ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
С. Энгстр ва ҳаммуалифон дар соли 2001 дар гузориши системавии худ чунин маълумотҳоро овардааст: ҳангоми арзёби намудани хароҷоти барои ёрии амбулаторӣ сарфшуда, маълум шуд, ки табобати шахсоне, ки аз муроҷиат кардан ба табиби оилавӣ оғоз меёбанд, имкон медиҳанд, ки то 53% кам карда шавад. Ҳамин тавр, маълум аст, ки расонидани ёрии аввалия метавонад, ки бе паст кардани сифати тиббӣ, арзонтар бошад.
Яке аз омилҳои муҳимтарини ба даст овардани натиҷаҳои мусбат ҳангоми расонидани ёрии аввалия ин робитаи дурру дарози дуҷонибаи табиб ва патсиент ва пешниҳод намудани интихоби озоди табиб ба ҳисоб меравад.
Таъмин намудани бе таваққуф расонидани ёрии аввалияи тиббӣ қаноатмандии патсиентро зиёд мекунад. Нишондиҳандаи бистарикуниро паст месозад, хароҷоти барои муоинаҳои лабораторӣ сарфшударо кам месозад, ҳамчунин имконият фароҳам меорад, ки вақти барои машварат сарфшуда сарф карда шавад. Дар гузориши зикршуда қайд шудааст, ки нисбатан тулонитар будани робитаи бетаваққуфи патсиенту табиб боиси камтар шудани хавфи бистаришавӣ мегардад.
Ҳамин тавр, гуфтаҳои боло ҷавобҳои мушаххасанд ба саволҳои самаранокӣ ва сарфакории ЁАТС. Аммо инро ба таври механикӣ ба ҳаёти воқеӣ ворид сохтан мумкин нест. Дар ин робитае ёри асосӣ танҳо таҷрибаҳои худӣ ва натиҷаҳои муқоисавии таҳқиқотҳо шуда метавонанд.
ЁАТС – ин дараҷаи авали тамоси ҳамаи одамон бо системаи нигоҳдории тандурустӣ аст. Аз сифати ёрии тибие, ки дар ин ҷо расонида мешавад, саломатии рўҳӣ ва ҷисмонии ҳар як инсон вобаста аст.
Ба муассисаҳои ЁАТС дохил мешаванд:
- ПФА (пункти фелдшерӣ - акушерӣ), ки минбаъд (руктуризатсияи ин муассиса мувофиқи бозсозии нигоҳдории тандурустӣ) – хона ва ё бунгоҳи саломатӣ номида мешавад;
- амбулаторияи тиббии деҳа (АТД) – маркази саломатии деҳа;
- дармонгоҳ (поликлиника), ки минбаъд ба маркази саломатӣ
(ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ) табдил дода шудаанд;
- амбулаторияи тибби оилавӣ ва шўъбаи тибби оилавӣ дар дармонгоҳ.
1. 3. Тибби оилавӣ / тибби умумӣ. Тибби оилавӣ ихтисоси академикии соҳаи тиб буда, дар заминаҳои ихтисосҳои махсус ва базавӣ сохта шудааст.
Тибби оилавӣ – яке аз шаклҳои ташкили ёрии аввалияи тиббӣ буда, ҳангоми босифат тайёр кардани табибони оилавӣ имконпазир аст.
Табиби оилавӣ ихтисоси тиббиест, ки ба расонидани ЁАТС барои ҳамаи аҳолӣ, ёрии мукаммал, ҳаматарафа, босифат, давомнок, дастрас ва сарфакорона равона шудааст (Чубаков Т.Ч., Джузенява Б.С., 2003).
Тибби оилавӣ назар ба таркиби терапия, педиатрия, ҷарроҳӣ ва ғ. васеътар аст. Тибби оилавӣ илми тиб аст, вай пайваста рушд мекунад, сохторҳои илмӣ – таҳқиқотии худ (институтҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, кафедраҳо, факултетҳо, маҷаллаҳои илмӣ, конфронсҳои илмӣ ва ғ.)-ро дорад.
Тибби оилавӣ метавонад, ки дар чорчўбаи системаҳои гуногуни нигоҳдории тандурустӣ фавран фаъолият кунад. Новобаста аз хусусиятҳои фарқкунандаи банақшагирӣ, ташкил ва идоракунии ин системаҳо, баъзе хусусиятҳои тибби оилавӣ барои ҳамаи кишварҳо муштарак аст. Гарчанде баъзе аз ин хусусиятҳоро нисбат ба дигар ихтисосҳои тиббӣ низ истифода кардан мумкин аст, аммо онҳо барои тибби оилавӣ бештар муҳиманд. Дар поён онҳо нишон дода мешаванд.
Принсипҳои тибби оилавӣ.
Тавсифи умумӣ.
Тибби оилавӣ ба проблемаҳои алоҳида ва интихобшуда саломатӣ машғул намешавад, балки барои тамоми аҳолӣ таалуқ дорад; вай барои ҳама ва ҳар як нафар, новобаста аз синну сол, ҷинс, мансубияти иҷтимоиву синфӣ, нажод ва ё проблемаҳо ба саломатӣ дахлдор, таъйин шудааст. Вай бояд ба осонӣ дастрас бошад, бе таъхир расонида мешавад: дастрас будани онро бояд ҳадду ҳудудҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, идоравӣ ва ё молиявӣ маҳдуд насозад.
Муттасил
Тибби оилавӣ дар навбати аввал ба одами мушаххас сару кор дорад, на ба беморӣ. Вай дар заминаи тамосҳои тулонии патсиенту табиб асос ёфта, ҳифзи дарозмуддати саломатии одамонро дар давраҳои хеле тулонии ҳаёти онҳо дар бар мегирад ва ба ягон лаҳзаҳои ҷудогона ё ҷузъии беморӣ қонеъ намешавад.
Хусусиятҳои ҳамаро дар бар гиранда (интегратсия) Тибби оилавӣ ёрии комплексиву мусоидат намудан дар соҳаи мустаҳкам кардани саломатӣ, пешгирии бемориҳо, табобат, ёрии барқароркунандагӣ ва дастгирикунӣи одамон бо дар назардошти омилҳои ҷисмонӣ, психологӣ, ва иҷтимоӣ ва ғ. –ро дар бар мегирад. Вай ба ҳаллу фасли масъалаҳои дар сарҳади байни бемориву бетобӣ қарордошта машғул аст ва интегратсияи ҷанбаҳои гуманистиву эстетикии муносибатҳои табибу патсиентро таъмин намуда, қарорҳои клиникӣ қабул мекунад.
Координатсия (ҳамоҳангсозӣ) Гарчанде аксари проблемаҳои саломатиро, ки дар сатҳи тамоси аввалини патсиент бо табиби оилавӣ пайдо мешаванд, дар доираи тибби оилавӣ ҳаллу фасл кардан мумкин аст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, табиби оилавӣ бояд, ки дуруст ва сари вақт ба мутахассиси муносиб ва ё дигар корманди касбии нигоҳдории тандурустӣ фиристодани ин ё он патсиентро таъмин намояд. Дар чунин ҳолатҳо табиби оилавӣ дар хусуси мавҷуд будани хизматрасониҳо, намудҳои хизматрасониҳо, дар хусуси чӣ тавр беҳтар истифода бурдани онҳо маълумот диҳад ва бояд ба сифати ҳамоҳангсози тавсияҳову дастгириҳои патсиентҳо баромад кунад. Табибони оилавӣ бояд ба ҳайси ташкилотчӣ, роҳбарони табобат, аз ҷумла он чӣ, ки ба истифодабарии ёрии намояндагони дигари тиббӣ ва ёрии иҷтимоӣ таалуқ доранд, амал кунад ва оид ба масъалаҳои саломатӣ ба патсиентҳои худ маслиҳату тавсияҳо диҳад.
Ҳамкорӣ
Дар муассисаҳои ЁАТС табибони оилавӣ бояд барои ҳамкорӣ намудан бо намояндагони дигари ёрии тибӣ ва умуман нигоҳдории тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ тайёр бошанд, онҳоро намояндагӣ кунад ва оид ба расонидани ёриву хизматрасониҳо барои патсиентҳо дар ҳама ҷо, дар он ҷойҳое, ки мувофиқи мақсад ва зарур аст, бо дар назардошти салоҳиятҳои намояндагони ихтисосҳои дигар супоришҳои нав бидиҳад. Табибони оилавӣ бояд дар фаъолияти гурўҳи бисёрсоҳа ё даста (каманда) саҳми боарзиш дошта, фаъол бошад ва барои ба души худ гирифтани роҳбарии чунин гурўҳ ё даста омода бошад.
Хабардор будан аз оила Тибби оилавӣ ба масъалаҳои саломатии одамони алоҳида дар алоқамандӣ бо ҳаёти оилавии онҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ, шароити мушаххаси ҳаёт ва меҳнати онҳо машғул аст. Хабардор будан аз ҷамъият Проблемаҳои патсиентҳо бояд дар якҷоягӣ бо ҳаёти онҳо дар ҷамъияти маҳаллӣ барасӣ шавад, бояд ба мутахассисони дигар ва муассисаҳои секторҳои дигар, ҳамчунин ба гурўҳҳои худёрирасон ҳамкорӣ карда шавад, то ин ки тағйиротҳои позитивии ба ҳалли проблемаҳои маҳаллии вобаста ба саломатӣ амалӣ карда шавад.
Дар баробари баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ кам кардани арзиши он. Фаъолияти табиби оилавӣ асосан ба пешгирӣ намудани бемориҳо равона карда шудааст, ки ин масрафи табобатро хеле кам мекунад. Аз тарафи дигар, дурру дароз одами беморро муоина кардани як табиб, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши тиббии ҳар як одам, дастрас будани ёрии тиббӣ дар зист боиси кам шудани хароҷоти ёрии тиббии аҳолӣ мегарданд.
Фалсафаи тибби оилавӣ ин аст: «Одам умуман дар маркази таваҷҷўҳ қарор дорад, беморро табобат бояд кард, на бемориро», пас одамро табиб ҳамчун ҷузъи воҳид ва бутун меҳисобад бо дар назардошти омилҳои иҷтимоӣ ва атрофии он (макони зист, ҷамъияте, ки дар он зиндагӣ мекунад, шароити моддиву маишии ҳаёт ва оила), омилҳои психологӣ (хислат, одатҳо, сарбориҳои стрессӣ ва касбӣ) ва омилҳои биологӣ, мисли ирсият ба эътибор мегирад. 1.4. Табиби оилавӣ. Хусусиятҳои ихтисоси табиби оилавӣ Табиби оилавӣ мутахассиси ихтисоси васеъ аст. Табиби оилавӣ ҳангоми бемориҳои паҳншудаи инсонҳо ба аҳолӣ новобаста аз ҷинс ва синну сол аввалин ёрии тиббии тахассусиро мерасонад. Вай ёриҳои тиббии мукаммали терапевтӣ ва педиатрӣ (ташхис, табобат, муоина ва пешгирӣ) мерасонад, ҳангоми бемориҳои дигар бошад, (бемориҳои ҷарроҳишаванда, неврологӣ, психиатрӣ, акушериву гинекологӣ ва ғ.) ёрии тиббии сатҳи ёрии аввалияи тиббӣ дар шароити амбулаторӣ расонида мешавад.
(Дар ин ҷо бояд қайд намуд, ки дар бисёр кишварҳо дар номи «табиби умумӣ» ва «табиби оилавӣ» фарқияти приниспалӣ нест ва мо аз ҳамин сабаб ин номҳоро ҳамчун синоним, калимаҳои ҳаммаъно истифода мебарем).
Аз фалсафа, принсипҳо ва ҳаҷми хизмати тибби оилавӣ бармеояд, ки байни ёрии аввалияи тиббии расонидашудаи табиби оилавӣ ва табиби маҳалла фарқият вуҷуд дорад, ки асоситаринашон инҳоянд: 1) ҳаҷми хизматрасони табиби оилавӣ васеъ аст ва ӯ табобати ҳама синну сол ва ҳарду ҷинсро дар дӯш дорад.
Табиби оилавӣ ба шахсон ва оилаҳои алоҳида ёрии аввалияи инфирордӣ ва бетаваққуф мерасонад. Вай метавонад, ки ба аёдати патсиентҳо ба хонаи онҳо равад, онҳоро дар шароити амблаторӣ қабул кунад, дар ҳолатҳои ҷудогона дар шароити статсионарӣ низ табобат мекунад. Вай масъулияти қарори қабулкардаи ба ҳамаи проблемаҳои ба саломатии онҳо дахлдорро, ки вобаста ба ин патсиент ба ў муроҷиат кардааст ба ўҳдаи худ мегирад, ҳангоми зарур будан бо мутахассисон машварат мекунад.
Аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии коллеҷ, академияҳо ва ассотсияҳои академии миллии ОП / табибони оилавӣ (WONCA) соли 1991 ҳуҷҷате қабул кард, ки дар он талаботҳо аз табиби оилавӣ сабт шудаанд. Дар ин ҳуҷҷат хусусияти комплексӣ доштани ёрии тибие, ки аз тарафи табиби оилавӣ расонида мешавад, таъкид шуда буд, вай на танҳо29 ёрии табобатӣ, балки барқарорсозӣ (реабилитатсия), пешгирӣ ва мустаҳкам кардани саломатиро низ дар бар мегирад. Ин ёрӣ бояд ба осонӣ дастрас бошад ва бетаъхир расонида шавад. Табиби оилавӣ – ин мутахассисе аст, ки ихтисосаш барояш имконият медиҳад, ки ба таври инфиродӣ муоинаи аввалия ва давомноку табобати патсиентҳои алоҳида ва аҳли оилаи онҳоро ва тамоми гурўҳи одамонеро, ки ба ў вобаста карда шудаанд, новобаста аз синну сол, ҷинс ва хусусияти беморӣ амалӣ созад. Ин кор дар сурати синтези беназири донишу маҳоратҳои гуногун имконпазир мебошад. Вай ба патсиентҳои худ дар шароити амбулаторӣ, дар хона дар баъзе ҳолатҳо дар клиникаву беморхона ёрӣ мерасонад. Мақсади вай барвақт гузоштани ташхис аст.
Вай имкон дорад, ки таъсири мутақобилаи омилҳои ҷисмонӣ, психологӣ ва иҷтимоиро дар тасаввуроти худ нисбат ба саломатӣ ва беморӣ ба ҳисоб гирад. Вай бояд қарори аввалини худро нисбат ба ҳамаи проблемаҳое, ки ба ў ҳамчун ба ду табиб дахл доранд, ба вуҷуд биёрад.
Вай бояд вобаста аз он, ки муддати тулонӣ бо бомерони гирифтори бемориҳои музмин, бемориҳои такроршаванда ва терминалӣ сару кор дорад, ўҳдадориҳоро ба зимаи худ бигирад. Тамоси тўлонӣ доштан маънои онро дорад, ки вай метавонад иттилоотро мутобиқ ба манфиати ҳар як бемор, барои ташаккул додани муносибатҳои эътимоднок ба таври професионалӣ истифода кунад. Вай дар корпоратсия бо ҳамкорони дигари худ табибон ва ғайри табибон якҷоя кор мекунад. Вай медонад, ки кай ва чӣ тавр ба ҷараёни табобат ва пешгирии беморӣ дахолат кунад, то ин ки ба саломатии патсиент ва аҳли оилаи вай мусоидат созад. Вай тасаввур мекунад, ки дар назди ҷамъият масъулияти касбиро ба дўш дорад. Ин таъриф аз тарафи Leeuwenhrst Crop, 1974, ки дар бюрои аврупоии ТУТ кор мекард, оварда шудааст. Вай он сифатҳоеро муайян мекунад, ки бояд дар тибби оилавӣ ҳангоми таёр кардани он рушд намоянд.
Аммо табиби оилавӣ ин маҷмўи муайяни маълумотҳо ва малакаҳо нест, ки ба таври механикӣ аз худ карда ва истифода бурда шаванд. Ин бешубҳа, соҳаи махсуси фаъолияти инсон аст, ки муваффақияташ аз сифатҳои ахлоқии мутаххасис вобаста аст. Чунин мешуморанд, ки (R. Rakel, 1996) барои табиби оилавӣ ингуна хислатҳо ҳатман заруранд:
1. Доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳама амалиётҳои худ, ки ба нигоҳдории саломатӣ ва реабилитатсияи патсиент ва оила ў равонашуда.
2. Қобилияти дилсўзӣ ва ҳамдардӣ доштан ва онро самимона бо таваҷҷўҳ ба патсиенту аҳли оилаи вай якҷоя сохтан.
3. Пайваста нигоҳ доштани майл ба роҳ ёфтаи ба хусусиятҳои инфиродии бемор.
4. Таваҷҷўҳ зоҳир намудан ба ҳаллу фасл намудани ҳама гунна проблемаҳои мушкилу мураккаб ва қиёснашавандаи тиббӣ, онҳоро ҳаллу фасл намудан.
5. Таваҷҷўҳ зоҳир намудан ба доираи васеи проблемаҳои тибби клиникӣ.
6. Худро устувор ҳис кардан ҳангоми дар як вақт рў ба рў шудан бо протссесҳои барзиёди патологӣ, ки дар як патсиент пайдо мешаванд.
7. Доштани майлу хоҳиш нисбат ба ҳаллу фасли вазифаҳои бештар пайдошуда ва гуногуни интеллектуаливу техникӣ.
8. Доштани қобилияти дастгирӣ намудани кўдакон ҳангоми рушду инкишофи онҳо, ба онҳо ёрӣ расонидан барои ба ҳаёт мутобиқ шудан ва ворид шудан ба ҳаёти оилаву ҷомиа.
9. Ба патсиент дар роҳи бартараф намудани мушкилоти ҳаррўза ёрӣ расонида тавонистан, нигоҳ доштани бесуботӣ дар оила ва ҷомеа.
10. Доштани имкониятҳои интеллектуалӣ ва дониши кофӣ, то ин ки ба сифати ҳамоҳангсоз амал кунад, тамоми захираҳои саломатиро ҳангоми табобати патсиент сафарбар карда тавонад. 11. Дар худ пайваста кўшиши омўхтан ва аз он ки донишҳои тибби муосирро аз худ мекунад, ан ин амал қаноатманд шуданро дар худ маҳфуз дорад.
12. Дар ҳолатҳои изтиробангез ё стресӣ худро ором нигоҳ дорад, зуд, муассир, мантиқан ва дилсўзона дарк намояд.
13. Кўшиш намояд, ки проблемаҳои тиббиро дар мўҳлатҳои барвақт ташхис кунад (ё сади роҳи пайдошавии беморӣ гардад).
14. Хоҳиши самимона доштан нисбат ба дастгирӣ намудани патсиент, то ин ки худро қаноатбахш ҳис намояд, зарурати ҳамдигарфаҳмии доимӣ доштан бо вайрон фаҳмад.
15. Донистани малакаи зарурӣ барои назорат кардани ҷараёни бемориҳои музмин, ҳамчунин кўшиши ба ҳадди максималӣ барқарор намудани ҳолати патсиенте, ки бемориҳои шадидро аз сар гузаронидааст.
16. Фаҳмида тавонистани иштироки унсурҳои ҷисмонӣ, эмотсионалӣ ва иҷтимоӣ дар инкишоф ва бартараф кардани беморӣ, истифодаи тактикаи инфиродии табобат.
17. Аз натиҷаи ҳамкориҳои самимӣ доштан бо патсиент, ки дар ҷараёни тўлонии муоинаи табиӣ мебошад, эҳсоси қаноатмандӣ намудан ва инро муқобил гузоштан бо эҳсоси кўтоҳмуддати хушнудӣ, ки ҳангоми бо муваффақият табобат кардани бемориҳои лаҳзавӣ рух медиҳад.
18. Ҷалб карда тавонистани патсиент ва аҳли оилаи вай ба омўзиши фаҳмиши он, ки вайрон кардани сифат ва тарзи ҳаёт метавонанд боиси пайдошавии беморӣ ва ё вазнин шудани он шавад.
Се дараҷаи салоҳияти дастрас оид ба проблемаҳои муносибатҳои рафторӣ, дониш ва маҳорате, ки онҳоро дар ҳар бахши тиб дақиқ кардан лозим мешавад, имконпазир шуморида мешаванд. Дараҷаи якум иборат аст аз мустақилона ҳаллу фасл карда тавонистани масъалаҳои ба ташхис32 ва табобати миқдори маҳдуди бемориҳо дахлдор, ҳамчунин имконияти дар чунин ҳолатҳо пайдо карда тавонистани шаклҳои дурусти рафтори табиб. Мо ин зуҳуротро ба доираи масъулиятҳои мустақими табиби оилавӣ дохил мекунем.
Агар, масалан, мо доираи бемориҳои тарбодиро, ки бояд ба дараҷаи якуми салоҳияти табиб дохил шаванд, муайян намоем, пас барои табиби оилавӣ зарур будани мустақилона ташхис ва табобат намудани спондилоартрити анкилозӣ (шахкунанда), остеоартроз, эритемаи гиреҳдор, ниқрис, ревматизм (тарбод), полимиалгияи тарбодӣ, бидуни аломатҳои кардит ва ҳангоми зуҳуроти ибтидоӣ ва беоризаи артрити ревматоидӣ тасдиқ карда мешавад. Донистани зуҳуроти асосии клиникии бемориҳои номбаршуда, ки як қисми онҳо ба зуҳуроти паҳншуда дохил намешаванд (ниқрис, миалгияи тарбодӣ), вале аломатҳои возеҳи клиникӣ доранд ва бар замми ин хатари пайдошавии шаклҳои вазнини бемориро доранд, монанди ниқрис – нефропатияи ниқрисӣ; полимиалгияи тарбодӣ – артрити темпоралӣ.
Донишҳои барои ҳаллу фасли проблемаҳои клиники бемориҳои номбаршуда зарурӣ бояд бо малакаҳои мушаххас пурра карда шаванд, зеро бидуни онҳо аз худ намудани проблемаҳо номумкин аст. Ба ин малакаҳо инҳоро дохил кардан мумкин аст: ҷамъ карда тавонистани анамнези пурра, гузаронида тавонистани муоинаи пурраи физикалӣ, шарҳ дода тавонистани натиҷаи муоинаҳои лабораторӣ ва инструменталӣ, фаҳмида тавонистани масъалаҳои интихоб намудани доруҳои зиддиилтиҳобӣ ва танзимкунандаи масуният (иммунитет), доштани таҷрибаи тазриқи дохилибуғумӣ ва биопсияи пўст.
Дараҷаи дуюм аз он ҳолатҳои клиникие иборат аст, ки воқеаи барои онҳоро ҳаллу фасл кардани табиби оилавӣ дастрас нестанд ва ёрии мутахассиси мушаххасро (машварат, муоинаи махсус, табобати инструменталӣ) тақозо мекунанд. Иштироки табиби оилавӣ бо гузаронидани чорабиниҳои тавсияшудаи табобат маҳдуд мешавад. Бисёр вақтҳо ин чорабиниҳоро ба доираи протседураҳои реабилитатсионӣ,33 табобати дастгирикунанда бо доруворӣ ва ғ. дохил мекунанд.
Масъулияти тақдири бемор дар чунин вазъият байни табиби оилавӣ ва мутахассиси соҳаи мушаххас баробар вогузор мешавад. Ба мисоли худ, яъне патологияи тарбодӣ рў оварда, мо ба ин доираи зуҳурот шаклҳои паҳнёфта ва оризадори спорендеилоартрити шахкунанда (анкилозӣ), ниқриси ба табобати парҳезӣ муолиҷанашаванда, артрити тарбодии ҷавонӣ (ювенилӣ), бемории омехтаи бофтаи пайвасткунанда (синдроми Шарпа), полимиозит – дерматомиозит дар авали пайдошавиаш, сабук будани ҷараёнаш, ҳамин тавр ҷараён доштани склеродермия, бодхўрдаи сурхи системавӣ, артропатияи псориазӣ, синдроми Рейно, ҷараёни оризадори шаклҳои вазнини артрити тарбодӣ, вараҷаи тарбодӣ бо зуҳуроти кордит ва артритҳои септикӣ-ро дохил мекунем.
Ҳатто дар якҷоягӣ бо табибони дигар табобат кардан аз табиби оилавӣ барои ташкил намудани табобати таъйиншуда ва чорабиниҳои реабилитатсионӣ, ҳамчунин барои фаҳмидану шарҳ додани маълумотҳои биопсия, артрографияи контрастӣ, натиҷаҳои табобат бо дозаҳои баланди стероидҳо, иммуносупрессорҳо қувваву нерўи иловагиро талаб мекунад.
Дараҷаи сеюми салоҳиятҳо он зуҳуроти клиникиро дар бар мегиранд, ки бинобар зарурати истифода бурдани техналогияҳои мураккабе, ки иштироки доимии табиби мутахассисро талаб мекунанд, барои табиби оилавӣ фаҳмо ва қобили азхудкунӣ нестанд. Дар чунин ҳолат табиби оилавӣ танҳо ҳамчун қувваи дастгирикунанда, ёрии психологӣ ба бемор ва оилаи вай ҳасту бас, ҳамчун мутахассис, метавонад, ки ба хешовандон ва наздикони бемор зарур будани табобати махсусро фаҳмонад.
Ҳаҷми хизматрасонии табиби оилавӣ ҳаматарафа аст. Ягон категория ё ягон соҳае нест, ки тибби оилавиро истисно кунад. Табиби оилавии хуб таълимгирифта метавонад, ки тамоми проблеммаҳоро баррасӣ намояд, дар натиҷа метавонад, ки 85%-ҳамаи ҳолатҳоро муолиҷа намояд: фоизи ба машварати мутахассиси соҳаи мушаххас фиристодани34 беморони вай 15%-ро ташкил медиҳад. Табиби оилавиро чунин бояд таълим дод, ки вай бемориҳои нисбатан паҳншудаи соҳаи тибро ташхис карда тавонад, монанди амрози чашм, гўшу гулў ва бинӣ, пулмонология, кардиология, гастроэнтерология, неврология, ревматология, психиатрия, беҳдошти иҷтимоӣ ва ғ. Баъзе бемориҳои паҳншуда мураккаб буда, таёрии густурдаву ҳаматарафаро талаб мекунанд, аммо бо чунин басомаде во мехўранд, ки табиби оилавӣ дар ин мавридҳо метавонад, ки эксперт бошад. Барои ҳар як ҳолат дар ҳаҷми хизматрасониаш табиби оилавӣ ҳамаи стандартҳои табобатро мавриди истифода қарор медиҳад, ки мутахассиси соҳаи маҳдуд низ истифода мекунад. Агар табиби оилавӣ ин ё он ҳолатро дар сатҳи табиби соҳаи маҳдуд табобат карда натавонад, вай ин ҳолатро ташхис намуда, барои машварат ба назди мутахассиси дахлдор мефиристад.
Фарқияти кори табиби оилавӣ ва табиби маҳалла.
Табиби оилавӣ беморони ҳамаи синну сол ва ҳарду ҷинсро табобат мекунад. Табиби оилавӣ беморони солхўрда, болиғу навзодон, кўдакон ва занҳоро (оид ба масъалаҳои саломатии зан ва бемориҳои гинекологӣ) қабул мекунад.
Баръакси ин, ҳаҷми хизматрасонии табиби маҳалла (терапевт ва педиатри маҳалла) чунин пурра нест, вай на ҳамаи синну сол ва ҳарду ҷинсро дар бар намегирад. Табиби маҳалла беморонро танҳо мувофиқи ихтисоси худ қабул мекунад. Табиби маҳалла бемориҳои нисбатан паҳншудатаринро табобат намекунад, зеро дар системаи мавҷудбуда дар ин самт тайёр кардани онҳо пешбинӣ нашуда аст. Ба ғайр аз табиби маҳалла ба табобати беморон мутахассисони сершумори соҳаи маҳдуд машғул буданд. Дар натиҷа фоизи ба машварати мутахассисони соҳаи маҳдуд фиристодани бемор зиёд буда, ба 50% расида буд. Дар маркази таваҷҷўҳи табиби маҳалла ҷанбаҳои беморшавиҳои оила ва патсиент қарор дошт. Масалан, дар оилаи муқаррарӣ, модар ба ёрии аввалияи тиббии терапевти маҳалла ва гинеколог мӯҳтоҷ буд, табиби падар бештар терапевти маҳалла, кўдаконро педиатрии маҳалла назорат ва35 муоина мекард, вақте, ки калон мешуданд, онҳоро терапевти маҳалла табобат мекард, ва хуллас ҳар як узви оила ба қабули як қатор мутахассисони соҳаи маҳдуд эҳтиёҷ доштанд, бемориашонро, ки ба салоҳияти табиби маҳалла дохил нестанд, ин мутахассисон ташхис ва табобат мекарданд.
Фаро гирифтани табобати ҳамаи бемориҳо ва ҳамаи беморон аз тарафи табиби оилавӣ омили муҳим аст: 1) дар маркази диққат шахсияти алоҳида дар таркиби оила меистад; 2) таваҷҷўҳ ба табобати одам мукаммал, аз ҷумла раванди табобат мутамарказ мешавад; 3) муоинаи тўлонӣ, аз ҷумла масъалаҳои саломатӣ, ки дар ҳама давраҳои гузариши ҳаёт рух медиҳанд, аз лаҳзаи таввалуд то марг; 4) табобати инфиродӣ, ки дар натиҷаи муносибатҳои дутарафаи тўлонии табибу патсиент ба амал меояд ва дар як давраи муайян ташаккул меёбад; 5) ҳамоҳангсозии табобат, азбаски ҳар як узви оила ва тамоми масъалаҳои тиббиро табиби оилавӣ баррасӣ мекунад, табобатро ба нақша мегирад ва ё барои машварат гирифта мефиристад, баъдан муоина мекунад, дастгирӣ мекунад ва дар тамос мешавад.
Тайёр кардани табиби оилавӣ низ соҳаҳоро фаро мегирад, ки барои бемор ва системаи нигоҳдории тандурустӣ бартарии махсус доранд: 1) интегратсияи ҳамаи ҷанбаҳои табобат, аз ҷумла реабилитатсия, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии беморӣ; 2) дастраси осон ба табобат, зеро бемор аниқ медонад, ки оид ба шикоятҳояш ба куҷо муроҷиат намояд; 3) пайдо шудани муносибатҳои шарикӣ (партнёрӣ) дар байни табиб, патсиент ва оила ба мақсади ҷалб намудани ҳамаи одамоне, ки барои худро табобат кардан таваҷҷўҳ зоҳир мекунад; 4) арзон кардани арзиши хизматрасонӣ ва дар системаи ягона ҷудо-ҷудо кардани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳоли номумкин аст; 5) лоиаҳои минбаъд беҳтар сохтани сифат, ки бомуваффақият амалӣ сохтани вазифаҳои расонидани ёрии тиббиро кафолат медиҳад: 6) диққати махсус ба ворид кардани омилҳои психологӣ ва иҷтимоӣ равона мешавад, омилҳои беҳдошти иҷтимоӣ, динамикаи оила дар самти нигоҳдории тандурустӣ; 7) ўҳдадориҳо нисбат ба рушди малакаҳои менеҷментӣ, пешвоӣ, таълим, такмилдиҳӣ, ҳаллу фасли проблемаҳо ва муоинаҳои клиникӣ барои бомасъулият ҳаллу фасл кардани проблемаҳои дар оила / ҷамъият пайдошуда.
Ҳамин тавр, табиби оилавӣ мутахассисе аст, ки нисбат ба проблемаҳои рушду нумўи одам назари густурда дорад, омилҳои иҷтимоӣ, психологӣ ва биологии саломатӣ ва бемориро ба ҳисоб мегирад, табибе, ки метавонад бемориро сари вақт ташхис кунад ва ёрии муносиби тиббӣ расонад, аз камшавии беморшавӣ ва мустаҳкам шудани саломатии аҳолӣ манфиатдор аст, табиби масъули саломатии оила, ҳар як фард аз давраи таваллуд то лаҳзаи марг. Ин шахси боэътимоди оила аст, ки ҳар як узви оила оид ба масъалаҳои ҳифз ва мустаҳкам кардани саломатӣ ба вай, яъне ба табиби оилавӣ муроҷиат мекунанд.
Табиби оилавӣ бояд вазифаҳои зеринро ҳаллу фасл карда тавонад:
I. Дар соҳаи тиб
- беморро мустақилона дар амбулатория, дар хона ва дар баъзе мавридҳо дар клиника ва беморхона қабул кунад;
- барвақт ташхис гузорад;
- ҳангоми баррасии масъалаҳои саломатӣ ва беморӣ омилҳои ҷисмонӣ, психологӣ ва иҷтимоиро ҳал ва ҷанбаст намояд;
- нисбат ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба вай ҳамчун табиб пешниҳод мешаванд, қарори аввалинро қабул кунад;
- муоинаи доимии беморони гирифтори бемориҳои музмин, шиддатгиранда ё терминалии дар Тоҷикистон бештар ба назар расандаро анҷом диҳад;
- имкониятҳои фароҳамомадаро барои минбаъд ҷамъоварӣ кардани маълумот ва бунёд кардани муносибатҳои эътимодноке, ки ба мақсади касбӣ (профессионалӣ) аст, истифода барад;
- ҳамкориҳоро бо ҳамкасбон – табибон ва дигар шахсоне, ки табиб нестанд ба роҳ монад; - сари вақт табобатро таъйин карда тавонад, профилактика ва омўзиш гузаронад, ба беҳтар сохтани вазъи саломатии ҳам бемор ва ҳам аҳли оилаи вай кӯшиш ба харҷ барад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё