Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

3.4. Дарди шикам

Дарди шикам яке аз симптомҳои маъмулӣ ва муҳими бемориҳои узвҳои системаи ҳозима мебошад, дардҳои соматикӣ ва виссералиро фарқ мекунанд. Дарди соматикӣро таҳрик ё ангезиши бофтаҳои сатҳӣ, ки дорои асабҳои ҳиссӣ мебошанд, яъне пўст, ҳуҷайрабофти зери пўст ва шикампарда ба вуҷуд меоранд. Маъмулан вай шадид аст ва ҷояш низ дақиқ, дар нуқтаи ангезишмебошад. Дарди виссералӣ (дарунӣ) ҳангоми ангезиши узвҳои ковокии шикам пайдо мешавад, маъмулан, вай кун даст, ҷояш низ аниқ нест.

Ҳамин тавр, дар ташаккул ёфтани дард омилҳои зиёд иштирок мекунанд: осеб дидани бофтаҳои узвҳо, дар онҳо ангезиш ёфтани охираҳо (нўгҳо) асаб, ноқилҳои асабӣ, ҳароммағз ва майна.

Сабабҳои дард бемориҳои гуногуни узвҳои ковокии шикам мешаванд: халаи ҷигар (бемории санги талхадон), захми меъда ва рўдаи 12 ангушта, омоси меъда, рўдаҳо ва ғадуди зери меъда, дискинезияи роҳҳои талхабарор, талхадон, ғадуди зери меъда, рўдаҳо, гурдаҳо, масона, бачадон ва зоидҳои он.

Сарчашмаи дард бемориҳои худи девораи шикам низ шуда метавонанд (чурра, ҷароҳатҳо ва илтиҳоб).

Махсусан дардҳое, ки сабабаш бемориҳои захмҳои шикофшудаи меъда, рўдаи 12–ангушта, ногузаронандагии рўдаҳо, холесистити шадид, панкреатити шадид, аппендитсити шадид, илтиҳоби шикампарда

(перитонит) ва ғ мебошанд, таҳлукаангез мебошанд. Ин бемориҳоеро, беҳуда зери унвони «шиками сахт» гирд наовардаанд, онҳо ба ҷарроҳии фаврӣ зарурат доранд. Пас, ҳангоми дар қитъаи шикам пайдо шудани дард машварати фаврии табиб ҳатми аст. Шикам сахт ин истилоҳи умумӣ аст ва ҳолат фавқулоддаи ковокии шикамро дар вақти номаълум будани сабабҳо мефаҳмонад. Симптоматикаи шиками сахт метавонад, ки аснои ҳар гунна бемориҳои ҷарроҳишавандаи узвҳои ковокии шикам ва ҳам ҳангоми садамаҳо пайдо шуда метавонанд.

Барои ташхис чунин хислатҳои дард аҳамияти калон доранд: мавқеъ, хислат, шиддатнокӣ, давомнокӣ, хуруҷҳои дар два инкишофи он, даврагӣ будан, ритми дардҳо, омилҳое, ки дардро шиддатнок ё суст месозанд. Мавқеи эҳсосоти дард то андозае имкон медиҳанд, ки дар бораи осебёфтанӣ ин ё он узв хулоса барорем. Дарди қитъаи сари дил (эпигастрия) ҳангоми бемориҳои диафрагма, меъда, рўдаи 12-ангуша, ғадуди зери меъда, рўдаи ғафси кундаланг, чурраи хати сафеди шикам дида мешавад. Дардҳои зерқабурғаи рост ҳангоми бемориҳои талхадон ва роҳҳои талхарон, ҷигар, сараки ғадуди зери меъда, рўдаи 12-ангушта, каҷии наздиҷигарии рўдаи ғафс, гурдаи рост ба назар мерасанд. Дардҳои зерқабурғаи чап ҳангоми иллатнок шудани меъда, ғадуди зери меъда, испурч, қисми чапи рўдаи ғафс, гурдаи чап, диафрагма, ҳисаи чапи ҷигар пайдо шуда метавонанд.

Дардҳои қисми болои шикам (тобдиҳанда) ба осеби ғадуди зери меъда ва диафрагма хос ҳастанд. Дардҳои назди ноф дар вақти бемориҳои рўдаи борик ва гиреҳҳои лимфавии масориқа (Mesenterium), чарбу (omentum), чурраи девораҳои шикам пайдо мешавад. Дардҳои қитъаи тиҳигҳои чап хоси илтиҳоби шохаи кирмшакл (аппендитсит) ва кўрруда хастаанд.

Дардҳои қитъаи тиҳигоҳи чап аз бемориҳои қисми чапи рўдаи ғафс, гурдаи чап, ҳолиб ва зоидҳои бачадон вобастагӣ доранд.

Дардҳое, ки дар қитъаи болои зиҳор қарор доранд, дар натиҷаи бемориҳои масона ё чурраи қаткашак пайдо мешаванд. Дардҳои паҳнёфтае, ки тамоми қитъаи шикамро фаро мегиранд, метавонанд, ки дар вақти илтиҳобҳои паҳнёфтаи шикампарда (перитонит), раванди часпандагии рўдаҳо, ногузаронандагии рўдаҳо, аксар вақт ҳангоми дар шикам ҷамъ шудани гази зиёд ё моеъ дар ковокии шикам пайдо шаванд.

Аммо, мавқеи эҳсосоти дард аҳамияти шартии ташхисӣ дорад, зеро аксари мавридҳои дард на дар қитъаи узви осебдида, балки дар ҷойҳои паҳншавии он, яъне дар қисми дигари шикам зоҳир мешавад. Ғайр аз ин, баъзе бемориҳои дигари узвқафаси сина (инфаркти миокард, пневмонияи хуноқӣ, плеврит) метавонанд, ки сарчашмаи дардҳои дар қисми болоии шикам пайдошуда бошанд.

Муайян кардани хислати дард низ аҳамияти ташхисӣ дорад. Сўзиш аломати ангезиши луобпардаи сурхрўда, меда ё рўдаи 12-ангушта мебошад.

Дардҳои фишордиҳанда, кунд хоси калон шудани ҷагар, омосу кистаҳо, афтидани узвҳо, дар ковокии шикам ҷамъ шудани газ ё моеъ мебошад.

Дардҳои зеркунанда (дардҳои халамонанд) ҳангоми баланд шудани тонуси мушакҳои ҳамвори узвҳои ковокии шикам мебошанд. Халаи талха, гурдаҳо ва рўдаҳоро ҷудо мекунанд. Сабаби халаи талха асосан аз роҳхои талха гузаштани санг мебошад. Дардҳои ҳангоми бўҳрони санги талхадон шадидтарин дардҳо мебошанд маъмулан хуруҷи халаи талха ҳангоми риоя накардани қоидаҳои истеъмоли ғизо ё парҳез, махсусан пас аз истеъмоли ғизои равғанӣ бирёншуда ба амал меояд. Дардҳо асосан дар қитъаи эпигастрия ва зерқабурғаи рост ҷойгирбуда ба китиф ва шонаи чап114 мегузаранд. Дилбеҳузуршавӣ қариб ҳамеша дар вақти халаи талха дида мешавад ва бештари вақтҳо ба зардпарвин табдил меёбад. Халаи гурдаҳо одатан ҳангоми санги масона рух медиҳад. Дардҳо асосан дар қитъаи гурдаҳо ва шикам ҷойгир буда, ба пушт ва поении шикам мегузаранд , пешобкунии дарднок ва дар хун пайдо шудани пешоб ба ин бемори хос аст.

Ҳангоми халаи рўдаҳо дардҳо дар тамоми шикам паҳн мешаванд, дамиши шикам, қур-қур ва халалдор шудани наҷосат ба амал меояд.

Дардҳои сўрхкунанда (ханҷарзанӣ) ҳангоми захми сўрохшудаи меъда ва рўдаи 12-ангушта, саратони ғадуди зери меъда, ногузаронандагии шадиди рўдаҳо, перитонит, ҳомилагии хориҷибачадонӣ ва ғ. дида мешаванд.

Паҳншавии дард назар ба ҷойгиршавии он аҳамияти бештари ташхисӣ дорад.

Симптомҳои типии паҳншавии дардҳоро мебинем: а) дард ба боло аз қитъаи эпигастрия ҳангоми протсессҳои қисми поёнии сурхрўда ва ё дар қисми болоии меъда паҳн мешавад. б) дардҳо дар зерқабурғаи рост ҳангоми захми қисми баромадгоҳи меъда захми рўдаи 12 –ангушта, ҳангоми бемориҳои роҳҳои талхарон ва вас араки ғадуди зери меъда паҳн мешаванд; в) дардҳо ба зери шонаи рост ҳангоми бемориҳои талхадон паҳн мешаванд; г) ба зерқабурғаи чап ё ба зери шонаи чап дард ҷисм ё думи ғадуди зери меъда ҳангоми захми меъда, омоси рўдаи ғафс паҳн мешавад; д) ба китф дард метавонад, ки ҳангоми бемории диафрагма, панкреатити шадмд, холесистити шадид ва бемориҳои санги талхадон паҳн шавад. е) дард ба чорбанд ҳангоми бемориҳои гинекологӣ паҳн шуда метавонад; ж) дард ба қитъаи қаткашак аз гурдаҳо ва ҳолиб (Ureter) паҳн шуда метавонад; давомнокии дард, бештар хоси намуди беморӣ мебошад, назар ба узвҳо. Дарде, ки аз асари ихтилоҷ сар мешавад, сонияҳо ё дақиқаҳо давом мекунад: дарде, ки ҳангоми ангезиши луобпарда ё ҳангоми гузоштани санг пайдо мешавад, соатҳо давом мекунад: дард ҳангоми илтиҳоб рўзҳо, ҳангоми захм ҳафтаҳо тўл мекашад.

Даврагӣ будани дард низ аҳамиятьи зиёди ташхисӣ дорад. Дардҳои номунтазами халамонанд (халаҳо) хоси бемориҳои санги талхадон ва санги масона ҳастанд. Хала – ин дардест, ки ба таври ритмӣ нест мешавад.

Дардҳои доимӣ маъмулан ҳангоми бемориҳои часпидагиҳо, омосҳо ва ғ. ба назар мерасанд. Вобастагии дардҳо аз истеъмолу хусусияти ғизо низ115 аҳамияти муайяни ташхисӣ доранд. Масалан, ҳангоми осеб дидани сурхрўда дардҳои дар вақти хурокхўрӣ, ҳангоми бемориҳои меъда баъди 15-30 дақиқа ҳангоми бемориҳои рўдаи 12-ангушта баъди 1-2 соат истеъмоли ғизо пайдо мешаванд. Дардҳои шабона ва дардҳое, ки пас аз истеъмоли ғизо («дардҳои гуруснагӣ») ё баъди истеъмоли ишқорҳо аз байн мераванд, ҳангоми баланд будани сатҳи туршии шираи меъда ба вуҷуд меоянд. Пайдо шудан дард баъди истеъмоли ғизои равғанин бирёншуда хоси бемориҳои талхадон ва ғизои тунд (тез) бошад, хоси решмарази меъда ва рўдаи 12-ангушта аст.

Қазои ҳоҷат кардан (дефексия) дардҳои ҳангоми қабзияти оддӣ ба амаломадаро қариб, ки ҳамеша ва баъзан дардҳои қабзияти спазматикиро низ сабук мекунад.

Баръакс, ҳангоми рўдаи ғафс таҳрикёфта ва ва ҳангоми исҳоли функсионалӣ қазои ҳоҷат кардан метавонад, ки дардро зиёд кунад.

Вазъи бадан ҳангоми чурраи сўрохии диафрагмагии сурхрўда таъсир расонида метавонад: агар ба пеш хам шавад, дард пайдо мешавад, махсусан дар вазъи дароз кашидагӣ. Барои ҳамин шабона пайдо шуда ва баъди росткунии бадан сабук шудани дард типӣ мебошад.

Ҳангоми санги гурда дард ҳангоми ҳаракат кардан (дар автобусу мошид рафтан) пайдо мешавад. Аз вазъи бадан вобаста будани дард ба осеб ёфтани сутунмўҳра хос аст. Агар дарди сари дил (эпигастрия) ҳангоми роҳгардӣ пайдо шавад, пас аз вуҷуд доштани стенокардия гумонбар шудан мумкин аст.

Ин ақида ғалат аст, ки сабаби дарди қитъаи шикам танҳо узве бошад, ки дар наздикии зери мавқеи дард ҷойгир шудааст. Чунин ҳолатҳои тасодуфӣ хеле кам рух медиҳанд, зеро ки хатто типҳои дарҳое низ ҳастанд, ки қитъаи шикам пайдо мешаванд ва умуман ба узвҳои ковокии шикам ягон робитае надоранд.

Дардҳои қитъаи шикамро аз рўйи хусусият ва пайдоиш ба чунин типҳо ҷудо мекунанд: а) дарди решачаҳо, ки дар натиҷаи фишордиҳии решачаҳо деформатсияшуда (сипондилез) ба амал омадааст; б) дарде, ки аз асари бемориҳои узвҳои ба системаи ҳозима дахлнадошта ва бемориҳои умумӣ (бемории испурч, баъзе бемориҳои шадиди сироятӣ, бемориҳои рагҳои узвҳои шикам, ҳавзаки гурда ва ҳасиб, илтиҳоби хояҳо ва зоидҳои онҳо, илтиҳоби шуш ва плевр, заҳролуд шудан аз сурб, симоб ва марги муш, стенокардия, инфаркти миокард ва ғ.) ба вуҷуд меояд. Ин гурўҳи бемориҳо хеле калон аст.

Дар ин ҷо пайдошавии дард гуногун аст. Одатан гап аз хусуси он меравад, ки ё дардҳо аз узвҳо ба инерватсияи (асабтаъминкунии) решачаҳо мераванд (масалан, аз узвҳои қафаси сина) ё аз дарди дуввуми висералӣ, ки ба таври рефлекторӣ дар узви солим пайдо мешавад. в) дардҳо дар бофтаҳои асабҳо, махсусан дар асаббофти батнии ковокии шикам. г) дардҳои невропатӣ дар невротикҳо ва психопатҳо.

Дар ёд доштан лозим аст, ки вокуниши бемор дар муқобили дард на фaқат аз намуд ё шиддати осеб, балки аз ҳискунӣ ва тафсири эҳсосот низ вобаста аст.

Эҳсосоти дарки дард, ҳам шидатнокӣ ва ҳам хусусияти дард инфиродӣ аст. Як гурўҳи одамон ҳангоми ҳамаи як импулс танҳо эҳсосоти сузиш дилбеҳузуршавӣ, гуруҳи сеюм дардҳои тоқатнопазирродарк мекунанд.

Эҳсосоти дарднок ҳангоми ҳайзбинӣ, ҳомилагӣ, дар давраи климактерӣ, ҳангоми зиёд шудани фаъолнокии асабӣ шиддат мегирад. Ҳолати фаъолияти олии асаб хеле муҳим аст. Баъзе одамон нисбат ба дард хеле ҳассос ҳастанд. Аҳамияти ташхисии дард ҳангоми онро бо дигар маълумотҳои клиникӣ ва лабораторӣ мқоиса намудан, баландтар мешавад.

Дилбеҳузуршавӣ

Дилбеҳузуршавӣ – ин эҳсосоти нохуш дар қитъаи сари дил ё эпигастрия буда, рафтани оби даҳон, рангпаридагии қабатҳои пўст, серарақӣ, сарчархӣ ва ҳатто ғашён онро ҳамроҳӣ мекунанд. Патсиентӣ нисбат ба ғизо нафрат пайдо мекунад, баъзан худро карахт ҳис мекунад ва гўё дар баданаш мурча медавад. Дилбеҳузуршавӣ аксар вақт ба қайкунӣ меанҷомад.

Дилбеҳузуршавӣ ба пайдо шудани норасоии функсионалии меъда алоқаманд аст. Механизми пайдошавии он дақиқан маълум аст.

Чунин ақида мавҷуд аст, ки дар ин ҳолат ангезиши асабҳои гумном ва шикам ва баъдан ангезиши «маркази асаб қайкунӣ» дар майна аҳамияти калон доранд.

Дилбеҳузуршавиро ҳангоми бемориҳои гуногун (гастрити музмин, саратони меъда ва ғ.) дидан мумкин аст.

Аммо вай аксар вақт ба осебҳои роҳи ҳозима алоқаманд нест балки яке аз симптомҳои заҳролудшавӣ (интоксикатсия) мебошад, аз ҷумла заҳролудшавӣ аз дорувориҳо ҳангоми ҳомиладорӣ бемориҳои системаи пешобу таносулии, невроз ва ғ. ҳамин тавр, дилбеҳузуршавӣ симптоми маъмулии бемориҳои зиёд мебошанд ва сабаби онро танҳо пас аз муомилаи ҳаматарафаи бемор аниқ кардан мумкин аст. Истифроғ (қайкунӣ)

Қайкунӣ – ба воситаи даҳон ё баъзан ба воситаи сўрохиҳои бинӣ қисман ё пурра хориҷ кардани мўҳтавои меъда (баъзан сурхрўда) мебошад.

Моҳиятан, қайкунӣ марҳилаи возеҳтари дилбеҳузуршавӣ аст.

Қайкунӣ амали мураккаби рефлекторӣ буда, аз ангезиши маркази қайкунӣ, ки дар майна ҷойгир аст, вобастагӣ дорад. Ҳангоми ба вуҷуд омадани қайкунӣ механизмҳои зерин иштирок мекунанд: таранг шудани қисми баромадгоҳи меъда, кашишхўри ё тарангшавии диафрагма ва мушакҳои преси шикам, баланд шудани фишори дохили шиками ва дохили меъдагӣ ва ниҳоят босуръат партофтани мўҳтавои меъда аз тариқи рўда ба даҳон. Қайкунӣ маъмулан борангпаридагии, зиёд арақ кардан, сустии зиёд, набзи тез, паст шудани фишори шарёни ҳамроҳ ҷараён мегирад.

Қайкунии марказӣ ва рефлекторӣ мавҷуд аст. Қайкунии марказӣ дар натиҷаи ангезиши «маркази қайкунӣ» бевосита аз дорувориҳо, заҳролудшавӣ бо роҳи механикӣ (баланд шудани фишори дохили косахонаи сар) ва ё роҳҳои психагенӣ ба амал меояд.

Қайкунии рефлекторӣ дар асари «маркази қайкунӣ»-ро барангехтани ипмпулсҳои асабӣ, ки аз узвҳои дарунии осебида меоянд, ба вуҷуд меоянд.

Қайкунии симптоми маъмулӣ, вале номахсуси бемориҳои зиёд аст. Вай ҳангоми бемориҳои системаи марказии асаб, дастгоҳи бестибулярӣ як қатор бемориҳои сироятӣ ва заҳролудшавӣ, табларза, ҳомилагӣ, бемориҳои узвҳои дарунӣ ва ғ. мебошад. Баъзан қайкунӣ метавонад, ки вокуниши маъмулии

(одатии) рефлекторӣ дар ҷавоб ба ҳар гунна барангезанда боша два ҳангоми ҳаяҷон ва имултсияҳо («қайкунии психогенӣ ё ибтидоӣ») пайдо шавад.

Симптомҳои дигаре, ки ҳамзамон бо вай дида мешаванд, метавонанд, ки барои муайян кардани сабаби қайкунӣ ёри расонанд: қайкунӣ ҳангоми бемориҳои ҷиддии органикӣ боиси лоғаршавӣ мегардад; баракс, ҳангоми қайкунии функсионалӣ беморон лоғар намешаванд ва зоҳиран солиманд.

Ҳангоми бемориҳои узвҳои ковокии шикам қайкунӣ асосан ҳангоми тангшавии (стенозӣ) қисми баромадгоҳи меъда, холисистити шадид, панкреатити музми, халаи талхадон ба назар мерасад. ҳангоми шадид сар шудани қайкунӣ пеш аз ҳама синдроми шиками сахтро истисно бояд кард.

Дар бораи сабаби қайкунӣ аз рўйи ин нишондодҳо сухан рондан мумкин аст: инмпулси ба вуҷуд оваранда, ҳолати пеш аз қайкунӣ, замон ва миқдори пайдошавӣ, хусусият бўй ва ранги муҳтавоии қайшуда. Ҳангоми бемориҳои узвҳои ҳозима пеш аз қайкунӣ дилбеҳузуршавӣ, дарди шикам ба назар мерасад. баракс қайкунии дилбеҳузуршавӣ, хоси осеби майна (садама, омос ва ғ.) аст.

пешина
аз 37
навбатӣ