Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа
– Саломатиатон нағз набошад ба шифокор равед. Ман чӣ кунам? – хандид ҷавон.
Котиба ҳайкалвор дар пеши дар меистод. Ин сабаб дошт. Котиба интизор буд, ки ҷавонзан «Илтимос, корамро ҳал кунед. Чӣ хизмат бошад мекунам. Мо ба хизматаш тайёр» гӯяд ва ӯ дарҳол ҳуҷҷатҳои занро омода карда, «хизмат»-ро фармояд. Чойпулӣ кор кунад. Аммо ҷавонзан аз илтимосу илтиҷо ба он сӯ намегузашт. «Аҷаб калтафаҳм будааст. Мебинад, ки сардор не мегӯяд. Як даҳан, «аз мо чӣ хизмат» гӯй, олам гулистон. Худаш, баъзеҳо табиатан чунин содафаҳми гарангтобанд» дар ниҳод андешид котиба.
– Аҷаб зани кундфаҳм будааст, - аз қафои ҷавонзан гуфт ҷавонмард.
– Илтимос, пагоҳӣ боз дар навбат шиштаам.
– Мо ҳам бекор, чойнӯшӣ карда нашистаем. Мушкили чанд касро ҳал кардем, – оташин шуд Фотеҳ Неъматович.
– Медонам, ако. Илоҳо, аз умратон барака ёбед. Ҳузури фарзандонатонро бинед. Илтимос, ёрдам кунед, – гиря кард ҷавонзан.
– Хай, – ба кресло такя кард ҷавонмард. – Дуямон «земляк» будаем. Рӯйи хотири ҳамин, ёрдам мекунам. Ҷаримаро ба касса супурда, квитансияашро биёред.
Ҷавонзан шитобон баромада рафт.
– Аҷаб зани кундфаҳм будааст, – аз қафои ҷавонзан гуфт ҷавонмард.
– Ҳа, Фотеҳ Неъматович, – тасдиқ кард котиба. – Аз афташ маълум-ку.
– Либосҳояш ҳам турфа. Рӯймоли сарашро намегӯӣ.
Аз замони Доқиёнус мондагӣ. Хато накунам, модаркалонамро модарашон чунин рӯймол доштанд, – қоҳ-қоҳ зада хандид.
– Борхалтааш ҳам хӯрҷини ҷӯгиҳоро мемонад, – сухани роҳбари худро дастгирӣ кард котиба. – Аз ин хелҳо чойпулӣ он тараф истад, пӯсти пиёз ҳам намерӯяд.
Ҳар ду саргарми ғайбат буданд, ҷавонзан ҷаримаро пардохта баргашт. Мехост корро тезтар ҳал карда ба деҳа баргардад.
– Дар газета дар бораи гум шудани гувоҳнома эълон додед?
– Ҳа, ана, – рӯзномаро дароз кард.
– Нағз. Акнун нусхаи шиносномаро диҳед, – рӯзномаро гирифта гуфт ҷавон.
– Нусхааш...
– Ҳа.
– Нусхааш нест.
– Набошад, биёред, – амр кард ҷавон ва боз як шоколадро ба даҳон андохт. – То баргаштани шумо гувоҳномаро тайёр мекунем.
– Дар куҷо копия кардан мумкин? – узрхоҳона пурсид.
– Кӯча бароед, дар ҳар қадам ксерокопия ҳаст, – бепарво гуфт ҷавон ва ба котиба ҷеғ задани каси дигарро фармуд.
Ҷавонзан кӯча баромад. Ба чанд дӯкони гирду атроф сар халонд. Дар онҳо дастгоҳи нусхабардорӣ набуд. Раҳораҳ пулашро ҳисоб мекард. Охир, вай барои гувоҳнома ҷарима супурданро намедонист. Аз ин рӯ, аз ҳамсоя камтар пул қарз гирифта буд.
«Агар барои копия 2000 сӯм гирад, сенздаҳ ҳазор мемонад. Нархи ҳабдоруи модарамро шонздаҳ ҳазор гуфт. Ба ёздаҳ ҳазор дору харам, 2 ҳазор ба роҳкиро мемонад» дар сар ҳисоб мекард. Ниҳоят дар дӯконе шиносномаро нусхабардорӣ кард.
– Ноинсоф! – аз дӯкон баромада зери лаб гуфт. – Барои як порча коғаз 3000 сӯм гирифт. Инсоф ҳам чун ҳақиқат нест шуду рафт. Ҳама дурӯғгӯю ноинсоф шудаанд. Ҳамаи бист ҳазори қарз гирифтаамро меовардам, бемалол мерасид. Беҳуда се ҳазорашро дар хона мондаам.
Ҷавонзан ба загсхона шитофт, аммо аз ноомади кор дари хонаи ҳаштум қуфл буд. «Ба абет рафтагистанд» аз дил гузаронд.
Худро беҳол ҳис кард. Аз як тараф кӯфтагии роҳ, аз тарафи дигар гуруснагӣ азоб медод. Пеши тирезаи толор рафт. Аз бемадорӣ буд ё беморӣ, чашмонаш фурӯ рафта буданд.
«Ҳоли модарам чӣ шуд? То пешин бармегардам гуфта будам.
Рӯз бегоҳ мешуд, аммо аз Фотеҳ Неъматович дарак набуд. Ҷавонзан ҳафт маротиба аз котиба пурсид. Доим
“Ҳозир меоянд. Дар маҷлис” мегуфт. Чанд нафар дилтанг шуда рафтанд.
Ҷавонзан чун анкабут дар байни дари ҳаштум ва тирезаи толор тор метанид.
Абеташонро чӣ мекунанд? Ақаллан ба ҳамсоя мегуфтам, аз ҳолашон бохабар мешуд. Бехавотир корамро ҳал мекардам. Телефони ҳамсояро ҳам намедонам, ки аз ягон ҷой телефон кунам. Тезтар сардор меомад, гувоҳномаро гирифта бармегаштам».
Рӯз бегоҳ мешуд, аммо аз ҷавони қадбаланд дарак набуд.
Ҷавонзан ҳафт маротиба аз котиба пурсид. Доим «Ҳозир меоянд. Дар ҷамъомад», мегуфт. Чанд нафар дилтанг шуда рафтанд.
Ҷавонзан чун анкабут дар байни дари ҳаштум ва тирезаи толор тор метанид.
«Бевақт шуд. Автобус то соати чанд мегардад, намедонам. Ақаллан ба охирин автобус бошад ҳам расонам. Гувоҳномаро мегирифтам, модарҷонам ҳам хурсанд мешуданд. Худаш ҳал шудани нафақаашон ҳам рӯдаи буз барин дароз шуд. Имрӯз ҳам рафта ҳал нашуд гӯям, хафа мешаванд. Чӣ хел набошад ҳам, корро ҳал карда бармегардам.
Бо ин тани носолим боз кай ба шаҳр меоям? Кош, бародар ё хоҳаре дошта будам. Дар чунин вақт ёрдам мекарданд.
Афсӯс, ки маро танҳо модар ҳасту модарҷонамро ман»...
Дар толор Фотеҳ намоён шуд. Ба биниаш хода намера51 сид. Ҳама аз пушти ӯ ба дар наздик шуданд. Котиба баромада, сардор аввал онҳоеро, ки аз пайи камбудии ҳуҷҷат рафтаанд, қабул мекунад, гуфта эълон кард. Ҷавонзан оҳи сабук кашид. Вақте ки нусхаи шиносномаро тақдим кард,
Фотеҳ Неъматович баҳона пеш овард, ки навиштаҳои нусхаи шиноснома ба чашм наменамояд.
– Арзиши ҳар як коғаз ба маълумоти он вобаста аст, – норозиёна гуфт ҷавонмард. – Коғазе, ки тоза аст, арзиш ҳам надорад. Монанди ин нусхаи шиноснома. Аз дигар нусхабардорӣ карда биёред.
Ҷавонзан чӣ кор карданро намедонист. Аз кӣ ёрӣ пурсад? Ба кадом девор сар занад. «Арзиши коғаз бо навиштаи он муайян гардад, арзиши одамро бо чӣ ҳисоб мекунанд?
Ин сардор ҳеч дар ин бора фикр карда бошад? – дар ниҳод андешид ва аз котиба оҳиста пурсид:
– То омаданам, намеравед?
– Кор то соати шаш. Баъди шаш қабул намекунем, – бурро ҷавоб дод котиба.
– Ҳозир соат чанд?
Котиба соати телефонашро дида:
– Панҷу ним, – гуфт.
Ҷавонзан ранҷидахотир берун баромад.
«Ним соат. Дар ним соат чӣ хел рафта меоям. Намешавад. Танҳо барои рафтан ним соат вақт даркор». Пойбанди хаёл аз зина мефаромад ва занеро, ки боло мебаромад, надиду бархӯрд.
– Мебахшед, – аз олами хаёлот берун омада, узр пурсид ва дар рӯ ба рӯйи худ ҳамон зани рафидарӯйро дид, ки пагоҳӣ ба вай эътироз карда буд. – Ба хаёл дода шудаам.
– Ҳеч гап не, – хандид зани рафидарӯй. – Хаёлпарешонӣ дар ҳама мешавад. Коратон ҳал шуд?
– Не, – димоғсӯхта гуфт ҷавонзан.
– Чаро?
– Нусхаи шиноснома лозим будааст. Овардам, «хонда намешавад, аз дигар копия карда биёр» гуфтанд. – Ҳамин ҳам гап шуд-у. Дар худашон дастгоҳи копия ҳаст-ку?
– Намедонам, – китф дар ҳам кашид ҷавонзан.
– Чойпулӣ додед?
– Чойпулӣ?!
– Ҳа, чойпулӣ. Ба котиба.
– Не.
– Як бист ҳазор диҳед, коратон бе ягон муаммо ҳал мешавад, – гуфт зани рафидарӯй. – Ҳозир ҳама гадорӯю гадочашманд. Рафта нусхаи шиносномаро аз нав биёред ҳам, боз дигар баҳона пеш меоранд.
То чойпулӣ нагиранд, коратонро ҳал намекунанд.
Маро ҳам барои як маълумотнома фиристоданд.
Чойпулӣ бештар медиҳам гӯям, бе маълумотнома намешавад гуфтанд. Ҳамонро мебиёрам. Рафтем, ман даромада котибаро берун, пеши шумо мефиристам.
Ҷавонзан ҳамроҳи зани рафидарӯй қафо баргашт.
– Барои густохии имрӯза узр мепурсам. Агар ҳамон хел намекардам, боз чанди дигар бенавбат медаромаданд, – зан беист гап мезад.
Ҷавонзан дар назар ӯро мешунид, аммо хаёлан пулашро ҳисоб мекард. «Агар ба котиба даҳ ҳазор диҳам, ду ҳазор мемонад. 2000 танҳо ба автобус мерасад. Тезтар гувоҳномаро гирифта, ба истгоҳ равам, ба автобуси охирин шояд расонам», меандешид.
Зани рафидарӯй дарун даромад. Ҷавонзан канортар рафта, пулашро дубораю себора шумурд: ёздаҳто ҳазорсӯмӣ, дуто панҷсадсӯмӣ. Сари калобаи худро гум кард. Чӣ кор карданро намедонист. Ҳамин вақт котиба баромад. – Маро кӣ ҷеғ зад? – аз одамони пушти дар пурсид. Ҷавонзан дарҳол ду ҳазорро дар борхалтаи сафед андохта, шитобон пеши котиба рафт.
– Ман ҷеғ задам, – гуфт ва ӯро ба канортар кашида, ба дасташ пулро дод.
– Ин чойпулӣ, хоҳарҷон. Илтимос, гувоҳномаро бароварда диҳед. Котиба пулро бепарвоёна гирифта, як нигоҳ кард ва дар ҷайби худ андохта ба идора даромад.
Пас аз лаҳзае зани рафидарӯй баромада, котиба ҷавонзанро даъват кард.
– Котиба гуфтанд, ки шумо саросема ҳастед, – дар лаби ҷавонмард табассум гул мекард. – “Зар бар сари пӯлод ниҳӣ нарм шавад”, гуфтаанд бузургон. Шумо «хизмат»-ро кардед, акнун мо ҳам ба хотири «земляк» буданамон як ҳиммат кунем. Ҳамон нусхаи шиносномаатонро дода равед.
Мо ҳамеша ба ҳамшаҳриҳои худ ёрӣ мекунем. Ин гувоҳномаро бурда, модаратонро хурсанд кунед, – мамнун гувоҳномаи навро дароз кард. – Аз номи мо ягон кило шоколад ҳам баред.
Ҷавонзан изҳори миннатдорӣ намуду дар дил «бедавлат агар кишт кунад, об намеёбад, бодавлатро киштаву нокишта баробар» гуфтаанд. Шоколад баред мегӯяд. Аз куҷо донад, ки бо пули қарз ба ин ҷо омадам ва дорупулии модарҷонамро ба ӯ додам» гуфт ва гувоҳномаро гирифта берун баромад. Рӯз торик шуда буд. Ҷавонзан аз паҳлуи базмгоҳи Кӯксарой ба роҳи калон фаромада, қад-қади роҳ, пиёда ба ҷониби истгоҳи Пайариқ – чорроҳаи Даҳбед шитофт.
Дар истгоҳ танҳо мошинҳои сабукрав меистоданд. Ронандаҳо бо овози баланд мусофиронро ҷеғ мезаданд: «Пайариқ, Пайариқ, Челак».
Сабукравҳо роҳкироро 8000 сӯм мегуфтанд.
Дили ҷавонзанро гург тала мекард. «Ҳоли модарам чӣ шуд? Пешин чӣ хӯрданд? Аз дер кардани ман парешон мешаванд. Илоҳо, ягон ҳамсоя ба аёдат омада бошад...». Бо умед аз ду-се ронандаи сабукрав хоҳиш кард, ки то ба манзил расонанд.
– 2000 сӯм пулам ҳаст. То хона баред, пули боқимондаро медиҳам, – гуфт.
Азбаски хонаи ҷавонзан дар канортари шаҳраки Челак буд, ронандаҳо розӣ намешуданд.
Дар қадди роҳ истода, ба ҳар як мошин даст боло мекард. Ронандаҳо либосҳои куҳнаву рангпарида, калӯшҳои чиркин, рӯймоли сабзи якранги ӯро дида, аз ҳамон талбандаҳое мепиндоштанд, ки дар назди чорроҳаҳо истода, аз ронандагон садақа мепурсиданд. Аз ин рӯ, наистода мегузаштанд...
Торафт ҳаво сард мешуд. Шамол авҷ мекард. Шохҳои урёни дарахтони канори роҳ зери шуои чароғҳои ду бари кӯча музтарибу бенур ба назар мерасиданд. Сардӣ ба ҷавонзан асар карда буд. Борхалтаи худро оғӯш карда, дар истгоҳ аз шамоли сард паноҳ ҷуст. Сар ба оинаи истгоҳ гузошта, чашм аз роҳ намеканд. Бо гузашти вақт гаштугузори одамон ва мошинҳо камтару эҳсоси яъсу навмедии дили ҷавонзан бештар мегардид...
Сабукраве омада дар рӯ ба рӯйи истгоҳ қарор гирифт.
Аз он ҷавони қадбаланд фаромад. Ҷавонзан ӯро шинохта, сар хам кард. Фотеҳ Неъматович тарафи ягона мусофиркашоне қадам зад, ки дуртар аз истгоҳ меистод.
– Куҷо меравед, ака? – пурсид ронанда.
– Челак.
– Гап не. Биёед, ду каси дигар гирем, меравем.
– Рафтем, ман пули се касро медиҳам, – гуфт ҷавони қадбаланд ва дар сабукрав нишаст.
Ҷавонзан боумед дар истгоҳ нишаста буд, ки агар мошин пур нашавад, ронанда ӯро то ба манзил мебарад.
Аммо сабукрав рафту бо худ охирин умеди дили ҷавонзанро ҳам бурд ва ӯ дар истгоҳ танҳо монд...
Неъматамак – падари Фотеҳ машғули чойнӯшӣ буд, писараш дар тан либоси корӣ ба хона даромад.
– Писарам, имрӯз ягон кори таъҷилӣ надорӣ? – пурсид амак.
– Не. Ягон кор буд?
– Дар маҳаллаи Дарвешак духтари як ошноямон вафот кардааст. Имрӯз панҷшанбе, фотеҳахонӣ мерафтем.
Баъд якҷоя шаҳр рафта, туро пеши корхонаат мегузоштам. Дар шаҳр камтар корам ҳаст.
– Майлатон, – розӣ шуд Фотеҳ.
– Ту мошинро тасфон. Ман ҳозир либосамро иваз кунам, меравем, – калиди мошинро ба дасти Фотеҳ дод ва ба хонаи дигар гузашт.
Вақте ки ба маҳаллаи Дарвешак расиданд, Неъматамак ба тангкӯчае ишора карда гуфт, ки бо ҳамон роҳ мераванд.
Дар охири тангкӯча хонаи назарногире ба назар мерасид. Шиферҳояш куҳнаву деворҳояш таъмирталаб буданд.
Неъматамак ва Фотеҳ дуртар аз ҳавлӣ аз мошин пиёда шуда, ҷониби чанд мӯйсафеде, ки берун аз дарвоза менишастанд, ҳаракат карданд. Дар берун курсичае гузошта буданд, ки дар болои он гулдон ва портрети ҷавондухтаре ба назар мерасид. Чашми Фотеҳ ба сурат афтод, чеҳраи вай дар назараш шинос тофт.
Неъматамак пас аз дуои фотиҳа ҳамдардӣ изҳор карда:
– Ҷойи духтарамон ҷаннат шавад, – гуфт ва рӯ ба марди ҳампаҳлуи худ оварда:
– Янгамулло дар куҷо? Як ҳолпурсӣ кунем.
Мард Неъматамакро роҳбаладӣ кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё