Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Валайк. Мироншо? Сараҳадбек?

– Бале, шоҳам, – гуфт Мироншо, – бахшиши зиёд мехоҳем, вале кори сахте афтоду арвоҳи бузургонро гирифта, дар ин шаби сиёҳ наздат омадем.

– Аҷиб, хеле аҷиб, чӣ гап шуд? – пурсид Муҳаббатхон бо ҳайрат.

– Умрат дарозу давлатат бегазанд бод, шоҳам! Омадем, ки ҷони Диноршоро бароямон бибахшӣ.

– Диноршо?! – ҳайрон шуд Муҳаббатхон.

– Оре, шоҳам, Диноршое, ки ба қатл ҳукмаш кардӣ. Ман дар ин қисса набудам,1 аммо медонам, ки ин ҷавон одами беозору содадилест. Ба кори давлат ақли дахолат кардан ҳам надорад.

Шояд дар ҳақаш бадгӯие карда бошанд. Тасаддуқ. – Сухани Муҳаббатхон гирди онҳо се-чор бор давр зад ва охир заҳрхандае карду гуфт:

– Ҳоло бигӯ бегуноҳ аст?

– Шоҳам, ӯро ба ман бибахш. Худованд нахоста, ки бимирад. Ту ҳам аз хунаш гузар. Илтиҷо мекунам, – дузону зад

Сарҳадбек.

Муҳаббатхон чанд дақиқа ба сурату суммоти ҳар се нигоҳ карда, ба Давлатназар рӯ овард.

– Ту писари оқсақолӣ?

– Оре, шоҳам.

– Падарат ҳанӯз наомадааст?

– Омад, шоҳам, намози шом расид.

– Худаш барои чӣ наомад?

– Омаданӣ буд, ман ӯро баргардондам, – ба гап ҳамроҳ шуд

Сарҳадбек. – Раҳкӯфтаву бемадор буд. Мо ин вазифаро бо илтимоси ӯ ба гардан гирифтем.

– Он падарсаги ёғӣ дар куҷост?

– Дар хонаи мо, – ҷавоб дод Давлатназар. – Ба назди падарам омада, ҷони худоӣ талабид.

Шоҳ асабонӣ номафҳум сар ҷунбонид ва гуфт:

– Сарҳадбек, ба ту иродати калон дорам. Ба ту ҳам, Мироншо. Дер боз надидаем. Шумо намеоед, ман фурсат надорам, ки дидоратонро бинам. Чи кори хуб кардед, ки омадаед. Имшаб ҳар сеятонро меҳмон гирифта, ҳаққи намак ба ҷо меорам.

Фардо ихтиёр бо шумост.

Аз он ки шоҳ суханашонро ба замин нагузошт, дар чеҳраи ҳар се меҳмон аломати хурсандӣ ҳувайдо шуд.

– Тасаддуқ, – гуфт Мироншо, – меҳмони шоҳ будан барои мо олитарин шараф аст. Сипос, ки гапамонро ба замин нагузоштӣ

– Бонак, меҳмонон раҳкӯфтаанд. Ба меҳмонхонаашон бар, Малакбозро бигӯ, обу таом кунад.

Бонак онҳоро ба меҳмонхона бурд. Меҳмондори дарбор –

Малакбозро хоҳиш кард, ки онҳоро зиёфат диҳад ва боз ба назди шоҳ баргашт.

Муҳаббатхон, ки чилим хеле хушҳолаш карда буд, Бонакро амр кард, ки наздаш дузону занад ва даҳ бор такрор кунад: «Ман аҳмақтарини аҳмақонам». Бонак ибораро такрор кардан гирифт.

– Бас, даҳ бор гуфтам, даҳ бор бигӯ, Бонак. Бе ҳамин ҳам аҳмақ буданатро тамоми дарбор медонад. Акнун Салори ҷаллодро даъват кун.

Чанд дақиқа пас Салор ҳозир шуд. Муҳаббатхон ба ӯ чунин амр дод:

– Навкареро ҳамроҳат бигиру зуд Демурғон бирав. Диноршои бадбахт ба хонаи оқсақол Ширинбек паноҳ бурдааст. Ӯро реза-реза куну бирав деҳаи Виёд. Оқсақол Сафарро бигӯ, ки фардо наздики чошт наздам биёяд.

Салори ҷаллод таъзиме карду баромад. Муҳаббатхон, бар ҷогаҳи хобаш такя зада, ғурунгид:

– Чи мардуми пастанд ин худозадаҳо... ҳАлокати ДИНОРшо

Давлатназарро тамоми шаб хоб набурд. Ҳушу ёдаш ба золимии Муҳаббатхон банд буд. «Агар хунхор набошад, кадом шоҳ вазифаи ҷаллодро худаш иҷро кардааст? Хуни ин қадар одами бегуноҳро рехт, на танҳо рехт, балки маззакунон лесид.

Хайрият аз хуни Диноршо даргузашт...»

Банохост андешаи пурваҳме дар хаёлаш барқ заду дилаш чанд сония аз тапиш монд. Саросема ҳамроҳонашро бедор кард.

– Илтимос, бархезед!

– Ягон ҳодиса рӯй дод? – хоболуд сар бардошт Мироншо.

– Дилам эҳсоси нохуше дорад. Ба фикрам, шоҳ моро фиреб дод. – Аҷабе нест, – Сарҳадбек ҳам аз ҷогаҳааш парида хест, – дили ман ҳам раг зад, ки Муҳаббатхон моро беҳуда маътал накард.

– Ин фикри бад аз куҷо ба сарат омад? – пурсид Мироншо.

– Аз он ки шоҳ як сари қадам ба наздамон надаромад, – ҷавоб дод Давлатназар, ки аз саргумӣ забонаш мепечид.

– Ман борҳо ба доми ин рӯбоҳи маккор афтодаам. Фикр мекунам, ин бор ҳам панд намегирам, – Сарҳадбек куртаашро пӯшиду даст ба пехҳо бурд.

Мироншо чизе гуфтанӣ шуд, вале Сарҳадбек монеъ гашт:

– Либосатро пӯш, ки ҷони Ширинбеку Диноршо дар хатар аст. Рафтем.

Онҳо саросема аз ахтахона аспҳояшонро бароварда, зин заданд. Саис бедор шуда, хоболуд пурсид:

– Чӣ гап шуд? Сабр кунед, рӯз равшан шавад.

– Кори оҷиле афтод, бародар, – гуфт Мироншо. – Рафтан даркор.

Саис дудилаву ҳайрон дарвозаи қалъаро кушода, онҳоро гусел кард.

Меҳмонон ба ҷониби Демурғон асп тозонданд. Вақти субҳидам ба хонаи Ширинбек расиданд. Аз ҷамъ омадани одамон дар рӯи ҳавлӣ фаҳмиданд, ки Диноршоро куштаанд. Модари Давлатназар бо мӯйи парешону чашмони хунбор худро ба пойи писараш партофт.

– Падарам дар куҷост?

– Аз пасашон давид. Ману падарат вақте хабар ёфтем, ки дер шуда буд. Ҷаллодон ӯро аз ҷогаҳи хобаш берун бароварда, куштаанд. То падарат берун давид, ки савор шуда рафтанд.

Ин асно Ширинбек ҳам расид ва аз асп фаромаду бонг зад:

– Сарҳадбек, шуморо барои он фиристодам, ки ҷаллодонро ба хона равон кунед?

Сарҳадбек саллаашро ба гардан овехт ва даст ба сар заду гуфт:

– Ширин, ба Худо, моро хуш қабул карду меҳмон гирифт.

Хаёл кардем, гапамонро қабул кард. Аз куҷо донем, фиребамон медиҳад ин золим?

Оқсақол фаҳмид, ки шоҳ чи найранге ба кор бурдааст. Дигар ҳарфе назаду занашро ба хона даровард. Ӯро каме ором карду баромад ва ба сари мурда рафт. Бисёр мехост бо тамоми овоз ба шоҳи хунхор нафрин бифиристад, вале худдорӣ кард. Метарсид, ки ҳар суханашро начакондаву нарезонда, бурда мерасонанд.

Тафси синаашро фуру нишонду хам шуд ва аъзои реза-резаи мақтулро ба ҳам пайвастан гирифт. Ҷамъомадагон хомӯшона ба оқсақол ёрӣ доданд. Давлатназар аз хона чанд парчаи тоза баровард. Бо якеаш бадани шаҳидро маҳкам бастанд. Парчаҳои дигарро болои ҷасад партофта, ҷасадро болои нардбон гузоштанд. Об оварданду ҳавлиро покиза шустанд.

Бо равшан шудани рӯз мурдаи Диноршоро ба хонааш оварда, ба ҷаноза омода карданд. Ширинбек болои санге нишаста, аз ғиреву нолаи зану фарзандони мақтул дарун-дарун месӯхт.

«Ҳамин қадар қадр доштаем дар назди ин модарзинокун.

Падараш ҳам золим буду бобояш ҳам. Лекин ин безот аз ҳама гузаронд! Чӣ бояд кард? Агар илоҷе накунем, сари ҳамаро ба ғарғара медиҳад. Афсӯс, сад афсӯс, Маҳмадазим кушта шуд. То ӯ зинда буд, ин падарсагу бародараш Асфалихон ҷилавашонро ин андоза сар намедоданд. Баъди сари ӯ дигар гӯрашонро равшан диданд».

Ҷаҳонгир ба муддати ду рӯз сахт бемор шуд. Таб баровард, алоӣ мегуфт. Мирзоазиз шабу рӯз дар сари болинаш буд. Азизмо ба хусураш доруҳои гиёҳӣ хӯронда, ба пешониаш латтаи тар мегузошт. Мирзоазиз ба алоигӯиҳои бобояш диққат дода, мушоҳида кард, ки ӯ бештар номи Маҳмадазимро ба забон ме1. Гӯри худро равшан дидан (зурбулмасал) – дар иҷрои коре монеа надидан. орад ва ашк мерезад. Гоҳе номи Манзаршоро ҳам, ки Мирзоазиз намешинохташ, ба забон меоварду чизе мегуфт.

Субҳи рӯзи сеюм Мулло Хишол ба аёдати Ҷаҳонгир омад. Ин ҷавонмарди миёнақади газгӯшт аз оғози баҳор то охири поиз яктаҳу шалвори сафед, ҷелаки бунафш ва пехҳои човадии1 кӯтоҳ мепӯшид. Саллаи бефаши ҳамранги ҷомааш ба ӯ бисёр мезебид. Чизе, ки Мирзоазизро бо дидани ин шахс ҳар бор дар ҳайрат мегузошт, тозагиву озодагии фавқулодааш буд.

Хишол охонӣ мекард ва соли чорум Мирзоазиз дар пеши ӯ сабақ мегирифт. Синнаш аз сӣ гузашта бошад ҳам, издивоҷ накарда буд. Барои дарс додан ба бачаҳои мардуми Баҳшор аз Поршинев даъват шуда, дар ҳамин ҷо маскун шуд. Баҳшориён барояш хона сохта, рӯзгорашро таъмин мекарданд. Мактаб ҳам дар шафати хонаааш буд.

Мулло Хишол сари болини Ҷаҳонгир нишаста, даст ба пешониаш гузошт. Бемор ҳам гӯё маътали ҳамин фурсат бошад, чашм кушод ва овоз баровард:

– Мулло Хишол, туӣ?

– Бале, паҳлавон, гуфтанд таб дорӣ, дурӯғ будаст-ку?

Мӯйсафед табассум кард:

– Дар қадамат тасаддуқ, охон, имрӯз беҳтар шудам.

– Баъзан фанд кардан ҳам лозим, набошад аз ҷунбуҷули рӯзгор роҳи дигари раҳоӣ нест.

Паҳлавон нимхез шуд, Мирзоазиз зери шонаҳояш болишт гузошт.

– Мирзо, дилам ош2 мехоҳад. Нанаатро3 гап зан.

Мирзоазиз назди модараш рафт.

– Синҳорам, Худо хайрашро диҳад, дасти бамазза дорад. Бо ту суҳбат кардан кам муяссар мешавад, охон.

– Ростӣ оши хоҳарамро хеле ёд кардам, амак. Баъзан Мирзоазиз насибаи маро ба мактаб меорад.

– Хонданаш чӣ хел?

– Нағз мехонад. Саводаш пурра баромад. Моҳе пас ба Ҳофиз мегузарад.

– Писарам, сахташ бигир, нахонад, калтакаш ҳам занӣ, ихтиёр дорӣ.

Хишол хандаи базебе кард:

– Амак, ман бадхонтарин бачаро ҳам намезанам. Ин шеваи ман нест. Ғайр аз ин, Мирзоазизро магар зада мешавад?

– Чаро? – бо ҳайрат абрӯ боло кард Ҷаҳонгир.

– Ба вай зӯри ҳеҷ кас намерасад. Хеле пурқувват аст. Ман бовар намекардам, лекин як моҳ пеш боғбони қалъадорро ба замин заду ман ба қувваташ тан додам.

– Шӯракро зад? Барои чӣ?

– Як рӯз дар набудани ман Шӯрак ба мактаб даромада, бачаҳоро ҷанг кардааст, ки аз боғи қалъадор мева медузданд. Аз як сар ҳамаро кӯфтан гирифтааст. Вақте ба сари Мирзо мушт бардоштааст, набераат ӯро бардошта, ба саҳни ҳавлӣ партофтааст.

Гӯё ба тани мӯйсафед ҷони тоза даромада бошад, кӯрпаро як сӯ карду бо ҳайрати ҳаяҷономез пурсид:

– Наход?!

– Вақте ман ба ҳавлӣ даромадам, бачаҳо дар сари Шӯрак ҳайқириғ доштанд. Маро диду тоқиашро бардошта, носазогӯён бадар рафт.

– Барои чӣ Шӯрак назди ман ба шикоят наомад? Охон шарҳ дод:

– Чӣ, омада гӯяд, ки ӯро бачаяке зад?! Бо кадом обрӯ, амак?

Сари кафида зери тоқӣ гуфтаанд.

– Барака ёб, охон, ана аз ин гапат сиҳат ёфтам. Воқеан ҳоло ҳам саратро ҷуфт кардан намехоҳӣ?

Хишол сар хам кард, ангуштонаш ба бозӣ даромаданд.

– Ростӣ... дар ин қисса нестам.

Мӯйсафед худро барои саволи ноҷояш коҳиш намуд, вале аллакай тир аз камон ҷаставу дили ҷавонро шикофта буд.

– Писарам, чи ғаму ғусса доштанатро медонам. Лекин як умр ба ёди муҳаббати айёми ҷавонӣ будан кори хубе нест.

Обрӯву иззат, хонаву дар дорӣ, Худованд бароят бузургтарин касбро лоиқ донистааст. Ман худам бароят хостгорӣ мекунам.

Хишол чордаҳ сол дошт, ки ба Зайналмо – духтари Саиднасими ханкаш1 ошиқ шуд. Падараш ду сол пас аз орзуи писар огоҳ гашт ва духтарро хостгорӣ кард. То сурашон як ҳафта монда буд, ки бадахшие ба Паҳшор омад ва арӯси Хишолро улчакӣ карда бурд. Вақте Хишол аз воқеа хабар ёфт, улчакидорон аз дарёи Панҷ гузашта буданд.

Хишоли нокомро дарди фироқи ёраш ба муддати ду моҳ бемор кард. Ду моҳ таб кард, на хоб дошт, на хӯр. Обу адо гашт.

Волидон аз зинда мондани ӯ умед барканданд. Аммо баъди шасту панҷ рӯз ӯ қаламу коғаз талабид ва даст ба навиштан зад.

пешина
аз 44
навбатӣ