Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа
Фотеҳ дар берун монд. Ҳар лаҳза бо гӯшаи чашм ба расм менигарист. Ҷавондухтар дар лаб табассум, гӯё ба ӯ нигоҳ мекард. Дар худ меандешид, ки ӯро дар куҷо дидааст.
Пас аз чанд дақиқа падараш баргашт ва ҳамроҳ ба шаҳр роҳ гирифтанд.
Мард хомӯшу ранҷидахотир буд. Чашм аз роҳ намеканд. Ҳар дам оҳи чуқур мекашид. Аён буд, ки марги ҷавондухтар ба ӯ сахт таъсир кардааст.
– Шумо ин оиларо аз куҷо мешиносед? – пурсид Фотеҳ.
– Ин таърихи дароз дорад, – гулу афшонд Неъматамак ва пас аз сукути кӯтоҳ нақлашро давом дод:
- Он замон шумо кӯдак будед. Ман дар дашт чӯпонӣ мекардам. Моли давлатро мечарондам. Бо баҳонаи парвариши моли давлат худамон ҳам бузу гӯсфанди зиёд карда будем. Ғайр аз ин, бузу гӯсфанди дигаронро ҳам гирифта, нигоҳ мекардам. Рӯзе тасодуфан аз шаҳр барои тафтиш комиссия омад. Ҳуҷҷатҳоро як-як омӯхтанд. Дар натиҷа маро дар тороҷ кардани ему хошоки давлат айбдор карданд.
Чӣ кор карданро намедонистам. Музтару парешон будам ва иқрор шудам. Чунки беайб набудам.
Баъд яке аз тафтишгарон, ки дар синну сол аз дигарон солхӯрдатар буд, шояд ба аҳволи ман раҳм кард ки:
– Дӯстон, дар ин дашту саҳро, дур аз одаму олам бузу гӯсфанд поидан худаш намешавад. Ин заҳмат ва машаққати зиёд дорад. Ин додарамон солҳо боз чӯпонӣ мекардаанд. Миқдори зарари расонидашуда на он қадар калон аст.
Биёед, ба ҷони ҷавонаш ҷабр накунем. Дӯстамонро бубахшем, – гуфт.
– Сироҷака, дар ин ҷо гап дар хусуси тороҷи амволи давлат меравад. Он кам аст ё зиёд, мулки давлат аст. Хиёнат ба сарвати ҳукумат, хиёнат ба Ватан мебошад, – луқма партофт тафтишгари дигар.
– Дуруст, мо ҳар як тийинро барои фоидаи давлат меситонем. Аммо чӯпонҳое ҳастанд, ки аз ин ду-се баробар зиёд ба давлат зарар мерасонанд. Аммо гулуи ким-кадом мансабдоронро равған карда, аз рӯйи нақли «худам хону табъам вазир» амал менамоянд ва аз об хушк мебароянд,
– ҷиддӣ гуфт ҳамон мард. – Ин дӯстамон ба айби худ ҷавонмардона иқрор шуд. Биёед, бахшоянда шавем. Боз агар чунин ҳол такрор шавад, ба ҷазо мекашем ва дучанд ҷари57 ма меситонем.
Тафтишгарон ба гапи вай лому мим нагуфтанд, ба ҷони ман низ оро даромад. Он муфаттиш маро аз панҷаи бало раҳо кард.
Дертар фаҳмидам, ки ӯ зодаи Пойариқ буда, Сироҷ Салоҳиддинов ном доштааст. Дар Садорати давлатии андози вилоят кор мекардааст ва аксарият хоҷагиҳо ӯро хуб мешинохтаанд. Бо корҳои хайру адолатпарваронаи хеш ном бароварда будааст.
Ҳамон сол тӯли бузу гӯсфандҳо нағз шуд. Қисме аз чорворо фурӯхта, аз маркази ноҳия хона харидам. Ғайр аз ин, соҳибкориро ба роҳ мондам. Моли ҳукуматро супурда, қисми дигари бузу гӯсфандонро ба як чӯпони ошно додам.
Аз пушти ҳамон пул кор кардам, обрӯ ёфтам. Ҳамон бузу гӯсфандонро фурӯхта, ба домуллоҳо дода, шумоёнро ба донишгоҳ даровардам. Асоси зиндагонии фаровон ва ҳаёти хушбахтонаи имрӯзаи мо бо ҳамон тафтишгари нектинат вобаста аст. Агар ҳамон вақт вай маро ҷонибдорӣ намекард, қисми зиёди бузу гӯсфандонамон ба ҳисоби далват мегузашт. Ман яқин ҳабс мешудам ва Худо медонист, ки ҳозир чӣ ҳолу чӣ гуна рӯзгор доштем.
– Ҳозир Сироҷ Салоҳиддинов ҳаёт ҳастанд?
– Не. Шодравон чанд сол пеш вафот карда буд. Ба санҷишҳои пайиҳами зиндагӣ, туҳмату ноадолатиҳо дилаш тоб наовард. Бечора дар ҳабсхона вафот кард, – жарф нафас кашид Неъматамак.
– Дар ҳасбхона? – бо тааҷҷуб ба падараш нигарист Фотеҳ. – Чӣ шуд? Чӣ хел ҳабс шуданд? – кунҷковона пурсид.
– Аксари мансабдорони бадкирдор одами ҳалолу росткорро намеписанданд. Сироҷ Салоҳиддинов марди пок буд.
Аз ин рӯ, «калон»-ҳо ӯро бад медиданд ва ҳамеша аз пайи нест кардан мегаштанд.
Дар ҳаёт аксари соҳибмансабон корҳои бузурги ғайриқонунии сарватмандонро нодида мегиранду айби хурди одамони одиро даҳчанд карда нишон медиҳанд ва ба ҷазо кашида, пушти панҷара мепартоянд. Сироҷ Салоҳиддинов акси ин корро мекард: ба одамони одие, ки хато кардаанд, дасти ёрӣ дароз мекард, роҳи дурустро нишон медод ва мансабдорони баланддимоғу қонуншиканро ба ҷазо мекашид. Ниҳоят ба одамони одӣ ёрӣ кардани Сироҷ
Салоҳиддинов ба сари худаш бало шуд. Даъвогари суст қозиро муттаҳам кардааст гуфтагӣ барин, ба як бефаҳм ёрӣ расонду худ шарманда гардид. Сироҷ Салоҳиддиновро дар пинҳон кардани қонуншиканӣ айбдор карда, ҳабс намуданд. Хонаву дар ва ҳама дороияшро мусодира карданд.
Худ аз худ ҳамаи хешу табор, дӯсту бародар, ёру ошно аз онҳо рӯ гардонданд. Оилааш дар кӯча монд. Баъд ба ҳамин маҳаллаи Дарвешак – хонаи падарии Сироҷ омада ҷойгир шуданд. Ӯ дар маҳбас вафот кард. Чунин ранг гирифтани кор аз хаёли ҳеч кас нагузашта буд. Ҳамсараш бар асари ин ҳама ранҷу азоб, яъсу ноумедиҳо бемор шуда, чанд сол аст, ки бистарист. Зани муштипар як аҳвол шудааст.
Ангор биниашро дорӣ, ҷонаш мебарояд.
– Чанд фарзанд доранд? – аз нақли ғамангези падар ранҷидахотир шуда, бо табъи хира пурсид Фотеҳ.
– Як духтар дошт. Худо ҳамонро ҳам пур дид, – дар чашми мард ашк ҳалқа зад.
– Ба духтарашон чӣ шудааст? Ягон фалокат рӯй додааст?
- Духтараш ҳам чанд сол боз бемор буд. Аз хона кам мебаромад. Бечора, ҳафтаи гузашта барои кадом як ҳуҷҷати модараш ба шаҳр рафтааст, барои ба нафақа баровардани модараш.
Фотеҳ дар худ ларзид. Пеши чашмаш сиёҳӣ зад ва дар мадди назараш чеҳраи хандони духтарак намоён шуд. Ҷавондухтарро ба хотир овард. Оҳиста мошинро канори роҳ гирифта, бозистод.
– Чӣ шуд писрам? Тинҷӣ?
– Ҳеч гап не. Пеши чашмам сиёҳӣ зад.
– Чаро сиёҳӣ мезанад? Сарат дард мекунад? – Не, ҳамааш хуб.
– Фаро. Ман худам дар рул мешинам, – гуфт амак ва поён фаромад....
Фотеҳ корхона омад. Аммо дасташ ба кор намерафт.
Парешону ғамгин буд. Чеҳраи пуртабассуми духтарак лаҳзае аз пеши рӯяш дур намешуд.
«Вақти аз шаҳр бозгаштан дар кӯча мондааст. Сармо асар карда, ба бемористон афтодааст. «Бе пул суханат асар надорад, ҳоле, ки ту дорӣ хар надорад», гуфтаанд.
Ба духтари фақир дар шифохона як-ду ҳабдору дода, дар вазъи вазнин ба хонааш ҷавоб додаанд. Беморияш авҷ карда, пас аз ду рӯзи бистарӣ ҷон ба Ҷонофарин супурдааст.
Баъд аз ҳабс гардидани Сироҷ Салоҳиддинов дар иду айём аз ҳолашон хабар мегирифтам. Ҳар боре биёям, духтарак бо чеҳраи кушод, «хуш омадед, амак» гуфта пешвоз мегирифт.
Ҳозир модари муштипараш аз ҷояш ҷунбида наметавонад. Раҳмат ба аҳли маҳалла, ки дасти ёрӣ дароз карда, марҳумаро гӯру чӯб кардаанд. Лекин онҳо ҳам чанд рӯз нигоҳубин мекунанд? Як ҳафта, як моҳ, биё ки як сол будагист. Баъд ҳоли пиразан чӣ мешавад?», суханони падарашро ба хотир овард Фотеҳ.
«Ҳоли пиразан чӣ мешавад? Чӣ хел зиндагӣ мекунад? Кӣ ӯро парасторӣ менамояд?» такрор ба такрор ба худ савол медод.
Рӯзҳо мегузаштанд. Аммо на дар хоби Фотеҳ роҳат буду на дар хӯрокаш лаззат. Парешону малул, озурдахотиру димоғсӯхта гардида буд. Доим дилаш аз чизе бухс мекард. Дар ҳастияш ғам ошён карда буд. Илоҷи воқеаро меҷуст. Чунки дар марги ногаҳонии ҷавондухтар худро айбдор медонист. Аз ин рӯ, мехост ба пиразан ёрӣ расонад.
Ниҳоят, рӯзе ба хулосаи амиқ омада, субҳи барвақт аз хоб хесту ҷониби маҳаллаи Дарвешак роҳ пеш гирифт...
Соли 2020 БОДБАРАКИ ОРЗУ
Дар фазои ғуборолуди шаҳри Ҳалаби Суриё зоғҳо села-села парвоз мекарданд.
Гоҳ аз наздик ва гоҳе аз дур садои тиру туфанг баланд гардида, «қар-қар»-и зоғҳои сиёҳро пахш мекард. Бӯйи ғализу нофорами партовҳо, ки дар қадди биноҳои валангору кӯчаҳои нотоза ҷамъ шуда буданд, дили касро нороҳат месохт. Коҳиши партави офтоб аз поён ёфтани боз як рӯзи ҳаёт дарак медод. Гарчанд фасли бедоршавии табиат дар мекӯфт, манзараи шаҳр анҷоми поизро мемонд. Дарахтон шабеҳи одамони дар бими ҷон афтодаи шаҳр музтару ҳайрон менамуданд.
Ангор гӯшбақимор буданд, ки ин ҳама ҷангу исён, хунхориву шӯришҳо оқибат бо чӣ меанҷоманд?
Дар канори шаҳр, ки ба ҳамвории васеъ пайваст буд, дар дуртар аз биноҳои пасту баланди вайрон хонаи назарногире ба чашм мерасид. Болои ин хонаи хурдакак, ки хонаи
Ҳозиқ ном сардори як гурӯҳ ифротгароён буд, бомпӯш надошт. Ӯ бо мақсади аз назари бегонагон пинҳон доштани манзили зист дар ин вайрона зиндагӣ мекард. Мӯрии ти61 раранг ва мавҷгири моҳвораӣ, ки аз боми кулба ба назар мерасиданд, гӯиё нишонаҳои ду олами ба ҳам зид буданд, ки саҳван канори ҳам омадаанд. Деворҳои гиландоваи хона ҳар ҷо-ҳар ҷо афтодаву тирезаҳо аз дарун бо матои сиёҳ маҳкам пӯшонида шуда буданд. Хона ду дар дошт, ки яке ба ҷониби шаҳр кушода мешуду дари дигар роҳ ба самти танӯрхона буд. Аз тарафи рос ти дари даромад зинае ба зери замин мефаромад. Дар поён ду хона буд – яке иқоматгоҳ, дигаре ошхона. Аҳли ин паноҳгоҳ барои эмин будан аз ҳар гуна ҳамлаҳои вақту бевақт дар зер зиндагӣ мекарданд.
Дар хона, ки тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгорро дошт ва бо қандили овезон аз шифт равшан мешуд, қадбонуи Ҳозиқ таоми шом мепухт. Писарчае, ки яқинан се ё чорсола буд, телевизор медид. Бо завқи тамом як шабакаи давлати дигарро, ки мардумаш ҷашнеро пешвоз мегирифтанд, тамошо мекард. Гарчанд забони онҳоро намефаҳмид, аз рақсу бозии бачагон, сурудхонию бадеҳагӯйии одамон, болои банд гаштани дорбозҳо, гӯштингирии паҳлавонон, суманакпазии мардум завқ мебурд. Дар худ меболид, ду дасташро зери ҷоғ такягоҳ карда, дида аз оинаи нилгун намеканд. Медид, ки бачаҳо бо шохаҳои гул таҳти навоҳои дилкаш мерақсиданд, байтбаракбозӣ мекарданд.
– Модарҷон, ин одамон чӣ кор мекунанд? – пурсид бача бо тааҷҷуби кӯдакона.
– Ҷашн доранд, – ба телевизор нигоҳ кард зан.
– Чӣ гуна ҷашн?
– Намедонам, шояд ягон иди мардумӣ бошад…
– Мо кай ид мегузаронем?
Зан оҳи сарде кашид. Назди писар омаду паҳлуяш нишаст ва ӯро оғӯш карда аз гунаҳояш бӯсид.
– Худо хоҳад, ҷанг тамом шавад, сиҳату саломат ба озодӣ расем, он гоҳ мо ҳам ид мекунем, иди бошукӯҳ.
– Ман ҳам ба ид меравам? – рӯ ба модараш овард писарак.
– Албатта меравӣ, шери модар. – Либосҳои нав мепӯшам, ҳамин тавр?
– Ҳа, падарат бароят либосҳои нав меоранд. Ту онҳоро пӯшида ба ҷашнгоҳ меравӣ, бо дӯстонат бозӣ мекунӣ, хушнудӣ менамоӣ.
– Ман ҷӯра надорам…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё