Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оқсақол Исҳоқ рӯйхат ва нархи асиронро аз девонбегӣ гирифта, ба коғазе кӯчонд ва ба майдон баргашту хитоб кард:

– Навкарон, мурдаро баред!

– Сойиб, магар сипаҳсолор ба ҷаноза намеояд? – пурсид панҷа

– Чизе нагуфт, – ҷавоб дод Исҳоқ, – шояд фурсат надорад.

Ҳама дар тараддуди суранд.

Панҷа ба аломати таассуф сар ҷунбонд ва гуфт:

– Ҳар чи ҳам бошад, ин ҷавон аскари шоҳ буд. Саг барин партофтанду рафтанд. Оқсақол Исҳоқ рӯ турш кард:

– Зудтар бардоредаш, ки ҳамин рӯз ба хок равад.

– Охир, аввал қабр кандан лозим, баъд ҷанозаашро бояд хонд, сойиб. Наход ҳамин қадар қадр надошта бошем, – исрор варзид панҷа.

Додмаҳмади темӣ ба оқсақол рӯ овард:

– Панҷа рост мегӯяд. Бандаи муъмин бояд ҷаноза шавад.

Сойиб, агар иҷозат бошад, такфинашро ман ташкил кунам.

Лекин барои кафан сон ёфтан даркор.

– Ин мард шаҳид аст, шаҳидро дар либоси танаш мегӯронанд, – эътироз кард оқсақол, – ҳатто намешӯянд.

– Андувол, - гуфт Додмаҳмад, – шаҳидро он вақт намешӯянд, ки андомаш пора шуда бошад. Бадани ин ҷавон захме надорад, вагарна ҳоло либосаш гулгун мебуд.

– Писарам, – ба гап ҳамроҳ шуд як зани солхӯрда, – гапи Додмаҳмад дуруст аст. Инҳо дар мулки мо ғарибанд. Гӯру кафани одами ғариб савоб аст.

Бандиёни дигар низ ин суханро тасдиқ карданд. Марде, ки аз ҷониби шоҳ «хук» унвон гирифта буд, гапи занро тақвият дод:

– Оқсақол, «ғарибӣ кӯйи сахт аст» гуфтаанд. Инҳо, ҳар кӣ ҳам бошанд, дар ватани мо ғарибанд. Фардо тақдирашон ба сари мо афтоданист. Маслиҳат ин ки худат кафание пайдо кун, мо мурдаро шуста, ба роҳи охират омода мекунем.

Ин гап ҳам ба асирон, ҳам ба навкарон маъқул афтод.

Панҷа хурсандона овоз баровард:

– Қуллуғи бисёр, буродаро. Ин қадар мардуми хубед шумо, – дар чашмонаш ашк ҳалқа зад, – лекин дар байни мо ҷанозахон нест.

– Ҷанозаашро ман мехонам, сойиб, – гуфт Додмаҳмад, – агар ҳамроҳонат розӣ бошанд.

– Албатта, розианд, чӣ ҷойи гуфтугӯст? На фақат розӣ, балки миннатдорем, – гуфт панҷа. Оқсақол Исҳоқ навкареро ба хона фиристод, то сон биёрад.

Ҷасадро ба лаби об фароварданд. Полчакӣ1 ҳам дуруст карданд ва асире дар дегчаи сафолин об оварда, рӯйи он гузошт.

Об гарм шуд ва Додмаҳмаду чанд нафари дигар мурдаро дар болои суфасанге шустанд. Ин асно сонро низ расонданд. Ҷасадро такфин карда, рӯйи нардбон гузоштанд ва боз ба ҷойи пештарааш оварданд.

Аз қалъа садои доираву ғижак ва сурудхонӣ ба гӯш мерасид. Сур авҷ дошт. Муҳаббатхон издивоҷ бо модарандари худро тантана мекард. Додмаҳмад «намози ҷаноза» гуфта, се бор фарёд кашид ва навкарону асирон ҳамагӣ дар пушти ӯ саф оростанд.

Пеш аз бардоштани тобут даҳае бо ташвиш аз Исҳоқ пурсид:

– Оқсақол сойиб, оё шӯришгарон роҳи моро намегиранд?

– Не, аз онон чунин пастӣ намебарояд.

Навкарон бо дили пур ба роҳ афтоданд.

Занон ба навҳаву лоба навкареро, ки метавонист ҳар яке аз онҳоро дар хонаашон даст баста, асиру ғариб гардонад, ба роҳи охират гусел карданд. Аз Саройи санг овози сурудхонӣ ба фалак мепечид: «Ой, лайлакум Лайло - ее».

Рӯзи тобистон ба охир мерасид. Исҳоқ иҷоза дод, ки асирон зери сояи дарахтони лаби дарё ҷой гиранд ва худ бо чанд навкар ба хонааш рафт. Раҳбараҳ бо ҳузну андӯҳ фикр мекард, ки фардо бояд чашми рӯз накафида, Баҳшори азизи худро тарк созад. Ӯ борҳо ба ҳар ҷониб сафар карда, балои мусофират дида буд, вале ягон маротиба пеш аз сафар ин гуна навмедӣ ба дилаш роҳ наёфтааст. Эҳсоси мағшуши фироқ дилашро фишор дода, ҷонашро месӯзонд. Чеҳраҳои хаста ва бефарёдраси асирони бегуноҳ дар пеши чашмаш ҷилвагар мешуданд. Баъзеашон хешованди наздики ӯ буданд. Додмаҳма1. Полчакӣ – оташдони муваққатӣ аз санг. ди Темӣ писари холааш, Сангинбахти сучонӣ ҷияни язнааш, Шоҳқубоди сохчарвӣ қудои бародараш, Шоҳпӯлоди хоруғӣ писари аммааш, Шоҳзуҳури дарморахтӣ додарарӯси тағояш.

Дигарон низ ба ҳар васила ё ба авлоди ӯ, ё ба авлоди занаш нисбате доштанд. Кӯҳистон ҷойи танг асту мардум бо ҳазор ришта ба ҳам печида. Исҳоқ намедонист ба рӯйи хешовандонаш чӣ тавр нигоҳ кунад. Худро хиёнаткор ҳисоб мекард. Агар асиронро монда гурезад, хонаводааш дар балои азим мемонад; агар амри шоҳро иҷро кунад, дигар рӯйи баргаштан ба Шуғнон надорад.

Ошӯби паҳлавон Ҷаҳонгир ва Хуршедшоро дар як гӯшаи дил тарафдорӣ кунад ҳам, ба натиҷаи дилхоҳи он бовар надошт. Муҳаббатхон аз Дарвозу Қундуз навкару афсар оварда буд ва агар лозим ояд, то даҳ ҳазор сарбозро низ барои пахши ҳар гуна шӯриш даъват карда метавонист. Ягона илоҷ ба Бадахшон бурдани асирон буд.

Дар хона ҳалимов1 пухта, аловашро паст карда буданд. Оқсақол ба асирон хӯрок фиристод ва худ низ бо зану фарзандонаш сари дасторхон нишаст. Изтироби Исҳоқро занаш низ ҳис кард, вале барои он ки бачаҳо нороҳат нашаванд, дилаш накашад ҳам, хӯрокро то охир хӯрд. Нигоҳҳои пурҳасрати зану шавҳар ба ҳам бархӯрда, ҳамоно ба ҷонибе гурезон мешуданд.

Ҳис мекарданд, ки ин сарҷамъии охирини онҳост.

– Шарофат, – гуфт ба занаш Исҳоқ пас аз дуои дасторхон, – ман сабоҳи мардон ба роҳ мебароям. Сафарам шояд дарозтар кашад. Агар дертар мондам, Довудро бо духтари Вилоятшо кадхудо кун. Бароят саробон мешавад.

Довуд, ягона писари хонадон, ки понздаҳро нав пур карда буд, эътироз кард:

– Татик, ман ҳоло зан гирифтан намехоҳам.

Хоҳаронаш гулдуррос хандиданд.

– Не нагӯ, бачам. Вақти хонадор шуданат расидааст. Ман ҳам дар ҳамин синни ту модаратро гирифтам. Ту ва духтари

Вилоятшо ҳамшабаед1. Мо аҳд кардаем, ки қудо мешавем. Гап ҳамин. Ҳоло бархез, ману ту ба хонаи Ҷаҳонгир меравем.

– Бобо Ҷаҳонгир дар ғамхона буд. Шояд ба он ҷо равем?

– Боз беҳтар, – гуфт падар, – якбора ҳам фотиҳа мехонему ҳам ӯро мебинем.

– Соқ, – ба гап ҳамроҳ шуд зани Исҳоқ, – мардум хеле хашмгину норозист. Рафту ягон нохушӣ рӯй диҳад…

– Ба ҳар ҳол, рафтан даркор, аз марг муҳлат намехоҳанд.

Падару писар савор шуда рафтанд. Баробари аз назар ғоиб шудани онҳо Шарофатбегим домани гиряи чанд рӯз боз дар дил гиреҳхӯрдаашро сар дод. Ӯ дар пойгаҳи айвон ба зону афтода, бидуни ин ки овоз баланд кунад, ҳиққосзанон гиристу гирист.

Ҷаноза серодам буд. Гирду атрофи қабристони деҳа аз одам пур шуд. Аз Докахона сар карда, то Шидвуд хешу табор ва ошнову бегона дар ин рӯзи сахт дар паҳлуи баҳшориён будан мехостанд. Деҳае набуд, ки панҷаи хунини шоҳи Шуғнон дар он хотиреро наозурда бошад. Ин бадбахтӣ одамонро муттаҳид карда буд. Ҳам Маҳмадзиё ва ҳам Мазҳабшоро Ҷаҳонгир худ ба хок супурд. Ҳарчанд бародарони Мазҳабшо мехостанд ин корро худашон анҷом диҳанд, Ҷаҳонгир гуфт: «Расм ин аст, ки ҷанговарро ҷанговар ба хок месупорад». Хешовандони

Мазҳабшоҳ гапи паҳлавони солмандро ба замин нагузоштанд.

Онҳо ба ӯ ёрӣ карданду паҳлавон бо чолокии ба синнаш номуносиб корро анҷом дод. Вақте тунбасангро1 ба айвони гӯрҳо мениҳоданд, Ҷаҳонгир гуфт:

– Рӯйи ҳар ду ҳам ҷониби қибла тоб хӯрд. Инсонҳои биҳиштиянд ин падару писар!

Пуштаи қабрҳоро бардоштанд. Халифа ба онҳо як пиёлаӣ об пошида, дуо хонду чиниҳоро бар сари гӯрҳо шикаст. Ҳама нишастанду халифа ва Мулло Хишол ба хондани «Ёсин»-у «Таборак» шурӯъ намуданд. Мулло Хишол мехонду ашк рухсораашро тар карда, ба зонуҳояш мерехт. Овозаш ҳам меларзид.

Мардум ашки худро дошта наметавонист. Баъзеҳо пешонӣ бар санг ниҳода, мегиристанд.

Вақте халифа дуоро ба охир меовард, гурӯҳи навкарон бо тобути Ғиёсуддин ба пуштакӯҳи Риҷистанг баромад.

– Ин дарандаҳоро нест кардан даркор! – хитоб кард марде аз поини теппа.

– Ваҳшиёнро сангсор кунед! – овози ғазаболуди марди дигаре ин даъватро қувват бахшид.

Ҷаҳонгир чун дид, ки агар як каси дигар овоз баланд кунад, халқ якбора ба сари навкарон мерезад, болои санге баромаду фарёд кашид:

– Ҳой мардум, алоҳавл!

Овози ғафс ва марғуладори паҳлавон ҳамаро ба ҷониби ӯ мутаваҷҷеҳ сохт. Вай даст бардошта, давом дод:

– Ин навкар аз дасти ман кушта шуд. Аммо ҷавонмардиву инсофро набояд аз даст дод. Мо пайравони амирулмуъминин

Алием. То ба мо ғараз нагиранд, мо ғараз намегирем. Хоки қабристони навкарон испеч аст. Онҳо то шаб ҳам гӯрро канда наметавонанд. Касе ба онҳо мадад расонад, савоби бузург меёбад.

Сухани паҳлавон ба баъзеҳо нафорад ҳам, касе чизе нагуфт.

Кӣ будани Ҷаҳонгирро ҳама медонистанд. Ҳамин як наъраи ҳайдариаш бас буд, ки халқ худро соҳиби ҳомиву фарёдрас ҳис кунад.

Бист-бисту панҷ нафар аз издиҳом ҷудо шуда, ба ёрии навкарон шитофтанд. Ҷаҳонгир қатори мардум ба ғамхона омад ва ба азои Мазҳабшою писараш нишаст.

Дар ғамхона сухани мардум ҳамагӣ аз бедоди шоҳ буду вайронии мулк. Одамон бо ташвиш мегуфтанд, ки Муҳаббатхон беш аз сад нафар одами бегуноҳро фардо субҳ барои фурӯхтан ба Бадахшон фиристоданист. Ин корро ба оқсақоли Баҳшор – Исҳоқ фармудааст.

Фотеҳахонон меомаданду мерафтанд. Ҳар кас хабари тозае меовард. Халифа ва Ҷаҳонгир, ки дар баҳрнех нишаста буданд, гапи мардумро мешуниданду ҳарфе намезаданд. Вақте, ки дар деҳаи Вуж Хуршедшо мардонро мусаллаҳ намуда, роҳи навкаронро гирифтаанд, халифа ҳайрон монд.

– Паҳлавон, бӯйи ҷанг меояд, – гуфт ӯ бо ташвиш ба гӯши Ҷаҳонгир.

Ҷаҳонгир низ гӯшакӣ кард:

– Вақташ расид.

Халифа китф дарҳам кашид ва хомӯш монд.

Торикӣ доман густурд. Пойи таъзиягарон канда шуд. Халифа дуо хонду далилак даргиронд. Ин дам оқсақол Исҳоқ бо писараш ба хона ворид шуд. Онҳо дасти халифаву Ҷахонгирро бӯсида, дузону нишастанд. Халифа оят хонд, Исҳоқ такбир гуфт. Сипас оқсақол ба сухан омад:

– Паҳлавон, ман барои маслиҳат ба наздат омадам. Ҳоле ки ман дорам, саг надорад. Фардо субҳ бо асирон озими Бадахшон мешавам. Илтимос, садди роҳ нашав. Аз он ки ин бечорагон дар ин ҷо гирифтори таҳқиру кашмокаш шаванд, дар Файзобод бошанд, беҳтар. Юсуфалихон дар он ҷост. Шояд алорағми амри бародараш асиронро озод кунад ва ҷони ман ҳам ба ҳамин баҳона халос шавад. Агар накард, боз ҳам дар он ҷо озодтар нафас мекашанд, то дар бандихонаи қалъа. Кӣ медонад, шоҳ бо онҳо чӣ мекунад.

– Ростии Худо, ман он қадар ки ба Муҳаббатхон эътимод надорам, аз он бештар аз Юсуфалихон заррае одамият умедвор нестам, – гуфт Ҷаҳонгир. – Рӯбоҳу думаш як чизанд. Лекин ба фикрат розиам. Коре кун, ки асирони бегуноҳ озод шаванд.

Зану бачаҳоятро ман ҳимоя мекунам.

– Намедонам муқовимат бо шоҳ ба чӣ меанҷомад, лекин эҳтиёт! Касе бо модархонди худ зино кунад, бо мардум чиҳо кунад, – гуфт дар анҷоми суҳбат оқсақол ва бархост.

Хонае, ки Хайримамад дарашро кӯфт, сохти ғайриодӣ дошт.

Як девори онро ба дарозӣ шахпора ташкил медод. Девори мутавозии он дар лаби ҷар воқеъ буд. Байни лаби ҷар ва девор ду қулоч пайроҳа монда буданд, ки молу гов аз он гузашта тавонад. Ду лайи1 аҳромшакли калон аз ошунондор2 будани соҳиби хона дарак медод. Дар болои шахе, ки девори хона буд, боз иморате бо равзани пастак воқеъ буд, ки ними бомашро ду шохаи бақуввати дарахти себ панаҳ мекард. Барфи тунуки нуқрагун ҳанӯз баргҳои рехтаи боғ ва соқаҳои пас аз дарав дар чакалакҳо боқимондаи ғалларо пурра напӯшида буд.

Пас аз чанд бор тақ-тақ задан, зане, ки бо рӯмоли бунафшранг сарашро баставу зулфонашро кулӯла карда буд, дарро кушод ва мунтазири салому алейк нашуда гуфт:

– Дарро чӣ мекӯбед, рост ба миннатхона бароед.

Зан баргашта рафтанӣ шуд. Хайримаҳмад пурсид:

– Хоҳар, моро ба хонаат роҳ медиҳӣ ё ҷойе дигар равем?

Зан ба чеҳраҳояшон зеҳн монду гуфт:

– Маъзарат, бародарон, гумон кардам, ки аз аҳли деҳед.

Ман алов дорам, писарам шуморо ҳамроҳӣ мекунад.

Зан дарун рафт ва дақиқае пас ҷавони понздаҳ-шонздаҳсолаи ҷингиламуйи баландболо дар наздашон ҳозир шуд. Ӯ салом карду гуфт:

– Амакҷонҳо, ба миннатхона меравем.

Ва худ пеш даромад. Дороб ба Хайримаҳмад нигарист, ки миннатхона чӣ бошад? Хайримаҳмад китф дарҳам кашид.

Онҳо бори аввал чунин калимаи аҷибро мешуниданд.

– Бачам, номат чист? – пурсид Хайримаҳмад.

– Маликзеб.

– Чи номи зебое. Дар ин хона касе ҳаст?

– Шайх Соҳибназари Қаландар ва се каси дигар.

– Онҳо ҳам мисли мо меҳмонанд ё таҳҷойӣ?

– Шайху хизматгораш меҳмон, дуи дигар маҷлисиёни кишлоқанд.

На Хайримаҳмад, на Доробшо маънии гапи Маликзебро пурра нафаҳмиданд. Хайримаҳмад гашташро суст карда, пурсид:

– Писарам, онҳо дар ин ҷо чӣ кор мекунанд, дар ин миннат… хона? – Ӯ вожаи ноошноро базӯр талаффуз кард.

Маликзеб истод, бо ҳайрат ба меҳмонон нигарист ва пурсид:

– Эҳ, шумо ростӣ намедонед, ки дар миннатхона чӣ мекунанд?

Меҳмонон бо як овоз ҷавоб доданд:

– Не, намедонем.

Ҷавон хандаи базебе кард ва гуфт:

– Дар ин ҷо маърифат мекунанд. Шайх суҳбатҳои аҷиб дорад. Ӯ мехонад, дигарон гӯш мекунанд ва ақида мегӯянд.

– Ин шайх аз куҷо омадааст? – аз рӯйи эҳтиёт пурсид Хайримаҳмад.

– Мегӯянд аз Балх гуфтанӣ ҷой. Лекин худам напурсидаам.

– Падарат ҳам дар миннатхона? – пурсид Доробшо.

– Вай дар осиёб. Пас аз соате меояд.

пешина
аз 44
навбатӣ