Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

1944 ҳамчун хиёнаткор ба муқобили Ҳукумати Шӯравӣ мебарояд. Ба дуздию ғоратгарӣ машғул мешавад. Дар қади Ёхсу ва Ховалинг чанде умр ба сар мебарад. Ба гуфти калонсолон ӯ тағири ном карда дар минтақаҳои Қурғонтеппа то мурдан умр ба сар бурдааст.

Дар ҳамин солҳои 1943 – 1944 дар қади Ёхсу аз гуфти одамони қишлоқи Зелолаки Шӯрои қишлоқи Сангдара (ман соли 1963 дар ин қишлоқ мудири мактаби ибтидоӣ будам ва ин суханҳоро он ҷо шунидаам), дар қишлоқи Сарипул нуқтаи милитсия мавҷуд будааст. Музаффар ном шахс он ҷо роҳбар будааст.

Ана ҳамин хоини миллат яроқҳои милитсияро гирифта бо Саъдон якҷоя шуда, амаки маро куштанд.

Онҳо шабона, зимистон ба хонаи амаки Мурод меоянд ва дарро кушоданӣ мешаванд. Дар хона янгаҳоям

– Хаймагул, Сафргул бо фарзандонашон, Ҳалим ва Мурод амаконам, Азиз хусурбачаи амакам Ҳалим ва чанде ҷавонон будаанд. Онҳо дарро аз дарун тунба (чӯби ғафсе, ки дар пушти дар мемонанд) мекунанд.

Дари хона аз чӯб сохтагӣ будааст ва роғи зиёде доштааст,одамро аз роғҳояш хуб медидаанд. Дар болои чӯб амаконам Мурод ва Ҳалим савор мешаванд, то ки вазнин шаваду дарро кушода натавонанд. Хар чӣ ки онҳо дарро тела медиҳанд, дар кушода намешавад, баъд аз роғи дар бо каробин амаки Муродро мепаронанд ва дарро кушода ба хона медароянд. Амаки хурдиам, ки 17-18 сола будааст, танашро бо корд чок-чок мекунанд.

Дар хона дастурхони нон, сатили гушти қайла ва каме либосҳои амакон, чаллаю гушворҳои янгаҳоямро гирифта баромада мераванд. Дар вақти даромадани онҳо акаи Азиз (дар боло низ дар борааш гуфтем) ҳушёрӣ карда, аз мурии хона парида мегурезад. Масофаи 2-3 км-ро дар барф пои луч тай мекунад ва ба деҳаи Сурхсеб, Буқахурон расида, ҳодисаро бо раиси деҳаҳо Шафозода нақл мекунад. Он шахс одамони да-40 леру аспсаворро ҷамъ карда ба он деҳа мераванд, ки алакай аз ин хоинон дараке нест. Дар ҷангал даромада пинҳон шудаанд. Ман ин хоини Ватан Музаффарро солҳои 1953-1954 дар чойхонаи қишлоқи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб, баъд аз тамом кардани мӯҳлати ҷазояш дидам, ки мардони зиёде гирдаш ҷамъ омада, мегуфтанд, ки ин Музаффар мебошад. Ин дам ман 1213 сола будам.

Навбати дигар ман ӯро дар ҷамоати Сангдара, деҳаи Сангдара 16 марти соли 1963 дар интихобот дидам. Дар ин вақт ӯ ба хонаи овоздиҳӣ барои овоздиҳӣ дар интихобот омада буд. Акнун ман ба ӯ бо чашми бад менигаристам, вале бюлетени овоздиҳиро ба ӯ додаам. Ман дар ин давра мудири мактаби ибтидоии деҳаи Зелолак будам ва дар участкаи интихоботии Сангдара, котиби участкаи интихоботӣ будам.

Ҳаёт ба ин ҳодисаю воқеаҳо одамонро мерасонад. Он шахс чандин солҳои дигар дар ҳамин қишлоқи Сангдара зиндагӣ ба сар бурда, дар синни 98 солагӣ вафот мекунад.

Аз амаки Мурод баъди куштанаш ду духтар бо номҳои Гадобегим ва Моҳшариф боқӣ мондаанд.

Онҳоро модарашон Сафаргул гирифта ба ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) ҷамоати Чагам, қишлоқи Чагами Боло ба хонаи додаронаш Мирзомурод ва Хол меорад. Занаш момаи Сафргул дар ҳаминд еҳа вафот мекунад. Духтарон калон шуда ба шавҳар мебароянд. Моҳшариф соли 1985 вафот мекунад. Гадобегим бошад ҳоло дар деҳаи Корези Поён зиндагӣ дорад ва соҳиби 11 фарзанд мебошад.

Ҳамаи фарзандон соҳибкасб мебошанд. Дар вазифаҳои гуногун кор мекунанду ба ҷамъият нафърасон мебошанд. Як писараш Амриддин дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум аз дасти яроқбадастон кушта мешавад. Ӯ дар қисми армияи халқӣ дар ноҳияи Ленинобод (ҳозира Суғд) бо унвони лейтинат хизмат мекард.

3. Падари ман – Ҳафизов Мирзо бародари сеюм будааст. Дар ҳамин деҳаи Алушкур ба дунё меояд ва бо ҳамроҳии бародарон калон мешавад. Дар ҷавонӣ бо тағоям Солеҳ Ҳақназаров аз деҳаи Дараи Аспон ҳамсоядеҳ будааст, ошноӣ доштааст. Бо розигии тағоям бо ягона хоҳараш, Ҳақназарова Зарнигор солҳои 19341935 хонадор мешавад. Дар ҳамин солҳо бо ҳамроҳии бобои модариам Ҳақназар кӯчида ба ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) бо сабабҳои номаълум меояд. Дар деҳаи Урсихо чанде зиндагӣ мекунанд, ки акаам Абдукарим таваллуд мешавад. Аз он деҳа кӯчида ба ҷамоати Чагам, қишлоқи Чагами Боло омада зиндагиро давом медиҳад. Дар ин деҳа ман ва бародарам Абдулазиз ба дунё меоем. Сони падар, ки дар боло дар бораш навиштаам аз олам чашм мепӯшад.

Кору бори зиндагӣ бо ҳамаи мушкилиҳо ба зимаи модарам меафтад ва ман боз онҳоро қисса хоҳам кард.

Одамӣ ҳамаи мушкилиҳоро аз сар мегузаронад, лекин ирода бошад, боз ба зиндагии хуб мерасад.

4. Хоҳари падарам Ҳафизова Оимгул буданд. Дар ҳамон деҳа бо бародарон калон мешавад. Баъди ба воя расидан бо писари ҳамсоядеҳ Саттор хонадор мешавад.

Солҳои 1948-1949 ба ноҳияи Фархор муҳоҷир мешаванд. Дар колхози К. Маркс зиндагӣ мекунанд. Аз он шахс ду писар бо номҳои Сулаймон ва Рустам, се духтар ба дунё меоянд. Писараш Сулаймон ва ду духтараш вафот мекунанд.

Писари дигараш Рустам, духтари хурдиаш Назокат ҳоло дар қайди ҳаётанд. Аз онҳо фарзандони зиёде боқӣ мондаанд. Ба халқу Ватан хизматгор мебошанд.

5. Амаки Олим – додари падарам дар колхози К. Маркси ноҳияи Фархор колхозчӣ шуда кор мекард.

Баъд дар вазифаҳои гуногун дар хоҷагӣ кор карда буд.

Соли 1983 дар ҳамин маҳал вафот мекунад. Аз ӯ чандин фарзандон ба дунё омаданду вафот кардаанд.

Писари калонаш Акои Салим дар қайди ҳаёт мебошанд. Наберагони зиёде дорад, ки ба халқу Ватан хизмат карда истодаанд.

6. Амаки аз ҳама хурдиам, ки Ҳалим Ҳафизов мебошад, дар вафоти падарам иштирокчӣ ва моро кофтуков карда ёфта бо хешони дигар шинос кардагӣ мебошад. Ӯ дар ҳамон Алушкур ба дунё меояд ва калон мешавад. Ба ноҳияи Фархор муҳоҷир шуда меоянд. Дар ҳамин ҷо хонадор шуда соҳиби фарзандони зиёде мешавад. Аз ӯ 3 писар ва 4 духтар дар қайди ҳаётанд. Ҳама соҳибҳунару фарзандор мебошанд. Писаронаш Акрам, Тавакал, Маҳмадрасул соҳиби обрӯю эътибор дар маҳалли худ мебошанд.

Дар зиндагӣ мо ҳама хешу табор бо амаку амакбачаҳо рафту омад дорем, хеширо бо тамоми русумҳояш ба ҷо оварда истодаем. Зиндагӣ бо ҳама пасту баландиҳо мегузарад, вале бо хешу табор, ҳамсояю рафиқони ғамхору баномус авлотар мебошад.

Қисса кардани зиндагии шахсӣ барои хешу табор ва фарзандони меҳрубон, рафиқони наздик ҳайратовар низ ҳаст. Дар зиндагӣ одамон ба чӣ муваффақияту нокомиҳо ва беморию ҳодисаҳо гирифтор мешаванд.

Ман низ аз сар чӣ мушкилиҳоро гузаронидаам. Мехоҳам, ки аз худ ва ягона бародару модари азобкашидаам ба фарзандону наздикон каме ҳам бошад қисса кунам:

ТАШВИШҲОИ ЗИНДАГӢ

Ман дар деҳаи Чагами Боло ноҳияи Шӯрообод (ҳозира Шамсиддини Шоҳин) таваллуд шудаам. Бачагиамро дар Чагам, шаҳри Кӯлоб ва боз Чагаму шаҳри Кӯлоб гузаронидаам. Ин сабабаш бекасӣ, нодорӣ буда, барои як луқмаи нон ёфтан, модар моро аз ин деҳ ба он деҳ мекӯчонид, то ин ки як луқмаро дарёфт кунем.

Ҳамин заруратҳо буд, ки соли 1947 мо ба деҳаи Корези Поён хоҷагии имрӯзаи Ҳамадонӣ ноҳияи Кӯлоб кӯчида омадем. Дар хоҷагӣ модар кор мекарду мо ёрирасони ӯ будем. Ман ҳамроҳии бачаҳои 4–5 сол аз худ калон мехондам. (Ман дар қатори дуюм аз рост ҷои якум. Аввалин хатмкунандагони синфи 8-уми мактаби ҳаштсолаи «Коминтерн»-и ноҳияи Кӯлоб соли 1955).

Шароити ба дарс рафтан ба мо душвор буд. Либосаи хуб надоштем, пойафзол набуд, пои луч ба мактаб ме44 рафтем. Мо аз деҳаи Корези Поён барои синфи 5 хондан ба деҳаи Шакархон ба масофаи 4–5 километр мерафтем. Ман бо ҳамроҳии акаам Абдукарим, тағоям Пирназар, Шариф Ҳақназоров, Ҷумаев Содир, Кенҷаев Абдулло (ёдаш бахайр) ва чанде дигарон дар деҳаи Шакархон синфи 7-ро соли 1954 хатм намудем. Соли хониши 1954-1955 дар ҳаҷми мактаби 7-сола дар мактаби Шакархон синфи 8-ум ташкил карда шуд. Ман аз деҳаи Корези Поён танҳо барои хондан дар синфи 8-ум мерафтам. Рӯзе моҳи январ буд. Ман ба мактаб мерафтам. Аз боли оби Сияҳоб гузаштан лозим мешуд. Болои об ду-се оҳани борик барои обро чен кардан гузоштагӣ буд, ки вазифаи купрукро низ иҷро мекард. Ман болои он баромадам ва барфи болои он маро партофт. Ман дар ин хунукӣ ба об афтидам ва маро об ба масофаи 80100м бурд. Либосу китобҳоям тар шуда буданд. Ҷое набуд, ки ман либос хушк кунам ё худро гарм кунам.

Ягона роҳ ба мактаб рафтан лозим буд. Ман ба мактаб расида, дари синфхонаро кушодам, ки дарси таърих рафта истода буд.

Муаллимамон Исмоилов Азиз ном буд. (падари Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Бобоҷон Азизов). Аҳволи маро дида, ба хонаи муаллимон маро бурд. Аз хонаи кадоме либоси калонеро оварда маро пӯшонд ва либосҳои маро дар печка хушконида ба ман пӯшонида, ба хона маро гусел намуд.

Баъди тамом шудани нимсолаи якуми соли хониш ман ба мактаби «Коминтерн» омадам ва соли 1955 синфи 8-ро ин ҷо тамом кардаам. Баъди синфи 8-ро тамом кардан, ман ба мактаби миёнаи №3-и шаҳри Кӯлоб, ба номи Сталин буда, дохил шуда, онро соли 1957 хатм кардаам. Аз соли 1958 то соли 1960 дар хоҷагии Ленин (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба вазифаи коргари радиоҳои деворӣ ҳамчун таъмиргар (монтиёр) кор кардаам. Акнун зиндагӣ пеш рафта истода буд. Модар ва падар (падарандар) дар хоҷагӣ, акаам дар автобазаи №17и шаҳр ба сифати челонгар кор мекарданд. Ба ман лозим шуд, ки ягон ҷо хонда, маълумоти касбиеро соҳиб шавам.

Рӯзе ба шаҳр рафта ба почта даромадам, ки як гурӯҳ ҷавонони деҳотӣ, аз либосҳояшон маълум буд, ки аз кадом қишлоқе омадаанд. Даруни пойафзолҳояшон пур аз коҳи гандум буд. Онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки барои мо як ариза навис, мо ба омӯзишгоҳи педагогӣ дохил шуданием.

Ҳамон соли 1960 дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳр курси 2-солаи хониш аз синфи 10-ум ташкил шуда буд.

То ин сол аз синфи 7-8 хонандагон қабул мекарданду 4 сол мехонданд. Ман низ як намунаи ариза барои он рафиқон навишта додам ва худам ҳам ба Омӯзишгоҳи педагогӣ ариза навишта дохил шудам. Ду сол таҳсил карда, ин макони илмро бо баҳои хубу аъло хатм намудам.

Соҳиби номи муаллими синфҳои ибтидоӣ шудам. Аҷоиб муаллимони хубу сахтгир, ба монанди Неъматов – директор, Каримов – ҷонишини директор, Эҳсанов – муаллими забону адабиёт, Алиев – муаллими метематика, Ризоев – муаллими география, Пашков Н. В. – муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва дигарон доштем. Дар он давра омӯзишгоҳ ниҳоят кадрҳои хуби педагогӣ тайёр мекард. Соли 1962 омӯзишгоҳро хатм намуда, ба мактаби ибтидоии «Зелолак» ноҳияи Ховалинг ба вазифаи мудирӣ фиристода шудам. (Ман бо яке аз ҳамхизматонам Шокиров Қурбон аз шаҳри Тошканд соли 1964)

Соли хониши 1962 – 1963-ро тамом кардаму ба факултаи забону адабиёти Донишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дохил шудам.

Моҳи декабри соли 1963 ба сафи Армияи Советӣ даъват шудам. Ба шаҳри Тошканд расида як моҳ курси тайёриро хатм намуда ба қисми 11-уми полки мудофиавии қушунҳои дохилӣ фиристода шудам. Баъди ба он қисм расидан, маро баъди 15 рӯз боз ба ҳамон полк барои хондан фиристоданд. Ман дар ҳамин полк як сол дар вазифаи роҳбари хурди ҳарбӣ – яъне курси сержантӣ хондам. Баъди хатми мактаби роҳбарӣ, боз ба ҳамон қисми №11 фиристода шудам ва вазифаи командирии хурдро иҷро мекардам.

Ана баъди яку ним сол ман дар қисми рости шиками худ дарду сӯзиши зиёдро ҳис мекардагӣ шудам. Бисёр талошҳо мекардам вале ба ман бовар намекарданд.

Павлов ном духтур доштем (подполковники қувваҳои дохила), ки дар вақти хондани мактаби команди47 рони хурд низ духтурамон буд. Ана ҳамин Павловро, ман вақти имтиҳонҳои давлатӣ, ба раиси комиссияи имтиҳонӣ, генерал Наҷмуддинов аз бераҳмӣ ва дониши пасти тиббӣ доштанаш ахборот дода будам. Яъне пеш аз имтиҳон ман гузаштани чандҳарбаи ҷисмониро доимо дар 55-сония иҷро мекардам.

Се рӯз пеш аз имтиҳон мо машқи ҳарбии 3-рӯзаро иҷро кардем ва кафи пойҳои ман ҳама обила карда буданд. Павлов – духтур обилаҳои пойи маро ба қайчӣ бурида, маро ба имтиҳон равон кард. Ман ин масофаи чандҳарбаро дар 2 сония иҷро кардам. Генерал аз ман сабаб пурсид, ман мӯзаамро кашида ба ӯ пойямро нишон додаам. Генерал пойи пур аз зелонкаи сабз кардаро дида, ба подполковник танбеҳи сахт додаанд. Дигар духтур маро ба беморхона намефиристод. Оқибат баъди чанде, маро ба беморхонаи ҳарбии шаҳри Тошканд фиристод. Баъди 15-20 рӯз хобидан боз маро ба қисми худ фиристоданд. Дард ҳамоно хуруҷ мекард, хӯрок хӯрда наметавонистам.

Оқибат қисми моро ба шаҳри Навоӣ фиристоданд ва ҳамон Павлов низ ҳамроҳи мо буд.

Ман бо маҳбусони дараҷаи сахт дар саҳрои Зарафшон хизмат мекардам. Он ҷо фақат баракҳои чӯбин барои аскарон ва чанд бараки чӯбини дигар барои маҳбусон буду халос. Дар он ҷо бояд шаҳри «Зарафшон» сохта мешуд. Дар саҳро шамоли сахт мешуд, гармӣ ба 45-48 дараҷа мерасид. Шамол қумро ба чашмон, ба косаҳои хӯрокхӯрӣ пеш мекард. Аҳволи зиндагии маҳбусон ва хизматчиёни ҳарбӣ ба дараҷаи пасташ мерасид.

Саломатии ман то рафт бад мешуд, баъди ҷанҷолу таҳдидҳои яроқнок ман ба пеши командири полк пол-48 ковник Шаповалов Н. даромада, арз кардам. Ӯ маро аввал ба беморхонаи халқии деҳаи Учқудуқ фиристод. Он ҷо фақат маҳбусони нисфи мӯҳлати ҷазояшон тамомшударо мефиристоданд. Коргарони зиёди ин шаҳрча аз ҳисоби ҳамин маҳбусон буданд. Шаҳрча хело хурд буд, маҳбусон дар шахтаи Уран кор мекарданд. Хокаи онро ба вагонҳо бор карда, ба шаҳри Навоӣ мефиристонданд. Дар ин шаҳрча як касалхонаи замонавӣ сохта буданд, ки аз ду ошёна иборат буд. Ман дар ҳамин касалхона 32 рӯз хоб кардам, сардухтури ин каслхона зани меҳрубоне буд, ки ба ман ҳамчун хизматчии ҳарбӣ сарукор мегирифт. Аз дарди ман огоҳ шуд ва худ азобу машақати маро медид. Охир баъди мушоҳидаҳои зиёди ренгенӣ муайян кард, ки сари меъдаю рӯдаи 12- ангуштаи ман яра ва варами зиёд кардааст. Танҳо шуморо ҷарроҳӣ кардан лозим асту халос. Ӯ маро ба полк, ба шаҳри Навоӣ фиристод. Аз он ҷо ҳамон подполковник

Павлов бо ҷанҷолҳои зиёде маро ба касалхонаи ҳарбии шаҳри Самарқанд фиристод. Ман дар Самарқанд қариб ду моҳ дар касалхонаи ҳарбӣ хобидам. Шаш маротиба маро ренген карданд. Духтури табобатиам як марди рус бо номи Димитров П. И буд. Ман бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда, аз маротибаи зиёд ренген кардани ман пурсон шудам.

Аввал ӯ маро аз фиреб додани аскарон бо хӯрдани майдаи ангиштсанг, тугма ва дигар чизҳо мисол овард, баъд ба ман дафтарчаи тиббиамро нишон дод, ки он ҷо навишта шуда буд. «Подозрение на язвеную болезнь»?

Дар охир имзои ҳамон подполковник Павлов буд. Ба ман духтур фаҳмонд, ки ана ҳамин аломати савол, боиси зиёд ренген кардани шумо сабаб шуд.

Баъд хандида ба ман муроҷиат карда гуфт, ки «Бародар, ман ҳуҷҷатҳои шуморо ба Тошканд фиристодаам. Шумо ба қисми ҳарбиатон равед, баъди тахминан як моҳ ҳуҷҷатҳоятон меоянду ба хона меравед.» Ҳақиқатан баъди як моҳ ман аз сафҳои қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб шудам. Яъне ба ҷои се сол ман дую ним сол хизмат кардаам. Январи соли 1966 ман ба хона омадам. Мардону занони зиёде дар соҳаи маориф бо маърифати баланд хизмат мекарданд. Ман рӯзе ба шӯъбаи маориф рафта,барои кор кардан муроҷиат кардам. Мудири маориф Раҳимова П. ном зане буд. Ӯ маро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, аз ихтисосам пурсон шуд. Ман худро муаллими синфҳои ибтидоӣ муаррифи намудам. Мудир ба ман нигоҳ карда гуфт: – «Аз ҳамин мактабҳои шаҳр ба кадомаш мехоҳӣ, ман фармонатро менависам». Ман каме таваққуф карда гуфтам: – «Ман имшаб каме фикр кунам ва пагоҳ интихобамро ба Шумо мегӯям». « Хайр ҷони модар, то пагоҳ» – гуфта маро гусел кард. Ман то хона аз меҳрубониҳои ин зан фикр карда меомадам, ин занро меҳрубониашро бинед, ки модарвор ба ман муносибат кард, бо дигарон низ ҳамин тавр будааст. Ман ба хона баргашта, шаб хоб рафта, дар фикри кадом мактабро интихоб кардан будам. Рӯзи дигар якшанбе буд.

Ман ба кӯча баромадам, дар роҳ марди калонгавдаеро назди мошинаи сабукраве истодагӣ дидам, ки бо мардони деҳа сӯҳбат мекард. Ин мард маро дида пурсид: « Ту чи кор мекунӣ, шогирд?» – гуфта ба ман муроҷиат кард.

Ман худро маррифи карда гуфтам, ки дирӯз назди мудири маориф рафта будам ва суханҳои мудирро такрор намудам. Он мард хандида ба ман гуфт: « Куҷо ту назди мудир меравӣ, пагоҳ ба мактаби № 12 қишлоқи Корези Боло биё, ту хатмкунандаи ҳамин мактаб ҳастӣ, ман туро худам ба кор қабул мекунам. Ман ҳамаи ҳуҷҷатҳоятро тайёр мекунаму ба кор қабулат мекунам. »

Саҳар ман ба мактаби шиносам рафтам, директори мактаб Умаров Эргаш ном аз деҳаи Сангпар будааст.

Дар як вақт боз котиби ташкилоти партиявии колхозро низ ба ӯҳда доштааст. Он шахс маро бо муаллимон шинос намуда, як синфи 4-ро ки маллим надоштааст ба ман супурд. Ман бо тамоми қувва бо ин синф ним сол кор кардам. Синф 60% хондану навиштанро намедонистанд. Ман бо ташвишу давутози зиёд ба ҳамаи хонандагон хондану навиштанро нишон додам.

(Дар ҳалқаи талабагони синфи якум, ки соли 1966 ман қабул кардам. 42 нафар буданд. Соли 2016 40 солагии хаьм кардани мактаби миёнаро қайд кардаанд).

Аз моҳи сентябри соли 1966 дар мактаби №12 синфи 1-ум гирифтам, ки 42 нафарро ташкил медод. То синфи 4-ум ин синфро бурдам. Ҳамааш хондану навиштанро хуб ёд гирифтанд. Имрӯз ҳамаи 39 нафари зиндааш маро падарвор ҳурмату эҳтиром мекунанд, танҳо 3 нафарашон фавтидаанд (рӯҳашон шод бод). Акнун ташвишҳои дигаре бо ман пеш омаданд. Ман пеш аз ба хизмати Армияи Саветӣ рафтан, ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба факултаи забону адабиёт дохил шуда будам. Акнун хонданро бояд идома медодам. Дар зиндагӣ каму костиҳои зиёд рух медиҳанд.

Ман худ аз хизмати Ватан баргаштаам ва саломатиам он қадар хуб набуд. Вазъи зиндагии оила низ хуб набуд, барои ҳамин ман ба кор рафтам, то ин ки вазъи иқтисодии оиларо мӯътадил намоям.

Азбаски маълумоти миёнаи педагогӣ доштам тез маро ба ҷои кор таъмин карданд. Дар ҳамин солҳо кадрҳои педагогӣ намерасиданд, мактабҳо мӯҳтоҷ ба муаллимҳо буданд. Ҳамин ҳолатҳо сабаб шуду ман ба кори педагогӣ гузаштам. Ба ман лозим омад, ки хондани Институтро давом диҳам.

Ман ба Институтити педагогӣ рафта, бо декани факулта Рустами Қодир маслиҳат намуда, ба шӯъбаи ғоибона гузаштам. Он шахс аввал маро ба шӯъбаи рӯзона хонданро таклиф намуд, вале ман шароити оилавиро ба он шахс фаҳмонидам ва ба шӯъбаи ғоибона гузаштанро иҷозат доданд. Ман аз соли хониши 1966 – 1967 хонданро дар шӯъбаи ғоибонаи Институти педагогии шаҳри Кӯлоб идома додам. Дар вақти хондан ба мо устодон Чалишев Соат, Ғоибов, Паҳлавонов, Расулов,

Қаландаров, Исмоилов, Каримов (профессор) ва дигарон дарс мегуфтанд ва нозукиҳои ин касбро меомӯхтанд. Сахтгирӣ ва меҳнати онҳо буд, ки ман соли 1971 Институти педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакиро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудам. Дар як вақт ман корро дар мактаб идома медодам. Соли хониши 1969 – 1970 дар деҳот, дар ҳаҷми мактабҳои миёна гузаштани дарсҳои тайёрии ҳарбӣ ба миён гузошта шуд. Барои ин52 дарсҳоро гузаштан ба ман фармон шуд. Азбаски ман курси яксолаи роҳбарони хурди ҳарбиро дар армия хонда будам, барои ман мушкилие надошт. Бо ҳамин ман ба ДОСААФ ва комиссарияти ҳарбӣ муроҷиат намуда дар андак вақт, яроқҳои лозима, қуттии яроқнигоҳдорӣ, синфҳонаи дарсҳои ҳарбиро мегузаронидагӣ, майдони тактикию қадамзанӣ, ҷойи тирпаронӣ ва дигар лавозимотҳоро тайёр намудам.

Аз республикаи Грузия, асбобҳои айёнӣ, барои дарсгузаронӣ, бо талабномаҳо дастрас намудам. Бо ҳамин ман аз соли 1970 дар синфҳои 9–10 дарсҳои тайёрии ҳарбиро мебурдам. Талабагонам баробари хизматчиёни соли якуми армия, дониши тактикӣ ва донистани яроқро доштанд. Дар санҷишҳои комиссарияти ҳарбӣ хонанадагони мактаби мо ҳамеша ҷойи намоёнро ишғол менамуданд. Чандин хонандагони мо ба мактабҳои ҳарбӣ ба хондан рафтанд ва ҳамчун афсарони ҳарбӣ кор карда истодаанд.

Аз чумла Азимов Раҷабалӣ – генерал, Холов Хуршед

– полковник, ҷонишини Вазири мудофиа, Машрабов Ҷамшед – полковник, сарвари полки ноҳияи Восеъ ва дигарон мебошанд, ки боиси фахри мактаби мо мебошанд. Ман дар ин вазифа то соли 1976 кор кардам. Акнун ҷамъият пеш мерафт, аҳолӣ зиёд мешуд, мактабҳои нав дар деҳаҳо сохта мешуд. Аз ҷумла дар деҳаи Корези Поён синфи 8 ва баъдтар синфи 9 ва охир мактаби миёна ташкил шуд. Манро бо фармони шӯъбаи маориф аз соли хониши 1976 – 1977 ба мактаби № 21 ба ҳайси роҳбари наврасону ҷавонон (пионервожатий) таъин намуданд. Баъди мактаби миёнаи умумӣ ташкил шудан дар ин деҳа ман ба вазифаи ҷонишини директор оид ба кори тарбиявӣ таъин шудам. Аз соли 1976-1996 яъне то ба нафақа баромадан дар ин мактаб кор кардам. Дар ин53 давраҳо саломатиам ҳанӯз ҳам хуб набуд. Ҳар сол як ё ду маротиба дар касалхонаҳо хоб мерафтам ё ба табобатгоҳҳои марказии «Минералные Воды» – и ҳамон вақта мерафтам. Аз табобатгоҳҳо баргашта боз ба ҳамон дарди шадид гирифтор мешудам. Хулоса 20 сол ба ин дард гирифтор будам ва ҳеҷ халосие надоштам.

То соли 1966 ман муҷаррад будам. Модарам бо як дугонааш момаи Анор то Мӯъминободу Восеъ ва шахри Кӯлоб келин кофтаанд. Дар фасли зимистон ба барфтӯдаю ҷариҳо афтидаю ҷар шуданд. Лекин шукрона ки маҷрӯҳ нашуданд. Рӯзе Ширин ном хешамон, ки дар базаи нақлиётии №17 бо акаам ронанадаи таксӣ буд, ба хонаамон меҳмон шуда омад. Ин лаҳза омадани модарамро дида, ҳайрон шуда пурсид: « Хола, ин чӣ сару тани лой аст. Аз куҷо омадӣ ва сабаб чист?». Модарам келин кобиашро нақл карданду ҳарду хандиданд. Тағои Ширин бо ханда ба модарам фаҳмонд, ки келин дар хонаи хешат – момаи Робиямо. Ҳамон Робияе, ки солҳои 1944-1947 мо дар кӯчаи Заводи пахтаи шаҳри Кӯлоб се сол дар хонааш зиндагӣ карда будем. Модарам ба фикрам дер вақт интизор нашуда, фардояш ба хонаи духтархолааш Робиямо ба кӯчаи Чармгарони Поён рафт. Аз он ҷо бо дугонааш Анорбӣ хушҳол омаданд.

Аз барор гирифтани корашон ба падару бародарам маълумот доданд. Ҳамин тавр кору бори тайёрии тӯй анҷом ёфт ва моҳи декабри 1966 маро бо духтари хеши модарам Салима Холова (Алқосбӣ) хонадор карданд.

Аз ин издивоҷ мо розӣ ва хушҳол будем. Дар давоми 55 соли зиндагӣ ба бисёр камбудиҳову нокомиҳо гирифтор шудем, вале ба онҳо диққат надода, ҳамаашро пушти сар кардем. Аввал мо ду фарзанди 9-моҳа дар батни модар мурдаро ба дунё овардем. Баъд бо давутози зиёд ва дастгирии табибон завҷаам фарзандони54 солим таваллуд кард. Аз ҷумла дар фарзанди якуми зиндаамон табиб Ҳабиб Раҳмонов ҳиссагузор буд.

Ҳамин тавр мо соҳиби даҳ фарзанд шудем. Дар рафти зиндагӣ оилаам бисёр азобҳо кашид, аз як тараф тарбияи фарзандон ва аз тарафи дигар нигоҳубинӣ мани бемор, доимо дар ташвишу нигаронӣ, ба беморхона рафтан, аз холи ман нигаронӣ ва дигар давутозҳои зиндагӣ ба ӯ мушкилӣ меовард. Вале ӯ зани бардаму боқувват буд ва ба ҳамаи ин мерасиду тоқат мекард.

Хусурам: Давлатов Холаҳмад

пешина
аз 13
навбатӣ