Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маликзеб меҳмононро ба миннатхона даровард. Нахуст чизе, ки Хайримаҳмаду Доробшо ҳис карданд, гармиву бӯйи гуворо буд. Дар болои оташдоне, ки дар як кунҷи хона дуруст кардаанд, деге балақ-балақ меҷӯшид. Бӯйи иштиҳоовари шӯрбо меъдаи фирориёни гушнаро ба ҷунбиш овард. Марди миёнсоле, ки риши мошубиринҷи дароз дошт, болои ду қабат болишт каҷпаҳлу зада, тасбеҳ мегардонд. Дар пеши ӯ се нафар нишаста буданд. Яке аз онҳо бо овози баланд китобе мехонд.

Шайх нимнигоҳе карду боз чашм ба қироаткунанда дӯхт. Дигарон ба онҳо аҳамияте надоданд. Маликзеб ба Хайримаҳмаду Доробшо ҷойи нишаст нишон дода, худ берун баромад. Меҳмонон борхалтаву камони худро дар назди оташдон гузошта, дар бари сенафарон нишастанд ва нафас дарун зада, ба қироат гӯш доданд. Ровӣ овози форам дошт. Чизе, ки мехонд, шеър буд. Хайримаҳмад зуд мутаваҷҷеҳи мазмуни он шуд, вале Доробшо, ки порсӣ намедонист, аввал каме гӯш дод ва чун яқин кард, ки чизе намефаҳмад, садои гуворои дег диққаташро ҷалб намуд. Се марди дигар низ беовоз даромада нишастанд. Ровӣ таваққуф карду ба руйи шайх нигарист. Вай тасбеҳ гардонда, гулу афшонд ва гуфт:

– Ассалому алайкум, бандагони Худо, хуш омадед. Мулло Сироҷиддин боз як қасидаи шайх Саъдиро хатм кард. Соҳиби гуфтор дар ин матлаб чи хуш гуфтааст, ки:

Парҳезгор бош, ки Додори осмон

Фирдавс ҷойи мардуми парҳезгор кард.

Нобурда ранҷ, ганҷ муяссар намешавад,

Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.

Ҳар к-ӯ амал накарду иноят умед дошт,

Дона накошт гавҳару дахл интизор кард.

Дунё, ки ҷисри охираташ хонд Мустафо,

Ҷойи нишаст нест, бибояд гузор кард…

Аммо чунон ки гуфтаанд «аввал таом в-он гаҳ калом». Аввал бо ҳам чизе бихӯрем, баъд суҳбатро давом медиҳем. Хоса, ки ду меҳмони раҳкӯфта дорем. Худо медонад, дар талодҳо чизе хурда бошанд.

Доробшо, ки аз китобхонӣ тоқаташ тоқ шудаву аз суҳбати шайхи серҷоғ гавдааш варам карда буд, бо шунидани калимаи “бихӯрем” ҷон гирифт. Бо умед ҷониби дар нигарист, ки соҳиби хона ҳам бо дасторхон даромада, салом карду онро рӯйи суфа густурд. Аз паси ӯ Маликзеб бо чанд табақу чумча ворид шуд ва сарпӯши дегро бардошта, шӯрборо бо сеҷиб кофт ва дар чаҳор корсони калон рӯйи нон кашид. Бӯйи хуши шӯрбо ҳавои хонаро гуворотар кард. Дар ин байн падари Маликзеб чою мева оварда, ба дасторхон гузошт. Шайх “Бисмиллоҳи раҳмонур-раҳим” гуфт ва аҳли маҷлис ба тановул пардохт. Доробшо аз чунин ҳол тааҷҷуб кард, вале Хайримаҳмад ба фаросат воёфт, ки аҳли маҷлис беовоз дар назди шайх адаб нигоҳ медоранд. То ӯ сухан ба миён наорад, касе ёрои гап задан надорад. Ин тоифа одобу тарбияи дигар дорад. Ҳамагӣ мардони хондаву донишманданд. Миннатхона ҳам тозаву озода буду дар рӯйи суфаҳои пасташ бӯрё ва намадҳои бирҷандӣ1 партофта буданд. Кӯрпачаву болиштҳои таркдӯзӣ хонаро озодатар нишон медоданд.

Дар сокинакҳои2 ду сутуни кошинкорӣ сияҳчароғҳо хонаро равшан мекарданд. Аҳли маърака пӯшоки тозаву шинам дошт.

Хайримаҳмаду Доробшо чунин муҳити роҳату зеборо бори аввал дида, худро ноҳинҷор ва бегона ҳис мекарданд.

Пас аз сарфи таом шайх дуо хонду дасторхонро бардоштанд. Маликзеб ба оташдон ҳезум андохта, аловашро тоза кард ва ҳамроҳи падараш дар назди дар нишаст. Шайх суҳбати қатъшударо давом дод. Ӯ аз олами малакут ва дар осмон ба чи кор машғул будани фариштаҳо сухан кард. Сипас аз аҳли маҷлис пурсид, ки агар суоле доранд, бипурсанд, ақидае дошта бошанд, бигӯянд.

– Ҷаноби шайх, – гуфт шахсе, ки саллаи шалғамӣ баста буду дар тан ҷомаи қиматбаҳои зардранге бо нақшҳои сунбул дошт, – ин сухани охирин, ки гуфтед, лоҷарам аз “Уммулкитоб” аст. Ин китоби бузург дарҳои асрори олами рӯҳониро барои бандагони хокии Худои азза ва ҷалла кушодааст. Ё матлаби арзнамудаи ҷанобашон маъхази дигаре дорад?

– Банда “Уммулкитоб” нахондаам, аммо ин мазмун дар рисолаҳои уламо ва ашъори Хоҷа Ҳофизу Мавлоно Румиву шайх Аттору Саъдӣ ва дигар муаллимони роҳи тариқат ҳузур дорад.

Ин олами ҷисмонӣ, ки мо дар он чун баҳоим мечарем, гарду хоке беш нест. Олами аслӣ он олам аст. Ҳадафи будани мо ҳам дар ин дунё он дунёст. Барои ҳамин ягон молу матоъ ва иморату аморати ин даҳри фонӣ арзише надорад. Инсони оқил ба дунболи он нагардад, балки дар андешаи дарёфти саодат дар олами бақо бошад.

Шайх аз ҷавоби додааш қаноатманд лаб фуру баст ва мунтазири суоли дигар ба ҳозирон чашм дӯхт. Марди миёнсоле, ки дар сар тоқии одӣ ва дар тан қатмаи ҷойдорӣ дошт, сулфае карду суол дод:

– Шайх-сойиб, оё касе, ки дар ин олам зиндагии бароҳат дорад, дорои молу мулк ва давлату сарват аст, дар он дунё хору залил мегардад?

Шайх ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд. Он мард боз пурсид:

– Пас пирону оқсақолон ва танходорони мулк, ки моли деҳқононро ба ҳар баҳона ба анбори худ мекашанд, оё аҳли дӯзах нестанд?

Шайх ҷавоб дод:

– Аллоҳи таоло бандагони худро ба ҳар ҳол офаридааст: яке ғанӣ, дигаре фақир, яке шоҳ, дигаре гадо. Дар пешонии инсон чи навишта бошад, ҳамонро мебинад.

– Ростӣ, ман як одами бесаводам, вале вақте мебинам, одаме, ки кор намекунад, дуди равғанин дорад, аммо деҳқоне, ки рӯзу шаб арақ рехта, ҳосил мерӯёнад, онро бо ду дасти адаб ба ин мардуми бекор таслим карда, худ гурусна мегардад, дилам аз дунё мемонад. Оё ин ҳам хости Аллоҳи таолост?

Ин савол мисли занбӯре буд, ки гӯё ба қасди газидан виззаскунон болои сари ҳозирон ба парвоз омад. Онҳо ба ҷунбиш афтоданд. Шайх, ваҷоҳаташро тағйир надода бошад ҳам, аз он ки ба чунин саволи ногаҳонӣ посухи омодае надошт, пас аз мулоҳизае гуфт:

– Бародари азиз, ин савол ба илоҳиёт робита надорад.

Хайримаҳмад ишкамсерӣ хӯрок хӯрд; ҳангоми тановул гуфтаҳои шайхро дар тарозуи дониши худ баркашид. Пай бурд, ки шайх ба саволи он мард ҷавоби саҳеҳ надорад. Ҳол он ки чунин пурсиш дар дили на танҳо Хайримаҳмад, балки дар замири тамоми аҳли нишаст туғён мезад. Дар мубоҳиса таваққуф афтод. Хайримаҳмад дасту даҳонашро пок карда, гулу афшонд ва забон баркушод:

– Ҷаноби шайх, чаро фикр мекунед, ки масъалаи молиёт ва маишати бандагони Худо ба илоҳиёт дахл надорад?

Аз шунидани ин сухан нишастагон ҳама рӯ ба ин ҷавонмарди паҳлавонҷуссаи ношинос оварданд. Хайримаҳмад фикрашро идома дод:

– Магар шариат андозаи молиётро саҳеҳ муайян накардааст? Кардааст. Пас барои чӣ ҳокимон аз фармудаи шариат фаротар рафта, деҳқонро ғорат мекунанд? Ё ҳокимон мусулмон нестанд, ё воҷиботи шариат нодуруст аст, ё онҳо нодуруст мефаҳманд…

Хайримаҳмад дар интизори ҷавоб сукут ваpзид. Аҳли нишаст чашм ба даҳани шайх дӯхтанд. Вай риш панҷа зада, лабханди зебое карду гуфт:

– Бародари мусулмони ман ки бошӣ, гӯш кун. Илми исломӣ баҳри нопайдоканор аст. Ман танҳо бо улвиёт кор мегирам. Дар маслаки ман то даст аз олами сифлӣ накашӣ, пири тариқат бароят хати иршод намедиҳад. Мо ҳеҷ касонем, ки бар мо зи ҳама халқ

Хорӣ расаду он ба ҳақиқат шарафи мост.

Аз неку бади мардуми айём нанолем,

Эшон ҳама неканд, бадӣ аз тарафи мост.

Шайх нафасе хомӯш монд ва афзуд:

– Чун аз баҳри ин марҳала гузаштаам, бо чунин хурду резаҳо хотири аҳли маҷлисро мукаддар намесозам.

Хайримаҳмад китф дарҳам кашид ва дигар чизе нагуфт.

Шайх ба ровӣ ишора кард, ки давоми китобро қироат кунад.

Шайх ҷо-ҷо ӯро аз хондан боздошта, маънии абётро ба ҳозирон мефаҳмонд.

Хайримаҳмаду Доробшои раҳкӯфта дар ҷойи нишасташон ба хоби ширин рафтанд. Ровӣ гӯё бобои афсонахон буду онҳо набераҳои афсонашунав.

Рӯзи дарози чиллаи тобистон бо дирангу таъхир барои шаб ҷой холӣ мекард. Офтоб бар сари теғаҳои нуқрагуни кӯҳҳои Рӯшон хирман зада, бо ранги зарди мойил ба бунафш аз назарҳо пинҳон мегашт. Демурғон низ чун дигар деҳаҳои атрофи қалъаи Баҳрпанҷа ин шабу рӯз андӯҳзада аст. Ҳамкасбони Занҷир

Диноршои бегуноҳро дар хонаи оқсақол Ширинбек қатл карданд; навкарон аз чандин хонавода одамонро бо зарби қамчину лагад бадар оварда, барои фурӯхтан ба бадахшиён ба зиндони Сарои санг бурданд. Даҳони мардум пурхуну ҷигарҳо бирён шуда, аз оҳи пурсӯзи мазлумон пари паранда месӯхт.

Занҷир зодаи ҳамин деҳа бошад ҳам, на ба шодии ҳамдиёронаш шарик мешуд, на аз сӯгашон парвое мекард. Ӯ ба ягон кас дилбастагӣ надошт. Бахусус ҳамдеҳагонашро бад медид. Сабабаш як воқеаи нохуше буд, ки дар айёми наврасӣ ба сари ӯ омад. Модараш мубталои кадом беморӣ гашт. Чанд рӯз ишкамашро дошта, сарғалтон шуда, азоби алим кашид ва ҷон дод.

Пас аз гӯру чӯбаш падару писар танҳо монданд. Он замон Занҷир сездаҳсола буд. На бародар дошт, на хоҳар. Фарзандони пеш аз ӯ зоидаи модараш ҳамагӣ якмоҳа-думоҳа шуда мемурданд. Аз рӯйи нақли падараш, баъд аз он ки як муллои чатрорӣ деву аҷинаҳои ёри модарашро бо азоим гурезонд, Занҷир ба дунё омад ва поист. Аммо баъдӣ ӯ аз зоидан бозистод. Мулло тавсия дода буд, ки агар волидайн хоҳанд бача зинда монад, ба ӯ номи ягон ашёро гузоранд. Вақте момодояи деҳа бо нидои “Тирандоз муборак шавад!” муждаи зодани писарро меорад, падар аз хурсандӣ ҷониби хона медавад ва пояш ба занҷире, ки ба он говашонро дар мазрааи кишт баста буданд, андармон мешавад. Барои ҳамин писарро Занҷир ном ниҳоданд. Магар даму дуои муллои чатрорӣ, ки гӯё “илми Кашмир”-ро об карда хӯрда будааст, мустаҷоб мегардад, ки бача на танҳо зинда мемонад, балки чун паҳлавоне азимҷусса ба воя мерасад.

Падараш баъди як сол зани дигар гирифт. Ин зан аз шавҳари якумаш, ки мурда буд, бо номи Гулчин духтари даҳсолаи зебо дошт. Хулласи калом, ҳамин Гулчин боиси бадбахтии якумрии Занҷир гардид.

Рӯзе Занҷиру Гулчинро волидонашон ба пос1 фиристоданд. Онҳо молро ба пуштакӯҳи сари деҳа сар дода, худ дар таҳдашт машғули шӯхиву бозӣ гаштанд. Ҳаракоту саканоти духтар банохост вуҷуди писарро ба таҳрик овард. Тамоми рагу пайи ӯ аз боди шаҳват пур шуд. Ба дараҷае, ки ақлаш тира гашту чашмонашро сиёҳӣ зер кард. Дар ҳамин ҳол беихиёр духтарро озод бардошта, даруни калфе даровард. То духтар нияти бадашро пайхас намуд, кор аз кор гузашт. Вақте Занҷир ором шуд, духтар бо нолаву афғон худро аз бағалаш раҳонд ва ҷониби хона давид. Занҷир ба чи бешарафие даст задани ху1. Пос, молпос – навбати молчаронӣ дро дарк намуда, ҳамон лаҳза роҳи гурезро пеш гирифт. Аз ин ҳодисаи нангин тамоми деҳ бохабар шуд ва он муддати чанд сол ба мавзӯи асосии ғайбати мардуми водӣ табдил ёфт.

Давруқ, ки он замон қозии деҳкадаҳои марказии Шуғнон буд, Занҷирро ба сангсор ҳукм кард. Ҳарчанд баъзе хешу табори падариаш хоҳиш карданд, ки барои никоҳи духтар ба

Занҷир розӣ шавад, қозӣ исрор кард, ки онҳо тибқи шариат бародару хоҳар ҳисоб мешаванд ва чунин никоҳ ҷоиз нест.

Охируламр Занҷирро пас аз ду соли оворагардиву гурезогурезаш дар роҳи ҷониби Шева дастгир карда, ба қалъа оварда, зиндонӣ карданд. Падари Занҷир гуноҳи писарашро набахшида бошад ҳам, ҳеҷ намехост, ки писари ягонааш ба қатл маҳкум шавад. Ба ин хотир, бо ҳазор тадбир ба боргоҳи шоҳ

Абдураҳимхон роҳ ёфта, ду барзагови сараро пора доду барои писараш шафоат хост. Шоҳ Занҷирро шахсан ба ҳузур талабид ва чун дид, ки ҷавони қавиҳайкали бакитфу бозуст, шарт гузошт, ки аз хуни ӯ мегузарад, агар ҷаллодии дарборро ба уҳда гирад. Занҷир чӣ ҳам гуфта метавонист? Назди шоҳ зону зад ва аз хурсандӣ пояшро бӯсид.

Абдураҳимхон агар медонист, ки пас аз понздаҳ сол ин ҷавони аз чанги аҷал раҳокардаву шахсан бо амраш ҷаллод таъйиншуда худи ӯро бераҳмона буғӣ карда мекушад, бешубҳа, ҳукми қозӣ Давруқро ҷонибдорӣ мекард ва ҳатто санги аввалро худ ба сараш мезад. Вале ду барзагови падари Занҷирро аз ҳукми қозӣ авлотар донист ва ифои вазифаи ҷаллодиро ба зиммаи ӯ гузошт.

Ба ҳамин тариқ, Занҷир аз мардуми таҳҷоӣ ягона касе буд, ки дар дарбор чунин вазифаи манҳус дошт. Аз он ки ҷаллод барои шоҳон зарур буд ва аз шуғнониён ин мансабро касе ба гардан намегирифт, се шоҳ тахти якдигарро ғасб карда бошанд ҳам, ҳам Абдураҳимхон, ҳам Юсуфалихон, ҳам Муҳаббатхон вайро дар мансабаш боқӣ гузоштанд. Ҳафтае набуд, ки ин шоҳон касеро ба қатл маҳкум накунанд. Аз ин рӯ, албатта, ба Занҷири ҷаллод ниёз доштанд.

Абдураҳимхон дар охири салтанаташ ба Занҷир дар деҳааш замини танхо васиқа кард. Вай хона бунёд андохта, дар атрофи он девори баланд бардошт. Азбаски девор гирифтани атрофи ҳавлӣ дар Шуғнон расм набуд, ин амалаш чеҳраи

Занҷири бадномро дар назари мардум боз ҳам нафратовару манҳустар намуд. Ҳатто номи деҳкадаи Демурғон бад шуда буд. Зеро ӯро ҳама «Занҷири демурғонӣ» мегуфтанду Демурғон ба касофати номи ӯ вожаи даҳшатангези “ҷаллод”-ро ба ёд меовард.

Вақте Муҳаббатхон модархонди худ Сафарморо ба Занҷир туҳфа кард, дили ҷаллод қариб аз тапидан бозмонд. Вай мувофиқи русуми мардуми Шуғнон як зан дошт ва гирифтани зани дуюм дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд. Ӯ ҳайрон мешуд, ки чаро Абдураҳимхон қариб ҳар се моҳ пас як зан мегирад ва аз онҳо сер нашуда, бо канизон низ ҳамхобагӣ мекунад. Юсуфалихон аз падараш камӣ надошт, вале Муҳаббатхон ба панҷ зан қаноат карда буд. Ӯ шабҳои худро аксар дар оғӯши модарандараш Сарвиноз мегузаронд.

Занҷир, албатта, туҳфаи шоҳро рад карда наметавонист, вале намедонист, ки арӯсашро ба куҷо барад. Дар ҳарами шоҳ монданаш мумкин набуд. Сафармо, ҳар кӣ ҳам бошад, зани шоҳи Шуғнон буд ва ӯро ба қӯшхонаи касе бурда, иҷора шинондан амали норавое буд. Ба хона барад, оромии хонаводагиаш барҳам мезанад. Ягона ҷойе, ки аз ғурбату ғавғои дарбор дар он чанд соат меорамид, ҳамин хонаи қалъамонандаш буд. Зану чор бача ва як синҳораш даруни ин ҳавлии деворбаланд аҳлу тифоқ зиндагӣ мекарданд. Ба хонаи онҳо соле ду-се бор аз дарбор касе наояд, дигар одамизоде ба он заҳраи наздик шудан надошт. Хешу табор, аз бозе ки Занҷирро радди маърака намуданд, ягон бор суроғаш накарданд. Танҳо падараш, то зинда буд, гоҳе хабараш мегирифт. Чанд сол пеш ӯ ҳам дунёи фониро тарк кард. Занҷир ба ҷанозааш ҳам нарафт: рӯйи хешу таборашро дидан намехост, дурусташ, медонист, ки онҳо аз ӯ ҳамчун аз махав ҳазар мекунанд.

Вақте Муҳаббатхон бо ҷамъи оқсақолони ба сур омада назди бандиён рафт, Занҷир ба хонааш асп давонд. Ӯ қатъӣ қарор дод, ки шаҳбонуи беваро ба хонааш бурда, никоҳ мекунад.

Дигар ҷойи мерафтагӣ надошт.

Вақте занаш шунид, ки шавҳари вай ба хона зани нав меорад, аз ҳуш рафт. Ду писараш лолу ҳайрон чи гуфтанашонро намедонистанд. Синҳораш аз тарс ба гиря даромад. Духтаронаш овози гиряро шунида омаданд ва ба гумони он ки модарашон мурд, нолаву фиғонро ба фалак бардоштанд. Занҷир ба рӯи занаш об пошида, ӯро ба ҳуш овард. Вақте занон аз гиря бозистоданд, ҳар чи ором, вале омирона гуфт:

– Гӯш кунед, ман ба хоҳиши худам зан намегирам. Амри шоҳ чунин аст. Агар иҷро накунам, ба ғазабаш гирифтор мешавам. Аз дасти ӯ ҳар кор меояд. Маро ҷазо диҳад, шуморо ҳам ором намемонад. Барои ҳамин қаҳру малолиатонро фуру бареду хонаро ба омадани арӯс омада созед.

– Дилбовар, – ба писари хурдиаш рӯ овард Занҷир, – ту ба хонаи охонат Мулло Хишол раву ӯро ба хона биёр. Хутбаи никоҳамонро вай хонад.

– Тат, никоҳ кардан вазифаи халифа аст, на охон, – эътироз кард писари калониаш Пореншо.

– Чи хеле ки ман гуфтам, ҳамон хел кунед. Тамом. Ман рафтам.

– Шом фаро расад, баъд биёраш, – таъкид кард зани Занҷир, ки дар чи вартае афтодани шавҳарашро дарк карда, мулоим шуда буд. – Агар беваро арӯс карда, рӯзона ба хона оваранд, кӯдакон ба кабудсулфа1 гирифтор мешаванд.

– Ман ҳам ӯро дар рӯзи сафед оварданӣ нестам, – бо зарда ғурунгос зад Занҷир ва аз хона баромад. Аввал нийят кард, ки ба хона баргашта, аз занаш бигирад, вале андешид, ки беваи нодилхоҳро дар либоси занаш дида наметавонад. Бинобар ин, сари аспашро ҷониби бозор гардонд.

Бозор аз қалъа дар масофаи сесад-чорсад қадам воқеъ гашта, аз бист-бисту панҷ дуконча иборат буд. Занҷир рост ба дукони марди ҳиндуе рафт, ки Шавлӣ ном дошт. Вай газвор мефурӯхт ва ҳатто либоси дӯхтаи ҳархела ҳам дошт.

Шавлӣ, ки бар болиште якпаҳлу зада, бо чашмони нимпӯш аз қақраи кабки қафасӣ ба тирчӯби дукон овезонаш лаззат мебурд, баробари дидани Занҷир парида хест. Қомати дарози лоғарашро дуто карда, даст ба сина гузошту гуфт:

– Ҷанабаш хаста набашад, лутф кард, ки амад.

Занҷир бо нигоҳи доимо хашмолудаш ин ҷомасафеди сиёҳпӯстро як песонду зуд сари мақсад омад:

– Шавлӣ, зан мегирам, либос даркор.

– Бараи худат?

– Не, барои занак. Дӯхтагӣ бошад.

Шавлӣ чӯбдасти дарозашро гирифт ва онро ба рафи аз ҳама боло нигаронда, бо овози хирросиаш гуфт:

– Пераҳани дӯхта ҳам дарам, лекин қади ханумра наданам.

Занҷир каф ба пешонӣ зад: дар ҳақиқат, занак ҳозир набошад, андозаашро аз куҷо медонӣ?

– Ханумра базар бияр, я газвар харида бар, ки дӯзанд.

– То медӯзанд, ки ду рӯз мегузарад, – гуфт Занҷир.

– Пас бигӯ занра бияранд.

– Ӯро ҳам оварда намешавад, – ғурунгид Занҷир.

Ҳинду ҳайрон монд, чӯбдасташро ба замин партофт ва пурсид:

– Ханум магар маълул асташ?

– Маълулаш чӣ? – нафаҳмид Занҷир.

– Пашикаста несташ?

– Несташ, несташ, – гуфт ба тақлиди ӯ Занҷир ва нимшунаво афзуд: – Кош мурда будаш.

– Ақа, хануми ман дӯзандаи хубасташ. Ҷамаварра бибар, андазааш бигир, бияр, ӯ бидӯзад.

Аз ин пешниҳод дар дили Занҷир шуълаи умед барқ зад.

– То нишастани офтоб медӯзад? – пурсид ӯ.

– А, албатта, ликин зуд баш.

– Аҷаб коре кардӣ, бародар. Ман чи хариданро намедонам.

Ту худат интихоб кун.

– Адатан мардуми шума ҳафт ҷамавар кала мехарад, чунин кунам?

Занҷир дар дилаш ба харидани як тан либос ҳам барои арӯси туфайлиаш розӣ набуд, аммо боз ҳам тарс аз ғазаби шоҳ ӯро маҷбур кард, ки гӯяд:

– Чизе барои як арӯс лозим бошад, интихоб кун.

пешина
аз 44
навбатӣ