«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
– Ғазанфар, охир ман ба ту фаҳмонда будам, ки чунин амал ҷиноят аст. Бо кадом рӯ одам аз авлоди худаш даст кашида, авлоди дигарро ихтиёр мекунад?
– Пирам, қурбони ҷонатон, тасаддуқи забонатон, инро на фақат ман мехоҳам, тамоми галонтарони авлоди мо ба даргоҳатон зораву тавалло доранд.Чизе хоҳед, дар ивазаш медиҳем, ҳоло бо худ як гумайти бодпой овардаам. Илтимос…
– Фаросатшо, ҳо Фаросат! – пир гапи Ғазанфарро бурид ва хизматгорашро фарёд кард.
Фаросатшо ба дакон баромад.
– Аспи ин мард дар куҷост?
– Ба дарахти себ бастаам, тақсир.
Фаррухшо чароғдонро ба халта андохта, ба дасти Ғазанфар дод ва гуфт:
– Дигар бо чунин хоҳиш назди ман наё, вагарна аз муридӣ маҳрумат мекунам. Фаросатшо, меҳмонро гусел кун.
– Аспи овардаашро монам? – Аспашро ҳам гусел кун, ба аспи хуб як қамчин гуфтаанд, гоҳе ду қамчин ҳам лозим будааст, – бо киноя гуфт пир ва бо дасташ ҷониби роҳи баромад ишора кард.
Ғазанфари аз ғояти шармандагӣ суп-сурх таъзиме ҷониби пир карду мунтазири хизматгор ҳам нашуда, бадар рафт. Пас аз он ки дакон аз меҳмони булъаҷаб холӣ гашт, Сайид Козим ҷилави хандаро сар дод. Он қадар хандиду хандид, ки ғубори хотири
Фаррухшо ҳам зудуда шуд ва дар лабонаш табассум дамид.
– Татҷон, ақли ин мардак аз кӯдакон ҳам камтар будааст-ку! – сабаби хандаи худро хулоса кард писарак.
Падар чорзону нишаст, рубоб гирифт, ба торҳояш нохун зад ва гуфт:
– Бачам, вай камақл не, серақл аст. Девонаи ба кори худ ҳушёр.
– Чӣ хел?
– Мехоҳад шаҷараи авлодашро ба сайидзодаҳо расонаду соҳиби ягон вазифа ё имтиёз гардад.
– Худаш аз кадом авлод аст?
– Авлоди инҳоро шаҳракиён мегуфтанд. Инҳо аслан аз
Ёмҷанд. Бо мардуми деҳа таҷанг шуда, ба Ғунд кӯч бастанд.
Бисёр мансабталош ва иззатталабанд.
Аз чунин иттилои дақиқи падар дар бораи Ғазанфар писар дар ҳайрат афтод:
– Ман фикр кардам, ки ту дар борааш чизе намедонӣ.
– Ман дар бораи ӯ ва авлодаш чизҳое медонам, ки худаш намедонад, – посух дод Фаррухшо ва гӯшакҳои рубобро тоб дода, ҷӯр карду афзуд: – Тайёр шав, ки охонат меояд.
Панҷоҳ нафар навкари мусаллаҳ аз қалъаи Баҳрпанҷа баромада, аспҳои худро ҷониби Рӯшон ва Дарморахт маҳмез заданд. Оқсақол Исҳоқ амр кард, ки бандиҳои дохили қалъаро ба майдони Саройи санг бароранд ва худ дар сояи дарахте нишаст. Навкарон бандиҳоро оварданд. Чеҳраҳои пурандӯҳ, либосҳои ҷиғдаи аз ғояти чирк бӯгирифта, чашмони аз лоғарӣ фурурафтаашон табъи хираи оқсақолро хиратар кард.
– Дар офтоб наистед, ба зери дарахтон гузаред, – амр дод ба онҳо Исҳоқ ва аз ҷо хест. – Натарсед, ман фақат суҳбат мекунаму халос.
Аз ин гап дили бандиҳо каме қувват гирифт. Ба гӯши худ бовар намекарданд, ки бо онҳо чун бо инсон гап мезананд.
Оқсақол ба сарбозон рӯ овард:
– Ба хонаи ман равед ва ба инҳо хӯрок биёред.
Вақте навкарон ба роҳ афтоданд, аз пасашон таъкид кард:
– Ба ошпаз таъйин кунед, ки ҷавонаи барои қурбонӣ мондаамро кушта, дар ду деги калон боҷ1 пазад.
Як марди бандӣ, ки ҳар замон миёнашро дошта, рӯ турш мекард, пурсид:
– Сойиб, ба одаме, ки мекушандаш, хӯрок чӣ лозим?
– Ҳеҷ кас шуморо куштанӣ нест, бародар, – посух дод оқсақол.
–Вале бидонед ва огоҳ бошед, ки шуморо ба Файзобод мебаранд.
Аз ин хабар миёни бандиён ғалоғула афтод. Занҳо домони гиряро сар доданд.
– Мо ин қадар заифем, ки тавони рафтан ба чунин роҳи дурро надорем, – гуфт бандии дарди миёндор. – Боз се тан бемор ҳам ҳастанд.
– Чи кунам, амри шоҳ чунин аст, – гуфт оқсақол ва ба номнависиашон шурӯъ кард. Ягон нафарашон, ба ҷуз он ки хешу табори ашхоси ба шаҳодат расондаи Муҳаббатхон будан, гуноҳи дигаре надошт.
– Бародар, – бо нолаи дилхарош ба оқсақол рӯ овард зане, ки аз ғояти чиркинӣ чи ранг доштани рӯяшро муайян кардан душвор буд, – шоҳ одами параҷ аст, параҷро ҳараҷ гуфтаанд.
Аммо ту ки шуғнонии мо ҳастӣ, наход раҳмат наояд? Шавҳарамро ноҳақ куштед, маро асир кардед. Ҳамаи ин бас набуд, ки дар мулки бегона ғарибам кунед? Коре, ки шумо мекунед, бадтарин кофар ба душманаш раво намебинад. Пас аз ин ту ва фарзандонат бо кадом рӯй ба назди мардум мебароед?
Исҳоқ оромона гапи занро гӯш карду вақте лаб фуру баст, дар рӯ ба рӯяш истод ва гуфт:
– Бовар кун, хоҳар, ҳоло ягона илоҷ ба Файзобод бурдани шумост. Савганд ба Мавлое, ки имоми ману туст, роҳи дигар вуҷуд надорад.
Оҳанги самимии гуфтори оқсақол на танҳо ба зан, балки ба тамоми асирон таъсири хуб гузошт. Дере нагузашта, навкарон асирони навро панҷ-шашнафарӣ овардан гирифтанд. Доду фарёд ва шавқуну ғирев боз фазои Саройи сангро ба ларза овард. Бо амри шоҳ навкарон ҳеҷ касро ба гусели асирон роҳ надоданд. Ба ин сабаб дар майдон танҳо асирон буданду оқсақол Исҳоқ. То чоштгоҳ беш аз панҷоҳ асирро ҷамъ оварданд.
Дарвозабони қалъаи Баҳрпанҷа дарро ба рӯйи сарбозон
Тошқул ва Эгамбердӣ боз карду фарёд кашид:
– Худоё, ба шумо чӣ шуд?
Сару рӯйи сарбозон кафидаву варам, либосашон хоколуд буд.
– Заданд, қариб мекуштанд! – ҷавоб дод Тошқул ва дасти ҳамроҳашро гирифта, ҳар ду бемадор поҳои худро дарун кашола карданд.
– Кӣ зад?
– Мардуми Вуж, – бо дили нохоҳам ҷавоб дод Тошқул, – дигар чизе напурс. Ба шоҳ арзи моро расон.
– Шоҳ касеро бор намедиҳад, лекин сипаҳсолор дар ҳамин ҷост.
– Мо сипаҳсолор надоштем-ку? – изҳори тааҷҷуб кард навкар.
– Акнун дорем.
– Илтимос, барояш бигӯ, ки арзи моро шунавад, набошад шоҳ сарамонро аз тан ҷудо мекунад, – нолиш кард навкар ва ба китфи ҳамроҳаш такя карда, лангон-лангон ба аскархона рафтанд.
Посбон дарвозаро баст ва ба дафтари сипаҳсолор шитофт. Сипаҳсолорро ҳама Отизул мегуфтанд. Ин лақабаш буд.
Номи аслиашро касе намедонист. Падараш Муҳаммадкарими қирғиз, девонбегии шоҳ Абдураҳимхон, аз хурдсолиаш ӯро ба поси хотири авлодаш, ки бо номи «қирғизони отизулӣ» дар ҳудуди Помир машҳур буданд, «Отизул» лақаб гузошта буд. Ӯ дар қалъаи Баҳрпанҷа таваллуд шуда, ҳамроҳи Муҳаббатхону бародараш Юсуфалихон калон шуда буд. Пас аз он ки Муҳаббатхону Юсуфалихон бо дасти навкарони шохдараӣ падарашро куштанд, модараш ӯро ба Аличур ба назди хешовандонаш, ки тоҷикони вахонӣ буданд, бурд. Абдураҳимхон ба ин амал монеъ нашуд. Ӯ Отизулро ҳокими Помир таъйин кард.
Отизул ҳам шеваи давлатдории падарашро давом дод: бо дастааш гоҳе ба Бартанг, гоҳе ба Марғов, гоҳе ба Помири хурд ҳамла бурда, мардумро ғорат мекард; писарону духтаронро асир гирифта, ба шоҳи Шуғнон мебурд. Аз тохтутози Отизул танҳо қирғизҳо дар амон буданд, зеро дар лаҳзаҳои ҳассос ӯро пуштибонӣ мекарданд ва агар лозим ояд, барои ҳимояаш сарбоз ҳам медоданд. Бад-ин васила сол то сол шумори тоҷикон дар Помир камтар, вале теъдоди қирғизон афзуда, доираи сукунаташон васеътар мегашт.
Хабари издивоҷи Муҳаббатхонро шунида, Отизул ҳадяву тортуқи кироӣ ҷамъ оварда, бо ҳабдаҳ сутури пурбор ба табрики шоҳ рафт. Шоҳ ӯро бо хурсандии зиёд қабул ва сипаҳсолор таъйин кард. Отизул чунин меҳрубониро аз дӯсти овони бачагиаш чашмдор набуд. – Дӯстам, ман ба ту эътимоди зиёд дорам. Шуғнониҳо пайт мепоянд, ки маро дар аввалин фурсат шела-шела кунанд. Ба ягон зоташон бовар кардан мумкин нест. Ману ту якдигарро хуб мешиносем, ту мусулмони худам ҳастӣ. Ин баддинонро бояд аз тамоми умури ҳокимият маҳрум сохт, набошад, ҳоламонро табоҳ мекунанд.
Пинаки Отизулро посбон вайрон кард:
– Сойиб, ду навкари захмӣ бор мехоҳанд.
– Чӣ гап шуд?
– Дар деҳаи Вуж мардум исён бардошта, онҳоро задаанд.
– Исён?! Чӣ хел исён? – бо изтироб пурсид сипаҳсолор ва бархосту афзуд: – Вуж деҳаи девонбегӣ нест?
– Бале, сойиб, Қозӣ-девонбегӣ аз ҳамин деҳа аст.
– Ин тавр бошад, навкаронро ба назди ӯ бурдан лозим.
– Девонбегӣ дар тараддуди сур аст.
Отизул дигар баҳонае наёфта, бадар омад.
Ӯ хашмолуд ба қирғизӣ чиҳое гуфта, ба назди навкарон расид ва посбонро фармуд, ки девонбегиро даъват кунад.
Навкарон бо ёрии ҳамдигар аз ҷо бархостанд ва қиссаи калтак хӯрданашонро нақл карданд. Ин асно Қозӣ-девонбегӣ ҳарсасзанон расида, дод зад:
– Ӯҳ нобакорони Худозада, дурӯғ нагӯед, вужиҳо хушфеълу оромтабиатанд. Дар ин деҳа касе ба чунин амали зишт даст намезанад.
– Чаро дурӯғ гӯем, сойиб? – исрор кард Тошқул, – заданд, маъюб карданд.
– Кӣ? – аррос зад девонбегӣ, – кӣ чунин ҷуръат кард?
– Як ҷавонписар, – сар хам кард навкар.
– Ҷавонписар?! – Девонбегиву сипаҳсолор баробар овоз бароварданд.
– Оре, сойиб, – ба нимовоз тасдиқ кард Тошқул.
– Туро ҳам вай зад? – аз хомӯшии навкари дуюм ба танг омада, пурсид Отизул.
Навкар бо чашмони тангаш ба рӯйи калонтарон нигоҳи пурдарде афканду нолишкунон сар ҷунбонд.
– Эгамбердиро ҳам писарак зад, – ба ҷойи ҳамроҳаш ҷавоб дод Тошқул ва чун дид, ки калонтарон аз ғояти ҳайрат сукут варзиданд, афзуд: – Сойиб, зад, чунон зад, ки аз ҳуш рафтем… ман раҳ гашта наметавонам, Эгамбердӣ гап зада наметавонад…
– Ҷавон буд ё калонсол? – бо шубҳа тагпурсӣ кард девонбегӣ.
– Калонсолонро мутеъ карда будем, ки ҷавонак пайдо шуду ҳардуямонро чунон зад, ки хабар наёфтем.
– Эҳ, муред шумо, – бо кароҳат ба синаи навкар туф кард
Отизул, – ин гапро дар пеши каси дигар нагӯед, ки саратонро худам мебурам.
– Чандсола буд он ҷавон? – пурсид Қозӣ, ки ба дуруст будани гапи навкарон дар дилаш шубҳае намонд.
– Шояд дувоздаҳ-чордаҳсола бошад.
– Дувоздаҳ?! – нидо баровард девонбегӣ.
– Чордаҳ?! – хитоб намуд сипаҳсолор.
Навкарон ба оҳанги тасдиқ сар ҷунбонданд.
Отизул аз ғояти хашм муште ба сари Тошқул зад. Тошқули бемадор сари по истода натавонист ва Эгамбердиро ҳам калавонду ҳар ду рӯйи хок ба пушт афтоданд.
– Магар мурданатон беҳтар нест, ки кӯдаке шуморо дар пеши ин қадар мардум бизанад?! – наъра кашид Қозӣ ва ба
Отизул амр кард: – Ба Вужпидрӯд бираву исёнгаронро баста, ба Саройи санг биёр!
Отизул ба аломати итоат кулоҳ аз сар гирифта, нимтаъзиме карду ҳар ду мансабдор пайи кори худ рафтанд.
Пас аз ним соат Отизул бо бист савори мусаллаҳ ҷониби деҳаи Вуж раҳсипор гашт. ДАР РОҳ ба сӯЙИ ЙуРХ
Хайримаҳмад дами гупсарҳоро баровард. Доробшо ба ӯ ёрӣ дод ва ҳар ду либос ба бар карданд. Аз сардӣ бадани монанди анор сурхгаштаашон меларзиду дандонҳояшон шарақ-шуруқ баҳам мезаданд. Шамолаки субҳгоҳӣ, суст бошад ҳам, гӯиё садҳо сӯзанро бо суръати тир бо худ оварда, ба танашон мехалонд. Деҳаи Вамд дар он сӯйи рӯди Панҷ хеле хурд ва ҳатто як ҷузъи доманаи пур аз санги кӯҳи бузурги барфпӯш менамуд.
Танҳо дуде, ки аз равзанаҳои ба назар нопадид ба ҳаво мепечид, аз вуҷуд доштани хонаҳо дар ин мавзеъ дарак медод.
– Гулхане афрӯхта, гарм шавем, – аз шиддати дандон ба дандон задан Доробшо суханашро базӯр ба охир расонд.
– Не, аз он тараф мебинанд, тез роҳ гард, гарм мешавӣ, – розӣ нашуд Хайримаҳмад ва саночҳоро худ бардошту камонро ба Доробшо дода, бошитоб ба роҳ даромад.
Доробшо камонро сари китф ниҳоду дунболи ҳамроҳашро гирифт. Пас аз ним соати роҳ гаштан чашми рӯз ҳам кафид. Аз сардӣ дар баданашон осоре намонд. Хайримаҳмад барои дам гирифтан тахтасангеро интихоб намуд.
– Каме дам бигирем, ки роҳ мушкилтар мешавад, – гуфт ӯ, – акнун ба сӯйи гардана рӯ меорем. Вақти намоз ҳам расид.
Хайримаҳмад лаби обаки мусаффое, ки гӯё сурудхонон аз дара меомад, таҳорат кард ва болои тахтасанге ба адои намоз нишаст. Доробшо намозхонии ҳамсафарашро тамошокунон фикр мекард, ки аз рӯзе ӯро мешиносад, ягон бор ҳам намозашро қазо накардааст. Дар даруни оғили бадбӯй низ медид, ки Хайримаҳмад дар дили шаб бархоста дузону мезад ва бо Худои худ роз мегуфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё