Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Намуди зоҳирии наҷосат

Муоинаи зоҳирии наҷосат барои муайян кардани як қатор бемориҳои узвҳои ҳозима аҳамияти калон дорад.

1. Наҷосати ташаккулёфта бо фекалий, бо бўйи на чандон тез: а) наҷосати слиндршакл, қаҳваранги мўътадил; б) наҷосати зард ё хокистарранги равшан – мўътадил, ҳангоми парҳези ширӣ; в) фаровон ва бо печҳои спиралӣ ҳангоми қабзияти маъмулӣ: г) порчашакл, лўбиёшакл ё ресмоншакл, ленташакл ҳангоми қабзияти спазматикӣ.

2. Наҷосати шавламонанд, гомогенӣ: а) қаҳваранг ё равшани қаҳваранг бо бо бўйи фекалий - дар сурати ҳаракати мўътадили босуръат дар рўдаи ғафс; б) зард бо бўйи начандо тези равғанмонананд мўҳтавои кўррўда баъди холишавии босуръат, масалан баъд истеъмоли сусткунандаҳо; в) зард бо бўйи тези турш, тоқа-тоқа, исфанҷӣ ё ушнамонанд – диспепсияи турш, г) қаҳваранг, болояш тиратар, бо бўйи тези пўсида – диспепсияи пўсида; д) хеле фаровон, равшан, равғанин сафедтоби зард бо бўйи равғвнин – диспепсияи панкреатитӣ.

3. Наҷосати моеъ, ҳатто обакӣ: а) зард ё сабз, бо бўйи на чандон тез, желатинмонанд – баъди сусткунанда ва ё ҳангоми энтерит.

4. Наҷосати ғайригомогенӣ: а) синдроми «танбе», яъне ҳиссаи аввал сахт, баъдан моеъ, баъди сусткунанда ё ҳангоми таҳрикпазирии рўдаи ғафс; б) мое бо порчаҳои сахт ё луоб, бо бўйи пўсида – «исҳоли бардуруғ» в) моеъ бо порчаҳои сахт, бо лундачаҳои хунолуда, бо луоб ё бо чирк – раванди некротикӣ дар рўдаи сигмашакл ё рострўда (омос, калити захмӣ); г) дар зарфи кифмонанд дар якчанд қабат таҳшин шудан: дар таги ҳисачаҳои нисбатан сахт бо лундачаҳои хунолуд, мобайн шавламонанд, дар болои моеъи ифлос – раванди паҳншудаи некротикӣ (масалан, ҳангоми колити захмии паҳнёфтаи амиқ).

Ранги махсуси наҷосат ё омехтаҳо: а) сафедча ё буршакл, наҷосати ташаккулёфта ё шавламонанд, пўсида

– ахолия (душвор шудани маҷрои талха дар рўдаҳо): б) моеи сабз – мўҳтавои рўдаи борик ҳангоми ҳаракатнокии барзиёди босуръат (энтерит): в) сиёҳ, ёзанда, қатронмонанд – хунравии меъдагӣ ё (баъзан) хунравии рўдаҳо (ба истеъмоли ангишт диққат диҳад): г) хиштӣ – сурх, ба повидлои аз хуч таёршуда монанд аст – раванди некротики дар рўдаи ғафс (колити захмӣ, полипоз, омос): д) сафеди зард, намуди қаҳваи ширӣ ё сливкаро дорад – ифрозоти фасод (ҳангоми равандҳои пўсидагӣ дар рўдаи ғафс): е) луоби паҳни хунолуд, имкон дода, к ибо чирк, бе наҷосат бошад – раванди некротикӣ дар рўдаи рост (омос, колити захмӣ): ж) хуни моеъ дар шакли пардаҳо ё риштаҳо дар наҷосат – хунрави аз маъқад: з) боқимондаҳои дурушти картошка, сабзавот ва меваҷот – нокифоя мулоим шудану нокифоя ҳазм шудан (ҳангоми ҳаракати босуръат маводи ғизоӣ, набудани кислотаи хлорид дар шираи меъда).

Исҳол (diarrhoea)

Исҳол ё диарея – ҳазмшавии номўтдили барзиёд ё яккаратаи рўдаҳо ба тағйир ёфтани хусусияти наҷосат (аз шавламонанд то обакӣ), ки дар натиҷаи аз рўдаи ғафс босуръат гузаштан ба вуҷуд меояд.

Омилҳои асосии исҳол инҳоянд: а) аз рўдаҳо босуръат гузаштаи массаҳои ғизои дар асари халалёбии функсияти двигатели вай; б) суст шудани ҷазбкунии моеъ аз ковокии рўдаҳо; в) дар девораи рўдаҳо зиёд шудани ҳосилшавии луоб.

Исҳоли бардурўғ вуҷуд дорад, дар ин ҳолат пасажи рўдаҳо умуман суст аст, наҷосат бошад, дар қисми чапи рўдаи ғафс дармемонад. Таҳрикоти аз наҷосат дармонда секретсияро ба вуҷуд меорад. Об мўҳтавои сахтро мулоим мекунад ва бинобар наҷосати ҳангоми қазои ҳоҷат кардан моеъ асту порчаҳои сахт дорад. Исҳоли бардурўғ аксар вақт ҳангоми қабзияити маъмулӣ, махсусан ҳангоми сўйистеъмол кардани сусткунандаҳо дида мешавд.

Сабабҳои сар задании исҳол: халалёбии функсионалии функсияи двигателӣ ва сектори рўдаҳо ва бемориҳои органики рўдаҳо (равандҳои илтиҳобӣ, омосҳо ва ғ.). исҳол ҳамчунин метавонад, ки зўҳуроти ҳам бемориҳои шикам ва ҳам узвҳо ва системаҳои дигар бошад. Сабабҳои исҳол зиёд аст. Пеш аз ҳама ин бемориҳои рўдаҳо: сироятҳои шадид ва музмин

(исҳоли хунин, тифи шикам, салмонеллез, вабо, сил ва ғ.), дисбактериоз

(оризаҳои табобати зиддибактериалӣ, микозҳо ва ғ.), омосҳо, ҳолате, ки дар асари кам шудани сатҳи ҷаббандаи рўдаҳо ба амал меояд (масалан, пас аз буридани рўдаҳо), токсикозҳо (заҳролудшавӣ аз намакҳои металлҳои вазнин, майзадагӣ, интоксикатсияи доругӣ).

Аммо исҳолро дар бемориҳои дигар, монанди бемориҳои меъда

(набудани намаки хлорид дар шираи меъда, масалан, ҳангоми гастрити музмин), ҷигар, талхароҳа, ғадуди зери меъда, гурдаҳо, авитаминоз, невроз ва аллергия. Аз нуқтаи назари ташхисӣ исҳолҳоро ба шадид ва музмин ҷудо кардан мумкин аст. Исҳолҳои ногаҳони ва барқосо саршуда бо наҷосати зуд-зуд, дардҳои тобдиҳанда (тенезмҳо) пеш аз ҳама ҳангоми сироятҳои шадиди рўдаҳо пайдо мешаванд. Беморон, мумкин аст, ки барои атрофиён хатарнок бошанд. Барои ҳамин ҳама машварати фаврии табиб зарур аст.

Барои ташхиси дақиқ гузоштан муоинаи пурраи бемор, аз ҷумла таҳқиқотҳои эндоскопӣ ва лаборатории наҷосат зарур аст.

Тенезмҳо (Тенезм, Tentsm, дардҳои тобдиҳанда, печиши шикам, заоҳир, дилпечак).

Тенезм – ин майлҳои бардуруғи (козиби) озордиҳандаи исперативӣ дар дефексия аст. Одатан, эҳcоcоти дардноки майли дефексия доштан пайдо мешавад, баъди он дефексияи муносиб ва ҳиссиёти оромбахши қазои ҳоҷат кардан ба вуҷуд меояд. Сабаби тенезм ба нўгҳои асабҳои қисмҳои поёнии рўдаи ғафс ва рўдаи рост таъсир расонидани барангезандаҳои микробӣ ва химиявӣ шуда метавонанд. Дар ҳолатҳои нисбатан нодиртар тенезмҳо мешавонанд, ки дар заминаи ҳолатҳои невротикӣ ба амал оянд.бемориҳое, ки тенезмро ба вуҷуд меоранд, ин иллатҳои шадиди сироятии қисми поёнии рўдаи ғафс (исҳоли хунини шадид, салмонеллёз ва ғ.), колити музмин, колити номахсуси захмӣ дар марҳилаи шиддатёбӣ, омосҳои рўдаҳои рост ва сигмашакл, омосҳое, ки дар узвҳои дигари кос ҳастанд, парпроктити музмин, кафидагиҳои мақъад, бавосир бо афтидани гиреҳҳо.

Халалдор шудани иштиҳо

Иштиҳо нишондиҳандаи ниҳоят ҳассоси саломатии ҷисмонӣ ва рўҳӣ мебошад. Иштиҳои хуб нишондиҳандаи ҳолати мўътадили узвҳои системаи ҳозима буда, барои ҳазми мукаммал мусоидат мекунад. Беиштиҳоӣ бошад, аз даст додани ҳисси гуруснашавӣ ва иштиҳо мебошад.

Халалёбии иштиҳо метавонад, ки ҳам дар асоси тағйирёбиҳои ҳам механизмҳои марказӣ ва ҳам мавзеӣ, функсияи танзимкунандаӣ ҳозима ба вуҷуд биёяд. Масалан, тонуси баланди мушакҳои меъда боиси баланд шудани иштиҳо, пастшавии тонус бошад, боиси бад шудани иштиҳо мегарданд. Халалёбиҳои кўтоҳмуддати иштиҳо аломати камаҳамият аст, аммо дурру дароз халалдор будани он барои ташхис аҳамияти беандоза дорад.

Иштиҳо ҳангоми бемориҳои гуногуни функсионалӣ ва органикӣ маҳв шуда метавонад. Сабабҳои функсионалӣ кам будани ҳаракатҳои ҷисмонӣ, тамос доштан бо маҳсулоти ғизоӣ ҳангоми таёр кардани ғизо, нафрат доштан ба мўҳите, ки ғизо дода мешавад, эмотсия ва таъсироти гуногун, махсусан депрессия, невроз ва психопатия. Чунончи, аз ҳамаи шаклҳои беиштиҳоӣ бештар шакли психогенӣ дида мешавад, ки дар он ҳамаи дараҷаҳои вазнини ва гузаштан аз майл надолштан то пурра рад кардани ғизо дида мешавад.

Беиштиҳои аломати муҳими баъзе бемориҳои роҳи ҳозима (саратони меъдаву рўдаҳо, гастрити музмин бо суст шудани функсияи секреторӣ, бемориҳои музмини ҷигар) ба ҳисоб меравад. Бисёр вақтҳо беиштиҳоии интихобӣ ба назар мерасад, яъне нафрат доштан ба ягон намуди мушаххаси ғизо (ба гўшт – ҳангоми омосҳои меъдава камхунӣ: ба ғизои равғанин – аснои бемориҳои ҷигар). Нафрати ҳақиқии маза (истеъмоли маводи нохурданӣ) хоси беморони рўҳӣ буда, онҳоро баъзан ҳангоми ҳомилагӣ низ дидан мумкин аст.

Паст шудани иштҳо хоси бемориҳоес, ки бо табларзаву интоксикатсияҳои гуногун, (алкогол, никотин ва ғ.), камхунӣ ва бемориҳои дигар якҷоя ҷараён мегиранд, масалан. Заҳролудшавӣ аз маводи доругӣ

(дигиталис, антибиотикҳои ва ғ.).

Иштиҳои баланд дар бемориҳои шифоёфта, махсусан дар бемори гирифтори бемориҳои рўҳӣ, гирифтори бемориҳои диабети қанд, баъзан неврози меъда дида мешавад. Омехта кардани иштиҳои баланд ва ҳолати ҳангоми баланд будани туршии шираи меъда ва решмараз пайдошуда, ки зуд-зуд ғизо истеъмол карданро талаб мекунад, ҳеҷ мумкин нест.

Лоғаршавӣ

Арзёбии вазъи хўрокхурӣ барои шинохтани бемориҳо аҳамияти калон дорад. Бад будани вазъи ғизохурӣ муҳимтарин нишондиҳандаи вазнин будани беморӣ аст. Лоғаршавӣ аз талаф шудани вазни бадан ва ҳолатҳои пўст иборат аст, ки пажмурда, тунук, наёзанда мешавад, нохунҳо аз чанд ҷо мекафан, сифати мўйҳо низ дигар мешаванд. Сабаби лоғаршавӣ ин ғизои сифатан ва миқдоран номукаммал, машғул шудан ба «парҳезҳои мўдӣ» ва равандҳои мухталифи дардмандӣ

(сироятҳои музмин, интоксикатисия) буда метавонанд. Махсусан босуръат кам шудани вазни бадан боиси нигарони аст.

Оруғзанӣ

Оруғзанӣ – ба таври ғайриихтиёрӣ, ногаҳонӣ хориҷ шудани ҳаво аз меъда ва ё сурхрўда аст. Дар ҳолатҳои мўътадил оруғзанӣ механизми муҳофизаткунанда ва танзимкунандаи андозаи (бузургии) ҳубобчаи ҳавоии меъда аст. Механизмиоруғзанӣ аз тарангшавӣ ва ҳаракати сурхрўда ва меъда ба самти муқобил иборат аст. Оруғзанӣ ҳамчун лаҳзаи тасодуфӣ дар одамони солим аснои пурхўрӣ ё баъди истеъмоли ғизо кори зиёди ҷисмонӣ кардан дида мешавад.

Дар чунин ҳолатҳо ҷўшоъ низ пайдо мешавад, дар ин ҳолат ба балъум ё ковокии даҳон миқдори ками мўҳтавои сурхрўда ё меъда партофта мешавад. дар муқоиса аз қайкунӣ ҳангоми кашишхўрии диафрагма ва мушакҳои шикам рух намедиҳанд, вай сабук мегузарад ва дилбеҳузуршави низ ба назар мерасад. Вобаста аз дараҷаи туршии мўҳтавои меъда оруғзанӣ турш (ҳангоми туршии мўътадил ё баланд) ё талх (ҳангоми паст будани дараҷаи турши аснои ба меъда партофтаи мўҳтавои рўдаи 12-ангушта) дида мешаванд. Намуди дигари ҷўшоъ низ маълум аст: ба ковокии даҳон афтидани ғизои аз меъда қабулшуда, мулоим карда ва аз нав фуру бурдани он, ки яккарата ё бисёркарата сурат мегирад, ин амал метавонад, ки аз тарафи одамон идорашаванда ва идоранашаванда бошад. Маъмулан, ин ҳолатҳо дар кўдакон дида мешавад, агар ин аломат то давраи сини балоғат давом кунад, онро зуҳуроти инфактилизм ё психопатия ҳисобидан мумкин аст.

Орўғзании зуд-зуди ҳаводор аксар вақт дар асари аэрофагия – ба таври маъмулӣ фурў бурдани ҳаво (махсусан, ҳангоми саросемавор ғизо хўрдан ё дар шахсони аз ҷиҳати вегетативӣ ноустувор) ба вуҷуд меояд.

Аэрогастрияи барзиёд (орўғзании ҳаво) аксар вақт бидуни аломатҳои дигари диспепсия ҳамчун зуҳуроти невроз ё истерия (ғашён) ба мушоҳида мерасанд. Барои ҳамин ҳам ҷўшоъ аксар вақт бо садои баланд дар ҳузури дигарон пайдо мешавад.

Орўғзаниҳо ва ҷўшоъи пуршиддату устувор маҷбур месозанд, ки аз вуҷуд доштани иллати сурхрўда ва меъда гумонбар шавем. Дар муқоиса аз мўҳтавои сурхрўда, мўҳтавое, ки аз меъда партофта мешавад, кислотаи хлорид дорад ва бо тамъи туруши худ фарқ мекунад: агар дар ҷўшоъ омехтаи талха бошад, дар ин вақт дар даҳон талхи эҳсос карда мешавад, дурру дароз дар меъда ё сурхрўда таваққуф кардани мўҳтавои онҳо хусусияти пўсидагӣ доштани массаи ҷўшоро муайян мекунад. Зардаҷўшӣ

Зардаҷўшӣ эҳсоси сўзиш дар қитъаи сари дил (эпигастрия) аст, ки ба боло аз зери туш ҷорӣ мешавад. барои пайдошавии он таҳрикоти нўгҳои асабҳои сурхрўда мусоидат мекунад. Сабаби пайдошавии зардаҷўшӣ халалёбии функсияи двигателии сурхрўда, баланд будани фишори дохилимеъдагӣ ва дохилибатнӣ мебошанд. Қаблан зардаҷўширо ба туршии барзиёди шираи меъда вобаста медонистанд, аммо имрўз маълум аст, ки вай аз дараҷаи туршӣ вобаста нест ва метавонад, ки ҳангоми паст будани дараҷаи туршии шираи меъда низ пайдо шавад. Зардаҷўшӣ хоси бемориҳои сурхрўда (эзофагит, захм, чурраи лағжандаи сўрохии диафрагмагии сурхрўда), меъда ва рўдаи 12-ангушта (решмараз, гастрити музмин ва ғ.) мебошад. Зардаҷўширо ҳангоми ҳомиладорӣ, дамиши шикам, астсит низ дидан мумкин аст.

Ҳиккак – Singultus

Ҳиккак нафасгирии ногаҳонӣ ва босуръат ҳамзамон бо кушода шудани роғи садо мебошад, ки дар натиҷаи он овози махсус ҳосил мешавад, овози кўтоҳ, тез, баланд ва гўшхарош. Ҳиккакҳои тоқа, ки баъди истеъмоли хўроки зиёд пайдо мешаванд, физиологӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳиккак ин ҳиккакзании такрорӣ мебошад, ки маъмулан аз хўрок вобаста нест.

Механизми пайдошавии ин симптом пурра омўхта нашудааст. Шояд сухан аз хусуси таҳрикоти рефлектории маркази нафас дар майна ва кашишхўриҳои диафрагма меравад.

Ҳиккак метавонад, ки тасодуфӣ бошад, симптоми беаҳамият бошад, аксар вақт дар одамони солим пайдо шавад, аммо ҳиккаки устувор, тўлонӣ зуд-зуд аломати патологи мебошад.

Сабабҳои ҳиккак марказӣ ва канорӣ буда метавонанд. Сабабҳои маркази бемории майна (омос, склероз менингит), эпилепсия (саръ), сабаби канорӣ (рефлекторӣ) зиёд аст: истеъмоли маҳсулоти ғизоии таҳриккунанда, нўшокиҳои аз меъёр зиёд хунук ё гарм, кашишхўрии ногаҳонии меъда аз нўшокиҳои газдор, асабҳои батнӣ ва гумроҳ ба ба таҳрик омадани батн

(илтиҳоб, часпидагӣ) ва ғ.

Бўйи даҳон

Бўй ширини атсетон (бўйи себ, ки бўйи чой нигоҳдории меваҷотро ба ёд меорад) аз дараҷаи вазнини диабети қанд гувоҳи медиҳад. Бўйи ганда камтар аз бемориҳои меъда гувоҳи медиҳад, назар ба пиёреяи алвеолярӣ, дандонҳои кариесдор, бодомакҳои нарм. Бўйи баду ширини дилбеҳузуркунанда ҳангоми қарасони шуш эҳсос мешавад.

Эҳсосоти нохуби ковокии даҳон метавонад, ки дар натиҷаи дар он пайдо шудани равандҳои патологӣ (бемориҳои ҷғҳо, парадонтоз, назофарингит), бемориҳои сурхрўда (дивертикула, боқи мондани пасмондаи ғизо ҳангоми тангшавии эзофагит), бемориҳои меъда, махсусан ба ҷўшоъ ва қайкунӣ алоқаманд, бемориҳои шўш бо балғами бадбўй ба вуҷуд биёяд.

Аммо аз вуҷуд доштани бўйи нохуб ё эҳсосоти нохуб дар ковокии даҳон шахсоне шикоят карда метавонанд, ки гирифтори психопатия бошад, ин эҳсост метавонад, ки бефосила дар давоми якчанд моҳ ва сол давом кунад.

Халалдор шудани рехтани оби даҳон

Зиёд рехтани оби даҳон аксар вақт аз бемориҳои ковокии даҳон гувоҳи медиҳанд. Ғайр аз ин вай метавонад, ки дар асари таҳрикпазирии асаби гумном (масалн, дар одамони пиронсол ҳангоми атеросклерози рагҳои майна) пайдо шавад. Симптоми махсуси он ба ба таври хуруҷмонанд рехтани оби даҳон аст, ки дар он ковокии даҳон ногаҳо бо пур шудан аз оби бемазаву бебўй сар мекунад, ки аксар маврид бо миқдори зиёд ҷорӣ мешавад. Ин на ҷўшоъ асту на қайкунӣ. Дар ин маврид эҳсости фишор ёфтани гулў ва назди ҷоғи поён ба амал меояд.

Мумкин аст, ки нокифоя рехтани оби даҳон низ ба амал биёяд, вай дар асари дар ғаадудҳо луобӣ пайдо шудани санг (душвор шудани ҷоришавии оби даҳон) пайдо мешавад. нокифоя рафтани обро ҳангоми синдроми

Съегрен, - бемории калонсолон, бештар занҳо дар менопауза – низ дидан мумкин аст. Ин бемори аз душвор будани қурткунӣ шикоят мекунанд, аз ғизо сахт даст мекашанд, мисли нон, гўшт ва ғ., ба ғизои шавламонанд қаноат мекунанд, бинобар ин лоғар ва суст мешаванд.

Тағйир ёфтани забон

Сўзиши забон дар натиҷаи сабабҳои гуногун ба вуҷуд меояд, аз ҷумла:

1. дар организм нокифоя будани витаминҳо (витаминҳои гурўҳи

В, махсусан ниатсин ва рибофлавин), масалан, дефитсити онҳо дар ратсиони ғизо, ҳангоми талафи бисёр (бемориҳое, ки исҳол доранд), халалдор шудани ҷабиши рўдаҳо ҳангоми бемориҳои ҷигар ва ғадуди зери меъда;

2. бемориҳои хун, махсусан камхунӣ (анемия);

3. сабабҳои мавзеӣ: сигоркашӣ, истеъмоли маҳсуло ва машруботу нўшокиҳои таҳрикпазир, пародонтоз, ҷараёни қувваи барқ, ки дар натиҷаи дар ҷоғҳо мавҷуд будани қисмҳои филизӣ, миқдори ками луоби ғализ, хушкии ковокии даҳон.

Хушкии забон дар натиҷаи кам шудани рафтани оби даҳон, беобшавии организм пайдо мешавад:баъзан вай ба буғшавии зиёд аз забон вобаста аст. Номўъталил будани хушкии забон ин аломати бемории ғадудҳои луоб аст.

Ҳолати сатҳи забон, маъмулан ҳолати ҳозимаро иникос мекунад.

Масалан, ғубори болои забон – аломати маъмулии бемориҳои зиёди узвҳои ҳозима, махсусан ҳангоми диспепсияи музмин ва шадид мебошад. Ғубори на чандо зиёд, махсусан дар асоси забон бештар дар шахсони сигоркаш дида мешавад. тағйирёбии забон метавонад дар бисёр бемориҳо зоҳир шавад, масалан ранги сурхи сиёҳтобро ҳангоми камхунӣ дидан мумкин аст. Тобиши зардча доштани ғуборӣ болои забо ҳангоми зардпарвин, ранги тираи вай хоси бемориҳои занбурўғии забон аст.

Табларза

Табларза ҳангоми бемориҳои гуногуни узвҳои ҳозима ба назар мерасад. вай хоси иллатҳои рўдаҳо, махсусан иллатҳои сироятии он (тифи шикам, исҳоли хунин ва ғ.) аст. Табларза аксар вақт ҳангоми мавҷуд будани лонаҳои маҳдуди сироятӣ дар узвҳои ковоки шикам (думали зери диафрагма, холесистит, гепатит, думали ҷигар, панкреатит, аппендитсит ва ғ.) ба вуҷуд меояд. Баландшавии мавҷмонанди ҳарорат хоси саратони ҷигар, меъдаву рўдаҳо, сили узвҳои ҳозима мебошад. Хуруҷҳои такроршавандаи табларза бо ларза ва зардии кўтоҳмуддат хоси бемориҳои сани талха аст.

Ҳарорати субфибриалӣ ҳамсафари доимии гелминтозҳо (гиҷҷаҳо) ва холесистити музмин мебошад. Аснои решмарази меъдаву рўдаи 12-ангушта аксар вақт ҳарорати субфебриалии невротикӣ (вегетативӣ) ба назар мерасад.

Баланд шудани ҳарорат метаонад, ки зуҳуроти кам ё беши хунравиҳои шадиди меъда ва рўдаҳо бошад.

Симптомҳои умумӣ

Яке аз симптомҳои бемориҳои узвҳои ҳозима бехобӣ мебошад. 3-навъи бехобиро ҷудо кардан мумкин аст. Патсиент бо душворӣ мехобад, нисфи шаб ё саҳари барвақт аз хоб бедор мешавад, ки ин асосан зуҳуроти психогении одамонест, ки ба меҳнати фикрӣ машғуланд, ки дар натиҷаи ғамхўриҳои вазнин ба вуҷуд меоянд. Инчунин сабаби бехобӣ истеъмоли ғизо ва маводи доруворӣ (қаҳва, чойи талх, баъзе дорувориҳо, cўйистеъмол кардани доруҳои хобовар), инчунин кўшиши аз онҳо халос шудан ҳам буда метавонад. Бехобии дар асари бемориҳои роҳи ҳозима ба амал омадаро сабаб чурраи сўрохии сурхрўдагии диафрагма аст, ки дар ин ҳангом дард, ба зудӣ баъдӣ дурр шудани хоб, реши рўдаи 12-ангушта (дар ин ҳолат дард баъди якчанд соат хобидан ё наздики саҳар пайдо мешавад), ҳангоми васеъ шудани меъда (баъди истеъмоли изои фаровон) пайдо хоҳад шуд. Барои бемориҳои зиёди узвҳои ҳозима аз ҷиҳати функсионалӣ аломатҳои неврози вегетативӣ хос аст. Ба он дохил мешаванд: арақкунӣ, ларзидани ангуштони даст, хориши ҳарорати субфебриалӣ, халалёбии сикли ҳайзбинӣ бехобӣ, асабоният, бодиқат будан натавонистан, ҳолатҳои инҷиқӣ, вокунишҳои ғашёнӣ (истерикӣ) ва ғ.

Беморони мубтало ба бемориҳои роҳи ҳозима бештар аз сустӣ, мондашавӣ шикоят мекунанд. Сабаби он функсионалӣ ё органикӣ мешавад. Сабабҳои сустии функсионалӣ мондашавии ҷисмонӣ ва рўҳӣ, ҳолатҳои депрессивӣ, невростения мебошанд. Сабабҳои органикӣ камхунӣ, омосҳои, сироятҳои музмин ба шумор мераванд

пешина
аз 37
навбатӣ