Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Чи қадар инсони поку шариф аст ин мард! – ба худ андешид Доробшо, – шояд фаросату қувваташ аз ҳамин эътиқоди самимиаш бошад?» Доробшо ба ахтарони камшумори осмони саҳаргоҳ нигариста, нохост фикр кард, ки дар умраш боре ҳам сар ба суҷуд набурдааст! Ба ёд овард, ки падараш намоз мехонд, модараш ҳам то дигаргун гаштани хаёлаш дар адои дуо мураттаб буд.

Пас чаро ӯ боре ҳам дар ин бобат фикр накардааст? Агар намозхон мебуд, шояд навкарон ба хонаи Беҷодамо намеомаданд ва ӯ аз духтари дӯстдоштааш ҷудо намешуд? Аз Хайримаҳмад бояд намоз омӯзад, то аз Худованд илтиҷо кунад, ки

Беҷодаи зебояшро дар паноҳи худ нигаҳ дорад.

Пас аз адои намоз Хайримаҳмад аз борхалтааш нону талқони тут баровард ва ҳар ду дар лаби об ноништа карданд. Доробшо орзуяшро ба забон овард:

– Бародар, бисёр мехоҳам намозро ёд бигирам. Ба ман ёрӣ мекунӣ?

– Албатта, дӯстам, ту магар намедонӣ?

– Афсӯс, ягон бор дар пайаш нашудаам.

– Ҳеҷ гап не, кори мушкиле нест. Хонда метавонӣ?

– Савод надорам, – посух дод Дороб, – авлоди мо ҳама деҳқону фақиранд.

– Парво накун, андувол, хату савод ҳам ёд медиҳам, – ва каме андешиду шохаеро ба даст гирифта, дар рӯи қум хате кашид ва гуфт: – Ин ҳарфи аввали алифбост, ки «алиф» ном дорад.

Сипас шохаро ба дасти Доробшо дод ва хоҳиш кард, ки ӯ низ дар паҳлуи он алифе бикашад. Доробшо дар рӯи қум алифи худро кашид ва мунтазири баҳои охон шуд.

– Хеле хуб, – таъриф кард Хайримаҳмад, – аз ту шогирди боҳуше мебарояд. Ҳар рӯз ҳарфи наве ба ту ёд медиҳам. Дар куҷое фурсат пайдо кардӣ, машқ кун. Ба ободӣ расем, қаламу коғаз ҳам пайдо мекунем. Акнун аз паси ман такрор кун:

«Алҳамду лиллоҳи Раббилоламин». Ин ояи аввали сураи

«Алҳамд» аст. Инро ки ёд гирифтӣ, ба дигараш мегузарем.

Худо хоҳад, дар муддати як ҳафта намозхон ҳам мешавӣ. Дӯстон қариб ду соат вақти худро сарфи «мактабу тадрис» дар ҳавои кушод карданд ва вақте ки шуълаҳои нахустини хуршед тахтапушташонро гарм кард, ба роҳ даромаданд.

Доробшо аз он ки Худованд дар сахттарин рӯзи зиндагиаш чунин инсони донову паҳлавонро ба сарвақташ расонд, рӯҳ гирифт. Ғами ҳиҷрони ёри ҷонӣ дар дилаш андаке коҳид. Зиёда аз ин, ба оянда хушбин ҳам гашт; дилаш гувоҳӣ медод, ки бо роҳнамоии Хайримаҳмад ҳатман ба висоли Беҷодамояш мерасад.

Гурезаҳо ҳар қадар пеш мерафтанд, барф ҳамон қадар баландтар мешуд. Охируламр пайроҳаи танг низ пас аз як хамгашти печдор зери барфи яхкардаи лағжонак монд. Офтоби камтаъсири баҳорӣ гоҳе дар паси қуллаҳои сарбафалак ниҳон мегашту гоҳе рух менамуд.

Аз душвории ҳаракат дар пайроҳаи лағжон сару бадани ҳамсафаронро арақ зер кард. Доробшо эҳсоси хастагӣ намуд; ӯ чашм ба қуллаи кӯҳ, ки гӯё бо осмон якҷо мешуд, дӯхта, фикр мекард, ки ин роҳ охир надорад ва онҳоро ба ободие намерасонад.

– Ин роҳ ба куҷо мебарад? – пурсид Доробшо.

Хайримаҳмад қадам суст карда, ба қафо нигарист ва ҳоли ҳамроҳашро зуд фаҳмиду гуфт:

– Пас аз ним соат ба деҳаи Йурх мерасем. Медонам, хаста шудаӣ, лекин агар дам бигирем, баданамон хунук мекашаду бемор мешавем. Боз камтар зӯр бизан, андувол. Баъд аз расидан, ҳо, ана, ба ҳамон санг, роҳ нишеб мешавад.

Дили Доробшоро қувват гирифт. Ӯ камонро ба китфи дигар гузошту қадамашро тезтар кард. Ба тахтапушти васеъ, қади баланд ва раҳгардии бардамонаи Хайримаҳмад нигоҳ карда, дар дилаш ба тобовариву матонати ӯ аҳсан хонд. Роҳи душвор як зарра шасти Хайримаҳмадро паст накарда буд. Ӯ дар пайроҳаи шабеҳ ба бероҳа, ҷойи погузорӣ интихоб намуда, ба тезии оҳу ё паланг боэътимод қадам мегузошт. Доробшо чун оҳубаррае, ки аз қафои модараш мегардад, фориғ аз андешаи роҳкобӣ пай дар пайи Хайримаҳмад гузошта, пеш мерафт.

– Андувол, дар танат ин қадар тоқату қувват аз куҷост?

Хайримаҳмад бе он ки гашташро суст намояд, ҷавоб дод:

– Ман шикорчиам, андувол. Моҳе ду-се бор ба кӯҳ мебароям. Кӯҳгардӣ баданамро варзиш додааст.

Аз худӣ бигзар, Худоро банда шав,

Зиндагӣ хоҳӣ агар, варзанда шав.

Ин шеърро пири мо – Шамси Табрезӣ беҳуда нагуфтааст. Дар кӯҳистони мо агар ба монанди шаху санги он сахту матин нашавӣ, зиндагӣ туро ба ягон партгоҳи бебунаш афканда, ҳалок месозад.

– Ва каме сукут варзиду афзуд: – Парво накун, ту ҳам баъди як моҳ мисли ман хоҳӣ шуд. Тамоми нишонҳои паҳлавониро дорӣ, бо навкарони ҷангозмуда ҳар кас дилу гурдаи муқобилат кардан надорад. Ҳоло каме гаштугузор кунӣ, озодапаланги кӯҳистон мешавӣ. Ман ба ту шамшерзаниву тирпарронӣ ёд медиҳам.

Азбаски хавфи ба дасти пайгардон афтодан дигар дур шуда буд, Хайримаҳмад барои кам кардани эҳсоси хастагӣ аз ҳар хусус суҳбат кардан гирифт. Гапаш асосан аз шикору шикорчӣ буд. Доробшо саргузашти падару бобоҳои ӯро, ки пушт ба пушт аҳли шикор будаанд, бо рағбати зиёд гӯш кард. Ӯ бори аввал мешунид, ки нахчиру мешак моли пайғамбар Сулаймон будаанд ва париён онҳоро шубонӣ мекардаанд. Шикорчӣ барои ҳар як ҳайвони шикоркардааш дар назди Худованд ҷавоб медодааст. Агар нахчиреро ба хотири ҳирсу худнамоӣ кушта бошад, дар он дунё ба ғазаби Худо гирифтор мешудааст. Хайримаҳмад ҳатто мисол овард, ки чи тавр шикорчие ду оҳубачаро мекушаду вақте ба хона бармегардад, мебинад, ки ду фарзандаш аз болои дарахт афтода мурдаанд.

Доробшо ба нақлҳои мароқангези ҳамсафараш гӯш дода, дар дилаш ният мекард, ки агар тирандозиро ёд бигирад, аввал ба Вомар рафта, золимонеро, ки Беҷодамои азизи ӯро хору зор карданд, як-як тир зада, мекушад. Аммо дар ин хусус ба Хайримаҳмад чизе нагуфт, зеро намехост, ки баҳонае пеш ораду ӯро аз нияташ баргардонад.

Намози шом ҳамсафарони фирорӣ ба деҳаи Йурх расиданд ва дари хонаи аввалро кӯфтанд.

Дар сари ҷасади Бобаки шаҳид Бибианор инони дарду алами чандсолаашро сар дод. Гирист, нолид, фиғон кашид, мӯйид. Модари Бобак қуввати гиристан надошт, беёд нишаста, ҳар замон аз банди ҷигар оҳи пурсӯз мебаровард; писари чорсолаи Бобакро ба хонаи ҳамсоя бурда буданд, то сояи мурда бар ӯ наафтад. Ба ҷаноза на танҳо хешу табори наздику аҳли деҳаи Шидз, балки мардуми деҳоти атроф ҳам омада буд. Марги Бобаки бегуноҳ ҳамаро афсурдаву маъюс карда буд. Мардум Муҳаббатхони золимро гӯёву хомӯш носазо мегуфт ва орзу мекард, ки Манзаршои сипаҳсолор ҳарчи зудтар баргардаду халқро аз зулму ситам наҷот бидиҳад.

Бибианорро чунин эҳсос даст дода буд, ки гӯё на Бобак, балки Манзаршои ба ҷон баробарашро куштаанду аз охирин умедаш ба зиндагӣ маҳрум сохтаанд. Навҳа мекарду бо сӯзи ҷигаргудоз ин абёт мехонд:

Саркӯҳи баланд арғувон гум кардум,

Зардинаҷувони паҳлавон гум кардум.

Зардинаҷувони паҳлавон нест хабар,

Шамшери буранда аз миён гум кардум.

Умрат бигузашт, умри дигар нест туро,

Бигзашт ҷувоният, хабар нест туро.

Сайёди аҷал хайма зада дар роҳат,

Ин раҳра гирифт, раҳи дигар нест туро.

Вақте ҷанозаро бардоштанд, Бибианор зери бағали модари Бобак даромада, ӯро ба гусели писараш баровард. Мардон пас аз адои намози ҷаноза тобутро бардошта рафтанд, занон рубоӣ месуруданду навҳа мекашиданд. Деҳаи Шидз ин сон ҷанозаи пуродаму серғавғоро ёд надошт.

Бибианор вақте раҳи хонаро пеш гирифт, ки торик шуду халифа далилак1 равшан кард. Ӯ раҳораҳ ба нигини маҳтобсангиаш назар карду табъи хирааш боз ҳам хиратар гашт: нигин он қадар сиёҳ буд, ки ангор сангро канда, ба ҷойи он зуғол шинонда буданд.

Ӯ дар ҷӯйи ҳавлӣ дасту рӯ шуста, ба хонаи хобаш даромаду бедимоғ нишаст. Соате пас палонҷаш Султонбахт дасторхон андохту нону мева ва ду коса шӯрбо овард.

– Бибӣ, омадам, ки ҳамроҳ шом бихӯрем, – ба оҳанги таслият гуфт Султонбахт ва ҳоли зори палонҷашро дида, дам ба дарун зад.

Рӯйи Бибианор варам, чашмонаш суп-сурх, ҳатто қомати расояш каме хам зада буд.

Султонбахт зане буд дилкушод, чашмсер, хушсуҳбат ва серҳаракат. Бо рӯйи пургӯшти кулчамонанд, мӯйи сурхчатоби ғафс, қади баланду пайкари бузурги чандираш аз кадбонуи оқсақол дида, бештар ба зани деҳқон шабоҳат дошт.

Бибианор аз рӯзи аввали ба хонаи шавҳари наваш Булато қадам гузоштан, надидааст, ки Султонбахт боре ҷонибаш

1. Далилак – чароғаке, ки се шоми пас аз вафот дар хонаи шахси фавтида равшан мекунанд. рӯ турш карда бошад. Дар лабонаш табассуми латиф, ба ҳама

– бойу камбағал, мансабдору хизматгор як хел, – бо меҳрубониву самимият муносибат мекард. Бибианор ҳам барои ӯ гӯё на зани шавҳараш, балки хоҳар ё дугонааш буд. Як моҳи аввал

Булато ҳар рӯз мекӯшид, ки бо зани наваш ҳамбистар шавад.

Вале Бибианор бо ситеза хоҳиши ӯро рад менамуд, агар исрор ё зӯрӣ кунад, доду фарёд мебардошт.

Як моҳ ба ҳамин минвол гузашт. Ягона дилгармии Бибианор писари чорсолааш буд, ки аз комҷӯиҳои бебарори падарандар безобита мешуд. Вақте дасти Булато ба модараш мерасид, домани гиряро сар дода, хонаро аз фарёди ҷарангосиаш пур менамуд. Булато ночор мемонд ва, модару писарро дашном дода, бадар мерафт.

Даҳ рӯзи аввал Бибианор резаи ноне ҳам ба даҳон нагирифт. Ғами ҷудоӣ аз шавҳар ва зӯран никоҳ шуданаш ба Булато шираву шарбати баданашро хушк карда буд. Соатҳои дароз ноҷунбону пакар ба нуқтае чашм дӯхта менишаст; ҳама чиз ба назараш бемаъно, холӣ ва ковок менамуд. Танҳо вақте писараш сари ҷингиламӯи худро рӯйи синааш мегузошт, эҳсоси ҳастӣ дар дили ӯ шуълаи сарде меафрӯхт.

Рӯзи даҳум палонҷаш Султонбахт ба назадаш даромад, худро шинос кард ва гуфт:

– Хоҳарҷон, худат чизе нахӯрӣ ҳам, бачаатро азоб надеҳ. Намебинӣ, авзоятро дида, обу адо шудааст. Сӯзанаш занӣ, хун намечакад.

Ва писаракро бардошта, ба синааш зер карду бо меҳрубонии модарона афзуд:

– Вай-вай, холаат мурад дар ҷонат, чи қадар хушрӯй, чи қадар базеб, панири момом барин сафед. Ҷонам шавӣ, дармонам шавӣ, номат чӣ?

Писарак аз меҳрубониву навозиш хушҳол гашт, дар лабонаш табассум дамид ва ҷавоб дод: –Меҳталсо.

– О, аз забони ширинат гардам, чи номи зебо! Ту ҳам мисли падарат паҳлавон мешавӣ, қаҳрамон мешавӣ, ин дасту бозуя бин, ин синаву гардана нигоҳ кун, ҷавонмард, шаҳсувор, мояи ифтихор. Рафтем берун, ҳавои тоза гирем, сайр кунем, ман ба ту боғатро нишон медиҳам.

– Боғи ман? – нобоварона пурсид Меҳтаршо.

– Ҳа, аз ту, боз аз кӣ мешуд. Ман ду духтар дорам, писар надорам, писари ман худат ҳастӣ. Ту ки писари ман ҳастӣ, боғи ман ҳам аз они худат, рафтем, Меҳталсои боғдорак.

– Мо боғ лавем? – дудила ҷониби модараш нигоҳ карда, пурсид писарак.

Бибианор аз меҳрубонии палонҷ андаке рӯҳ гирифта, зери лаб гуфт:

– Бирав, писарам.

– Ту намелавӣ?

Султонбахт даррав риштаи гапро ба дасти худ гирифт:

– Бачам, модарат нотоб аст, берун барояд, шамол мехӯрад, зимистон нав думашро хода карда гурехт, ҳоло хунук…

Ва ҳамин тавр гапзанон Меҳтаршоро дар бағал гирифта, аз дар баромад.

Чанд рӯз пас Булато дурӯза барои коре ба Вомар рафт. Султонбахт дар ин муддат ба палонҷи худ қаробати бештар пайдо кард. Шахсан худаш ҳуҷраи Бибианорро рӯфт, либоси ӯ ва бачаашро шуст ва ягон дақиқа аз чақчақу ханда бознамонд.

Бибианор бовар надошт, ки палонҷ, яъне рақиби ҷонии ӯ, ба ҷойи душманӣ ба зане, ки ҳар лаҳза мақоми ӯро соҳиб шуда метавонист, чунин муносибат дошта бошад. Бинобар ин гуфт:

– Ба хизматгор мефармудӣ, ё ман худам мекардам, беҳтар буд.

Султонбахт аз шустан бозистод, бархост ва сутуни ҳуҷраро канор гирифту бо хандаи ҷарангосӣ гуфт: – Шоҳсутунро канор гирем1, ки арӯс ба гап даромад! Дар даҳонат ҳалво, шодиёна. Ҳо мардум, муждагонӣ! Арӯсамон ҳам забон доштааст. – Ва сутунро сар доду афзуд: – Хоҳарҷон, бо ин қошу қавоқат ягон хизматгор ҷуръат надорад, ки ба ту наздик шавад. Наход ман аз хизматгор беҳтар кор карда натавонам?

– Охир, ту соҳиби хона.

– Ту чӣ? Магар соҳиби хона нестӣ? Ин хона ба ҳама мерасад, ҳатто зиёдӣ ҳам мекунад. Ту меҳмони манӣ, ман бароят хизмат мекунам. Фақат дам ба дарун зада, рӯзи дароз чун бум дар буҳтаи ғам нашин. Ин қадар чеҳраи зебо дорӣ, хазонаш накун.

Ман сурати туро медоштам, рӯзи дароз фақат қишлоқро давр мезадам. Берун баро, ҳавои тоза бигир, ҳамсояҳо қаду қомататро бинанд. Ба ту дурӯғ, ба Худо рост, ҳамсояҳо фикр мекунанд, ки ману ту ба ҳам соз нагирифтем.

Аз самимияти палонҷи ғайриодиаш дар чашмони Бибианор ашк ҳалқа зад.

– Охир, ғами бисёр дорам, хоҳар…

Ва домани гиряро сар дод. Султонбахт дастонашро бо домани куртааш хушк карду бо як даст модар, бо дасти дигар бачаашро канор гирифт. Дар ин ҳол чашмаш ба ангуштарини Бибианор афтиду дилаш таҳ кашид: нигини он сип-сиёҳ метофт.

– Тавба, ранги нигин магар кабуд набуд?

Бибианор ба он як назар афканду гуфт:

– Дилам чи гуна бошад, нигинам ҳамон рангро мегирад.

– Хоҳарҷон, ин хел бошад, дилат аз ғусса мекафад. Эҳтиёт кун!

Бибианор ба риққат омаду аламҳои дилашро сар дод. дили Султонбахт ҳам ганда шуду беихтиёр ба гиря даромад.

Меҳтаршо низ ба занон ҳамовоз шуд.

Хизматгорзанон овози гиряро шунида, ба гумони он ки фалокате рух дод, саросема ба ҳуҷра даромаданд. Вақте палонҷҳоро ашкрезон дар бағали ҳам диданд, аз ҳайрат чи кор карданашонро надониста, онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд.

Пас аз гиряи пурсӯз Бибианорро дар канори палонҷаш хоб бурд. Султонбахт сари ӯро бо эҳтиёт ба болин гузошту Меҳтаршоро бардошта, ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Ба нигоҳҳои саволомези хизматгорон шӯхиомез чунин ҷавоб дод:

– Аз набудани Булато ҳардуямон сахт зиқ шудем.

Вақте Булато аз Вомар баргашт, Султонбахт пайти муносиб ёфта, хоҳиш кард:

– Дар чашмот қурбон, албатта, ту марди хонаӣ ва салоҳи корро аз ман беҳтар медонӣ, вале илтимос, то муддате ба Бибианор наздик нашав. Ғаму ғуссае, ки вай дорад, санг ҳам намебардорад.

Булато бо зарда гуфт:

– Медонам, рашк мекунӣ, осон не.

– Не, дилам ба ӯ месӯзад. Маълум, ки шавҳари аввалашро сахт дӯст медоштааст. Бовар кун, дар ғамаш обу адо шудааст.

Росташро гӯям, аз ин кори абин рашкам омад.

Он вақт Булато ба гапи занаш аҳамият надод. Дилаш ба Бибианор кашол буду мехост ҳарчи зудтар коми дил ситонад. Вале баъди яку ним моҳ донист, ки дили Бибианор қалъаи тасхирнашаванда аст. Расман зани вай бошад ҳам, ботинан зани Манзаршост.

пешина
аз 44
навбатӣ