Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ДАР БОРАИ ПАДАР ВА ХЕШОНИ Ӯ

Падарам Ҳафизов Мирзо ном будааст. Аз падару бобоям маълумоте надорам. Фақат модарам мегуфт, ки авлодашон чанд пушт пеш аз мулки Даҳабеди Самарқанд барои ёфтани замини кишт ба ин манзилҳо омадаанд. Ин ватанӣ падариро ман тобистони соли 2016 рафта дидаам.

То ҳол ҷои хонаҳои онҳо, ки аз санги санговӣ девор шудаанд, намоён мебошанд. Тахминан 6-7 оила дар маҳали онҳо зиндагӣ мекардааст. Аз поёни деҳаи падарии мо як ё ду километр деҳаҳои зиёде бо номи Сурхсев, Буқахурун, Уштурчаро ва дигарон будааст, ки ҳар кадоме 10–15 оила зиндагӣ ба сар мебурдаанд. Ҷойи хонаҳо ва манзилгоҳояшон намоён мебошад.

Аз дидани ватани падариам ба хулосае омадам, ки Алушкур мулки серзамин будааст. Садҳо гектар замини обӣ мавҷуд аст. Ин мулк дар охири ҷамоати Мазори Султон ҷой дорад. Обаш аз Дараи Аспон ном дарае меояд. Ин дара аз тарафи ғарби деҳаи Алушкур ҷойгир мебошад ва ба миқлори 2-3 осиёбӣ об меояд. Оби ин дара дар шафати деҳаи Алушкур ба оби дараи Мазори Султон ҳамроҳ шуда онро зиёд мекунад.

Ин об дар охири ноҳияи Ховалинг омада, дар роҳ боз чандин обҳои дигарро бо худ ҳамроҳ намуда ба сӯи ноҳияи Балҷувон меравад. Деҳаи Алушкур ба ноҳияи Тавилдара ва Вахиё қарибӣ дорад. Ана падарам бо бародарон ва як хоҳарашон дар ҳамин Алушкур ба дунё омадаанд, аз хамин деҳа зиндагиро ёфтанду, ҳар кадоме хонадор шуда ба ҳар ҷо рафтанду қисме ҳамин ҷо вафот карда, фарзандонашон боқӣ мондаанд.

Амакҳоро ман аз боло ба поён, мувофиқи калониашон номбар мекунам ва мувофиқ ба донистагиам дар бораи онҳо ва фарзандони онҳо маълумот медиҳам.

1. Амаки калонам Ҳафизов Хол будааст ва дар ҳамин деҳа таваллуд мешавад. Ба Хаймагул ном духтари зебои ҳамин маҳал хонадор мешавад. Аз ӯ як духтар бо номи Маликамо, ки дар боло ман ӯро ҳамчун парастор номбар кардаам ва як писар бо номи Саидаҳтам боқӣ мемонад. Худаш дар ҳамин деҳа мефавтад. Солҳои 1948 – 1949 онҳоро ба ноҳияи Фархор муҳоҷир мекунанд. Саидаҳтам бо ҳамроҳии чанде аз ҳамдеҳагон ба кӯҳҳои Қаратов баҳри намак мераванд. Дар бозгашт дар роҳ бемор мешаваду роҳ гашта наметавонад. Ҳамроҳонаш ӯро зери дарахте мехобонанд ва худашон ба деҳа меоянду хабари касалашро мегӯянд. Хешон баҳри овардани ӯ мераванд, ки он дар ҷои хобаш мурдааст. Дар ин ҳолат ӯ 20-21 сола будааст.

Духтари амакам – Маликаморо дар деҳаи Даҳани Шол, ноҳияи Ховалинг ба Саидакбар ном шахс ба шавҳар медиҳанд ва соли 1971 вафот мекунад. Аз ӯ фарзандони зиёд боқӣ мондаанд.

Аз ин амак дигар маълумоте надорам. Фақат аз гуфти модарам, ҳаминро медонам, ки наздикии деҳаи онҳо кони тиллое бо номи «Ёдгорбас» мавҷуд будааст. Аҳли деҳа, аз ҷумла амакони ман низ ба тиллокорӣ машғул будаанд. Ғайри ин ба картошка ва ғаллакорӣ низ машғул будаанд. Маҳсулоти худро ба Кӯлоб, Душанбе ва Помиру Афғонистон содирот мекардастанд.

2. Амаки аз падарам калон ном Мурод Ҳафизов будааст. Занаш Солеҳова Сафаргул будааст. Ӯро тахминан солҳои 1943 ё 1944 дар шаб хоинони миллат – босмачиҳо Саъдон ва Музаффар бо ҳамроҳонашон дар шаб дар хонаашон мепаронанд ва амаки хурдиам Ҳалимро бо корд танаашро мебурранд, ки то мурданаш, дар синни 90 солагӣ, мо дар баданаш ҷои ин кордҳоро медидем. Ин ҳодисаро аз гуфти калонсолон, бобои Ҳалим – хусури амаки хурдиам Ҳалим Ҳафизов, писаронаш Саид, Азиз, Саттор, котиби Ганҷал, ки ҳамсоя ва ҳамсоядеҳ будаанд ман шунидаам. Азиз, ки ҳамон шаб дар ин хонадон меҳмон будааст ва аз мурии хона пои луч парида дар барф мегурезаду хабарро ба деҳаҳои худ, дар масофаи 23 км мебарад. Ҳамин ҳодисаро ман шахсан аз он кас шунидаам ва бе тағйир дарк кардаам.

ПАРТОФТАНИ ХУН

Шабе пеш аз хоб рафтан, модар ба ман як косаи чиннӣ ҷурғоти ширини хонагӣ ва қисме маскаи хонагиро ҳамроҳ карда дод. Ман онро бо иштиҳои том хӯрдаму хоб рафтам. Вале шаб ба ман ҳолати ногуворе рух дод.

Ман барои партофтану меъдаи худро барои хӯроки навбати тайёр кардан ба берун баромадам. Шаб торик буд. Ман ба даруни обчакориамон даромада болои барги карам каме партофтам (қайъ кардам), дидам ки партофтагиам каме сурх менамояд. Аз он ҷо хеста назди ҷумакӣ об омадам, даруни ҳавзи холии об ду-се бор ғафс партофтам, дидам ки ин ҳам сурх аст. Як қоғази сафедро гирифта, ба он об шакидам, бинам ҳама сурх – хун аст.

Ба хона баргашта ба ҷойгаҳи хобам даромада хоб кардам. Дар ҷойгаҳи хобам ба назарам расид, ки ман дар як зарфи пур аз оби гарм ғутида истодаам. Ин аз ҳушравии ман будааст. Ба воситаи писарам, ки 5-6 сола буд ба назди тиреза, саҳар барвақт чизе мехӯрд завҷаамро ҷеғ задам. Он кас омада аз ман чизе пурсид, ки ёд надорам. Вақте ман ба ҳуш омадам, ки ришҳои сахти ҳамсоя маро мехарошид.

Ҳамсоя – бобои Раҷаб омада маро такя мегирад ва ришашро ба рӯям мемолад. Ман бедор шуда, бинам болои ҷойгаҳи хобам пур аз хун ва момаи Анорбии ҳамсоя пойҳои маро дар тағора аз хун шуста истодааст.

Ман дар беҳуши он қадар хун партофтам ки аз болои кӯрпаҳо гузашта, пойҳоям пур аз хун шудааст. Ин вақт мошинаи ёрии таъҷилӣ омада, табибон ба ман сӯзандоруе гузаронида, болои зина маро бор карда ба мошина шинонида, ба касалхонаи шаҳри Кӯлоб бурданд. Ав-56 вал маро дар шӯъбаи ҷарроҳӣ 12-рӯз хобониданд ва баъд ба қисми касалҳои дарунӣ бурда, 32-рӯз хобониданд.

Ҳама ҳайрон буданд, ки ин одам дар ин қадар хун партофтан боз зинда мондааст. Ин хун партоӣ низ дарду сӯзиши шиками маро кам накард. Боз ба ҳамон сузишу дорухӯриҳо кор мекардаму табобати хонагӣ мегирифтам. Ин ҳолат то соли 1982 давом кард. Соли 1982 моҳҳои май – июн бо роҳхати тиббӣ ба Эсентуки ба курорт рафтам. Дар он ҷо 24 рӯз истироҳат ва табобат кардам. Вале рӯз то рӯз аҳволам бад мешуд.

Рӯзе аз беҳоли дар даруни боғи Эсентуки болои ду газета хобида, омаду рафти одамонро нигоҳ мекардам.

Ногаҳон гузаштани ду марди тоқидорро дидам, онҳоро ҷеғ мезадам овозам намерасид. Онҳо ба сӯи ман нигоҳ карданд ва ман онҳоро ба сӯи худ бо дастам ишорат кардам. Онҳо ба ман наздик шуданд ва ман яке аз онҳоро шинохтам, ки Ташрифов Гурез – бригадири ҳамсоядеҳи мо буд.

Ман ба ӯ муроҷиат кардам, номашро гирифтам, он шахс баъд маро шинохта, ҳамроҳам салом карданд.

Ман соли 1966 муаллими синфи якуми фарзанди ӯ Сайдалӣ будам. Он кас аз ман аҳволпурсӣ карду ҷойи зисташро ба ман гуфт. Ман низ ҷойи зисти худро ба он шахс гуфтаму таъкид намудам, ки ҳар рӯз назди фалон чашмаи обнӯши маро интизор шуда бинад. Агар наомадам ба ҷойи зистам рафта аз аҳволам бохабар шавад.

Он кас то тамом шудани мӯҳлати роҳхаташ аз аҳволи ман огаҳ буд. Баъд аз омадани он шахс, ман боз берун аз роҳхат даҳ рӯзи дигар табобат гирифтам, вале бенатиҷа шуд. Акнун нимаи дуюми моҳи июн ман ба хона баргашта, ҳолам табоҳ шуда буд. Баъди ҳафт рӯзи дар хона хобидан, маро бародархондам Гулов Ҷумахон, ки ниҳоят дустӣ доштем ба касалхона бурда, дар шӯъбаи ҷарроҳи хобонид.

Баъди мушоҳидаю табобат маро Иноят Мармаров ҷарроҳӣ намуд. Баъди ҷарроҳӣ ман ба по хестаму фарзанди падарро ноҳинҷору рангпарида медидам. Аз ӯ пурсон мешудам, ӯ ҳеҷ аз ҳоли худ қисса намекард, вале рафиқони ман, ки рӯзи ҷарроҳӣ ба ман чӣ ҳол рӯй медиҳад гуфта, он ҷо буданд, ба ман маълумот доданд, вақте ки туро аз хонаи ҷарроҳӣ беҳуш бароварданд, бародарат Абдукарим зери бағалашро (тарафи чап) дошта ба замин нишаст.

Мо аз ӯ пурсон шудем, ки чӣ ҳодиса шуд. Он шахс ҷавоб додааст, ки чизе аз ҳамин тарафаш канда шуд, ки беҳуш шудаанд. Ҳамин тавр ҷарроҳии ман хуб (6 соат) гузашту баъди 23 рӯз ба хона омадам.

Аз дидори модар, фарзандон, акаву фарзандонаш хело хушҳол будам. Дар хисоби варақаи бемори будаму аз аҳволи акаам хабар мегирифтам. Ҳар қадар пурсон мешудам, ӯ худро солим мегуфт ва изҳори минатдорӣ мекард. Бо ҳамин минвол яку ним моҳ идома ёфту рӯзҳои сиёҳ ба сарам омаданд. Ман баъди ҷарроҳӣ соли 1982 ва янгаам Ҳалимова Момагул.

АЗ ҲАМА РӮЗҲОИ ТАЛХ, ДАР ЗИНДАГИИ МАН

… « Мардум меган зар бидеҳ, бародар бихар, Ин бародари зархарид, чӣ бародар бошад. »

Давраи ҷавонии ману бародарам.

Кошкӣ илоҷ мешуду, ман бо ними ҷон бародар мехаридаму, худро дар паҳлӯи ӯ мегирифтаму, нимаи дигари ҷони худро, ба кирдигор, ба осонӣ медодам. Ҳайҳот, ки ин ношуданӣ ва номумкин аст.

Он миқдор умре, ки худо додааст, як дақиқа каму зиёд намешавад. Онро ба ҷону пулу мол харида ҳам намешавад. Ин қиссаи бародарро низ ман мегӯям, ки бо дасти худ ҳамагӣ дар 2-3 дақиқа ҷонашро харида натавонистаму, манаҳашро бо дасти худ бастаам. Вале ман сухани охирини ӯро: « Ту медонӣ» – гуфтанашро, худ то мурдан аз ёд берун намекунам. Ба фарзандон мегӯям, ки бародарро хуб нигоҳ доред, наранҷонед, бо ҳам ёрирасону ғамхор бошед. Илоҷ ёбед, ҷони худро диҳеду ҷони бародарро бихаред, бо зар бошад низ.

Ман моҳи сентябри соли 1982, рӯзе ба хонаи акаам рафтам. Нишаста будем, ки аз дар писарамакамон акаи

Салим даромад.

Мо бо ҳам хело суҳбат кардему, гап аз хонадор кардани писари калонии бародарам Абдураҳмон рафт. Янгаам ба ин суҳбат ҳамроҳ шуда, аз келин кардани духтари апааш сухан гуфт. Акаам аз келин кардани духтари апаи занаш, каме норозигӣ намуд. Чунки ӯ ба мо хеши наздик буд ва дар зиндагӣ байни хешии мо ягон малолие нашавад гуфта, фикрашро гуфтанд. Янгаам бо овози баланд ва омирона сухан гуфта, ба хона даромад.

Дар ҳамин ҳолат ман дидаам, ки рангурӯи акаам парида сафед шуду, аз рӯяш арақи калон-калон ҷорӣ шуд.

Ман ӯро такя дошта аҳволпурсӣ кардам. Ӯ дар ҷавоб ба ман гуфт: – «Ҳеҷ чизе нашудааст, ман созам». Ман ки дар бемористонҳо зиёд хоб будам, аз баъзе бемориҳо маълумот ҳам доштам, зуд мошинаи ёрии таъҷилиро ҷеғ задам. Мошинаи ёрии таъҷилӣ омада расид ва духтураш Азизов ном шахси шинос бо ман буд. Баъди ташхис духтур бо ман дар берун ҳамсӯҳбат шуда, аз кӣ будани бемор бо ман ҳамсӯҳбат шуд. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки акаи ман мешавад. Он шахс ба ман таъкид кард, ки беморро ҳатман бистари кардан лозим, ҳолати сахти ҷойи хобро риоя кардан лозим, ӯро аз ҷой хестан намонед. Якҷо ӯ бояд хоб раваду гап назанад, чунки кори дилаш ниҳоят бад аст. Инро ман шунида, ҳамон рӯз ӯро ба бемористон бурда хобонидаму 22 рӯз аз ҷой хестани намондам. Ӯ ҳар лаҳза аз ман сахтгирӣ мекард, ки ман сиҳатаму ту маро бемор гуфта, пешобамро мегирӣ,мон ки ман худам ба берун равам. Бо як азоб ӯро 22 рӯз табобат намудам. Аз бемористон ӯро ҷавоб доданд ва дар хона боз ба ӯ варақаи беморӣ гирифтем.

Мӯҳлати се моҳаи варақаи беморӣ ҳам ба охир расид.

Ман бо раиси ВТК, ки Икромов С. буд муроҷиат намудам. Он шахс, ки бо ман рафиқ буданд, боз як моҳи дигар варақаи бемориро ба зимма гирифтанд. Ин варақаи бемориро низ гирифта дар хона чанд рӯзи дигар хоб карданд.

– Рӯзи 29 декабри соли 1982 ман барои хариди тӯҳфаҳои солинавии хонандагон ба шаҳр рафтам. Дар бозгашт ба хонаи акаам даромадам дидам, ки дар лаби бораи долон акаам нишастаанд. Маро дида аз ҷой хесту аҳволпурсӣ кард. Баъди аҳволпурсӣ аз кори ҳамон рӯзааш ахборот дод: – «Ман имрӯз ба базаи автомобилӣ рафтам, пӯли варақаҳои бемориамро гирифтам, ба ДЭУ-14 рафта бо акаи Салим, ки дар тӯйи писарам гушт оварда буд, ҳисобӣ кардам. Дар гузари заводи пахта дар шахсе пул доштам, онро рафта гирифтам».

Хулоса, ҳамаи кори ҳамонрӯзаро ба ман гуфта дод.

Баъди ин ба ман гуфт: «Рӯз бегоҳ шуд, ба хона меравӣ ё шаб меистӣ». Ман ҷавоб гуфтам, ки «Ман пагоҳ бо хонандагон иди арчаи солинавӣ дорам, бояд хона равам».

Мо якҷоя то лаби ҷар омадем ва ӯ гашта ба хона рафт, ман низ ба хона омадам. Саҳар нав либос пӯшида, ба мактаб равон будам, ки аз берун овози Ҳамид ном ҳамсояро шунидаму ҳайрон шудам. Ӯ ба ман уфт, ки «Биё равем, ки имшаб акаи Карим маро аз сари девор чанд бор бедор карда гуфтанд, ки рафта муаллимро гирифта биёр». Ман либоси охиринро пӯшида бо Ҳамид раҳсипор шудам. Модарам низ изҳори рафтан карданд, ки ман хумории дидори наберагон шудам. Мо якҷоя ба мошинаи акаи Ҳамид савор шуда, ба хонаи акаам расидем. Ӯ болои каташ, бо ҷомааш сарашро печонида, хоб буд. Ман даст ба болои дилаш гузоштам, то аз кори ди-62 лаш бохабар шавам. Ӯ бедор шуда ба ман гуфт: – «Ту омадӣ?» Ман гуфтам, ки «ба ту чӣ шуд?» Гуфт: «Ман имшаб хоб накардаам, нав хобам бурда буд, ки ту бедорам кардӣ». Ман даст ба пойҳояш кардам, ки дар пойҳояш варам пайдо шуда буд. Ман ба ӯ гуфтам, ки «Чӣ кор кунам?». Дар ҷавоб ба ман гуфт: «Ту медонӣ!».

Модарам низ дар ин дам бо ӯ аҳволпурсӣ намуданд, хайрбодӣ карданд. Ин буд, суханҳои охирини акаам.

Баъди ин сухан ман фикр кардам, ки мошини ёрии таъҷилӣ ҷеғ занам ё рафта ҷойи хобашро дар касалхона гираму омада ӯро ба беморхона барам. Гашта боло нигоҳ кунам, гардани акаам ба зер овезон, ҳар чӣ кӣ ҷеғ задам, фарёд задам, ба замин болои курпача хобонида, аз даҳону биниаш пуф кардам, дилашро бо даст зер кардам, вале ҳамаи ин кӯшишҳо бенатиҷа буд. Болои сараш бобои Абдуллои инвалид Ҳазрати Ёсин хонду ӯ пуфи дарозе карду худро рӯ ба қибла гардонду рост шуд. Мани қоматшикаста манаҳи бародарро бо дасти худ бастаму беист акамой гуфтм. Ин аст расми бародари ва бо ӯ хайру хӯш кардани ман. Рӯзи дигар 30.12.1982 ӯро бо ҷамъи ёрон, дӯстон, хешу таборон, ба хок супоридаму то ин даме ки қалам дар даст ин сатрҳоро менависаму мегӯям: «Куҷо ҳастӣ акаи ҳамроҳам, ғамхору хабаргирам, пуштибону нотарсам, ашкрезам, вақти бемории ман…»

Оби чашм, мерезаду мерезад ва хаёли зинда будани бародар мекунам вале ҳайҳот, ки на ба пул, на ба ҷон,на ба чизи дигар бародарро харида намешавад. Ба худ тасаллӣ дода, бо ин ибораи халқӣ мегӯям:

«Фарзанди падар меваи ноёфтанист».

Сад шукр, ки аз ӯ ба ман даҳ фарзандаш боқӣ мондаанд. Ҳама соҳибхонаю соҳиби фарзандонанд. Бо ман маслиҳатчию ёрирасону ғамхоранд. Бо ҳамаи ин ғамхориҳо ҷойи бародар холист.

Як гӯшаи баданам гӯё, ки нест. Худро доимо тасалло медиҳаму, вале болои дилам сиёҳ, ғами дилам нозудуданист. Боз шукрона мекунаму аз даргоҳи Илоҳӣ сабуриро талаб дорам. Бародарам баъди ба деҳаи Корези Поён омадан синфи 7-ро соли 1954 хатм намуда, ба Омӯзишгоҳи педагогӣ дохил шуд. Шароити зиндагӣ имконияти хонданро ба ӯ надод. Ӯ бо ёрии Шарифака ба базаи автомобилии №17 ба кор ҳамчун челонгар оғоз кард. Баъд аз он соли 1955 мактаби ронандагиро хатм намуда, боз ба ҳамон базаи автомобилии №17 ҳамчун ронанда ба кор қабул карда мешавад. То рӯзи маргаш дар ҳамон автобаза ронанда шуда, кор кард.

Вақтҳои охири умраш ҳамчун ронандаи таксиҳои сабукрав шуда кор мекард. Дар вақти тамоми кораш ба ягон ҳодиса гирифтор нашуда буд. Ҳамаи коргарон ва роҳбарони муассиса ёди ӯро ба хайр мегӯянд. Яке аз шахсони бо ӯ наздик, ҳамсинфи мактабӣ ва ҳам ронандаи шарики таксӣ ки зиёда аз 32 сол бо ҳам кор карданд, акаи Мурод мебошад. Дар ҳақаш дуо мекунаду ашк резон ёдаш ба хайр мегӯяд. Дар рафти кораш ба даҳҳо медалу таърифномаҳо мукофотонида шудааст. Ман қисми аз онҳоро ки дастрасам шудаанд, ба рӯи қоғаз меорам. Даҳҳо таърифномаву сипосномаҳоро номбар кардан мумкин.

Бо нишони «Ғолиби мусобиқаи Сотсиалистии соли 1973» аз 10 декабри 1973. Сад афсус ки баъди вафоташ ҳуҷҷатҳои бародарро дастрас карда натавонистам.

Фақат бо ёди ӯ, ғамхорию нолаҳои ӯ, ки дар вақти бемориҳои ман мекард, меноламу илоҷи гап задану дидани ӯро надорам. Имрӯз аз акагию додарии баъзеҳо дидан карда, хушҳол мешавам ва ба худ мегӯям, ки ман низ бародар медоштаму мисли ин рафиқон хушҳол зиндагӣ карда, дастгиру ғамхори якдигар мебудем. Боз ба баъзе одамон вомехӯраму раҳму шавқати онҳоро бо ҳамдигар дида, бо дили сиёҳ мегӯям: «Сад ҳайф ба ин одамсуратону ваҳшисиратон», ки акагию додариро ҳаром мекунанд. Аз дидани зиндагии онҳо худ ба хулосае меоӣ, ки аз инҳо дида, разилтарин одам, дигар дар рӯи олам нест. Ваҳшитарин даранда Шер мебошад, дар ҷангал бо фарзандону хешони худ якҷоя гардиш карда, якдигарро бо забон мелесанд ва аз ҳуҷуми дигар ҳайвонҳо ҳамдигарро муҳофизат мекунанд.

Вале ин намуд бародарон, ки ман дар назар дорам, бо ман шиносу ҳамсояанд ва ман номи онҳоро инҷо намеорам, вале фарзандон онҳоро мешиносанд. Ҳамаи инсонҳо бо ҳам бародаранд.

Акаам Мирзоев Абдукарим пеш аз вафоташ.

пешина
аз 13
навбатӣ