Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мавҷудхон ягона писари Муҳаббатхон буд, ки дар Рӯшон ҳокимият дошт. Ба ҷуз ӯ, духтарон ва дигар хешу табори шоҳро низ аз бемор шудани ӯ огоҳ кардан лозим буд.

Базм ба мотам табдил ёфт. Аспи Бонак чорхез медавид. Шамол аз зери буногӯшҳои савор ҳур-ҳур мегузашт. Баҳшору Демурғон ба зудӣ пушти сар монданд. Баъди чанд дақиқа рӯди ширранг ҳам пеш омаду Бонак сари аспро ба рост, ҷониби Ғорҷвиндара тоб дод. Аз даромадгоҳи он пайроҳа сар мешавад, ки печухамҳои мормонандаш одами аспсаворро пас аз се-чор соат ба лаби кӯли машҳури Шева мебароранд. Баъд аз қатъи дара водии васеи Шева сар мешавад, ки то кӯҳҳои Бомдара роҳи ҳамвор дорад. Бомдара ҳам ба савори шитобзада монеаи хеле ҷиддист.

Чобуктарин сутур аз Шуғнон то Файзобод бояд як рӯзи дароз роҳ паймояд.

Бонак ҷонсарак асп меронд. Мехост болу пар бароварда, дар як нафас худро ба Файзобод расонад. Охир, шоҳи ӯ дар дами марг аст! Оне, ки танҳо аз ҷунбиши лаб ё тарзи нигоҳаш дар дилҳо зилзила меафтод, ҳоло бечораву бемадор афтодааст. Оне, ки ягона мунису мутакко, ягона дилгармии ҳаёти ӯст. Дар ин дунё Бонак дигар касеву касоте1 надорад. Номаш

Меҳрубоншо бошад ҳам, ба ҷуз аз Муҳаббатхон аз каси дигаре меҳрубонӣ надидааст. Ҳатто падару модараш ба ӯ меҳрубон набудаанд. Барои он ки як-ду рӯз нон бихӯранд, Меҳрубоншои худро ба як халта гандум фурӯхтанд!

Ин кулфат дар арафаи иди Наврӯз ба сараш омад. Хонавода беозуқа монд. Нону нонтарие надоштанд, ки ба даҳон баранд. Дар тани касе маҷол намонд. Ду хоҳару як бародараш, ки ҳамагӣ аз ӯ хурд буданд, дигар аз ҷо хеста наметавонистанд.

Модараш бемор шуд, танҳо ду тан – ӯ ва падараш ҷунбуҷул карда метавонистанд. Падараш ҳар рӯз Бонакро аз равзани бом ба каҳдон медаровард. Ӯ нафастанг шуда, коҳи сафедро бо ангуштони аз сардӣ кафидааш «ғалбер» карда, дона меҷуст.

Чунон ки заршӯён аз байни милён регреза заррае меёбанд,

Бонак ҳам аз байни ҳазорон хаспора як дона-ним дона нахуд, боқило, гандум ё ҷав меёфту ба халтачае меандохт. То бегоҳ аз чизе, ки ҷамъ меовард, падараш даляе пухта, чандчумчаӣ ба даҳони ҳама мерехт. Ба ҳамин минвол намемонд, ки ҷонашон барояд. Рӯзе мосали шоҳ ба хонаашон омаду аҳволи онҳоро дида, ба падараш гуфт:

– Агар хоҳӣ, ки зинда монед, ягон фарзандатро ба ман бифурӯш.

– Чӣ медиҳӣ? – бемадорона пурсид падар бидуни андеша.

– Як халта гандум.

– Ман розӣ. Ҳамин бачаи маро бибар.

Падар ба Меҳрубон ишора кард. Меҳрубон аз чунин осон ҳал гаштани тақдираш моту ҳайрон монд. Ҳис кард, ки дилаш аз тапиш бозистод.

Мосал аз аспаш як халта гандум фароварда, дар дами дар гузошт ва ба Меҳрубон рӯ овард:

– Савор шав!

Меҳрубон ба падараш нигарист. Ӯ бемаҷол ба паҳлударӣ такя зада, ба писараш ишора кард, ки савор шавад. Дилу бе1. Нонтарӣ – хӯроки обакие, ки дар он нон тар карда хӯранд.

2. Даля – хӯроке аз ҷӯшондаи ғалладонаи нимкӯфта дилон ба назди асп рафт. Мосал ӯро озод бардошта, ба қафои худ шинонду аспро маҳмез зад. Вақте Хуфи азизи ӯ пушти сар монду асп ба роҳи дара по гузошт, дили Меҳрубон гӯё аз синааш канда шуд. Вуҷудашро ғами ҷонгудози фироқ фаро гирифт.

Ӯ акнун дарк кард, ки аз дидори падару модари ба ҷон баробару хоҳаракони ширину додараки азизаш маҳрум гардидааст!

Сели гарони андӯҳ сиву ду рагашро ба ларза овард, аз чашмонаш ҷӯйи ашк ҷорӣ гашт. Талх гирист. Сарашро ба пушти мосал ҷафс намуда, ончунон ашк рехт, ки чакмани ӯ тар шуд.

– Ҳоло гиря мекунӣ, лекин баъд ба ман ҳазорон раҳмат мегӯйӣ, ки туву хонаводаатро аз чанголи аҷал халос кардам, – гуфт мосал ва шолеро аз хӯрҷинаш баровард. – Худатро печон, ки ях накунӣ.

Онҳо шабро дар Пастхуф дар хонаи оқсақоли деҳа рӯз карданду субҳи барвақт роҳи Шуғнонро пеш гирифтанд. Мосал ӯро рост ба қалъаи Баҳрпанҷа бурду ба ивази васиқае барои замин ба ғуломӣ фурӯхт. Бо ҳамин чиҳилу панҷ соли расо умри вай ба ғуломӣ дар дарбор гузашт. Панҷ подшоҳгардишро аз сар гузаронд. Охируламр ҳамин Муҳаббатхон бар тахт нишасту ӯро ба худ ёвар гирифт. Сабабаш он буд, ки Меҳрубоншо аз давраи ҷавонӣ корҳои махфии шоҳзодаро иҷро карда, сиррашро нигоҳ медошт. Аз Муҳаббатхоне, ки падарашро кушту ба сари бародарони худ теғ кашид, Меҳрубоншо чунин меҳрубониро интизор набуд…

Деҳаи Ғорҷвин пушти сар монд. Банохост асп хӯсиду чароғпоя шуда, шиҳа кашид. Бонаки хаёлзада мувозинати худро базӯр нигоҳ дошт.

– Ба ту чӣ шуд? – бо ҳарос овоз баровард Бонак.

Асп сарашро такон доду истод. Бонак фаромада, дар гирди ҷонвар хавотиромез давре зад. Асп пойи рости қафояшро мебардошту мегузошт. Бонак диккак нишаста дид, ки наъли он канда, ба як мех овезон мондааст. «Тавба, – бо ҳайрат ба худ гуфт ӯ, – се рӯз пеш наълаш карда буданд, наход ҳамин қадар дошт диҳад?»

Бонак бо худ на асбобе дошт, на ускуна. Ба Ғорҷвин баргардад, вақт аз даст меравад. Аз ин рӯ, чораи корро дар кандани наъл донист. Пойи аспро бардошту наълро ба ҳар сӯ тоб дода, бо мехаш канд ва ба кӯлбораш андохта, савор шуд. Асп ба роҳ даромад. Бонак маҳмез зад, ки зудтар ҳаракат кунад.

То расидан ба ёварии Муҳаббатхон Бонак зиндагии сагонае дошт. Шабу рӯз кор мекард. Худо накарда, дар ҷойе иштибоҳе аз ӯ сар мезад, ё кореро сари вақт иҷро намекард, сардори хизматгорон, ки ҳама Қалъадораш мегуфтанд, борони дашномро ба сараш мерехту калтакаш мезад. Бонак ҳунгосзанон гиря мекард, фиғон мекашид, аммо касе ба додаш намерасид. На танҳо ӯ, балки хизматгорони дигаре, ки мисли ӯ зархарид буданд, низ айни ҳамин ҳолро доштанд. Ба онҳое, ки ё барои адои қарз, ё барои музд, ё барои ба даст овардани дили ягон мансабдор хизмат мекарданд, муносибат дигар буд. Қалъадор аз ягон рафторашон оташин шавад, пӯписа мекард, вале намезад.

Бонак умедвор буд, ки падараш рӯзе ба суроғи ӯ меояду аз ин ситамхона наҷот медиҳад. Вале солҳо гузаштанду аз падараш дараке нашуд. Ӯ шабҳо дар ахтахона зинеро зери сар гузошта, хоб мерафт. Шабе набуд, ки падар, модар, ва хоҳарону бародарашро ёд накарда, аз дурии онҳо хуни ҷигар нашавад. Соли панҷум бо ҳолаш хӯ гирифт. Ҷойи муҳаббатро дар дилаш батадриҷ нафрат ишғол намуд. Эҳсоси он ки падараш ӯро, фарзанди хунии хешро фурӯхту дигар суроғу пай накард, нозуктарин торҳои ҷонашро месӯзонд, ҷигарашро реш-реш мекард. Агар боре ба дидани ӯ меомад, Меҳрубоншо мутмаин мешуд, ки падар ӯро аз ноилоҷӣ фурӯхтааст. Ин бахшиданӣ буд ва Бонак ҳатто сарфарозӣ ҳам карда метавонист, ки ба шарофати ӯ аҳли хонаводааш аз марг наҷот ёфтааст. Аммо чун фурӯхтанду фаромӯшаш карданд, ин ба ҷуз фурӯхтан маънии дигаре дошта наметавонист!

Осафо, дардо, дареғо…

Асп сарашро такон дода, аввал ҳуррас садое бароварду боз чароғпоя шуд. Бонак базӯр худро аз сарозер гаштан нигоҳ дошт. Ҷонвар хамбиду по кӯфт. Бонак пиёда шуд ва дар равшании маҳтоб пойҳои ҷонварро аз назар гузаронд. Ду наъли пешаш беҷо шуда буд. Бонак тарсид. Аз он тарсид, ки кадом махлуқи ғайбие намемонад асп ҳаракат кунад. Охир, усто наметавонист, ки се наълро нодуруст бикӯбад! Не, дар ин ҷо, албатта, сирре ниҳон аст.

«Паймонаи умри Муҳаббатхон пур шуд!» – Ин андеша барқвор дилашро сӯрох карда гузашт. – Тамом, Худо ҷони ӯро мегирад». Бонак ин ду наълро ҳам барканду ба кӯлбор андохт ва дудила шуд: бозгардад ё роҳашро давом диҳад? Баргардад, девонбегӣ қабрашро меканад, пеш равад, ҳарос дошт махлуқи нопайдое, ки наълҳои аспашро канд, каллаи ӯро ҳам бозӣ ба бозӣ меканад.

Наъли пойи чапи қафо устувор буд. Бонак онро бодиққат муоина кард. Наъл нуқсе надошт. Бонак бо тааҷҷуб сар ҷунбонду пойи аспро сар дод. Бисёр мехост дуое хонаду дилашро қувват бахшад. Аммо ба ғайр аз «Бисмиллоҳи раҳмонирраҳим» дигар чизе намедонист. Чанд бор ин ибораро ба забон оварда, ба чор тараф пуф кард. Дилаш андак таскин ёфт. Моҳ ба пушти қулла хамидан дошт. Шаб ториктар, ситораҳо бисёртар ва пурнуртар мегаштанд. Бонак савор шуда, боз ба роҳ афтод.

Дашти Куранг сар шуду асп ба роҳи ҳамвор даромад. Чун ҳамагӣ як наъл дошт, онро давондан мумкин набуд: дар ин сангистон сумҳояш зуд суда мешуданд. Бонак аспро ба ихтиёри худаш гузошт. Ҳатто лаҷомро ба қоши зин басту ба дарёи хаёлот ғӯтавар гашт. Аз ҷунбон-ҷунбони гоҳворасони асп хоб бар ӯ ғалаба кард.

пешина
аз 44
навбатӣ