Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Беморони гирифтори АҲ-и дараҷаи II-и беориза, агар дараҷаи ФШД-и онҳо аз 114 баланд бошаду, лекин бо ёрии доруҳо паст фароварда шавад ва зери назорат қарор дода шуда бошад, дар ҳар 2 моҳ як маротиба ба таври умумӣ ташхис мегузаронанд. Агар дараҷаи ФШД ба 95-114 баробар шавад, дар 3 моҳ як маротиба мушоҳида кардан кифоя аст. Экспертизаи корношоямӣ. Беморони гирифтори АҲ-и дараҷаи II мўҳтоҷи муайян кардани маъюбии гурўҳи III мебошанд. Онҳо бояд ба кори сабуки мувофиқ гузаронида шавад. Агар зарур бошад, ихтисос ва касби онҳо иваз карда шаванд. Дар ҳар дафъаи муроиҷати бемор ва хурўҷи беморӣ барои вай варақаи корношоямии муваққатӣ кушодан лозим аст. Мўҳлати давомнокии корношоямӣ вобаста аз натиҷаҳои мушоҳида, назорати фишори хун ва ҳолати бемор мебошад. Мувофиқи хусусиятҳои фардӣ ба беморони гирифтори АҲ-и дараҷаи II, гурўҳи баъзан маъюбии II ҳам додан мумкин аст. Беморони гирифтори АҲ-и дараҷаи III, мўҳтоҷи таъинкунии маъюбии дараҷаи II ва аз рўи хусусиятҳои фардӣ (пайдошавии оризаҳо) ‒ гурўҳи I ҳам шуда метавонанд.

Беморони гирифтори АҲ-и гурўҳи 3-и оризадор бо аломатҳои фардӣ, камаш ҳар моҳ як маротиба аз мушоҳидаи духтур мегузаранд.

Хулоса баровардан лозим аст, ки АҲ-и замони ҳозира бемориест, ки ҷараёни мураккаб, оризаҳои вазнин (сактаи дил, сактаи майна, норасогии фаъолияти дил, гурда ва ҳоказо) дорад ва беморро ба фавти бемаҳал оварда расонида метавонад. Вале АҲ инчунин касалиест, ки агар худи бемор, духтури табобатгар ба қадри пурра тавоно бошанд, сабабҳо ва омилҳои бемориро ба дараҷаи хуб сарфаҳм раванд, касалиро ба назорати худ гирифта тавонанд, бемор аз АҲ нафавтида, умри дароз дида метавонад. АҲ касалии ба назорат гирифташаванда мебошад.

Вайроншавии асабии тонуси таваттури хунгардиш (ВАТХ) ‒ дар фаъолияти амалии табиби оилавӣ яке аз амрози паҳншуда мебошад. Аксарияти ин беморон ҷавон буда, занон қисми бештари онҳоро ташкил мекунанд. Ин боиси ноустувории таносуби узвҳои таносулӣ ва силсилаи асабӣ-наботӣ мебошад.

Аломатҳои ин мараз дар синни балоғат, баъд аз тавлиди фарзанд, аз насл мондан ва ё таъсироти аксулҳаяҷонӣ, баъд аз гузаронидани касалиҳои сироятнок аёнтар зоҳир мешаванд. Ин касалӣ бештар дурудароз, музмин, бо давраҳои беҳбудӣ ва хурўҷ ҷараён меёбад. Қисми зиёди ин беморон танҳо норасогии вазоифӣ доранд ва асоси ягон хел маризӣ узвӣ надоранд. Аммо қобилияти меҳнатии бемор паст буда, муддати дароз корношоям шуда метавонад, ҳатто боиси маъюбӣ ҳам мегардад. Ба 60%-и беморон, одатан ташхиси нодуруст (иллати дил, намудҳои гуногуни АИД, марази ғадуди сипаршакл) гузошта мешавад.

Азбаски ин беморон бори аввал ба табиби оилавӣ муроҷиат мекунанд, аз аввал аниқ ва муайян кардани ташхис аҳамияти калон дорад. Вай имконият медиҳад, ки саломатии ин беморон аз аввал пурра барқарор карда шавад ва ин марази вазоифӣ ба марази узвӣ табдил наёбад. Чорабиниҳои табобатии ин мараз дар ин маврид, боиси пешигирии касалиҳои узвӣ мешаванд.

Сабабҳои пайдошавии ВАТХ гуногунанд. Асоси амрози ин маразҳо вайроншавии танзими асабҳо ва узвҳои эндокринӣ мебошад. Дар натиҷа, нишонаҳои гуногуни клиникӣ пайдо мешаванд, масалан, дарди дил, тезшавии таппиши дил, камқувватӣ, сарчархзанӣ, норасогии нафаскашӣ ё зиёдшавии он, ноустувории набз ва фишори хун. Ин ҳолатҳо аксари вақт, аз сабаби таъсири омилҳои аксулҳаяҷоновар пайдо мешаванд. Аммо ҷараёни онҳо хушсифат буда, ягон оризаҳои бад боиси калоншавии ҳаҷми дил ва ё норасогии гардиши хун намешаванд.

Аломатҳои усобии неврози умумӣ бештар дар функсияи узвҳои дилу гардиши хун зоҳир мешаванд. Фаъолияти асаб аз таъсироти рўҳӣ дар қишри майна, таъсири омилҳои умумӣ дар ҳипоталамус (таъсири сироят, вайроншавии силсилаи таносулӣ) халал меёбад.

Ғайр аз узвҳои дилу гардиши хун халалёбии вазоифи танзимии дигар узвҳои дохилӣ ҳам имконпазир аст. Масалан, вайроншавии фаъолияти узвҳои нафаскашӣ, дарди шикам, дам додани рўдаҳо, вайроншавии наҷосат, буғумдардӣ, дарди мушакҳо ва табчадорӣ.

ВАТХ якчанд намуд дорад:

ВАТХ-и намуди фишорбаланд. Ин хел беморон бештар ба дарди сари зудгузар, сарчархзанӣ, бемадорӣ, варйоншави тартиби хоб, дилзанӣ шикоят мекунанд. Фишори шарён, хусусан фишори систоликӣ миёнаҳол баланд мешавад. Дар мавридҳои таъсироти рўҳӣ, таппиши дил, ноустувории танзими нафаскашӣ, хунукии пўсти дасту пой, серарақӣ, аз таъсири омили механикӣ сурх шудани ранги пўст (дермографизми сурх) мушоҳида мешавад. Барои аниқ кардани ташхис, маразҳои давраи саршавии фишорбаландӣ ва намуди сабукҷараёни зиёдшавии вазоифи ғадуди сипаршаклро (тиреотоксикоз) истисно кардан лозим аст.

ВАТХ-и намуди фишорпаст. Бемор аз дарди сар, сарчархзанӣ ҳангоми якбора аз ҷой хестан ё зиёд рост истодан сиёҳ задани чашм, пастшавии қобилияти корӣ, тез ба ҳаяҷоноӣ, ҳиссиёти ноохушии дил ва ҳоказо шикоят мекунад. Муоина паст фаромадани фишори систоликиву диастоликии шарён ва ноустувории таппиши дил, инчунин арақкунии ҷойҳои маҳдуд ва аз таъсири омилҳои механикӣ зиёд сурх шудани ранги пўстро ошкор мекунад.

Мариз бештар дар занони 20-40 сола ва дорои бадани астеникӣ дида мешавад. Барои ташхиси аниқ касалиҳои фишорпастӣ алоимиро истисно кардан лозим аст.

ВАТХ-и намуди қалбӣ. Беморон бештар чунин шикоятҳо доранд: намудҳои гуногуни дарди дил, дилзанӣ, номавзунии таппиши дил, бемадорӣ, ҳангоми кор аз ҳад зиёд монда шудан, норасогии нафаскашӣ ва ғайра. Дар асоси муоина ғул-ғулаи систоликӣ дар сари дил, систолаи ғайринавбатӣ, номавзунии таппиши дил вобаста бо нафаскашӣ, тағйироти қисми Т-и ЭКГ муайян карда мешавад. Барои аниқ кардани ташхис, касалиҳои АИД-и музмин ва мақомоти сабукҷараёни илтиҳоби мушаки дилро истисно кардан лозим меояд.

Ба ғайр аз намудҳои зикршудаи ВАТХ, намуди омехтаи ин мараз низ вомехўранд. ВАТХ 3 хел ҷараён меёбад:

Дар мақомоти сабукҷараёнии ин мараз, қобилияти меҳнатии бемор одатан гум намешавад ва ё андаке суст мешавад ва таппиши дил фақат дар вақти иҷрои кори иловагӣ пайдо мегардад, ЭКГ тағйир намеёбад, танҳо беҳбудӣ намудани мавзунии мақомоти зист аломатҳои маризро хориҷ менамояд. Ин беморон ба табобати доругӣ мўҳтоҷ нестанд. Дар мақомоти ҷараёни миёнаҳол мариз сераломат ва дурудароз кашол ёфта, қобилияти меҳнатии бемор гоҳ-гоҳ паст мешавад, бемор мўҳтоҷи табобати доругӣ мешавад. Дарди дили бемор муҷмал, вале устувор мебошад, тезшудани таппиши дил ногаҳон пайдо шуда, то ба 110-120 адад дар як дақиқа мерасад. Нишондодҳои санҷиши қобилияти меҳнатии бемор

(озмоиши ВЭМ) зиёда аз 50 фоиз паст мегардад, дар ЭКГ ҳам пайдо шудани тағйирот имконпазир мебошад.

Дар мақомоти ҷараёни вазнини ВАТХ ҳама аломатҳои мараз устувор буда, нест намешаванд, қобилияти меҳнатии бемор хеле суст мешавад, тез-тез бўҳрони асабии наботӣ ва шарёнӣ пайдо мешавад, тағйиротҳои ЭКГ, дарди устувори дил, ваҳмнокӣ, ҳолати рўҳафтодагӣ ба назар мерасад.

Ташхиси ин хел беморон бисёр вақт душвор аст, чунки ғайр аз аломатҳои шикоятӣ ва муоинаи умумӣ, дигар хел муоина, масалан, муоинаи лабораторӣ ва ё физикӣ ягон аломати муҳим ҷорӣ накарданашон мумкин аст. Ба ҳар ҳол, маразҳои АИД-и музмин, миокардити сироятӣ-бодигармӣ, фишорбаландии шарёниро ҳам ҳамеша ба назар гирифта, истисно кардан лозим аст.

Табобати ин беморӣ асосан дар шароити дармонгоҳ мегузарад. Мақсади табобат беҳтар намудани қобилияти меҳнати ҷисмонии бемор дар асоси барқарор намудани вазоифи вайроншудаи силсилаи асабҳои марказӣ, баланд бардоштани устувории узвҳои бадан ба таъсири омилҳои ҳаяҷоноваранда, истисно намудани аломатҳои вайроншудаи таваттури наботӣ-шарёнӣ, азнавбарқароркунии ҳолати иҷтимоӣ ва меҳнатии бемор мебошад.

Табобати ин гуна беморонро бештар бе дору гузаронидан лозим аст. Хоби шабонаи ин хел беморон аз 8-9 соат набояд кам бошад. Ба маҷмўи усулҳои муолиҷа дохил кардани сеансҳои табобати рўҳӣ, варзиши табобатӣ, варзиши пагоҳирўзӣ, варзишҳои мақомоти намоз, сайругашт. Шиноварзӣ, ҳар гуна усулҳои обӣ, ки онҳо бадани беморро обутоб медиҳанд, хусусан усули худидоракунӣ ва худбоварикунонии онҳо, табобатҳои физикӣ (молиш, қабули обҳои минералӣ дар тағораҳо, обпошӣ, табобат бо қувваҳои барқ ва187 усулҳои йогҳо), табобат дар курортҳо ва санаторияҳо, истироҳатгоҳҳо манфиати хуб медиҳанд.

Табобат бо доруҳо. Мақсади асосии табобати доругӣ оромкунии фаъолияти вазоифи асабҳои марказ ва ҳаяҷони он мебошад. Пеш аз дору навишта додан аввало мақомоти ВАТХ-ро ба назар гирифтан лозим аст. Агар бемор ба ВАТХ-и фишорбаландӣ ва қалбӣ гирифтор бошад, меъёри кам, вале муддати дуру дароз, қабули доруҳои валериана, валокордин, пустирник, бромидҳоро маслиҳат медиҳанд. Ин доруҳоро дар мавриди фишорпастии

ВАТХ таъин кардан мумкин аст.

Агар ҳолати ВАТХ хеле вазнин бошад, аломатҳои ҳаяҷоновар ниҳоят зиёд, аломатҳои гуногуни вазоифии асабӣ дида шавад, дигар доруҳоро аз гурўҳи транкилизаторҳо, аз гурўҳи нейролептикҳо ва антидеприсантҳо таъин кардан лозим меояд.

Дар мавриди табобати ҳолати фишорпасти ВАТХ, доруҳои мададгор ва фаъолкунандаи силсилаи асабу шарён-доруҳои женшен, чакраҳои туршии лимўъ, элеутерокок, пантокрин таъин карда мешаванд.

Агар лозим шавад, доруҳои но-шпа, кофеин, кордиамин, агар аломатҳои вайроншавии вазоифи силсилаи асабҳои наботӣ дида шаванд, доруҳои бетаблокаторҳои сипатикотонӣ (анаприлин, абзидан, тразикор) ё холинолитикӣ (беллоид, беллатаминал)-ро низ таъин мекунанд. Агар аломатҳои вайроншавии мубодилаи мушакҳои дил маълум бошад, доруҳои рибоксин, инозия-ф, оротати калий, пинангин, аспаркам, кокарбоксилаза таъин кардан лозим меояд.

Инчунин табобати витаминӣ, намакҳои калсий ва фосфорро (фитин) ҳам, дар мавридҳои лозимӣ дар назар доштан лозим аст.

Эҳёи қобияти иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва назорати диспансерӣ. Бо як гурўҳ машғулиятҳо, қобилияти вайроншудаи иҷтимоъӣ-меҳнатии беморро ба тарзи зиндагонӣ ва меҳнати ҳозираи бемор аз нав барқарор кардан имконпазир мебошад. Ин мақсад аз хоҳиш ва шавқи бемор нисбат ба меҳнат вобаста мебошад. Дар вақти назорати диспансерӣ табиби оилавӣ бояд бохабар шавад, ки марази ВАТХ ба марази фишорбаландии шарёнӣ, инъисоби барвақт, АИД, барзиёдии вазоифи ғадуди сипаршакл ва ё захми меъда табдил наёбад.

Экспертизаи корношоямӣ. Бемор фақат он вақт муваққатан корношоям ҳисобида мешавад, ки воқеан қобилияти меҳнатии худро гум карда бошад, масалан, дар мавридҳои хурўҷи мараз. Агар бемор ронанда бошад, вайро муваққатан аз кор озод кардан ё муваққатан ба дигар кор гузаронидан лозим аст.Дар дигар мавридҳо беморони гирифтори ВАТХ-ро фақат аз корҳои иловагӣ ва барзиёдӣ озод мекунанд. Ин масъалаҳоро (инчунин озод кардани беморро аз корҳои шабона, хидмати ҳарбӣ, гузаронидан ба сехи омилҳои метеорологиаш хубтар) духтурони назоратчӣ (комиссия) ҳал карда метавонанд. Мўҳлати муваққатан аз меҳнат озод намудани бемор ҳар дафъа аз дараҷаи хурўҷи мараз вобаста мебошад. Ба ин хел беморон корҳои вазнини маънавӣ, кор дар дохили корхонаҳои аз ҳад гарм, дам инчунин таъсири заҳр ё ларзиш дошта маслиҳат дода намешавад. Агар қобилияти меҳнатии бемор ихтисоси меҳнатии онро паст намояд, вайро ба комиссияи духтурӣ-меҳнатӣ фиристодан лозим аст, то ки ба ў гурўҳи маъюбӣ (маъюбии гурўҳи 3) муайян кунанд.

Пешгирии беморӣ. Азбаски ин касалӣ бештар дар синни кӯдакона, ноболиғӣ ва ҷавонӣ сар мешавад, бисёртар ба тарбияи ҷисмонӣ, рўҳӣ, мустаҳкамнамоии ирода ва интизоми шахс, одаткунӣ ва малакаҳои меҳнатӣ ва қатъ кардани одатҳои зарарнок (тамокукашӣ, арақнўшӣ ва дигарҳо) аҳамият додан лозим аст.

Беҳтарин намудҳои пешгирии ВАТХ ‒ ин мустаҳкамкунии бадан, обутоб додани вай ва силсилаи асабҳои дилу рагҳои хунгард бо истифодаи усулҳои обӣ, варзиш, мавзунсозии хоб ва ҳоказо мебошанд. Фақат доруҳои дибазол, пантокрин, женшен ва ё элеутерококро низ баъзан истифода мебаранд.

Амрози ишемияи дил (АИД) ва ё ИБС яке аз бемориҳои дар ҳама табақаҳои аҳолӣ, алалхусус, дар байни мардони синнашон 40-64 сола ва ба меҳнат лаёқатманд паҳншуда мебошад, талафоти коршоямӣ аз беморӣ ва маъюбии хеле калон дорад, 53 фоизи фавти ҳамаи беморони касалиҳои дилу рагҳои хунгардишро танҳо АИД ташкил мекунад. Аз ин рў, мубориза бо ин касалӣ, табобат, ташхиси аниқ ва пешгиринамоии он яке аз вазифаҳои вазнинтарин, вале муҳими табиби оилавӣ ба ҳисоб мераванд.

АИД иллатнокшавии шадид ва ё музмини мушакҳои дил буда, дар асоси норасогӣ ва ё тамоман қатъ гаштани таъминоти онҳо бо оксиген пайдо мешавад. Сабаби асосии иллатнокшавӣ ин вайроншавии мубодилаи моддаҳои чарбӣ дар пардаи андаруни рагҳои иқлилӣ бо якҷоягии ташаннуҷи мушакҳои онҳо мебошад.

Зуҳуроти клиникии АИД якчанд намуд дорад: зиқи дил, сактаи дил ва тасаллуби қалб бо ҷараёни номавзунии таппиши дил (аритмияҳо) ва норасогии музмини хунгардиш. Беморони гирифтори сактаи дил ва номавзунии таппиши дил ташхис ва табобати худро дар бемористонҳо мегузаронанд ва дар ин китоб сухан фақат дар бораи зиқи дил ва сонитар дар бораи норасогии музмини хунгардиш меравад.

Зиқи дил (стенокардия) – ҳиссиёти дарди хурўҷёбанда дар ақиби сарсина ё доираи дил буда, ба дасти чап, китфи чап, таги шонаи чап, баъзан ба гардан, ҷоғи поён ва ё дигар ноҳияҳои бадан мегузарад. Ин дард ҳамлаи бештар дар мавридҳои роҳ гаштан ва иҷрои иловабории ҷисмонӣ пайдо мешавад.

Баъзан ба ҷои дард бемор ба ҳолати ваҳмӣ, нарасидани ҳаво, пайдоиши арақи хунук, беҳолӣ шикоят карданаш ҳам мумкин аст. Агар дар ин маврдиҳо бемор ба ҳолати оромӣ қарор гирад, аксари вақт аз ин ҳолатҳои нохушӣ халосӣ меёбад.

Зиқи дил аз рӯи бознигарии таснифоти байналмиллалии маразҳо, (ТБМ)-10 ба чунин гуруҳҳо тақсим мешавад:

• зиқи дил аввалин бор пайдо шуда (de novo) – аломатҳои беморӣ нав пайдо шудаанд ва дар муддати 4 ҳафта дида мешаванд;

• зиққи дили ба равнақ (crescendo) – зиёд шудани аломатҳои беморӣ ва кам шудани таъсири нитроглисерин ба онҳо);

• зиққи дил ки дар вақти ҳолати оромии бемор пайдо мешавад (шакли оромӣ), дар муддати хафтаи охир. Зиқи дил 4 класси вазоифӣ дорад.

Класси вазоифии 1 – пайдоиши хурўҷи зиқи дил дар мавриди иловабории ҷисмонии дараҷаи баланд. Иловабории ҷисмонии ҳаррўзаро бемор бе ҳеҷ шикоят иҷро менамояд.

Класси вазоифии 2 ‒ хурўҷи зиқи дил дар вақти гаштан дар роҳи ҳамвор, вале тай намудани масофаи аз 500 м зиёдтар ва ё дар вақти бо зинаҳо баромадан болотар аз ошёнаи 1 пайдо мешавад. Ҳавои хунук, рў ба сўи шамол роҳгардӣ, ҳолати ҳассосмандии рўҳӣ ва ё якбора аз хоб бедоршуда ба роҳ баромадан ба пайдо шудани хурўҷи зиқи дил мусоидат мекунанд.

Класси вазоифи 3. Барои ин гуна беморон ҳама намудҳои иловабории ҷисмонӣ маҳдуд мебошанд. Хурўҷи зиқи дил дар мавриди оромона роҳ гаштан дар роҳи ҳамвор ва тай намудани масофаи 100-150 м, ё баромадан бо зинаҳо ба қабати якуми хонаҳои бисёрошёна пайдо мешавад.

Класси вазоифи 4 ‒ хурўҷи зиқи дил баъд аз иловабории ҷисмонии хеле сабук, роҳгардӣ дар ҷойҳои ҳамвор ва дар масофаи аз 100 м ҳам камтар пайдо шуда метавонад. Инчунин дар ҳолати тамоман оромӣ ҳам пайдо шудани хурўҷи зиқи дил ба ин класс хос мебошад. Ин хел мавридҳо дар ҳолатҳои фишорбаландии шарёнии хундгардиш, тахикардия (тезии таппиши дил) ва ё барзиёдии бозгашти миқдори хуни варидӣ ба дил, дар вақти аз ҳолати вертикалӣ ба уфуқӣ гузаштани бемор пайдо мешаванд.

Ташхис. Табиби оилавӣ ташхиси лабораториро бояд аз таън намудани нишондодҳои зерин сар кунад: ташхиси хун, пешоб, ферментҳои махсуси дил, миқдори қанди хун, элетролитҳо ва чарбҳои хун, ташхиси нишондодҳои маънкунии хунравӣ (коагулограмма), ташхиси хун ба RW, ЭКГ, эхокардиография. Дигар намудҳои ташхис (ташхиси миоглобини хун, тропонин

–т) иловагӣ мебошанд ва барои бештар муайян намудани беморӣ мадад мерасонанд. Баъзе намудҳои ташхисро (коронарография) дар шароити беморхона мегузаронанд.

Табобат. Барои манфиатнок ва пешгирии хурўҷи зиқи дил ва умуман АИД, чуноне ки дар боло зикр карда будем, ташхиси ҳаматарафаи АИД-ро гузаронидан лозим аст. Табиби оилавӣ бояд рўйхати аҳолиашро ба гурўҳҳо ҷудо намояд, онҳоро зери назорат гирад ва дар байни онҳо ҳамаи чорабиниҳои пешгиринамоии аввалини АИД-ро гузаронад:

‒ шахсони синнашон аз 35 сола боло ва хусусан, агар онҳо ба ягон дарди дил шикоят дошта бошанд;

‒ ҳама шахсони фишорбаландии шарёнӣ дошта;

‒ ҳама шахсони вазни барзиёди тан, фарбеҳӣ, миқдори барзиёди холестирини хун дошта;

‒ ҳама шахсони машғули меҳнати майнавӣ ва эҳсосоти ғазабоварандаи барзиёд дошта;

‒ ҳама шахсони АИД-и ирсӣ дошта, тамокукашон.

Гуфтан лозим аст, ки ҳамаи ин шахсони зикршуда бояд дар бораи касалии

АИД, омилҳо ва сабабҳои пайдокунандаи он, табобат ва пешгирии он, маълумоти пурра дошта бошанд. Мубориза бо ин беморӣ бояд ҳамеша сетарафа бошад: бемор, духтур ва оила.

Усулҳои пешгирии аввалини АИД: муборизаи қатъӣ бо тамокукашӣ, фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, таъин кардани ғизои парҳезӣ (барои кам шудани миқдори холестерини хун), мубориза бо касалиҳои фишорбаландии шарёнӣ, диабети қандӣ, беҳбудӣ намудани шароити кори майнавӣ, нест кардани омилҳои ғазабоваранда, машғул шудан бо варзиши табобатӣ, пиёдагардӣ.

Иҷрои усулҳои зикршуда хатари пайдоиши АИД-ро метавонад, то 8 маротиба кам намояд.

Табобат бо доруҳо. Доруҳое, ки рагҳои хунгарди дилро васеъ карда, дардро паст мекунанд: нитратҳо (нитраглисерин, сустак, нитронг ва ғ.), дар вақти баланд будани фишори хун - бета – адренаблокаторҳо, антагонистҳои калсий

(нигаред ба доруҳои фишорпасткунанда), доруҳои миқдори холестерин ва дигар чарбҳоро пасткунанда – кислотаи никотин, статинҳо ва ғ., антиагрегантҳо

(аспирин, тиклид). Нишонаҳои табобати хуб ин: кам шудани аломатхои беморӣ, беҳтар шудани нишондодҳои ташхиси хун, ЭКГ, паст шудани фишори хун ва гайра. Нишондодҳо барои бистари кардани бемори гирифтори АИД. Табиби оилавӣ дар ҳолатҳои зерин ба бемористон, бо роҳхат (беҳтараш ба бемористонҳои махсус барои беморони касалии дил ‒ кардиология) фиристонида метавонад:

‒ Агар касалии зиқи дил ба ҳолати ноустувори хурўҷёбанда шакли ороми зиқи дил шакли принсметал (як намуди зиқи дил, ки дар ҳолати оромии бемор пайдо шуда, дил бисёр сахт ва дуру дароз дард мекунад, ҳолати ваҳмнокӣ, бетоқатӣ, бисёрарақкунӣ, носомонии набз пайдо мешавад, дар

ЭКГ тағйиротҳои мунташири серқонунӣ зери эпикард пайдо мешаванд, ки баъд аз қатъшавии хурўҷи дард тамоман нест мешаванд) табдил ёбад;

‒ Агар табиби оилавӣ барои бемор доруҳои фоидабахшро интихоб карда натавонад ва зиқи дил вазнин ҷараён ёфта бошад;

‒ Агар АИД бо норасогии гардиши хун (дараҷаи 2 ва3 ) ҳамроҳ ҷараён дошта бошад;

‒ Агар АИД бо бесомонии мураккаби таппиши дил ҳамроҳ ҷараён дошта бошад;

‒ Агар АИД бо диабети қандӣ ва ё ягон бемории дигари табобаташ мушкил ҳамроҳ ҷараён дошта бошад;

‒ Ҳама беморони гирифтори сактаи шадиди дил (эҳтишоъи дил) ва ҳатто вайроншудаи ғизогории лонавии мушакҳои дил доштаро ба бемористон бо нақлиёти сабукрав, беҳтараш бо мошинаи махсуси ёрии таъҷилӣ бурдан лозим аст. То расидан ба бемористон табиби оилавӣ ба бемор ёрии аввалия тиббиро расонида, ӯро ҳамроҳӣ менамояд.

Назорати диспансерӣ ва пешгирии сонивии АИД. Табиби оилавӣ дар шароити дармонгоҳӣ бояд ҳама беморони гирифтори АИД-ро зери назорати диспансерӣ гирад. Аз ҷумла:

‒ бемороне, ки касалии сактаи дилро аз сар гузаронида, аз беморхона ҷавоб шудаанд ва боз як сол дар назорати духтури мутахассиси дил (кардиолог) истодаанд; ‒ беморони гирифтори касалии тасаллуби қалб, ки норасогии хунгардиш, ё номавзуни таппиши дил (аритмия) доранд;

‒ ҳама шахсони дорои омилҳои хатарнок (барои пайдоиши АИД).

Дар ҳамаи мавридҳо, агар ғайр аз ба дарди дил шикоят доштани бемор боз ягон хел омили барои пайдоиши АИД хатарнок дида шавад, шикояти беморро дар хусуси дарди дил дуруст ба инобат гирифтан лозим аст.

Эҳёи қобилияти меҳнатӣ. Шахси сактаи дилро аз сар гузаронида баъди аз бемористон ҷавоб шудан дар шўъбаи табобати аз нав барқароркунандаи дармонгоҳ сурат мегирад. Сохти ин шўъбаро қудрати ҳамин дармонгоҳ ба миқдори аҳолӣ муайян менамояд. Аз ин сабаб ба ин шўъба (ҳуҷра) табобат бо варзиши ҷисмонӣ табобати физикӣ, табобат бо сўзан дохил шуда метавонанд. Ба ин кор табиб мутахассиси дил, духтури маҳалла, пизишки рўҳшинос, маҳсгарон, физикпизишк, пизишк ва тартибсози табобати варзиши ҷисмонӣ, пизишки шўъбаи ташхиси вазоифӣ функсионалӣ ширкат менамоянд. Агар лозим шавад, дигар мутахассисон ва мушовирон ҳам иштирок мекунанд.

Барои дуруст ташкил кардани вазифаҳои шўъбаи табобати азнавбарқароркунанда нақша ва барномаҳои махсус месозанд, ки мақсади асосии онҳо оҳиста-оҳиста зиёд намудани иловаборӣ (қувваи ҷисмонӣ) мебошад. Ин ҳолат аз 4 марҳала иборат аст.

Марҳалаи якум – аз вақти ҷавоб шудани бемор аз бемористон (ва ё аз шўъбаи кардиологии масаҳҳатгоҳ) то муддати ба кор шурўъ намудани вайро дарбар мегирад. Бемор дар вақти аз масаҳҳатгоҳ ҷавоб шудан бояд мустақилона кор карда тавонад, дар як дақиқа 80-90 қадам пиёда роҳ гашта тавонад ва масофаи 800 -1500 метрро (ҳар рўз ду маротиба) тай кунад. Бо ҳисоби миёна ба қабати 2-3-юми хонаҳои бисёрошёна баромада тавонад, ҳар рўз 2-3 маротиба ба муддати 1.5-2 соат дар ҳавои тоза сайругашт намояд. Ин марҳала давраи гузариш номида мешавад. Дар ин марҳала ҳамаи чорабиниҳои иловаборӣ ва варзиши ҷисмонӣ дар дармонгоҳ набояд барои зиёд кардани қобилияти меҳнатии бемор равона карда шавад, балки қобилияти меҳнатӣ дар санатория ба дастовардаи бемор устувор шавад.

Марҳалаи гузариш ба ҳисоби миёна 20-30 рўзро ташкил медиҳад.

Марҳалаи дуюми барқароркунии қобилияти меҳнатии шахси бемории сактаи дилро аз сар гузаронидагӣ (агар бемор мақсади дар кори пештарааш кор кардан хоҳад), 2-4 ҳафтаро дарбар мегирад. Дар ин давра асосан мақомоти чӣ?? тартиботи ҳаракатии хонагии беморро ба мақомоти тартиботи ҳаракатии ихтисосӣ тағйир додан лозим аст. Бояд соати кории бемор аниқ карда шавад, корҳои аз мўҳлат барзиёд, вазифаҳои иловагӣ ва ҷамъиятӣ истисно карда шаванд.

Марҳалаи сеюми барқароркунии қобилияти меҳнатии бемори сактаи дилро аз сар гузаронида, аз рўзи аввали ба кор шурўъ намудан сар шуда, ба ҳисоби миёна 5-6 моҳро дарбар мегирад. Дар ин мўҳлат вазифаҳои иловагӣ қисман кам карда мешаванд.

Марҳалаи чаҳорум ‒ пурра барқарор шудани қобилияти меҳнатии шахси сактаи дилро аз сар гузаронида, дар аксарияти беморон, баъд аз 5-6 моҳи меҳнати фаъоли бемор пайдо мешавад. Баъд аз як сол, агар ягон ориза дида нашавад, ба бемор сайри вазифагӣ ба дигар минтақаҳои иқлимӣ иҷозат дода мешавад.

Бемори сактаи беоризаи дилро аз сар гузаронида бояд дар марҳалаи якум камаш як маротиба дар ҳар 7 рўз, дар марҳалаи дуюм ‒ дар аввал, миёна, охири ҳафтаи дуюм ва охири моҳи якуми кор, дар марҳалаи сеюм дар ҳар се моҳ як маротиба ва дар оянда ‒ дар ҳар шаш моҳ як маротиба аз назорати мутахассисони шўъбаи табобати азнавбарқароркунӣ гузарад.

Экспертизаи корношоямӣ. Қобилияти меҳнатии беморони гирифтори АИД- ро омилҳои клиникӣ-вазоифӣ ва иҷтимоӣ муайян мекунанд.

Омилҳои асосии клиникӣ-вазоифӣ инҳоянд: шакли клиникии мараз, класси вазоифии дарди дил, қобилияти тобоварӣ ба варзиши иловаборӣ, дараҷаи иллатнокии шарёни иқлимӣ, камхунии мушакҳои дил, гардиши хун.

Омилҳои асосии иҷтимоӣ: маълумот, мутахассис, касб, ихтисос, хислати меҳнат, масофаи ҷои кор аз ҷои истиқомат.

Аксулнишондодҳои меҳнатӣ барои беморони АИД; ‒ корҳои хеле вазнин (боркашӣ, сангтарошӣ, фулодрезӣ ва ғайра);

‒ корҳои дар баландиҳо иҷрошаванда, дар қулла баромадан, наҷотдиҳии аз кўҳ афтодагон;

‒ корҳои бо таъсири ҳар гуна моддаҳои заҳрнок, бо бензин вобастагӣ дошта, кор дар саноати тамоку;

‒ корҳои зимнан зарарнок муҳити атроф барои шахсони (ҳавопаймо, диспетчери фурўдгоҳ, пулти идоракунанда, машинисти кранҳои маноравӣ).

Беморони зиқи дили класси вазоифии функсиявии 1 барои кор қобилиятнок мебошанд.

Агар бемор барои иҷрои вазифагии касби худ аксулнишондодҳо дошта бошад, ба вай маъюбии гурўҳи 3 тайъин карда мешавад.

Барои беморони АИД-и класси вазоифии 2 дошта шумораи намуди аксулнишондиҳӣ барои кор бисёртар мешавад; тафсонида пайвандкунанда, челонгар, роҳи оҳансоз, кор дар дашту биёбонҳо. Дар ин мавридҳо ба беморони АИД-и класси вазоифии 3 маъюбии гурўҳи 2 муайян карда мешавад ва коршоямии чунин беморон одатан хеле маҳдуд мебошад.

Беморони АИД-и класси вазоифии 5 дошта тамоман корношоям мебошанд.

Агар ин хел беморон боз норасогии хунгардиши дараҷаи 3 дошта бошанд, маъюбии гурўҳи 1 муайян карда мешавад.

пешина
аз 37
навбатӣ