ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Норасогии музмини хунгардиш.
Аз сабаби он, ки миқдори бемориҳои дил ва рагҳои хунгард дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва махсусан дар давлатҳои тараққикарда хеле зиёд аст, норасогии музмини хунгардиш, ки яке аз оризаҳои ин бемориҳост, дар таҷрибаи кории табиби оилавӣ бештар во мехӯрад.
Бояд гуфт, ки ташхис ва табобати фаъолияти дил дар шароити дармонгоҳ ҳам мушкилот ва ҳам хусусиятҳои махсус дорад. Маълум аст, ки назар ба 20-25 соли пеш, фавти беморон аз норасогии музмини вазоифи дил аз 60 то 40 фоиз паст фаромадааст. Вале агар беморон пештар аз ҳолати варамӣ – истисқои шикам (ҷамъ шудани об дар шикам) ба ҳалокат мерасиданд, ҳоло бошанд аксарияти ин беморон, вобаста бо бисёр истифода бурдани гликозидҳои дил ва доруҳои пешоброн, ба ин ҳолат кам гирифтор мешаванд ва аз ҳолати номавзуни кори дил (аритмия) мемиранд.
Дар ин маврид сухан фақат дар бораи табобати норасогии музмини фаъолияти дил меравад, зеро табобати норасогии шадиди фаъолияти дил дар беморхонаҳо гузаронида мешавад. Барои ин табиби оилавӣ бояд аввало тадбирҳои пешгирии чунин касалиҳоро ба нақша гирад.
Табиби оилавӣ дар байни 1500-1700 нафар аҳолии маҳаллаи худ аввал рўйхати он беморонеро тайёр мекунад, ки бемории онҳо барои пайдоиши норасогии гардиши хун ҳатман сабаб шуда тавонад. Ба инҳо дохил мешаванд: а) беморони гирифтори амрози фишорбаланди шарёнӣ ва фишорбаланди алоимии шарёнӣ, мушакҳои дили ин беморон доимо баръакси фишорбаландӣ ва муқобилиятнокии рагҳои атрофии хун кор мекунанд ва ҳолате мерасад, ки мушакҳои дил монда мешаванд ва норасогии хунгардиш пайдо мешавад; б) беморони гирифтори касалиҳои музмини шуш, чунончи касалиҳои ғайрихоси музмини шуш, диқи нафас. Ин хел беморон аксари вақт, гирифтори фишорбаландии давраи хурди гардиши хун (фишорбаландии шушӣ) мебошанд. Ин ҳолат сабаби гипертрофияи (васеъшавии) мушакҳои тарафи рости дил мегардад ва оқибат ба норасогии кори аввал дили рост ва баъд, тамоми дил оварда мерасонад; в) беморони гирифтори касалиҳои худи миокард: газаки миокард
(миокардит), эҳтишои миокард, дистрофияи мушаки дил (эндрокринӣ, майпарастӣ); г) беморони гирифтори нуқсонҳои дил: ирсӣ ё ғайриирсӣ (дар зиндагӣ рўйдода); д) беморони гирифтори илтиҳоби эндокард ва перикард.
Вазифаи дигари табиби оилавӣ ба қадри имкон барвақттар аниқ кардани ташхиси касалӣ мебошад. Норасогии музмини кори дил одатан оҳиста, барои худи бемор номаълум инкишоф меёбад. Пайдоиши варамиҳо аз нишонаҳои аввалин набуда, балки зоҳиршавии мукаммали ҳама нишонаҳои норасогии хунгардиш мебошад. Беморро бояд то пайдо шудани варамиҳо ташхис кунанд ва худи бемор ҳам, бояд онро муайян карда тавонад.
Норасогии музмини хунгардиш ҳолатест, ки силсилаи дил ва рагҳои хунгард барои иҷрои фаъолияти мўътадили узвҳо ва бофтаҳои бадан, қобилияти ба онҳо бурда расонидани хунро суст кардааст.
Дар таҷрибаи корӣ табиби оилавӣ бештар аз таснифоте, ки барои табобати ин беморӣ қулайтар аст ва намунаҳои тансифоти Страҷеско ва Василенко, ва инчунин Бознигарии таснифоти байналмиллалии маразҳо, (ТБМ)-10-ро дар бар мегирад, истифода бурда метавонад: норасогии гардиши хун се марҳала дорад: марҳалаҳои 1, 2 ва 3.
Марҳалаи 1-саршавии норасогии гардиши хун мебошад, ки аксарияти нишонаҳо пинҳон мебошанд. Бемор дамкўтоҳӣ, тез задани дил ва мондашавиро фақат дар вақти иҷрои кори сабуки ҷисмонӣ ҳис мекунад. Дар ҳолати оромӣ бемор аз ягон нуқсон шикоят надорад.
Марҳалаи 2 аз давраҳои зерин иборат аст:
Дар давраи1 нишонаҳои норасогии гардиши хун дар ҳолати оромӣ, фақат дар хунгардиши калон, ё хурд ва ба дараҷаи миёна зоҳир мешаванд.
Қобилияти ҷисмонии бемор низ суст гаштааст.
Давраи 2 зоҳиршавии ҳама нишонаҳои норасогии гардиши хун дар ҳарду хунгардиш.
Марҳалаи 3 давраи охирини норасогии хунгардиш, вайроншавии бозгаштнопазири ғизогории сохти узвҳо ва бофтаҳои бадан мебошад.
Марҳали 1-ми норасогии хунгардишро марҳалаи саршавӣ меноманд, лекин агар дар ин марҳала дар асоси кори ками ҷисмонӣ нишонаҳои касалӣ аллакай зоҳир шаванд, ин марҳалаи саршавии касалӣ ҳисоб намешавад.
Ташхис. Табиби оилавӣ ва аксар вақт худи бемор нишонаҳои пинҳонии токлиникии касалиро муайян карда метавонанд. Аз пурсиши бемор, аломатҳои беморӣ ва бо усулҳои ташхисӣ (ЭКГ, велоэргометрия, ултрасоди дил - эхокардиография ) бемориро дар марҳалаи токлиникиаш аниқ ташхис карда мешавад: 1. Ташхиси фосилавии систолаи меъдачаи чап: ин усули ташхис имрўз дар шароити аксарияти дармонгоҳҳо имконпазир мебошад ва бояд ҳар як беморе, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор дорад, ҳар сол 2 маротиба муоина шавад. Аз рўи таносуби давомнокии ҳар як фосилаи систолаи меъдачаҳои чап ё рост, дар бораи сустшавии қобилият ва фаъолияти миокард хулоса баровардан мумкин аст.
2. Усули велоэргометрӣ – муайянкунии қобилияти ҷисмонии бемор.
Ин усулро дар марази фишорбаланди шарёнӣ татбиқ намекунанд, зеро фишори хун шадидан баланд мешавад.
3. Усули ташхиси ултрасадои дил ҳаҷми диастоликии ковокии меъдачаи чапи дил маълумоти хеле муҳим медиҳад: вақте ки фақат ковокии меъдача аз ҳад зиёд пуршуда, аммо қобилияти ёзиши мушакҳои дил вайрон нашудааст, нишонаҳои норасогии хунгардиш пинҳон монад, муфассал зоҳир намешаванд. Ҳамин тавр нишонаҳои аз ҳад зиёд пуршавии ковокӣ ва ғафсшавии мушакҳои меъдачаи рости дилро дар мавриди касалии дили шушӣ ташхис карда, аниқ кардан имконпазир мебошад.
4. Усули 4-5 маротиба нишаста хестани бемор нишон медиҳад, ки миқдори набз назар ба миқдори нафас дер ба ҳолати мўътадилӣ бармегардад.
5. Дар ЭКГ ғафсшавии мушакҳои чап ва ё рости меъдачаҳои дил, нишонаҳои барвақттарини (токлиникии) норасогии хунгардиш дида шуда метавонад, зеро мушакҳои ғафсшуда, оҳиста лаёқати кории худро гум мекунанд ва тез монда мешаванд.
6. Сулфа, хусусан сулфаи шабона ҳам нишонаи барвақттарини норасогии хунгардиш ҳисоб шуда метавонад, зеро аз сабаби сустшавии кори дил бронхити варамӣ, варамии пардаҳои луобии силсилаи касабаи шуш пайдо мешавад ва ин асосан шабона дар вақти хоби уфуқӣ рафтан сабаби пайдоиши сулфа мешавад.
7. Яке аз нишонаҳои барвақттарини норасогии хунгардиш зоҳиршавии маҷмўи алоими гипералдостеронизм мебошад: аз сабаби сустшавии қобилияти кори меъдачаи рост ҷигар варам карда, қобилияти бетаъсиркунии алдостеронро барвақт гум мекунад. 8. Қабл аз зоҳиршавии нишонаҳои варамӣ, бештар ҳангоми бегоҳирўзиҳо, дар бадан ва узвҳои дохилӣ варамҳои ноаён пайдо мешаванд ва агар пагоҳӣ ва бегоҳӣ вазни бемор баркашида шавад, бегоҳирўзӣ бемор вазнинтар мешавад.
9. Яке аз нишонаҳои қабл аз клиникии норасогии хунгардиш зиёдшавии миқдори пешоби шабона назар ба рўзона (никтурия) мебошад.
10. Агар варамиҳои пинҳонӣ пайдо шуда бошанд, қабули як пулакча доруи пешоббарор (ҳипотиазид, фуросемид), миқдори пешобро зиёд мекунад.
11. Аҳамият дорад – ташхиси хунгардиши марказӣ.
Табобати норасогии музмини хунгардиш, ҳамчун табобати дигар бемориҳо аз табобати бедоругӣ ва табобат бо доруҳо иборат аст.
Бе истифодаи доруҳо чанд тадбирҳоро иҷро кардан мумкин аст: а) азбаски норасогии хунгардиш бо кам шудани қобилияти кории мушакҳои дил инкишоф меёбад, миқдори иловабории ҷисмониро маҳдуд ва ё беҳтараш, танзим кардан лозим аст; б) истифодаи хӯроки парҳезӣ –кам кардани хӯроки чарбҳои (холестерин) ҳайвонӣ дошта, намаки ошӣ, ва зиёд истеъмол кардани сабзавоту мева, витаминҳо; в) табобати усулҳои махсуси ҳаракати ҷисмонӣ (ЛФК)-ро барои бемор маслиҳат медиҳанд; в) истифодаи молиши бадан (молиши сабук) манфиати хуб дорад; г) умуман истифодаи омилҳои обиро – обпошҳо, оббозӣ дар тағора, обанборҳо хеле васеъ истифода бурдан мумкин аст. Гуфтан лозим аст, ки тадбирҳои табобати бедорувориро ба ҳама беморон, новобаста аз марҳала ё давраи инкишофи норасогии музмини хунгардиш истифода бурдан мумкин аст.
Табобат бо доруҳо ба ду намуд ҷудо мешавад: табобати маразҳои асосии
(сабабии) бемор ва табобати айнан норасогии музмини хунгардиш.
1. Табобати марази асосии бемор, ки вай беморро ба ҳолати норасогии музмини хунгардиш оварда расонидааст. Он маразҳо хеле бисёранд
(фишорбаландии шарёнӣ, тарбод, эндокардит, миокардит, эмфиземаи шуш, диқи нафас, маразҳои гурда ва дигарҳо) ва дар бораи онҳо феълан сухан намеронем, зеро роҷеъ ба он масъалаҳо дар бахшҳои дигар китобҳо маълумот дода шудааст. Вале гуфтан лозим аст, ки бе табобати маразҳои асосии омилҳои пайдоиши норасогии хунгардиш, ягон дору, хусусан гликозидҳои дил, манфиате намерасонанд ва баръакс, зарар дорад.
2. Тадбирҳои табобати доруворӣ ба 7 гурўҳ ҷудо мешаванд.
1. Истифодаи гликозидҳои дил - табобати асосии норасогии хунгардиш мебошад, зеро сабаби беморӣ ин сустшавии қобилияти ёзиши мушакҳои дил буда, дар ин мавридҳо гликозидҳои дил омили имрозӣ мебошанд.
Тарзи хубтарини истифодаи гликозидҳои дил ин мақомоти мунтазам ва дуру дароз истифода бурдани гликозидҳо мебошад. Лекин табиби оилавӣ бояд худ донад, ки усули истифодаи дурударози гликозидҳо ба ҳодисаҳои ногаҳонӣ дучор карда метавонад. Масалан, ҳодисаи кумулясия пасандози вояи гликозид дар таркиби бадан, зоҳиршавии нишонаҳои заҳролудшавии бадан ва пайдошавии номавзунии таппиши дил.
Намояндаҳои гликозидҳои дил- дигоксин, целанид ва ғ. мебошанд, аммо таъсири пасандозшавии онҳо зиёд аст. Дар ҳар як ҳолат алоҳида, табиби оилавӣ синну сол, равнақи беморӣ, дараҷа ва оризаҳои онро ба инобат гирифта, ба бемор миқдори ин доруҳоро таъин менамояд.
Коргликон – яке аз намояндаҳои гликозидҳо, барои зуд таъсиркуниаш (бо усули тазриқ гузаронидани дору ба дохили хун) истифода мебаранд, аммо дар шароити дармонгоҳ онҳоро аз 10 рўз зиёд истифода бурдан мумкин нест. Бо ин дору вояи нигаҳдоранда пайдо кардан ғайриимкон мебошад.
3 хел суръати серӣ кардани бадан бо гликоздҳоро интихоб кардан мумкин аст. а) суръати дар як шабонарўз тез серӣ кардани бадан, ки дар мавридҳои табобати шакли шадиди норасогии кори дил интихоб карда мешавад;
Б) суръати миёнаи серӣ кардани бадан, ки ин дар мавридҳои табобати шакли тахисистоликии номавзунии эҳтизоҷии таппиши дил интихоб карда мешавад;
Суръати суст (оҳиста) серӣ кардани бадан бо гликозидҳо ва гузаштан барои ҷорӣ кардани вояи нигаҳдоранда (50 фоиз, 25 фоиз аз вояи пурра). Вояи мукаммал серӣ кардани хун барои дигитоксин ‒ 2 мг, дигоксин – 3 мг, изоланд – 5 мг мебошад.
Аз рўи мушоҳидаи миқдори набз ҳам дар бораи сер шудани бадан бо гликозидҳо тасаввурот пайдо кардан мумкин аст. Масалан, агар миқдори набз дар як дақиқа 90 зарба бошад, меъёри вояи пурраи гликозидро гирифтан лозим меояд. Агар миқдори набз дар ҳолати оромӣ ба 70 ва пас аз варзиши иловагӣ ба 80 зарба баробар бошад, серӣ будани бадан бо гликозид айнан ҳисобида мешавад.
Дар мавридҳои номавзунии эҳтизоҷии таппиши дил духтур бояд ҳаракат намояд, ки миқдори набз аз 65-60 дар як дақиқа зиёд нашавад.
Табобат бо истифодаи гликозидҳои дил умуман бисёр нозукиҳо дорад, ки духтури маҳалла бояд дар ин хусус маълумоти пурра дошта бошад. Баъд аз дуруст интихоб кардани меъёри гликозид мумкин аст, ки ҳассосияти бадан афзояд. Ин хел ҳодисаҳо бештар дар мавридҳои табобати пиронсолон, беморони гирифтори миокардит ва эндокардит дида мешавад. Онҳо чунин зоҳир мешаванд: а) пайдошавии номавзунии таппиши дил. Дар мавридҳои табобати норасогии хунгардиши музмини марҳалаи 2, ин ҳодиса дар 50 фоизи беморон ва марҳалаи 3 дар 70 фоизи беморон воқеъ мешавад, хусусан шакли экстрасистолии меъдачаҳои дил; б) аломатҳои вайроншавии асабу ҳолати рўҳӣ (вайроншавии мунтазами хоб, тез ангезишӣ). Ин ҳодисаҳо бештар дар шахсони кўҳансол дида мешаванд;
Баъд аз эҳтишоъи дил то гузаштани 6 моҳи аввал беҳтараш гликозидҳои дилро дар шароити дармонгоҳ истифода набаранд.
2. Истифодаи диуретикҳо. Ин хел доруҳоро асосан дар вақти муфассал зоҳиршавии нишонаҳои интиқоли хун (варамиҳо) истифода мебаранд.
Табобати норасогии хунгардишро аз ин доруҳо сар намекунанд, вале дар маҷмўи дигар доруҳо онҳо манфиати хеле хуб мерасонанд. (Дар бораи диуретикҳо маълумоти пурра дода будем –нигаред ба табобати фишорбаландии хун). 1.Доруҳои фаъолтарини аз гурӯҳи диуретикҳо, масалан фуросемид (лазиск), пешобро якбора ва тез ба миқдори хеле зиёд мебарорад. Аз ин ҷо дар таркиби миокард миқдори калий якбора кам шуданаш мумкин аст, таносуби калий-натрий дар миокард вайрон мешавад. Барои ҳамин ҳам, дар шароити дармонгоҳ ин доруро бо эҳтиёт ва тавоногӣ таъин кардан лозим аст.
2. Гинотиазид таъсири пешоббарориаш миёна мебошад, аз бадан миқдори калий он қадар зиёд ихроҷ намешавад. Инро дар шароити дармонгоҳ васеътар истифода бурдан мумкин аст.
3. Триампур, риамтерен, верошпирон доруҳои таъсири пешоббарориашон сусттар, духтурони маҳалла онҳоро бештар интихоб менамоянд. Онҳо антагонисти алдостерон буда, дар бадан миқдори калийро нигоҳ медоранд ва натрийро бештар мебароранд. Лекин агар аломатҳои маҷмўи гипералдостеронизм дар бадан вуҷуд надошта бошанд, верошпирон манфиати дуруст намерасонад. Инчунин бояд табиби оилавӣ донад, ки верошпирон сабаби пайдошавии маҷмўи нишонаҳои гирсутизм, гинекомастия, гиперкалиемия ҳам шуда метавонад. Лекин, агар бемор мўҳтоҷи қабули тўлонии верошпирон бошад ва агар нишонаҳои гиперкалиемия пайдо шавад, духтур метавонад муваққатан миқдори калийро кам кунад, чуноне ки меъёри вояи нигаҳдорандаи доруро интихоб карда бошад.
3. Истифодаи доруҳои васеъкунандаи рагҳои хунгардиши канори. Ин гуна доруҳо маҷрои шараёнчаҳоро васеъ карда, кашиши хуни варидиро метезонанд, дар натиҷа хунгардиш ва қобилияти кори дил беҳтар мешавад, миқдори мумии хуни гардишкунанда кам мешавад, ки ин барои табобати норасогии хунгардиш аҳамияти калон дорад.
Доруҳои васеъкунандаи рагҳои хунгардиши канорӣ ду хел мешаванд: а) ба рагҳои хунгардиши варидӣ таъсиркунанда (нитратҳои органикӣ ‒ нитроглитсерин, нитронг, нитросорбит, изосорбит, коринфар, сустак). Дар бадани беморони маризи ишемияи музмини меъдачаи чапи дил дошта, ин хел доруҳо манфиати калон мебахшанд; б) ба рагҳои хунгардиши шарёнӣ таъсиркунанда. Ба ин гурўҳи доруҳо апрессин, аз гурўҳи гидролазин дохил мешаванд. Апрессин ҳамчун монопрепарат, агар муддати тўлонӣ қабул карда шавад, дар бадани одам натрийро бозмедорад. Ба ин хел доруҳо инчунин нифедипин, ки антагонисти калсий мебошад, дохил мешавад. Вай барои табобати марази фишорбаландии шарёнӣ ва норасогии хунгардиш доруи айнан интихобӣ мебошад. Ин доруҳо фаъолияти нафаскаширо ҳам беҳтар менамоняд.
4. Доруҳои таъсирашон омехта - корватон, сиднефарм. Вақте ки варидҳо аз хун лабрез мешаванд ва артериолаҳо дар ҳолати ёзишанд, ин доруҳо муфид мебошанд. Онҳо силсилаи ренинангиотензинро ҳам мўътадил менамоянд.
Асосан онҳоро, дар марҳалаи норасогии музмини хунгардиш истифода мебаранд. Дар давраи табобат бо корватон ҳатто қабули гликозидҳои дилро боздоштан мумкин аст.
5. Доруҳои ба мубодилаи ба мушаки дил ва узвҳои бофтаи дигари бадан таъсиркунанда. Аз қатори ин доруҳо АТФ, рибоксин, оротати калий, панангин ва маҷмўи витаминҳо мебошанд. Хусусан онҳо дар вақте, ки имрози норасогии хунгардиш мураккаб (чандхела) ва инчунин агар бемор кўҳансол бошад, рибоксин аз ҳама манфиатноктарин мебошад. Таъсири мусбатии вай боз зиёдтар мегардад, агар он ба маҷмўи гликозидҳо ҳамроҳ карда шавад. Рибоксин ба гурўҳи антиоксидантҳо дохил мешавад, вай истифодаи оксигенро аз тарафи мушакҳои дил зиёд мекунад, ягон хел таъсироти нохуш намерасонад ва аз ин сабаб вайро дар як шабонарўз 2 маротиба, дар муддати тўлонӣ, дар шароити дармонгоҳ истифода бурдан мумкин аст.
Оротати калий – ин доруро на аз сабаби номи калийро доштан, балки ҳамчун туршии оротат, алоҳида барои табобати норасогии музмини хунгардиш истифода мебаранд.
Ба гурўҳи доруҳои дар дохилашон калийдор, доруҳои панангин, хлориди калий, аспаркам ва дигарҳо дохил мешаванд. Ин доруҳоро хусусан ба маҷмўи доруҳои пешоббароранда (фуросемид, лазикс, ҳинотиазид) ва гликозидҳои дил ҳамроҳ карда таъин менамоянд, зеро зиёд кардани миқдори калий дар таркиби хун таъсири манфии доруҳоро бозмедорад.
Агар навъи хунгардиш маълум бошад, ба навъи ҳипоё эукинетӣ шабоҳат дошта бошад, доруҳо аз гурӯҳи нитратҳо: нитромази 2 фоиза сиднефарм (8-
16 мг) ва нитросорбит (60-160 мг), фенидипинселанид таъин кардан мумкин аст. Агар навъи хунгардиш ба ҳиперкинетӣ шабоҳат диҳад, доруи анаприлин интихоб карда мешавад.
Агар фаъолияти ренини плазма шакли хипоренинӣ дошта бошад, доруи фенигидин ва агар шакли ҳиперренинӣ дошта бошад, доруи кантрил таъин кардан лозим аст. Агар миқдори алдостерон дар таркиби хун зиёд шуда бошад ва ё нишонаҳо зиёдии алдостерон дар хун зоҳир гардад, верошпирон
(100-200 мг дар як шабонарўз)-ро таъин кардан лозим аст.
Назорати диспансерӣ. Табиби оилавӣ дар ин хусус бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:
‒ барвақттар ташхис намудани нишонаҳои аввалини норасогии музмини хунгардиш; ба назорат гирифтани бемороне, ки касалиҳои ба норасогии хунгардиш оварда мерасонидагӣ доранд;
‒ дар вақт-вақташ гузаронидани табобати беморони норасогии хунгардиш дошта бо маҷмўи доруҳои гликозидҳои дил, пешоббароранда, мавзункунандаи набз ва ҳоказо.
Экспертизаи корношоямӣ. Ба беморони гирифтори марҳалаи I ва II-и норасогии музмини хунгардиш, ба муддати 7-12 рўз варақаи корношоямӣ мекушоянд, дар марҳалаи II аз 3 то 6 ҳафта.
Ба беморони гирифтори норасогии хунгардиши марҳалаи II бештар гурўҳи маъюбии III, дар марҳалаи II ва 3 гурўҳи маъюбии II ва ҳатто I муайян карда мешавад. Ҳар дафъа муайянкунии гурўҳи маъюбӣ аз рўи қоидаи фардӣ ҳал карда мешавад.
Агар марҳалаи норасогии хунгардиш аз дараҷаи I гузашта бошад, ба курорт рафтани бемор қатъиян манъ карда мешавад. Ба санаторияҳои маҳаллӣ ва кардиологӣ бо нишондодҳои марҳалаи II ҳам рафтан имконпазир мебошад. Давраи аз вулодат (наслронӣ) мондан. Давраи климактерӣ. Дар ҳаёти занҳо ва мардҳо даврае фаро мерасад, ки онҳо вулодат мемонанд.
Давраи климактерии занон. Ин воқеа барои онҳо аслан табиӣ (ҳолати физиологӣ) мебошад, вале ҳолати ҳатман физиологӣ, яъне тамоман бешикоят гузаштани ин давра тақрибан дар 15-20 фоизи занони аз наслмонда дида мешаваду халос. Боз дар ҳамин миқдори занон ҷараёни ин давра сабук буда, онҳо ҳатто ба духтур муроҷиат намекунанд. Ва тахминан аз 3/1 қисми занон ин давраро ҳамчун касалӣ мегузаронанд, ки онро аломати аз насл мондан (алоими климактерӣ) меноманд.
Яке аз аломатҳои ин давра алоими климактерӣ – баланд шудани фишори хун, дилзанӣ, чарх задани сар мебошад ва из ҳамин сабаб мо пайдо шудани чунин тағиротҳо ва умуман давраи аз вулодат (наслронӣ) монданро ба қисми бемориҳои дил ва рагҳои хунгард ҷой додем. Ин аломатҳо бо гузаштани давраи клмактерӣ бештар мегузаранд, аммо дар баъзе шахсон, тақрибан 20-25%, ин аломатҳо ба бемории фишорбаландии хун, ИБС ва ғ. табдил меёбанд. Аз ҳамин сабаб табиби оилавӣ ба шахсони дар ин давраи ҳаёт буда, бояд бодиққат бошад, ҷараёни бемориҳои номбаршударо пешгирӣ намояд.
Вақти саршавии ин давра, омилҳои вобастагии он барои худи зан номаълум мемонанд. Вай бо шумораи ҳомиладорӣ ҳам вобаста нест ва аксари вақт ирсӣ мебошад.
Пиршавии занҳо аз вайроншавии вазоифи таносулӣ, қатъшавии фаъолияти вулодат ва ҳайз сар мешавад.
Аз вулодат мондан се марҳала дорад:
1. Марҳалаи қабл аз вулодат мондан: бисёршавии маҳбинии беовулятсия – тағйирёбии давомнокии мўҳлати маҳбинӣ ё миқдори хунравӣ; кам шудани вазоифи ҳормоналии тухмдонӣ зан. Ин марҳила аз 2 то 10 сол давом мекунад.
2. Марҳалаи аз вулодат мондан: аз давраи бори аввал аз бачадон омадани хун сар мешавад, ки бо вазоифи ҳормоналӣ вобаста мебошад. Вақти ин ҳолатро беҳтараш баъд аз як соли аз хунравӣ гузаштан аниқ менамоянд. 3. Марҳалаи баъд аз вулодат мондан: аз ҳайзи охирон то тамоман қатъ шудани вазоифи тухмдон. Ин марҳала 10 ва зиёд сол давом мекунад.
Нишонаҳои вай нишонаҳои қабл аз пирии зан ҳисобида мешаванд.
Алоими аз вулодат монданро аз рўи иброз ва нишонаҳои клиникӣ ба се намуд ҷудо мекунанд.
1. Зуҳуроти клиникӣ алоими асабӣ-рўҳӣ қобилияти коршоямии зан суст мешавад, вай тез монда шуда, хотирпарешонӣ, тезасабонишавӣ, инҷиқӣ, беиштиҳоӣ, майле надоштан ба ҷимоъ (либодо) илал ба заъфи асаб, рўҳафтодагӣ, алоими бодигармӣ (саглесаг), пайдо мегардад.
2. Зуҳуроти клиникии асабӣ-наботӣ: зан аз дарди сар шикоят мекунад, фишори шарёни гоҳ-гоҳ баланд мешавад. Ҳангоми аз пеши чашм тез-тез гузаштани чизҳо сарчархзанӣ, дилбеҷошавӣ, қайкунӣ (вестибулопатия), касолати даҳлези гўш, тезшавии набз, ҳиссиёти карахшавӣ, хушкии пўст, биҷир-биҷир кардани бадан, бехобӣ, "дамидани гармӣ ба сар", хурўҷҳои симпатию адреналӣ, зиёдшавии намии пўст пайдо мешаванд.
3. Зуҳуроти клиникии вайроншавии муодилаи дохилусорӣ: буғумдард, равғанзеркунӣ, мушакдард, ғирешӣ шудани устухонҳо (дар акси рентгенӣ), ҳузоли (пажмурдагии) узвҳои таносулӣ, газаки маҳбал, бесомонии сабзиши пистонҳо, касалии қанд, стресс-чақмезакӣ ҳангоми ханда ё сулфа, ларингит ва ё конюнктивит.
Дараҷаи сабук ё вазнинии алоими аз вулодат мондан бо миқдори пайдоиши
"дамидани гармӣ" вобаста аст. Агар ин миқдор дар як шабонарўз ба 10 маротиба расад, ҷараёни дараҷаи сабуук аз 10-20 маротиба бошад, ҷараёни вазнини алоими аз вулодат мондан ҳисобида мешавад.
Инчунин, 3 намуди ҷараёни ин алоимро ҷудо кардан мумкин аст:
1. Ҷараёни хос (мўътадил): 2-10 рўз қабл аз маҳбинӣ "дамидани гармӣ", ҳолати ниҳоят серарақӣ, асабонишавӣ, гирёнчакӣ, камхобӣ, дарди сар ва дигар шикоятҳо пайдо мешаванд.
2. Ҷараёни оризадор: нишонаҳои алоими аз вулодат мондан бо нишонаҳои дигар касалӣ, масалан, амрози ҳипертония ҳамроҳ ҷараён меёбад. Табобати ин намуди ҷараён мушкилтар мебошад. 3. Ҷараёни ғайримўътадил: хурўҷҳои симпатию адреналӣ пайдо мешаванд; тағйироти фишори хун, дастгоҳи нафаскашӣ, шакл ва миқдори набз, дарди дил, диқи нафас, диабети қанд, миокардиодистрофияи климактерӣ, ҳассосияти функсияи асабӣ-наботӣ, беҳолшавии дил, ҳиссиёти "аз таппиш мондани дил", дилбеҳузуршавӣ, аз ҳад зиёд арақкунӣ ва дигар нишонаҳо пайдо мешаванд.
Ташхис. Барои аниқ кардани ташхис табиби оилавӣ бояд ҳама шикоятҳои бемор, ҳолати аз вулодат мондани вай, дар бораи пайдошавии нишонаҳои касалӣ ва ҷараёни он, тарзи ҳаёти зан, касалиҳои пеш аз ин аз сар гузаронидаи вай, натиҷаҳои муоинаи физикӣ, чунончи натоиҷи маммаграфия, рентгени буғумҳо, ЭКГ, ташхиси миқдори фосфор, калсий, фосфатазаи ишқорӣ, ҳормони тестостерон, мавҷуд будани алоими чарбсорӣ, ҳолатҳои силсилаи симпатию наботӣ ва дигарҳоро мукаммал донад ва онҳоро ба эътибор гирад. Аз машваратҳои духтурони дигар, мутахассиси асабшинос, эндокринолог, гинеколог, кардиолог истифода барад.
Табобати ин алоим аз 3 давра иборат аст:
1. Дар давраи аввал барои танзими ҳолат ё шароити зист, меҳнат, истироҳат, хоб ва парҳезӣ маслиҳатҳо медиҳанд. Хусусан, маслиҳатҳои худидоракунӣ, таъин кардани варзишҳои табобатӣ, усулҳои табобатии обӣ-шиноварзӣ, обпошиҳо, оббозӣ дар тағораҳо бо истифодаи обҳои минералии радон, йод, бром, инчунин баргҳои дарахти сўзанбанг (хвоя), молишкунӣ, сўзанзанӣ манфиатнок мебошанд.
2. Давраи дуюм табобати доругӣ мебошад. Бояд донист, ки доруҳои клофелин ва абзидан миқдори "дамиши гармӣ" пайдошавиро кам мекунанд.
Инчунин резерпин, белладона, беллоид, беталаминал, стугерон, тазепам, тавегил, супрастин, витаминҳои гурўҳи А, В, С ва АТФ манфиатнок мебошанд ва таби оилавӣ бояд аз рўи дониш ва қудрати худ, онҳоро интихоб карда, истифода барад.
3. Дар давраи сеюм, доруҳои ҳормоналии танзимкунандаи вазоифи дохилусораи зан, ҳолати симпатию наботии онро истифода мебаранд
(доруҳо аз гурӯҳи эстрогенҳо ва прогестерон). Вале ин доруҳоро фақат бо машварати духтурони эндокринологу гинеколог ва бо иштироки онҳо истифода бурдан лозим аст.
Табобати осоишгоҳи-курортӣ дар мавридҳои ҷараёни сабук ва миёнаи алоим гузаронида мешавад. Ба ин хел беморон курортҳои оби минералии йод, бром ва радондошта бештар мувофиқанд (Схалтубо, Белокуриха, Налчик,
Друскининкай, Юрмала ва хусусан Хоҷаобигарм, Обигарм, Ҳавотоғ).
Экспертизаи корношоямӣ. Беморони гирифтори алоими дараҷаи сабуки аз вулодат мондаро муваққатан ба мўҳлати 5 рўз, барои беморони ҷараёни миёна – то 10-12 рўз ва барои беморони ҷараёни дараҷаи вазнин ва шароити меҳнатии номувофиқ дошта, хусусан агар меҳнати онҳо бо шуғли ҷисмонӣ ва ё майнавӣ бештар вобаста бошад, гурўҳи маъюбии III таъин кардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё