Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Табобат дар осоишгоҳ ва курортҳо. Барои беморони диқи нафас курортҳои соҳили ҷануби Қрим ва Хоҷаобигарм мувофиқтарин мебошанд. 4.2. Бемориҳои дил ва рагҳои хунгард.

Фишорбаландии хун. Табиби оилавӣ дар фаъолияти ҳаррўзаи худ бо миқдори зиёди беморони гирифтори фишорбаландии хун ва ё фишорбаландии шарёнӣ (ФШ) вомехўрад. Пешгирии ФШ вазифаи муҳимтарини табиби оилавӣ мебошад, зеро ин гуна касалиҳо ба ҳодисаҳои маъюбӣ ва фавтияти аҳолӣ таъсири хеле калон расонида, миқдори оризаҳои амрози силсилаи дилу рагҳои хунгардро (сактаи дил, сактаи майна, норасогии фаъолияти дил) зиёд менамоянд. Барои мубориза бо ФШ аввало усулҳои ошкор намудани вайро муайян кардан лозим аст.

Дар аксарияти дармонгоҳҳои шаҳр ҳуҷраи қабл аз духтурӣ фаъолият дорад, ки дар он ҳуҷра фишори хуни ҳамаи муроҷиаткунандагон, новобаста аз шикояташон, чен карда мешавад. Ҳамаи шахсони фишорбаландро ба рўйхати алоҳида гирифта, ба назди терапевтон, барои муоинаи махсус мефиристанд. Барои арзёбии дараҷаи фишори хуни бемор меъёрҳои ТУТ-ро

(Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ) истифода мебаранд. Аз рўи ин меъёр бояд фишори хунро дар ду дафъаи муроҷиати бемор 3 маротибагӣ чен карда, ҳисоби миёнаи онро ба назар гирифтан лозим аст. Фишори хун дар он маврид баланд ҳисобида мешавад, ки агар рақамҳои фишори систоликии шарёнӣ аз 140 мм сутуни симобӣ баробар ё аз он зиёд бошад ва фишори диастоликии шарёнӣ ба 95 мм баробар ё аз он зиёд бошад .

Дар байни беморони гирифтори фишорбаландии шарёнӣ, беморони гирифтори амрози ҳипертонӣ (АҲ) 82-90 фоизро ташкил мекунанд. Ба боқимондаи беморони гирифтори фишорбаландии шарёнӣ (10-18 фоиз) ҳипертонияи алоимӣ дохил мешавад. Аз ҷумла дар ҷои аввал беморони гирифтори пиелонефрити музмин, баъд – тангшавии шарёни гурда, алдостерома, инкишофи барзиёди ғадуди болои гурда, ҳипертонияи ғейрогенӣ меистанд. Баъзан дар бемор якбора 2-3 намуди ин хел касалиҳо вомехўранд. Дар ин маврид фишорбаландӣ хеле бадсифат ҷараён мегирад.

Инчунин мумкин аст, ки ташхиси фишгорбаландии шарёнии алоимӣ ва сабабҳои он баъзан номаълум ҳам монанд. 50 фоизи бемороне, ки ба сабаби марказҳои силсилаи дилу рагҳои хунгард ба маъюбии устувор гирифтор шуда, корношоям мебошанд, ба АҲ вобаста мебошанд.

Барои ташхиси АҲ зарур аст: аввал ташхиси дигар касалиҳои шарёни алоимиро истисно кардан;

‒ барои АҲ оҳиста, дар давоми солҳои тўлонӣ, баробар баланд шудани

ФШС ва ФШД бештар хос мебошад;

‒ фишорбандии шарёнӣ дар синни ҷавонӣ бештар ба касалиҳои гурда рост меояд;

‒ фишорбаландӣ аз рўзҳои тавллуд то синни 35 солагӣ, хусусан агар фишори диастоликӣ баланд ва устувор бошад, аксар боиси тагншавии шарёнҳои гурда ё шоҳраг мешавад;

‒ фишорбаландӣ баъд аз синни 55-60 солагӣ, хусусан агар фишори систоликӣ баланд шуда бошад, ба фишорбаландии систоликии тасаллубии хунрагҳои калонсолон мувофиқ мебошад;

‒ фишорбаланди хурўҷи такроршавандаи аз ҳад баландрақам ба феоохромоситома мувофиқ мебошад.

Барои аниқ кардани ташхиси фишорбаландии шарёнӣ беморро ҳаматарафа муоина кардан лозим аст; ченкунӣ ва қайди фишори хун дар ҳар се соат ва дар давоми як шабонарўз; ташхиси умумии хун ва пешоб, ташхиси миқдори холестерин, креатинин, беталоперотеидҳо, азоби бақиявӣ, ЭКГ, рентгени шуш, дил ва гурда, ултрасадои гурда, машварати духтурони чашм, асабшинос ва дигарҳо. Ҳама мушоҳидаҳоро дар замони ҳозира, дар шароити дармонгоҳ ё марказҳои ташхиси беморӣ гузаронидан имконпазир аст.

Дар ҷараёни АҲ се давра мушоҳида карда мешавад: АҲ-и давраи I дар он вақт муайян карда мешавад, ки агар ФШ ноустувор бошад, худ аз худ то ҳадди мўътадил паст фарояд, ягон узви ба ин мараз дахлдорро иллатнок накарда бошад.

АҲ-и давраи 2 дар он маврид муайян карда мешавад, ки яке аз нишонаҳои зерин дида шавад; инкишофи барзиёди мушакҳои дил (ҳипертофия), ки бо мушоҳидаи физикӣ, рентгенӣ, ЭКГ ё эзокардиография муайян карда шудааст; тангии шарёнҳои шабакияи фишорбаландии шарёнии устувор ва бедору имконнопазирии мўътадил гаштани он.

Ташхиси АҲ-и давраи 3 дар он маврид гузошта мешавад, ки дар узвҳои ба ин мараз дахлдор оризаҳо пайдо шуда бошанд, масалан, норасогии фаъолияти меъдачаи чапи дил, сактаи майна, майнакасалии фишорбаландӣ, тағйироти даруни чашм; инчунин мумкин аст, ки дар ин давраи беморӣ аломатҳои стенокардия, сактаи дил, аневризмаи варақ-варақшудаи шоҳраг, норасогии музмини фаъолияти гурдаҳо мушоҳида карда шаванд.

Пешгирии ФШ дар фаъолияти табиби оилавӣ ҷои махсусро ишғол мекунад.

Табиби оилавӣ бояд пеш аз ҳама усулҳои муайянкунии нишонаҳои аввалини

ФШ-ро дида барояд, сокинони маҳалла худро муоина кунад ва аз рўи нишонаҳои аввалин бор зоҳиршуда, рўйхати беморони гирифтори АҲ ва ҳипертонияҳои алоимиро тартиб диҳад, зери назорати диспансерӣ гирад ва дар вақт-вақташ аз назар гузаронад.

Аммо бемороне, ки барои аниқ кардани ташхис мўҳтоҷи гузаронидани ташхисҳои махсус ва мураккаб мебошанд (аортография, бофтабардорӣ аз гурда ва баъзе дигар ташхисҳо), дар шўъбаҳои махсуси беморхонаҳо бояд бистарӣ шаванд.

Нишондодҳо барои бистарӣ кардан ва хусусиятҳои аниқкунии ташхиси

ФҚШ-и алоимӣ:

‒ бошиддат аз меъёр хеле баланд сар шудани фишорбаландӣ;

‒ ФШ дар синни аз 50 солагӣ ҷавонтар ва меъёри фишори диастоликиаш баробар ё барзиёд аз 115 мм сутуни симоб.

‒ агар дар вақти гўш кардани шоҳраг, гурда (аз ноҳифи шикам) ва ё шарёни суботӣ-хобоваранда (аз гардан) шав-шуви (ғул-ғулаи) систоликӣ маълум карда шавад;

‒ агар дар урограмма иллатнокии номутаносиб (фақат аз як тараф) муайян карда шавад;

‒ агар аломатҳои Исенко-Кшинга ё акромегалия мушоҳида карда шаванд. Табобат. Беҳбудӣ намудани шароитҳои меҳнатӣ, аз байн бурдани омилҳои асабоният, дуруст сохтани вазъи истироҳати ҳаррўза, ҳар ҳафтаина, ҳармоҳа ва ҳарсола, мақомоти дурусти хоб, кам кардани истеъмоли намаки ошӣ, қатъӣ манъ кардани тамокукашӣ ва шаробнўшӣ ‒ муҳимтарин омилҳои табобати беморони гирифтори АҲ ва пешгирии аввалини он мебошанд.

Табобати доругии АҲ. Дар замони ҳозира доруҳои зиёд барои паст намудани фишори хун ҳастанд. Табобати доругии АҲ-ро, умуман назар ба беморхонаҳо дар шароити дармонгоҳ, таҳти назорати диспансерӣ гузаронидан беҳтар аст.

1.Яке аз доруҳое, ки солҳои тӯлонӣ истифода бурда мешаванд, ин диуретикҳо – доруҳои пешоброн мебошанд. Диуретикҳо ба воситаи пешоб обро аз бадани инсон ронда, фишори хунро зуд ва хуб паст мекунанд, қимат нестанд ва дар бисёр мавридҳо фоидабахш ҳастанд.

Чор гурӯҳи диуретикҳо мавҷуданд:

Диуретикҳои тиазидӣ - гидрохлоротизид (гипотиазид), хлорталидон

(гигротон), метилхлортиазид (эндурон). Онҳо аз бадани бемор бо пешоб натрий, калий ва магнийро мебароранд.

Диуретикҳое, ки ба нефрон (ба ҳалқаи он) таъсир мекунанд — фуросемид

(лазикс, фуросемидмилве), буметанид (бумекс), кислотаи этакрин

(эдекрин).

Диуретикҳое, ки калийро дар бадани бемор нигоҳ медоранд — триамтерен

(дирениум), спиронолактон (верошпирон, альдактон) ва амилорид

(мидамор).

Диуретикҳои гурӯҳи нав — индапамид (арифон, арифон-ретард, веро- индапамид, ионик, индап), ки таъсири онҳо ба диуретикҳои тиазидӣ наздик аст.

2. Бета-адреноблокаторҳо, ки дар табобати бемориҳои дил ва рагҳои хунгард хеле васеъ истифода бурда мешаванд: АҲ, амрози ишемияи дил –

ИБС, вайроншавии тапиши дил ва ғ.

Ба бета-адреноблокаторҳое, ки ба худи дил таъсир мерасонанд

(кардиоселексионӣ) дохил мешаванд:

— атенолол (атенолол-никомед, атенолол-ратифарм, ano-атенолол, катенол, бетакард, хайпотен); — метопролол (метопролол-ратифарм, эгилок, эгилок-ретард, беталок, вазокардин, корвитол, метокард, эмзон);

— бисопролол (конкор, конкор-кор, биогамма);

— бетаксолол (бетак, локрен);

—— небиволол (небилет);

— талинолол (корданум).

3. Ингибиторҳои ферменти ба ангиотензин мубаддалшаванда (ИФА)

(ингибиторҳои АПФ). Ин доруҳо ба фермети ба ангиотензин мубаддалшаванда таъсир меномоянд ва фаъолияти онро манъ мекунанд.

Ин фермент баъди якчанд мубаддалиёти биохимиявӣ сабабгори танг шудани рагҳои хунгард мешавад ва дар натиҷа фишори хун баланд шуда, миқдори натрий ва об дар бадан зиёд мегардад. Ба ин доруҳо дихил мешаванд:

— каптоприл (каптоприл-эгис, капотен, ангиоприл, блокордил, рилкаптон);

— эналаприл (эналаприл-АКОС, эналаприл-ФПО, энап, энан, эднит, энвас, вазотек, вазопрен, берлиприл, миоприл, ренитек);

— лизиноприл (лизиноприл Штадл, диротон, лизорил, ластрил, даприл, синоприл, принивил). Дар як рӯз як бор истеъмол карда мешавад;

— фозшюприл (моноприл); беназеприл (лотензин); рамиприл (тритаце);

— моэксиприл (моэкс); периндоприл (престариум); хинаприл (аккупро); трандолаприл (гоптен); спираприл (квадроприл), цилазаприл (инхибейс).

4. Антагонистҳои калсий ба миқдори зиёд дохил шудани ионҳои калсийро ба ҳуҷайраҳои қабати миёнаи мушакии девори рагҳои хунгард монеъ мешаванд.

Миқдори зиёди ионҳои калсий, бошанд дар навбати худ, рагҳои хунгардро танг мекунад ва фишори хун баланд мешавад. Антагонистҳои калсий ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) ҳаббҳои нифедипин (коринфар, кордипин, фенамон), верапамил (изопитин, финоптин) ва дилтиазем (диазем, дилкардия). Таъсири онҳо зуд мегузарад ва дорои баъзе таъсирҳои манфӣ низ ҳастанд.

  1. антагонистҳои калсии таъсирашон дарозмуддат: аз гурӯҳи нифедипин

(нифедипин-ретард, осмо-адалат, коринфар-ретард, кордипин-ретард, фенамон- ретард, кордафлекс, калсигард-ретард, никардия), аз верапамил (верапамил- ретард, изоптин CP 240), аз дилтиазем (дилтиаземретард, алдизем, кардил, кардизем), аз доруҳои нисбатан нав баромад— нимодипином (нимотоп), насолдипином и исрадипином (ломир). Ин доруҳу дар як шабонарӯз як маротиба қабул карда мешавад ва бештар ба беморони АҲ, ки бемории қанд ва ё амрози ишемияи дил доранд, таъин карда мешаванд.

  1. ба антагонистҳои калсийи гурӯҳи сеюм - амлодипин (вероамлодипин, амлодил, кардилопин, аген, калчек, амловас, акридипин) и ласидипин (ласипил) дохил мешаванд. Дар замони ҳозира бештар амлодипин (нормодипин) истифода бурда мешавад, ки таъсири дурудароз дорад ва кори дилро мӯътадил менамояд.

5. Блокаторҳои рецепторҳои ангиотензин. Ферменти ангиотензин, чӣ тавре, ки дар боло қайд карда будем, рагҳои хунгардро танг карда, фишори хунро баланд мекунад. Таъсири ин ферментро ресепторҳо ба худ қабул мекунанд (аз калимаи лотинӣ «ресептио» — қабул кардан, гирифтан). Доруҳое ихтироъ шудаанд, фаъолияти ин ресептрҳоро маън (блокада) мекунанд ва дар охир фишори хун паст мешавад. Ба ин гурӯҳ: лозартан (лозап, козаар, презертан), валсартан

(диован), кандесартан (атаканд), ирбесартан (апрорель), тельмизартан (микардис) ва эпросартан (теветен) дохил мешаванд. Ҳамаи ин доруҳо таъсири дарозмуддат доранд ва дар як шабонарӯз як бор қабул карда мешаванд. Фишори хуни бемор дар муддати ду ҳафтаи қабули дору паст мешавад.

6. Алфа-адреноблокаторҳо нисбатан камтар истифода бурда мешаванд ва ба беморони касали қанд таъйни карда намешаванд, аммо маълумотҳое ҳам ҳастанд, ки онҳоба қанди хун таъсир намерасонанд ва дар вақти истеъмоли дуру дароз, чарбҳои хунро (миқдори холестерин ва ғ.) паст мекунанд. Ба ин гурӯҳи доруҳо доксазозин, теразозин (як бор дар як шабонарӯ қабул карда мешавад) ва празозин (2 — 3 бор дар як шабонарӯ қабул карда мешавад), дохил мешаванд.

Беҳтарини ин гурӯҳ доксазозин (кардура, камерен, заксон) аст.

7. Доруҳое, ки ба мағзи сар таъсир мекунад. Ин гунна доруҳо ба минтақаи мағзи сар, ки фаъолияти фишори хунро идора мекунад, таъсир мекунанд. Аз ин гурӯҳ дар фишорбаландие, ки бо касалии қанди хун якҷоя мегузарад - моксонидинро (синт, физиотенз) тавсия мекунанд. Ба ин гурӯҳ боз доруҳои фишори хунро пасткунандае дохил мешаванд, ки солҳои тӯълонӣ аз тарафи табибон истифода бурда мешаванд. Ба онҳо клофеллин ва дибазол дохил мешаванд, таъсири онҳо зуд гузаро буда, онҳо бештар дар вақти хурӯҷи беморӣ истифода бурда мешаванд.

8. Доруҳое, ки дар таркиби худ намояндаҳои гурӯҳҳои гуногуни доруҳои фишорпасткунандаи хунро доранд (комбинатсияи доруҳо). Миқдори ин гуна доруҳо сол аз сол зиёд шуда истодааст ва ин якчанд сабаб дорад:

— дар таркиби як дору будани, масалан, ду гурӯҳи доруҳои фишорпасткунандаи хун таъсири якдигарро зиёд менамояд.

— комбинатсияи доруҳо миқдори онҳо ва таъсири манфии онҳоро низ кам мешавад.

— қабули як дору ба ҷои ду ва ё се дору, як бор, дар муддати як шабонарӯз, бештар кафолати он аст, ки бемор ин доруро қабул мекунад (аз хотир намебарорад ва ғ.).

Дар анҷоми сухан, бояд қайд намуд, ки намояндаи кадом гурӯҳи доруҳои фишорпасткунандаи хун ва бо кадом миқдор ба бемор таъин карда мешаванд аз бисёр нишондодоҳо вобастагӣ дорад ва ин - хусусиятҳои рафти беморӣ, синну соли бемор, дарҷаи фишорбаландӣ, касалиҳои дигаре ки бемор дорад ва ғ. мебошанд. Дар ҳар мавриди алоҳида, табиби оилавӣ ҳамаи ин нишондодҳоро ба назар гирифта, баъд табобати АҲ-ро бояд сар кунад, чунки ин табобат тӯлонӣ буда, қариб тамоми умри боқимондаи беморро (дар байни шахсони калонсол ва солхӯрда) дар бар мегирад. Табиби оилавӣ махсусан ба табобати кӯдакон ва наврасони фишорбаланд аҳамият диҳад. Ба интихоби доруҳои фишорпасткунандаи хун дар ин синну сол ниҳоят ҷиддӣ рафтор намуда, бештар аз табобати ғайридоругӣ (бо паҳрез, истифодаи гиёҳҳои шифобахш, машқҳои ҷисмонии махсус) оғоз намояд.

Дар шароити дармонгоҳ табобат танҳо бо ҳаббаҳои доруҳои фишорпасткунандаи хун гузаронида мешавад, ки ин яке аз хусусияти табобати дармонгоҳӣ – амбулаторӣ мебошад. Бартарияти ин дар он аст, ки миқдори (дозаи) ҳаббаҳоро назорат кардан (кам ё зиёд кардан) мумкин аст, онҳоро худи бемор қабул мекунад ва ғ.

Бемор бояд сабабҳои хурўҷи касалии худ, хусусан дар соҳаи парҳезӣ, беҳуда ғазабнокшавӣ, камхобӣ, камҳаракатӣ, барзиёд иҷро кардани корҳои майнавӣ ва ҳоказоҳо дуруст фаҳмад ва барои муборизаи онҳо сарфаҳм равад, яъне вай бояд ҷараёни касалии худро дар назорати доимӣ гирифта тавонад.

Солҳои охир барои табобати ҳама касалиҳо, хусусан барои табобати АҲ, доруҳои нав ба нав тайёр карда истодаанд. Баъзан беморон аз табиб пештар бо ин доруҳо шинос мешаванд. Табиби оилавӣ бояд бо ҳама доруҳои нав шинос бошад. Дастурҳои онҳоро бодиққат хонад, омўзад ва ҳадди имкон онҳоро дар фаъолияти худ кор фармояд.

Табобати осоишгоҳи-курортӣ. Беморони гирифтори АҲ-и дараҷаи I ва II-и беоризаро ба осоишгоҳ ва курортҳои иқлимӣ ва маҳаллӣ фиристодан мумкин аст. Инчунин, агар беморон гирифтори стенокардияи вазоифии дараҷаи I ва II, норасоги фаъолияти дил аз дараҷаи I боло набошад ва агар вайроншавии танзими таппиши дил мушоҳида нашавад, табобат дар курортҳою санаторияҳо имконпазир аст.Дар Тоҷикистон барои ин беморон санаторияҳои Харангон, Ўротеппа ва курорти Хоҷаобигарм хеле мувофиқ мебошанд.

Назорати диспансерӣ. Беморони гирифтори АҲ-и дараҷаи I дар як сол 2 маротиба аз мушоҳида мегузаранд. Аз ҷумла, бори якум бояд хун, пешоб, холестерин, қанди хун, ЭКГ, флюрографияро ташхис карда, инчунин аз машварати духтурони чашм ва асабшинос гузаранд.

пешина
аз 37
навбатӣ