Шоир шахси беилмро як нақши беҷони девор мешуморад:

«Марди беилм чист, ҳайвоне,

Ҷисми беҷон чу нақши айвоне.

Қалби беилмро ҳаёте нест,

Қолиби ҷаҳлро суботе нест».

Дар замони феодалӣ одамони беилм зиёд буд, вале дар байни онҳо одамони пуртаҷриба, бошуур ва касбу кори худ мутахассисони дарккунандаи ҳаёти мавҷуда низ кам набуданд.

Шоир инро дарк мекард ва аз забони Кисро (Нушервон) қаҳрамони ҳикояи худ нақлеро меорад:

Ба Кисро хабар медиҳанд, ки дар Ҳиндустон кӯҳест ва дар болои он дарахтест, ки меваҳои тари он мурдаро зинда мекунад. Ба Кисро орзӯи ба даст овардани меваи он дарахт пайдо мешавад ва фавран ба Ҳиндустон касеро мефиристад. Шахси фиристодаи Кисро дар Ҳиндустон хело ҷустуҷу мекунад, вале аз ин дарахт осоре ёфта наметавонад. Ниҳоят як олими ҳиндӣ ҳақиқати ин ҳикояи тамсилиро ба ӯ баён мекунад.

Мурод аз он кӯҳ, мегӯяд он олим, мардуми доност, дарахти илм, меваҳои он масъалаҳои илмӣ ва мурдагон толибони илманд, ки ҳаргоҳ аз илм баҳра баранд, чун мурдаи зиндашуда ҳаёт пайдо мекунанд.

Ҳангоме ки одами Кисро аз сафар баргашта, ин хабарро ба вай мерасонад, дар ҳақиқат, мегӯяд Кисро, –

Ҳеҷ самар монанди илм ҷонпарвар нест:

Марди наздики Кисро омад боз,

Парда бардошт аз ҳақиқати роз.

Гуфт Кисро: «Яқин ки ҳеҷ самар,

Набувад ҳамчун илм ҷонпарвар».

Фарзандони азиз, илм ганҷи безавол аст. Инсон хоҳ дар ҳолати хушҳолӣ ё бадбахтӣ бошад, илм аз ӯ ҷудо намешавад. Барои ҳамин илм омӯхтану амал кардан дар зиндагӣ ба ҳама кас лозим меояд.

АЗ ШАЙХ АТТОР

Эй писар панду насиҳат гӯш кун,

Гар наҷоте боядат хомӯш кун.

Ҳар киро гуфтори бисёраш бувад,

Дил даруни сина бемораш бувад.

Хомӯшӣ беҳтар зи кизбу ғайбат аст,

Аблаҳ аст он к-ӯ ба гуфтан роғиб аст.

Эй бародар, ҷуз санои Ҳақ магӯ,

Қавли Ҳақро аз барои дақ

1 магӯ.

Ҳар ки дар банди иморат мешавад,

Ҳар чӣ дорад ҷумла ғорат мешавад.

Дил зи пур гуфтан бимирад дар бадан,

Гарчи гуфтораш бувад дурри адан.

\* \* \* * * *

Як дирам к-онро ба дасти худ диҳад,

Беҳ бувад к-аз паси ӯ сад диҳад.

Гар ба дасти худ диҳӣ хурмои тар,

Беҳ ки баъд аз ту диҳанд хирвори зар

АЗ ШАЙХ ДАВЛАТХОҶАИ МИРЗОХОҶАИ РАШТӢ

Аё фарзандони ҷону ҷигари ман,

Ба гӯши дил шунав ин гуфтаи ман.

Саҳаргоҳон чу аз хобат бихезӣ.

Ба ёди Ӯ ту ашкатро бирезӣ.

Зи баъди он бикун тоъат ҳамеша,

Бари рӯзгори худ, меёб ту пеша.

Зи касбу кори худ, кун луқма пайдо,

Барои аҳли худ мекун ҳувайдо.

Зи моли нодурусту луқмаи кас,

Гурезон бош, доиму бигӯ бас.

Бикӯш ҳар рӯз то қадре тавонӣ,

Ба ёрии касон, ошкору ниҳонӣ.

Набояд гуфтанат, зинҳор зинҳор,

Суханҳои каҷу боиси озор.

1 Дақ – сухани беҳуда.

2 Хирвори зар – халтаи тилло. Ба ҳар рӯзе бикун баҳри касон кор,

пешина
аз 13
навбатӣ