Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

II. Дар соҳаи иҷтимоӣ

- масъулияти худро дар назди ҷамъият бифаҳмад;

- масъулияти саломатии патсиентро ба ўҳда гирад;

- дар ҳаллу фасли масъалаҳо ва нигоҳдории саломатӣ ба патсиент расонидани ёрӣ таёр бошад.

III Дар соҳаи донишҳои маъмурӣ - донистани системаи нигоҳдории тандурустӣ дар Тоҷикистон, самтҳо ва инкишофи он;

IV Дар соҳаи донишҳои илмӣ – таҳқиқотӣ - истифода бурдани навтарин дастовардаҳои тиббӣ дар фаъолияти худ, инчуни саҳми муайян гузоштан дар соҳаи таҳқиқотҳои илмӣ оид ба тибби оилавӣ.

Мувофиқи фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон №36 аз 26-уми июни соли 1998 ўҳдадории асосии табиби оилавӣ ин мутобиқи талаботи тавсифномаи квалификатсионӣ ва ба даст овардани сертификат расонидани ёрии аввалини тиббӣ – санитарӣ мебошад. Бар иловаи ин ба ўҳдадориҳои вай инҳо дохил мешаванд:

- гузаронидани корҳои санитарӣ – маърифатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим;

- анҷом додани корҳои профилактикӣ, баҳри барвақт ошкор намудани шаклҳои номаълуми бемориҳо ва омилҳои хатарнок;

- ба роҳ мондани муоинаи динамики вазъи саломатии патсиент бо гузаронидани таҳқиқотҳои зарурӣ ва солимгардонӣ;

- расонидани ёрии фаврӣ ҳангоми ҳолатҳои таъҷилӣ ва шадид;

- машварати саривақтиву бистарӣ кунониданӣ беморон;

- гузаронидани чорабиниҳои реабилитатсионӣ; - гузаронидани экспертизаи корношоямии муваққатӣ ва сари вақт ба комиссяи экспертӣ фиристодани патсиентҳо бо аломатҳои маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаётӣ ва қобилияти ҳаётӣ;

- якҷоя бо органҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти шафқат ба беморони танҳо, пиронсол, маъюбон, гирифтори бемориҳои музмин расонидани ёрии тиббиву санитарӣ ва маишӣ;

- масъалаҳои иммунопрофилактика, синамаконӣ, тарбияи кўдкон, барои ба мактаб рафтан тайёр кардани онҳо, профориентатсия, инчунин масъалаҳои танзими оила, этика, психология, беҳдошт, ҷанбаҳои тиббиву сексуалии ҳаёти оила расонидани ёрии машваратӣ; китоб.

- ба роҳ мондани шаклҳои тасдиқшудаи ҳуҷҷатнигории ҳисобу Ҳамин тавр, тибби оилавӣ фанни махсус аст, азбаски вай бо бемориҳои тақсимшаванда ва ташхиси марҳилаҳои аввалини симптоматика сару кор дорад, технологияҳои нисбатан соддаи тиббиро истифода мекунанд, ҳангоми ташхисгузорӣ ба таваккал ва мушкилоти зиёде рў ба рў мешаванд, маҷбур ҳастанд, ки вақти худро ҷиддӣ ба нақша гиранд, самти профилактикаро муайян кунад, маҷбур аст, ки захираҳои мавҷудбударо сарфакорона истифода намояд, барои саломатии тамоми аҳли ҷамъият масъул аст, маҳорати ниҳоят олии муошират бо одамонро дошта бошад.

Арзёбии тақрибии ҳаҷми бемориҳо ё симптомҳое, ки ба табиби тамоси аввалин ё табиби оилавӣ рост меояд, хеле гуногун аст, вале тақрибан тамоми муҳаққиқон бо як овоз тасдиқ мекунанд, ки қисми зиёди ин «айсберг» ба чашм ноаён мемонад ва ҳеҷ гоҳ ба назари табиб намудор намешавад. Масалан, дар баъзе пажуҳишҳо нишон дода шудааст, ки танҳо камтар аз сеяки тамоми беморшудагон ба кормандони тиббӣ муроҷиат мекунанд.

Вобаста аз ин кори табиби оилавӣ бо аҳолӣ хеле муҳим мебошад, вай ба одамон малакаҳои ёрии аввалия ва ба якдигар ёрӣ расониданро ёд медиҳад, маърифати тиббиро дар байни гурўҳи одамоне, ки барояшон хизмат мекунад, ташвиқ менамояд. Ин кор ду ҷанбаи ба ҳам алоқаманд дорад: аз як тараф – ин ёрии муайян аст ба табиб, зеро худи патсиент дар як вақт на танҳо бемор, балки шахсе низ мебошад, ки ба шахси дигар ёрӣ мерасонад. Пас, масъалаҳои тарғиби санитариву маърифатӣ ва дар миёни аҳоли паҳн кардани донишҳои тиббӣ, проблемаи ниҳоят муҳим аст ва ҷузъи зарурии кори табиби оилавӣ ба ҳисоб меравад.

Табиби оилавӣ метавонад, ки «танҳо» ё дар ҳайати гурўҳи табибон кор кунад, ки дар ин маврид бригада (Primary Heoth Care Team) барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ташкил мешавад. Дар солҳои охир тамоюли нисбатан бештар паҳн шудани кори гурўҳӣ ба мушоҳида мерасад ва нисбат ба кори танҳоӣ беҳтар ҳисобида мешавад.

Таъкид кардан мумкин аст, ки мавқеи табиби оилавӣ дар аксари кишварҳои Аврупои Ғарбӣ хеле олӣ ва мўътабар аст, ки инро аз муқоиса кардани даромади табибони оилавӣ бо бузургии маҳсулоти умумии милӣ ба ҳар як нафар аҳолӣ баръало дидан мумкин аст. Дар кишварҳое, ки даромади табибони оилавӣ зиёд аст, вай назар ба бузургии маҳсулоти умумии миллӣ ба ҳар як нафар аҳолӣ хеле фарқ мекунад. Дар Олмони федералӣ ва Австрия даромади табибони оилавӣ назар ба даромади умумии миллӣ бар сари ҳар як нафар аҳолӣ 5 маротиба зиёд аст. Дар Италия ва Шветсия ин фарқият камтар аст. Даромади табиби оилавӣ аз миқдори патсиентҳо вобаста аст, ки ба як табиб муроҷиат мекунанд.

Инро махсусан ҳангоми пардохти сарикасӣ хеле хуб мушоҳида кардан мумкин аст, дар ин ҳолат даромад мустақиман аз миқдори патсиентҳо вобаста аст.

Як қатор қонуниятҳои умумӣ оид ба ташкил намудани ёрии аввалияи тиббӣ дар ҳама кишварҳо ва кишварҳои ИДМ, ки пешниҳод шудаанд, дида мешавад. Дар байни онҳо инҳоро номбар кардан ба маврид аст:

- рушди имтиёзноки тибби оилавӣ, ҳамчун звенои асосисӣ дар системаи ёрии аввалияи тиббӣ. - ба ҳайси намои (фигураи) асосӣ ҷорӣ намудани ёрии аввалияи тиббии табиби оилавӣ.

- ба ўҳдаи табиб вогузор намудани масъулият ташкили тибби оилавӣ, саломатии патсиент ва ба вай хизмат расонидан.

- Набудани фарқияти приниспалӣ дар номи «табиби умумӣ» ва «табиби оилавӣ», зеро дар: аксари кишварҳо воҳиди хизматрасонии табиби умумӣ патсиенти ба қайд гирифташуда дар рўйхати бемороне, ки барояшон хизмат расонида мешавад ба ҳисоб меравад, махсусан дар кишварҳое, ки дар ин ҷойҳо системаи пардохти сарикасии ҳар як патсиент ба роҳ монда шудааст.

Шаклҳои пардохти ҳаққи меҳнати табибони оилавӣ гуногун аст: пардохти сарикасӣ (яъне, аз ҳар як патсиенти ба қайд гирифташуда), иловапулиҳои гуногун (барои тибби оилавӣ, барои кор дар ноҳияҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ақибмонда, ҷуброн барои масрафҳои тибби оилавӣ ва ғ.), пардохт барои расонидани ҳар як намуди хизмат, ки дар маош сабт шудааст.

Мунтазам инкишоф ва такмил додани системаи ёрии аввалияи тиббӣ. Ёрии аввалияи тиббии тахассусӣ ва самараноки сифаташ олӣ, ки дар асоси ин бунёд мешавад, дар навбати худ қодир аст, ки ба сарбориву сифати ёрии тахассусӣ ва госпиталӣ таъсири мусбат расонад. Табибони оилавӣ бояд тайёрии касбӣ дошта бошанд. Аз нуқтаи назари патсиентҳо ёрии аввалии тиббии самаранок талаботи ҳамаи гурўҳҳои хизматрасонанда ва шахсиятҳои алоҳидаро қаноатманд месозад.

Муносибатҳои табиби оилавӣ, патсиент ва оила, проблемаҳои этикӣ. Инкишофи муносибатҳои «патсиент - табиб».

1. Эътироф намудани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои патсиент дар хусуси доштани фаҳмишҳои амиқ дар бораи бемориашон ва вазъи саломатии худашон.

2. Ҳамкории мутақобилаи самаранок бо патсиентҳои алоҳида ва бо калектив. 3. Диққат додан ба талаботҳо ва интизориҳои патсиентҳо новобаста аз тарзи ҳаёташон, сатҳи фарҳанг, эътиқод, миллат, ҷинс, назари сексуалӣ, дараҷаи маъюбӣ, синну сол, вазъи иҷтимоӣ–иқтисодияшон.

4. Ҷалб кардани патсиентҳо ва (аз рўйи имконият) аҳли оилаи онҳо ё парасторони онҳо барои қабул кардани қарори клиникӣ.

5. Эҳтиром кардани ҳуқуқи патсиентҳо дар хусуси рад кардани табобат ва рад кардани иштирок дар раванди омўзиш ва таҳқиқотҳои илмӣ.

6. Фаҳмидани шароити зисти патсиент ва таъсири он ба саломатӣ, ҳамчунин таъсири вазъи саломатии он ба шароити зист.

Ўҳдадориҳои табиби оилавӣ мувофиқи талаботи Шўрои амалияи умумитиббии Британияи кабир (General Medical Council).

Патсиентҳо бояд саломатии худро натарсида ба табиб бовар кунанд, ҳатто ҳаёташонро. Барои ба ин боварӣ сазовор шудаи ҷамъияти табиб бояд сифати баланди расонидани ёрии тиббӣро таъмин намояд ва дар табибон рўҳияи эҳтиром кардани патсиентро тарбия намоянд. Аз ҷумла табибон ўҳдадоранд, ки:

ба патсиент расонидани ёрии тиббиро вазифаи аввалиндараҷаи худ донанд;

нисбат ба патсиентҳо боэҳтиром ва бодиққат бошанд;

шаъну шарафи патсиентҳо ва ҳуқуқҳои онҳоро дар мавриди махфи маҳфуз доштани маълумотҳои шахсӣ;

патсиентро бодиқат гўш кунад ва ақидаи вайро эҳтиром кунанд;

ба патсиент иттилоотро дар шакли дастрас пешниҳод кунанд; ҳуқуқи патсиентро барои пурра иштирок намудан дар қабул кардани қарорҳо оид ба расонидани ёрии тиббӣ ба онҳо эҳтиром кунанд;

донишҳои касбӣ ва маҳорати касбиашро дар сатҳи баланд нигоҳ доранд;

ҳадди салоҳиятҳои касбии худро донанд;

боинсоф ва ҳақиқатдӯст бошанд;

дар хусуси махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо оид ба патсиентҳо чораҳо андешанд;

кўшиш кунад, ки нуқтаи назар ва эътиқодҳои онҳо ба раванди расонидани ёрии тиббӣ ба патсиент таъсир нарасонад дар мавриди муҳофизати патсиентҳо чораҳои фаврӣ андешанд, агар амали табиб ё ҳамкорони вай ба патсиент зарар расонида тавонанд;

ҳуқуқ ва имкониятҳои худро, ки касби табибӣ барояш додааст, сўйистифода накунанд;

ба мақсади пурра қонеъ гардонидани манфиати патсиентҳо бо мутахассисони дигар соҳаҳои тиб ҳамкорӣ намоянд.

Шумо бояд қоидаҳои зикршударо ҳангоми муошират бо патсиентҳо ва ҳамкорон риоя кунед. Илова бар ин, шумо бояд барои фаҳмондани сабаби амалҳои худ ҳамеша тайёр бошед.

Ёрии тиббии босифати табиби оилавӣ ба беморон: гузоштани ташхиси барвақт, ба нақша гирифтани вақти корӣ дар фаъолияти табиби оилавӣ.

1. Дар фаъолияти клиникӣ риоя кардани принсипи ба ҳадди камтарин расонидани хатар барои беморон («зарар нарасон»).

2. Барои хизматрасониҳои зерини тиббӣ (таҳти назорати устод) масъулиятро ба зиммаи худ мегирад; ҷамъоварии анамнез, аз маълумотҳои анамнез муҳиматринашро ҷудо карданд.

3. Гузаронидани муоинаи пурра ва муносиби (адеквативии) клиникӣ, агар зарур бошад, муоинаи вазъи рўҳӣ ё ақлонии бемор.

4. Интихоби муоинаҳои зарурӣ ва пур кардани роҳхат барои ба онҳо фиристодан.

5. Дар раванди гузоштани ташхис, ҳангоми интихоб намудани ҳаҷми ёрии фаврии тиббӣ ҳангоми тартиб додани нақшаи минбаъда расонидани ёрии тиббӣ.

6. Гузаронидани назорат ва арзёбии самаранокии чорабиниҳои солимгардонӣ дар муассисаҳои клиники нигоҳдории тандурустӣ.

7. Беҳтар гузаронидани амалҳои ташхисиву табобатӣ.

8. Гузаронидани амалҳо ё дастурҳои зарурӣ аз тарафи ҳам худи табиб ва ҳам ҳамкорони вай ҳангоми сар задани хатар барои патсиентҳо.

9. Донистани ҳадди салоҳиятҳои шахсӣ ва касбии худ ва ҳангоми зарурат ба кормандони ботаҷриба, дигар кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони соҳаи иҷтимоӣ барои ёрӣ муроҷиат кардан.

Офиси табиби оилавӣ. Таҷҳизотонидани ҷойи кори табиб ва ҳамшираи тиби оилавӣ.

Кори табиби оилавӣ як қатор хусусиятҳои махсус дорад. Аввалан ин ки, табиб ҳангоми қабул ба беморони синну сол ва ҷинси гуногун, дорои бемориҳои гуногун хизмат мерасонад, зеро ягон хел ба нақшагирии сабти номи муроҷиаткунандагон имконияти дар ҳуҷраи қабул ҷамъ шудани онҳо ва интизори қабули табиб шудани онҳоро аз байн бурда наметавонад. Дуюм, қабули беморонро аксар вақт пайдо шудани патсиентҳои ғайринақшавӣ, ки барои ёрии фаврӣ муроҷиат мекунанд ва ё дар натиҷаи ҳодисаи нохуш онҳоро меоранд, вайрон44 мекунад. Ба чунин беморон ёри расонидан вақти зиёдро талаб мекунад ва навбати беморони нақшавиро ба таъхир меандозад. Барои ҳамин ҳам бинои кории табиби оилавӣ бояд дар блоки алоҳида ва агар лифт набошад, дар ошёнаи якум ё дуюм ҷойгир карда шавад, то ин ки қабули беморон осонтар шавад ва ин боиси нигоҳ доштани тартиб ва тозагӣ мешавад. Барои мукаммал будани кори табиби оилавӣ чунин ҳуҷраҳои корӣ тавсия карда мешаванд: ҳуҷраи интизории қабул, ҳуҷраи кории табиб, ҳуҷраи захмбандӣ, ҷарроҳӣ ва пешазҷарроҳӣ, физиотерапевтӣ, протседура, ҳуҷраҳои лабораторӣ ва хоҷагӣ, ҳуҷраи кормандони тиббӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ.

Беморон пеш аз қабули табиби оилавӣ дар ҳуҷраи интизорӣ меистанд. Майдони ин ҳуҷра бояд на камтар аз 20 х 20м2 бошад, хуб муҷчаҳаз бошад ва шамол дода шавад. Дар деворҳои ҳуҷра беҳтар мешавад, ки гулҳои ҳуҷрагии печанда, расм ва стендҳои дорои иттилооти тиббӣ овезон кунанд. Ҳамшираи тиббӣ муроҷиаткунандагонро ба қайд мегирад, бо дар назардошти синну сол ва дараҷаи вазнинии бемор навбатро муайян мекунад. Ҳуҷраи корӣ табибро дар хонаи барҳаво ва равшани масоҳаташ 15-18м2 , ки ҷои захмбандиву манипулятсионӣ дорад, ҷой додан мувофиқи мақсад аст.

Дар ҳуҷраи кори табиб бояд мизи хатнависӣ, якчанд курсӣ ва дивани тиббӣ ё кушетка барои дар ҳолати дароз кашида муоина кардани беморон, парда ва либосовезак барои либосҳои беморон, ҷевон, беҳтараш дар дохили девор барои табиб мавҷуд бошанд. Мувофиқи мақсад мебуд, агар дар ҳуҷраи кории табиб телефон ва компютери дорои баъзаи маълумотҳо оид ба вазъи саломатии ҳамаи беморони муоинашаванда бошанд. Дар гўшаи захмбандӣ ва протсидура бояд мизи захмбандӣ, мизгоҳ барои асбобҳо бо рўпўши филизӣ, кушеткаҳои тиббӣ бо болиштакҳо (зери сар), парда, креслои сахт бо зероринҷдор, якчанд курсӣ, миз барои асбобҳои стериллишуда, машоъ ва маводи стерилишуда ва барои дорувориҳои ҳангоми захмбандӣ истифодашаванда, бошанд. Ҷевонҳои дохилидеворӣ ва дари шишагии45 онҳо барои асбобҳои зуд-зуд истифодашаванда ва рўзона нигоҳ доштани захираи эҳтиётии дорувориҳо қулай ҳастанд. Дар ин ҷо будани ҷевон барои нигоҳ доштани бинтҳои андозаашон гуногун, рефлекторҳои дастии банди дароздор, чароғи болоимизӣ, сатили педалдори сарпўшида барои маводи истифодашудаи захмбандӣ, стерилизаторҳо бо шуткаҳои ҷўшонидашуда барои дастшўӣ, собунмонаку собун, шишачаҳои маҳлули дезинфексионӣ дошта, новачаҳо ва ғ. зарур аст.

Асбобҳо ва доруҳои эҳтиётӣ, захираи маводи захмбандӣ, шинаи асобағалҳо, гаҷ ва асбобҳои барои поку тозакунӣ зарурӣ бояд дар ҳуҷраи хоҷагӣ нигоҳ дошта шаванд.

Дар ҳуҷраи ҷарроҳӣ бояд мизи ҷарроҳӣи сабуктар, курсичаҳои майда барои ҷарроҳӣ кардани дастҳо, курсичаҳои тиббӣи статсионарии чароғаш бесоя.

Маҷмўи мавоиди табобатӣ ва асбобҳои барои дар хона ёрии тиббӣ расонидан ба табиби оилавӣ зарурӣ.

Бисёр ҳолатҳое мешавад, ки табиби оилавӣ ёрии тиббӣ, аз ҷумла ёрии тиббии таъҷилиро ноилоҷ дар хонаи бемор анҷом медиҳад.

Асбобҳои тиббӣ ва маводи дорувории барои аз ҷониби табиби оилавӣ анҷом додани ёрии тиббии фаврӣ дар хона дар замима оварда шудаанд.

1.5. Пешгирии (профилактикаи) бемориҳо дар фаъолияти табиби оилавӣ.

Профилактика (калимаи юнонӣ Prophylaktikos – пешгирикунанда, эҳтиёткунанда) – маҷмў чорабиниҳои гуногун, ки ба пешгирӣ кардани ин ё он зуҳурот ё бартараф кардани омили хатар нигаронида шудааст.

Чорабиниҳои профилактикӣ – муҳимтарин самти системаи нигоҳдории тандурустӣ буда, дар аҳолӣ ташаккул додани фаъолнокии тиббиву иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба тарзи ҳаёти солим нигаронида шудааст. Масъалаҳои дар заминаи риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ғизои мукаммал пешгирӣ намудани бемориҳо дар тиббӣ даврони қадим мавқеи махсус дошт. Аммо асосҳои илмии профилактика дар асри XIX арзи вуҷуд карданд, дар ин давра рушди илмҳои биологӣ46 ва умуман тиббӣ ва пайдо шудани илмҳои гуногун, ки ба масъалаҳои ҷузъӣ рў оварда буданд, аз ҷумла физиология, беҳдошт ва эпидемиология ба амал омад. Паҳншавии ғояҳои ҷамъиятӣ дар тибби клиникӣ нақши муҳим бозиданд. Табибони пешқадам ва ходимони илми тиб ояндаи тибро дар рушди профилактикаи ҷамъиятӣ ва робитаи тиббӣ профилактикаву табобатӣ медиданд. Ҷарроҳи маъруф Н.И. Пирогов гуфта буд: «Оянда аз они тибби профилактикӣ мебошад».

Самтҳои асосии профилактика. Профилактикаи ҷамъиятӣ, ки системаи чорабиниҳои ҳифзи саломатии калективро дар бар мегирад, профилактикаи инфиродӣ ба ақидаи В.С. Луневич ва И.В. Поляков, 2005 – чорабиниҳои пешгирикунанда бемориҳо, нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани саломатӣ мебошанд, ки аз тарафи худи одам анҷом дода мешаванд ва тақрибан аз риояи меъёрҳои тарзи ҳаёти солим, беҳдошти шахсӣ, беҳдошти муносибатҳои занушавҳарӣ (никоҳӣ) ва оилавӣ, беҳдошти либосу пойафзол, ғизои мукаммал ва реҷаи нўшидан, тарбияи беҳдоштии насли наврас, реҷаи ратсионалии кору истироҳат, фаъолона машғул шудан ба варзиш ва ғ. иборат аст.

Профилактикаи ҷамъиятӣ системаи чорабиниҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, санитарӣ – техникӣ, санитарӣ- беҳдоштӣ, зиддиэпидемӣ ва тиббиро дар бар мегирад, онҳо аз рўйи нақша дар институтҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба мақсади таъмин кардани инкишофи ҳаматарафаи ҷисмонӣ ва нерўи рўҳии шаҳрвандон, аз байн бурдани омилҳои барои саломати зиёновар гузаронида мешаванд. Чорабиниҳои профилактикаи ҷамъиятӣ ба таъмин намудани сатҳи баланди саломатии ҷамъият, аз байн бурдани сабабҳои пайдошавии бемориҳо, барпо намудани шароити оптималӣ барои ҳаёти калективона, аз ҷумла шароити кор ва истироҳат, таъминнокии моддӣ, шароити зисту маишӣ, зиёд нашудани навъҳои маҳсулоти ғизоӣ ва маводи мавриди ниёзи мардум, ҳамчунин рушди соҳаҳои нигоҳдории тандурустиву маорифу фарҳанг, ва варзиш. Самаранокии чорабиниҳои профилактикаи ҷамъиятӣ аз муносибати бошууронаи аҳолӣ ба ҳифзи саломатии худ ва47 саломатии дигарон, аз иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар амалӣ гардонидани чорабиниҳои профилактикӣ, аз он ки то кадом андоза ҳар як шаҳрванд имкониятҳои ҷамъият ба ихтиёраш вогузоштаро баҳри мустаҳкам ва ҳифзи саломатӣ пурра истифода мебарад, вобастагии калон дорад. Татбиқи амалии профилактикаи ҷамъиятӣ бо чорабиниҳои қонунгузорӣ, масрафҳои доимӣ ва хеле зиёди моддӣ, ҳамчунин амалҳои якҷояи ҳамаи звеноҳои дастгоҳҳои ҳукуматӣ, муассисаҳои тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ, бинокорӣ, нақлёт, комплекси кишоврзиву саноатӣ ва ғ. зарурат дорад.

Намудҳои профилактика

Вобаста аз вазъи саломатӣ, вуҷуд доштани омилҳои хатари беморӣ ё беморӣ возеҳ се намуди профилактикаро ҷудо намудан мумкин аст.

Профилактикаи аввалия – системаи чорабиниҳои пешгирикунандаи пайдошавӣ ва таъсиррасонии омилҳои хатари пайдошавии беморӣ (ваксинасия, реҷаи ратсионалии кор ва истироҳат, ғизои мукаммали босифат, фаъолнокии ҷисмонӣ, ҳифзимуҳити зист ва ғ.). як қатор чорабиниҳои профилактикаи аввалияро метавон дар миқёси давлатӣ гузаронид.

Профилактикаи дуюмӣ – маҷмўи чорабиниҳое, ки ба нест кардани омилҳои возеҳи хатар, ки дар шароитҳои муайян (стресс, суст шудани масуният, сарбории барзиёд бар системаҳои функсионалии дигари организм) метавонанд, ки боиси пайдошавӣ, шиддатгирӣ ё такроршавии беморӣ гарданд. Усули нисбатан самарабахштарин ин намуди профилактика ин диспенсаризатсия ба сифати усули комплексии барвақт ошкор намудани беморӣ, муоинаи динамикӣ, табобати мақсаднок, солимгардонии тадриҷии ратсионалӣ ба ҳисоб меравад.

Баъзе мутахассисон истилоҳи профилактикаи сеюмиро ҳамчун маҷмўи чорабиниҳои реабилитатсияи бемороне, ки имконияти фаъолияти мукаммали ҳаётиро аз даст додаанд. Профилактикаи сеюмӣ ҳадафҳои барқарорсозии иҷтимоӣ (ташаккули эътимод доштан ба коршоямии ҷамъиятии худ), меҳнатӣ (имконияти барқарор кардани48 малакаҳои корӣ), психологӣ (барқарор кардани фаъолнокии рафторӣ) ва тиббиро (барқаро кардани функсияи узвҳо ва системаҳои организм) дар бар мегирад.

1.6. Корҳои санитариву маърифатии табиби оилавӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим. Баланд бардоштани сатҳи дониши тиббии аҳолӣ.

Парадокс (ғайри оддӣ) аст, вале дар бораи ташхис ва табобат аз як тараф ва дар бораи профилактика аз тарафи дигар, ҳатто профессионалҳо, табибон, тақрибан ҳамин фикрҳои ҷудогона доранд.

Тиб дар назардошти мутахассисони бештари кишварҳо ба ду зерсистемаи мутлақан мустақил ва мутлақан нобаробар–зерсистемаи триумфалӣ (дабдабанок), бо суръат пешраванда, беҳтарин тибби клиникӣ ва зерсистемаи қашшоқу камбағали тибби профилактикӣ ҷудо мекунанд.

Оё ягон мухолифат вуҷуд дорад? Проблемаи ҳифзи саломатӣ, на табобат, ҳифзи саломатии одамон, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, ахлоқӣ ва психологии вай кайҳо маорифпарварони бузургро нороҳат месозад, олимон ва ходимонӣ давлатӣ, ки робитаи ҳар як бемориро ба таърихи ҳаёт, фарҳанг ва кори фарди алоҳида ва тамоми халқ ба таври эътимодбахш собит карданд. Табибону сотсиологҳо (ҷомеашиносон) ва иқтисоддонҳо ҳамеша саломатии аҳолиро ҳамчун нишондоди беҳбудии миллат арзёбӣ кардаанд.

Ҳанўз дар асри XVI тибби мардумӣ, ҷараёни «Аюр-веда», таълимоти Гипократ, Гоми ва Авитсена файласуфи бузург Ф. Беконро водор сохтанд, ки моҳияти ботинӣ ва таъйиноти ҷамъиятии тибро дарк кунад: «Ўҳдадории аввалини тиб-нигоҳ доштани (ҳифзи) саломатӣ, дуюм – табобати бемориҳо».

Системаи нигоҳдории тандурустии Тоҷикистон на танҳо ба проблемаҳои нав рў ба рў шуд, балки проблемаҳое низ дида мешаванд, ки гўё кайҳо ҳалшуда ба ҳисоб мерафтанд. Дар байни онҳо – бонги хатар оида ба зиёд шудани миқдори беморони гирифтори сил, миқдори афзояндаи нашъамандони табобатнашаванда, ҳомилони вируси ВИЧ ва49 беморони СПИД, зиёд шудани миқдори одамони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо ва ғ. ро номбар крдан мумкин аст.

Ба саломатии аҳолӣ омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

иқтисодӣ экологӣ тиббӣ психоэматсионалӣ иҷтимоиву фарҳангӣ Ҳамчунин як қатор сабабҳое вуҷуд доранд, ки боиси бад шудани вазъи саломатии аҳолӣ мешаванд:

фарҳанги пасти санитарӣ набудани оддитарин малакаҳои беҳдоштӣ муносибати бемасъулиятона ба саломатии худ саводнокии пасти аҳолӣ (оид ба тиб ва саломатӣ дар назар аст) тарзи носолими ҳаётро ҳамчун рафтори мўътадил (табиӣ) меҳисобанд кам будани корҳои санитариву маърифатӣ дар байни аҳолӣ.

Корҳои санитариву маърифатӣ – маҷмўи чорабиниҳои маърифатӣ, тарбиявӣ, таблиғотӣ, ки ба ташаккул додани тарзи ҳаёти солим, профилактикаи бемориҳо ҳифзу мустаҳкам кардани саломатӣ, баланд бардоштани қобилияти меҳнатии одамон, дароз кардани ҳаёти фаъоли онҳо аст.

Корҳои санитарӣ – маърифатӣ ҷузъи ҳатмии фаъолияти ҳар як муассисаи табобативу профилактикӣ, ўҳдадории касбии ҳар як корманди тиббӣ, махсусан табибони оилавӣ мебошанд, зеро инҳо ба аҳолӣ хеле наздиканд, ёрии тиббӣ мерасонанд, чорабиниҳои табибиву иҷтимоӣ ва санитариву беҳдоштро дар сатҳи аввалияи тамос бо шахсони алоҳида, оилаҳо ва гурўҳҳои аҳолӣ бо хадамоти нигоҳдории тандурустӣ анҷом медиҳанд.

Ҳангоми дар кишвари мо ворид сохтани тибби оилавӣ, яке аз вазифаҳои асосӣ бемории аҳолӣ мебошад.

Табиби оилавӣ вазифадор аст, ки ба аҳолӣ ҳангоми бемориҳои нисбатан паҳншуда ва ҳолатҳои таъҷилӣ на танҳо ёрии бисёрсоҳаи амбулаторӣ расонад, балки корҳои санитариву маърифатро низ ба роҳ монад.

пешина
аз 37
навбатӣ