Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оши серқатағ дар они воҳид тафси баданҳоро паст кард.

Гуланор кабоб овард. Ғазанфар корсони ошро ба ӯ дароз кард:

– Духтарам, бо бачаҳот бихӯр, ману Ширинбег серӣ надорем.

Ширинбек хушҳолии занашро дида, бори дигар мутмаин шуд, ки аз ранҷи пагоҳӣ дар ӯ осоре намондааст. Барои тақвияти дилаш гуфт:

– Занак, дидӣ, пидат чи пойи қадами хубе дорад. Гул барин шукуфтӣ.

– Бале, пидамро дидаму гӯё тамоми дарди дунё аз тор-тори мӯям баромада рафт. Дар номат садқа, падарҷон!

Гуланор корсонро гирифта, ба ошхона рафт. Мардон ба танӯркабоб даст ёзонданд. Ғазанфар «сирр»-и аспи дуюмашро кушод:

– Ширин, шунидам, ки шоҳ Муҳаббатхон фардо зан мегирад. Ман ҳамин гумайти бодпоро барояш сурона овардаам.

Ширинбеку Давлатназар аз ҳайрат даст аз таом боздоштанд. Ғазанфар бо тааҷҷуб пурсид:

– Чӣ, ягон гапи нодуруст задам?

– Гапат дурусту… – гуфт Ширинбек, – аммо, гап байни худамон, шоҳ вақтҳои охир пӯстинашро чаппа пӯшидааст. Боз ба ягон бало гирифтор нашавӣ.

– Ҳа, ман шунидам, ки одамони ба ӯ ёғишударо гуштааст, легин ман ба ӯ туҳфа мебарам-гу?

Ширинбек каме андешид ва посух дод:

– Андувол, агар дар ин кор аз ман раҳнамоӣ хоста бошӣ, ҳаманнову саддақ1. Фардо ман туро ба девонбегӣ мерасонам ва муаррифӣ ҳам мекунам. Он тарафаш – худат дониву дави аспат. Ман чанд вақт дар чашми шоҳ натобам, беҳтар. Ғазанфар гуфт:

– Андувол, ман дар ин диёр ба ҷуз ту гаси дигар надорам. Салоҳи гори худатро худат беҳтар медонӣ. Маро то девонбегӣ бар, иншоллоҳ, горе кунам, ки шоҳ девонбегиро фаромӯш гунад.

Ғазанфар аз забони соҳибони хона фоҷеаҳои ба сари мардум овардаи Муҳаббатхонро шунида, ба гӯшҳояш бовар намекард, ки шоҳ чунин зулмро ба табааш раво дида бошад. Вақте фаҳмид, ки аз дидани ҷисми пора-порагаштаи Диноршо Гуланор мубталои ваҳмак шудааст, дилаш чанд маротиба хала зад.

– Лекин ту аз раъят нагард. – гуфт Ширинбек. – Дили шоҳро ба даст оварда тавонӣ, обрӯву эътиборат бештар мегардад. Мо ҳам фахр мекунем, ки дар водии Ғунд ин гуна дӯсти иззатманд дорем.

Ғазанфар, ки аз шунидани қиссаҳои золимии Муҳаббатхон каме дудила шуда буд, аз ин маслиҳати дӯсташ рӯҳ гирифт.

– Гапат дуруст, Ширин, – гуфт ӯ, – ман туҳфаамро месупораму баргашта ба мулги худам меравам. Шоҳ агар илтифот гард, хуби хуб, нагард ҳам, боге нест. Лекин духтарамро ба ягон муллои зӯр хонон, ки дардаш гуҳна нагардад.

– Хушназарро ба Баҳшор барои овардани Мулло Хишол фиристодам. Ҳоло бояд расанд.

Ҳанӯз офтоб сари кӯҳҳо андешаи ғурубро дошт, ки Хушназар ва Мулло Хишол ҳам расида омаданд. Онҳо пас аз салому ҳолпурсӣ дар сари дастархон аз ҳар хусус суҳбат карданд.

Мулло Хишол бо донишу фурутании худ ба Ғазанфар писанд афтод. Ӯро рӯйдодҳои охирин – тирборони одамони бегуноҳ, куштани асирони зиндамонда, таъқиби хонаводаи мақтулон ба ташвиш гузошта будаанд.

– Дилам хун мегиряд, вале намедонам барои пеши зулмро гирифтан чӣ кор кунам? Агар ин шоҳи модарбахато розӣ мешуд, ки дар баҳои ҷони ман халқамро амон гузорад, розиам, ба ҳар навъе, ки дилаш мехоҳад, маро бикушад. Лекин, афсӯс, ба ғайр аз таскин додани дил бо сиёҳ кардани коғаз дигар коре аз ман намебарояд.

– Ту шеър менависӣ? – аз ҳаяҷон ба ду зонуяш рост шуда, пурсид Ғазанфар.

– Бале, кам-кам ҳар чи менависам, – сар ҷунбонд Мулло Хишол.

– Аҷабо, чи хушбахтие! Бори аввал шоири зиндаро дар рӯбарӯям мебинам! Дар забонат ҷонам, як шеър бихон.

Мулло Хишол пас аз сукути кӯтоҳ аз бағалкисааш коғазе бароварда, рӯи зонуяш гузошт ва гуфт:

– Менависаму лекин то ҳол ба касе нахондаам. Илтимос, айбам накунед. Ин шеър дар бораи шоҳи золими мост.

Мегазам ангушти ҳайрат рӯзу шаб,

Шоҳи моро нест инсофу адаб.

Номи ӯ бошад Муҳаббатхон, вале

Аз муҳаббат несташ бӯйе, аҷаб.

Исми ӯро Золимулзулмат ниҳед,

Чунки аз Заҳҳок дорад ӯ насаб.

Ҳар қадар моро чу ҳайвон мекушад,

Хуни моро он қадар дорад талаб.

Шоҳ не, ҷаллоду қассоб аст ӯ,

Бал шағоле ҳаст бе чангу занаб.

Чун падар будаш зино ибни зино,

Модари ӯ ҳам ҷалаб бинти ҷалаб.

Хонаи ғам шуд Виёду Поршинев,

Нест дар Рӯшону дар Сучон тараб.

Рафт хушҳолӣ зи мо, Мулло Хишол,

Нолаву фарёду вовайло ба лаб.

Мулло Хишол «тамом» гуфту коғазашро боэҳтиёт лӯла карда, ба ҳамсуҳбатонаш нигарист. Онҳо ҳар чор моту мабҳут гоҳ ба шоир, гоҳ ба коғазаш нигариста, чи гуфтанашонро намедонистанд. – Хай-й, – садо рӯшан кард Мулло Хишол, – чӣ хел?

Ғазанфар яхи хомӯширо шикаст:

– Ҳай…, вай…, ман ин хел байтро бори аввал мешунавам…

Ин чӣ…?

– Тавба, – гиребонашро дошта, ба гап ҳамроҳ шуд Ширинбек. – Мулло, зинҳор ба касе нишон надеҳ, ки ҷони ҷавонат қурбон мешавад.

Давлатназар, ки то ҳол аз даҳонаш сухане набаромада буд, гуфт:

– Офарин, бародар! Ҳақи гапро гуфтаӣ. Ин гапҳоро ҳама медонанд, вале касе намегӯяд. Шуморо намедонам, лекин дили маро хеле сабук кард. Гӯё ин гапҳоро ман гуфта бошам, на ту.

Ғазанфар, ки дар адабиёт мутолиае дошт, илова кард:

– Ман дар ягон мамлагат чунин шеър нашунидаам. Чизе хонда бошам, фақат дар бораи шаробу габобу гулу булбул будааст. Дар Поршинев боре дар маҷлисе афтодам. Шоир Саидҷаъфар шеър хонд, ҳамааш дар ишқи Худову расул. Ба фигри ман, ҳамон хел нависӣ, беҳтар.

– Ман он хел навишта наметавонам, тақсир. Он чизе, ки мебинаму ҳис мекунам, ҳамонро менависам. Вақте ҳоли зори халқи Худоро мебинам, дар дилам на гул мегунҷад, на булбул.

Ин гапи шоир ба нишастагон таъсири дигаре кард. Онҳо ҳар яке ба андозаи фаҳмиши худ суханони Мулло Хишолро пеши худ таҳлил карда, чи гуфтанашонро намедонистанд.

Ниҳоят Ширинбек ақидаашро ба забон овард:

– Мулло, ба кори хатарнок даст задаӣ. Шунидӣ, ки шоҳ барои як рубоии кадом занаке бо оқсақол Сафару авлоди ӯ чӣ кард?

Мулло Хишол коғазро ба кисааш гузошта, ҷавоб дод:

– Гапат дуруст аст, амак, лекин барои ризои Худо менависам, на ба хотири ризои шоҳу акобир. Агар ҳар якамон чунин кунем, шоҳ ҳам бо роҳи бедоду истибдод дигар рафта наметавонад. Ман як шогирд дорам, ҳамин рӯз ду навкарро зада, маъюб кард. Мардум баъд аз ин мусаллаҳ шуданд, то навкарони шоҳро дигар ба деҳа роҳ надиҳанд.

Ин хабар аз шеър ҳам ҳозиронро бештар мутаассир кард.

Ғазанфар бо ҳаяҷон пурсид:

– Дар гуҷо?

– Дар Сарчашма.

– Он ҷавон кӣ будааст? – пурсид Ширинбек нобоварона.

– Мирзоазиз, писари Маҳмаднасими паҳлавон.

– Ҳо-оо, набераи Ҷаҳонгир гӯй, – бо ҳайрат сар ҷунбонд Ширинбек.

– Худи худаш, – гуфт Мулло Хишол. – Ба мисли падару бобояш нотарсу паҳлавон.

– Наход гӯдаке ба чунин гор қодир бошад? – боз ҳам бовар накарда, пурсид Ғазанфар.

– Бидуни муболиға, тақсир. Вай дар ҳамин синну сол думи аспро ба як зӯр меканад. Худо қувваташро зиёд кунад. Ин писар қудрати Рустаму Исфандиёрро дорад.

Суҳбат то як поси шаб тафсид. Вақте Ширинбек ба сари мақсади асосӣ – дуо хондани Мулло Хишол ба занаш омад, Гуланору кӯдакон хоб рафта буданд. Мулло Хишол гуфт:

– Ман дар чеҳраи валъамат нишони ягон беморие надидам. Ӯро фақат дар вақти хурӯҷ кардани беморӣ хондан лозим. Ин хел таъсир намекунад.

– Ба пойи қадами дӯсти деринаам Ғазанфар ва худат занам ҳам сиҳат шуд, - миннатдорӣ баён кард соҳиби хона. – Шумо ҳар ду ба хонаи ман нуру сафо овардед.

Оқсақол Муборак лаб-лаби рӯд бо дили гарону хаёли парешон ба деҳаи Баҳрчид фаромад. Андешаи он ки Сайид Фаррухшо даъвати шоҳро барои хондани хутбаи никоҳаш қабул накард, дилашро фишор медод. Намедонист онро бо кадом рӯву бо кадом забон ба Муҳаббатхон арз кунад. Ӯ феъли шоҳро медонист: тобу тоқати иҷро нашудани ягон амрашро надошт.

Дар чунин мавридҳо аз ғояти ғазаб даррандаи захмхӯрдаро мемонд. Ҳатто метавонист одамро ханҷаре зада, бикушад.

«Пир, албатта, гапи шоҳро намегирад, – муҳокима меронд оқсақол. – Инро пешакӣ медонистам. Айб дар шоҳ аст, на дар

Сайид. Хоҳиши Сайидро ба замин монд. Бандиёнро озод накард. Обрӯи пири моро ба эътибор нагирифт. Бар замми ин, он бечораҳоро бо дасти худаш кушт. Ҳоло занону фарзандонашонро фурӯхтанист. Ба ҷойи вай ман ҳам бошам, доманамро аз ин гуна шахс мебуридам. Дили пир ба халқаш месӯзад. Шоҳ одами омада аст. Шоҳ аз тахт афтад, сарашро гирифта, аз Шуғнон мегурезад. Лекин Сайид ватандор аст. Бозии тақдирро бин, байни ин ду забардаст сари бечораи ман дар бало монд».

Муборак бо чунин андешаҳои гарон ҷӯйи калонро гузашта, лаҷоми аспи этакашро ҷониби хонаи Мирҷамол кашид. Ӯ мехост ин шахси ҳақпарасту ростгӯйро, ки хеши модариаш буд, хабар гирад ва фикру андешаашро дар бораи кору кирдори шоҳ донад. Бо ҳамин лоақал супориши дуюми шоҳро, ки фаҳмидани гапу калочаи мардум буд, пурра иҷро мекунад. Зеро

Мирҷамол марди босавод, озодфикр ва фуртакигӯе буд, ки ногуфтанитарин гапро ҳам бебокона ба рӯйи мардум мегуфт.

Ва парвое ҳам намекард, ки дар баробараш шоҳ қарор дорад ё гадо. Ӯ дар лаби дарёи Панҷ панҷ-шаш анбон замин ва ҳавлии на он қадар калон дошт. Дар пушти хонааш ҳуҷраи алоҳидае сохта буд, ки онро «қироатхона» мегуфтанд. Вақтҳои фориғ аз кор дар «қироатхона» китоб мутолиа мекардааст. Гоҳе чунон баланд мехондааст, ки раҳгузарон садояшро мешунидаанд.

Муборак шунида буд, ки Мирҷамол понздаҳ-бист сол қабл аз куҷое ба ҳамин деҳа меояд. Рост ба назди оқсақол рафта, масъала мегузорад, ки барояш замин диҳад. Оқсақол мегӯяд, ки замин фақат ба мардуми таҳҷоӣ ва он ҳам ба ивази як асп ё ду гов дода мешавад. Мирҷамол мегӯяд, ки замин дар тамоми олам мулки Худост. Инсон ҳақ дорад, дар ҳар гӯшаи дунё, ки дилаш хоҳад, зиндагӣ кунад. «Ман мехоҳам дар Поршиневи порснишин зиндагӣ кунам. Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки замини Худоро ба ман надиҳӣ?». Оқсақол ба хаёле, ки ин мард девона аст, ӯро аз хонааш меронад. Вақти баромадан Мирҷамол ба оқсақол мегӯяд: «Ту як пора замини Худоро аз ман дареғ доштӣ, як пора заминат нобуд хоҳад шуд».

Рӯзи дигар хушксел омада, ним анбон замини оқсақолро зер мекунад. Амр медиҳад, ки фавран Мирҷамолро ҳозир созанд. Навкаронаш Мирҷамолро пайдо карда, меоранд. Оқсақол мепурсад:

– Эй марди ғариб, ту кистӣ, ки бо дуоят замини маро хароб кардӣ?

Мирҷамол посух медиҳад:

– Ман бандаи Худовандам, заминатро на ман, балки тангдиливу ноодамии худат хароб кард.

– Ту аз куҷо омадаӣ?

– Аз кӯҳи Қоф.

– Шуғлат чист?

– Риндӣ.

– Риндӣ чист?

– Озодӣ.

– Дар кадом мазҳабӣ?

– Дар мазҳаби Худо.

– Худо чӣ мазҳаб дорад?

– Ломазҳабӣ.

– Динат чист?

– Дин надорам.

– Ба мулки мо чаро омадӣ?

– Хона мекунам ва Гулҷамолро ба занӣ мегирам.

– Гулҷамол кист?

– Духтари Шомадори чӯпон.

– Ту ӯро аз куҷо мешиносӣ?

– Намешиносам, вале дар хоб дидаам.

Аз ҷавобҳои аҷибу ғариби Мирҷамол дили оқсақол ба ларза меафтад. Филҳол мефармояд аз куҷое, ки хоҳад, заминаш диҳанд. Вай деҳаи Баҳрчидро интихоб мекунад. Гулҷамолро ҳам худаш хостгор шуда, ба занӣ мегирад ва хонаву дар карда, соҳиби фарзандон мегардад. Мирҷамолро барои ростқавлиаш эҳтиром мекарданд, вале барои равшанбинӣ ва пешгӯйиҳои дурусташ аз ӯ меҳаросиданд.

пешина
аз 44
навбатӣ