«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Навишту навишт, пайи ҳам коғаз сиёҳ кард. Он қадар саргарми навиштан шуд, ки падараш маҷбур шуд ба дегззори2 дараи Бишкун баромада, ду дарза бруч3 биёрад. Хишол пас аз он ки тафти дилашро рӯйи коғаз рехт, батадриҷ сиҳат ёфт. Вақте падараш навиштаҳои ӯро ба халифаи деҳа нишон дод, вай бо ҳайрат гуфт:
Ҳамин тариқ, Хишол даст ба шеъру шоирӣ зад. Хаёли зан гирифтанро аз сар бадар кард. Ба хондан дил баст. Падар ӯро назди халифа шогирд монду орзу дошт, ки пас аз анҷоми таҳсили ибтидоӣ ба мадрасаи Кобул мефиристад. Аммо толеаш пастӣ кард: волидонаш пайи ҳам фавтида, ӯву ду хоҳарашро ятим гузоштанд. Хишол таҳсилашро бо роҳи худомӯзӣ давом дод. Саводашро ҳатто Сайид Ҷаъфар, ки бузургтарин донишманди Поршинев буд, эътироф намуд. Бо фотеҳаи ӯ Хишол ба унвони «охон» соҳиб шуд ва барои кушодани мактаб иҷоза гирифт. Бо заҳмати худ ҳар ду хоҳарашро ба шавҳар дод, аммо дили ӯ ба ҷуз Зайналмои дурафтодааш дигар касеро намехост.
Ҳамин буд, ки вақте паҳлавон Ҷаҳонгир дар хусуси хонадор карданаш гап кушод, захми дилаш тоза гардид.
– Амак, чӣ кунам, охир дилам касеро намехоҳад. Ман муҷаррадиро ихтиёр кардаам.
Ҷаҳонгирро ҳар бор дилсофиву сидқи Мулло Хишол тасхир мекард. Ин маротиба низ ҳамин ҳолат ба ӯ даст дод. Дилаш аз эҳсоси эҳтироми бениҳоят ба ин ҷавонмарди равшанзамир моломол гардид, дар чашмонаш ашк ҷӯшид.
– Мебахшӣ, писарам, ба дилат нохун задам, – нимшунаво овоз баровард мӯйсафед.
Мирзоазиз бо корсони ош даромад ва дасторхон партофт.
Ҳар се даст ба таом бурданд. Пас аз чор-панҷ лах гирифтан
Ҷаҳонгир сукутро шикаст.
– Мулло, Мирзо куштори шоҳро ба ман нақл кард. Ин чахти1 валадзино ташнаи хуни мост. Падараш аз ман метарсид, бародараш аз Маҳмадазим. Ман бекор шудам, Маҳмадазимро рӯшониён куштанд. Дигар касе нест, ки сагашро чих гӯяд. Ҳамин тавр ду даст дар остин нишинем, дар Шуғнон тухми инсон намемонад. Бояд коре бикунем.
– Амак, росташро гӯям, аз ман баҳодуриву ханҷаркашӣ намеояд. Вале агар лозим ояд, бо ҷону дил шамшер ба даст мегирам.
– Офарин, мулло! Ману ту ба ғайр аз деҳқону мулло будан боз мард ҳам ҳастем. Мард бояд халқашро ҳимоя кунад.
– Бобо, муаллим ба ҷанг равад, ба мо кӣ дарс медиҳад? –содалавҳона суол кард Мирзоазиз.
Ҷаҳонгир ба ҷойи ханда сулфае карда гуфт:
– Дуруст мегӯӣ, Мирзо. Мардуми ом бисёр аст, вале муаллим аз ҳазор яке. Агар шоҳон муаллими дуруст медоштанд, золиму ҷоҳил намешуданд.
– Ба ҷойи муаллимам ман ба ҷанг меравам, бобо!
Мӯйсафеду охон маънидорона ба Мирзоазиз нигаристанд.
Ӯ суханашро давом дод:
– Парерӯз вақте шоҳ он бечораҳоро тир мезад, бисёр мехостам аз гарданаш бигираму ба дарёаш партоям, лекин аз ғазаби ту тарсидам, бобо.
– Дуруст кардӣ, бачам, бе амри ман ё охонат ба чунин корҳо даст назан.
Ҷаҳонгир, гӯё набераашро бори аввал дида бошад, бо диққат аз назар гузаронд. Тану тӯш, бозуву кӯполи Мирзоазиз ӯро ҳаждаҳ-бистсола нишон медоданд. Ҳайкали чорпаҳлу, чеҳраи зебои беҷурм, бинии теғдори баланд, пешонии васеъ, чашмони сиёҳи барроқ, абрӯвони сермӯй, гардани баланди бақувват, рухсораҳои сурху мӯйсари ҷингилаи зич аз тандурустӣ ва тавоноии ӯ дарак медоданд. «Ману падараш дар ин синну сол бозуву панҷаи
Мирзоро надоштем», – бо қаноатмандӣ аз дил гузаронд бобо.
– Пагоҳ ҳамроҳи ман ба деҳаи Вуж меравӣ, Мирзо. Бояд дар чароғравшани қозӣ Давруқ иштирок кунам.
– Амак, ман ҳам ҳамроҳатон меравам. Дар як деҳа ҳашт мурда – дар як рӯз! Худо нишон надиҳад, – гиребон дошт Мулло Хишол ва ин рубоиро ба забон овард:
Золим пӯшад либоси хунбофтаро,
То маҳв кунад халқи забунёфтаро.
Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,
Бардор ба оҳан оҳани тофтаро.
– Баҳ-баҳ, чи байти аҷибе хондӣ, охон! Коре, ки ту мекунӣ, ягон паҳлавон карда наметавонад. Дидӣ, аз қудумат тандуруст шудам, ҳатто азми сафар кардам.
Он рӯзи наҳс тамоми мардум сияҳпӯш буд. Дар деҳаҳои Баҳшор, Демурғон, Виёд ва Вуж шаҳидонро ба хок месупурданд.
Фасл тобистон бошад ҳам, субҳи он рӯз ҳаво ғуборолуд гашт: шамоли кунд чангу хоки биёбонҳои дуродурро сари дӯш бардошта, гӯё аз тай намудани раҳи дароз хаста шуда бошад, бо суръати сангпушт ҳаракат карда, бори тирафоми худро бо беҳавсалагӣ ба болои чаману киштзорон, кӯҳу пушта ва чашмаву бешаҳои кӯҳистон мерехт.
Дар кӯҳистон мардум ҳамагӣ ба ҳам решапайванданд.
Марги як нафар боиси афсурдагии садҳо кас мегардад. Дар деҳаи мурдадор одамонро аз хурд то бузург эҳсоси маъюсиву навмедӣ фаро мегирад. Он ба сокинони деҳаҳои атроф низ таъсири бадашро мегузорад. Ҳузури нохушаш ба мисли ҳамин бод фазоро тира сохта, ба дилу мағзҳо фишор меоварад.
Вақте мардон дар намози ҷаноза саф оростанд, меғи захими сиёҳ осмонро дар ихтиёр гирифт. Хуршед ҳам, гӯё аз кирдори зишти заминиён ба хиҷолат афтода бошад, аз назарҳо ниҳон гашт. Оқсақол Сафар хоҳари ягонаи худро ба лаҳад гузошту пас аз анҷоми тиловати Қуръон рост роҳи қалъаи Баҳрпанҷаро пеш гирифт.
Ҳарчанд андешид, сабаби даъват шуданашро муайян карда натавонист. Аз ғазаби Муҳаббатхон метарсид, аз ин рӯ, ду каси дигар писарамаки худ Шаҳбозбек ва Шоҳзодаэрони ёварашро ҳамроҳ гирифт. Се писар ва бародарашро барои қабули фотеҳахонон муваккал кард, то бо ӯ набошанд. «Ин разил ба ҳама гуна пастиву қабоҳат қодир аст. Кӣ медонад, яке қасди куштани маро дошта бошад», – хавф бурд оқсақол.
Сафарро Абдураҳимхон оқсақоли Виёд таъйин карда буд.
Аз чи бошад, ки на Юсуфалихон, на Муҳаббатхон ӯро аз мансабаш барканор накарданд. Ӯ аз авлоди шаҳмирон буд. Падараш
Пирӯзшо мегуфт, ки шоҳони аслии Шуғнон аҷдоди онҳо будаанд. Сайид Саломатшо дар маъракаҳо гоҳе таъкид мекард, ки қаҳрамониву паҳлавонии ниёгони онҳоро шоир Фирдавсӣ дар як достони худ тавсиф кардааст. Сафар хату савод дошта бошад ҳам, чун ба ғайр аз «Ваҷҳи дин»-и Носири Хусрав дигар китобе дар хона надошт, ҳамеша орзу мекард, ки «Шоҳнома»-ро боре бихонад. Аммо солаш аз панҷоҳ гузашту ба орзуяш нарасид.
Дарвозабони Баҳрпанҷа гуфт, ки шоҳ ӯро дар Саройи санг мунтазир аст. Онҳо ба қалъа омаданд. Майдонеро, ки як рӯз пеш қатлгоҳи сӣ нафар марди бегуноҳ гашт, об зада рӯфта буданд. Ҷойи ғавғову ғиреви ҷонгудози мардумро сукути гарони ҳузновар гирифта буд. Абри барзаминзадаи пурғубор онро бимноктар мекард.
Шаш хуфии хизматгор дар як кунҷи майдон, дар лаби дарёи Панҷ аспони шоҳро мешустанд. Ба дили Сафар изтироб раҳ ёфта бошад ҳам, ҳалқа ба дарвоза кӯфт.
– Кист? – садо дод посбон аз пушти дарвоза.
– Шоҳро огоҳ кунед, ки оқсақол Сафар аз Виёд расидааст.
Чанд дақиқа пас шаш нафар сарбози мусаллаҳ баромаданд ва бидуни пурсише оқсақолро дар миёна гирифта, ба ҷонибе бурданд, ки хизматгорон асп мешустанд.
– Ман бояд шоҳро бибинам, – эътироз кард оқсақол, вале онҳо ӯро телазанон то лаби дарё расонданд. Шаҳбозбеку Шоҳзодаэрон музтару парешон аз қафояшон омаданд.
«Маро дар об ғарқ карданианд», – аз дил гузаронд Сафар ва фарёд кашид:
– Лоақал бигӯед, ки чӣ гуноҳ кардам?!
Сарбозон рӯяшро қафо, ба ҷониби қалъа гардонданд. Сардорашон гуфт:
– Шоҳ худаш тавзеҳ медиҳад.
Дақиқае пас Муҳаббатхон ҳамроҳи як афсар аз қалъа баромад. Ӯ қамчини дасташро ҳар замон ба чамусаш1 зада, бешитоб ба назди онҳо расид. Дар масофаи ду қадам дар рӯбарӯи оқсақол истод ва ба сарбозон дӯғ зад:
– Биравед!
Сарбозон рафтанд ва дар пойи девори кӯшк истоданд. Шаҳбозбеку Шоҳзодаэрон ҳам понздаҳ-бист қадам ақиб рафтанд. На шоҳ, на навкарон ба будану набудани онҳо эътиборе надоданд.
Муҳаббатхон бо нигоҳҳои палангӣ оқсақолро саропо зери синчаи шадид гирифт. Сафар бо овози паст салом дод ва сар хам кард.
– Аз кай боз авлодат шоиру маҳмаддоно шудааст, мурдор?
Оқсақол ишораи пичингомези шоҳро нафаҳмида, китф дарҳам кашиду гуфт:
– Тасаддуқ, нафаҳмидам.
– Туро барои ҳамин маъзул накардам, ки аҳлу авлодат дар ҳақи ман бадгӯӣ кунанд?
– Шоҳам, савганд ба Худованд, ки аз қавми ман касе дар ҳақат сухани зишт нагуфтааст.
– Дирӯз зани бародарат дар ин ҷо буд?
– Ҳа, – чи муносибат доштани зани бародарашро ба пурсуҷӯ муайян карда натавониста, посух дод оқсақол.
– Вай дирӯз дар сари мурдаҳои хабисатон чӣ хонд, ки мардум ба шӯр омад?
Оқсақол акнун фаҳмид, ки шоҳ ӯро ба чи муттаҳам карданист. Лаҳзаи мавриди назари Муҳаббатхонро аранге дар хотир дошт. Хоҳараш он дам ҷон доду ӯ ҳуш бохта буд. Аз ғояти андӯҳ сарашро дошта, сари по нишаст. Ҳаёҳӯйи мардуми атроф ба гӯшаш намедаромад.
– Шоҳам, он соат хоҳарам мурду олам дар назарам торик шуда буд. Чизе ба ёд надорам.
Чашмони Муҳаббатхон аз ҷӯшиши хашм танг гаштанд. Ӯ по бар замин кӯфт ва бонг зад:
– Дар ёдат нест? Аҷабо, мардум дар атрофат шоҳи Шуғнонро нафрин кунанду ту хабар надорӣ? Магар ту арбоби ман нестӣ?! На фақат хоҳарат, худат мемурдӣ ҳам, бояд гӯшу ҳушат ба халқ мебуду даҳани ҳамтаборонатро мебастӣ!
– Узр, шоҳам, ман ростӣ беёд будам.
– Хомӯш, лелаи бадбахт, – шоҳ чанд тозиёна бар бадани оқсақол зад. – Ба ёдат омад?
Оқсақол аз шиддати дард печ хӯрда, нолиш кард:
– Ба ҳаққи Худо, дунё он замон дар назарам торик шуда буд.
– Дунё он замон не, балки ин замон бар ту торик мешавад, кӯрнамаки хиёнаткор!
Муҳаббатхон чун лочин ба оқсақол дарафтод ва қамчин задан гирифт. Шоҳзодаэрон дарёфт, ки шоҳ қасди куштани оқсақол дорад, салла ба гардан овехта, наздаш зону зад ва ба зора даромад:
– Шоҳам, дар ҳақиқат Сафар гуноҳе надорад. Ба ӯ раҳм кун, ки хоҳараш мурдаву тамоми авлодамон азодоранд...
Гапаш ба охир нарасида, Муҳаббатхон баргашт ва чанд тозиёна ба сару рӯяш зад.
– Ман на фақат ин хоинро, балки он зани бефаровездаҳан ва ҳар нафареро, ки аз авлоди касифатон маро таҳқир кард, бо ҳамин дастони худам мекушам! – дод зад шоҳ.
Ин тасмими зишти Муҳаббатхон гӯё оби сарде буд, ки ба сари оқсақол рехт. Мағзи хуфтаи ӯ бедор гашт, дарк кард, ки шоҳи хунхор авлоди ӯро ҳатман аз дами теғ мегузаронад. Занҷирҳои ноаёни дасту пойи оқсақол дар они воҳид шикастанд. Вай чун шер наъра зада, ба Муҳаббатхон ҳуҷум кард. Муҳаббатхонро ҳаракати ғайричашмдошти Сафар лаҳзае ба ҳайрат овард. Даст аз азоби Шаҳбозбек нигоҳ дошта буд, ки ба синааш мушти обдоре хӯрд.
– Занед, кӯбед ин золими хунхорро! – фарёд кашид Сафар,
– бикушед ӯро, пеш аз он ки тамоми мардуми Шуғнонро қатл бикунад!
Муҳаббатхон якпаҳлу ба замин афтод. Оқсақол ба ишкамаш ду лагади дигар зад. Шаҳбозбек ба чи гуноҳи азим даст задани амакашро дарк намуда, байни онҳо даромаду дод зад:
– Амак, чӣ коре буд, ки кардӣ?
– Дур шав, Шаҳбоз! Хуни ин ҳайвон ҳоло бар ман ҳалол шуд! То кай хуни моро ба беҳуда мерезад ин палид?
Шоҳ фурсат пайдо карда, ба по хест. Густохии Сафар ӯро аз тамоми чаҳорчӯбаҳо бадар овард. Бо қамчин ба Сафар ҳуҷум кард. Ғазабаш ҷӯшиду зарбаи аввали қамчинаш ба рӯйи оқсақол расид ва чашми росташро дарзамон кафонд. Вай дудаста рӯяшро дошт. Ғайрати шоҳ бештар гардид ва қамчинаш бар бадани Сафар ҳар бор ҷароҳати тозае зам кардан гирифт. Ӯ ба замин афтод. Шоҳ ба лагадкӯб гузашт ва ҳарифашро ғелонда-ғелонда, то лаби дарё бурд. Шоҳзодаэрону Шаҳбозбек чи кор карданашонро надониста, аз ноилоҷӣ ба замин нишастанд.
Сафар дар лаби дарё нимхез шуд ва домани гилеми Муҳаббатхонро ба даст гирифта, зӯр овард, ки ӯро ба ҷарӣ Муҳаббатхон худро аз панҷаҳои гирои Сафар раҳо кардан хост, аммо Сафар ваҷаб ба ваҷаб ӯро ба лаби шах наздик меовард. Шоҳ ба воҳима афтод ва дод зад:
– Ёрӣ диҳед, ёрӣ!
Хуфиён, ки саҳнаи афтударафтро тамошо мекарданд, бо шунидани овози шоҳ давида, ба назди онҳо омаданд ва шоҳро аз дасти оқсақол раҳо карданд.
– Партоедаш! – ҷониби партгоҳ ишора кард шоҳ ва аз бемадорӣ ба замин нишаст.
Хизматгорон аз дасту пойи оқсақол гирифтанд ва ба ҷарӣ ҳавояш доданд. Сафар, дар ҳоле ки пояш аз замин канда мешуд, дод зад:
– Гу-ре-зееед!
Шаҳбозбеку Шоҳзодаэрон донистанд, ки ин хитоб ба онҳо буд. Зуд бархостанд ва роҳи гурезро пеш гирифтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё