ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Қабзият
Қабзият ин халалдо шудани холишавии рўдаҳо аст, к ибо зиёд шудани фосилаи байни қазои ҳоҷат нисбат ба мъёри инфиродии физиологӣ ва ва душворшавии қазои ҳоҷат зоҳир мешавад. Дар бораи қабзият вақте сухан гуфтан мумкин аст, ки агар да 24 соат ақалан як бор қазои ҳоҷат карда нашавад. Хусусиятҳои наҷосат ҳангоми қабзият ҳар хел аст: сахт, хушк, лундачаҳои майда, баъзан наҷосат моеъ ё обакӣ низ дида мешавад. Обакӣ будани наҷосат ҳангоми қабзият дар натиҷаи дар рўдаи ғафс ва рострўда рукуд кардан ва дубора мулоимшавии наҷосат ба амал меояд.
Ҳангоми қабзияти дурру дароз беморон фишори шикам, дилбеҳузуршавӣ ва сардард ҳис мекунанд.
Панҷ омилҳои гуноогунро номбар кардан мумки наст, ки боиси оҳиста шудани холишавии рўдаҳо мебошад:
1. Сади механикӣ дар рўдаҳо;
2. дар порчаҳои васеъшуда ё дарозшудаи рўдаҳо ҷамъ шудани наҷосат;
3. Фалаҷи перисталтикаи рўдаҳо;
4. Перисталтикаи сусти рўаҳо;
5. Халалдор шудани амали қазои ҳоҷат (дефенатсия).
Қабзият аломати бемориҳои гуногун ва ё натиҷаи таъсиррасонӣи баъзе омилҳои нохуби муҳити берунӣ буда метавонад.
Қабзияти алиментарӣ. Дар натиҷа нокифоя истеъмол намудани маҳсулоти ғизои ё моеъҳо, сифати ғизои номукаммал (камбудии нгамаки калий, витаминҳо, ҳуҷайрабофти растангӣ, ритми нодурусти ғизо) ба амал меояд. махсусан, аксар вақт боиси пайдошавии он дефитсити (нуқсони) сабзавоту меваҷот ва буттамеваҳо дар ғизо шуда метавонанд.
Қабзияти неврогенӣ. Бо пайдошавии таъсироти рефлектории дарднок ҳангоми решмараз, дуоденит, холесистит, бемории санги масона, пиелонефрит, илтиҳоби зоидаҳои бачадон ва ғ. алоқаман аст. Қабатҳои неврогенй ҳангоми бемориҳои неврологӣ (склерози парешон, халалдор шудани хунгардиши майна, омос ва садамаи майна ва ҳароммағз) пайдо шуда метавонанд.
Қабзияти козиб (дурўғин). Дар натиҷаи тасаввуроти нодуруст пайдо кардан оид ба физиологияи дефексия ё невронатия пайдо мешавад.
Қабзияти психогенӣ. Ба ин гурўҳ қабзиятҳои ба истилоҳ одати (дар натиҷаихалалдор шудани одати холишавии ҳаррўзаи меъда ҳангоми дигар кардани макони зист, сафарҳои тўлонӣи реҷаи бистарӣ) дохил мешаванд.
Ғайр аз ин, қабзият ин ҳамсафари бемориҳои психогенӣ, аз ҷумла норпомания (нашъамандӣ) мебошад.
Қабзият инчунин дар асари бемориҳои аноректалӣ – бавосир, роғрафтагии мақъад, думали окорепталӣ ва бемориҳои дигар пайдо шуда метавонад, ки ҳаморҳ бо спазми сфинктери маъқад (анулс), захму илтиҳоби рострўда сурат мегирад.
Гиподинамия, лоғаршавӣ, чурраи дифрагма, суст, мушакҳои девораи пеши шикам ва чапан низ сабабҳои имконпазири қабзият шуда метавонанд.
Қабзият метавонад, ки ҳангоми диабети қанд, ҳомиладорӣ ва климакс низ пайдо шуда метавонад.
Қабзияти заҳролудӣ ҳангоми интокси катсияҳои музмини аз свинея ва симоб, инчунин ҳангоми истеъмоли дорувориҳо (афюн, пешобронҳо, антибиотикҳо, сулфаниламид ва ғ.) пайдо мешаванд.
Қабзияте, ки ба монаҳои механики ҳаракат кардани мўхтавои рўдаҳо вобастаанд: омос, дивертикули рўдаи ғафс, бемориҳои часпидан, поён фаромадани рўдаҳо ва ғ. Ниҳоят, қабзияти спазматикӣ мавҷуд аст, ки яке аз вариантҳои рўдаи ғафс таҳрикшуда ба ҳисоб меравад.
Ду механизми асоси пайдошавии қабзият: а) халалдор шудани функсияи рўдаи ғафс; б) халалдор шудани амали дефексия.
Халалдор шудани функсияи мотории рўдаи ғафс дар халалдор шудани координатсияи кашишхўриҳои рўдаҳо ё халалдор шудани тонуси рўдаҳо зоҳир мешавад, вай аз сабаби халалёбии танзими асабӣ ва гормоналӣи рўдаи ғафс пайдо мешавад. халалдор шудани дифенатсия дар натиҷаи ба ин амал фишор овардани омилҳои психогенӣ, тонуси балани сфинктери маъқад, сустшавии мускулаторае, ки дар амали дифенатсия, пастшавии ҳассоснокии дастгоҳи асабӣи рўдаи рост ва мускулатураи қаъри кос иштирок мекунад. Ба халалёбиҳои амали дефекатсия зиёд будани фосилаҳои байни холишавии рўдаҳо, ки баъзан то 5-7 шабонарўз мерасанд, хос мебошанд.
Консистенсияи массаи наҷосат дар ин мавридҳо гуногун аст, ҳиссаи якуми сахт ва минбаъда мулоим мешавад.
Ташхиси тафриқии халалёбиҳои функсионалии рўдаи ғафс ва осебҳои органики он хеле ҷиддӣ ва мушкил аст. Танҳо таҳқиқотҳои клиникӣ, лабораторӣ, рентгенологӣ ва эндоскопӣ имконият медиҳанд, ки сабабҳои қабзият муқаррар карда шаванд.
Метеоризм (дамиши шикам, Metejvism)
Метеоризм – дамиши шикам, дар натиҷаи зиёд шудани газ дар рўдаҳо пайдо мешавад. маъмулан беморон дар шикам эҳсосоти нохуб ва дарднокро ҳис мекунанд. Чунин ҳолатҳоро фарқ кардан зарур аст: а) метеоризми ҳақиқӣ; б) эҳсосоти бардурўғи дамиши шикам ҳангоми зиёд будани тонуси мушакҳои шикам; в) хориҷшавии бошиддати газ ба воситаи маъқад; г) дамиши шикам на аз сабаби ҷамшавии газ, масалан, ҷамшавии моеъ дар ковокии шикам (астсит).
Метеоризм ҳангоми бемориҳо рўдаҳо махсусан ҳангоми диспепсияи туршшавӣ, ки дар он хориҷшавии фаровони газҳои буяшон на чандо бад, дорои бўйи шадид турш ба назар мерасад. ҳангоми диспепсияи пўсида метеоризм мисли диспепсияи туршшуда возеҳу равшан нест, хориҷшавии ғизоҳо низ кам аст, газҳо бадбўйтар вале беовозанд.
Дар дастгоҳи ҳозимаи одами солим тақрибан 0,5-2л газ ҳаст, онҳо асосан аз маъқад ҳангоми дефекатсия хориҷ мешаванд. Зиёд хориҷ шудани газҳо ҳангоми метеоризм барои хориҷшавии гази зиёдатӣ пайдо мешавад.
Аммо бошидат хориҷ шудани газҳо метавонад, ки беметеоризм низ бошад, яъне дар ҳолате, ки кашишхўриҳои спазматикии рўдаи ғафс мавҷуд бошад, ба шароити ин мувофиқи меъёри дар рўдаҳо мавҷудбуда хориҷ мешавад.
Дар шикам эҳсос намудани пурӣ
Ин эҳсосоти нохуши зиёд дучоршавандаро беморон «гази шикам» меноманд. Аммо фaқат дар баъзе ҳолатҳо ҳодисаҳои зиёд шудани газ дар найчаи ҳозима дида мешаваду бас.
Сабаби хусусии ин эҳсосоти нохуш тарангшавии аз меъёр зиёди рўдаҳо ва девораи шикам мебошад.
Сабабҳои тарангшавии барзиёди девораи рўдаҳо: зиёд шудани мўҳтаво (наҷосат ё газ) дар рўдаҳо ва тарангшавии мушакҳои девораи рўдаҳо (халалдор шудани функсияи двигателии рўдаҳои ғафс). Тарангшавии барзиёди девораи рўдаҳо дар натиҷаи дар ковокии шикам зиёд шудани моеъ, газ, вуҷуд доштани омосҳо, киста, калон шудани ҷигар ва ё ипурч ба амал меояд. Қур – қур ва тоб додани шикам
Ин овозҳо дар асари ба меъда ё рўдаҳо гузаштани газ ё моеъ ба амал меоянд. Дар баъзе мавридҳо онҳо физиологӣ ба шумор мераванд, махсусан дар ҳолати гуруснагӣ ё пас аз истеъмоли ғизо. Қур-қури бошиддат ва баланди нишонаи баланд будани фаъолнокии двигатели рўдаҳо мебошад, ки якбора, ҳангоми интероклити шадид ва нагузаронандагии рўдаҳо пайдо мешавад. қур-қури музми асосан ҳангоми диспепсияҳои функсионалии рўдаҳо дида мешаванд.
Эҳсосоти нохуби пур будани меъда
Ин эҳсосот дар натиҷаи халалдор шудани тонуси меъда пайдо мешавад. Аз ҷиҳати физиологӣ он дар одамони солим баъди сер шудан аз ғизо, махсусан ҳангоми аз ҳад зиёд ёзидани меъда пас аз ғизои фаровон истеъмол кардан пайдо мешавад. дар шахсони дорои перисталтикаи паст ҳангоми паст будани тонуси меъда ин эҳсосот ҳатто ҳангоми ғизои камтар истеъмол кардан, махсусан пас аз ғизои вазнин ва баъди истеъмоли моеъҳо рух медиҳад. Ҳамаи ин халалёбиҳои тонуси меъда метавонанд, ки сабабашон дар худи меъда бошад, аммо бештари вақтҳо онҳо зуҳуроти рефлектории сабабҳои дурр аст, масалан, бемории талхадон ё рўдаҳо.
Диспепсия (вайрон шудани ҳазми хурок, Dyspepsia)
Диспепсия истилоҳи умумӣ аст барои ифодаи ҳамаи халалёбиҳои дар натиҷаи халалдор шудани фаъолияти узвҳои ҳозима, ба ғайр аз дард, пайдошуда мебошад. Диспепсия аз дигар халалёбиҳои дар қитъаи шикам пайдошуда, ки ба узвҳои ҳозима алоқаманд нестанд, бо он варқ мекунад, ки:
1. аз фаъолнокии функсионалии узвҳои ҳозима вобаста аст (аз истеъмоли ғизо, аз дефекатсия);
2. дар он аломатҳои возеҳи халалёбии ҳозима (қайкунӣ, исҳол, қабзия ва ғ.) дида мешавад.
Халалёбиҳои диспепсӣ вобаста аз иллатнок шудани қисмҳои болоӣ ё поёнии дастгоҳи ҳозима ба халалёбиҳои диспепсии меъдагӣ ва рўдагӣ ҷудо мешаванд.
Диспепсияи меъдагӣ чунин халалёбиҳоро дар бар мегирад: эҳсосоти ногувори пурии меъда, аэрогастрия ва аирафагия, оруғзанӣ, зардаҷўшӣ, хуруҷмонанд рафтани оби даҳон, беиштиҳоӣ, дилбеҳузуршавӣ (имкон дорад, ки ба қайкунӣ).
Диспепсия рўдагӣ чунин хусусиятҳоро дорад: эҳсосоти пурии шика, қур - қур тобхўрии шикам, газҳосилшавӣ, исҳолу қабзият.
Сабаби пайдо шудани диспепсия ин ё тағийиротҳои мавзеии анатомӣ (осебҳои органикӣ) ва ё патологии узви дигар ё тамоми организм (осеббинии такрорӣ), ё халалдор шудани танзими асаб (халалёбии функсионалӣ) буда метавонанд. Диспепсия ҳангоми бемориҳои зиёди роҳои ҳозима ба назар мерасад. вобаста аз он, ки дар кадом узв бештар осеб мебинад ва дар асари он диспепсия пайдо мешавад, диспепсияро ба меъдагӣ панкреатитӣ ва рудагӣ ҷудо мекунанд.
Диспепсияи меъдагӣ дар натиҷаи дар шираи меъда кам будани ферменти кислотаи хлорид ва ё хеле босуръат тахлия (эвакуатсия) шудан аз меъда ба амал меояд. Барои ин илат дар ноҳияи сари дил (эпигастрия0 ҳис кардани вазнинӣ пас аз истеъмоли ғизо, дилбеҳузуршавӣ, баъзан қай кардани ғизои истеъмолшуда, исҳол хос аст. Наҷосат шавламонанд ва ё обакӣ аст, бўй тез ва буи бад дорад: дар он бофтаҳои пайвасткунанда, лифҳои бад ҳазмшуда, ҳуҷайрабофти дурушти рўстанӣ ва бактерияҳо зиёд аст.
Диспепсияи панкреатитӣ дар натиҷаи иллатёбии функсияи ғадуди зери меъда пайдо мешавад. Камбуди (дефитсити) ферментҳои ҳозима ба нопурра таҷзия шудани сафеда, чарб ва ангиштоб оварда мерасонад, ба ин васила боиси дар рўда ҷамъ шудани моддаҳои ғизоии ҳазмнашуда ва ба таҳрик овардани рўдаҳо мегардад. Дар патсиентҳо эҳсосоти пурии шикам, беиштиҳоӣ, дамиши шикм, дардҳои халамонанд дида мешаванд. Наҷосат равғанолуд аст ва чарбҳои зиёди нейтролӣ доранд.
Диспепсия дар натиҷаи халалёбии талхахорҷшавӣ низ ба вуҷуд омада метавонад, зеро талха (сафро) ферментҳои шираи меъдаро фаъол месозад, боиси таҷзияи чарбҳо мегардад, яке аз танзимкунандаҳои мотарикии рўдаҳо ва таркиби микробҳои микробҳои рўдаҳо ба ҳисоб мераванд.
Диспенсияи рўдагӣ ҳангоми халалдор шудани раванди ҳазмшавӣ дар рўдаҳо ба амал меояд. Агар асосан ҳазмшавии ангиштобҳо халалдор шуда бошад, диспепсияи туршавӣ, агар сафедаҳо бештар ҳазм нашаванд, диспенсияи пуршаӣ газҳосилшавии барзиёд (метеоризм), қур-қур кардани шикам, дардҳои халамонанд, хос аст, баъди хориҷ гаштани газ, ки таҷрибаи бўй надоранд ва баъди исҳоли сабук мешавад. Массаи наҷосат зарди равшан, кафдор аст, дар он боқимондаи сабзавот ё меваҷот, белуоб ё хун дида мешавад.
Дар диспепсияи фасодӣ мўътадил дамидани шикам, исҳол дида мешавад, газҳо бо миқдори кам хориҷ мешаванд, бўйи бад доранд. Наҷосат шавламонанд ё обакӣ, рангаш тираи қаҳваранг буда, бўйи тези пўсидагӣ дорад. Дар мавридҳои бемориҳои илтиҳобии қисмҳои поёнии рўдаи ғафс наҷосат ташаккул наёфтааст, луоб дорад, аксар вақт бо миқдори зиёд.
Таҳлили симптомҳо имконият медиҳад, ки намуди диспепсия муқаррар карда шуда, мувофиқи он парҳези муносиб амали гардад.
Халалдор шудани ҳозима (диспепсия) аксар вақт бо ҳама бемориҳои асосӣ рух медод. Аломатҳои халалёбии аввалӣ: беиштиҳоӣ, эҳсоси пурӣ ва зуд сер шудан, халалдор шудани дефексия, дамиш ва ғ. Ҳазми хуб яке аз нишондиҳандаҳои назарраси саломатӣ аст. Бисёрии бемориҳои умумӣ дар авали беиштиҳоӣ пайдо мешаванд. Сабабҳои пайдошавии халалёбиҳои такрории ҳозима гуногун аст: ҳангоми ҳолатҳои табларза ҳарорати бадан баланд, гастроэнтерити заҳрогенӣ (токсикӣ), ки дар асари ҷудо кардани бактерия ва токсинҳо, кам будани ҳаракати ҷисмонӣ, махсусан ҳангоми дар реҷаи бистарӣ ва рукуди хуни воридӣ ҳангоми бемориҳои хунгардиш, токсикоз ҳангоми халалдор шудани функсияи гурдаҳо ё ҷигар, депресияи психикӣ ҳангоми дардҳо, эҳсосоти нохуш ва тарсу ваҳм. Аломатҳои клиники диспенсияро аксар вақт бемориҳои зерин ба вуҷуд меоранд: сили шуш, бронхити музмин, норасоии хунгардиш, бемориҳои гурдаҳо, ғадуди сипаршакл, дефитсити (камбудии) витаминҳо, заҳролудшавии музмин аз алкогол, никати ва кофеин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё