Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ассалом, сойиб, мебинам, ки ҳодисае рух додааст.

– Бале, андувол, Занҷири каллабур корро безеб кард.

– Чӣ кардааст?

– Намедонам, кадом ҷонвар газида бошадаш, ба мактаби Баҳшор рафта, набераи Ҷаҳонгирро оварда, ба зиндон андохт.

Отизул аз ин хабар карахт шуд.

– Мефаҳмӣ, ки чӣ балое ба сарамон овард ӯ? – суханашро давом дод девонбегӣ.

– Ҳа, – гуфт Отизул, – девона шудааст магар?

– Ҳоло сабабашро напурсидаам, шояд ту донӣ. Барои ҳамин омадам.

Отизул либосашро пӯшидан гирифт.

– Не, ман дарак надорам, сойиб. Мегӯянд, ки шағолро вақташ сар карда бошад, ҷониби остонаш меҷағад. Тфу!

– Ягона тадбири дуруст ин аст, ки амр деҳ, набераи Ҷаҳонгиру охонашро озод кунанд.

– Охир, Занҷир дар итоати ман нест. Ғайр аз ин, шояд худи шоҳ фармуда бошад.

Девонбегӣ пешониашро молида, лаҳзае андеша кард ва гуфт: – Биравем пеши Занҷир, ки дер нашавад.

Онҳо ба ҳуҷраи Занҷири демурғонӣ рафтанд. Занҷир бо пешонии вараму панҷаи баста ва чашмони ғазаболуди хаста нав ба ҳуҷрааш даромада буду кӯзаеро бардошта, об менӯшид.

Пас аз нӯшидани об кӯзаро дар тоқ гузошт, ба меҳмонони нохонда аз зери пешонӣ нигоҳҳои хашмолуд карду гуфт:

– Фақат нагӯед, ки ин каждумбачаи фисини ҷангараро озод кунам.

– Мо барои ҳамин омадаем, – гуфт Отизул.

– Не! – дод зад Занҷир, – равед, халал нарасонед.

Варами сиёҳшудаи пешонӣ ва ваҷоҳати хашмолуди Занҷир ӯро ба масхарабозон монанд карда буд. Қозӣ хандаашро нигоҳ дошта натавонист. Дандонҳояшро фишурду дарунакӣ хандид.

Отизул ҳам бо истеҳзо заҳрханде зад.

– Ин ғурриро ба пешониат кӣ шинонд? – пурсид девонбегӣ ва қиёфаашро ҷиддӣ кард. Занҷир нохудогоҳ даст ба пешонӣ бурд, вале дарзамон поён оварду ғурунгид:

– Ба девор бархӯрам, – ва фишшос зад, – ман медонам бо инҳо чи кунам!

– Чӣ мекунӣ? – пурсид Қозӣ.

– Ҳар дуро сина ба сина баста, бо ҳамин дастони худам бӯғӣ мекунам!

– Занҷир, ту шотарра хӯрдаӣ чӣ? – овоз баланд кард девонбегӣ, –Ҷаҳонгир барои наберааш оташи осмонро ба сарамон мерезад.

– Шумо танбонҳоятонро аз бими як гурги пир пур карда бошед, ман накардаам. Сари ин морро мекӯбам!

Давонбегӣ чун дид, ки ғазаб ақли ҷаллодро тира кардааст, кӯзаи обро бардошта, ба сараш рехт. Занҷир сарашро таконда, аз ғояти ғазаб суп-сурх шуд.

– Ақлат равшан шуда бошад, гапи маро гӯш кун. Агар амри махсуси шоҳро надошта бошӣ, гапи ману девонбегиро бигиру онҳоро озод кун. Фаҳмидӣ? – бонг зад Отизул.

Занҷир ғуррид:

– Амри шоҳ надорам, лекин коре мекунам, ки шоҳ ҳам ба қатли ин морбачаву охони ӯ фармон диҳад.

– Чӣ хел? – хавотиромез пурсид девонбегӣ.

– Ин кори ман, – посух дод Занҷир. – Бираведу парсими коратон шавед.

– Занҷир, ҷавонакро озод накунем, бояд ба ҷанги Ҷаҳонгир омода шавем, – гуфт девонбегӣ. – Агар шоҳ донад, ки ту беҳуда чунин кор кардаӣ, каллаи худатро меканад.

Аммо Занҷир паст наомад:

– Беҳтараш ба ҷанги Ҷаҳонгир омода шавед. Вақти мурдани ин мурдори пир ҳам расид.

– Набераи нав аз тухм баромадааш шумо – чор паҳлавонро ин қадар хунину захмӣ карда бошад, ту медонӣ, Ҷаҳонгир чӣ хоҳад кард? Магар ҷанги ӯро аз ёд бурдаӣ? Гӯё ҳамсоли наберааш бошиву надонӣ, ки ба як зарба даҳ мардро меафканад, – ситезид девонбегӣ.

– Шумо чӣ ин қадар метарсед? Ҷаҳонгир дигар он Ҷаҳонгир нест. Пири фартут шудааст. Пояшро базӯр мекашад. Кӯдаке ӯро ба муште кушта метавонад.

– Бошад, – ба гап ҳамроҳ шуд Отизул, – агар омад, туро ба ҷангаш мебарорем.

– Набароред, – аз ғазаб хиррос зад Занҷир, – ман худам баромада, рӯдаҳояшро ба дастам мепечонам.

– Худо қувватат диҳад, Занҷир, – гуфт Қозӣ, – акнун бигӯ, ки агар мақсадат ҷанг бо Ҷаҳонгир буд, ба охони мактаб чӣ тохтӣ?

Занҷир ду мушташро гиреҳ карду посух дод:

– Ин муллои пилефтаро илтимос кардам, ки шаб хона омада, хутбаи никоҳамро хонад, наомад. Маро дар назди валъамат ва аҳли хонаводаам шарманда кард.

– Оё ту, каллаварам, намедонӣ, ки ин вазифаи халифаи Демурғон аст, на охони Баҳшор?

– Шумо аз куҷо медонед, ки халифаи қишлоқ гапи маро намегирад, – овози Занҷир лаҳни шикваро гирифт, – магар саргузаштамро фаромӯш кардаед? Дар Демурғон мири мушон обрӯ дораду ман не. Барои ҳамин аламамро аз охони маҳмаддоно гирифтанӣ шудам, ки он писарак ба миён даромад.

– Касеро бахт баргардад, шикаст андар шикаст ояд, – мақоли халқро бо кашиши махсус ба забон овард Қозӣ. – Маро мегуфтӣ, мекардам, вассалом.

– Ту дар хизмати шоҳ будӣ. Нахостам ташвишат диҳам.

– Кӯтоҳи гап, корро расво кардӣ. Лекин ҳоло ки Ҷаҳонгир ҳуҷум накардааст, набераву охонашро сар деҳ.

– Сар медиҳам, лекин сар намедиҳам! – Оҳанги гапаш чунон қатъӣ буд, ки идомаи суҳбат дигар маъно надошт.

– Пас мард бошу ба муқобили Ҷаҳонгир баро! – гуфт Отизул.

Давонбегиву сипаҳсолор ҳуҷраи ҷаллодро тарк намуданд.

Муддате дар рӯйи ҳавлӣ бо ҳам машварат карданд, сипас Қозӣ барои аз қазия огоҳ сохтани шоҳ ба Саройи санг рафт. Занҷирро ҳам бо худ бурд, то ки агар шоҳ пурсадаш, ҳозир бошад.

Отизул дар қалъа монд.

Субҳи тобистон барвақт дамида бошад ҳам, дар шабистони хос чароғҳои хушбӯй, ки мумашон омехтаи уду анбар буд, ҳанӯз месӯхтанду димоғи шоҳу арӯси ӯро муаттар менамуданд. Муҳаббатхон наздики субҳ ба хоби ширин рафт. Сарвиноз ҳам тамоми ғаму ғуссаи худро гӯё дар кӯзае ҷамъ оварда, дар гӯшае гӯр карда бошад, сар дар ҳалқаи бозувони тавонои шоҳи Шуғнон, ки акнун шавҳари қонунии ӯ буд, ниҳода, мамнуну бехавотир чурт мезад. Дар тӯли ҳаёташ танҳо ҳамин шаб хушбахтии занонаро бо тамоми ҷузъиёташ эҳсос намуд. Эҳсос кард, ки зан барои мард чи муъҷизаҳое дорад, ки ба хотири онҳо бояд танҳо як умр сазовори дӯст доштану меҳрубонӣ дидан бошад. Вале, афсӯс, Худованд мардонро чунон сохтааст, ки ба тамоми кори ҳудаву беҳудаи олам вақт меёбанду ба гӯш кардани дили зан фурсат надоранд. Дуруштиву душвориҳои зиндагӣ мардонро сангдилу тундхӯй мегардонанд. Ба онҳо имкон намедиҳанд, ки барои худ ва атрофиёни худ зиндагии осудаву ороме муҳайё созанд. Зан ҷанг намехоҳад. Мехоҳад, ки мард дӯсташ дораду навозишаш кунад. Мехоҳад барои марди дӯстдоштааш бача зояду ӯро ба меҳр калон кунад. Мехоҳад фарзанди парвардааш касеро наозорад. Шикор кунад, гову моли зиёд дошта бошад, хонаву дар созад, замин бишканад, кишт кунад, ғаллаи бисёр бардорад, падару модари пирашро темордор бошад. Лекин ин мардони пархошҷӯй кай ба дили зан гӯш медиҳанд? Одам ҳам ҳисобаш намекунанд. Меҳрубонтарини онҳо занро сояи мард мешумораду бас. Боқимонда махлуқи пасташ меҳисобанд. Онеро, ки инсон мезояд, ба ӯ шир медиҳад, то соҳиби ақлу тавон шудан ӯро дар домани худ мепарварад! Магар ин аз рӯйи адолат аст?

Ҳатто зани шоҳ хушбахт нест. Сарвиноз дар ҳарами шоҳ дар тӯли умраш ягон зани хушбахтро дучор наомадааст. Ҳамаи онҳо ба мисли ӯ ва модараш дар дил захми носур доранд. Аз валъаматҳои дарбориён дида занони фуқаро садҳо бор хушбахттаранд. Онҳо соҳиби хонаву дар, молу ҳоли хонаводаанд. Озоданд, ба хешу табор ва ҳамсояашон равуо мекунанд, аз ҳавои тозаи деҳу дара нафас мегиранд, ба суру тамошо мераванд, мерақсанду суруд мехонанд, момодояву ҳелчизан2 мешаванд…

Сарвиноз оҳиста ба синаи шавҳараш даст гузошт. Ангор аз синаи шоҳ мавҷи ноаёни гармӣ ба тани ӯ гузашт ва ба рагу пайаш пароканда шуд. Бадани Сарвиноз аз эҳсоси муҳаббату хушбахтӣ пур гашт. Дилаш ҷӯш зад, ширин-ширин тапид. Ду қатра ашки сӯзони хушбахтӣ аз чашмонаш ҷӯшида, ба рухсораҳояш таровид.

Шояд бо чунин ҳоли пурмасаррат шоҳ то охири ин рӯзи шаҳдбор аз канори зани маҳбубаш андешаи бархостан надошт. Вале овози кушода шудани дар ва сулфаҳои дурӯғи Бонак аз пушти парда аз он дарак доданд, ки ҳодисае иттифоқ афтодаву амри ӯро мунтазиранд.

Муҳаббатхон либосашро пӯшида, аз шабистон баромад.

Бонак ва Беғамшо бо яктаҳу шалвори тоза ва дастори гармобаравӣ дар паси дар истода буданд.

– Чӣ хабар? – пурсид шоҳ.

– Қозӣ-девонбегӣ гапи ниҳоят муҳим доштааст, – хабар дод Бонак.

– Ту ҳамин ҷо бош, ман обтанӣ карда меоям, – фармуд шоҳ ба хоҷасарой, – яке валъаматро чизе лозим шавад.

Муҳаббатхон ва Бонак ба гармоба рафтанд.

– Канизакро никоҳ кардӣ?

– Не, шоҳам, – ҷавоб дод гунаҳкорона Бонак.

– Барои чӣ? – норозиёна пурсид шоҳ.

– Фурсат нашуд, шоҳам, дирӯз сур буд, дар хизмат будам.

– Бонак, ин баҳона намешавад, ту чӣ ҳад дорӣ, ки амри шоҳро иҷро накунӣ, аблаҳ?!

– Гунаҳкорам, шоҳам.

– Қозиро напурсидӣ, ки чӣ кор дорад?

– Не, шоҳам.

– Бираву занатро ба ҳуҷраат бурда никоҳ кун. То рӯзи дигар ба чашмам нанамо. Бонак либосу дасторро ба тоқи гармоба гузошту бадар рафт.

Шоҳ пас аз обтании кӯтоҳ ба боргоҳ даромад. Девонбегӣ дар интизори ӯ рост истода буд.

– Ягон ҳавз даргирифт, ки роҳатамро ҳаром кардӣ? – ба саволи девонбегӣ «алайк» ҳам нагуфта, ба тундӣ пурсид шоҳ.

– Дар намегирифт, ташвиш намедодам, – узрхоҳона гуфт

Қозӣ. – Гап сари он аст, ки Занҷири демурғонӣ сабоҳи имрӯз набераи паҳлавон Ҷаҳонгир ва охонашро дар мактаб гир оварда, ба зиндон андохт…

– Барои чӣ? – аз ин хабар авзои шоҳ беҷо шуд.

– Охонро хоҳиш кардааст, ки валъамат Сафарморо ба никоҳаш дарорад, охон рад кардааст. Занҷир сари ҷаҳл ба мактабаш рафта, ӯро дар банд гирифтааст.

– Ту ба ман гӯй, ки набераи Ҷаҳонгирро барои чӣ ҳабс кардааст? – тунд рафт шоҳ.

– Вай ба ҳимояи охонаш бархоста, Занҷирро задааст…

– Ҳамон кӯдак?

– Оре, шоҳам, кас бовар намекунад, лекин… На фақат Занҷирро, се навкари дигарро ҳам кӯфтаст.

Шоҳ беихтиёр гиребон гирифт ва ба нобоварӣ пурсид:

– Наход… Чӣ кӯдаке будааст, ки навкареро кушт, инҳоро кӯфт? Занҷир дар куҷост?

– Дар берун.

– Даъваташ кун.

Қозӣ бадар рафт. Шоҳ беқарор қадам зада, нимшунаво ба таҳлили ҳодиса пардохт.

– Хеле хуб… Ин саги пирро нобуд кардан лозим. Муносибтарин пайт. Модари зоратро нишон медиҳам. Морбачаатро ҳам, туро ҳам ба молики дӯзах месупорам.

Шоҳ аз шиддати ғазаб даст ба шамшер бурд, аммо азбаски дар тан либоси хонагӣ дошт, ҷойи онро дар паҳлуяш холӣ ёфт.

Девонбегӣ Занҷири ҷаллодро ба ҳузури шоҳ даровард.

Шоҳ низ пешонии варами ӯро, ки аз зери саллаи то ба болои абрӯ бастааш ҳам метофт, дида, савол кард:

– Каллаатро ба санг задаӣ, чӣ?

– Ба девор … – посух дод бо камоли бедимоғӣ Занҷир.

– Бигзарем, – шоҳ Занҷирро аз ҳоли нобоб баровардан хост, – кори хубе кардӣ, Занҷирбек. Ҳатто кадом як охонак ҳам ин осиёнро пушту паноҳи худ дида, гапи дарбориёнро намегирад. Вақти Ҷаҳонгир кайҳо гузаштааст, лекин вай фаҳмидан намехоҳад.

пешина
аз 44
навбатӣ