Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ашк бар рухсораҳои духтар чакид. Додарону хоҳарон ҳам маъюс шуданд. Падар сари Бибианорро ба оғӯш кашиду гуфт:

– Бачам, агар ҳар марди хона аз мурдан тарсида, ба ҷанг наравад, медонӣ, чӣ мешавад? Душман мулки моро гирифта, аввал мо – мардонро мекушад, баъд духтарону занонамонро беномусу каниз мекунад. Барои ин беҳтараш ба ҷанг биравему душманро бикушем.

Бибианор аз ин посух таскин наёфт. Модараш ӯро ба хона дароварда, насиҳат кард:

– Духтарҷон, гиря накун, пеш аз гусели падарат ба ҷанг ашк нарез, ки хосияти хуб надорад. Баракс худатро ба даст гиру дилашро пур кун.

– Мод, ту наметарсӣ, ки падарам мабодо дар ҷанг кушта шавад?

– Метарсам, духтарам, метарсам, лекин марди хона бояд хонаву фарзандашро ҳимоя кунад. Ин бори чорум аст, ки падаратро ба ҷанг гусел мекунам. Иншооллоҳ, ин бор ҳам саломат бармегардад.

Бибианор сар ба синаи модар гузошт.

Субҳи барвақт падару амакаш камону камар карда, савор шуданду ба ҷанг рафтанд. Аҳли хонавода онҳоро хомӯш гусел намуд.

Пас аз соате дар Дерзуд рӯшониён ба дарвозиҳо ҳуҷум бурданд. Бачаҳо бар кӯҳдоманаҳои деҳ ба тамошои муҳориба баромаданд. Гашти рӯз гурезогурези дарвозиҳо сар шуду хабар омад, ки онҳо ба он тарафи дарёи Панҷ гузаштаанд.

Аз ҳар деҳа ду-се нафарӣ сарбоз ҳалок гардид. Аз деҳаи онҳо як нафар – Шакарбеки оҳангар сахт захмӣ шуд ва даҳ рӯз пас вафот кард. Падару амаки Бибианор баъд аз бисту як рӯз зиндаву саломат баргаштанд. Қубод мол кушта, худоӣ дод ва мардумро бо ғалабаи лашкари Шуғнону Рӯшон шодбош гуфт. Ӯ диловариву корнамоии сарлашкарашон – Манзаршоро хеле сутуд ва гуфт, ки Асфалихон ӯро оқсақоли Чоснуд таъйин кардааст.

Як моҳ пас, дар рӯзи ҷашни Меҳргон, банохост Манзаршо ҳамроҳи чор нафар марди хушлибос ба хонаашон омад. Вақте аз аспҳо фаромаданд, Бибианору хоҳараш дар боғ хазон мерӯфтанд.

– Ман ваъда дода будам, ки туро ба тамошои сагҳоят мебарам,

– хитоб кард Манзаршо ба Бибианор ва афзуд, – инак омадам.

Қубод хабар ёфта, ба пешвозашон баромад ва ҳар якашонро оғӯш кашида, салом доду ба хона даровард.

Бибианор ва хоҳараш ба гапи меҳмон ҳайрон шуданд. Ӯ ҳеҷ фикр намекард, ки шахси машҳуре чун Манзаршо ба суроғи як духтараки одии назарногир биёяд. «Боз падарамро ба ягон ҷанг бурданист» – бо изтироб аз дил гузаронд духтар ва ҳамроҳи хоҳараш давида, ба хона даромаданд, то ба модарашон ёрӣ расонанд.

Пас аз муддате модараш, ки ба хона хӯрок бурда буд, ба ошхона баргашт ва бо ҳаяҷон гуфт:

– Бибиҷони ман, муждагонӣ! Инҳо ба хостгории ту омадаанд, – ва сарашро дар канор гирифт.

Бибианорро гӯё барқ зада бошад, ба замин нишаст ва пурсид:

– Хостгорӣ? Барои кӣ?

– Барои Манзаршо.

– Ман... зар ... шо? – аз ҳаяҷону ҳаё дар гулуи духтар нам намонд.

– Бале, духтарам, Манзаршо туро гирифтанӣ. Инҳо амаку тағоиҳояш будаанд. Аз ҳамон раҳи дур ба гулбонги ту омадаанд. Ту чӣ мегӯӣ?

Бибианор чизе гуфта натавонист. Якбора гиря гулугираш кард, сар ба зонувони модар ниҳод ва бесадо гирист.

Модар сарашро сила кард ва гуфт:

– Илоҳӣ, хушбахт шавӣ, ҷигарпораи ман.

Ҳамин тавр, Манзаршо ба Бибианор издивоҷ кард ва то рехтани барфи аввал ба хонаи падариаш – ба деҳаи Йурх бурд…

Навори хотираҳои ширини Бибианорро садои сархизматгор Ошо барканд. – Валъамат, мурдаи Бобакро оварданд, ғамхона1 меравӣ ё не?

– Меравам, албатта, меравам, амак.

Бибианор аз санг фаромад ва барои табдили либос ба хона даромад.

Бобак шикорчии маъруф буд. Хонаву дари обод дошт. Чанд сол пеш дар ҷанги байни Шуғнону Рӯшон асир афтоду шоҳи

Шуғнон Муҳаббатхон ӯро ба зиндони Саройи санг афканд.

Се рӯз пеш хабар омад, ки шоҳ бо дасти худаш ӯро паррондааст. Бобак аз вафодорони Манзаршо буд, аз ин сабаб зану бачаҳои калонашро, ки бузургтаринашон писари сездаҳсола буд, ба Бадахшон бурда фурӯхтанд. Дар хона модари пиру писари чорсолааш монданд. Бибианор ҳар моҳ ба воситаи Ошо аз шавҳараш пинҳон ба падари Бобак озуқа мефиристод, то мӯйсафеду наберааш бенаво намонанд.

Ӯ ҳамроҳи Ошо ба таслият рафт.

Номус Деҳаи Вомар дар ҳукми сабзаву гул буд. Рӯди пуртуғён аз дараи зебои нопайдоканори он башаст ба дарёи Панҷ сарозер шуда, бо ҳар мавҷаш шамоли мамлу аз бӯйи гулу гиёҳ ва дарахтони кӯҳиро ба ҳар сӯ мепароканд ва шиддати гармии фасли харбузапазро коҳиш медод. Зардолуи тирамоҳӣ, себу амрӯди норасид ва ҷо-ҷо ангуру ноки хушмазза назаррабоӣ мекарданд. Тобистони нозанини обистани меваю ғаллаи фаровон ба охир мерасид. Гармо мардумро водор мекард, ки шабҳо болои бом хоб кунанд, то аз ҳавои серуни роҳатафзо баҳраманд гарданд. Вале Беҷодамо ва Шодаврон соли панҷум аст, ки аз чунин неъмат маҳруманд. Онҳо маҷбуранд дар хона бихобанд.

Падару модари Беҷода халқия буданд. Онҳо аз баҳор то тирамоҳ гову моли мардумро дар айлоқ бонӣ карда, аз ҳамин ҳисоб озуқаву ажғол ҷамъ оварда, осуда умр ба сар мебурданд. Дар охири деҳа, наздик ба ҷангали анбӯҳи лаби дарёи

Панҷ, кулбаи фақирона ва замину боғ доштанд, соҳиби ду фарзанд – Беҷода ва Камонгир буданд.

Беҷода ёздаҳ сол дошт, ки падараш дар вақти подабонӣ аз шах афтоду ҳалок шуд. Баъди ду сол модараш дучори буғумдарди шадид гашт ва пас аз ҳашт моҳи беморӣ даргузашт. Бародараш Камонгир он вақт понздаҳ сол дошт ва чун ҷавони пурқуввату чолок буд, ба дарбори ҳокими Рӯшон – Юсуфалихон навкараш гирифтанд. Хоҳару бародар ғаму ғуссаи марги волидонро пушти сар ва андаке қомат рост карданд, ки Муҳаббатхон ба Рӯшон ҳуҷум овард ва пас аз ҳашт моҳи муҳосираи қалъа бародараш Юсуфалихон ҳамроҳи беш аз сад нафар мансабдору сарбоз ба Бадахшон фирорӣ шуд. Камонгир ҳам дар ин гурӯҳ буд.

Ҳашт моҳи пурра лашкари Муҳаббатхон дар Вомар ва деҳоти атрофи он чи бедодиҳое кард! Ҳар ҳафта ба баҳонаи тайёр кардани ҳезум барои пухтани хӯрок ва афрӯхтани гулхан барои навкарон хонаи ободеро вайрон менамуданд. Даҳ-понздаҳ навкар ба хонае зада медаромаданд, мисли мӯру малах ба бом баромада, тиру вассаҳоро меканданд ва ба вайрона табдил медоданд. Мардонро мезаданд, занонро дастзӯр мекарданд, духтарон ва писарони наврасро ба назди Муҳаббатхон мебурданд, гову молро кушта, ба ошхонаи шоҳ месупурданд. Вомар дар ҳудуди дувист буна дошт.

Мардум аз бедодии гӯшношунид батадриҷ деҳаро тарк карда, ба кӯҳҳои атроф рафт. Мавриди ҳуҷум хонаҳое қарор мегирифтанд, ки касе аз онҳо дар хидмати Юсуфалихон буд. Кишти хазонии аҳли деҳ поймол, полизу боғот талаву тороҷ гардид.

Хонаи Беҷодамо аз марказ дур бошад ҳам, аз он ки бародараш навкари ҳоким буд, метавонист ҳар лаҳза ба ҳуҷуми сарбозон гирифтор ояд. Дӯсти бародараш – Доробшо чанд бор ба хона омада, ӯро ташвиқ кард, ки гурезад. Барояш макони зиндагӣ ҳам ёфт. Аммо Беҷодамо дил аз хонаву дараш канда наметавонист. Фикр мекард, ки агар гузори навкарон ба хонааш афтад, ба як духтари ятими муштипар раҳм хоҳанд кард.

– Инҳо ба касе раҳм надоранд, – мегуфт Доробшо, – илтиҷо мекунам, содагӣ накун. Агар бо ту воқеае рух диҳад, ман худро намебахшам.

– Дороб, агар Камонгир аз муҳосира озод шуда, ба хона ояду маро наёбад, чӣ гумон мекунад?

– Ҳамроҳи ман бошӣ, чизе намегӯяд.

– Ту лоақал хеши дурамон мебудӣ, имконе дошт. Бо ту равам, мардум чӣ мегӯяд?

– Ҳоло касе дар андешаи касе нест, Беҷода. Баракс, агар Камонгир бифаҳмад, навкарон ки ба ту зиштие раво дидаанд, маро намебахшад. Бовар кун ба гапам. Ҳоло ки фурсат ҳаст, биё, бигурезем.

– Не, ман ба ҷое намеравам!

Қарори духтар қатъӣ буд ва Доробшо донист, ки суханаш суде надорад.

– Агар қарорат чунин бошад, ман туро посбонӣ мекунам.

Духтар изҳори норизоият карданӣ шуд, вале Доробшо ба ӯ фурсати лаб кушодан надода, қатъӣ гуфт:

– Хоҳӣ-нахоҳӣ, пойи навкареро, ки ба ин хона қадам мениҳад, мешиканам!

Бори аввал дар ҳаждаҳ соли зиндагии худ аз сухани мард дили Беҷода такон хӯрд. Ӯ ба чашмони мешии пурнури ҷавон нигарист. Вуҷудаш лабрези меҳр гашт. Дида ба замин дӯхту гуфт:

– Ихтиёр дорӣ.

Ва хиромон тобе хӯрда, ба хона даромаду беовоз домани гиряро сар дод. Дар як хона бо духтари барояш номаҳрам зиндагӣ кардан аз рӯйи одоб набуд. Бинобар ин, Дороб дар кунҷи боғ аз санг чайлаҳаке сохт. Онро бо каҳгил андова намуд. Ба фаршаш пӯстакҳо густурда, ба зимистон, ки нафаси сардаш пас аз ғуруби офтоб эҳсос мегашт, омода шуд.

Рӯзона кори хона мекард, ба духтар ёрӣ мерасонд, бегоҳ гову молро ба оғил дароварда, фориғ мешуд ва хӯроки пухтаи

Беҷодаро тановул карда, хоб мерафт.

Доробшо аслан баҳррӯшонӣ буд. Падараш дар ҷанги дарвозиҳо шаҳид шуда буд. Ягона хоҳарашро афсаре ба асорат бурд.

Ӯ ва модарашро сарбозон то охирин рамақи ҷон қамчинкорӣ карда рафтанд. Баъд аз сари падар зиндагиашон тоқатфарсо гашт. Доробшо маҷбур шуд, ки хонаи фақиронаашро дар Баҳррӯшон партофта, бо модараш ба деҳаи Савноби Бартанг ба хонаи тағояш равад. Соле баъд аз алами марги шавҳару фироқи духтар модараш аз ақл бегона шуд. Бародараш ӯро парасторӣ мекард, вале Доробшо дастнигари тағояш шудан нахост. Ба Рӯшон фаромада, дар ҳар даре хизмате карда, рӯз мегузаронд.

Аз қазо ду сол пеш бо Камонгир дучор омад ва рафтуомад ба хонаи ӯ ба дӯстӣ табдил ёфт. Як моҳ пеш, вақте ки пас аз муҳорибаи дурӯза дар Пастхуф лашкари Рӯшон шикаст хӯрду дар

Вомар қалъабанд шуд, Доробшо дар Баҳррӯшон буд. Ӯ хабари шикасти рӯшониёнро шуниду дилаш барои дӯсташ Камонгир ба ташвиш афтод. Зуд ба Вомар омад ва аз Беҷодамо донист, ки Камонгир зиндаву саломат буда, мисли дигар лашкариёни

Юсуфалихон ба муҳосира афтодааст.

Азбаски Доробшо ба истиқболи рӯзи шуми ҳуҷум ба хонаи дӯсташ ботинан омода буд, чун шаш нафар савори шамшердор қариби чоштгоҳ ҷониби хона омаданд, шивезни дегзишро ба даст гирифта, мунтазири расидани сарбозон шуд. Яке ба ёдаш омад, ки ба дарозии найза, ки дар нӯгаш саққои оҳанӣ дошт. Беҷодаро огоҳ накардааст. Давида хона даромад ва ғалаёни эҳсосашро дар як кунҷи қалб фуру нишонду ҳарчи оромтар гуфт:

– Беҷодамо, навкарон омаданд!

Духтар оҳе кашида, ба лаби танӯр нишаст. Доробшо шивезнро сари китф гузошта, дар остона истод. Саворон расиданд ва ҷавонро дида, фарёд заданд:

– Ин хонаи Камонгир аст?

Дороб ҷавобе надод. Саворон аз асп фаромаданд. Марди тануманди паҳлавонсурат, ки яқинан сардорашон буд, пурсид:

– Ӯҳ, бача, ту бути амонатӣ1 ё одам? Дар хона кӣ ҳаст?

Чун дид, ки аз ҷавон садое нест, фармон дод:

– Бигиредаш!

Се навкар бо шамшерҳои бараҳна ҳуҷум оварданд. Доробшо аз ҷо наҷунбида, бо ду зарба ду нафарро ба замин ғалтонда буд, ки сеюмаш ақиб нишаст. Сардор аз муқобилати ғайриинтизор ва оромонаи ҷавон тааҷҷуб кард ва дод зад:

– Чӣ истодаед, бизанедаш! – Ва худ ба тамошо истод.

Навкарон аз нав ба Доробшо ҳамла карданд. Вай ҳам ду қадам пеш гузошту ба ҳамлаи ҷавобӣ гузашт. Якеро аз по даровард, аммо шамшери навкари дуюм ба ронаш расиду шасташро гардонд. Савумӣ шивезнашро қапида, ба сӯйи худ кашид. Доробшо силоҳро сар доду ба навкар часпид ва ҳар ду ба замин ғелиданд. Навкарон худро ба болои Доробшо партофтанд ва пахшаш карда, зери борони мушту лагад гирифтанд, ки сардор фармон дод:

– Бандед!

Навкарон дастонашро баста, ба по рост карданд. Лабаш кафида, аз рони росташ хун мечакид. Ду навкаре, ки аввалин зарбаҳои Доробшоро хӯрда буданд, беҳуш мехобиданд. Сардор ба назди Доробшо омада, даме ба рӯяш нигоҳ кард ва пурсид:

– Аз навкарони Манзаршоӣ?

Доробшо хуни лабонашро туф карда, бо нафрат рақибашро аз назар гузаронд ва боз хомӯширо авло донист. Сардорро хомӯшии ҷавон ба хашм овард. Ӯ бо дастаи қамчин чунон зарбае ба синааш зад, ки поҳояш суст шуданду ба зону афтид.

Ин ҳангом садои духтар аз даҳлез баланд шуд:

– Илтимос, накушед!

Сардор ба даҳлез даромад ва аз дасти Беҷодамо кашида, ба рӯи ҳавлӣ баровард ва пурсид:

– Ту кистӣ?

– Соҳиби хона.

– Ту хоҳари Камонгирӣ?

– Ҳа.

– Ин паланг кист? – бо қамчин Доробшоро нишон дода, пурсид сардор.

Духтар даме сукут кард ва гуфт:

– Писари холаам – Доробшо.

– Ӯ чӣ кор мекунад дар ин хона?

– Маро тарсбонӣ1 мекунад.

Сардор ба сари навкарони аз по дарафтода рафта, онҳоро бо мадади ҳамсилоҳонашон ба таги дарахти себ бурд ва ба духтар амр дод:

– Ба сарашон яксатилӣ об резу захми холабачаатро банд.

пешина
аз 44
навбатӣ