ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Ташхис. Ба ғайр аз пурсиши бемор ва тафтишоти клиникӣ, ташхиси балғам, хун, флюрография ва ё дар ҳолатҳои алоҳида рентгени шуш, ЭКГ. ташхиси амалиёти узвҳои нафас (спирометрия, спирография ва ғ.) ба бемор таъин намудан лозим аст. Дар вақти тӯлонӣ равнақ гирифтани беморӣ мушоҳидаи амалиёти берунии узвҳо зиёд шудани ғунҷоиши бақияи шушро нишон медиҳад. Дар акси рентгенӣ ҳавонокии шуш зиёд ва конуси артерияи шушӣ васеъ дида мешавад. Дар ЭКГ нишонаҳои зиёдшавии амалиёти меъдачаи рости дил мушоҳида мешавад. Табобат. Дар вақти хурӯҷи беморӣ тартибот-хонагӣ. Тамокукашӣ қатъиян манъ карда мешавад. Нўшокиҳои ишқордор, обҳои маъданӣ бояд бисёртар истеъмол шаванд.
Аз доруҳо: барои гузароиши бронхҳоро барқарор кардан, дар муддати 3-4 рўз ҳар рўз 3 маротибагӣ 5 мл маҳлули 20 фоизаи аэрозоли аситилсистеинро бо ёрдами инҳалатори универсалӣ нафас гирифтан лозим аст. Инчунин, бромҳексинро дар муддати 3-4 ҳафта, дар як шабонарўз 24-32 мг қабул кардан манфиатнок мебошад. Доруҳои бронхвасеъкунанда бештар эуфиллин 0,15 г. 3 маротиба дар як руз, дар муддати 2 ҳафта истеъмол кардан мумкин аст. Барои хуб хориҷ шудани балғам маҳлули термопсис (0,8 г ба 200 мл. бо 1 қошуқӣ калон 6-8 бор дар як рӯз); 3% маҳлули йодиди калий (бо 1 қошуқӣ калон 6 бор дар як рӯз). Агар ҳолати бемор дар ду-се рӯз беҳтар нашавад, таъин намудани антибиоткҳо зарур аст (нигоҳ кунед ба табобати газаки шуш бо антибиотикҳо).
Экспертизаи корношоямӣ. Мўҳлати корношоямӣ дар марҳалаи шиддадтёбии бронхити музмини беориза аз 7 то 15 рўз мебошад. Шахсони ин марҳалаи касалиро аз сар гузаронида, боз дар муддати 2-3 ҳафта, бояд аз корҳои фаъол, дар ҷойҳои кушод ва ҳавои хунук, инчунин коргарони истеҳсолоти омилҳои зарарнок дошта, озод карда шаванд. Агар амроз ба оризаҳои норасогии устувори фаъолияти шуш, ба аломати дили шушии талофинопазир ё бе он, оварда расонида бошад, корношоямии устувор муайян карда мешавад. Агар нишонаҳои норасогии нафаскашии дараҷаи I ва II муайян карда шавад ва касби онҳо бо корҳои вазнин алоқаманд бошад, ҷои кори онҳоро иваз кардан лозим меояд. Агар ин масъала имконнопазир бошад, ба чунин беморон маъюбии гурўҳи III муайян карда мешавад.
Табобати осоишгоҳӣ –курортӣ фақат дар марҳалаи беҳбудии муваққатӣ маслиҳат дода мешавад. Барои ин беморон курортҳои соҳили ҷануби Қрим, Кисловодск, Налчик, Боровое, аз курортҳои Тоҷикистон Хоҷаобигарм – беҳтар мебошанд. Барои ин гуна беморони гирифтори бронхити музмини оризадор (норасогии амалиёти шуши дараҷаи III, дили шуши талофинопазирдошта) табобати санаторӣ-курортӣ қатъиян манъ карда мешавад.
Назорати диспансерӣ. Дар марҳалаҳои беҳбудии муваққатии касалӣ хўрокиҳои серғизо, варзиши табобатӣ, туризм, табобати курортӣ маслиҳат дода мешавад. Ҳангоми хурўҷи мараз, барвақттар сар кардани табобат, барқарор намудани гузароиши бронхҳо вазифаи аввалин мебошад.
Беморонро дар сол ду маротиба муоина менамояд.
Агар бронхити музмин якҷоя бо алоими бронхити мусаддид ва нафастангӣ ҷараён ёбад, табобат, экспертизаи корношоямӣ, назорати диспансерӣ ва ҳамаи дигар чорабиниҳо, бо мақомоти чорабиниҳои касалии нафастангӣ (диқи нафас) гузаронида мешаванд.
Газаки шуши (зотуррияи) музмин ‒ аз сабаби дуруст ва сари вақт муолиҷа накардани газаки шуши шадид пайдо мешавад. Ин хурўҷи такроршавандаи газаки як ҷои лаҳми шуш мебошад, ки одатан дар он лона тасаллуби бофтаҳои шуш (пневмосклероз) пайдо шудааст. Тасаллуби шуш шакли мўътадили бронхҳоро вайрон карда, ба норасогии фаъолияти нафаскашӣ меорад, ки ин ҳолат, сабаби такроршавии газаки сироятии ин лонаи шуш мешавад.
Аломатҳои беморӣ. Дар марҳалаи хурўҷи мараз аломатҳои клиникии зотуррияи шадид, сахтшавии сулфа, пайдошавии балғами фасоднок ё хунобчадор ("зангзада"), баландшавии ҳарорат, нишонаҳои заҳролудшавӣ (дарди мушакҳо, устухонҳо), дарди сандуқи дил, дар вақти нафаскашӣ (илтиҳоби пардаҳои шуш) зиёд шудани хир-хирҳои хушк ва нарми гуногунҳаҷм, ба воситаи рентген ‒ васеъ шудани қитъаҳои сахтшудаи шуш дар лонаи тасаллуб, дар хун ‒ зиёд шудани миқдори лейкоситҳо мушоҳида карда мешаванд.
Дар марҳалаи беҳбудии мараз ҳар пагоҳ, баъд аз камтар ҳаракат кардан, иҷро намудани варзиши нафасӣ ва алалхусус, як қатор нафасбарории чуқури босуръат, балғам ҷудо мешавад. Дар вақти гўш кардани шуш, дар ҷойҳои иллатноки он, хир-хирҳои пасти нарми хурд ва баъзан калонҳаҷм мушоҳида карда мешаванд.
Ташхис. Дар марҳалаи беҳбудии мараз ба воситаи рентген фақат тасаллуби лонавиро муайян кардан мумкин аст.
Табобат. Дар марҳалаи хурўҷи газаки шуши музмини сабукҷараён, дар давоми ду ҳафта мақомоти хонагӣ таъин карда, барои кам намудани нишонаҳои заҳролудии бадан ва осонтар ҷудошудани балғам, бисёртар истеъмол намудани нўшокиҳои ишқордор маслиҳат дода мешавад. Мақоми табобати доругӣ, дар давраи хуруҷи беморӣ, ҳамчун табобати газаки шуши шадид мебошад. Дар ҷараёни табобат ду маротиба ташхиси хун, рентген гузаронида мешавад. Беморони гирифтори газаки шуши музмин , ки хурўҷи мараз вазнин мегузарад, бояд бистарӣ шаванд. Агар газаки шуши музмин дар як сол чанд маротиба авҷ гирад ва хусусан бемор ба оризаи думбалнок гирифтор шавад, машварати духтури ҷарроҳ лозим мешавад.
Дар марҳалаи барқароршавии саломатӣ ба истифодаи варзиши табобатӣ, ҳар рўз 2-3 маротиба нафасбарории чуқури босуръат, физиотерапия (УВЧ, диатермия, инҳаласияи доруҳои балғамҷудокунанда, молиши бадан), хўрокиҳои серғизо ва аз витаминҳо бой, аэротерапия диққати махсус дода мешавад.
Назорати диспансерӣ. Муоинаи пешгирикунанда бояд ҳар сол ду маротиба
(аввали баҳор, тирамоҳ) гузаронида шавад. Ин аз мушоҳидаи физикӣ, флюрографӣ, ташхиси хун, пешоб ва амалиёти нафаси беруна иборат мебошад.
Чорабиниҳои табобати пешбиникунанда дар марҳалаи беҳбудии касалӣ аз инҳо иборатанд: мунтазам гузарондани усулҳои варзиши табобатӣ, ҳамроҳ шудан ба гурўҳи "солим", баланд бардоштани дониши бемор дар хусуси касалии зотуррияи музмин, донистани усулҳои табобатӣ ва пешгирии оризаҳои касалӣ, истеъмоли доруҳои бронхвасеъкунанда, табобати курортӣ.
Диқи нафас (дамкӯтоҳӣ), астмаи бронхиалӣ касалии мустиқили музмини авҷгирандаи касабаи шуш буда, бо таъсирҳои муқаррари хос (сироятӣ, масуниятӣ) ва ғайрихос (носироятӣ, ғайримасуниятӣ, атопикӣ, ироӣ) пайдо мешавад. Имрози асосӣ ва ҳатман шарти ин касалӣ (А. Д. Адо, П. К.
Булатов, Г. Б. Федосеев, 1969, 1982) тағйирёбии қобилияти реактивии касабаи шуш буда, аломати асосӣ ва ҳатман шарти клиникии касалӣ зоҳиршавии гурўҳи буғикунии роҳи нафас мебошад, ки онҳо бо кашиши мушакҳои суфтаи бронхҳо, зиёд ҳосилшавии усора (ҳиперсекресия) ва варамкунии пардаҳои луобии бронхҳо вобаста мебошанд.
Тадқиқотҳои дар мамлакатҳои гуногун суратгирифта на танҳо аз афзудани миқдори беморон, балки аз афзоиши дараҷаи вазнини ин касалӣ низ шаҳодат медиҳанд. Тақрибан 3 фоизи аҳолии ҷаҳон гирифтори ин касалӣ буда, дар мамлакатҳои тараққиёфта бештар мушоҳида мешавад. Натиҷаи тадқиқоти эпидемиологӣ ба хулосае меорад, ки пайдоиши ин касалӣ бо омилҳои ирсӣ ва муҳит ҳам вобаста аст. Кўшишҳои васеъи истеъмоли пестисидҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, хокаҳои гуногуни ҷомашўӣ, истеъмолӣ консервантҳои сунъӣ ва рангубориҳои хўрока дар саноати хўрокворӣ
(тортразаҳо), ифлосшавии ҳаво аз партовҳои саноатӣ дар ҳақиқат аз омилҳои муҳит вобаста будани паҳншавии ин касалиро нишон медиҳад.
Аммо таъкид кардан лозим аст, ки сабабҳои асосии диқи нафас ‒ ин газаки музмини пардаҳои луобии касабаи шуш ва хусусан бронх мебошанд.
Азбаски касалии диқи нафас хеле паҳн гаштааст, таъсири иқтисодии он ба ҷамъият калон аст. Ҳолатҳое мешавад, ки диқи нафас коршоямии беморонро маҳдуд гардонида, онҳоро маъюб месозад. Гуфтан лозим аст, ки
46 фоизи маъюбони касалиҳои музмини ғайрихосии касабаи шушро беморони мубтало ба диқи нафас ва бронхити музмини аломати нафастангӣ дошта ташкил медиҳанд. Ин масъалаҳоро бояд ҳар як табиби оилавӣ нағз донад. Омилҳои сабабии ин беморӣ: тамоили ирсӣ; чанг, дорувории аллергиовар, қанд ва ғ., ки ба омилҳои аллергиовари ғайрисироятӣ дохил мешаванд; вирусҳо, бактерияҳо, занбурўғҳо, хамирмояҳо, ки ба омилҳои сироятӣ мансубанд; омилҳои механикӣ ва кимиёвӣ: фулуз, чангҳои чўб ва пахта, бўи тўшриҳо, ишқорҳо, дуд баъзе бўйҳо; омилҳои ҷисмонӣ ва метеорологӣ (тағйироти ҳарорат аз намии ҳаво, майдони магнитии замин ва ғайраҳо) ва ниҳоят омилҳои сабикунанда, таъсирот стресснок (ташаннуҷи рўҳӣ) мебошанд.
Аз тарафи олимон таснифоти гуногуни бемории диқи нафас пешниҳод шудааст. Ҳама олимон асосан ба ду шакли беморӣ ишора мекунанд, гарчанде ба ин ду шакл номҳои гуногун медиҳанд: экзогенӣ: (аллергӣ), ғайриаллергӣ, масуниятӣ ‒ ғайримасуниятӣ.
Шаклҳои беморӣ: аллергия сироятӣ ва ғайрисироятӣ (топикӣ).
Дараҷаи ҷараёни беморӣ: сабук, миёна ва вазнин ва шаклҳои иловагии ин касалӣ: масуниятӣ ва ғайримасуниятӣ.
Ҷиҳати имрозӣ?: 1) атопикӣ; 2) сироятӣ; 3) худмасункунӣ (аутоимунӣ); 4) дисҳормонӣ; 5) асабиву разонӣ?; 6) дисбаланси адренергӣ; 7) тағйироти ибтидоии таъсирпазири бронхҳои шуш.
Давраҳои инкишофи касалӣ: 1) шиддат; 2) тасхини беморӣ; 3) беҳбудии муваққатии касалӣ (ремиссия).
Ба шаклҳои экзогенӣ намудҳои диқи нафаси масуниятӣ ва ғайримасуниятӣ, аллергӣ ва ғайриаллергӣ (мас. кимиёвӣ), тахассусӣ-касбӣ ва ғизоӣ дохил мешаванд. Диқи нафаси эндогенӣ фақат дар он ҳолате рўй медиҳад, ки агар ҳама натоиҷи ташхиси шаклҳои экзогенӣ манфӣ бароянд.
Гуфтан лозоим аст, ки муқаррар намудани дараҷаи вазнин ё сабукии касалӣ аз рўи ҷараёни диқи нафас ба мақсад мувофиқ нест, зеро ҳангоми ҷараёни сабуки касалӣ аз хурўҷи ногаҳонии диқи нафас фавтидани бемор мумкин аст ва баръакс, ҳангоми ҷараёни вазнини касалӣ марҳалаи беҳбудии устувори он низ имконпазир мебошад. Ин аксари вақт аз сифати табобати хурўҷи касалӣ вобаста мебошад.
Давраҳои шиддат ва беҳбудиро низ алоҳида қайд намудан лозим аст.
Марҳалаи беҳбудиро ба давраҳои устувор (дар давоми на камтар аз 2 сол гум шудани нишонаҳои касалӣ) ва ноустувор (хурўҷи диқи нафас аз таъсири кори ҷисмонӣ, хафагаронӣ ва ташаннуҷи рўҳӣ пайдо мешавад) ҷудо намудан мувофиқи мақсад аст. Аломатҳои беморӣ. Ташхиси аломатҳои қабл аз диқи нафас ва касалии диқи нафас. Ҳолати қабл аз диқи нафас бо мавҷудияти чор гурўҳи нишонаҳои касалӣ аниқ карда мешавад: клиникӣ, лабораторӣ, базоифӣ ва ирсӣ.
Аломатҳои клиникии ҳолати қабл аз диқи нафас, аввало мавҷудияти нишонаҳои бронхит ва бодигармӣ мебошад. Беморон дар ҳолати қабл аз диқи нафас бештар ба бронхити мусаддид, бронхити музмини диқи нафасӣ ё такроршаванда гирифторанд. Аз алоими бодигармӣ бештар вазомоторӣ, каҳир (саглес, эшакйема), омоли? Квинке, дарди нимсара қаблан моили ирсӣ
(38 фоизи беморон) ва дигар ҳолатҳои бодигармӣ (дар хун зиёд будани миқдори эозинофилҳо) мушоҳида карда мешавад.
Нишонаҳои асосии зоҳиршавии диқи нафас ва қабл аз диқи нафас, хурўҷи дамкўтаҳии сафирӣ? (мушкилии нафасбарорӣ) дар натиҷаи ташаннуҷи касабаҳои? шуш ба ҳисоб мераванд. Дар ташаккули хурўҷи беморӣ се марҳаларо ҷудо мекунанд: давраи пешхабарӣ, давраи нафастангӣ ва давраи бозгашти хурўҷи касалӣ. Аз ҳам ҷудо кардани ин давраҳо шарт мебошад ва бешубҳа аҳамияти амалӣ дорад. Давраи пешхабарӣ якчанд дақиқа ё якчанд соат қабл аз хурўҷи касалӣ сар шуда, бо нишонаҳои гуногун зоҳир мешавад: мутаассиршавии вазомотории пардаи луоби бинӣ дар шакли ихроҷи моеъи обмонанд, атсазанӣ, баъзан эҳсоси хушкӣ дар ковокии бинӣ, сулфаи хурўҷнок. Ин аломатҳо якҷоя бо дарди сар, эҳсоси мондашавӣ, ихтилоли кори узвҳои ҳозима, пешобкунии асабониявӣ ва рўҳафтодагӣ мушоҳида карда мешаванд.
Хурўҷи нафастангии буғикунанда хусусияти зафирӣ дошта, якҷоя бо фишурдашавӣ ва тазйиқи сандуқи дил эпигастрия (паси устухони шуш) эҳсос мегардад. Ин ҳодиса ногаҳон, рўзона ё ҳангоми хоби шабона шурўъ шуда, зуд авҷ мегирад. Дар натиҷа нафасгирӣ кўтоҳ гашта, нафасбарорӣ мушкил ва муташанниҷи хирросдор мегардад. Хирроси ҳуштакии баланд, ҳатто аз дур шунавида мешавад. Бемор ба сабукшавии нафаскашӣ кўшиш намуда, ҳолати маҷбурӣ-ортопонозӣ қабул мекунад. Ранги рўи бемор парида, ба кабудӣ моли буда, дар рўяш каме варамӣ ва каме арақи хунук мушоҳида мешавад. Ҳангоми нафаскашӣ парраҳои бинӣ бардошта мешаванд, қафаси сина дар ҳолати нафасгирии максималӣ қарор мегирад. Дар нафаскашӣ мушакҳои чанбари китфҳо иштирок мекунанд ва фосилаи байни қабурғаҳо зиёду балғам ғализ мегардад. Имкон дорад, ки инкишофи бозгашти хурўҷ ба зўдӣ итмом ёбад, вале баъзан якчанд соат ва ҳатто, якчанд шабонарўз давом мекунад.
Ба диқи нафаси экзогенӣ одатан якбора шиддатёбии хурўҷи диқи нафас ва ҳама аломатҳои нафастангии буғикунанда хос аст, ки дар ҳолати хубии саломатии бемор сар мезанад.
Ба диқи нафаси эндогенӣ бошад, асосан маҷрои оҳиста саршавӣ хос аст: сулфа, нафаскашии душвори ҳуштакмонанд ва сипас – хурўҷ.
Намунаҳои ташхис:
1. Диқи нафас, шакли экзогенӣ, давраи ремиссияи ноустуовр.
Тимоқи бодигармӣ (аллергӣ). Ҳассосияти баланд ба чанги хона.
2. Диқи нафас, шакли эндогенӣ, вобаста бо ҳормон, давраи ремиссияи ноустувор. Риносинусопатияи салилагӣ. Бронхити музмини фасодӣ.
Пневмосклероз, эмфиземаи шуш.
Оризаҳои диқи нафас. Аз тарафи касабаи шуш: эмфизема ва норасогии амалиёти шуш, атеклетаз (ҳаво надоштани алвеаолаҳо).
Хориҷ аз шуш: дистрофияи (бад шудани ғизогории) мушакҳои дил, дили шушӣ (сор пулмонал cor pulmon ), норасогии кори дил (гардиши хун).
Табобат. Дар ҳар давраи касалӣ интихоби табобат вобаста ба давраҳои он гуногун мебошад. Дар давраи хурўҷи диқи нафас аз ду усул истифода мебаранд. Намуди аввал, табобати бевоситаи хурўҷи диқи нафас. Тазриқи дохили варидии эуффилин, преднизолон, адреналин, гемодез. Аз рўи оқидаҳои табобати фардӣ ‒ як ё якчанд усулро истифода бурдан мумкин аст.
Ҳангоми хурўҷи сабуктари диқи нафас баъзе доруҳоро ба воситаи даҳон истеъмол мекунанд (эуфиллин, теофедрин) ва ё бо роҳи нафаскашӣ (алупент, салбутамол, беротек ва ғ.), ҳамчунин ба қабати гўшт ва ё зери пўст гузаронидани доруҳоро низ (адреналин, ганглиоблокаторҳо, папаверин, димедрол) ‒ маслиҳат дода мешавад. Намуди дуюми табобатро барои хомўш намудани давраи хурўҷи диқи нафаси атопикӣ истифода мебаранд. Ба ин мақсад доруҳои интал, зиддиҳистаманӣ (супрастин, фенкарол, пиполфен, тавегил, диазолин, зиртек, зодак), усули сўзанзанӣ ва парҳезиро бештар истифода мебаранд. Агар амрози беморӣ сироятӣ бошад, антибиотикҳо, сулфамидҳо, доруҳои балғамҷудокунанда – бромҳексин, бронхолитин, термопсис, солутан (ба шакли аэрозол) ва монанди онҳоро истифода мебаранд. Ба ин мақомот истифодаи интал, усули парҳезӣ ва хусусан, парҳезии гуруснагиро тавсия кардан мумкин аст.
Табобати диқи нафас дар давраи беҳбудии муваққатӣ (ремиссия) роли калонро мебозад. Дар ин давраи касалӣ нақшаи муфассали табобати беморро кашида, ҳамонашро интихоб кардан лозим аст, ки дар оянда хурўҷҳои диқи нафасро пешгирӣ кунад. Аз он ҷумла, табобат бо ҳистаглобулин (паст кардани ҳассосияти хоси бадан), табобати манбаъҳои сироятии бадан бо антибиотикҳо ва ё усулҳои махсус (ҷарроҳӣ, табобат бо истифодаи усули рўҳшифоӣ, баротерапия, спелеотерапия, боду ҳавои кўҳӣ, намудҳои физиотерапия, кинезиотерапия кор мефармоянд.
Экспертизаи корношоямӣ. Қобилияти меҳнатии беморони гирифтори диқи нафас аз давраи касалӣ ва шакли он вобаста мебошад.
Дар давраи хурўҷи диқи нафаси имрози атопикӣ дошта, беморон ба мўҳлати
5-6 рўз ва имрози сироятидошта ба мўҳлати 18-24 рўз корношоям мебошанд.
Беморони гирифтори диқи нафаси шакли вазнин ва инчунин миёнавазнин ҳатман корношоям ҳастанд ва онҳо бояд барои муайян кардани дараҷаи маъюбӣ ба комиссияи духтурӣ-меҳнатӣ фиристода шаванд.
Назорати диспансерӣ. Беморони гирифтори диқи нафас ба назорати дарозмуддати таббӣ гирифта мешаванд ва ба онҳо сари вақт табобати пешгирикунандаи оризаҳои беморӣ гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё