«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
– Ту ӯро намешиносӣ, худат он вақт шояд дар дарбор ҳам набудӣ, –гуфт Сафармо.
– Не, будам, лекин мо дар идҳои калон ба муҳофизати қалъа банд мешавем.
Зан сар ҷунбонду як пиёла чой нӯшид ва қиссаашро давом дод:
– Ман он вақт гули мирӣ барин хушрӯ будаму аз зиндагии хушбахтонаам зиндадилу шукуфон. Ғарқи тамошои базм аз шодӣ гоҳе баланд механдидам. Дар ҳамин ҳол таваҷҷуҳи шоҳро ҷалб кардаам. Ӯ амр додааст, ки зуд кӣ буданамро муайян намоянд. Вақте фаҳмидааст, ки зани Шодавронам, бегоҳи ҳамон рӯз шавҳарамро даъват карда, аввал туҳфаҳо додааст ва баъд гуфтааст, ки “зани ту лоиқи ҳамсарии шоҳ аст, ӯро ба ман мону худат бирав”. Шавҳарам туҳфаҳои шоҳро ба замин партофта, доду бедод мекунад, вале шоҳ амр медиҳад, ки ду навкар ӯро то Сохчарв пешандоз кунанд. Онҳо як ҳафта роҳашро поидаанд, то шавҳарам барнагардад. Бо ҳамин рӯзҳои талхи ҳаётам сар шуданд ва то ҳол давом доранд. Ду писари нозанинамро ба Ғунд бурда, ғӯрамарг карданд. Барои он ки даъвогари тахт набошанд... Барои он ки зан дар ҳоли афсурдагӣ сирри кушта шудани писаронашро фош накунад, Занҷир бо остинаш пиёлаи ширрӯғани пеши ӯро ба баҳонаи бардоштанаш чаппа кард. Сафармо ишораашро фаҳмида, лаб фуру басту бесадо ба гиря даромад. Димоғи аҳли нишаст сӯхт. Канизак ва синҳори Занҷир ба гиряи арӯси бадбахт шарик шуданд. Мардон аз сари дасторхон бархоста, берун баромаданд. Занҷир гӯё касеро бо шоф мезада бошад, ба чи хаёли нохуше дасташро ба ҳаво бардошта, даршаст поин андохт. Шояд хаёлан сари касеро аз тан ҷудо мекард.
Чанд шаб аст, ки андешаҳои мағшуш хоби Мулло Хишолро мегурезонанд. Шаби кӯтоҳи саратон шиддати гарморо то дараҷаи серунӣ паст нанамуда, шуълаҳои хуршед аз паси қуллаи кӯҳи деҳаи Хоруғ сар мебароварданд. Боз гармо ҳар ду соҳили рӯди пурталотуми Панҷро фаро мегирифт ва бо панҷаҳои ноаёнаш роҳи нафаси тамоми мавҷудоти зиндаро мебаст.
Охон мисли дигарон дар рӯйи ҳавлӣ ё дар болои бом хоб карда наметавонист. Аз чизе ҳарос дошт. Вале аз чӣ? Намедонист. Ба ҷуз ин, шабҳо фикрҳои аҷибу ғариб ба сараш ҳуҷум оварда, ӯро маҷбур мекарданд аз ҷогаҳ бархезаду чароғ даргиронад ва андешаҳоеро, ки мағзашро парма мезаданд, рӯйи коғаз орад. Баробари ба мисраъу байт табдил ёфтан, гӯё ба мақсад расида бошанд, ӯро дигар беқарор намекарданд. Пас аз муддате селаи дигари андешаҳо мағзашро ба ҷӯш меовард ва ӯ маҷбур мешуд боз килку коғаз ба даст гирад.
Ҳодисаҳои нохуши ҳаррӯза шоирро ба таҳлука андохта буданд. Ҷабру зулми касношуниду каснодиди Муҳаббатхон, ҳар рӯз ҳалок шудани инсоне ба дасти лаганбардорони ӯ, дар амон набудани ҷони раият дар синааш ба шоҳу атрофиёнаш тӯфони нафрат барангехта буд. Гоҳе мехост аждаҳое шаваду бо оташи ғазабаш қалъаи Баҳрпанҷаву кӯшки Сарои сангро сӯхта, хокистар кунад. Ба дараҷае, ки аз золиме устухони нимсӯзе боқӣ намонад. Гоҳе мехост паҳлавони афсонавие бошаду бо гурзи гарон каллаҳои зиштандеши онҳоро дар баданҳои нопокашон парчин созад, чунон ки мурғони ҳаво бар ҳоли зорашон гиря кунанд. Гоҳе мехост ҷодугари забардасте бошаду тилисме созад, ки ҳар золимро дар ҷояш ба сангу кулӯх табдил диҳад.
Вале ҳайҳот! Ба ғайр аз рехтани дарду ғамаш дар рӯйи коғаз ва дарун-дарун сӯхта, худро обу адо кардан аз дасти ӯ кори дигаре намеомад. Шеърҳояшро ҳам ба ҷуз паҳлавон Ҷаҳонгир ва як-ду шахси дилпур ба каси дигаре хонда наметавонист. Чордаҳ нафар шогирд дорад, вале онҳо кӯдаканд. Овони беғаши бачагии онҳоро бо шеърҳои ғамолуду дарднокаш заҳролуд кардан намехост. Боз ин ки даррав ба падару модари худ хабар мекашанд. Падарони онҳо аъёну акобири дарбор, ҳеҷ набошад хешу табори онҳоянд. Агар фаҳманд, ки охонашон чи шеърҳое менависад, тамом! Мактаб аз қалъаи даҳшатангез ҳамагӣ ҳазор қадам дурӣ дорад. Сари бод бурда дар чунон чоҳе андозанд, ки Азроил ҳам раҳи онро ёфта натавонад.
Бо ин ҳама биму ҳаросе, ки дар дил дорад, вақтҳои охир дар лаҳзаҳои ҳассос худро ба даст гирифта наметавонад. Аз куҷое дар дилаш ҷуръат пайдо мешаваду дар бунёди сабраш зилзила меафтад. Дирӯз никоҳи Занҷири каллабурро рад кард. Шояд як-ду сол пеш, бар алайҳи хоҳиши дил, сар паст карда мерафт. Лекин ҳоло наметавонад. Дигар ба золимони мулкаш сар фаровардан намехоҳад. Дилаш мегӯяд, ки инак корд ба устухон расид. Акнун аз ду тариқи мурдан бояд якеро интихоб кунад: ё корди ба устухонрасида бо азоби алим ҷонашро мебарорад, ё қувваи охиринро ҷамъ карда, онро ба ҷигари кордкаш мезанад; қурбон шавад ҳам, чун инсони банангу номус хоҳад мурд. Аз куҷое мисраъҳо пайи ҳам дар зеҳнаш шарора заданд ва шоир шамъ афрӯхту онҳоро бо найқалам ба рӯйи коғаз рехт:
Мулк вайрон шуд, туро номус ку?
Халқ ҳайрон шуд, туро номус ку?
Шуғниро қалмоқ кушту қаттаған,
Сина бирён шуд, туро номус ку?
То ба кай дар кӯҳ моро ҷар кунанд?
Санг гирён шуд, туро номус ку?
Пеши чашмат духтаратро мебаранд,
Ашк борон шуд, туро номус ку?
Панҷа бар Барпанҷа зад то деву дад,
Чӯл Шуғнон шуд, туро номус ку?
Садоҳои мубҳаме шоирро аз олами руъё ба дунёи воқеӣ баргардонданд. Ӯ қаламро даруни давот гузошту берун баромад. Сукути субҳи козибро корвоне халалдор карда буд.
– Асиронро мебаранд! – зери лаб гуфт Мулло Хишол. Дилаш таҳ хӯрд. Муштонаш гиреҳ бастанд. Дар нимторикии субҳидам анбӯҳи одам чун доғи андӯҳ оҳиставу гарон ҷунбида, тарки ватан мекард.
Мулло Хишол бисёр мехост роҳи асиронро гираду фарёд занад: “Ба куҷо меравед? Баргардед, силоҳ гиреду золимонро нест кунед!” Вале, афсӯс, ин корро карда наметавонист. Ба танҳоӣ аз дасташ чӣ меояд? Навкарон сари як тираш мекунанд. Ҳатто худи асирон ҳам ӯро девонае мепиндоранд.
Мулло Хишол аз ғояти бефарёдрасиву оҷизӣ даст бар сар зад ва диккак нишаст. Мағзаш меҷӯшид, хунаш туғён мекард, ҳатто гӯшҳояш ҷирингас овоз доданд. Ва дар ҳамин ҳол мақтаи шеър дар зеҳнаш барқ зад:
Ин ватан бар мардумаш, Мулло Хишол, Чоҳу зиндон шуд, туро номус ку? “Шеър комил шуд, вале аз он чӣ суд? – андешид шоир. Он ба гӯши кӣ мерасад? Он як нолаи заифонааст, ки ба сони доду фарёди асирони ин корвон на ба шоҳ асаре дораду на ба каллабурони ӯ”.
Шоир муддате дар ҳамон вазъ нишасту сипас бархост ва ба шоҳроҳ назар афканд. Корвон нопадид, рӯз равшан мешуд.
Боз як рӯзи Шуғнон бо бадарғаи фарзандони он оғоз ёфт.
Мулло Хишол дар ҳавзаке, ки дар роҳи оби ҷӯйбор сохта буд, аввал сару тан шуст. Баъд таҳорат карда, хона даромад ва намози саҳар гузошт. Даст ба рубоб бурд, гӯшакҳояшро тоб дода, зилҳояшро1 ҷӯр кард ва ин ғазали Ҳофизро суруд:
Сина моломоли дард аст, эй дареғо, марҳаме,
Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоё, ҳамдаме...
Мулло Хишол ҳар байтро дар хуни дили худ тар ва дар синаи сӯзони худ гарм карда, аз ҳанҷара сар медод. Ба назараш чунин менамуд, ки ҳар байти сурудааш чархи фалакро як бор давр зада, бо маънии тоза ва фавқулодаи дигаре ба дили ӯ фуруд меояд.
Шоир ғазали Ҳофизи муъҷизасуханро ба мақтаъ расонду ашкҳояшро пок кард. Килкашро аз давот берун оварду мақтаи ғазалро навишт. Сипас дегчаи сафолинро бо атолаи шабмонда бардошту берун баромад. Дар полчакӣ алов даргиронда, онро рӯйи сангҳо гузошт. То гарм шудани атола ба худ андешид, ки оё писари Занҷири демурғонӣ дар бораи шеъри дар мазаммати шоҳ гуфтааш хабар расонда бошад ё не?
“Гуфта бошад ҳам, сари тарс надорам, – гуфт шоир, – боз беҳтар. Бигзор донад, ки хизматгори чи махлуқест!”. Ӯ атолаи гармшударо дар сари полчакӣ рост аз даруни дег ошомиду онро шуст ва ба хона бозгашт. Акнун бояд то омадани шогирдон сабақҳои навбатиро омода намояд.
Соате пас шогирдон ҷамъ омаданд. Синнан гуногун буданд, вале муаллим онҳоро мувофиқи соли дохилшавиашон ба гурӯҳҳо ҷудо карда, дарс медод. Чун фарзандони одамони доро буданд, ҳама қаламу коғаз, чанд нафар китоб ҳам доштанд. Мулло Хишол мавзӯи дарсро барои ҳар гурӯҳ худ муайян мекард. Дар муддати як сол ба онҳо хондану навиштани ҳуруфро ёд медод. Соли дуюм кӯшиш мекард, ки онҳо навиштану хондани ҳар гуна матнҳои осонфаҳмро, ки худ аз осори Саъдӣ, Фирдавсӣ, Аттор, Румӣ, Ҳофиз, Саноӣ ва Носири
Хусрав интихоб мекард, омӯзанд. Дар соли савум ба “Ҳафтяк” мегузашт ва ду соли дигар шогирдон сураҳои Қуръонро аз бар мекарданд. Дарси ҳисоб ҳам дошт. Он бо омӯзондани чор амал ба охир мерасид. Дар чор сол мактаб хатм мешуд. Мулло Хишол ҳис мекард, ки мактабаш нокомил аст, вале намедонист онро чи гуна такмил диҳад. Дар тамоми Шуғнон ягон мактаби ҳирфаӣ вуҷуд надошт. Дар баъзе деҳаҳо ба монанди ӯ охонҳое дар хонаҳои худ мактаб ташкил карда буданд. Шеваи таълим дар ҳама ҷо қариб як хел буд.
Ҳангоми хатми мактаб Мулло Хишол ба шогирдонаш тавсия медод, ки агар дониши худро такмил карданӣ бошанд, ба шаҳрҳои калон – Кобул, Исфаҳон, Бухоро, Хуқанд рафта, дар мадрасаҳо таҳсил кунанд. Вале чунин бахт ба камтарин касон даст медод. Аксари кул пас аз хатми чунин мактаб имкон пайдо менамуданд, ки китобҳои диниву мазҳабӣ ва девони шоирони бузургро бихонанд. Ба ғайр аз китобҳои диниву адабӣ адабиёти дигаре вуҷуд надошт. Вуҷуд дошта бошад ҳам, касе дар фикри ба Шуғнон овардани онҳо набуд. Маърифати мазҳабӣ дигар намуди маърифатҳоро ҳам дар мағз ва ҳам дар маҳалли сукунати мардум танг карда буд.
Мулло Хишол чи қадар донишманд мешуд, ҳамон қадар ҷаҳолату ақибмондагии муҳиташро амиқтар мефаҳмид. Ҳис мекард, ки дунё бамаротиб рангинтар, равшантар ва фарохтар аст аз мулкаке, ки ӯ ва мардумаш дар он чун кирмакони зери таппак зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин, мехост ба ҷониби Ҳиндустон ё Эрон сафар кунаду он мамлакатҳои мутамаддинро бинад ва агар толеъ даст диҳад, дар мадрасае таҳсил намояд.
Охон талича ва килку давоташро бардошта, ба мактаб даромад ва дар пешгоҳ чорзону зад. Чун ҳамеша аввалин шогирде, ки ба синфхона даромад, Мирзоазиз буд. Ӯ салом доду дар ҷойи ҳамешагии худ нишаст.
– Дар хона тинҷист? –пурсид охон.
– Тинҷист, бобом қариби саҳар аз ғамхона омад. Ҳоло хоб аст.
– Ту чӣ хондӣ?
– Достони “Комуси Кушонӣ”-ро то нимаш хондам.
– Азбар кардӣ?
– Даҳ байти аввалашро.
– Чи қадар тавонӣ, азбар кун. Маънояшро фикр куну дон.
Ту ки паҳлавон ҳастӣ, корномаи паҳлавонони “Шоҳнома”-ро омӯзу ба онҳо пайравӣ кун.
– Охон, вақте ин достонро мехонам, рӯҳбаланд мешавам, мехоҳам ба мисли Ҳушангу Сому Рустам диловару забардаст бошам, гурзи гарон дошта бошаму сари навкарони хунхори шоҳро парчини замин кунам.
Мулло Хишол аз ҳушмандиву шердилии шогирдаш ба ваҷд омад. Беихтиёр даст ба таличааш бурд ва шеъри шаб навиштаашро бароварду гуфт:
– Мирзоазиз, гӯш кун, то омадани бачаҳо шеъри навамро ба ту мехонам.
Мирзоазиз сар ҷунбонд ва саропо гӯшу ҳуш шуд. Вақте ки
Мулло Хишол байти охиринро хонд, Мирзоазиз аз ҷо бархост ва дасти охонашро бӯсиду гуфт:
– Охон, ин бузургтарин шеър аст. Онро ба ман деҳ, рӯнавис карда, ба бобоям мебарам.
Мулло Хишол бо хушҳолӣ коғазро ба Мирзоазиз дод. Ӯ нишаст ва ба рӯбардори шеър машғул шуд. Шогирдони дигар ҳам омаданд, вале писари Занҷири ҷаллод бедарак буд. “Яқин падараш имрӯз никоҳ дорад, – аз дил гузаронд охон, – барои ҳамин наомад”.
Офтоб ба қиём наздик шуда, дарс ба поён мерасид, ки банохост Занҷири демурғонӣ бошаст ба синф даромад. Вай бе салому калом рост бо назди Мулло Хишол рафту аз гиребонаш гирифта, якдаста ба ҳаво хезонд. Шогирдон ҳаёҳӯй бардоштанд. Занҷир Мулло Хишолро чарх занонда, фарёд кашид:
– Ту, падарсаг, чӣ ҳад дорӣ, ки даъвати маро рад кунӣ?! Ҳоло то устухонҳоятро реза-реза накунам, аз чанги ман халос намешавӣ.
Мирзоазиз дид, ки агар лаҳзае дер монад, охонаш маъюб мегардад, давдавон парида, бо ҳар ду пояш ба миёни Занҷир зарбае заду худ ба тахтапушт афтод. Ин зарба чунон сахт буд, ки Занҷир мувозинаташро гум кард ва пешониаш ба девор заду Мулло Хишол аз дасташ раҳо шуда, болои кӯрпачаи нишастгоҳаш парӯ ғалтид. Сари Занҷир гаранг шуд, чашмонаш лаҳзае сиёҳӣ заданд. Мирзоазиз зуд бархост ва охонро аз рӯи кӯрпача бардошта, ба по гузошт. Бачаҳо додувойкунон ба рӯйи ҳавлӣ шитофтанд. Пас аз дақиқае ҳуши Занҷир ба сараш омад.
Ӯ қафо баргашту наъра кашид:
– Маро кӣ зад?
– Ман, – ором посух дод Мирзоазиз.
– Ту? – пешонии сурхшудаашро дошта, нобоварона суол кард ҷаллод. – Ту, фисинак, маро задӣ?
– Ман барои охонам туро медарронам, – гуфт Мирзоазиз.
Занҷир аз ҳанҷарааш ғуррише сар доду ба Мирзоазиз дарафтод. Мирзоазиз ҳам ба ӯ часпид. Дақиқае ҳар ду зӯр заданд.
Мирзоазиз дар назди ҳайкали бузурги Занҷир хурду заиф ба назар мерасид. Мулло Хишол гумон кард, ки Занҷир шогирдашро бо як зӯр ба рӯйи фарш ғелонда, устухонҳояшро мешиканад. Берун давид ва калтаке бардошта, ба ёриаш шитофт.
Ба синфхона даромаду аз ҳайрат дар ҷояш шах шуд: Занҷир ба тахтапушт афтода буду Мирзоазиз ба синааш савор шуда, гулуяшро мефушурд. Қафтинги1 панҷаҳои ӯ чунон маҳкам буд, ки Занҷири гаронҷусса чун барзагови мазбуҳ дасту почак мезаду худро раҳо карда наметавонист.
Мулло Хишол чун дид, ки лаҳзаи дигар ҷони Занҷир мебарояд, дод зад:
– Мирзоазиз, сараш деҳ, ки мемурад.
– Мееекушаам, – нафасзанон овоз баровард ҷавонписар ва фишорро бештар кард.
Мулло Хишол аз китфони шогирдаш дошт ва кашид. Мирзоазиз панҷа аз гулуи ҷаллод барканд ва аз сари синааш бархост. Ҳайкали азими Занҷир даме ноҷунбон монд ва ҳангоме
Мирзоазиз ба паҳлуи ӯ шаллоқе зад, ба ҷунбиш даромад. Ин асно шогирдон ҳам чун диданд, ки ғалоғула басанда шуд, ба синфхона даромаданд. Онҳо Занҷири ба пушт афтодаро диданду аз ғояти ҳайрат шах шуданд. Занҷир, ки умедашро аз зинда раҳо шудан аз чанги Мирзоазиз канда буд, бемадорона дар ҷояш нишаст. Баъд мисли кӯрон чанд бор бо панҷаҳояш фаршро палмосида, гулу афшонд ва ба по хест.
Мирзоазиз гуфт:
– Аз охон миннатдор бош, ки ҷонатро харид. Бори дигар ба мактаб қадам гузорӣ, мурдаатро мебароранд.
Занҷир дар рӯ ба рӯи Мирзоазиз дақиқае истод, қаду қомати ӯро лоқайд аз назар гузаронд ва ҳарфе назада, берун рафт. Хомӯш аз ҳавлии мактаб баромада, ба аспаш савор шуду маҳмез зад. Охону шогирдон аз чунин ранг гирифтан ҳодиса лолу мабҳут монданд.
Қалъаи Баҳрпанҷа аз ҳаррӯза серодамтар буд. Меҳмононе, ки шаб дар сури Муҳаббатхон иштирок доштанд, бо корҳои худ ба назди девонбегӣ ва дигар мансабдорон равуо мекарданд. Дар Саройи санг, баракс, оромии сартосарӣ ҳукм меронд.
Дар ин ҷо шоҳ дар шабистони хосаи худ оламро аз ёд бурда, сар дар канори зани дӯстдоштааш ниҳода буд. Аз нолаҳои ҳазини асирон, ғавғои хуррамонаи меҳмонон ва гулударронии овозхонон, ки рӯзи гузашта беруну даруни кӯшкро пур мекарданд, осоре намонда буд. Саройи санг чандин сол боз чунин оромиро надидааст. Чунон сукути бекарон, ки ба қавле парзании Ҷабраил ҳам шунида мешуд. Ҳатто Бонаки дарбон бовар намекард, ки офтоб ба қиём расида бошад ҳам, Муҳаббатхон ғунудаву дунё осудааст.
Девонбегӣ Қозӣ чанд нафар оқсақолро гусел карда, ба саҳни қалъа ворид шуд. Банохост аз қафояш садои суми асп баланд гашту тавсани Занҷири демурғонӣ ба дарвоза даромад.
Занҷир аз болои рикоб ба замин париду бошитоб ҷониби девонбегӣ омад. Қозӣ ғуррии сабзранги пешонии Занҷирро дида, дар ҷояш истод ва пеш аз он ки ӯ чизе бигӯяд, бо ханда гуфт:
– А Занҷирбек, зани нав саратро ба девор зад, чӣ?
Занҷир ғазаболуд заҳрханде карду гуфт:
– Қозӣ, ба ман навкарон лозиманд.
– Чӣ гап шуд?
– Баъд мегӯям, – нӯгизабонӣ овоз баровард Занҷир ва ба сӯйи сарбозхона давид.
Қозӣ китф дарҳам кашид ва ба ҳуҷраи худ даромад. “Боз ягон баҳшорӣ исён кардагист”, – аз дил гузаронд девонбегӣ ва ба ҳисоби даромади хазина аз сури шоҳ машғул шуд. Соате пас шӯру мағале ӯро маҷбур кард, ки ба саҳни ҳавлӣ барояд.
Рост дар рӯбарӯи дари ҳуҷрааш Занҷири демурғонӣ ду одами дастбастаи хунолудро бо қамчин зада, ба ҷониби зиндон ҳай мекард. Се навкар, ки яке мелангиду дигаре гӯшашро дошта, ба туркӣ бо ҳарорат чизе мегуфт ва савумӣ каттакамони шикастае дар даст дошт, аз паси Занҷир мерафтанд.
Давонбегӣ бандиёнро аз назар гузаронд: якумаш марди қоқинаи хубсурате буд бо рағзаи сафеди хоколуд ва дигаре ҷавонбачаи пуррапайкари аз сар то пояш ба хоку хун оғушта.
– Кистанд инҳо? – пурсид Қозӣ.
Навкари камоншикаста истод ва посух дод:
– Як охони кофармоҷаро бо шогирди каллахараш, сойиб.
Бо ишораи девонбегӣ ӯ пеши Қозӣ омад.
– Ку, батафсил қисса кун, – хоҳиш кард Қозӣ, – ин қадар кӯфтаву бадҳол метобед.
Навкар пораҳои камонро дар ду панҷааш фишурда, ҳаяҷономез гуфт:
– Сойиб, Занҷир моро ба мактаби Баҳшор бурд. Гуфт, ки бояд ду хиёнаткорро бигирем. Ба ҳавлӣ даромадем, ки ҳамин писарак банохост аз куҷое ба ман ҳуҷум кард ва камонро аз дастам рабуда, бо он моро задан гирифт. Баъд охонаш ба ӯ ҳамроҳ шуд. Ҳар чори моро чунон кӯфт, ки агар Занҷир бо санг ба сараш намезад, Худо медонад ҷон ба саломат мебурдем ё на. Камонамро шикаст.
– Ҳамин ҷавон? – пурсид девонбегӣ. Чашмонаш аз ғояти ҳайрат аз мижа задан бозмонданд.
– Оре, сойиб, ин хел бачамардро бори аввал мебинам.
Қозӣ бо тааҷчуб сар ҷунбонда, ба ҳуҷрааш баргашт. “Яқинан набераи Ҷаҳонгир аст, – аз дил гузаронд ӯ, – фақат шер шер мезояд. Ин Занҷири каллабур коре кард, ки дигар оромӣ намонд”.
Девонбегӣ медонист, ки шоҳ исёни мардуми Сарчашма ва Баҳшорро намебахшад. Оромии имрӯзаи ӯ ҳам фақат ба хотири оромиш дар бағали зани наваш нест. Вай дар ин хилват ҳатман нақшаи ҷазо додани ёғиёнро ҳам мекашад.
“Ҳоло бояд ба пешвози Ҷаҳонгир омода шавем. Вай набераашро дар зиндон намемонад”, – бо хавотир андешид Қозӣ ва ба ҳуҷраи Отизул рафт. Отизул таҳи як лунгӣ дар болои намади пурнақши қирғизӣ худро ба тахтапушт партофта, ёзида буд. Вай чун ҳар қирғизи ба сардии чӯлҳои Помир одаткарда аз гармии тобистони Шуғнон азоб мекашид. Ягона гурезгоҳаш аз гармо ҳамин ҳуҷраи салқини қалъа буд, ки ҳам ҷойи кор ва ҳам макони зисташ ба шумор мерафт. Барои зану бачаҳояш дар Саройи санг дар қафои ҳарами шоҳ ҳуҷраи алоҳида дошт.
Отизул аз ташрифи ногаҳони девонбегӣ хавотир шуда, чобук аз ҷо хесту яктаки хокистарранги дарозашро ба тан кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё