«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Баъзеҳо бештар аз Сайид Фаррухшо ба ӯ эътиқод доштанд, чунки беморонро ҳам бо даму дуояш табобат карда метавонист. Сайид ӯро ба маҷлисҳои анисонаш даъват намекард, аммо эҳтиромашро нигаҳ медошт.
Оқсақол вақте ба хонаи Мирҷамол расид, ки ӯ бо ду писараш дар ҷӯйбори рӯйи ҳавлӣ бузу гӯсфанд мешуст. Ҳайвонҳо аз об мебаромаданду ба чор тараф об чарахсонда, дар офтоби субҳгоҳӣ гарм мешуданд.
– Қуввати кор, тағоӣ! – хитоб кард Муборак ба Мирҷамол, ки то зону даруни ҷӯй меистод.
– Ҳиммати кор, – ҷавоб дод соҳибхона ва чолок аз ҷӯй баромада, бо дастори сар дастонашро хушконду дастбӯс салом кард.
– Дар мо молро баҳорон пеш аз баровардан ба айлоқ мешӯянд, – гуфт оқсақол хушҳолона.
– Ҳаво ниҳоят гарм, ҳайвони безабон азоб мекашад, вале гуфта наметавонад, ҷиян, – гуфт Мирҷамол ва меҳмонро ба таги дарахти тут бурд.
– Гулҷамол, ҳо, Гулҷамоли соҳибҷамол, баро, ки меҳмон аз худи Баҳрпанҷа омадааст.
Зани болобаланди сурхмӯи ниличашм бо куртаи чити наппа-нав ва рӯмоли сафеди гулҳояш бунафш аз хона баромад. Ӯ нимтаъзими зебое карду гуфт:
– Ассалом, бародари азизам, Муборакшо, хуш омадӣ, моро миннатдор кардӣ.
– Салом, хоҳарҷон, мебинам, ки сиҳҳату бардамӣ. Илоҳо, ҳамеша хонаатон ободу худатон дилшод бошед.
– Аввал ду коса мости хунук биёр, баъд чизе паз, ки оқсақол дар пеши шоҳ ҳам таъриф карда тавонад, – амр дод Мирҷамол.
Гулҷамол «хуб» гуфту рафтанӣ шуд, ки меҳмон ӯро нигоҳ дошт:
– Хоҳарам, як рӯз бафурсат ҳунари пазандагиатро нишон медиҳӣ. Ҳоло мостатро биёру дигар ташвиш накаш. Онро, ки хӯрдам, мехезам.
Гулҷамол рафт. Оқсақол афту андоми Мирҷамоли овозадорро аз назар гузаронд. Ӯ марди газгӯшти сурхинапӯсти баландболое буд бо риши паҳну абрӯвони зард. Пешониаш баланди бечин, чашмони шарарбори кабудфомаш осоре аз тарҳи муғулӣ доштанд.
– Ин қадар шитоб дорӣ, оқсақол? Ё аз сур дер мемонӣ? – пурсид Мирҷамол.
– Айнан ҳамин хел, тағо, шоҳ пас аз зуҳр арӯсӣ мекунад.
Маро фиристод, ки Сайидро бо худ барам, то никоҳашро хонад. Пир рад кард. Ғазаби Муҳаббатхонро надида бошӣ ҳам, шунидагистӣ. Барои ҳамин ҳам наздат омадам.
Гулҷамол ду коса дӯғ овард ва халтачаеро ба дасти меҳмон доду гуфт:
– Барои занатон аз номи мо шероза ва таркдӯзӣ потахсӣ мебарӣ.
Оқсақол арзи сипос кард:
– Дастонат дардро набинанд, хоҳарҷон, ҳазор қуллуғ.
Гулҷамол таъзиме карду ба хона даромад. – Мобайни осмону замин ҷойи зист нест,
Як дона чун ҷаҳад зи миёни ду осиё? – замзама кард Мирҷамол зери дандон ва афзуд: – Ин хел бигӯ, ҷиян. Ҳолатро ин мори афъӣ табоҳ кардааст - ку!
– Бале, тағо. Намедонам ба дарбор баргардам ё аз ҳамин ҷо ба Бартанг ё Дарвоз гурезам?
Мирҷамол, аз чи бошад, баланд хандид. Сипас косаи мостро бардошта, дар як нафас то охир нӯшид ва рӯйи дасторхон чаппа гузошту гуфт:
– Мостатро хӯр, ором мешавӣ, ман ҳозир мебиёям.
Ӯ ба хона даромад. Оқсақол бо шавқуну валвала молшӯйӣ кардани бачаҳои урёни Мирҷамолро тамошо карда, банохост аз дил гузаронд, ки ӯ ва аҳли хонаводааш чи қадар бадбахтанд!
Ӯ рӯзи дароз банди кори дилгиркунандаи оқсақолӣ, онҳо банди қабулу гусели меҳмон. Ба ёд надорад, ки охирин бор бо зану фарзандонаш кай хандаву бозӣ карда бошад. Бар замми маҳрумият аз саодати комили хонаводагӣ боз ин гуна пешомади нохуш! Муборак ҳис кард, ки ба ҳаёти одиву озоди Мирҷамолу зану фарзандони хушҳоли ӯ дар таҳи дилаш ҳасад мебарад.
Мирҷамол, шонаи ялаққосии ҳайвоне дар даст, омад ва гуфт:
– Муборак, ман аз рӯйи ин шона фол мегирам. Агар дилат равшан бошад, шона ба ман чизе мегӯяд, агар не, маъзарат.
Мирҷамол шонаро се бор ба рост, се бор ба чап дар сари оқсақол гардонд. Баъд рӯ ба офтоббаро карду устухонро дар баробари чашмонаш қарор дод. Дақиқае чашм пӯшида, ноҷунбон истод. Сипас шонаро ба пешонӣ гузошту чашмонашро во намуда, ба параки тунуки он зеҳн монд.
– Шоҳатон ба наздикӣ ҷон ба ҳазрати Ҷаббор месупорад, тағо. Бози давлат туро тарк намекунад, лекин мулкро нооромии сахт дар пеш аст, – натиҷаи фолашро ҷамъбаст кард Мирҷамол.
Муборак нобоварона сар ҷунбонд, вале чизе гуфта натавонист. Мирҷамол хандаи беҷояшро такрор карду афзуд:
– Хоҳ бовар кунӣ, хоҳ не, чунон мешавад, ки ман гуфтам.
Замин дигар ин золимро бардошта наметавонад.
Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам?
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Оқсақол бо Мирҷамол худоҳофизӣ карда, бо дили пур ба асп нишасту сӯйи гузаргоҳ ронд. Хандори поршиневӣ, шиноси деринааш, ӯро аз дарё гузаронд. Муборак барои хизматаш ба хандор қурут доданӣ шуд. Вале ӯ ду даст ба ҳаво бардошта, исрор кард:
– Оқсақол, ба хотири ҳампира буданамон аз худат чизе намегирам.
– Як бор аз ман ҳам ба ту чизе расад, маҷрои дарё дигар намешавад-ку!
– Хизматам ба хотири ризои Мавлост. Дар дарбор ҳамагӣ се ҳампираамон мондаанд, ки якеашон худат ҳастӣ. Чи коре дошта бошӣ, бепарво ба ман фармо, иҷро мекунам.
Оқсақол он марди росихимонро видоъ гуфту савор шуда, ҷониби Баҳрпанҷа ҳаракат кард. Пешгӯии Мирҷамол дилашро қувват бахшида бошад ҳам, дар рӯ ба рӯи Муҳаббатхон истода, ба ӯ расондани хабари бади саркашӣ кардани Сайид Фаррухшо аз хондани хутбаи никоҳ кори осон набуд.
Аз обе, ки Сарвиноз дар он шустушӯ карда буд, бӯйи гуворои атру гиёҳҳои муаттар ба машом мерасид. Бонак шоҳро пуштора то лаби ҳавз оварду болои суфа шинонд. Муҳаббатхон ҳаворо ҳарисона бӯ кашида, бархост ва либосашро бадар овард. Бонак ба ӯ ёрӣ дода, лунгӣ баст ва гуфт:
– Шоҳам, канизаконро даъват кунам? Муҳаббатхонро ҳамеша ду канизак обтанӣ дода, баданашро то дер гоҳ мемолиданд.
– Лозим не. Худат пуштамро хорумол кунӣ, мемурӣ? – изҳори норозигӣ кард шоҳ.
Бонак ба ин кори шоҳ ҳайрон шуда бошад ҳам, сир бой надоду гуфт:
– Дуруст, шоҳам. Ман ҳам метарсам, ки мабодо канизакони нодида чашмат кунанд.
– Муҳобот накун, Бонак, – хурсандона нидо дод Муҳаббатхон, – агар дум медоштӣ, аз ту рӯбоҳтар пайдо намешуд.
– Имшаб шаби муҳаббати туст, шоҳам, – бо лаҳни тамаллуқомез гапашро давом дод Бонак, – мо, бандагон, бояд ҳамагӣ рӯбоҳу гурба шуда, сар ба пойи мубораки ту бимолем.
Шоҳ аз ногаҳон хушсухан шудани Бонак ба ваҷд омада, чунон хандид, ки акси садояш чанд бор шифту девори гармобаро давр зад. Бо ёрии Бонак ба ҳавз даромад, вале банохост чунон телааш дод, ки чанд қадам қафо рафта, ба пушт афтид.
– Ту бо пойи хабисат оби ҳавзро ҳаром накун.
Бонак бархост ва ду даст бар сина ниҳоду гуфт:
– Тасаддуқ, шоҳам, фармон аз туст.
Шоҳ даруни ҳавз нишаст. Рухсораҳояш сурх, хотираш болида гашт. Ҳазкунон обро бӯ кашида, баданашро молиш дод.
Баъд ба Бонак рӯ овард:
– Эй Меҳрубонаки аблаҳ, чӣ гапи хубе гуфтӣ-а?
Аз он ки шоҳ номи пурраи ӯро ба забон гирифт, Бонак лаҳзае гаранг шуду пурсид:
– Чӣ гуфтам, шоҳам?
– «Шаби муҳаббати ту».
– Бале, шоҳам.
– Гоҳе аз каллаи кадуи ту ҳам оташаке мепаридааст. Аз ин гап хеле хушам омад.
– Хушбахт, шоҳам. – Агар малоли хотират нашавад, Меҳрубоншо, бист бор такрор кун: «Шаби муҳаббати Муҳаббатхон!».
– Ҷонам фидоят, шоҳам.
Бонак бо овози баланд ҷумларо такрор кардан гирифт.
Шоҳ чашмонашро пӯшида, хитобаи чилимдорашро, ки дар чор девори ҳаммом ба ҳар навҳе акси садо медод, бо ҳаловат гӯш кард. Вақте Бонак лаб фуру баст, шоҳ бидуни он ки чашмонашро боз кунад, пурсид:
– Эй Бонак, ту зан дидаӣ ё не?
– Не, шоҳам. Зиндаятими бекасу кӯям, касе дар қиссаам набуду нест.
– Зан доштан мехоҳӣ?
– Не, шоҳам.
– Чаро?
– Аз панҷоҳ гузаштам. Дигар ман куҷову зан куҷо?
Шоҳ чашмонашро кушод. Гӯё Бонакро бори аввал медида бошад, афту андомашро аз назар гузаронд. Чилимдораш марди серҳаракати кӯтоҳқомати сафедмӯйе буд бо пешониву рухсораҳои пурожанг ва чашмони бозингар. Шоҳ ин марди хуфиро аз айёми тифлии худ мешинохт. Ӯ дар даврони ҳукмронии падараш аспдори калони дарбор буд. Барои он ки хешу табор ва соҳибдараке надошту хизматгори содиқе буд, Муҳаббатхон ӯро чилимдори худ таъйин кард.
– Имрӯз ту ҳам зан мегирӣ, Занҷир ҳам!
Ин суханони шоҳ гӯё тирҳои ноаёне буданд, ки пайи ҳам дили Бонакро сӯрох карда, аз пушташ баромаданд.
– Чӣ гуфтӣ, шоҳам?
– Чизе, ки шунидӣ. Канизаки шидвудиро ба ту, Сафарморо ба Занҷири демурғонӣ мебахшам.
Бонак намедонист хурсанд шавад ё ғамгин. Барои ӯ, ки як умр, ба қавле, «як сар ба ду гӯш» зиндагӣ кардааст, дар дами пирӣ зан гирифтан ниҳоят гаронӣ мекард. Аммо агар гапи шоҳро гардонад, дар бало мемонад.
– Шоҳам, меҳрубониҳое, ки ту ба ман кардаӣ, падарам накардааст, – дузону зада, гуфт Бонак.
Шоҳ ба сару рӯйи Бонак чархасзанон об пошиду гуфт:
– Муқоисаатро ёфтӣ-а? Ту, ки падари бадтухматро қариб ёд надорӣ, чӣ хел бо ман муқоисааш мекунӣ?
Бонак ба чи хатои дағал роҳ доданашро дарк намуду даст бар сар зад ва гиряолуд гуфт:
– Шоҳам, падари лаънатиам агар меҳрубонӣ медошт, магар маро ба ҷуволи гандуме мефурӯхт? Вой бар мани сарсахт!
Ин посухи Бонак дили Муҳаббатхонро мулоим кард магар, ки боз обро чархаса занонда, ба сару рӯяш пошид ва пурсид:
– Рост бигӯ, бо зан ҳамхобагӣ карда метавонӣ? Боз дар пеши канизак мардонро шарманда накунӣ?
– Намедонам, шоҳам… Ман охир боре худамро наозмудаам…
– Акнун меозмоӣ. Парво накун, зан чизе нест, ки мард дар борааш сонияе фикр кунад. Хоҳӣ, бо ӯ мехобӣ, нахоҳӣ, не. Аммо вай бояд барои ту хизмат кунад.
Бонак ба ҳар сухани шоҳ «бешак, шоҳам» гуфта, калла меҷунбонду дар дилаш мегуфт, ки кош Муҳаббатхон аз сари андешааш гузарад. Вале шоҳ дар об каллағӯтае заду сарашро таконда, амр дод:
– Бираву Занҷири ҷаллодро гӯй, ки ба қабули туҳфа омода шавад. Ба хоҷасарой1 низ расон, ки занони гуфтагиямро омода кунад.
Бонак аз ҷо бархосту дилнигарон гуфт:
– Шоҳам, баргашта биёям ё..?
– Не, афти хунукатро пеш аз никоҳ набинам, беҳтар. Худам меоям. Сайид Фаррухшоро ба боргоҳ даъват карда, наздаш обу таом гузоред. Бонак шитобон рафт. Шоҳ аз паси ӯ чанд лаҳза нигоҳ карду ба чи хаёле даст афшонд ва боз каллағӯта зад.
Пас аз ним соат Муҳаббатхон бо либосҳои фохир ба боргоҳ даромад. Дар назди дасторхони ороста ба ҷуз Бонак каси дигареро надида, ҳайрон шуд.
– Фаррухшо куҷост?
Бонак, аз тарс дандон ба дандон зада, нимғурма овоз баровард:
– Нест, шоҳам.
Шоҳ аз ғояти нобоварӣ ба монанди хурӯс гардан ёзонду пурсид:
– Чӣ хел нест?
– Оқсақол Муборак гуфт, ки Сайид наомад.
Муҳаббатхон аз ҳайрат пешбарҳои чакмани фарохи гулдӯзиашро афшонду амр кард:
– Муборакро даъват кун!
Бонак рафту пас аз чанд дақиқа оқсақол Муборак ба боргоҳ даромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё