Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Стсинтиграфия

Стсинтиграфия бо Тс 99м пирофосфат:

- стсинтиграфияи миокард – ҳангоми гумонбар шудан аз инфаркти паспаҳлўгӣ дар заминаи блокадаи пойгаҳои чапи дастаи Гис:

- стсинтиграфияи вентелятсионӣ – перфузионии шуш ҳангоми гумонбар шуда аз тромбоэмболияи шарёни шуш:

вентрикулографияи изотопӣ дар ҳолати оромӣ ва сарбории ҷисмонӣ имконият медиҳад, ки функсияи ёзонидагии меъдачаи чап баррасӣ шавад.

Ангиография

Чунин таҳқиқотҳо гузаронида мешаванд:

ангиографияи коронарӣ – ҳангоми гумонбар шудан аз ИБС

аортография – ҳангоми гумонбар шудан аз аневризми ҷудошавандаи абҳар

ангиопулмонография – ҳангоми гумонбар шудан аз тромбоэмболияи шарёнҳои шуш.

Таҳқиқотҳои сурхрўда

Эзофагоскопия

Таҳқиқотҳои рентгенологӣ бо барий.

Стсинтиграфия бо Тс 99м

Манометрия.

Хислатҳои дарди қитъаи сина ҳангоми бемориҳои алоҳида

ИБС (бемориҳои ишемии дил)

Дард ҳангоми стенокардия ва инфаркти миокард, маъмулан, дар паси тўш ҷойгир шуда, ба ҷоғи поён, гардан, прушт (байни шонаҳо), сари дил (эпигастрия), дар равиши сатҳи дарунии дастҳо паҳн мешавад.

Дард ба дасти чап 20 маротиба аз дасти рост зиёдтар паҳн мешаванд.

Дард метавонад, ки аввал дар дастҳо ё эпигастрия пайдо шавад, на ин ки дар паси туш.

Ҳатман маълум месозад, ки дардро чӣ ба таҳрик меорад ва чӣ кам мекунад, ин имконият медиҳад, ки стенокардии аз кардиалгия ҳангоми бемориҳои сутунмўҳра фарқ карда шавад.

Ҳангоми шикоя кардан аз аз дарди паси туш, ки новобаста аз сарбории ҷисмонӣ, дар ҳолати дароз кашидагӣ ё ҳангоми хам кардани бадан пайдо мешавад. Эзофагоспазм ва рефлюксэзофагит истисно карда мешавад. Монанди стенокардия дард ҳангоми бемориҳои сурхрўда метавонад, ки ба дасти чап паҳн шавад.

Зиқи дил (Стенокардия)

Дарди пуршиддат ҳангоми стенокардия маъмулан 3-5 дақиқа давом мекунад, баъди истеъмо кардани нитроглитсерин мегузарад. Дар ҳолати ноустувор будани стенокардия хуруҷҳо тўлонӣ ва вазнин мебошанд. Дар чунин ҳолатҳо дар асоси аломатҳои клиникӣ баъзан барғалат инфаркти миокард ташхис карда мешавад. Аммо тағйиротҳои махсуси ЭКГ дар ин маврид дида намешаванд, фаъолнокии ферментҳо тағийр намеёбад.

Ба таври иловагӣ стенокардияи возоспазматикӣ ҷудо карда мешавад, ки аз спазмаи гузарандаи шарёнҳои коронорӣ вобаста аст.

Хуруҷҳои стенокардия метавонанд, ки на танҳо ҳангоми сарборӣ доштан, балки ҳангоми аритмияҳои проксизмалӣ (ҳангоми проксизмҳо) низ пайдо шуда метавонанд. Дар ин ҳолат дард якҷоя бо аритмия пайдо ва нест мешавад.

Инфаркти миокард

Ҳангоми инфаркти миокард дард 15-20 дақиқа давом мекунад, баъди истеъмол кардани нитроглитсерин нест намешавад.

Рангпаридагӣ, арақи сарди часпак, дилбеҳузуршавӣ, қайкунӣ, гипотонияи шарёнӣ ба назар мерасанд. Шаклҳои бедарди инфаркти миокард аксар вақт ҳангоми диабети қанд ба назар мерасад.

Аневризмаи ҷудошавандаи абҳар (аорта)

Ҳангоми аневризмаи ҷудошавандаи абҳар ногаҳон дар паси тўш дарди сахт пайдо мешавад. Вай ба пушт, батн, пойҳо паҳн мешавад.

Аломати муҳими ташхисӣ – набзи гуногун дар шарёнҳои хоб, соид ва рон.Ҷудошавии абҳар аксар вақт бо оризаи окклюзияи коронарӣ ва шарёнҳои гурда, норасоии абҳар, инсулт, тампонади дил пайдо мешавад.

Тромбоэмболияи шарёнҳои шуш

Тромбоэмболияи шарёнҳои шуш якҷоя бо дардҳои паси тўш, нафастангӣ ва аз ҳуш рафтан сурат мегирад. Ҳангоми таҳқиқотҳои физикалӣ, маъмулан, тағйиротҳо ба назар намерасанд. Дар ҳолатҳои вазнин гипотонияи шарёнӣ, норасоии шадиди меъдачаи чап, таваққуфи хунгардиш дида мешавад. Осебдидани тана ва шохаҳои калони шарёни шуш аксар вақт марговаранд. Дар 10%-и ҳолатҳо тромбоэмболияи шарёнҳои шуш бо инфаркти шуш оризанок мешаванд, вай бо дард зоҳир мешавад, ки ҳангоми нафасгирӣ ва хунтуфкунӣ шиддат мегирад.

Ташхиси тромбоэмболияи шарёнҳои шуш махсусан ҳангоми ягона симптом будани нафастангии ногаҳон пайдошуда хеле душвор мебошад. Тавсифи дардҳо ҳангоми баъзе шаклҳои ИБС

Шакли ИБС Давомнокӣи хуруҷ

Чӣ дардро ба вуҷуд меорад

Аломатҳои дигар

Стенокардияи бошиддат

3-10 дақиқа Сарбориҳои ҷисмонӣ ва эмотсионалӣ

Дар ҳолати оромӣ ва пас аз истеъмоли нитроглитсерин нест мешавад.

Стенокардияи ноустувор

5-15 дақиқа Новобаста аз сарбориҳо пайдо мешавад

Баъди истеъмоли нитроглитсерин оҳиста мегузарад.

Инфаркти миокард

15-20 дақиқа Новобаста аз сарборӣ пайдо мешавад

Баъди истеъмоли нитроглитсерин нест намешавад.

Дилбҳузуршавӣ, қайкунӣ, гипотонияи шарёнӣ, аритмия имкопазир аст.

Перикардит

Ҳангоми перикардитба амал меояд:

дарде, ки ҳаногми сулфида, нафасгирии амиқ, баъзан ҳангоми қурткунӣ ба амал меояд,

дарди доимии фишордиҳанда дар паси тўш, ки ба стенокардия монанд аст,

дарди набздор дар қитъаи дил ва китфи чап

Пневмоторакс

Ҳангоми ногаҳон пайдо шудани дар два нафастангӣ, махсусан дар беморони гирифтори астмаи бронхиалӣ ва эмфиземаи шуш аз бемории пневмоторакс гумонбар шудан лозим аст. Пневмоторакс баъзан ба ягон бемории шуш низ пайдо шуда метавонад. Ин махсусан барои мардҳои лоғарандоми ҷавон хос аст. Ҷойгиршавӣ ва шиддатнокияш гуногун аст.

Зиёд шудани нафастангӣ ва дард аз пневмоторакси пуршиддат гувоҳи медиҳад; дар он пунксияи (тазриқи) фаврии плевра зарур аст. Бемориҳои сурхрўда

Ҳангоми рефлюкс – эзофагит дарди сўзишнок дар паси тўш ва сари дил (эпигастрия) ба назар мерасад, вай ба ҷоғи поён паҳн мешавад, дард ҳангоми дароз кашидан, ба пеш хам шудан, махсусна баъди истеъмоли ғизо пайдо мешавад ва шиддат меёбад, аксар вақт барои хобида халал мерасонад. Эзофагоспазм ба ин беморӣ ҳамроҳ шуда, дардро бозҳам пуршиддат месозад.

Эзофагоспазм аксар вақт бе рефлюкс эзофагит низ дида мешавад.

Дар ин ҳолат дард ҳангоми истеъмоли ғизо, махсусан агар ғизо хеле гарм ё хеле хунук бошад, пайдо мешавад: дард бештар ба пушт паҳн мешавад. Ташхиси тафриқии ҳолатҳои нисбатан хатарнок, ки дар онҳо дарди қитъаи сина дида мешаванд

Инфаркти миокард

Шиддатноки и дард

пешина
аз 37
навбатӣ