Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қариб тамоми хизматгорони дарбор ҳамдеҳагони ӯ буданд. Дар замони салтанаташ Абдураҳимхон аз Хуф якбора чил касро бо худ ба Баҳрпанҷа оварда, хизматгори дарбор кард.

Шоҳро содагӣ ва садоқати хуфиён ба чунин тасмим водошт. Вақте ки як хуфӣ пиру корноомад мешуд, ӯро рухсат медоданд ва ба ҷойи ӯ хуфии ҷавонро ба қалъа меоварданд. Бонакро вақте ба Баҳрпанҷа оварданд, ки шоҳи Шуғнон бародари бузурги Абдураҳимхон – Абдулазизхон буд. Ду сол хизмати ӯро кард, ки Абдураҳимхон аз Бадахшон бо лашкари гарон расида, бародарашро аз тахт афканду ҷойи ӯро гирифт. Абдураҳимхон бисту се сол ҳукм ронд. Умри ҷавони Бонак дар давраи ӯ хазон шуд. Орзу кард, ки зан бигирад, фарзанддор шавад. Аввалан тиҳидастӣ, сониян бекасӣ садди роҳаш гаштанд. Ҳамдиёронаш нахуст хабари марги модар, пас аз чанд сол хабари вафоти падарашро оварданд. Баъдҳо донист, ки хоҳаронаш шавҳар карда, бародараш ҳам кадхудо шудааст. Аввалҳо бисёр мехост, ки боре ба зодгоҳаш рафта, фарзандони волидайнашро бинад. Аммо бо мурури вақт оташи рағбаташ паст гардид, дар дилаш ба онҳо заррае меҳр намонд. Ҳатто номи аслиаш – Меҳрубон аз хотираш зудуда шуду ба шакли кӯтоҳи он – Бонак одат кард. Ҳамдиёронаш аз аҳли хонавода ё хешу табораш хабаре расонанд, барояш дигар фарқе надошт, ки онҳо дар бораи бародараш гап мезананд ё аз боби гови гумшудаи Абдураҳимхон. Об, ки аз сар гузашт, чи як газу чи сад газ. Мурғи дили Бонак мурд. Дигар на орзуи зан гирифтан дар қалбаш монд, на ҳаваси фарзанд.

Солҳои дароз аз оғил ба ахтахона, аз ахтахона ба каҳдон, аз каҳдон ба лаби дарё, аз лаби дарё ба ошхона, аз ошхона ба боғ, аз боғ ба майдон, аз майдон ба бордон мисли моку мерафту меомад, меомаду мерафт. Аз Саройи санг ба Баҳрпанҷа медавиду аз Баҳрпанҷа ба Саройи санг. Ба ҳуҷраҳои дохилӣ роҳ надошт.

Танҳо ба гармоба иҷозааш медоданд, он ҳам барои кашондани об. Тамом – ҳамин буд пораи дунёе, ки Бонак дар он ранҷ мекашид. Ин баъдҳо иттифоқ афтод, ки Абдураҳимхон ӯро чаҳор маротиба барои нигоҳубини сутур бо худ ба Файзобод бурд ва ӯ олами фарохро дид. Як бори дигар дар рикоби Юсуфалихон ба Файзобод рафта буд.

Асп хӯсиду ду-се бор ҷастухез зад. Бонак, ки ғарқи мурури зиндагии талхи худ нимхобу нимбедор рӯйи зин менишаст, порикоб сарозер гашт. Асп гӯё барои афтондани савораш чунин карда бошад, ором гирифт. Бонак бо машаққат пойи дармондаашро аз рикоб бароварду бемадор рӯйи замин дароз кашид. Пояш дард ёфт. Дилаш зад, нафасаш танг шуд. Ӯ савори варзида буд, саркаштарин сутур зери пойи ӯ ром мегашт. Дар умраш боре на аз асп афтода буд, на аз хачир, на аз хар. Воҳима зераш кард. Дасту пояш карахт шуд. Қариб ним соат рӯй бар осмони Бомдара беёду андеша ситоразори бекаронро тамошо кард. Он қадар гиҷу гаранг буд, ки ба чи кор баромадану дар куҷо будан ҳам аз ёдаш рафт. Осмони соф гӯё зару зевари аз бешумор ҳам бешумортарро ба сараш пош додан мехост. Баногоҳ ситораи зардранге, ки рост дар болои сараш қарор дошт, чанд бор ҷунбиду ба ҳаракат даромад! Аввал оҳиста лағжид, баъд суръат гирифта, думи дарози сӯзандае пайдо кард ва бошитоб ба як кунҷи осмон париду ба нуқтае табдил ёфта, нопадид гашт. Дили Бонак шуввӣ карду гӯши чапаш занг зад. Ӯ ба худ омад ва аз ҷояш париду пойи аспро аз назар гузаронд.

Наъли чаҳорум ҳам афтода буд!

Пушти Бонак биҷиррос зад. Гиряаш омад. Ашк беихтиёр аз чашмонаш ҷӯш зада рехт. Фиғон кашид, нолид, пешонӣ бар замин кӯфт, муштонашро гиреҳ карду ба сараш зад.

Чи ноомаде! Ин чи балое буд, ки ба сараш омад! Кор омад накарданӣ бошад, наълҳои асп ҳам мерехтаанд. Худованд яқинин ҷони Муҳаббатхонро гирифтанист. Акнун касеву чизе пеши роҳи маргашро гирифта наметавонад: на мол, на пул, на тоҷ, на тахт, на зан, на каниз!

Бонак гургвор соате сӯйи осмони пурахтар нӯла кашиду охирин наъли афтодаро ба кӯлбораш андохта, савор шуд. Не, ӯ валинеъмати худро аз даст доданӣ нест! Ҳанӯз ки умед боқист, бояд шитоб кард. Бе Муҳаббатхон Бонак дигар на касесту на хасе. Агар ҷони ӯ доруи Муҳаббатхон мебуд, бидуни андешае қурбонаш мекард. Вале, афсӯс, ин ҷони лаънатшуда, ки умре барои Бонак лозим набуд, дар чунин рӯзи сиёҳ ба Муҳаббатхон ҳам кор намедиҳад.

Аспи сумҳояш судаву захмишуда ба сустӣ роҳ мепаймуд. Бонак ба танг омада, ҷонварро маҳмез мезад, ҳатто рӯйи зин кун мекӯфт, вале муроде ҳосил намешуд. Рӯйи шаб сафед шудан дошт. Ситораҳо чун чароғони хирасӯз як-як хомӯш мешуданд. Бомдара ҳам пушти сар монд. То Файзобод ҳамагӣ ду-дувуним фарсанг роҳ аст. Вале асп… Дод аз ин аспу аз ҳаракати сангпуштвори он! Мехост пайдарҳам қамчинаш бизанад, аммо метарсид, ки яке зуъм кунаду биистад. Он гоҳ чӣ кор мекунад? «Қаҳри бад – зиёни бад» гуфтаанд. Бонак ним фарсанг ҳам пиёда гашта наметавонад. Пирӣ бар ҳафт андоми ӯ ғалаба кардааст. Поҳояш каммаҷол шудаанд, дамкӯтаҳӣ ҳам дорад.

Алқисса, аз аспи бе наъл мондаи худ ягон бартарӣ надорад.

Оҳ, афсӯс, сад дареғ! Дар умраш як бор наҷоти ҷони шоҳи Шуғнонро ба ӯ бовар карданд, аммо аз фарти ношудӣ аз уҳдаи ин вазифа набаромад. Таърих намебахшадаш! Намебахшад!

Аз оғози ҳаёташ хунукдасту хунуклингу хунукрӯй буд. Ҳамин тавр монд, ҳамин тавр ба гӯри хунук меравад. Толеъсӯхтаву бебарор, шумқадаму наҳсият буд, монд. Агар андаке толеъ медошт, магар дар шаст соли зиндагӣ лаҳзае тани гарми занро ламс намекард? Магар боре ошиқ намешуд? Магар канизи фартути пасмондаи Абдураҳимхон ба ӯ мерасид? Гирад, сипоси беқиёс ба Муҳаббатхон, ки ӯро одам шумурду чунин занеро барояш ҳадя кард. Вале ку рағбати мардиву куҷост андешаи ҳамхонагӣ бо зан? Ҳамин корро Абдураҳимхон мекард, дуруст меомад. Он вақт Бонак ҷавон буду коромад. Вале Абдураҳимхон худ аз зан сер намешуд. Ҳар ҳафта зану каниз иваз мекард. Хеле бадрашку зандӯст буд, аммо занони падарашро модар медонист.

Дар умри сараш Бонак ҳамагӣ як дӯсти наздик дошт, ки сагаш буд. Ин сагро ӯ аз думоҳагӣ парвариш кард. Вай шонздаҳ солу се моҳу дувоздаҳ рӯз умр дид. Ва як рӯзи сарди зимистон дар болои пӯстаки худ дар паҳлуи Бонак ҷон дод. Бо ҳазор ғуссаву алам гӯраш карду дигар яккаву танҳо монд…

Бонак эҳсоси хастагӣ кард. Ташна ҳам монд. Асп базӯр пой мебардошт. Дар пеш саройе намоён шуд. «Шуғнисарой!» – хурсандона хитоб кард Бонак ва аспро ҷониби иморат ронд. Ӯ дар ин манзил ду бор фаромада, ҳамроҳи корвони шоҳ якрӯзӣ монда буд.

Дар гирду навоҳи сарой ҳар ҷо-ҳар ҷо мусофирон рӯйи замин нишаста, субҳона мехӯрданд. Бонакро писари саройдор пешвоз гирифт. Баробари пиёда шудан об пурсид. Ҷавон зуд дар кӯзачае об овард. Бонак ҳарисона нӯши ҷонаш карду кӯзаро ба писарак дод.

– Худо меваи умратро сероб гардонад, писар, – дуо кард

Бонак ва афзуд: – Ба ман асп лозим.

– Дам намегирӣ, амак? – пурсид ҷавон. – Хеле лакот менамоӣ.

– Мехоҳам, вале вақт надорам. Бояд ҳар чи зудтар ба Файзобод расам. Чи саворие дошта бошӣ, биёр. Пул надорам, лекин некии шоҳ ба ту мерасад. Ман чопори ӯ ҳастам.

– Каме дам гир, амак, ман зуд меоям, – гуфт ҷавон ва шитобон рафт.

Баъди даҳ дақиқа ҷавон хачири бақувватеро бо зину абзораш ба ихтиёри Бонак гузошт. Ӯ дарҳол савор шуд ва гуфт:

– Аспи маро обу ҷав деҳ. Вай ба ин зудӣ роҳ гашта наметавонад. Агар шоҳ ба ман асп дод, хуб, надод, хачиратро мегираму аспро ба ту мемонам.

Ҷавон бо аломати ризо сар ҷунбонд. Бонак хачирро чорхез давонд. Ва намози аср назди дарвозаи қалъаи шоҳи Бадахшон пиёда шуд. Ду посбони мусаллаҳ роҳашро гирифтанд.

– Кистӣ, аз куҷо меоӣ? – қариб баробар пурсиданд онҳо.

– Ман Бонак, чопори шоҳи Шуғнонам.

– Чӣ кор дорӣ?

– Аз шоҳи Шуғнон ба шоҳаншоҳ пайғоми муҳиме дорам.

– Бигӯ, расонем.

– Не, махфист. Ман бояд ҳар чи зудтар худи шоҳро бинам.

Посбонон ӯро ба ҳавлӣ дароварда, якеашон ҷониби дарбор давид. Вақте посбон хабари иҷозаи вурудро овард, Бонак гӯё болу пар бароварда бошад, ҷониби кӯшки шоҳ давид. Ӯро ходими ҷомаву саллаи сафедпӯше пешвоз гирифт ва ному шуғлашро пурсида, ба назди Ҷаҳондоршо даровард.

Даромадан замон Бонак худро пеши пои шоҳ ба замин афканд ва нолаи дар дилаш гиреҳхӯрдаро сар дод:

– Шоҳо, мо рӯсиёҳ шудем. Шоҳ Муҳаббатхон дар дами марг аст.

Ҷаҳондоршоҳ бо шунидани ин хабар бархост ва пурсид:

– Ба ӯ чӣ шуд?

– Касе заҳр хӯронд, шоҳаншоҳам. Маро барои подзаҳр ба наздат фиристоданд. Ёрӣ деҳ, ки Шуғнон табоҳ мешавад.

– Ҳодиса кай рух дод? – пурсид шоҳ ин бор оромона.

– Дирӯз вақти офтобпар.

– Агар мурданӣ бошад, мурд, – гуфт Ҷаҳондоршоҳ. – Наход барои подзаҳр ин қадар бафурҷа ҳаракат кунӣ?

– Ҳар чор наъли аспам афтод, шоҳам, – гиряолуд ғингос зад Бонак, – базӯр…

– Чӣ тавр? – нобоварона ба рӯяш нигоҳ кард шоҳ.

– Шамшерат маро ду қалам кунад, шоҳам, агар дурӯғ гӯям,

– гуфт Бонак. – Дар умрам надидаам, ки наъли асп бе ягон сабаб биканад.

– Рӯзи навмедӣ чу ояд, ошно душман шавад, – гуфт шоҳ мисраи кадом шеъреро ба хотир оварда, – бовар мекунам. Ту дам гир, ман мефармоям, ки подзаҳр ҳозир кунанд.

– Шоҳам, фурсати дамгирӣ надорам. Ҷонам тангӣ мекунад.

Ҷаҳондоршо каф ба ҳам зад. Марди сафедпӯш ҳозир шуд.

– Ин мардро ба боғ бибару ғизо деҳ. Табибро бигӯ, ки подзаҳр бигираду назди ман биёяд.

Вақте Бонакро ба боғ бурданд, посбони дарвоза хабар овард, ки Юсуфалихон аз шоҳаншоҳ бор мехоҳад. Ҷаҳондоршо иҷоза дод ва пас аз фурсате Юсуфалихон бо марди мусофирнамое ба боргоҳ даромад.

Ҷаҳондоршо Юсуфалихонро канор гирифту дар бари худ шинонд. Марди ношинос салом доду рост истод.

– Аз рафтораш маълум, ки ин мард шуғнист, – гуфт Ҷаҳондоршо.

– Оре, шоҳам, ин қавм одати тавозуъ надоранд, – хиҷолатомез лаб инҷ кард Юсуфалихон. – Хунашон ҳамин хел, чӣ кунам?

Ҷаҳондоршо марди шуғниро бодиққат аз назар гузаронду пурсид:

– Номат чист?

– Сияҳсар.

– Аҷаб номе, – лабханде заду гуфт Ҷаҳондоршо, – албатта, хабари марги Муҳаббатхонро овардӣ?

Юсуфалихон аз огоҳии Ҷаҳондоршо тааҷҷуб кард ва пурсид:

– Шоҳам аз куҷо медонад?

– Соате пеш чилимдори Муҳаббатхон омада буд.

– Бонак магар расидааст? – пурсид Сияҳсар, – мо хаёл кардем, ки ӯ ё мурд, ё гурехт.

– Худованд амонаташро гирифтан хоҳад, ягон тадбир кор намедиҳад, – гуфт Ҷаҳондоршо. – Ҳар чор наъли аспаш афтодааст.

Сияҳсар гиребон дошт, Юсуфалихон бо ҳайрат сар ҷунбонд.

– Барои ҳамин ҳар чи зуд асосу палос ва сипоҳу аёлатро омода куну фардо ба роҳ даро, – амр кард шоҳаншоҳ.

Ҷаҳондоршо ин амрро дар ҳоле ба забон овард, ки ба ҷойи Юсуфалихон чашмаш ҷониби Сияҳсар буд. Сияҳсар худро ноҳинҷор ҳис кард ва гуфт:

– Шоҳам, ман ягон сипоҳу палос надорам.

Ҷаҳондоршо аз таҳти дил хандид. Юсуфалихон худро нигоҳ дошт. Сияҳсар чи кор карданашро надониста, суп-сурх шуд.

– Марди аҷибе будаӣ, Сияҳсар, – гуфт пас аз паст шудани хандааш шоҳаншоҳ, – парво накун, Юсфалихон барои заҳматат ба ту амале медиҳад.

– Ба чашм, шоҳам, – гуфт Юсуфалихон, – иҷоза деҳ, биравам.

– Бале, – сар ҷунбонд шоҳаншоҳ, – пас аз намози хуфтан биё, машварат бикунем. Чилимдори бародаратро ҳам бибар.

– Ӯ дар куҷост?

– Дар боғ, таомаш фармудам.

Юсуфалихон бархост, таъзиме кард ва бо Сияҳсар аз ҳузури Ҷаҳондоршо баромад.

Вақте Бонак Юсуфалихон ва Сияҳсари ҷосусро дид, ки ба сӯйи ӯ меоянд, гурехтан хост. Лекин аз ғояти тарс ё кӯфти сафар пойҳояш ёрӣ накарданд. Ҳатто вақте Юсуфалихон ба сари ӯ омад, натавонист ба по рост шавад. Забонаш гирифту салом ҳам дода натавонист.

Юсуфалихон ҳоли зори Бонакро дақиқае тамошо карду сипас ба рӯяш туфе андохта рафт. Сияҳсар ҳам ҷониби ӯ теғ кашида, нигоҳе карду дунболаи шоҳро гирифт.

Сари Бонак чарх зад. Дунё дар назараш торик шуд.

Се тангаи тилоии бухороӣ ва шасту се рупияи ҳиндӣ чанд бор аз як каф ба кафи дигар гузаштанд. Мисле ки оби гармро аз пиёла ба пиёла пепе1 мекарда бошад, Исҳоқ пулҳои боқи1. Пепе – аз зарфе ба зарфе батакрор рехтани чизе. мондаашро кафгардон фикр мекард, ки ба онҳо чи харад. Аспашро Юсуфалихон «тарака» кард. Лоақал харе бояд бихарад, зеро роҳи дарози пурмашаққати ҷониби Шуғнонро пиёда тай карда наметавонад. Нафасаш мегирифт, дилаш гоҳе сих мезад, дасти чапаш вазнину карахт мешуд. Бо чунин саломатӣ пиёда гаштан худкушист. Барои зану фарзандонаш ҳам бояд дастовезе барад. Агар се тангаи бухороӣ ва нисфи рупияҳо барои харид сарф шаванд, бисту панҷ-сӣ рупия дар дасташ мемонад. Бо ин пул на танҳо ба Шуғнон, балки ба Фарғона ҳам сафар кардан мумкин аст.

Оқсақол ба бозори пурмағали Файзобод даромад. Тоҷирону харидорони гуногунзабону гуногунтоифа зӯр зада, ба порсӣ ҳар яке моли худро таъриф мекарданд. Он қадар мағалу ҳангома барпо буд, ки гӯшҳои Исҳоқ қуфл заданд. Азбаски тобу тоқати чарх задани тамоми бозорро надошт, баъди тамошои понздаҳ-бист дукон моли лозимиашро харида, ба растаи ҳайвонфурӯшӣ даромад. Аз марди лоғарандоми якдаста ба якуним танга як хари сафеди фарбеҳро бо зину абзораш харида, молу колояшро ба он бор кард ва худ низ савор шуда, ба сафар баромад.

Хар ҷонвари бақуввати чолоке баромад. Исҳоқ суръати гаштро ба ихтиёри ҷонвар гузошта, роҳи Шеваро пеш гирифт.

Нахустин фикре, ки машғулаш медошт, расидан ба дидори навхонадорон – Сабзқадам ва Сабзагул буд. Исҳоқ онҳоро бо худ ба Шуғнон бурдан мехост. Агар шоҳ ба онҳо тааддӣ кунад, ба ҳар баҳое, ки бошад, ӯ зери ҳимояашон мегирад. Бисёр мехост лоақал ҳамин ду навҷавони дар ҳукми гулу масти шарбати висоли ҳамдигарро аз чанги золимон наҷот диҳад. Аз он ки нақшаи раҳо кардани бандиёнро дар Файзобод Юсуфалихон вайрон кард, Исҳоқ дарун-дарун месӯхт. Аз борон гурехта, ба новадон дучор шуд. Оқсақол ҳеҷ гумон надошт, ки вай ба чунин бедод даст мезанад.

Агар ин ду бародар душмани ҷони якдигар бошанд, пас мебоист Юсуфалихон ба асирони Муҳаббатхон кор намегирифт. Аммо ӯ онҳоро на фақат озод накард, балки мувофиқи табъаш нарх монда, ба фурӯш гузошт. Вале одобу рафтори ин тоифа ба бисёр қонуну қоидаҳои зиндагии инсони одӣ рост намеоянд. Инҳо чаппа меандешанд, чаппа рафтор мекунанд, гапи мардумро чаппа мефаҳманд. Ҳатто Исҳоқ барин мансабдори собиқадор мантиқи рафтори онҳоро пешбинӣ карда наметавонад.

Вай худро дар назди ҳамдиёронаш рӯсиёҳ ва шармсор эҳсос мекард. Пояш намекашид, ки ба Шуғнон баргардад. Фикри худкушӣ дар сараш чарх мезад, вале як ҳадиси паямбар, ки дар кӯдакиаш азбар карда буд, садди роҳаш мегашт: «Мабодо, чун шиддате рӯ оварад, таманнои марг кунӣ». Исҳоқ намехост дар он дунё дар оташи дӯзах сӯзаду Худованд ба сӯяш дасти мадад дароз накунад. Аз ин рӯ, дар рӯяш ҳазор лахча сӯзад ҳам, бояд ба ватан баргардад. Ва аз он чи Юсуфалихон бо ӯ кард, Муҳаббатхонро огоҳ созад. Ба ҳамдиёронаш низ бо забони худаш ва дар шоҳидии Сабзқадаму Сабзагул саргузашти асиронро қисса кардан мехост. Ва дигар ҳар чи шоҳ раво донад, бо ӯ ҳамон бикунад ва ҳар ҷазоеро, ки халқаш ба ӯ бидиҳад, бидиҳад.

Бо ҳамин андешаҳои гарон Исҳоқ ба Шуғнисарой расид.

Гашти рӯз буд. Тасмим гирифт, ки агар навхонадоронро пайдо кунад, шабро дар ин ҷо мегузаронад; агар онҳо набошанд, роҳашро давом медиҳад. Саройдори шинос ӯро бо хушнудӣ истиқбол кард ва Исҳоқ ҳанӯз ба пурсиш лаб накушода, чунин хабар дод:

– Онҳое, ки ба ман амонат гузоштӣ, дар ҳуҷра мебошанд.

– Ва сар ҷунбонда, бо ханда гуфт: – Чунон масти ҳамдигаранд, ки берун ҳам намебароянд. Дили Исҳоқ фараҳ ёфт, чашмонаш равшан шуданд, ба рагу паяш неруи тоза давид. Дари ҳуҷраи навхонадоронро тақ-тақ зад. Дарро арӯс боз карду Исҳоқро дида, бо нидои «Падарҷон!» худро ба оғӯши ӯ андохт. Домод ҳам Исҳоқро диду худро ба гарданаш овехт.

Соате пас саройдор кабобу чаппотӣ оварда, ба дасторхон гузошт ва гуфт:

– Имшаб шумо меҳмони манед, чизе дилатон хост, бифармоед.

Исҳоқ гуфт:

– Кош тамоми инсонҳо мисли худат мебуданд. Чи марди наҷибӣ, бародар!

Саройдор таъзим кард ва гуфт:

– Андувол, аҷдоди ман ҳам дар асл шуғнианд. Бобоям аз Шуғнон бо корвоне омада, дар ҳамин мавзеъ мубталои беморие мегардад. Маҷбур мешаванд, ки ӯро ба масҷиди деҳа супурда раванд. Ба меҳрубонии Аллоҳи таоло шифо меёбад ва чун марди серғайрати кордоне будааст, барои корвониён ҳамин саройро бино мекунад. Ба хотири он ки дар ин ҷо аввалҳо фақат корвонҳои Шуғнон меистоданд, халқ ба он Шуғнисарой ном ниҳод.

Онҳо то дер гоҳ суҳбат карданд. Вақте ки Исҳоқ аз нийяти ҳамроҳи худ ба ватан бурданашон гап кушод, зану шавҳар аз хурсандӣ ба мисли кӯдакон парпарак заданд. Тантанаи хушбахтии онҳо дили аз зиндагӣ сардгаштаи Исҳоқро гарм кард.

Ӯ барояшон шаби хуш орзу намуд ва ба ҳуҷраи худ даромада, дар тамоми тӯли ин сафари бебарору пурҳодиса нахустин бор осуда сар ба болин гузошт.

Рӯзи дигар субҳи барвақт бо саройдори меҳмоннавозу писарони ҷавонмарди ӯ худоҳофизӣ карданд. Исҳоқ савор шуд, Сабзқадам ва Сабзагул аз паси ӯ пиёда ба роҳ афтоданд. Ҳамвориро тай намуда, ба роҳи дара даромаданд. Роҳ бар фароз шасташонро гардонд. Зану шавҳар шӯхиву бозӣ карда, бо ҳузури ҳаловатбахши худ ранҷи роҳро ба Исҳоқи гирифтори ҳазору як андешаи нохуш сабук менамуданд. Вақте ними дараро гузаштанду ҷойи буттаву дарахтони анбӯҳу рангорангро сабзазорони камдарахт ва кӯҳпораҳои камгиёҳ иваз намуданд,

Исҳоқ ба нақли саргузашти худ шурӯъ кард. Ҷавонон аввал сарсарӣ, сипас бо шавқи тамом қиссаҳои ин марди солхӯрдаро дар бораи ҷангҳои байниҳамдигарии шоҳони Шуғнон, зиндагии пурмашаққати халқ, бераҳмии амалдорон, вабоҳои сартосарӣ ва солҳои қаҳтии даҳшатнок гӯш карда, хушҳолиашонро батадриҷ аз ёд бурданд.

– Падарам одами ҳунарманд ва серғайрат буд, – гуфт Исҳоқ дар поёни баёни таърихи зиндагиаш. – Ӯ ҳар сол ба Ҳисор гуфтанӣ шаҳри Бухоро намаксангу пашму пӯст бурда, савдо мекард. Боре аз сафар тухми пахта овард. Он вақт дар деҳаи Хоруғ замин харида буд. Аввали баҳор он тухмро корид. Деҳқонони хоруғӣ мазамматаш карданд, ки дар замини кӯҳистон пахта намерӯяд, ӯ ризқашро бо дастони худаш буриданист. Аммо гумони онҳо ботил баромад. Пахта рӯйид! Падарам барои сабзондану ҳосиловар шуданаш заҳмати бисёр кашид. Мардум аз ҳар дарае махсус барои дидани пахта ба Хоруғ мефаромаданд ва ба падарам офарин мегуфтанд. Соли дигар пунбаро бештар кишт кард. Мо ба ҳаллоҷиву ресидани он даст задем.

Падарам дастгоҳе сохта, ба мо аз ғӯза ҳосил кардани равғанро ёд дод. Даромади хубе гирифтем. Азбаски ба ҳокимон ҷомаву катон бофта ҳадя мекардем, онҳо садди роҳамон намешуданд.

Хуллас, аз ҳисоби пахта сарватманд ва барои шоҳону амалдорон одамони даркорӣ шудем. Барои ҳамин ҳам Муҳаббатхон маро оқсақол таъйин кард. Ба Худо қасам, ки аз оқсақолиам то ҳол ба ғайр аз ташвишу даводав, мардумозориву ҳақораткуниву ҳақоратшунавӣ дигар чизе надидаам. Сахт пушаймонам, беҳад пушаймонам…

Гашти рӯз ҳамсафарон ба фарози доманакӯҳҳои Шева баромаданд. Нафаскашии Исҳоқ якбора душвор шуд. Дилаш сих зад. Аҳволи ӯро дида, Сабзқадам сари харро ба ҷониби сабзазори лаби чашма гардонд. Дар таги дарахте ҷомаи худро густурда, Исҳоқро ба болои он хобонд. Занаш об оварда, ба оқсақол нӯшонд. Ранги рӯйи Исҳоқ чун барф сафед шуд. Ӯ бо ишораи даст ҷавононро ба худ наздиктар хонда, бо овози хаста гуфт:

– Фарзандонам, вақт расид, … мемурам…

Сабзагул аз тарс фарёд зада буд, ки Исҳоқ оромаш кард:

– Духтарҷон, медонам, ки метарсӣ, барои ҳамин дуртар бирав. Панҷ рӯз пеш дар ҳамин ҷо чароғи маро равшан кардед. Бозии тақдирро бинед, ки дар ҳамин ҷо мемирам…

Зану шавҳар ба атроф нигариста, акнун дарк карданд, ки айнан дар ҳамон мавзеъанд.

– Хеле хуб… – суханашро бо азобе давом дод Исҳоқ, – маро дар ҳамин ҷо гӯронед. Қафо… нагардед,… ба ватан равед…, рост ба назди… Ҷаҳонгир… Афсӯс, ғарибгӯр шудам. Ба халқ узри маро бирасонед, бигӯед, ки маро бибахшанд… Ман сазовори маргам…

Ӯ ду-се бори дигар лаб ҷунбонду ҷон дод.

Ҷавонон аз тарсу ҳайрат чи кор карданро намедонистанд.

Офтоб ғуруб мекард.

Поёни қисми якум.

пешина
аз 44