«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Бибианор болои харсанги бузурги боғ нишаста, ду дида ба кӯҳи баланди соҳили чапи рӯди Панҷ дӯхт. Роҳе, ки дар баъзе мавзеъҳо аз камари кӯҳу дар баъзе ҷоҳо аз лаби дарёи Панҷ мегузашт, аз раҳгузар холӣ буд. Аслан, аз ин роҳ одам кам мегузашт, аммо се рӯзи охир ҷонзоде дар он ҳаракат намекард.
«Шояд аз бими пайрадорони шоҳ мардум шабона ба сафар бароянд», – тахмин зад дар дилаш Бибианор. Ҳамин лаҳза дар роҳ суроби марде, ки аспашро этак карда мерафт, намоён шуд.
Дили зан шуввӣ кард ва хаёле аз тапиш монд.Аз ҷо бархост ва бодиққат наззора кардан гирифт. Мард чобук роҳ мепаймуд.
«Манзаршо бошад? – зери лаб гуфт Бибианор. – Агар Манзаршо бошад, ҳо, ана ба ҳамон ёбонаки лаби дарё ки расид, ҳатман меистад ва ба ин тараф менигарад. Ӯ медонад, ки ман дар Шидзам, дар асорати Булато. Ё шояд надонад..., –ҳаракати раҳгузарро аз доираи назар дур нагузошта, андешарониашро давом дод зан. – Медонад. Вай зирактарин марди Рӯшон аст.
Наход надонад, ки зану фарзандаш дар куҷоянд?»
Аспдор ба ҳамвории лаби дарё расид, вале на ин ки наистод, балки бошитоб савор шуда, роҳашро давом дод.
– Не, ин мардак Манзаршо набудааст, – бо дареғу афсӯс нимшунаво овоз баровард Бибианор ва қатраҳои ашки сӯзон ба рухсораҳои зебояш шориданд. Танҳо чизе, ки ин раҳгузарро ба Манзаршо монанд карда метавонист, чолокии ӯ буд.
Зан ба ёди шавҳари ғарибаш оҳи бадарде кашида, аз рӯйи одат ба ангуштаринаш нигарист. Ранги нигини он ҷигарии тира метофт. Субҳ, вақте ки зан хаёли омадани шавҳарашро ба дил ҷой дод, ранги он равшан ба назар мерасид. Аммо ҳоло аз ғубори навмедие, ки бар дили ҳассосаш нишаст, «дил»-и ангуштаринаш низ сиёҳ шуда буд.
Ин ангуштари булаҷабаро Манзаршо ба занаш дар шаби аввали арӯсӣ туҳфа карда гуфт:
– Ба ёдат бигир, духтар, ман имрӯз дилатро канда, дар ин ангуштар ниҳодам. Онро ба ҳеҷ ваҷҳ гум накун.
Он вақт Бибианор сухани шавҳарашро шӯхии навбатӣ пиндошт. Бидуни андешае ангуштаринро, ки нигини сабзи зардомехта дошт, ба ангушташ гузаронд. Дақиқае тамошояш карду дигар аҳамияте надод. Вале бо гузашти чанд ҳафта мушоҳида кард, ки он ҳар рӯз ранги нав мегирад: гоҳе равшан, гоҳе сояравшан, гоҳе моил ба тирагӣ мешавад.
Боре Бибианор ин ҳолатро ба шавҳараш хабар дод. Манзаршо дасти Бибианорро бо риши зардаш молиду чашмони айёрашро нимпӯш карда гуфт:
– Нагуфта будам, ки дилатро канда, дар нигинаш гузоштам? Ту бовар накардӣ. Нигинаш аз моҳсанг аст. Моҳсанг оинаи дили соҳибаш аст… Ранги нигин табъи Бибианорро хиратар намуд ва ӯ ба оҳанги «Фалак» ин рубоиро суруд:
Афтоб нишасту соя дар домани ҷар,
Аз сӯзиши дил пора шавад банди ҷигар.
Мардум меган ҷигари садпората дӯз,
Медӯзуму пора мешавад ҷойи дигар.
Соли шашум аст, ки Манзаршо ҷилои ватан кардаву занаш Бибианор дар болои ҳамин харсанги боғи шавҳари кунуниаш ҳар рӯз як-ду соат нишаста, роҳи ӯро мепояд. Албатта, раҳпоии ӯ бо ҳамин як-ду соат маҳдуд нест, ӯ ҳар лаҳзаву ҳар нафас ҳузури шавҳари азизашро эҳсос мекунад. Аммо соатҳои дигар худро бо кор андармон месозад. Ба мурғон дон медиҳад, мерӯбад, тут мечинад, либос мешӯяд ва ҳоказо.
Падари Бибианор Қубод мардест бадавлату саховатпеша.
Пушт ба пушт авлодаш сокинони бумии деҳаи Баҳрзуди Рӯшонанд. Замину боғи бисёре доранд. Бибианор сарфарзанди хонавода буда, се хоҳару ду бародар дорад. Ду амакаш аз хонаи падарӣ, ки мувофиқи расми аҷдодӣ ба писари аз ҳама хурдии хонавода
– Қубод расида буд, ҷудо шуда, дар ҳамсоягӣ аҳлу тифоқ зиндагӣ мекарданд. Бибианор дар чунин хонавода ба воя расида буд.
Бори аввал Манзаршоро дар дувоздаҳсолагиаш дид. Дар боғи зери хонаашон бо бачаҳо саргарми бозии «Пу ё не?»1 худро паси дарахте пинҳон кард. Дам ба дарун зада, хеле нишаст, ки «посбон» ба суроғаш наомад. Аз паси дарахт баромада буд, ки саги бадҳайбати ношиносе рост аз пеши роҳаш баромада, дар рӯ ба рӯяш истод. Бибианор аз тарс чашмонашро зери ду каф пинҳон кард. Зонуҳояш ба ларза афтоданд. Ин асно овози зангӯладори ҷавоне баланд шуд:
– Натарс, духтар, саг намегазад.
Бибианор аз роғи ангуштонаш ҷавони қадбаланди зардинамӯеро дид, ки саги дигаре аз қафояш, ҷониби боғ меомад. Ӯ ба назди духтар расиду ба сагон амр кард:
– Бишин! Наҷунб!
Сагон ҳар ду карахт нишастанд ва чашм ба даҳони ӯ дӯхтанд.
– Номат чӣ? – пурсид ҷавони ношинос, ки чашмони дарёранги калон ва абрӯвони кӯтоҳи каммӯй дошт.
– Бибианор, – аз шарм чеҳраи духтар сурх шуд.
– Хонаи Қубод ҳамин аст?
– Ҳа, – ҷавоб дод Бибианор ва ба майдони бозӣ давид.
Ҷавон ҳамроҳи сагони худ ба хонаи ӯ рафт. Чанд дақиқа пас модари Бибианор ӯро садо кард, ки зуд ба хона биёяд. Модар амр дод, ки зарфҳоро шуста, ба хона дарорад. Духтар дегу табақ ва чумчаҳоро дар оби равони ҷӯйи рӯи ҳавлӣ шуста, хона даромад ва ба ҷавону падараш, ки дар суфаи даҳлез суҳбат доштанд, нимнигоҳе карду ба ошхона даромад. Модараш барои меҳмон авеҷхушпа1 пухт. Бибианор ба ӯ ёрдам медод.
– Мод2, ин сагдорак кист? – пурсид духтар.
– Хидматгори шоҳ Асфалихон.
Бибианор назди меҳмон ва падараш дасторхон густурд, чою мева ва атола гузошт. Падараш бо меҳмон дар бораи ҳайвоноти ваҳшии Рӯшон суҳбат мекарданд. Духтар диққат дод, ки шеваи гуфтори ҷавон аз онҳо фарқ мекунад.
Пас аз сарфи таом Қубод духтарашро ҷеғ зада пурсид:
– Сагбачаҳоят чандто мондаанд?
– Панҷто.
– Дар деҳа боз кӣ саг дорад?
– Бачаҳоро пурсам, медонанд.
– Ба Манзар сагбача даркор, – шарҳ дод падар. – Ту ҷояшро Бибианор, ба он ки ҷавон аз раҳи дур барои интихоби саг омадааст, ҳайрон шуд, вале чизе напурсида, ҳамроҳи падару меҳмон аз хона баромад.
Модасагашон ҳафт бача карда буд. Дутояш нобуд шуданду боқимонда дар зери буттаи сершоху барги вини пушти ҳавлӣ мезистанд. Модасаг, одами бегонаро дида, аккос зад, вале Қубод ӯро пеш кард. Манзар синчакорона сагбачаҳоро аз назар гузаронд ва дуто – як нару як модаро интихоб карда, ба халтааш андохт.
– Акнун пеши бачаҳо меравем, – гуфт бо мамнуният меҳмон ва бо Қубод хайрухуш карду ҳамроҳи Бибианор ба назди бачаҳо рафтанд. Ду саги меҳмон дар фосилаи чор-панҷ қадам аз дунболашон ҳаракат мекарданд.
Роҳравон Бибианор ҷуръат карда, пурсид:
– До, ин қадар сагро чӣ кор мекунӣ?
– Кушта мехӯрам.
– Э ту гӯшти саг мехӯрӣ? – ба ҳайрат афтод духтар ва қиқирос хандид.
– Саг бомаззатарин гӯшт дорад, – ҷиддӣ ҷавоб дод ҷавон,
–лекин ту ба ягон кас нагӯ. Агар мардум донад, ки гӯшти сагро хӯрдан мумкин аст, ману ту гушна мемонем.
– Ман? – духтар аз ғояти ҳайрат аз рафтан бозистод.
– Ҳа, ту. Ман минбаъд бароят гӯшти саг меорам. Пинҳон аз ҳама пухта мехӯрӣ.
Аз ин гап дили Бибианор шӯрид. Аз саволи додааш пушаймон, ба назди бачаҳо расиданд.
– Бачаҳо, кӣ дар хонааш сагбача дорад?
Чанд нафар «мо дорем» гуфтанд.
– Касе сагашро ба ман диҳад, дар давоми як ҳафта вайро ана ҳаминҳо барин калон карда мебиёрам.
Бачаҳо зуд ба «муъҷизакор»-ии шахси ношинос бовар карда, тамоми сагбачаҳои деҳаро барои ӯ як-як шумурданд. Бибианор мехост сагхӯрии меҳмонро эълон кунад, лекин шарм дошт.
Додараш Баҳромро ба ихтиёри ӯ монду худ ба хона баргашт.
Ин ҷавон ҳамагӣ якуним ё ду соат дар деҳа истода бошад ҳам, дар дили Бибианор таассуроти амиқ гузошт. Шояд барои он ки аз одамони деҳа бо зиндадиливу муносибати озодаш фарқ мекард. Офтоб сари кӯҳ расида буд, ки Баҳром ба хона баргашт ва дар бораи меҳмони ғалативу сагҷамъкунии ӯ чунин гуфт:
– Панҷ халта дошт, ҳар панҷашро аз сагбача пур кард. Баъд ба ду хар бор карда, ба Вомар бурд.
– Нагуфт, ки сагбачаҳоро чӣ кор мекунад? – бо эҳтиёт суол дод Бибианор.
– Ростӣ, напурсидам, – ҷавоб дод Баҳром, – шояд ба бозор бурда фурӯшад. «Ба инҳо нагуфтааст, – дар дилаш хурсандӣ кард Бибианор, – сиррашро фақат ба ман бовар кардааст».
Аммо гӯшти саг хӯрдани як инсони дуппа-дуруст Бибианорро як навъ ба ташвиш гузошт. Ба ин сабаб чанд рӯз пас аз падараш пурсид:
– Пид1, гӯшти саг ҳалол аст ё ҳаром?
– Албатта, ҳаром, – аз суоли духтараш тааҷҷуб карда, посух дод Қубод, – барои чӣ пурсидӣ?
– Ҳамту, – ҷавоб дод Бибианор.
– Аҳа, – пас аз дақиқае андеша падар манзури духтарашро дарк кард, – ту фикр кардӣ, ки Манзаршо барои он сагбача ҷамъ мекунад, ки бихӯрад?
Бибианор ба рамузфаҳмии падар қоил шуда, сар ҷунбонд.
Падар аз таҳти дил хандиду суханашро давом дод:
– Шояд гуфта бошад, ки гӯшти саг мехӯрад, а? Ҳа, вай ҳамин хел шӯхиҳо дорад, духтарам. Маълум, ки ба гапаш бовар кардаӣ. Вай сагбони ҳокими мо – Асфалихон аст. Барои ҳоким
Бо шунидани калимаи «сагбон» дили Бибианор якбора тира гашт. Эҳсоси нохуше ба рагу паяш сӯзан халонд. Барои он ки падар дигар шудани авзоъашро пай набарад, ба баҳонаи рӯфтани ҳавлӣ берун шитофт.
Аз байн ду сол гузашта буд, ки Амирбек ном мард бо лашкари бисёр ба Рӯшон ҳуҷум овард. Падараш мегуфт, ки ин Амирбек бародари Асфалихон аст, ки аз чизе қаҳр карда, ба Дарвоз рафтааст ва дарвозиҳоро ҳоло ба сари бародараш овардааст.
– Пи, наход бародар бо бародар ҷанг кунад-а? – ба гапи падараш бовар накарда, пурсид духтар.
– Духтарам, барои тоҷу тахт бародар бо бародар, падар бо писар на ин ки ҷанг мекунанд, балки ҳамдигарро мекушанд.
Бибианор аз кори ҷаҳон ангушти ҳайрат газид. Тасаввур кард додаронаш, ки зери як кӯрпа калон шудаанду дар ғаму шодӣ шарики ҳаманд, Худо накарда, ба сари ҳам шамшер кашанд.
Вале вақте ки лашкари Амирбек ба деҳаи ҳамсоя – Дерзуд расиду хайма зад ва Бибианор давуғеҷи сарбозони силоҳдорро аз болои пуштакӯҳи деҳаашон бо чашми худ дид, шубҳаву гумонаш бартараф шуд. Нимаи дуюми ҳамон рӯз аз ҷониби
Вомар низ лашкари бисёр омад ва дар баромадгоҳи деҳа дар майдони калоне қарор гирифт.
Падару амакҳояш низ ба асп савор шуда, озими урдугоҳ шуданд. Аз паси онон мардони аз бистсола боло ҳам савораву пиёда ба ҷанг рафтанд. Басечи1 сарбозон дар деҳа ба зиммаи падараш буд. Бибианор, ки акнун чаҳордаҳсола шудаву ба воқеаҳои олам сарфаҳм мерафт, медонист, ки аз деҳаашон панҷоҳу се нафар ба лашкар пайваст. Ғайр аз ин, медонист, ки кадом хонавода барои ҷанг чи қадар озуқаву мол додааст. Дар чеҳраҳои калонсолон гарди изтиробу ташвиш нишаста буд, аммо кӯдакону сафарбарӣ наврасон бо ифтихору шодмонӣ ба якдигар мегуфтанд:
– Дар деҳаи мо ҷанг мешавад!!!
Офтоб ба сари кӯҳ расида буд, ки падару амакаш ҳамроҳи се савор ба хона омаданд. Бибианор ва додарону хоҳаронаш онҳоро дар рӯйи ҳавлӣ пешвоз гирифтанд. Саворон аспҳои худро ба дарахтон бастанд. Бибианор дар байнашон Манзаршоро диду аз ин вохӯрии ғайричашмдошт дақиқае шах шуд.
Ӯ дар сар кулаҳхуди сияҳфоми гӯшидор, дар тан хафтони калтачамонанд бо миёнбанди чармини қирапчиаш филизӣ, шалворҳои зарди фарох, дар по пехҳои баланди тагчармашон ғафс дошт. Дар паҳлуи росташ шамшери дарозе бо ғилофи норанҷӣ овезон буд. Риши кӯтоҳи зардрангаш бо чашмони нилиаш бозӣ мекард.
Манзаршо баробари дидан Бибианорро шинохт ва хитоб кард:
– Номат Бибианор буд-а?
Духтар бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва хаёл кард, ки аз шарму ҳаё вуҷудаш об шуд.
– Сагчаҳоят калон шудаанд, Бибӣ, – суханашро давом дод Манзаршо, – ҷанг тамом шавад, ба ту нишон медиҳам.
Ӯ чанд сонияи дигар назди Бибианор истоду пас ҳамроҳи дигарон ба хона даромад. Бибианорро ҳиссиёти аҷибе пахш кард. Андешааш карахт шуд, тамоми олам аз ҷунбиш бозистод.
Ва, баракси ин, дилаш зуд-зуд тапидан гирифту нафасаш гиреҳ баст. Духтар фикр кард, ки бемор шудааст, аммо вақте ҷониби хона ду-се қадам гузошт, аз «беморӣ»-аш осоре намонд.
Меҳмонон пас аз сарфи таом ба анбор даромаданд. Анбор дар баробари ғаллаву орд ва дигар анвои озуқа живи2 алоҳидае барои аслиҳа дошт, ки аз се камони пилтаӣ, панҷ шамшер, чанд навъ ханҷар ва хафтону найза иборат буд. Онҳоро ба саҳ1. Қирапчӣ – қисми филизии тасма, ки барои бастани он хизмат мекунад.
Манзаршо хар як силоҳро бодиққат аз назар гузаронду гуфт:
– Хеле хуб, до Қубод, борут ҳам дорӣ?
– Се тоқӣ1 ворӣ дорам, – ҷавоб дод Қубодхон, – ҳоло мебиёрам.
Пас аз он ки Қубод халтачаҳои чармини борутро ба Манзаршо супурд, меҳмонон хайрухуш карданд. Маслиҳат шуд, ки Қубоду бародараш субҳ ба лашкар пайванданд.
Бибианор аз нақли падару амакаш фаҳмид, ки ҳокими Рӯшон Асфалихон Манзаршоро дар ҷанг ба муқобили лашкари дарвозиҳо сипаҳсолор таъйин кардааст. Духтар ниҳоят ҷуръат карда, саволеро, ки ду сол боз барояш ҷавоб меҷуст, дар назди падараш ба забон овард:
– Пид, он сол Манзаршо ба Асфалихон саги бисёр бурд. Ба ҳоким ин қадар саг чӣ лозим?
– Сагҳо қалъаи ҳокимро посбонӣ мекунанд. Ғайр аз ин, Асфалихон сагҷангу шикор бо сагонро бисёр дӯст медорад.
Ниҳоят духтар ба саволаш посухи қонеъкунанда гирифт.
– Пид, дар ҷанги пагоҳ фақат дарвозиҳо кушта мешаванд ё рӯшониҳо ҳам мемуранд?
Қубод ба ин саволи содалавҳонаи духтараш аввал хуб хандид, сипас қиёфаи ҷиддӣ гирифту гуфт:
– Духтарам, камону шамшер намепурсад, ки ту рӯшониӣ ё дарвозӣ. Дар ҷанг зӯр нозӯрро мекушад.
Духтар банохост дарк кард, ки дар ҷанг фардо падараш ҳам метавонад кушта шавад. Дилашро ваҳм зер кард, пушташ ларзид. Бо илтиҷо хитоб кард:
– Пид, илтимос, ба ҷанг нарав.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё